July 2021

30 July 2021

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд

29 июл баъди ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва омӯзгорони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст кулли сокинони ноҳияи Шаҳристонро ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатӣ — ҷашни бузурги мардуми Тоҷикистон ва ифтитоҳи мактаби навбунёди замонавӣ самимона табрик гуфтанд.

Читать далее

29 July 2021

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-ро, ки бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи  фаъолият ва таҳсили хонандагон дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бо маблағи қариб 14 миллион сомонӣ дар заминаи иншооти солҳои зиёд дар истифодабудаи муассисаи таълимӣ сохта шудааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд

Дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маросими барафрохтани Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Яке аз рамзҳои асосии давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ — Парчами давлатӣ дар фазои орому осудаи ватан, зери садои суруди миллӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон барафрохта шуд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд

29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Шаҳристон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Ҳукумати мамлакат дар самти бунёду навсозии инфрасохтори оби нӯшокӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро амалӣ менамояд.

Читать далее

Баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи навбунёди марказии ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия

Баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи навбунёди марказии ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ноҳияро ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи варзишгоҳи замонавӣ, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони ватандӯсти ноҳияи Айнӣ ва махсусан, наврасону ҷавонон мебошад, самимона табрик гуфтанд.

Читать далее

АМАЛИ ДАҲШАТБОРИ ДАВРОНИ МУОСИР

Инсоният дар аввали қарни ХХI бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки онро коршиносони соҳаи сиёсат «Терроризми байналмилалӣ» ном мебаранд.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз амалҳои номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро ин зуҳуроти номатлуб боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Имрӯз масъалаи марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мондааст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда алайҳи мубориза бо терроризм таҳдиди амалҳои нави террористӣ нафақат аз байн нарафтааст, балки инкишоф ёфтааст. Фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва ҳамчунин маблағгузории онҳо ба назар мерасад, ки ин амал хеле нигаронкунанда мебошад.

Орифшо НАСРИДДИНШОЕВ,
омӯзгори фанни таърихи Гимназияи №1–и шаҳри Бӯстон

Читать далее

Ҳаракатҳои ифротӣ мояи ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст

Дар ҷамъият шахсиятҳое вомехўранд, ки барои тараққиёту шукфоии Ватани хеш хизматҳои шоёне ба анҷом мерасонанд ва ҳамешагӣ мекўшанд, ки барои нафъи мардум хизмат кунанду Ватани хешро обод созанд.

Аммо бо вуҷуди чунин шахсиятҳои бузург, боз дар ҷамъият шахсиятҳое вомехўранд, ки нисбати онҳо чӣ қадар суханҳои қабеҳтарингуфтан ҳам кам аст, ки яке аз онҳо аъзои «Гурўҳи 24» Шавкати Муҳаммад мебошад, ки бо амалҳои ғаразноки худ аз берун истода бароибоз ҳам дар байни мардум ҳасад андохтан ҳаракат мекунад. Аслан ин гуна шахсиятҳо пешравии давлатро дида наметавонанд ва даст ба ифротгароиву ҳасад мезананд. Лекин онҳо дарк намекунанд, ки он давраҳо гузаштанд, халқ аз корҳои ғаразноки онҳо бархурдор аст ва ҳамеша мехоҳад ва мекўшад, ки дар давлати осоишта зиндаги кунад.

Шавкати Муҳаммад, ки ин пешравиҳоро дида наметавонанд, чӣ кор аз дасташ меояд, роххои гуногуни барафрохтани низое, ки бадбинии мардумро нисбати ҳокимият ба амал меорад, ҷустуҷў дорад.

Бесабаб нест, ки имрўз гурўҳу ҳаракатҳои ифротӣ мояи ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст.

Аз ин рў ҳар як фарди худогоҳу худшиносро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ифротгароӣ дар мутамаддитарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

Тоҷикон халқи сарбаланду қавиирода буда, ба ҳар гуна ақидаҳои ғаразнок бовар намекунанд. Халқи тоҷик сиёсати мекўшад, ки бо меҳнати софдилонаи худ Тоҷикистони азизамонро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳад.

