17 June 2021

Дониш зи шамъи субҳидам пайдо

Санаи 13 уми июни соли ҷорӣ дар МДТ «Мактаби байналмилалии Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе 42 юмин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пуршукӯҳ баргузор гардид. Дастаи вилояти Суғд иборат аз 350 нафар хонандагон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти роҳбарии директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд, ҳамзамон роҳбари бахши Академияи хурди илмҳо дар вилоят Фирдавс Ашӯрматов дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуданд.

Дар маросими расмии ифтитоҳи чорабинии мазкур Президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Ғанизода, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок ва суханронӣ намуда, баргузории озмуни мазкурро барои сайқал додани донишандӯзии кӯдакон, ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ‐таҳқиқотӣ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, дарёфти кӯдакони болаёқат муҳим арзёби намуданд. Таъкид гардид, ки озмуни мазкур барои омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии "Илм‐фурӯғи маърифат" кӯмак хоҳад намуд. Қайд гардид, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун беш аз 800 нафар хонандагони болаёқат аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи Марказ иштирок намуда, аз рӯи 20 бахш қувваозмоӣ менамоянд. Дар поёни ҷаласаи расмӣ иштирокчиёни озмун аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, барои ташкили озмуни мазкур миннатдории хешро ба Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд. Баъди маросими расмӣ озмун оғоз гардида, довталабон ба бахшҳо роҳнамоӣ карда шуданд.

Бино ба гуфти Суман Раҳматуллоева, хонандаи синфи 11 – уми Гимназияи №1, ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд, ки иштирокчии сессияи ҷумҳуриявии «Академияи хурди илмҳо» мебошад, чорабинӣ дар сатҳи хубу хотирмон ҷамъбаст гардид, ки дар натиҷаи ҷамбасти озмун 31 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзоёни маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо унвони баланди озмун узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳо, 68 нафар узви вобастаи Академияи хурди илмҳо, 103 нафар мақоми аввал, 56 нафар макоми дуввум, 61 нафар мақоми сеюм ва 31 нафар соҳиби ифтихорнома гардиданд. Дастаи вилояти Суғд бо ба даст овардани аксари ҷойҳои ифтихорӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.

Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — иттиҳодияи ихтиёрии эҷодии хонандагони синфҳои болоӣ мебошад, ки барои тадбирҳои интихоби касбу ҳунари мактаббачагон ва ҷалби онҳо ба эҷодиёти муташаккилонаи илмию техникӣ, инкишофи маърифат, малакаҳои илмию тадқиқотӣ, ихтироъкорӣ, фаъолияти таҷрибавии беруназдарсӣ таҳти роҳбарии олимон, устодони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, мутахассисони хоҷагии халқ нигаронида шудааст. Фаъолияти Академияи хурди илмҳо дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби марказҳои таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда мешавад.

Лозим ба таъкид аст, ки дар назди 28 муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 70 маҳфили Академияи хурди илмҳо амал намуда, ба онҳо беш аз 2 ҳазор хонандагон ҷалб гардиданд. Дар ҳаракати Академияи хурди илмҳо дар вилояти Суғд беш аз 5 ҳазор кӯдакон шомил ҳастанд. Даври шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии озмун ҳамасола бо корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд аз рӯи фанҳои математика, физика, химия, биология, тиб, экология, география, технологияи иттилоотӣ, гидрохимия, рӯзноманигорӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ, забон ва адабиёти рус, иқтисодиёт, таърих ва бостоншиносӣ, педагогика, равоншиносӣ, ҳуқуқ баргузор мегардад.

Гуфтанист, ки дар ғолибияти дастаи вилояти Суғд саҳми хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Истаравшан, Бӯстон, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Спитамен, Деваштич, Мастчоҳ, ки аксари ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд, бориз аст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мулоқоти раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд

16 июн раисони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев зимни суҳбат масоили марбут ба обу заминро баррасӣ карда, хостори таҳкими равобити дӯстона шуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон роҳбарони сохторҳои қудративу идораҳои оби ду тараф ширкат доштанд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот намуданд

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва Данғараро, ки мақсад аз он боздид аз рафти корҳои бартарафкунии оқибати офатҳои табиӣ, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офат зарардида, инчунин шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ буд, натиҷагирӣ карданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара боздид намуданд

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар хоҷагии деҳқонии “Ҳусайнӣ”-и деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара аз намоишгоҳи хоҷагидорону кишоварзони вилояти Хатлон дидан карданд.

Мавриди зикр аст, ки ба 1 июни соли равон дар вилоят 58195 тонна ғалладонагӣ, 294844 тонна сабзавот, 34954 тонна картошка, 3111 тонна полезӣ, 10746 тонна меваҷот ва 1998 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва парварда истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладонагиҳо 102,9 фоиз, сабзавот 116,4 фоиз, картошка 109,2 фоиз, полезӣ 137,5 фоиз ва меваҷот 114,4 фоизро ташкил медиҳад.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ» дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салимов Ромиш дар масоҳати 7 гектар, бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд карда шудааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғараро ба истифода доданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.

Дар деҳоти Боғпарвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани ҷумак ба фаъолияти марҳилаи аввали ин шабакаи обрасонӣ оғоз бахшиданд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқавории ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ аз 4 шуъба, аз қабили шуъбаи бактерологӣ, серология, фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ иборат мебошад. Ҳамаи утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо компютер ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст, ки ин омил дар оянда барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мутахассисони марказ мусоидат менамояд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятиро дар ноҳияи Данғара ба истифода доданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятиро, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода доданд.

Бинои беморхонаи сироятӣ бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз 5 ошёна иборат аст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили сазовори ҷашни умумимиллӣ — 30 солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Читать далее

Ҳифзи ҷомеа аз фитнаи гурӯҳҳои ифротӣ

Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ пур аз фитнаву дасиса ва бозиҳои сиёсӣ гардида, ин раванд дар пайи худ кишварҳои орому осоишаро низ бетаъсир нахоҳад гузошт. Ҳамарӯза тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои тундраву зидди давлатӣ бархе аз ҷавонону сокинони гумроҳшударо бо ҳар роҳу восита бадоми худ шомил менамоянд. Ҷавонони гумроҳ бехабар аз ҳадафҳои нопокиин гурӯҳҳои ифротӣ, ҳаёти ширину умри қиммати хешро дар хатар мегузоранд.

Боиси таассуф ва нигаронии зиёд аст, ки рӯз то рӯз сафи чунин гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ аз ҳисоби ҷавонон зиёд гашта истодааст, ки барои ҷомеаи ҷаҳон ва тамоми кишварҳо хатарфизо мебошад. Аксаран шомилшавии ҷавонон тариқи сомонаҳои интернетию шабакаҳои иҷтимоӣсурат гирифта, ин зуҳуроти номатлуби аср домани худро паҳн намудаистодааст. Бисёре аз ҷавонони гумроҳгашта қурбони терроризму ифротгароӣ дар ин ё он минтақа гашта, падару модари хешро мотамзада намуда, номи миллати хешро дар арсаи байналмилалӣ доғдор месозанд.

Барои мардуми шарифи Тоҷикистон, маҳз миллат метавонад соҳиби давлат, обрӯ ва эътибор дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Бархе аз палидони ватанфурӯш ба он назари бадбинона доранд. Агар мо ҷавонони бо нангу номуси кишвар пеши роҳи ҳамин гуна ақидаҳои бади тафриқаандозонро тавассути ақидаи солими хеш пешгирӣ накунем, мебинем, ки ин гуна хоинон бо вокунишҳои муғризонаашон миёни мардуми тоҷик тафриқа меандозанд.

Чеҳраҳои манфури давлатҳои фитнаангез бо бозиҳои паси пардагӣ нисбат ба давлату миллати тоҷик дар замони давлатдории миллӣ баръало намоён гашт.

Назҳатиён нафраташон бо бародарони хеш чунон зиёд аст, ки имрӯз низ аз ягон кори бад даст намекашанд. Имрӯз низ собиқ роҳбарони ин ҳизб дур аз ватан дар сояи хоҷагони худ зиндагонӣ карда, мехоҳанд, ки боз дасисаҳои наве барпо карда, Ватани ороми моро ноором созанд. Ҳар як фарди миллатро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода содиқона паи хизмат ба миллату кишвари худ бошанд. Шукри тинҷӣ ва ободиро бояд кунем.

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее