21 June 2021

Таъсири ҷанги Афғонистон ба сар задани ҷанг дар Тоҷикистон

Дар солҳои 60-70 -уми қарни гузашта қишварҳои абарқудрати дар муқобили Иттиҳоди Шуравӣ қарордошта дар татбиқи манфиатҳояшон аз сиёсикунонии дину оин кор мегирифтанд.

Читать далее

Таджичка я, живу Таджикистаном!

Предметом гордости является то, что сегодня представители славной таджикской нации живут во всех уголках мира и своими добрыми делами представляют Независимый Таджикистан.

Читать далее

ДӮСТИИ МО РЕШАПАЙВАНД АСТ

Аз қадимулайём тоҷикону ӯзбекон бо ҳам дӯсту бародар ва чуноне дар урфият мегӯянд, «ба мисли гӯшту нохун аз ҳам ҷудонашавандаанд». Дар ин муддат борҳо кӯшиши аз ҳам ҷудо кардани ин ду халқи қадима карда ва саддҳои сунъӣ гузошта шуд, аммо ҳеҷ аз онҳо натавонист, дӯстиву бародарии мо халалдор гардад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки таи 20 соли охир бо вуҷуди баста будани сарҳадҳо аммо, дари дилҳоямон ба рӯи якдигар ҳамеша боз буд, ҳаст ва мемонад.

Орзуи бемалол расидани дида ба дидори якдигар аз сиёсати оқилонаи ду тан аз абармардони сиёсати сатҳи байналмилалӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ шуд. Ташрифи расмии роҳбарияти олимақоми давлати ҳамсоя санаҳои 11‐12 июни соли ҷорӣ, мулоқоту музокирот дар сатҳи олӣ, боздидҳо аз пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии Суғди бостон, болидаруҳии Роҳбарони ду давлат ва ҳамроҳонашон бори дигар исбот кард, ки мо шохаҳои пурбору пурмеваи як дарахтем, ки решаи он аз умқи қарнҳо, таъриху фарҳанги ягона об мехӯрад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар изҳороти худ гуфтанд, «ин навбат натиҷаи гуфтушуниду музокирот мӯҷиби баста шудани беш аз 500 шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гардид». Боиси тазаккур аст, ки соҳаи роҳи оҳан, ки ба қавли Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «шоҳраги хунгузари иқтисодиёти кишвар аст» низ аз мадди назар дур намонд. Ҳарчанд баъди кушода шудани роҳҳо аллакай боркашонӣ тавассути роҳи оҳани кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба маротиб беҳтар шуд.

Аз оғози сол то ба имрӯз содироти масолеҳи бинокорӣ ба Чумҳурии Ӯзбекистон, хусусан семент аз ширкати «Хуаксин – Ғаюр‐Суғдсемент»‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров‐1887 вагон ё ба миқдори 127 ҳазору 57 тонна, реги квартсӣ 51 вагон (3 ҳазору 556 тонна), сабӯс 27 вагон‐1740 тонна, ба миқдори зиёд арматураву сим аз ширкати «Азия‐Норд‐Металл»‐и ноҳияи Спитамен вусъати тоза гирифтааст. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки тибқи дастури Роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳбарони соҳавиамон дар шахси сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Муродалӣ Комил Ҷумъахон ва кишвари ҳамсоя дар шахси сардори ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» Ҳусниддин Ҳосилов кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода мешавад. Натиҷаи 4 вохӯрии эшон буд, ки роҳбарияти ҷумҳурии ҳамсоя дар нархномаи хизматрасонӣ барои интиқоли бору маҳсулот то 80 фоиз сабукиҳо додааст.

Ҳамзамон роҳиоҳанчиёни кишвари ҳамсоя тасмим гирифтаанд, ки ба масофаи 60 километр роҳи оҳани «Самарқанд Панҷакент»‐ро сохта, ба истифода диҳанд. Инчунин электрикунонии 109 километр роҳи транзитӣ бо ҷумҳурии ҳамсоя дар назар дошта шудааст. Бо ин ҳама мо гуфта метавонем, ки сиёсати дарҳои кушоди Пешвои муаззами миллат, таҳкими дӯстиву рафоқати ду халқи ба ҳам дӯсту бародар дар соҳаи мо самаранок амалӣ шуда истодаанд. Ва ниҳоят қатори дигарон мо кормандони соҳаи роҳи оҳан аз тақвият ёфтани муносибатҳои ҳасанаву дӯстонаи халқҳоямон басо шоду мамнун буда, мекӯшем бо меҳнати софдилона ва садоқат ба Ватани маҳбубамон дар устувор гардонидани пояҳои дӯстӣ, истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллат 30солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

