14 June 2021

Ваҳдат ризоияти миллист!

Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ муҳимтарин омили рушди ҷомеа ва   таъмини фазои ҳукмрони сулҳу субот маҳсуб ёфта, он мусоидат ба азму талоши ватандӯстӣ ва ободу зебо гардонидани кишвар менамояд. Ваҳдати миллӣ аз хиради азалии миллати ҷафокаши мо аст, ки аз имтиҳони талхтарин - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо заковату идроки фарҳангии худ шоиста баромадааст.

Рушду нумӯи кишвари азиз далели шоистаи тантанаи ваҳдати миллӣ аст, ки он ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ вобаста ба сохти давлатдорӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул ва инкишоф меёбад.

Мавриди зикр аст, ки дар манбаъҳои тадқиқотӣ мафҳуми ваҳдати миллӣ бештар маънои умумияти иҷтимоӣ ва муттаҳидии аъзои ҷомеаро дорад. Дар навбати худ ин омил хеле муҳим буда, он ба субот ва таъмини пешравии кишвар мусоидат менамояд. Дар ҳолатҳои ҳассоси таҳаввулоти тақдирсози таърихии миллӣ ваҳдати миллӣ ба сифати роҳи ягонаи ҳалли солими муаммоҳои кашмакашиҳо шуда метавонад.

Бо назардошти дарки зарурати таърихӣ Иҷ­ло­сияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти мамлакат, аз ҷумла, интихоби роҳ­ба­ри нави сиёсӣ, хо­тима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи комил баррасӣ шуданд.

Дар Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуданд, ки зимни суханрониашон изҳор карданд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард». Пешвои миллат ҳамон вақт бо ин суханони худ барномаи сулҳ ва ваҳдати миллиро эълом дода буданд.

Ин ҷост, ки 27-уми июни соли 1997-ум дар шаҳри Москва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Мавриди имзои Созишномаи мазкур мухолифини мутта­ҳи­даи тоҷик низ ҳусни тафоҳум нишон доданд. Дар натиҷа бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ намояндагони мухолифини муттаҳида дар ҳаҷ­ми сӣ фоиз ба вазифаҳои давлатӣ ҷалб шуданд ва нерӯҳои мусаллаҳи он­ҳо ба нерӯҳои мусаллаҳи давлатӣ пайвастанд. Ин чораҳои муассир бе­шубҳа, пояҳои ваҳдати миллиро беш аз пеш тақвият бах­ши­данд. Аз ин рӯ, кулли дастовардҳои кишвар маҳз ба туфайли дар мамлакат пойдор будани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аст.

Ҳалим Муборакқадамов,

ёрдамчии прокурори ҳарбии

гарнизони Суғд, лейтенанти адлия

 

Читать далее

Зиракии сиёсиро аз даст нахоҳем дод

Соҳибистиқлолии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ буд, ки имрӯз дар кишвари мо ба рушди босуботу пешрафти иқтисодиёт, фарҳангу маориф, илму техника диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Ҳамаи ин муваффақиятҳо ва дастовардҳои пайваста ба сулҳу субот ва оромии кишвар сахт бастагӣ дорад, ки ба шарофати ҷонбозиҳои фарзонафарзандони Ватан ба даст омадаанд.

Маҳз Ваҳдат ва суботи ҳамешагӣ аст, ки сол то сол бештар аз пештар дар тамоми соҳоти кишвар дастовардҳои  назаррасу бесобиқа ба чашм мерасанд. 

Ин талоши пайгирона ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда, фароҳамсозии шароит барои ободкориву бунёдкорӣ моро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз хушбин месозад.

Бояд гуфт, ки бавежа  чанд соли охир барои мардуми  сарбаланди кишвари азизи мо соли дастовардҳои бузург буд,  аммо мутаассифона, бадхоҳони миллату давлати мо пешравию гул-гулшукуфоии Тоҷикистонро намехоҳанд ва бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки ба рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол халал эҷод кунанд. 

Ба он воқеаҳое, ки дар кишвари азизамон ба амал меоянд, баҳои муғризона дода, мардумро ба иғво даъват мекунанд.

Сулҳу суботи кишвар олитарин дастоварди миллат дар ҳар давру замон аст. Ҳимояи сулҳ ва осмони софу беғубори Ватан ба иттиҳод ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвар ва сарҷамъии сокинон сахт вобаста аст. Бинобар ин мо бояд бештар аз пештар  масъулият эҳсос кунем, ба тарбияи миллӣ-ватандӯстии насли наврас эътибори ҷиддитар диҳем. Ватан муқаддас аст ва ҳифзи марзу бум, сулҳу субот ва оромии он вазифаи ҷонии ҳар фарди банангу ори мост.

