16 June 2021

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб»-ро дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб»-ро ба истифода супориданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадова Бахтиниссо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд карда шудааст.

Читать далее

МУСОҲИБАИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба муносибати 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай

Имрӯз ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай расо 20 сол пур шуд. Соли 2021 дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад. Раёсати ҳозира – аз рӯи ҳисобҳо — сеюмин раёсати давлати мост, ки ба 20-умин солгарди таъсисёбии ин Созмон рост меояд ва таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» баргузор мешавад.

Ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» посух доданд.

Читать далее

Аёдати собиқадорони меҳнат ва беморон дар шаҳри Конибодом

Дар поёни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд чанде аз собиқадорон ва сокинони ниёзманди шаҳрро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст маъюби гуруҳи ду, Малтуба Ғиёсиддинова ва фарзандаш Далер Ғиёсиддиновро, ки маъюби гуруҳи якум аст, аёдат намуда, сипас аз ҳоли маъюби гуруҳи як Муътабар Ортиқова хабар гирифт. Зимни аёдати беморон зикр карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии беморону маъюбон мунтазам чораҷӯӣ карда шуда, ба чунин қишри ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои моддиву молӣ расонида мешавад.

Читать далее

Боздид аз рафти дарави ғалла дар Конибодом

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти дарави ғалла дар заминҳои ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматоваро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Дар ҷамъият 3 гектар гандуми навъи «Безостая-100», ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда шудааст, кишт гардида буд ва чуноне таъкид карда шуд, ҳосилнокии ин навъи тухмӣ баланд аст. Ба иттилои кишоварзон ин навъи туъмӣ 60 – 70-сентнерӣ гандум медиҳад.

Читать далее

Оғози мумфаршкунии роҳи “Конибодом-Истгоҳи роҳи оҳан”

15 июн бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом ба мумфаршкунии роҳи “Конибодом-Истгоҳи роҳи оҳан” оғоз бахшида шуд.

Роҳи мазкур дар ҳудуди деҳаи Диловарони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов ҷойгир буда, он бо масоҳаи 3000 метри мураббаъ мумфарш мегардад. Фармоишгари корҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва паймонкор муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Конибодом буда, барои иҷрои корҳо 200 ҳазор сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Читать далее

Боздиди аз маҳалли сохтмони бинои нави боғчаи бачагонаи рақами 2-и шаҳри Конибодом

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳалли сохтмони бинои нави боғчаи бачагонаи рақами 2 боздид кард.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба боғча бинои нави кӯдакистон сохта мешавад.

Читать далее

Маросими қадршиносии ғолибону ҷоизадорони олимпиадаву озмунҳо

15 июн дар тарабхонаи “Тоҷи Канд”-и шаҳри Конибодом маросими қадршиносии ғолибону ҷоизадорони олимпиадаву озмунҳо баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин маросим ба 30 нафар ғолибону ҷоизадорони олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ва аҳли эҷоди Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозилова туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Читать далее

Боздид аз пахтазори хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов

15 июн Раиси вилояти Суғд дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипови шаҳри Конибодом аз пахтазори хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов боздид кард.

Чуноне иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии замини кишоварзии хоҷагӣ 32 гектар буда, аҳли заҳмати хоҷагӣ дар 10 гектар пахта, 8,7 гектар гандум, 0,3 гектар картошка ва дигар намуди зироат кишт карда, 11 гектар боғ низ доранд. Аъзои хоҷагӣ 25 нафар буда, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодаанд.

Читать далее

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Пахтакори шаҳри Конибодом

15 июни соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Конибодом сафар намуд.

Сафари кории роҳбари вилоят бо иштирок дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ оғоз ёфт. Бо ҳузури Раиси вилоят дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипов майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки он бо маблағи 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Иншооти варзишӣ бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 сохта шуд ва минбаъд сокинони деҳа метавонанд аз он истифода баранд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ «Файзи Алӣ»-ро дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара ба истифода доданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ”-ро ба истифода доданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёд карда шудааст.

Читать далее