Убайдулло ОБИДОВ,

сардори қитъаи суғдии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Читать далее

ЁРУ БАРОДАР АЗ АЗАЛ ӮЗБЕКУ ТОҶИК

Дар пештоқи Қасри миллат навишта шудани некгуфтаҳои шоири халқи тоҷик «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт» ва пазироии гарму самимии мардуми пойтахту сокинони вилояти Суғд Сарони ду давлатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев маро водор намуд, ки замири дили хешро иброз намоям.

Бори аввал ба ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирамонович, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиронида шудани он кас бо ордени фахрии «Зарринтоҷ», ба имзо расидани як қатор санадҳои ҳамкорӣ, боздид аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва НБО «Қайроққум», вохӯрӣ бо фаъолони вилояту ноҳия дар қасри овозадору таърихии «Арбоб»‐и ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаевро аз оинаи нилгун дида, бори дигар бовар кардам, ки дар ҳақиқат бахти мардум дар дӯстию ҳамдигарӣ будааст.

Бахусус, суханронии пурмуҳтавои профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Матлубаи Мирзоюнус, ҷавондухтари деваштичӣ Наврӯза Мамирова ва қироати шеъри баландмазмуни ӯ маро тасхир кард:

Тоҷигим ӯзбекка монанд, ӯзбегим тоҷикмисол,

Халқи ду бир эътиборан дӯстлиги келтирди шон.

Тӯйи бир, одати бирдир аз қадим ҳам, эй рафиқ,

Ҳеҷ хато не гарчи гӯям ҳарду пайванди замон.

Аллаҳои модарон як, бир эрур ёр‐ёри ҳам,

Ин ду ҳамсоя аҷаб соз ӯртада йӯқдир гумон.

Пешво Эмомалӣ шуда маҳбуби мо,

Шавкати ду халқ хонад эҳтироми Мирзиё.

Бале, дӯстии халқҳо музаффарияти бузургтарини давлату давлатдорӣ аст. Қувваи тавоно ва файзу баракати дӯстию бародарӣ бар хусумату низоъ, ҷангу ҷидолҳо, қатлу кушторҳо ғолиб омада, сулҳу амонӣ, зиндагии осоиштаю бофароғатро барқарор мекунад. Аз ин сабаб, дӯстиро олитарин эҳсосу хиради башар номидаанд. Ин ҳисси азалии инсон ҳамеша, дар ҳар асру замон ҷавон хоҳад монд. Шоире гуфтааст: «Хушбахттарин инсон он аст, ки лоақал бо сояи дӯсти ҷонӣ вохӯрад», яъне дар пушту паноҳи дӯсти ҷонии худ бошад. Барҳақ, гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «таърихи муносибатҳои халқҳои тоҷику ӯзбек решаҳои амиқ ва анъанаҳои пуршарафи ҳамсоягии нек, дастгирии тарафайн ва кӯмаки якдигарро дорад.

Дар давраи тӯлонии таърихӣ байни гузаштагони мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳамбастагӣ ба амал омад. Натиҷаи ин арзишҳои таърихӣ қаробати рӯҳию равонӣ дар зеҳни бисёре аз наслҳои мо амиқ реша давондани арзишҳои муштараки ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад» аҳамияти бештареро касб кардааст. Ҳанӯз наздик шаш садсола қабл Алишери Навоӣ бо Абдураҳмони Ҷомӣ робитаи дӯстӣ дошта, ба ҳамдигар шеърҳои ширу шакар менавиштанд.

Нависандаи тоҷик, асосгузори адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони ӯзбекӣ эҷод мекард. Устод Айнӣ асосан аз «Бадоеъ‐ул‐вақоеъ» и Восифӣ илҳом гирифта, эҷодкорона аз он истифода бурда, шоҳасари бузург «Ёддоштҳо»ро офарид, ки он ба аксарияти забонҳои дунё тарҷума шудааст. Аз навишта ва хотираҳои устод Айнӣ бармеояд, ки эҷодиёти нависанда дар Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон низ манзури ҳаводорони бешумор мегардид ва Айнӣ аз он подоши хуб ҳам мегирифт. Бале, дӯстии ин ду халқи покдил ҷовидонӣ аст.

