16 June 2021

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои истеҳсолии Агентии таъминоти амволи махсусро дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

16 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара коргоҳи истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавоти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар иншооти навбунёд 20 нафар мутахассиси ватанӣ фаъолият мекунад.

Дар коргоҳи мазкур нушоба, шарбат, мураббо, дар маҷмуъ беш аз 14 намуд маҳсулот аз зардолу, шафтолу, олуча, себ, хурмо, помидор ва ғайра истеҳсол мегардад.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ»-и ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити корию хизматрасонии иншооти мазкур шинос шуданд.

Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-и ноҳияи Данғара дар партави дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизода бунёд гардида, дорои шароити мусоиди таълимӣ мебошад.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинои нави шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо тарҳи муосир ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни пурифтихори миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои кормандону мутахассисони ин ниҳод ба ҳисоб меравад.

Читать далее

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳоти Корез

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Ҳадафи ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшидан ба фаъолияти як зумра иншооти нав, шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосилу гузаронидани кишти такрорӣ ва мулоқот бо фаъолон мебошад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб мулоқот карданд

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб мулоқот карданд.

Ҳадафи асосии сафар ба шаҳри Кӯлоб боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооту манзилҳои бар асари офатҳои табиии моҳи майи соли ҷорӣ зарардида ва шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии сокинони шаҳри Кӯлоб боздид намуданд

 

 

 

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар дид.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аз мавзеъҳои бар асари сел зарардида боздид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз роҳи автомобилгарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 боздид ба амал оварда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой шинос шуданд.

Читать далее