July 2021

01 July 2021

Ту Кабирӣ барои мо ҷавонон як хоин ҳастӣ дигар ҳеч чиз не!

Маълум аст, ки солҳои охир ҷараёнҳо ва категорияҳое пайдо шуданд, ки динро ниқобпӯш кардаанд. Онҳо мекӯшанд дар байни мардум фитна барангезанд, оромии шаҳрвандонро вайрон кунанд, ҷиноятҳо, аз қабили вандализм ва хунрезии беадолатонаи одамони бегуноҳро афзоиш диҳанд. Худо дар муроҷиат ба чунин ашхос дар Қуръон мефармояд: “Аз ризқи Худо бихӯред ва бинӯшед ва дар замин фасод накунед.” (Бақара, 60).

То охири асри 20 адабиётҳо ва нашрияҳои мухталиф ҳамчун воситаи асосии паҳн кардани ифротгароии динӣ ва таассуб дар байни аҳолӣ хидмат мекарданд.

Имрӯзҳо ҳаракатҳои мухталифи инқилобӣ бо номи дин дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, хусусан дар Ховари Миёна бо гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, ошӯбҳо ва бархӯрдҳои мусаллаҳи низомӣ байни ҷомеа ва ҳукуматҳо ҷараён доранд. Ҷавонписарон ва духтароне, ки дар бораи ислом ҳеҷ тасаввуроте надоранд, аксар вақт барои гардиши чархҳои чунин инқилобҳо кӯмак мерасонанд.

Бисёр нафарон аз таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарбияи ҷавонон, ки боиси паҳншавии босуръати ғояҳои харобиовар мешаванд, ба ташвиши ҷиддӣ афтодаанд. Аз ҷумла, бисёре аз ҷавонон аз Одноклассники, Facebook, Вконтакте, My World ва Twitter истифода мебаранд. Шабакаҳои иҷтимоӣ инчунин як василаи хеле муносиб барои меҳмонони интернет барои ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот мебошанд. Бо дар назардошти бепоёнии Интернет ва имконнопазирии бастани каналҳои моҳвораӣ, акнун имкон дорад, ки ба манзури ҳифзи аҳолӣ, ба ҷавонон, аз чунин ғояҳои харобиовар (Кинаи Кабирӣ) масунияти маънавӣ бар зидди чунин ғояҳои харобкор эҷод карда шавад.

Дар умум дар байни ҷавонони имрӯза мушкилотҳои ҷидди баназар намерасад. Зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро амалӣ намуда истодааст, то ки ҷавонон мисли Кабири ва ҳаммаслакони ӯ ақидаҳои ҷангзада пайдо накунанд.

Яке аз чунин шахсоне, ки бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони моро фиреб карданӣ мешвад ин М.Кабирӣ ба ҳисоб меравад.

Агар Кабирӣ хоҳиши пайдо кардани ҳақиқатро дошта бошад пас барои чӣ:

  • имрӯз берун аз кишвар шуд;
  • чи сабаб мардум ӯро дастигирӣ накарданд;
  • чи қадар маблағҳои беминнат бадаст меорӣ барои ин амалҳои кинаву адовати миллӣ;

Барои мо маслиҳатҳои Кабири ва барномаҳои ӯ тамоман лозим нестанд. Зеро Кабири ва пайравони ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ кӯшиш мекунанд, ки қоидаҳои миллӣ ва диниро дар зеҳни кӯдакон тағир диҳанд. Бо ин кор, онҳо моро бар зидди ақидаи волидон ва давлати худ зид мебароранду халос.

Ҷавонони азиз, ҷавонӣ неъмати бебаҳост, ки ба ҳар як инсон як бор дода мешавад. Шахсе, ки ин неъматро қадр мекунад ва аз он барои баланд бардоштани дониши худ самаранок истифода мекунад, вазифаи олӣ дониста мешавад. Ва он худро аз ҳамлаи вайронкорони гуногун муҳофизат мекунад.

Ту Кабирӣ барои мо ҷавонон як хоин ҳастӣ дигар ҳеч чиз не…

Давлатов У.Н.
– асистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқ
ии ДДҲБСТ

Читать далее

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ИН ЯК ФАЪОЛИЯТИ ҶОҲИЛОНА

Кишвари мо дар роҳи саодат аст, ки мардум бо зимомдорони худ якдилу якҷиҳат мебошанд ва ҳаммаи ин дасисабозиҳои ҳизбҳои сиёсии ғайри қонуни дар пешорўи якдилии мо ҳеҷ аст. Бадбахтиҳое, ки солҳои навадуми асри гузашта ба сари миллати тоҷик омадаанд ҳама аз чашмпўшӣ ва гузаштҳои беҷои сарварони ҳамонвақта буд ва ин асоси дасисабозиҳо гардида аст аммо мардуми имрўзаи тоҷик на он мардуми даҳсолаи охири асри бистанд.

