July 2021

15 July 2021

Муҳиддин Кабирӣ хоини ватан буд ва хоҳад монд

Роҳбар, хоини ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ҳамеша бо ҳар роҳу усул кӯшиш менамояд, ки бо навишта ва суханҳои беасосу бӯҳтонҳои иғвогаронаи худ тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ҳокимияти мавҷударо бадном созад. Бо ин иғвоҳои худ мехоҳад оромии ҷомеаро халалдор намуда, мардумро зидди ҳокимияти имрӯза бархезонад. Лекин ҳамаи кӯшишҳояш бебароранд. Зеро мардуми ватандусту сулҳпарвари мо худ хуб дарк намудаанд, ки онҳо ҳама ба хоҷагони хориҷии худ фурӯхта шудаанду ҳар он чие, ки онҳо мегӯянд танҳо бо як мақсад ноором сохтани ҷомеа равона шудаасту халос. Онҳо ягон нияти неке, ки барои нафъи ҷомеа бошад надоранд.

Нашрияҳои Муҳиддин Кабирӣ тариқи сомонаи иҷтимоӣ зидди ҳокимиятдорон саросар беасос буда, иғвоҳои беасоси ӯст. Лекин ӯву ҳаммаслаконашбояд хуб дарк намоянд, ки мардуми кишвар кайҳо аз кинаву найранги онҳо нисбати ҳокимиятимавҷуда бохабар буда, ҳеҷ гоҳ ин гуна хоинонро намебахшад ва ба гуфтаҳои беасоси онҳо бовар ва пайравӣнахоҳад кард. Мардуми кишвар фарҳанги воло дошта, ба қадри сулҳу субот ва оромие, ки дар сарзамини мо пойдор астмерасанд ва намегузоранд, ки чунин ашхосон монанди Муҳиддин Кабирӣ ба он халадор гарданд. Агар онҳо ба гуфти худ ба мардуми кишвар дилсӯзӣ мекарданд ин гуна суханҳои иғвогаронаро эҷод накарда, аз паи боз ҳам пешравии ҷомеа мегардиданд.Боқионҳо хоинанд вачунин хоҳанд монд.

Муҳаммад Исоев
- устоди ДДХ

Читать далее

Терроризм ҳамчун мушкилоти глобалии замони муосир

Терроризм ин як мушкили иҷтимоиии гуногунҷанба мебошад. Падидаи терроризм дар замони муосир тавонистааст, ки ба зеҳн ва қалби одамони тамоми сайёра амиқ роҳ ёбад.

Дар айни замон, мубориза бо терроризм яке аз мушкилоти ҷаҳонии башарият дар баробари муноқишаҳои минтақавӣ, офатҳои экологӣ ва гуруснагӣ дар минтақаҳои камбизоати ҷаҳон ба шумор меравад. Мутаассифона, ягон давлат ё миллат аз амали террористӣ эмин нест. Одамон дар хонаҳои худ, дар ҷойҳои корӣ, дар нақлиёт, дар ҷойҳои истироҳат мемиранд. Марги ноаёни маккорона мардон ва занон, пиронсолон ва кӯдаконро бо худ мебарад.

Проблемаи терроризм дар шароити муосир омӯзиши ҷиддии назариявиро дар асоси қонунгузории нави мурофиавии ҷиноятӣ ва таҳияи тавсияҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокро барои беҳтар кардани ин ҷанбаи муҳими фаъолият тақозо менамояд. Пешгӯии намудҳо, шаклҳои зуҳур, оқибатҳои он ва мувофиқан муборизаи бар зидди он амалан номумкин аст. Вай ба тағиротҳои ҷомеа хеле ҳассос аст ва ба онҳо мутобиқ шуда, чунин шаклҳоро мегирад, ки фарқ кардани ӯ аз дигар амалҳои муташаккили ҷиноӣ душвор аст.

Ҷиноятҳои террористӣ, сарфи назар аз таърихи тӯлонии худ, ҳоло дар асл падидаи комилан нав шудаанд.

Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки терроризм “шакли шадиди ифодаи эътирози иҷтимоӣ алайҳи низоми мавҷуда аст.”

Сиёсати давлатии мубориза бо терроризм бояд дар самтҳои муҳимтарин амалӣ карда шавад:
таърифи возеҳи моҳияти падида ва мафҳуми “терроризм” дар муқоиса бо дигар шаклҳои зӯроварӣ;
таҳлили амиқ ва таснифи илмии зуҳуроти гуногуни терроризм бо муайян кардани хусусиятҳои онҳо;
таҳияи заминаи ҷиддии ҳуқуқии мубориза бо терроризм дар самти оштинопазир ва пурзӯр кардани таҳримҳо на танҳо дар соҳаи қонунгузории дохилӣ, балки байналмилалӣ.

Мирсаидова Фирӯза
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИКИСТОН БА МАСЛИҲАТИ ИҒВОАНГЕЗОНИ ХОИНОН ЭҲТИЁҶ НАДОРАНД

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.

ТТЭ ҲНИ аз аввал то ҳануз аз усули зуроварию хушунат ва террору ҷанг кор мегирифту мегирад. Масалан, ба гуфти яке аз собиқадорони ТТЭ ҲНИ Аёмиддин Сатторов, ки дар филми мустанади “Хиёнат” оварда шудааст, раҳбарияти наҳзатӣ ба зердастонашон дастур медодаанд, ки “агар ба таври осоишта ҳукуматро гирифта натавонистем, бояд аз неруҳои ҷангии худ истифода кунем ва қудратро бо зуроварӣ ғасб намоем”.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд.

Сол то сол дигаргун шудани механизми содиршавии актҳои террористӣ, ҳарчи сангину бераҳм ва даҳшатноктар гардидани он шаҳодат медиҳад, ки ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ бо мақсади ҳарчи бештар расонидани хисороти моливу ҷонӣ ва бемамониат ба амал баровардани қасди ҷиноят роҳҳои гуногунро кашфу ихтироъ мекунанд.

Барои мисол, Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИ ҳанӯз рӯзи 19-уми феврали соли 2021 гуфта буд, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳеч гуна бахши низомӣ аз ҷумла дар Афғонистон надорад. “Ин баёнияи мақомоти Афғонистон махсус аст. Вақтҳои ахир намояндагони мақомоти амниятии Тоҷикистон ба Афғонистон сафар мекунанд ва бар пояи ин гуфтумон номи ҲНИ дар қатори ҳизбу гуруҳҳои террористӣ дар ин кишвар зикр шудааст”,-гуфт Кабирӣ.

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИ ин изҳороти Аҳмадзиё Сироҷро “ғайримасъулона ва дур аз воқеият” хонд. Ӯ бо нашрия баёния дар сафҳаи “Фейсбук” навишт, “ҲНИТ ҳеч гуна неруи низомие на дар Афғонистон ва на дар ягон кишвари ҷаҳон надорад ва муборизаи худро барои барқарории ҳукумати демократӣ, озод ва қонунмеҳвар дар кишвар бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод”.

Дар солҳои 1992-97 ҲНИ (баъдан Иттиҳоди Неруҳои Оппозисюни Тоҷик), ки ҲНИ бахши он буд, дар Афғонистон пойгоҳ дошт, аммо пас аз қарордоди сулҳ бо ҳукумат онро барҳам дод. Вале мувофиқи маъумотҳо ҳоло ҳам ТЭТ ҲНИ дар Афғонистон қаноти ҳарбӣ дошта, он аз ҷониби М.Кабирӣ дастгирӣ меёбад.

Албатта, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.

Сулҳи мо нодиртарин ва қимматтарин неъмат буда, моро мебояд ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем. Дар муқовимат ба афкори экстремистиву террористӣ муташаккилона мубориза барем. Муҳимтар аз ҳама, барои ҳифзи якпорчагии Ватани азизи худ ҳамеша омодаем. Ва ҳаргиз ба суханҳои иғвогаронаи хоинони миллат бовар нахоҳем кард.

 Раҳимова М. А.
– дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ – табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

Читать далее

Сайёҳии дохилӣ: имконият ва шароитҳо баҳри пешрафт

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гардид. Ин иқдом замина гузошт, ки соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат рӯ ба рушд гузорад. Дар доираи ин тадбир ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаи сайёҳӣ силсилаи ташаббусҳои муҳиму муфид рӯйи кор омаданд. Ба назар мерасад, ки ин ибтикорот асосан барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ роҳандозӣ мешаванд. Яъне, дар мавриди таъмини рушди сайёҳӣ бештар ба масъалаи ҷалби сайёҳони хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Барои мисол дар Ҷумҳурии мардумии Чин 60 миллион ҷойи корӣ шомили соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки аз ин нишондиҳанда 73% ё 40 миллион ҷойи корӣ ба намуди сайёҳии дохилӣ рост меояд. Аз ҷониби дигар, дар сатҳи ҷаҳон ҳамасола наздики 5 миллиард ташрифи сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, ки 83%-и он, яъне 4 миллиард ташриф ба сайёҳии дохилӣ рост меояд. 

Ҷалби сокинони мамлакат ба сайёҳии дохилӣ агар аз як тараф кафили пешрафти иқтисод бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ низ таъсири амиқ мерасонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мамлакати мо ба масъалаи ҷалби сокинони дохилӣ ба сайёҳӣ ба таври зарурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намешавад. Ба таъбири дигар, баҳри тарғиби сайёҳии дохилӣ миёни шаҳрвандон тадбирҳои судманд роҳандозӣ намешаванд.

Мушоҳида мешавад, ки маъмулан шаҳрвандони мо барои истироҳат бештар давлатҳои хориҷаро интихоб мекунанд. Ҳол он ки табиату имкониятҳои дохилии мо аз мавзеъҳои сайёҳии кишварҳои хавориҷ мондание надоранд. Ин ки сокинони мамлакати мо ба давлатҳои хориҷа сайёҳат мекунанд нигаронкунанда нест, балки огоҳ набудани шаҳрвандон аз имкониятҳои сайёҳии дохилӣ ва бетарафии ин гуруҳ нисбат ба рушд додани соҳа боиси ташвиш аст ва ин самт ҷоннок намудани корбариро тақозо мекунад.

Моҳе қабл ҷиҳати сайёҳат ба мавзеи зебоманзари Искандаркӯл азми сафар намудем. Чун пештара ин сайёҳат дар хотирот лаҳзаҳои нотакрор ва таассуроти некеро боқӣ гузошт. Ҳини сайёҳат бо чанде аз сайёҳони хориҷӣ ҳамсуҳбат шуда, доир ба андешаву таассуроти онҳо аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат пурсон шудем.

Наме Ҷоҳаннес Еверс шаҳрванди Нидерландия будааст. Ӯ бо ҳамсараш барои тамошои Искандаркӯл омадааст. Сайёҳонро табиати нотакрор, боду ҳавои тоза, обҳои ширину мусаффо ва нағмаи мурғони хушхону навои обшорони ин мавзеъ афсун намудааст. Аммо чи хеле ки сайёҳон зикр намуданд, ин ки дар ин мавзеъ шаҳрвандони тоҷикро кам дидаанд, барояшон аҷиб аст.

Наме Ҷоҳаннес Еверс зимни суҳбат гуфт, дорои чунин мавзеъҳои сайёҳӣ будан бахти нек аст. Зеро чунин табиати фусункор барои ҳама насиб нашудааст.

Воқеан табиати Тоҷикистони азизи мо нотакрор аст. Ба таъбири дигар, Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст. Аммо мутаассифона на ҳама шаҳрвандони мо барои тамошову истироҳат дар мавзеъҳои сайёҳии он вақт меёбанду маблағ ҷудо менамоянд. Барои мисол зимни сайёҳат ба мавзеи Искандаркӯл, ки ду шабу се рӯзро ташкил дод, барои як нафар 300 сомонӣ маблағ масраф гардид.

Хонандаи азиз, шояд ту ҳоло мегӯйӣ, ки на ҳама барои худ чунин масрафро иҷозат дода метавонанд, аммо... Аксарият аз мо барои харидани либоси қиматбаҳо маблағ дорем, барои истифода аз телефонҳои гаронарзиш имконият меёбем, барои таомул дар тарабхонаҳои гаронбаҳо шароит дорем...

Агар мо хоҳем, ки Ватани азизамон боз ҳам пешрафт ёбад, иқтисодиёт рушд намояд ва ояндаи ин миллат дурахшонтар гардад, пеш аз ҳама, мо бояд корро аз худамон оғоз намоем. Саҳмгузор будан дар пешрафти Ватан кори душвор нест. Ҳатто ана ҳамин мусоидат ба рушди сайёҳии дохилӣ хидмати кӯчаку манфиатбори мо дар самти пешрафти Ватан аст. То он замоне, ки мо худамон ба мавзеъҳои сайёҳии дохилӣ таваҷҷуҳ намекунем, наметавонем сайёҳони хориҷиро ба таври зарурӣ ҷалб ва қабул намоем.

Дар ин самт зарур аст, ки:

-         корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷалби шаҳрвандон ба мавзеъҳои сайёҳӣ ҷоннок шавад;

-         тарғибот дар самти муаррифии имкониятҳои соҳа тақвият ёбад;

-         бо истифода аз воситаҳои ахбори омма сатҳи маълумотнокии мардум оид ба маконҳои сайёҳии дохилӣ баланд бардошта шавад;

-          фазои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо маводи иттилоотию тарғиботӣ перомуни шароити соҳаи сайёҳӣ пур карда шавад.

-         Аксияҳои тарғиботӣ таҳти шиорҳои ҷолиб ба мисоли “Сайри Ватан мекунем” роҳандозӣ гардад. 

Мафтуна ИСМОИЛОВА

рӯзноманигор

Читать далее

АНДЕШАИ ИФРОТӢ БЕМАҒЗ АСТ

Сару садоҳо оиди аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ тариқи Ютуб‐канали ҷадиди худ паҳн шуда, аз баромадҳои қаблии ӯ ягон фарқ надорад. Ин баромад низ мисли пештара паст задани давлату Ҳукумат ва мусичаи бегуноҳ нишон додани хеш аст. Дар баромад М.Кабирӣ аз доираи ҳизбии худ ва демократ нишон додан дар назди шунавандагони худ ба назар мерасид. Нишондодҳои ӯ оиди рейтинги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ бештар тааллуқ дорад ба давлатҳои демократӣ, зеро давлатҳои исломӣ ба ин чаҳорчӯба рост намеоянд.

Барои мисол Арабистони Саудӣ давлати шоҳӣ ба ҳисоб рафта тахт аз насл ба насл мегузарад. Дар ин кишварҳо, ки аз рӯи қонуни шариат амал мекунанд, бархилофи принсипҳои демократӣ мебошанд. М.Кабирӣ фаромӯш намудааст, ки баъди ба даст овардани Ҳукумат мехоҳад, ки давлатро исломӣ намояд, пас оиди меъёрҳои демократӣ сухан рондан чӣ маънӣ дорад? Ҷавоб маълум: бо ҳар роҳу воситае бошад, ҳукуматро ба даст овардан мехоҳад, зеро амалу рафтори онҳо инро нишон медиҳад. Аммо асло ба мақсад нахоҳад расид. Ӯ бештар оиди принсипҳои демократӣ сухан намуда, аз кишвари исломӣ ба давлатҳои Аврупо кӯч баста, дар он ҷо баромад мекунад. Аз эҳтимол дур нест, ки М.Кабирӣ билохир ягон ҳизби «демократӣ» ташкил намуда, самтро дигар менамояд. Зеро барои ин қабил инсонҳо танҳо манфиати шахсӣ вуҷуд дораду халос, манфиати давлату миллат барои онҳо чизи бегона аст.

Дигар чизе, ки дар баромади Кабирӣ ба назар расид, ин ёдовар шудан оиди тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар баромади худ 8 соли охирро баррасӣ намуда, рейтинги кишварро аз рӯи маълумоти ким кадом ташкилотҳо баҳо додааст. Хуб мешуд агар М.Кабирӣ вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро аз соли 1992 то инҷониб таҳлил намуда, муқоиса менамуд ва онро барои шунавандагони худ нишон медод. Лекин дар бораи дастовардҳои Ҳукумати кишвар ягон даҳан сухан нагуфт. Ба қавли дигар гӯем, чашми ҳасуд кӯр аст.

У. ДАВЛАТОВ,
ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Border Troops’ Press Center: Nearly 350 Afghan Citizens Cross State Border Over Two Days

DUSHANBE, 14.07.2021 (NIAT Khovar) – From July 13 through July 14, 347 Afghan citizens, including 91 men, 77 women and 177 minors (64 boys and 113 girls), who are Kyrgyz origin residents of the Andemin village of the Wakhan district of Badakhshan province, fearing persecution by the armed groups of Taliban movement and in order to save their lives, crossed the state border in the area of Kyzyl-Rabot rural community of the Murgob district and entered Tajikistan. While crossing the state border, two babies died, reports the Press Center of the Border Troops of the State Committee for be National Security.

Читать далее

Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /НИАТ «Ховар»/. 13-14 июля сего года 347 гражданских лиц (среди которых 91 мужчина, 77 женщин, 177 несовершеннолетних (64 мальчика, 113 девочек)), из числа афганцев кыргызского происхождения жители кишлака Андемин уезда Вахон провинции Бадахшан ИРА с целью сохранения жизни бежали от вооруженной группировки движения «Талибан», через участок сельского джамоата Кызыл-Работ Мургабского района ГБАО и перешли на территорию Республики Таджикистан. Во время пересечения госграницы двое младенцев скончались. Об этом сообщает НИАТ «Ховар» со ссылкой на пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан.

Читать далее

15 July 2021

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад 14 июл

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 июли соли равон 347 нафар сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ (64 писар, 113 духтар) барои ҳифзи ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати «Толибон», хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти «Кизил-Работ»-и ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ 2 нафар ноболиғи то 2 сола фавтиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад.

Читать далее

Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security Reports

DUSHANBE, 14.07.2021 (NIAT Khovar) – Yesterday at 16:00 local time, 77 Afghan citizens, including 26 men, 20 women and 31 minors, who were mostly Kyrgyz origin residents of the Andemin village of the Wakhan district of Badakhshan province, fearing persecution by the Taliban and in order to save their lives, crossed the state border in the area of Kyzyl-Rabot rural community of the Murgob district and entered Tajikistan, reports the Press Center of the Border Troops of the State Committee for be National Security.

Tajik border guards allowed entry to these Afghan refugees.

Currently, the Afghan refugees are in Andemin and Cheshteba areas of Kyzyl-Rabot rural community of the Murgob district. They brought their own livestock, including 1,000 small cattle, 300 yaks, 3 camels, and 30 horses.

Also today at 14:05, 51 Afghan citizens crossed the state border in the area of Kyzyl-Rabot rural community of the Murgob district and entered Tajikistan.

The situation in this area of the Tajik-Afghan border is under the full control of Tajik border guards.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд

14 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо — вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии ҳамкории давлатҳои аъзои Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее