15 June 2021

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ва зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 

 

 

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва боздид аз ҷараёни барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Сарвари давлат бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон нахуст оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳаи нек карданд.

 

 

 

Читать далее

20 СОЛИ СҲШ: ҲАМКОРӢ БАҲРИ СУБОТ ВА ШУКУФОӢ. Мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз  ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай расо 20 сол пур шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз, 15 июни соли 2001 дар мулоқоти сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баёния дар бораи таъсиси СҲШ имзо карда шуд.

Имсол СҲШ 20-сола шуд. Дар ин соли ҷашнӣ раёсатро дар ин Созмони бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. 16-17 сентябр дар Душанбе саммити навбатии СҲШ баргузор мегардад.

Читать далее

Вирусолог из США назвал Душанбе одной из самых безопасных столиц по COVID-19

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Американский вирусолог иранского происхождения руководитель Международного института здоровья и обследования США в Нью-Йорке доктор Ораш Алои в диалоге с НИАТ "Ховар" отметил, что Душанбе остается одной из самых безопасных столиц мира во время пандемии. Читать далее

ХИЁНАТИ НАВИ НАҲЗАТИҲО Ё ЧАРО ОНҲО АЗ БЕҲБУДИ МУНОСИБАТҲОИ ЭРОН ВА ТОҶИКИСТОН ЧУНИН МЕТАРСАНД? ХИЁНАТИ НАВБАТИИ НАҲЗАТИЁН ЧИСТ?

Ҳафтаҳои охир муҳокимаи васеи вазъияти муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мавзуи муҳимтарини суҳбатҳои сиёсӣ ва барномаҳои иттилоотии гурўҳҳои ба ном мухолифи давлати Тоҷикистон, махсусан пайравони боқимондаи ҳизби ифротгарою террористии наҳзат табдил шудааст. Онҳо ба тамоми қувва ва имкониятҳои худашон ва ҷалб намудани «коршиносон» кўшиш мекунанд, ки сабабу моҳияти ин тағйиротро дарк намоянд ва ё онро ба таври худашон шарҳ диҳанд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд

15 июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии зарардидагон ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рӯзи 11 май ба вуқӯъомада, дар деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” бо сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш мулоқоти озоду самимӣ доир карданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осебдидагони ин фоҷеаи табиӣ, таъкид намуданд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои ин фалокат ҳамеша даст ба кор буда, пайваста аз ҳолу аҳволи оилаҳои зарардида огоҳ аст ва рафти корҳои ободонию созандагӣ ва барқароркунии хонаҳои истиқоматии сокинон зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарасторони ноҳияи Вахш санги асос гузоштанд

15 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ба бунёди ду мактаби нави таълимӣ — мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарастори ба номи Мирзо Сатторов санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои нави таълимии ҳамагонӣ иттилоъ дода шуд, ки мактаб бо риояи талаботи замони муосир бунёд мегардад ва аз як ошёна, аз ҷумла утоқҳои фаннию лабораторӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматии зарардидагон дар ноҳияи Вахш боздид намуданд

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.

Ҳадафи сафари Сарвари давлат ба ноҳияи Вахш шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои зарардидаи ноҳия мебошад.

Боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои осебдидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” оғоз шуд. Сарвари давлат аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматии оилаҳои зарардида шинос шуда, бо сокинон суҳбату мулоқоти озоду самимӣ анҷом доданд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд

Пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти самимию судманд баргузор намуданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ дар канори осебдидагон буд ва бо расонидани кӯмакҳои саривақтӣ имконият даст дод, ки сохтмони манзилҳои нав ҳарчӣ зудтар оғоз ёбад. Хушбахтона то ба имрӯз аллакай қисми бештари корҳои сохтмонии хонаҳое, ки ба сокинони зарардида пешбинӣ гардидааст, сомон ёфтааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони зарардида дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуданд

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида, ба истифода додани иншооти гуногун, шиносоӣ бо рафти амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар деҳаи Навободи деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо онҳо суҳбат намуданд.

Читать далее

ВАҲДАТ - ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро неруи тоза ва тақвият мебахшанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке яз воқеаҳои муҳим ва сарнавиштсоз ин расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Халқи тоҷик барои ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ роҳи тӯлонӣ ва хеле душворро паси сар намуд. Дар оғози муноқишаҳои дохилӣ дар байни намояндагони Ҳукумат ва неруҳои даргир баъзе кӯшишҳо барои музокирот ба амал омада буданд, вале амалан баҳри бартарафсозии низои дохилӣ ягон чораи муҳиме андешида нашуда буд.

Оғози задухӯрдҳои мусаллаҳона, ки моҳи майи соли 1992 ба вуқӯъ омад, ба мамлакат хисороти зиёде ворид сохт, ҳукумати мусолиҳаи миллӣ пеши роҳи хунрезиҳоро дар кишвар гирифта натавонист. Вазъият дар пойтахти мамлакат хеле ноором буд ва тамоми идораҳои давлатӣ зери таъсири гурӯҳҳои силоҳбадаст монда буданд. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъи баамаломада Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) даъват карда шуд.

Дар Иҷлосияи мазкур, ки аз 16‐уми ноябр то 2‐юми декабри соли 1992 идома ёфт, 23 масъала матраҳ гардид. Яке аз қарорҳои муҳиме, ки дар Иҷлосия қабул гардид, ба ҷои идоракунии президентӣ ҷорӣ кардани идоракунии парламентӣ буд. Баъди ҷорӣ гардидани низоми идоракунии парламентӣ 19 уми ноябри соли 1992 бо тарафдории 186 вакил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Дарки манфиатҳои олии миллӣ Сарвари нави давлатро ба интихоби тарзу усули корҳои ғайримуқаррарӣ ва ҷасурона водор кард. Бояд таъкид намуд, ки баъди Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ идома ёфта бошад ҳам, дар ҳаёти сиёсии мамлакат тадриҷан дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасиданд. Дар вазъияти душвори сиёсӣ пояҳои ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам карда шуда, баҳри бартарафсозии низои дохилӣ ва таъмини амният дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон чораҳо андешида шуданд. Сарвари тозаинтихоби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳаётан зарур таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекарданд.

Аввалан, бояд дар саросари кишвар оташбас эълон шуда, аз муқовимати мусаллаҳона даст кашида, ба гуфтушуниди натиҷабахш оғоз карда мешуд. Дуюм, гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва ҷои зисти доимиашон баргардонида мешуданд. Ҳамзамон, ба масъалаи ҷорӣ шудани қонуният, барои таъмини мардум бо маводи озуқаворӣ чораҳои таъҷилӣ андешида шуда, бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи Тоҷикистон ҷалб мегардид. Аммо ин корҳо соддаву осон набуданд. Бо мақсади ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба қувваи солими дохилии мамлакат ва созмонҳои байналмилалӣ такя мекарданд. Чунончи, санаи 19 уми ноябр Муроҷиатномаи вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ба давлатҳои аъзои ИДМ фиристода шуд. 20 уми декабр Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли СММ ирсол гардид. Баъди Муроҷиатномаи Сарвари давлат Дабири кулли СММ ба масъалаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, доир ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ қарорҳои махсус қабул намуд. Фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан давлатдори соҳибтадбир буда, ҳалли мушкилоти пешомадаро пайдо мекунанд. Бо шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ ва дониши беназири сиёсии худ Сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ тавонистанд дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, алангаи ҷанги бародаркушро паст намоянд ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшанд.

Дар ин замина Сарвари давлат истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор доданд. Бо заҳмату талошҳои Сарвари давлат баҳри ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Баъди Иҷлосия вазъияти Тоҷикистон дар Анҷумани Шӯрои амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ дар Стокголм рӯзҳои 1415‐уми декабри соли 1992 баргузор гардид, баррасӣ шуда, дар он аз ҷумла, аз ҳарду ҷониби дар ҳоли ихтилоф қарордошта даъват карда шуд, ки ба мухолифат хотима бахшида, ба музокироти созанда, ки барои ба танзими сиёсӣ даровардани Тоҷикистон асоси ягона аст, оғоз намоянд.

 Саъю талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷалб намудани кӯмаку дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид барои бартарафсозии низои дохилӣ ва таъмин намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон натиҷаи мусбат дод. Кӯшишҳои беандозаи Сарвари давлат баҳри бартарафсозии низои дохилӣ ва расидан ба сулҳу субот дар мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати пешгирифта ба ҳисоб мерафт, ба воқеият наздик мешуд, бо гузашти муҳлати начандон тӯлонӣ тарафҳои даргир розӣ шуданд, ки ба гуфтушунид оғоз намоянд. Музокироти миёни тоҷикон аз 5 уми апрели соли 1994 оғоз гардида, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба гуфтушунид ҳалли худро ёфтанд. Тамоми раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон зери назорати доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва ба фаъолияти хастанопазири он кас дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат иртиботи қавӣ дорад.

Иштироки Сарвари давлат дар раванди музокироти миёни тоҷикон хеле самарабахш ва назаррас буда, аҳамияти калидӣ доштанд. Тазаккур бояд дод, ки аз 8 даври музокироти миёни тоҷикон даври якум аз 5‐ум то 19уми апрели соли 1994 дар Маскав, даври дуюм аз 18‐ум то 28‐уми июни соли 1994 дар Теҳрон, даври сеюм аз 20‐уми октябр то 2‐юми ноябри соли 1994 дар Исломобод, даври чорум аз 22‐юми май то 1‐уми июни соли 1995 дар Алмаато, даври панҷум аз 30‐юми ноябри соли 1995 то 21‐уми июли соли 1996 дар се марҳалаи тӯлонӣ дар Ашқобод, даври 6‐ум аз 5‐ум то 19‐уми январи соли 1997 дар Теҳрон, даври ҳафтум аз 26‐уми феврал то 8‐уми марти соли 1997 дар Маскав, даври 8‐ум (марҳалаи 1‐ум аз 9‐ум то16уми апрели соли 1997, марҳалаи 2‐юм аз 22‐юм то 28‐уми майи соли 1997) дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки муҳимтарин омил барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ин вохӯрии сатҳи олӣ ба ҳисоб мерафт, ки он бо иштироки роҳбарони ҳарду ҷониб баргузор мегардид. Аз 17 то 19‐уми майи соли 1995 дар шаҳри Кобул вохӯрӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид Р.Баллон, ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Дар давоми музокироти миёни тоҷикон 40 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расида, бо саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ба мувофиқа расиданд ва ин музокирот бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27‐уми июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Маскав ба итмом расид, ки он ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшид.

Дар як муддати кӯтоҳ силсилаи тадбирҳое роҳандозӣ шуданд, ки бар асари онҳо вазъият тағйир ёфт. Кишвари мо дар муддати кӯтоҳе ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард. Сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди дастгирии натанҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ қарор гирифт ва заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати тоҷикон. Ин аст, ки нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол то сол боло меравад ва кишварҳои олам тамоюли худро барои густариши равобит бо мо эълом доштанд.

Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар ҳамаи созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дорад, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Алҳол Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба шинохта шудааст.

Аз ҷониби дигар, Сарвари давлат дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои давлатӣ ва миллии Тоҷикистонро дар мадди назари аввали сиёсати хориҷии кишвар гузошта, тавассути риояи тавозун дар робитаҳо бо кишварҳои мухталифи дунё тавонистанд истиқлолияти воқеии ҷумҳуриро таъмин намоянд. Далели дурахшони ин гуфтаҳо сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2021 мебошад. Ҳуҷҷатҳои муҳимтарине, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расониданд, аз бештар таҳким ёфтани дӯстии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар шаҳодат медиҳанд.

Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, ба таъбири худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «таърихи навини худро бо дастони хеш навишта, саҳифаҳои гузаштаи пурифтихори аҷдодамонро зинда гардонад ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намояд, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати фарҳангии тоҷик мебошад». Шоистаи таъйид аст, ки мавзӯи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус дошта, дар аксар суханрониҳои худ доир ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза маълумот дода, мардуми шарифи кишварро барои мустаҳкам намудани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамоянд.

Дар баробари ин ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва гиромӣ доштани он андеша намуда, барои солимии тафаккури аҳли ҷомеа ва бахусус ҳимояи насли ояндасоз аз ҳар гуна тафаккури носолим талош варзад. Дар ин бора, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26‐уми январи соли 2021 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи амнияти кишвар чунин баён намуданд: “Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90‐уми асри ХХ доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд”.

Аз ин лиҳоз, таъкиди Пешвои миллат дар мавриди таъмини сулҳу субот ва якпорчагии марзу буми кишвар аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир саривақтист. Ҳамин тавр, ваҳдати миллии тоҷикон боиси он гардид, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҷанги таҳмилӣ ба итмом расида, давлати мо ба дастовардҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ноил гардид.

Бояд қайд кард, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бартарафсозии низои дохилӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат, ҳамчунин барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле бузург буда, маҳз бо заҳмату талошҳои беандозаи Сарвари давлат дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои муҳим ба вуҷуд омаданд. Соли 2021 барои тоҷикистониён соли махсус, соли ҷашни бузурги 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Итминони комил дорем, ки халқи шарафманди тоҷик бо хислатҳои неку созандаи худ метавонад Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

И.ҶАББОРОВ,

М.МУҲАМАДИЗОДА,

устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее