10 June 2021

ИМТИЁЗҲО, АРЗИШИ АСЛӢ ВА СИФАТ

Бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ дар кишвар ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳои судманд андешида шуда, дар ин самт чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ таъкид карда буданд, ки бо мақсади рушди соҳа воридоти технологияву таҷҳизот ва маводи хӯроки паранда аз боҷи гумрукӣ озод карда шаванд. Баъди пешниҳоди имтиёзҳо дар вилоят шумори корхонаҳои парандапарварӣ бамаротиб афзоиш ёфтанд. Инчунин, корхонаҳои парандапарварӣ ва он коргоҳҳое, ки ба истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво машғуланд, аз соли 2018 инҷониб ба муҳлати шаш сол аз пардохти тамоми намуди андоз озод карда шуданд.

Тибқи маълумоти аз Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» дастрасшуда соли гузашта аз ҷониби корхонаҳои парандапарварии вилоят дар маҷмуъ 807 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба солҳои пешин зиёд аст. Даромади аз ҳисоби фурӯши тухм бадастомада бошад, ба 726,3 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Илова бар ин, дар давраи мазкур аз ҷониби субъектҳои парандапарварӣ дар маҷмуъ 11,3 миллион сар мурғи зинда ва 24,4 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол ва фурӯхта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 87 миллион сар мурғ ва 12,7 ҳазор тонна гӯшт зиёд мебошад. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд корхонаҳои парандапарварӣ фаъолияти пурсамар дошта, аз ҷумла, дар ноҳияи Мастчоҳ наздик 10 адад чунин корхона ба истеҳсоли гӯшти мурғу тухм машғул аст.

Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди “Парандапарвари Мастчоҳ”, “Суғдиён‐Свердловск” ва “Агрофинанс” дар Ҷамоати деҳоти Суғдиён, “Саҷҷод” ва “Афранг” дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон, “Ганҷи равон” ва “Фараҳ‐04” дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, “Шерозҷон” дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия аз иқдомҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумат илҳом гирифта, кӯшиш доранд, ки бештар маҳсулоти паранда истеҳсол намоянд. – Маҳсулоти корхонаҳои парандапарварии ноҳия дар бозорҳои шаҳру навоҳии кишвар ба фурӯш бароварда шуда, шаҳрвандон бо маҳсулоти парҳезӣ ва босифат таъмин ҳастанд. Дар чормоҳаи аввали соли равон парандапарварони ноҳия истеҳсоли тухмро ба зиёда 15 миллиону 103 ҳазор дона расониданд. Алъон саршумори умумии паранда дар ноҳия 344 ҳазору 374 сар буда, тамоюли афзоиш доранд,–изҳор дошт зимни суҳбат Маликзариф Ҳоҷиев, муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳия.

Дар ноҳия зимни сафари корӣ аз корхонаи парандапарварии «Саҷҷод» дидан намудем.

–Коргоҳи мазкур соли 2014 ба фаъолияти корӣ оғоз намуда, дорои 19 ҳазору 434 сар мурғ аст. Дар як рӯз истеҳсоли тухм зиёда аз 7800‐7900 дона буда, аҳли кормандони коргоҳ ният доранд дар оянда масоҳати корхонаро васеъ намуда, истеҳсоли гӯшту тухмро бештар ба роҳ монанд,–гуфт дар суҳбат Сулаймон Баҳодуров, яке аз мутахассисони коргоҳ.

Бо вуҷуди истеҳсоли зиёди маҳсулоти гӯштии мурғӣ ва тухм нархи ин навъи маҳсулот торафт рӯ ба афзоиш оварда буд. Сабабҳои ин ҳолатро мутахассисон дар гаронии нархи хӯроки паранда медонанд, дар ҳоле, ки воридоти онҳо аз боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд. Акнун, ки фасли тобистон асту ҳаво гарм шудааст, нарх арзонтар мегардад. –Баъди гарон шудани маҳсулоти гӯшти чорво мардум бештар ба гӯшти паранда ва тухм рӯ оварданд. Шояд аз сабаби талаботи зиёди мардум ба ин навъи маҳсулот нарх тамоюли болоравӣ дошта бошад,–афзуд яке аз сокинони ноҳия Зарина Умарова.

Дар марказ ва шаҳру навоҳии вилоят баҳри таъмин бо маҳсулоти босифату арзон қариб ҳар ҳафта ярмарка‐фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад, ки дар ин ҷо корхонаҳои парандапарварӣ бо пешниҳоди маҳсулоти босифат ва нархи дастрас саҳми худро мегузоранд. Тавре ба мо аз ноҳия иттилоъ доданд, алҳол 30 дона тухм дар корхонаҳои парандапарварӣ 25 сомонӣ арзиш дорад. Баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат як қатор имтиёзҳои додашудаи давлатӣ дар ин самт ба поинравии арзиши аслии маҳсулот бояд кӯмак расонанд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР ДАР БОЗОРИ СОДИРОТ

Саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина иншооти хурду бузург сохта, ба истифода дода мешаванд. Вобаста ба ҷашни бузурги миллӣ дар вилоят садҳо иншоот мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Истаравшан яке аз шаҳрҳои саноатӣ ба ҳисоб рафта, то ба имрӯз наздик 40 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, сокинон бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардидаанд. Раванди саноатикунонии кишвар дар шаҳр хуб ба роҳ монда, шуда, то ҷашни Истиқлолият боз иншооти барои кишвар муҳим мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Бино ба маълумоти мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Алишер Мамуров дар шаҳр 50 корхонаи саноатии истеҳсолии хурду бузург фаъолият мебарад. Дар панҷ моҳи аввали соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 222 миллиону 623,7 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ум 120,9 фоиз иҷро гардидааст. Алҳол дар шаҳр корхонаҳои зиёди саноатӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, аз ҷумла, дар ҶСП «Оби Зулол» истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, ҶДММ «Автошина» истеҳсоли маҳсулоти пластмасӣ, аз ҷумла, наздик 30 намуд ашёи рӯзгор, ҶДММ «Коваи Истаравшан» истеҳсоли плитаҳои бетонӣ, ҶДММ «Асри обод» истеҳсоли мебел, корхонаи истеҳсоли равғани растании ҶДММ «Покиза – 2013», ҶДММ «Кафшгар» истеҳсоли пойафзол, ҶДММ «Нурпак» истеҳсоли халтаҳои полипротиленӣ, ҶДММ «Наврӯзи ҷаҳон», ҶДММ «Ноҳид» либосҳои варзишӣ, тагпӯши мардона ва ниқоб ба роҳ монда шудааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар шаҳр коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» фаъолият мебарад, ки он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Бино ба гуфти муовини раиси шаҳр Толиб Олимҷонзода коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мансур Умаров бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 25 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мегардад. Коргоҳ имконият медиҳад, ки воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ коҳиш дода шавад, зеро дар як сол метавонад ба маблағи 12 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ба бозори дохилӣ ва хориҷ ба фурӯш барорад.

Ҳоло дар корхона 6 навъи мошинча барои бозии кӯдакон, 2 намуд фойтунча, 7 навъи гаҳвора ва 10 намуд сечархаи кӯдакона истеҳсол шуда, дар оянда ҳаҷм ва номгӯйи маҳсулот афзоиш меёбад. Аз ҷумла, роҳбарият нақша доранд, ки истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои нисбатан калонҳаҷмро ба роҳ монанд, гуфт Толиб Олимҷонзода. Мавсуф қайд кард, ки соли 2020 аз ҷумҳурӣ ба маблағи 174,6 ҳазор доллари амрикоӣ дучарха ба миқдори 142 тонна ё 10 ҳазору 139 дона содирот ва ба маблағи 639,5 ҳазор доллари амрикоӣ ба миқдори 551,7 тонна ё 39 ҳазору 406 дона дучарха ворид шудааст. Дар ин замина ифтитоҳи чунин корхона воридоти маҳсулотро ба кишвар коҳиш дода, содироти онро зиёд хоҳад кард.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулот бо истифодаи ашёи хоми навъи аъло истеҳсол гардида, ба саломатии кӯдакон безарар мебошад. Дар панҷ моҳи соли равон коргоҳ ба маблағи 2 миллиону 144,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Бино ба гуфти масъулин бунёд ва сохтмони иншооти саноатӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани сокинон ва коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард. Тавре сардори истеҳсолот Файзулло Маҷидов иттилоъ дод, ҳадафи асосии сохтмон ва бунёди коргоҳи мазкур таъмини кӯдакон бо маҳсулоти бачагонаи аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Ашёи хом аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ворид мешаванд. Таҷҳизот аз давлатҳои Олмон ва Чин дастрас шуда, 6 нафар барои омӯзиш ба давлати Чин сафарбар шуда буданд. Баробари ин дар назди коргоҳ шуъбаи техникӣ амал мекунад, ки дар он мутахассисони худиро омода мекунем, гуфт ӯ.