Баъдан, кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, барқарор намудани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ байни давлатҳои ҳамсоя, густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ ва мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки адибону олимон ва арбобони фарҳангу санъати ду мамлакат моро ҳидоятгар ба сӯи фардои дурахшон ва тарабангез хоҳад буд, зеро лаззат ва аҳамияти дӯстиро бештар аз ҳазор сол пеш Рӯдакии бузургвор хеле хуб баён кардааст: Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон. Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар, Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ДЕВАШТИЧ, ОБОДОН ДАР ПАРТАВИ ТАШАББУСҲО

Самараи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба марҳалаи рушду пешрафт ноил шаванд ва сатҳи зиндагии мардум батадриҷ боло равад. Чун дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ноҳияи Деваштич дар ин давра ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, бо бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти дорои таъиноти гуногун симои ноҳия ба куллӣ дигаргун гардида, имрӯз ба яке аз ноҳияҳои зебои кишвар табдил ёфтааст. Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия бомаром вусъат дорад.

Бино ба иттилои раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода, ба ифтихори ин санаи таърихӣ нақша‐чорабинии ҷашнӣ, ки дар оғози соли 2018 ум 309 бандро ташкил медод, дар соли 2020 ум 13 ва соли 2021 ‐ум 66 банди дигар ҳамроҳ карда шуд, ки ҳамагӣ 388 банд аст. Аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, толору майдончаҳои муосири варзишӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, боғи фарҳангиву фароғатӣ, гулгаштҳо, марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз бо кӯшишу заҳмати сокинону масъулини ноҳия 321 адади он сохта, мавриди истифода қарор гирифта, дар боқимонда 63 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Мавсуф зикр намуд, ки дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар баробари бунёди биноҳои маъмуриву маишӣ, ҳамзамон маркази ноҳия чароғон шуда, шиору овезаҳои таблиғотӣ насб гардида, барои сайру гашти сокинон мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ ободу зебо гардонида шуд, ки махсусан шабонгоҳ хеле назаррабо ба чашм мерасанд.

Ҳар як сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия аз худ ободкориҳои зиёдеро мемонад. Сарвари давлат зимни сафари охирини худ ба ноҳия чандин иншооти муҳими хоҷагии халқро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд. Дар ин замина масъулинро вазифадор намуданд, ки дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани зиндагии шоиста, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди роҳу пулҳо, сохтмони иншооти муҳими халқ, аз ҷумла мактабу муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳои нави саноатӣ тадбирҳои муассир андешанд ва раванди корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшанд, гуфт раиси ноҳия А.Ҷалилзода.

Дар идомаи корҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия то ин дам беш аз 18 сартарошхона ва толори ҳусн, 13 майдонча ва толори варзишӣ, як боғи истироҳатию фароғатӣ, се китобхона, панҷ дорухона, ҳафт ҳаммом, 15 корхонаи истеҳсолии хурд, 47 маркази хизматрасонӣ ва майдончаи варзишии бозии кӯдакон сохта шуда, мавриди истифодаи сокинон қарор гирифтааст. Гуфтан бамаврид аст, ки имрӯзҳо корҳои созандагӣ дар ҳамаи ҷамоату деҳоти ноҳия хуб ба роҳ монда шуда сокинон бо руҳияи баланди идона баҳри ободу зебо намудани диёри худ кӯшишу талош намуда истодаанд.

Имрӯзҳо дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, тибқи нақша, бояд 59 иншооти таъиноташон гуногун сохта шавад. Бино ба иттилои масъулини ҷамоати мазкур то имрӯз дар 50 адад иншооти ба нақша гирифташуда корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, дар боқимонда иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Имрӯз дар ҷамоати мазкур марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, алҳол дар хизмати сокинон қарор доранд.

Ҳамчунин, сохтмони бинои нави маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон, боғи истироҳатӣ фароғатӣ, дорухона ва дигар иншооти зарурӣ дар ҷамоати номбурда аз тарафи соҳибкорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Муҷун созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Зимни сафари корӣ ба ин ҷамоат аён гардид, ки сокинон дастаҷамъона талош баҳри ободии маҳалли худ ҳастанд. Дар ин ҷамоат бахшида ба ҷашни миллӣ сохтмони иншооти муҳим ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар деҳаи Ҳазорчашма сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 дар арафаи анҷомёбист. Алҳол корҳои рангубор, панҷарабандии атрофи бино ва шинонидани дару тирезаҳо ҷараён дошта, кабудизоркунии атрофи бино низ ба нақша гирифта шудааст. Ин бинои хуштарҳу замонавӣ соли 2021 ба истиқболи ҷашни миллӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, дар ҳамин деҳа сохтмони Лавҳаи хотиравии иштирокчиёни Ҷанги Бузургӣ Ватании солҳои 1941 ‐1945 идома дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз дар ҳудуди ҷамоати номбурда чароғонкунии беш 20 километр роҳи деҳаҳои Панҷбоғ, Муҷун, Истиқлол, Ҳазорчашма ва Меҳробод ба нақша гирифта шуда, то имрӯз надик 15 километр роҳи деҳаҳои номбурда чароғон гардидааст. Ҳамчунин, аз маркази деҳаи Муҷун то Ҳазорчашма роҳе, ки масофаи 6 километрро дар бар мегирад, корҳои омодакунӣ барои мумфаршкунӣ ҷараён дорад. Алҳол дар ду тарафи роҳ гулу ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонида шудаанд. Мумфаршкунии роҳи мазкур то ҷашни бузурги миллӣ ба итмом хоҳад расид. Рӯйдоди фараҳбахше, ки соли 2019 сокинони ноҳияро рӯҳбаланд намуд, ин ташрифи Сарвари давлат ба ноҳия мебошад, ки дар пайи ин сафар ноҳия куллан дигаргун гардид.

Зимни сафари худ Пешвои миллат дар ноҳия якчанд иншооти муҳими таъиноташон гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Аз ҷумла, ба истифода додани бинои Кумитаи идораи замин, Раёсати адлия, сохтани майдони парчам, як кӯдакистони замонавӣ, хиёбони марказӣ ва таъмири куллии роҳи асосии ноҳия мебошад.

САНОАТИКУНОНӢ - МЕҲВАРИ ФАЙЗБАХШИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар эълон намудаанд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар бунёду барқарорсозии коргоҳу корхонаҳо ҷараён дорад. Дар ин замина дар ноҳияи Деваштич низ ба бунёду сохтмони корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст.

 Имрӯз дар ноҳия аз 11 корхонаи саноатии истеҳсолӣ, шаш адади он фаъолият дошта, дар 5 моҳи соли равон ба маблағи 3 миллиону 289 ҳазору 600 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 606 ҳазору 670 сомонӣ зиёд аст. Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар ноҳия корхонаҳои саноатӣ ба монанди ҶДММ “Ороста”, ҶДММ «Ғончӣ‐2017», ҶДММ «Баҳори Аҷам», ҶДММ «Ҳаҷмис» ва ҶДММ «Айман» фаъолияти назаррас доранд. Корхонаҳои мазкур асосан ба истеҳсоли хишти пухта ва хом, оҳаксанг, оби ҷав, нӯшобаи хуч, молҳои дӯхта ва маҳсулоти нонӣ машғуланд. Бино ба иттилои масъулини ноҳия барои рушди соҳаи саноат, наздик будан ба шоҳроҳи Душанбе Чаноқ нақши назаррас дорад.

Дар заминаи мавҷудияти захираҳои табиии сохтмонӣ, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли корхонаҳои хиштбарорӣ имконияти васеъ фароҳам оварда шудаааст. Ғайр аз ин, имконияти дар заминаи корхонаи мазкур ва ё дар алоҳидагӣ ташкил намудани корхонаи мухталифи коркарди масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили истеҳсоли оҳак ва гаҷ, плиткаҳои керамикӣ, маводи оҳану бетонӣ ва ғайра мавҷуд аст. Бо назардошти мавҷудияти корхонаи коркарди консервабарорӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ дар заминаи корхонаҳои мазкур таъсис додани сехҳои хурди истеҳсоли шарбат, консерваҳо, афшураю мураббо, нӯшокиҳои ташнашикан, крахмал ва шароб, имкониятҳои васеъ мавҷуд аст. Қобили зикр аст, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ороста», ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли якчанд намуди маҳсулоти трикотажӣ имконияти васеъ мавҷуд аст. Барои расидан ба ин ҳадаф, ба кор андохтани иқтидорҳои азкормонда ва ҷорӣ намудани технологияи муосир пешбинӣ шудааст.