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ худ расидан аксаран гурўҳҳои алоҳида, гурўҳҳои манфиатҷуи давлатӣ ва минтақавӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. 

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар асри 21 ба шумор меравад, мақсад ва оқибатҳои кори сарварони ин гурўҳҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин модди маънавӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки ба таври зўровари ғасб намудани ҳокимият, халалдор намуданги оромии ҷомеа бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки аз ҷумла дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.    Дар замони муосир  сиёсати давлат дар ин марҳилаи пурпечутоб  ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад. Дар ин раванд саҳми ҷавонони кишвар ниҳоятдараҷа бузург мебошанд. Мо аз мушкилоти ҷавонон, аз ҷумла ба мазҳабу равияҳои бегона гаравидани баъзе аз онҳо огоҳ ҳастем ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур ҳукумати кишвар чораҷўӣ карда истодааст. Баъзе  наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кўшиш намекунанд, аз хизмати  ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд ва хулоса бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд.

Дар ин масъалаи муҳим, таъкид месозем, ки ҷиҳати ташаккули андешаи миллии навросону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқомиват ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди  сохтору мақомотҳои давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёд, қарор дорад. Барои иҷрои ин корҳои муҳим мо аҳли ҷомеа вазифадорем то ки бартараф шавад. Ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Масъали зикргардида аз ҳамаи омўзгорони мактабҳои миёна ва олии кишвар талаб менамояд, ки мо ҳамаруза дар фаъолияти меҳнатиамон барои ҷавонон ва насли оянда мафҳуми калимаҳои ватан, сулҳ, озодӣ ва ваҳдатро бо маънои томаш фаҳмонем.

Соҳибсухане мегуяд, ки «Танҳо неъмате, ки ба ранҷи зистан меарзад, озодист». Озоди барои мардуми тоҷик дар асоси истиқлолият ва ваҳдати милли ба даст омадааст. Озоди дар ҳар кишваре мутаносиб бо тамаддуни он кишвар аст. Тоҷикон дар оинаи таърих ҳам чун миллати бо фарҳанг ва озодихоҳ ҷило медиҳанд.

Сулҳ боиси равнақи кори мардум ва касоди бозори ҳодисаҷўён аст. Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода. бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. 

Сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро тачассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдуст будан. 

Мо ҷомеаи меҳнатии донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон ва аҳли зиёи кишвар ба умеди фикр, кўшиш ва аҳлии миллати худ бошед на интизори бахтории бегонагон ба миллат.

Дўсталиев С. Т.
      ассистенти кафедраи  таҷҳизот ва технологияи мошинсозии
Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон

Читать далее

Терроризм ва экстремизм - хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиди афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди устувори он дар роҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои минтақа муборизаро дар ин самт тақвият мебахшад. Ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ, фаъолиятҳои худро барои паҳн кардани мафкураи радикалӣ, таҳрики адовати мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалб кардани ҷавонон ба сафи онҳо ва содир кардани ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ системаи иҷтимоию сиёсии кишварро тағйир медиҳанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки муваффақият дар ин самт таҳия ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳоро, ки барои безараргардонии омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалии фаъолнокии онҳо равона карда шудаанд, талаб мекунад.

Бо истифодаи имкониятҳои техникаву технологияҳои муосир, бахусус интернет, ҷавонони бисёр кишварҳо аз ноогоҳӣ ва надоштани дониши сиёсӣ бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҷалб мегардиданд. Яъне, терроризму экстремизм роҳҳову усулҳои зиёди густаришро ҳатто қариб дар ҳар хонадон пайдо кард. Ваъдаҳои дурӯғин ва пешниҳоди маблағҳои зиёд майнаҳои ҷавононро заҳролуд сохт. Ба ҷуз ин, онҳоро тавонистанд бовар бикунонанд, ки тамоми фаъолияту амалиёташон барои иҷрои мақсаду ҳадафҳои бузург ва барқарории адолату ҳақиқат мебошад.

Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа акидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки ба гурӯҳҳои Мухиддин Кабирӣ ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоханд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд мехост, ки ҷаҳон мувофиқи хости он шакл бигирад.

Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои Муҳиддин Кабирӣ бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди роҳбари Ҳизби наҳзати Ислом Муҳиддин Кабирӣ ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурия, Араб, Ироқ шахрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд.

Ин гурӯҳ Мухиддин Кабири нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳамавакт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Хамаи намудҳои фаъолияти Ҳизби наҳзати Ислом ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин хизб дар худуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 қабул карда шудааст, ки ба он соли 2007 тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Мо омӯзгорон, тарбиятдиҳандагон бо рафтор, бо кирдор бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии чавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бахусус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ намоем. Ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона намоем.

Cафар Наҷмиддинов

Читать далее

МО ФИРЕФТАИ ТТЭ ҲНИ НАХОҲЕМ ШУД

Дар шароити ташаннуҷи ҳаррузафзояндаи олам ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёру зирак бошем ва дар ҳифзи сулҳу суботи Тоҷикистони ҷоноҷонамон ҳиссагузорӣ кунем. Имрӯз ташкилотҳои террористӣ- экстремистӣ номи муқаддаси исломро дуздида ба худ мегузоранд ва ҷавонони ноогоҳро фирефтаи доми худ месозанд. Аксарияти ин ташкилотҳо аз тарафи душманони ислом роҳандозӣ мешаванд. Ба воситаи ақидаи тундравона ва оштинопазири ин ҳизбу ҳаракатҳо душманони дини ислом мехоҳанд чеҳраи исломро сиёҳ ва мусалмононро дар назди ҷаҳониён беобрӯ созанд.

Яке аз ҳамин гуна ташкилотҳое, ки аз калимаи ислом ҳамчун дом истифода намуда, ҷавонони ноогоҳро ба сӯи худ ҷалб месозад ТТЭ ҲНИ аст.

Ин ҳизб солҳои наваддуми асри гузашта ташкил ёфта, то имрӯз дар бисёре аз кишварҳои дунё зуҳур намудааст. Барномаи ин ҳизб гарчанде бо истилоҳоту шиорҳои исломӣ зинату ороста шуда бошад, ҳам мутолиаи амиқ ва хулосаи коршиносони воқеии исломӣ нишон медиҳад, ки ин як таълимоти худсохт буда, аз сарчашмаҳои асили ислом яъне Қуръону ҳадис ва таълимоти арбобони хираду андешаи динӣ, бахусус таълимоти Абуҳанифа фарсахҳо дур мебошад.

Маълум аст, ки ҳадафу усули тарғиби ин ҳизб бар зидди сохти конститутсионӣ равона карда шудааст. Бинобар ҳамин аксарияти  мамлакатҳои исломӣ фаъолияти ҳизби мазкурро ифротгароёна баҳо дода, манъ кардаанд. Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб аз соли 2015 манъ шуда, дар рӯйхати созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷой гирифтааст

Дар низоми сиёсии муосир машварат хоҳ ба восита бошад (парламент), хоҳ бевосита (раъйпурсӣ) асоситарин сохти идорӣ ба шумор меравад. Аммо таълимоти ҳизби мазкур ҳуқуқу озодиҳои мусулмононро поймол намуда, ягон хел раъйпурсӣ ва интихоботро эътироф намекунад, ва ба «хилофат»-и бо ном исломӣ даъват намуда, истиқлолият ва соҳибихтиёрии миллатҳоро зери хатар мегузорад.

Аз ин рӯ, мо бояд саъю талош кунем, ки мардуми Тоҷикистон аз ҳадафҳои пинҳон ва мақсадҳои аслии ҳомиёни пасипардагии ин ҳизб огоҳ шаванд. Зеро барномаи ин ҳизб бо раванди таҳаммулпазирии динҳо ва сулҳу оштӣ муқобил аст. Давлати тоҷикон аз рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бар зидди терроризм ва экстремизм пайваста ва пайгирона муборизаи ҷиддӣ ва шадид бурда истодааст. Дар ин радиф иқдомҳои мубориза алайҳи терроризми Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро пешсафони давлатҳои абадқудрати дунё эътироф кардаанд. Чун ин ташкилоти нопок, ки ба ҳадафҳои нопоки худ расида натавонистанд, роҳи дигари номардонаи худро бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ таҳрезӣ менамоянд. Мо шаҳрвандони бошарафи Тоҷикистон ин ҳолати разилонаи душманони инсониятро, ки ба орияту нангу номуси миллати мо доғ оварданианд, сахт маҳкум мекунем.

Исмоилов Ш.М.  – н.и.и.,
муаллими калони кафедраи  технологияҳо
и
 иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

Читать далее