Айни замон дар корхонаи «Адл» 100 сокини маҳаллӣ, ки бештар бонувонанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд. Дар марҳалаи дуюм ин нишондод ба 130 нафар расонида мешавад. Азбаски коргоҳ дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалол бунёд ёфтааст, масъулин кӯшиданд, кормандонро аз ҷамоатҳои деҳоти гирду атроф, аз ҷумла Лакат, Уяс, Навкат ва Ҷарқӯрғон бо ҷойи корӣ таъмин созанд. Дар корхонаҳои саноатии хурду бузурги шаҳри Истаравшан 1213 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, масъулин нақша доранд, ки миқдори ҷойи кориро моҳҳои минбаъда зиёд намоянд.

Масъулин кӯшиш доранд, ки амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии кишварро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, минбаъд низ баҳри иҷрои нақша ва вазифаҳои дарпешистода тамоми неруи ва қувваи худро сафарбар сохта, ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи олӣ пешвоз гиранд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Бозиҳои душманона

Имрӯзҳо дар замони муосир якчанд омилҳо ба давлат ва халқ таъсирҳои мусбӣ ва манфӣ мерасонанд ва феълан таъсирҳои мусбӣ бисёр аст, аммо таъсирҳои манфӣ низ кам нестанд, ки сулҳу суботи дохилии моро халалдор созанд. Давлат барои таъмини оромию тинҷӣ чораҳо ва таблиғотҳо меандешад, ки мо ҷавонон аз он хабардор бошем, алалхусус яке аз ин чорабиниҳо ин намоиши силсила филмҳо мебошад, ки дар филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” аз амалу фаъолиятҳои манфуронаи яке аз таблиғгарони наҳзатӣ Муҳаммадиқболи Садриддин сухан меравад. Ин шахс аз фаъолияти ҷиноии худ  ва наҳзатиёнаш нашармида худро қаҳрамони сулҳу ваҳдат меҳисобанд, аммо онҳо саркардаи ҷангу низои дохилӣ ҳастанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин ба воситаи сомонаи “Ислоҳ.нет” мардумро фиреб дода, ҳаргуна маводҳои фейкиро доир ба ҳаёту фаъолияти Президенти мамлакат ва ҳодисаву равандҳои сиёсии дохилиро бар нигоҳи кӯр-кӯронаи худ таҳлил мекунад, ки аз ин бояд тамоми мардум бохабар бошанд. Айни ҳол мардум дигар ба фаъолияти Муҳаммадиқболи Садриддин боварӣ надоранд ва онҳо танҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ютубканалҳои худ подписчик мекобанд, то аз қафои онҳо назди спонспорони худ забондароз бошанд.

Дигар бозингарӣ ин бозиҳо Кабирӣ мебошад ва хандаовар аст, ки Кабирӣ аз хориҷи мамлакат истода худро “Президент” ва Муҳаммадиқболи Садриддинро “сарвазир” таъин намуд. Дар ҳақиқат хандаи кас ба ин меояд. Ба гуфти чандин тан қумондонҳои афғонӣ Муҳаммадиқболи Садриддин марди ҳақиқӣ набуда, балки бо амалҳои ғайриахлоқона машғул шудааст! Замоне, ки ҳамроҳи падараш дар Аврупо (Муҳаммадиқболи Садриддин дар Фаронса-Париж сокин ва падараш бошад дар Полша) муқим буд дар ҷанозаи падари худ ширкат наварзида, тариқи телефон бо ӯ Худо ҳофизӣ кардааст. Ин гуна амалро аз устоди наҳзатиаш Кабирӣ омӯхтааст, зеро ки Кабирӣ ҳам дар замоне тариқи телефон намози ҷанозаи модари худро хондааст. Нафароне, ки барои падару модари худ хизмат накардаанду дар рӯзи мотами волидайни худ ширкат наварзидаанд, то куҷо метавонанд барои мардум ва давлати худ хизмат кунанд.

Абдуллоев М.М. – муаллими калони
кафедраи андоз ва андозбандӣ ДДҲБСТ

Читать далее

АЗ ШАХСОНИ ИҒВОГАРУ ДУРӮЯ ДУР БОШЕМ!

Пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосири кишвар яке аз падидаҳои манфии ҷомеа: терроризму экстремизм ба қуллаи авҷ расида, наметавон ҳамаи мамлакатҳои хурду бузургро аз он ба пуррагӣ пешгирӣ ва эмин сохт. Зеро даҳшату амалҳои бераҳмона ва фаъолияти террористиву экстремистӣ сарҳади муайян надошта, кори дастаҷамъонаи ҳамаи давлатҳои мамолики дунёро тақозо намудааст.

Аз ин лиҳоз, яке аз зуҳуроти номатлуби густаришёфтаи ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ба шумор рафта, боиси ба вуҷуд омадани таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, сӯиқасд ба ҳаёти арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби худсаронаи ҳокимият ва моликият, барангехтани низоъи миллӣ, қавмӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ гардидааст. Яъне, “терроризм ва экстремизм намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад”.

Дар ҷаҳон беш аз 500 созмони террористӣ амал менамоянд, ки миллионҳо нафар одамон дар зиёда аз 100 давлати дунё аз лиҳози густариши ин падидаи номатлуб дар хавфу хатар ва таҳдиди ҳамешагӣ қарор гирифтаанд. Новобаста аз ному барномаҳои гуногун ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва фаъолияташон манъгардида, мақсаду маром ва ҳадафҳои муғризонаи ягона доранд. “Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла, таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Мақсад ва мароми асосии терроризм, ё ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои тундгаро пеш аз ҳама халал ворид сохтан ба амнияти ҷамъиятӣ, бедор сохтани тарсу ваҳм, ба воҳима овардани аҳолӣ ва ниҳоят ба тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад”.

Солҳои охир, аниқтараш пас аз соли 2015 эълон гаштани ҳукми Суди Олии мамлакат оид ба Ташкилоти экстремистиву террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ, Паймони миллии Тоҷикистон, шабакаҳои иҷтимоии “Ахборком” ва амсоли инҳо ҳайати роҳбарият ва аъзои касифи он: Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Илҳом Ёқубов бо амалҳои хиёнаткоронаву ҷинояткоронаи худ мардумро гумроҳ сохта истодаанд.

Ин моро водор месозад, ки аз ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва шахсиятҳои иғвогару дурӯя дур бошем ва нагузорем, ки ба ҷомеаи мо хоре пайдо шавад.   

Гулафзо ҶӮРАЕВА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Кабирӣ дар дохили кишвар ҳеч тарафдоре надорад

Муҳиддин Кабирӣ борҳо бо суханрониҳои худ таъкид менамуд, ки пайрави мазҳаби суннӣ аст ва дар амалияи фаъолияти худ, низ мавқеи мазҳабии худро устувор нигоҳ медорад. Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ – мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадумӣ асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинадӯзӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии  пирону ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ  дар  гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавмӣ, гурӯҳӣ,  динӣ-мазҳабӣ қаламравии ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсони симоҳои “авлиёгунӣ”  ҳизбӣ рӯйи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омода буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд.

Муҳиддин Кабирӣ аз ҳукумати феъли Эрон интиқод кард, ки бо вуҷуди яке аз кафилони сулҳи тоҷикон буданаш ба сарвари давлат ба ин сулҳ, шикастани аҳднома ва таъқиби сарсахтонаи ҷониби дигари сулҳ камтарин вокунише накардааст ва ба масъулияаш амал нанамуд.

Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунад. Бояд қайд кард,  ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан ёрӣ нишон диҳад. Мо мутмаинем, ки дер ё зуд Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст , дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.

Дар давраи истиқлолияти миллӣ-давлатӣ, оқибатҳои сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли фаъолияти ҳизби сиёсӣ-динии наҳзати исломии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми садаи ХХ баръало мушоҳида мекунем, ки ҳанӯз аз хотираи мардум шуста нашудааст. Оқибатҳои харобовари фаъолияти сиёсӣ-динии ТТЭ ҲНИ ҳанӯз бартараф нагардидааст.

Дар суханронии худ ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки агар фоизи тарафдоронаш аниқ гӯяд, шояд онро ба зиёдрави муттаҳам номоянд ва агар кам гӯяд шояд, рӯҳияи тарафдоронашро мешиканад.  Кабирӣ кайд мекунад, ки гӯё дар дохили кишвар бо тамос мегиранд ва ҷонибдории худро аз назҳат изҳор медоранд. Дар ин масъала низ инсофан бояд гуфт, ки ТТЭ ҲНИ дар дохили кишвар ҳеч тарафдоре надорад. Аз ҷумла ҷавонони кишвар ӯро ҳамчун қаллоб ва чосуси зархарид ва хиёнаткору нафриншуда мешиносанд. Садҳо факту далелҳо мавҷуданд, ки дурӯғ будани ин гуфтаи Кабириро собит месозад.

Хӯҷаназарова М. – дотсент, муовини декан оид
ба илми факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

Читать далее

МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИРО БА ДОМИ ХУД НАКАШЕД!

Аслан муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири паёмадҳои мусбату манфии он ба оила аз муњимтарин масъалањои замони муосир ба шумор меравад. Муҳоҷират ва захираҳои меҳнатӣ, бешубҳа, ҳамчун мушкилот дар радифи муаммоњои умумибашарї, аз қабили равандҳои ҷаҳонии молиявӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, экологӣ ва ғайра қарор дошта, мақом ва нуфузи хоса пайдо намуда истодааст.

Таҳлилҳо нишонгари онанд, ки солҳои охир сафи муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба афзоиш нињода истодааст. Чунончӣ, имрӯз дар ҷаҳон 258 млн. муҳоҷирони меҳнатӣ кору фаъолият мекунанд ва тибқи ҳисоби СММ аз соли 2000 то имрӯз шумораи онҳо 49% афзудааст. Дар ҳоле, ки нишондиҳандаи афзоиши шумораи аҳолии ҷаҳон дар ин муддат 23%-ро ташкил додааст. Тибқи пешбиниҳои Созмони ҷаҳонии мењнат то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 450 млн. нафар мерасад. Дар соли 2017 нисфи муҳоҷирони меҳнатии ҷаҳон (51%) танҳо дар даҳ давлати дунё кору фаъолият доштанд. Шумораи аз ҳама зиёди онҳо дар ИМА 49.8 млн нафарро (19%-и муҳоҷирони меҳнатии дунё) ташкил дод. Дар Арабистони Саудӣ ва Олмон 12.2 млн, дар Федератсияи Русия 11.7 млн., дар Британияи Кабир наздик ба 8.8 млн. ва дар Аморати Мутаҳидаи Араб 8.3 млн. муҳочирони меҳнатӣ кору фаъолият намудаанд.

Аз ин нукта бармеояд, ки афзоиши сафи муњољирони мењнатї танҳо хоси Тоҷикистон набуда, балки муаммои аксарияти мамлакатњои дунё ба шумор меравад.

Аммо нуктаи муҳим ин ҷост, ки солҳои охир гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, хоса, ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ, ки имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет бештар шаҳрвандон ва махсусан, муҳоҷирони меҳнатиро ба доми худ мекашанд, бештар ба назар мерасад. Аммо нуқси ин гурӯҳҳоро метавон ба якчанд қисмат ҷудо намуд:

Якум: Муаммои муҳоҷирати меҳнатӣ ин танҳо хоси Тоҷикистон аст балки дар аксари кишварҳои хориҷӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Аммо ТТЭ ҲНИ бо истифода аз гӯё муаммои замони муосир будани муҳоҷирати меҳнатӣ ҳангомаҳо сохта, онҳоро ба худ моил сохта истодаанд. Дар назар дошт, ки пайвастани шаҳрванд ба ин гурӯҳҳо ҷиноят маҳсуб меёбад ва аз ҷониби дигар ягон муаммои муҳоҷиронро онҳо ҳаллу фасл карда наметавонанд. Барои баррасии ин масоил давлату ҳукумат ба ҳамешагӣ тадбирҳои амалӣ меандешад...

Дуюм: Аз муҳоҷирон даъват ба амал оварда мешавад, ки ба саҳифаҳои Паймони миллии Тоҷикистон, “Ахборком”, “Бомдодком”, “Кимиёи саодат” ва ба ҳамин монанд саҳифаҳо ворид нашаванд ва ба ин гуруӯҳҳои экстремистиву террористӣ пайваст нашаванд. Зеро онҳо хиёнаткорон ва ҷинояткорони Ватани мо ҳастанд, ки бо бадномкунии давлат Шуморо дар як муддати кӯтоҳ фирефта месозанд. Ғами муҳоҷиронро танҳо давлату ҳукумат мехӯрад ва ҳатто кӯшиш намуда истодааст, ки марҳала ба марҳала ҷойи кориро таъсис ва шароити мусоидро ба шаҳрвандон фароҳам созад. Аммо бо воридшавӣ ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонон ва шаҳрвандони мо ҳаёти худро хира насозанд.

Гулафзо ҶӮРАЕВА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Хоини давлат ҳуқуқи сухан гуфтан надорад

Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ мехоҳанд бо суханони иғвоангез дар байни ҷавонону наврасон кинаву адоват барангезанд. Мақсади Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ ин ғасб кардани ҳокимият аст, барои наҳзатиён фарқе нест ин мақсад ҷони чандин ҳазор ё миллион нафар қурбонӣ кунад. Дар мусоҳиба бо як ҳамдехаи Муҳиддин Кабирӣ, дар солҳои аввали ба саҳнаи сиёсат баромадани Мухидин Кабирӣ нисбат ба ӯ ҳамчун як фарди ҷомеа ва созанда назари мусбӣ дошт.

Дар баробари гузашти солҳо тавоно ва кудратманд шудани ӯ ва аъзои оилаи онхоро дида ба ҳайрат меафтидам ва фикр мекардам, ки ин фарзанди деҳкони оддӣ дар як муддати кӯтоҳ чӣ гуна сарватманд шудааст. Зеро ки ҳамаи мо сокинони дехаи Қасамдараи нохияи Файзобод ба мисли ӯ фарзанди афроди оддӣ будем ва оддӣ мондаем. Солҳои охир пеш аз фирор кардани Мухидин Кабирӣ ва наздикону пайравони эшон сармоя ва дову дастгохи уро дида ба хайрат меафтодем. Харидори намудани замини богу рог ва кишоварзи, фермаи чорводори, техникаву дастгоххои як хочаги, корхонаи асфалтбарори, мошинхои бохашамат, бинохои истикомати, ширкати сохтмони барои як нафар, ки худро сиёсатмадор нишон медод ва бо фаъолияти соибкори ном набаровардааст, кори осон нест.

Мухидин Кабириӣ бо дидани сармояи зиёд худро аз дигарон боаклтар ва ҳатто аз давлат донотар шуморид. Дар баробари ошкор шудани симои аслии Мухидин Кабирӣ сарчашмаи маблағгузории ҳизби ӯ ошкор шуд. Имрӯзхо симои аслии Мухиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро хамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Кабирӣ аз вакте, ки аъзои собиқ ҳизби назхат айни замон ТТЭ ХНИ шуданаш ба халку ватани худ хиёнат карданро низ сар кард.

Ман як нафар сокини дехаи Касамдараи нохияи Файзобод ин ашхосро ва ахли оилаи онхоро ба хуби мешиносам. Мухиддин Кабири муддати якчанд сол аст, ки мардуми Точикистонро осуда зиндаги кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обрую нуфузи Точикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст карда истодааст. Ӯ бо аъзоёни ба ном Хизби наҳзати исломӣ аммо дар асл ташкилоти террористии ифротӣ солхои 90-уми асри гузашта як маротиба халки точикро бо хам чанг андохта Точикистони азизи моро ба хоку хун огушта карда буданд. Маротибаи дуюм Кабирӣ ва хамаслаконаш мохи сентябри 2015 кушиш карданд, ки Точикистони гуг-гул шукуфта истодаро ба хоку хун огушта кунанд, аммо халки бошарафи точик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онхо намеафтанд.

Сиёсати давлатии ҷавонон дар зери назари давлату Ҳукумат ва шахсан Президент қарор дорад. Маҳз ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ аксар ҷавонони ноогоҳи моро фиреб карда, ба сафи ДОИШ-у Алқоида ҳамроҳ намуданд. Дар тӯли мавҷудияти худ ТТЭ ҲНИ ба чанд нафар ҷавонону наврасон, донишҷӯёну варзишгарони давлати мо кӯмак намуд?  Хулоса мардуми Тоҷикистон махсусан ҷавонону донишҷӯён ва муқобили ТТЭ ҲНИ ва Кабирӣ ҳастанд

Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария

ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

Читать далее

ТТЭ ҲНИ барангезандаи ифротгароӣ дар Тоҷикистон

Пас аз фаъолияти бисёрсолаи худ ҳизби наҳзати ислом мақсадҳои аслии худро ошкор намуд, ки ин дар шаҳрвандон бедор кардани ҳисси бадбинӣ, кинаву адоват нисбати ҳукумати қонунии Тоҷикистон буд. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нангу номуси миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурд. Ҳизби наҳзати ислом, ин аз аҳзоби мухолиф ва танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна ва ҳамзамон дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯххои муайян дар муборизахои сиесии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу харакатхои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар чомеа мехисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлхо бахои дурусти худро медиханд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки факат давлати дунявию демократӣ роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари хамаи ин низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин акида махз хато ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ханӯз доир ба фахмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемахо чой доранд. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди чомеа акидахои нодурусти динӣ ҷой доранд ки онхоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва акидахои носолими динии худро мехоханд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоханд, ки чахон мувофики хости онхо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди чомеа дар гузашта дузду чинояткор будаанд. Қисми зиёди чунин шахрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ махрум шудаанд.

Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба накшахои худ аз дин мохирона истифода мебаранд ба монанди собик рохбари ҲНИ ки натичаи он дар давлатхои чанг рафтаистодаи Сурияи Араб Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд халок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиесии чахон ва тағйиру тахаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низохои байнимазхабӣ ва арзӣ чиноятхои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят мухимро касб менамояд. Аз ин ҷост ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази курбонихои чонӣ ва хисороти бузурги иктисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯхои ифротгароии динӣ ва дигар давлатхои осиегии аъзои ИДМ мавкеи рохбарии худро дошта бошанд, аз ин чост, ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест ки муқобили ин қабил озмоишхои ракобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро макоми худ кардааст фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ ғарбарошуда корвони худро аз мамлакатхои Шарқ ба чойхои наздиктари мамлакатхои Ғарб интикол додаанд, ки холо бо номи созмони ифротгароию террористии дар либоси сиёхи дӯстдорони дини ислом корхои душманони онро бароварда хайр карда истодааст.

Ҳамаи намудхои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо карори Суди Конститутсионии Чумхурии Точикистон фаъолияти ин хизб дар худуди чумхурӣ катъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятхои гурӯхи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд ки мо сади рохи амалӣ шудани ниятхои онхо шавем ва хамеша дар корхои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иктисодиети чумхурӣ сахми худро гузорем.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар масҷидҳо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон даъват менамуданд. Ин созмон бисёр ҷиноятҳои вазнин содир намуд. Рохбарони созмони ин ҳизб, яъне ҲНИ оқибат шикасти сахт хурда, ба Афғонистон фирор карданд. Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони ҲНИ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ҲНИ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон амал намуданд. Дар муддати ин солҳо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд. Лекин бо ташаббуси марзбонони Ватани азизамон онҳоро нагузошт то ба мақсади нопоки худ бирасанд.

Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зуроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгароӣ ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Мо имрӯз фаъолияти Паймони миллии Тоҷикистон, Гуруҳи 24 ва дигар гуруҳҳои ифротгароро маҳкум менамоем ва як соли фаъолияти онҳоро таҳлил намоем, аслан ба ғайр аз валвалаю доду фарёди беҳуда ба ягон дастоварди назаррас ноил нагаштанд ва нахоҳанд гашт. Ба қадри сулҳу ободии Тоҷикистон расида, софдилона барои пешрафти кишвар бояд меҳнат намоем ва ҳеҷ гоҳ ба дасисаи душманон ва бадхоҳони миллат дода намешавем.

Шамил НАЗАРЗОДА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Чӣ моро аз терроризм ва экстремизм дур месозад?

Падидае, ки имрӯз дар байни муҳоҷирони тоҷикистонӣ густариш меёбад, ба равияҳои гуногуни динӣ гаравидани онҳо мебошад. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки баъзе ҷавонон бо тафаккур ва ҷаҳонбинии дунявӣ ба кишвари Русия ба муҳоҷират мераванд, вале аз он тараф бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ ва хурофотӣ ба Ватан бармегарданд.

Аз ҷониби дигар, тибқи маълумотҳои рақамӣ солҳои охир наздик 1,6 миллион ё 19 % аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд, ки тавассути он маводи зиёди дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешаванд. Аъзоёни гурўҳҳои ифротӣ пинҳонӣ ё тариқи ошкоро тавассути шабакаҳои иҷтимоии “Facebook”, “Viber”, “Одноклассники”, “Twitter” ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ ҷавононро дар баъзан ҳолат оилавӣ бо роҳи фиреб ва бо истифода аз қишри ҷавонони камсавод, бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, заифирода ва дорои маърифати пасти диниву дунявӣ доштаро, ба гумроҳӣ ва хиёнаткорӣ мебаранд, ки дар бештар маврид зану фарзандони худро дар кишварҳои ҷангзада даъват намуда истодаанд, ки ин ҳаёти хатарнок барои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ маҳсуб меёбад.

Роҳ ёфтани бештари ҷавонон ва оилаҳои онҳо ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки баъзан ҷавонон ҳанўз ҳам маълумоти дурустро аз нодуруст ё дурўғу шубҳанокро фарқ карда наметавонанд, ки боис ба шомилшавӣ ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ мешаванд. Ҷавонон ва оилаи онҳо бояд дар навбати аввал фаромўш насозанд, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ бо кӣ хамсўҳбат мешаванд ва чӣ мақсаду ҳадафҳо доранд. Дар ин ҳолат, танҳо истифодаи моҳиронаи маърифати баланди сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ, равонӣ ва ғайра моро аз зуҳуроти номатлуб дур месозад.  

Бобоҷони Хайриддин,
ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Нест бод Кабириву найрангҳои ТТЭ ҲНИ

Мусаллам аст, ки халқи тоҷик саргузашти талху ширинро аз сар гузаронида бо хислатои наку тамаддунофарию илму дониши ҳазорсолаҳо дар арасаи ҷаҳон мавқеву манзалати хешро по барҷо нигоҳ медорад.

Аммо ҳастанд нохалафоне, ки имрўз намехоҳанд дастовардҳои Тоҷикистонро бубинанд. Ин пеш аз ҳама Кабириву ҳамаслакони вай мебошанд. Дар ҳар давру замон душманони дохилию хориҷии миллати мо ба монанди Кабирӣ, Муҳаммадиқбол ва дигар думравонашон аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳан бунёдро бадном созанд. Мусоҳибаи номардона ва ѓаразноки Кабирӣ дар маҷаллаи Донишгоҳи Вашингтон, ки аз надониста гирифтани ӯ, аз рушди самтҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳуриамон далолат медиҳад. Чунончӣ ў оиди мушкилоти иқтисодии кишвар ҳарф мезанад, ҳол он ки новобаста аз мушкилоти молиявию иқтисодии ҷаҳон Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси микроиқтисодиву макроиқтисодӣ ноил гардида мунтазам баландшавии дараҷаи зисту зиндагии аҳолии кишвар бараъло намоён аст. Масалан,  иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки ин худ бозгӯи рушди бемайлони иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.

Соли сипаришуда истода, 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Ин дастовардҳои назаррасро Кабириву думравони ў магар намебинанд, ки ин қадар ҳарзагўи мекунанд.

Гурўҳе, ки худро дар хориҷи кишвар ТТЭ ҲНИ муаррифи мекунанду даъвои пуштибони ва худро ғамхори халқ мешуморанд боре ба қафои худ нигаристаанд? Агар аз дилхоҳ нафар пурсон шавӣ -ҲНИ кист ва чӣ амалҳоро кардааст, танҳо як ҷавоб мегирӣ ҷанг, кушторҳо ва хонахаробиҳоро дар Тоҷикистон ташкил намуда аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд корҳои зишту мардумфиребии Кабириву ҳаммаслаконашро хуб дарк намояд ва ба найрангиҳои онҳоро рӯи об барорад.

Ба ҳамин аҳду паймон таҳамулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда роҳбарони ҲНИ ба миллату давлати худ хиёнат карданд ва то ҳол аз нақшаву ниятҳои нопоки худ даст накашида аз кишварҳои дуру наздик ба сари давлату миллат санги маломат мезананд. Имрӯз мардуми хирадсолори тоҷик дӯсту душманро ба хуби шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳои бадандешон, душманони халқ фирефта нахоҳанд шуд. Кабирӣ ва ҳамаслакони ӯро обу хоки ватан кӯр хоҳад кард, бо маслиҳати хоҷагони зархариди худ дар мамлакатҳои хориҷ митингҳои бемантиқ ҷамъ намуда, мехоҳанд диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб сохта, гуё ҳақиқати ҳаётро ба онҳо фаҳмониданӣ мешаванд. Вале кулли ҷаҳониён ва тоҷику тоҷикистониён кӣ будани он хоинонро медонанд ва сад шукр, ки мардум имрўз ба атрофиён бо ақли хирад ва чашми равшан менигаранд ва ба ояндаи худ боварии комил доранд. Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистион дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст  ва намегузорад ягон нохалафе пои худро боз ба Тоҷикистон бигузорад ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест

Акмалова М.А.  – д.и.с., профессор, декани
факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

Читать далее