Меҳримоҳ Ватанзода

Читать далее

ТЎФОНИ ДАРУНИ ФИНҶОН

Дар адабиёти муосири аврупоиву русӣ як ифодаи хеле аҷоиби воҳимаву изофагўӣ маълум аст. Дар ин ҳол мегўянд – тўфони даруни финҷон, ки ҳамвазнаш тақрибан ифодаи «аз пашша фил сохтан аст».  Имрўз кори ТТЭ ҲНИ низ ба ҷое расидааст, ки танҳо ташкили ҳамин навъи найрангҳои беурзаву беқимате аз дасташ меояду халос. Чунин дебочаи мо аз он ҷост, ки дирўз аз тариқи шабакаи иҷтимоии ЮТУБ баромади онлайнии роҳбари ТТЭ ҲНИ «Ҷашни Истиқлол дар сояи коронавирус: чанд пешниҳод ба Ҳукумат» баргузор гардид.

Ин ҳодисаи нокироро метавонистем нодида гирем. Аммо зарур донистем дар иртибот ба ин амали ноҷавонмардонаи роҳбари ТТЭ ҲНИ ва тўфоне, ки мехостанд бо иборае дар финҷони қаҳва барпо кунанд чанд нуктаи аз назари мо зарурро қайд кунем. Аслан Кабирӣ дар он замоне, ки ӯ дар курсии парлумон соҳиби овоз шуд, ин таҷрибаро аз худ кардааст. Ӯ пайваста кӯшиш мекард, бо гуфтани камбудиҳои ҷузъии ҳукумат худро ба мардум ширин нишон диҳад. Вале пешравиҳое, ки дар ҷумҳурӣ ба амал меомад, нодида мегирифт ва бо ин роҳ мехост мардумро ба худ ҷалб карда, ба мақсади нопоки худ бирасад.

Дигар ин, ки ҷаҳони дипломатияи муосир ва бозиҳои абарқудратҳо ранги дигар гирифта, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ, мамолики манфиатҷў аз мўҳраҳои хурду бузурги тахтаи шатранҷ истифода мебаранд. Имрўз низ хоҷагон хостаанд, аз роҳбарияти ТТЭ ҲНИ чун аз мўҳраи хурди ночизе дар бозиҳои палид фоидабарӣ кунанд. Аммо чуноне, ки ҷомеаи ҷаҳон ва халқи сарбаланди тоҷик хуб огаҳ аст, тир боз ҳам хок хўрд.

Мутаассифона баъзе аз ҷавонони мо, ки дар хориҷ ҳастанд ва аз вазъи кунунии Тоҷикистон ба дараҷаи кофӣ хабардор нестанд, ба суханҳои ин иғвогар бовар намуда истодаанд. Ҳол он, ки мо садҳо нафронро медонем, ки барои бовар намуданашон ба Кабирӣ ва ба роҳи ҷиноят рафтанашон пушаймон гаштаанд. Вале, пушаймони надорад оқибат суд мегӯянд.

Муҳиддин Кабирӣ дар ин баромади худ сараввал оид ба омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, баргузории чорабинии идонаро беҳуда хонда, сиёсати давлатиро танқид намуд. Ин хоинони беақл намефаҳманд, ки баргузории чорабиниҳои идона ин муаррифи фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва тарғиби дӯстиву рафоқат байни мардум мебошад.

ТТЭ ҲНИ ва раҳбаронаш ҳатто берун аз марзи Тоҷикистони азиз бори дигар исбот намуданд, ки бешак зархариди хоҷагони аҷнабӣ будаанд ва мемонанд. Ин матлаб дақиқан собит мекунад, ки Кабирӣ боз ба дари хоҷагони худро бо дасти дароз ва сари хам рў оварда, бо умеди дарёфти пул барои идомаи фаъолияти ғайриқонуниву зиддибашариаш гардан каҷ кардааст.

Дар фарҷом мехоҳам ба ин хоинони миллати номвар хитоб кунам, ки акнун хеле дер шудааст ва миллат чеҳраи аслии шумо лаинонро ба хубӣ шинохтааст. Дониста монед, ки аз ин пас ҳамеша чунин хоҳад буд. Шумо бар алайҳи ормонҳои поку ҳадафҳои волои Тоҷикистони азиз ҳарфе мегўеду бо ҳамин заминаи шикасти бештари хеш ва пояи мустаҳками давлати моро фароҳам меоваред. Аҷиб аст, аммо ҳақиқат аст!

