12 June 2021

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд

Нимаи дуюми рӯзи 12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи соли 2021, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани растании ҶДММ «Хубҷамъ-Инвест»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд

12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани растании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест”-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат ба фаъолияти ин коргоҳи истеҳсолӣ, ки аз тарафи соҳибкор Илҳом Рабиев бунёд гардидааст, оғоз бахшида, кори иншоотро дар шароити имрӯзаи бозори истеъмолӣ судовар маънидод карданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли ғалла — ҶДММ «Хубҷамъ-Инвест»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд

12 июн дар рӯзи дуюми сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи коркарди ғалла — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи ҷамъияти мазкур бо намунаи маҳсулоти истеҳсолии корхонаи навбунёд ва гурӯҳи коргоҳҳои истеҳсоли ғалладонагӣ, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос гардиданд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нав дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бо таври замонавӣ бунëд гардида, аз 5 ошëна бо таҳхона иборат мебошад. Дар шафати бинои асосии Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд иншооти дигари ëрирасон бунëд карда шудааст.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

12 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар гузашта бинои Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД дар вилояти Суғд вайрону валангор буд.

Бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нав мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Суғд бунёд гардида, барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд

12 июн сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд.

Муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Хуҷанд дар масоҳати 24 садяк замин қомат афрохта, барои 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Читать далее