Фаъолияти назарраси корхонаҳои мавҷудаи ноҳия имкон фароҳам овард, ки маҳсулоти нонӣ ва саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта барзиёд истеҳсол гардаду дар баробари таъмини аҳолии ноҳия ҳамчунин содироти он ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад. Ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии мамлакат агар аз як тараф ба рушди иқтисодиёти ноҳия заминаи воқеӣ гузорад, аз ҷониби дигар барои ташкили ҷойҳои нави корӣ замина гузошта, баҳри баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

МАДАНИЯТИ КИШОВАРЗӢ ВА БОЗДЕҲИ ЗАМИН

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди мамлакат ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум маҳсуб меёбад. Зеро таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат буда, дар асоси нақшаҳои мушаххас аз ҷумла, васеъ намудани майдони заминҳои кишти зироатҳои гуногун аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аз ҳар ваҷаб замин таъмин хоҳад гардид. Ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи даромаднок дар ноҳияи Деваштич диққати махсус дода мешавад.

Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироатҳо мувофиқ аст. Дар ноҳия 36 ҳазору 569 гектар замин мавҷуд аст, ки 11 ҳазору 389 гектарашро замини обӣ ташкил медиҳад. Баъд аз гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ имрӯз дар ноҳия беш аз 2 ҳазору 500 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 3 хоҷагии парандапарварӣ, 7 кооперативи тиҷоратӣ ва 1200 хоҷагии ёрирасон таъсис дода шуд, ки дар онҳо зиёда аз 3 ҳазор нафар саҳмдор кору фаъолият доранд. Дар тавозуни хоҷагиҳои кишоварзӣ алҳол 775 адад трактору лавозимоти кишоварзӣ мавҷуд буда, аз ин 478 ададаш коршоям ва 297 адади дигар дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Аз шумораи умумии техникаю таҷҳизоти мавҷуда, 429 адад ба хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ ва 340 адади дигар ба аҳолӣ марбут аст.

Мирзо Мирзоев сардори идораи кишоварзии ноҳия дар суҳбат қайд намуд, ки имрӯз деҳқонони заркори ноҳия дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои лалмӣ ва боир ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд. Ҳамин меҳнати ҳамешагии кишоварзон аст, ки ҳамасола истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия зиёд мегардад. Масалан, агар кишоварзони ноҳия дар соли 2017 беш аз 97 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуда бошанд, пас имсол, тибқи нақшаи пешбинишуда он ба 200 ҳазор тонна баробар хоҳад шуд. Алҳол дар ноҳия бештар кишти ғалла ва картошка ба роҳ монда шуда, парвариши ин намуди зироатҳо яке аз самтҳои асосии хоҷагии қишлоқи ноҳия ба ҳисоб меравад. Кишоварзон барои боз ҳам васеъ намудани майдони кишти зироатҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии он аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи картошкапарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд, зеро иқлими ноҳия барои истеҳсоли ин намуди маҳсулот, ки нони дуюм ҳисобида мешавад, мусоид мебошад. Картошкапарварони ноҳия дар ҷавоб ба таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат барои зиёд намудани майдони кишт, инчунин, баҳри истеҳсоли картошкаи хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза камари ҳиммат бастаанд. Дурнамои имсолаи кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 5 ҳазору 853 гектар, аз ҷумла, кишти барвақтии картошка ба 315 гектар пешбинӣ гардида буд, ки кишоварзони ноҳия нақшаи пешбинишударо барзиёд иҷро намуданд, иброз намуд М.Мирзоев.

Бино ба иттилои мавсуф дар ноҳия парвариши сабзавот ва полезӣ барои таъмини бозори дохилӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Ба парвариши сабзавот ва полезӣ хоҷагиҳои хонагӣ, деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ шуғл доранд, ки ҳиссаи онҳо дар парвариши ин маҳсулот мутаносибан 44,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки парвариши сабзавот ва полезӣ тайи солҳои минбаъда аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекор, обёришаванда ва ирригатсионӣ 15 фоиз зиёд карда мешавад. Хоҷагиҳои ноҳия ба парвариши сабзӣ, пиёз, помидор, бодиринг, қаламфур, карам, картошка, тарбуз, харбуза ва каду шуғл доранд, ки ин намуди маҳсулот сарчашмаи асосии даромади онҳо аст. Барои дар оянда бозори дохилиро бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми мавсим таъмин намудан, бунёди гармхонаҳои махсус ба мақсад мувофиқ аст.

Ҳамчунин, мардуми сарбаланди ноҳия барои бунёди боғу токзори нав ҷидду ҷаҳд намуда, мехоҳанд аз ин ҳисоб даромади бештар ба даст оварда, зиндагии худро таъмин ва баҳри афзун намудани бозорҳои дохилӣ бо меваи тару тоза саҳми худро гузоранд. Иқлими ноҳия имконият медиҳад, ки майдони боғотро аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил васеъ намуда, талаботи бозори дохилӣ ва берунӣ пурра бо меваи тару тоза таъмин шавад. Масалан соли 2019 дар ноҳия 150 гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардида, аз ин 130 гектар боғ ва 20 гектар токзор мебошад. Майдони умумии боғу токзор дар ноҳия 2 ҳазору 758 гектарро ташкил дода, қисми зиёди он ҳосилдиҳанда мебошад. Ҳоло дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия беш аз 100 гектар парвариши меваҳои донакдор ва 500 гектар ток ба роҳ монда шудааст. Дар давоми се соли охир истеҳсоли мева ва ангур мутаносибан 1,2 ва 1,3 маротиба зиёд шудааст, ки ин аз ҳисоби ба ҳосил даромадани боғу токзорҳои нав мебошад. Дар оянда бунёди анборҳои махсус барои нигоҳ доштани мева дар назар аст, ки ин метавонад ҳосили бадастовардаи меваро дар мавсими ҷамъоварӣ тару тоза ва солим нигоҳ дорад ва дар вақтҳои лозима барои фурӯш ба бозорҳои вилоят бароварда шавад.

МАОРИФ - ПОЯИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Маориф низ яке аз соҳаҳои калидии рушди ҷомеа эътироф шудааст. Дар солҳои соҳибистиқлолиии кишвар бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин соҳа дар мамлакат ба зинаҳои баланд расидааст. Бо истифода аз имконоту шароити муҳайёгардида маорифчиёни ноҳияи Деваштич дастовардҳои худро сол то сол афзун мегардонанд. Дар ноҳия 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 гимназия бо фарогирии 38 ҳазору 905 нафар хонанда ва 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1 ҳазору 435 кӯдак фаъолият мекунанд.

Алҳол дар назди 15 муассисаи таълимии мактабӣ барои 2830 нафар хонанда ва дар назди 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 320 нафар кӯдак сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад. Бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани шароити таълиму тарбия имрӯз дар миқёси ноҳия сохтмону азнавсозии як қатор иншооти соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Дар ин раванд сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5, ки иборат аз 4 ошёна барои 640 хонанда пешбинӣ шуда, бо тарҳи замонавӣ ва шароити муосири таълим бунёд мегардад. Дар ин замина бо саҳми аҳолию соҳибкорон дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дорад, ки ин тадбири мазкур дар самти беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия, бартараф гардидани норасогии ҷойи нишаст замина фароҳам хоҳад овард. Соҳаи маориф дар сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ҳамчун соҳаи афзалиятнок арзёбӣ гардида, барои пешрафту нумӯи ин соҳа тамоми тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд.

Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич дар радифи корҳои созандагиву ободонӣ, бахшида ба ҷашнҳои бузурги миллӣ – таҷлили 24 – умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ‐оммавӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносии аҳли ҷомеа доир мешаванд, баргузор мегарданд. Дар ин замина номгӯи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30‐солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия рӯз то рӯз такомул ёфта, дар натиҷаи корбарӣ дар байни сокинон ва соҳибкорон теъдоди иншооти ҷашнӣ меафзояд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мардуми меҳнатқарини ноҳияи Деваштич муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ гарму самимӣ пазируфта, дар амалӣ намудани он азми ҷиддӣ, суботи комил ва неруи созанда доранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

Истамҷон НАҶМИДДИНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»,

Хуҷанд Деваштич – Хуҷанд

Читать далее