Тўхтаев Т.М.
– мудири кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

Читать далее

МУҲИДДИН КАБИРИ ВА МАҚСАДҲОИ ҒАРАЗИ Ӯ

Мақсади Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ ин ғасб кардани ҳокимият аст, барои наҳзатиён фарқе нест ин мақсад ҷони чандин ҳазор ё миллион нафар қурбонӣ кунад. Дар мусоҳиба бо як ҳамдеҳаи Муҳиддин Кабирӣ маълум гардид, ки дар солҳои аввали ба саҳнаи сиёсат баромадани Мухидин Кабирӣ нисбат ба ӯ ҳамчун як фарди ҷомеа ва созанда назари мусбӣ дошт.

Дар баробари гузашти солҳо тавоно ва кудратманд шудани ӯ ва аъзои оилаи онҳоро дида ба ҳайрат меафтидам ва фикр мекардам, ки ин фарзанди деҳкони оддӣ дар як муддати кӯтоҳ чӣ гуна сарватманд шудааст. Зеро ки ҳамаи мо сокинони дехаи Қасамдараи нохияи Файзобод ба мисли ӯ фарзанди афроди оддӣ будем ва оддӣ мондаем. Солҳои охир пеш аз фирор кардани Мухидин Кабирӣ ва наздикону пайравони эшон сармоя ва дову дастгоҳи ӯро дида ба ҳайрат меафтодем. Харидорӣ намудани замини боғу роғ ва кишоварзӣ, фермаи чорводорӣ, техникаву дастгоҳҳои як хоҷагӣ, корхонаи асфалтбарорӣ, мошинҳои боҳашамат, биноҳои истикоматӣ, ширкати сохтмонӣ барои як нафар, ки худро сиёсатмадор нишон медод ва бо фаъолияти соибкорӣ ном набаровардааст, кори осон нест.

Муҳдин Кабирӣ бо дидани сармояи зиёд худро аз дигарон боақлтар ва ҳатто аз давлат донотар шуморид. Дар баробари ошкор шудани симои аслии Муҳидин Кабирӣ ва ҲНИ сарчашмаи маблағгузории ӯ ва ҳизби ӯ ошкор шуд.

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вакте, ки аъзои собиқ Ҳизби наҳзати ислом айни замон ТТЭ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро низ сар кард. Ман як нафар сокини деҳаи Қасамдараи нохияи Файзобод ин ашхосро ва аҳли оилаи онҳоро ба хуби мешиносам. Мухиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обурую нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷахонӣ паст карда истодааст. Ӯ бо аъзоёни ба ном Ҳизби наҳзати исломӣ аммо дар асл ташкилоти террористии ҲНИ солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Маротибаи дуюм Кабири ва ҳамаслаконаш моҳи сентябри 2015 кушиш карданд, ки Тоҷикистони гул гул шикуфта истодаро ба хоку хун оғушта кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.

Имрӯз пайравони Муҳидин Кабири, ки зери шиори ӯ ва  нақшаву мароми ташкилоти ӯ лоф мезананд,  аммо намегуянд, ки чаро Мухидини роҳбари ТТЭ ҲНИ дар рӯзи марги модараш кампири Сочак ва падараш бобои Тилло ҳузур надошт. Намегӯянд, ки чаро Муҳхидин Кабири, миллату давлат, дину оин ва мазҳаби худро фурӯхт. Намегуянд, ки чаро 1 мил. 200 ҳазор доллари амрикоиро барои табодуллоти Тоҷикистон ба генерали хоин Назарзода Абдуҳалим додааст. Имрӯз Тоҷикистон он давлати солҳои 1992 нест ва мардуми он оқибати ҷанги шаҳрвандиро дидаанд. Барои мубориза бурдан бо душманони давлат ва миллат, хоинону, зархаридони хориҷӣ тамоми мардуми Тоҷикистон камари мардӣ бастаанд.

Рауфов М. М.
– ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

Читать далее

Ҳадафҳои нопоки хоинони миллат дастгирӣ нахоҳанд ёфт

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Бароӣ он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздак ба ватани мо низ тахдид дорад. Душманони миллати тоҷик ба монанди ТТЭ ҲНИ бо ҳар роху восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетаӣ ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулху субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихохӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале мо бояд бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохушдоранд.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки бояд муттањид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кўшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки мақсади мо ҳифзу химояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.

Барно Умарова

Читать далее