 Мусаллам аст, ки дониш барои насли наврас омили нахустини дунёшиносиву огоҳӣ, қадам бардоштан дар ҷодаи ибтикорҳо, масъулиятшиносӣ, дарки амиқ, талоши бомаврид ба хотири худу ҷомеа, иродат ба қонун, бо шеваи некбинона назар кардан ба зиндагӣ, арҷ гузоштани инсон ва ҷойгоҳи он дар ин замони моҷароҳову бархурдҳои диниву мазҳабӣ ва, дар маҷмуъ сохтани тафаккури растагорӣ дар худ аст ва мардуми сарбаланди мо ин нуктаҳоро ба хубӣ дарк карда зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст нахоҳанд дод.

Иноятулло Ғуломзода,

раиси Суди Кӯҳистони Масчоҳ

Читать далее

КӮДАКОНИ “МУОСИР” ВА ИСТИФОДАИ ТЕХНИКАҲО

Асри ХХI садаи пешрафти техникаву технология аст. Раванди ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо  ба тамоми қишрҳои ҷомеа таъсири худро гузоштааст, ки ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии худро дорад.

Ин раванд имрӯз ҷавонони моро пешсафу кунҷкоб ва муосир гардонд. Ин раванд аксари онҳоро ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ водор месозад, ки ин ҷиҳат мусбат мебошад, аммо падару модарон аз дунёи хаёлии кӯдакон бехабар мемонанд.

Ҳар як кӯдак телефони мобилӣ, планшет ва дигар техникаҳои муосирро истифода мебарад, аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳама кор меъёр дорад. Албатта, имрӯзҳо истеҳсолкунандагони технологияҳои муосир барои баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва омӯзиши донишҳои нав барномаҳои махсус ташкил менамоянд. Барои истифодаи ин техникаҳо албатта синну соли кӯдак низ бояд ба назар гирифта шавад. Баъзан модаронеро мебинем, ки барои ором намудани кӯдакони худ ба онҳо телефонҳои мобилӣ медиҳанд. Ҳарчанд ин амал онҳоро соате чанд ором мекунад, аммо дафъаи дигар кӯдак боз даъвои бозӣ бо телефони мобилиро мекунад.

Мутаассифона,  мо ҳолатҳоеро мебинем, ки наврасони хурдсол фориғ аз  дарс ба нуқтаҳои махсуси компютерӣ рафта, на кам аз 1 соат аз он техникаҳо истифода мебарад. Тамоми он бозиҳое ки дар компютер насб шудаасту кӯдакон имрӯз онро истифода мебаранд, ки ба онҳо таъсири бад мерасонад. Зарари истифодаи техникаҳои муосир ба саломатии натанҳо кӯдакону наврасон, балки ба калонсолон низ муаяйн шудааст. Ба ғайр аз зарари ҷисмонӣ рӯҳан низ онҳоро маъюсу хашмгин менамояд.

Имрӯзҳо таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон нисбат ба кӯдакону  наврасон ва ҷавонон хеле зиёд мебошад. Барои дар муҳити солим бомаърифту донишманд ба воя расидани ин қишри ҷомеа бисёр ғамхориҳо карда, тамоми шароитро муҳайё намуданд. Ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст”, “Илм –фурӯғи маърифат” “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” аз иқдомҳои Пешвои миллат аст. Ҷаҳонишавӣ равандест, ки мо онро рад карда наметавонем ва ҳамчунин, набояд онро пурра қабул кунем. Баробари муосиру замонавӣ шудан урфу одат, анъанаҳои худ, яъне, оиладориву тарбияи хуби фарзанд, эҳтироми калонсолонро, ки тӯли асрҳо дар вуҷуди мо қарор гирифтааст, аз даст набояд дод.

Мавзунахон МИРЗОЕВА,

магистранти соли аввали кафедраи

журналистика ва назарияи тарҷумаи

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

Ҳидоятномаи эътимод ва бовар ба ҷавонон

Дар ҳар давру замон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаву бунёдкор, неруманду тавоно ва соҳибандешаву ташаббускор таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ибтикору иқдомҳои шоиставу наҷиби онҳо пайваста мавриди пуштибонӣ ва амал қарор мегиранд.

Бо мақсади боз ҳам мушаххас намудани раванди дастгирии давлатии ҷавонон, пешниҳоди андешаву тавсияҳои судманд, маслиҳату машварат ва ҳидоятҳои неки оқилонаву дурнигарона ба ин қишри таҳрикбахшандаи ҷомеа дар доираи тантанаҳои идона ба истиқболи сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат доир гардид.

Бароям шарафи бузург ва бахти баланд аст, ки дар мулоқоти мазкур ҳамчун як ҷавони замони соҳибистиқлолӣ ширкат намоям.

Дар мулоқоти мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои давлатӣ вобаста ба масъалаҳои ҷавонон ибрози назар намуда, самти кор бо ҷавононро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва фаъолияти ҳукумати қонунӣ унвон дода, таваҷҷуҳ ба ҷавононро ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқоти судманд тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷавонон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба ин қишри созандаву бунёдкори ҷомеа, роҳандозӣ гардидани озмунҳои илмиву эҷодӣ ва дигар ҷанбаҳои асосии сиёсати давлатӣ марбут ба ҷавонон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуд.

Бесаводӣ, ҷоҳилият ва гумроҳиро Пешвои муаззами миллат омили асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ унвон дода, онро ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва хатарноки заҳролудкунандаи тафаккури мардум, хусусан, наврасону ҷавонони камтаҷриба, ки онҳоро ба ҷаҳолат мебаранд, зиндагии ҷомеаро тираву торик месозанд ва боиси қафомонии давлат аз роҳи пешрафт мегарданд, маънидод намуданд.

Аз ин нуқтаи назар мо ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша илму донишҳои муосир, техникаву технологияи муосир, забонҳои хориҷиро аз бар намуда, ҳамқадами замон бошем. Мо ҷавонон ҳамеша рафтору кирдори хоинону бадхоҳони миллатро шадидан маҳкум намуда, намегузорем, ки ин тангназарону нотавонбинон бори дигар теша бар решаи миллат зананд.

Ба таъбири ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: "Мо умед дорем, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа минбаъд низ ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд".

Дар фарҷоми андешаҳои хеш бо таассуроти амиқ аз ҳидоятномаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҷавонони мамлакат изҳор медорам, ки мо ҷавонон ҳамеша пайравони асили Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ҳастем ва хоҳем монд.

Насли Истиқлолу сулҳу ваҳдатем,

Пайравони Пешвои миллатем.

Мамнур НУРЗОДА,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон

Читать далее

Пешвои миллат: "Рӯй овардан ба ҷавонон, рӯй овардан ба оянда аст"

Дар замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳукумати кишвар ба насли ҷавони мамлакат хеле назаррас аст.

Дар мулоқот бо xавонон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ман аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданам ба ҷавонон, ҳамчун нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишвар ва ояндаи миллат боварӣ доштам ва дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа то имрӯз ба онҳо такя мекунам.

Таъкиди Пешвои миллат махсусан ба се соли охир буд, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, эҷоди завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмун[ои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва ҳамакнун "Илм - фурӯғи маърифат"-ро, ки бевосита бо ибтикороти худи Пешвои миллат рӯи кор омадааст, саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карда, барои ҷалби ҳарчb бештари ҷавонони кишвар супоришҳои мушаххас доданд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастури Пешвои миллат аз моҳи сентябри соли ҷорӣ стипендияҳои донишҷӯён то 30 дарсад афзоиш дода мешавад. Боиси қаноатмандист, ки ман низ ҳамчун намояндаи ҷавонони фаъоли мамлакат, ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандаи стипендияи раиси вилояти Суғд, иштирокчии фаъоли чорабиниҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ, пайрави асили Пешвои миллат дар мулоқоти роҳбари давлат бо ҷавонон, ки дар таърихи ҳаёти мо падидаи хушоянд буд, иштирок кардам. Пешвои миллат баён сохтанд, ки ҳадафи мо аз тамоми тадбирҳои амалигардида ин аст, ки насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд. Зеро яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист. Бо дарназардошти ҳамин далел, қайд карданд, мо ба корҳои роҳбарӣ пешбарӣ намудани ҷавонони соҳибмаърифату баландихтитисос, соҳибкасбу забондон ва лаёқатманду ташаббускорро, ки талаботи замони муосир мебошад, аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сар карда то мақоми олии қонунбарор ва сохтору мақомоти марказӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳои мавҷуда амалӣ карда истодаем. Ин нуктаҳои муҳим ва ғамхориҳои {укумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавононро қадр намуда, дар назди худ мақсад мегузорем, ки боз бо нерӯи дучанд барои ободиву шукуфоb ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллиамон 30-солагии Истиқлолият камари ҳиммат бандем.

Ҷавоҳир АШӮРОВ,
донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи тоҷики
Донишгоҳи давлатии Хуxанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

НАСЛИ НАВРАСРО БА РОҲИ ДУРУСТ РАҲНАМУН БОШЕМ

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мебошад.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро ба инкори ҳақиқат бурда, ба бегонапарастию кадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳанд, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ боиси шомил шудани ҷавонон ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандӣ ин аст, ки Истиклолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Бинобар ин мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Марҳабо ҚОСИМОВА,

устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее