18 June 2021

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Абдулло»-и ноҳияи Данғара ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалла оғоз бахшиданд

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Абдулло”-и ноҳияи Данғара ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалла оғоз бахшиданд.

Хоҷагии деҳқонии “Абдулло” дар деҳоти Сафобахш ҷойгир буда, соли 2005 таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 88 гектар замини обӣ ва 46 саҳмдор дорад. Саҳмдорони хоҷагӣ ҳар қитъа заминро бо самар истифода бурда, ҳамасола ҳосили хуби маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалла ба даст меоранд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз агротехникаи парвариши зироат ва рафти ҷамъоварии ҳосил дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара боздид намуданд

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо агротехникаи парвариши зироат ва рафти ҷамъоварии ҳосил дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд.

Боғдорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кишоварзони хоҷагии мазкурро ташкил намуда, меҳнаткашон баъди омӯзишу мукаммалсозии таҷрибаи илмию амалӣ асосан майдони навъҳои ниҳоли дарахтони меваҳояш содиротиро васеъ мекунанд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-ро дар деҳаи Нурбахши ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Нурбахши деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара ташриф оварда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя»-ро дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосӣ ба таъминоти аҳолии деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз ба оби нӯшокӣ оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, аз масофаи 1300 метр тавассути қубури полиэтилении қутраш 200 миллиметра ба обанбор интиқол меёбад.  Бояд гуфт, ки лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ дар ду марҳила амалӣ мешавад.

Читать далее