08 June 2021

Панҷакент. Дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Парчам ва Нишони давлатӣ бунёд мегардад

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ошно шуда, барои вусъати бунёдкориҳо ба роҳбарияти шаҳр дастурҳо дод.

Ба муносибати 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Панҷакент бунёду таҷдиди иншооти гуногун идома дошта, лоиҳаҳои гуногун амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, тибқи нақша бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент таҷдид гардида, дар назди бино муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва дар ду канори бино Парам ва Нишони давлатӣ гузошта хоҳад шуд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Панҷакент

Раиси вилояти Суғд бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ ва ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дод.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар аз хоҷагиҳои деҳқонии “Андар”, “Сомониён”, “Дашти малла” ва “Меҳнатобод” боздид карда, бо нашъунамои зироатҳои хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла картошка шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар Панҷакент 5282 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, соли ҷорӣ дар 4800 гектар картошка кишт карда шудааст. Деҳқонон бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ба кишту парвариши картошка машғул буда, талош доранд, ки ҳосили хубу дилхоҳ ба даст оваранд.

Читать далее

СУБҲИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТ - ПЕШОРӮИ МАҚОМИ ЗАН

Шукуфоӣ, ободӣ ва озодии Тоҷикистони маҳбуб, ин Ватани аҷдодии миллати фарҳангсолори тоҷикро бо чашми ақл ва дили пурмуҳаббат мебинаму эҳсос мекунам, ки ҳамчун як фард, як зани зиёӣ назди Ватан чӣ кору пайкорҳоеро метавонем, ба иҷро бирасонем. Рисолати ватандориро ба ҷой овардан муҳимтарин рукни зиндагӣ ва саодати баланди инсонист.

Аввалан, ин ҳама рӯшноиву нуру сафои зиндагӣ ва ҳаёти пурсамар барои мардуми тоҷик аз азму субот, иқдому талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифтаву ба шарофат ва башорати сиёсати оқилона, хирадмандонаву халқпарваронаи Сарвари маҳбуби давлатамон маҷрои гӯё гирифтаааст. Дарозои 30 соли Истиқлолият ва анқариб чаҳоряк асри вуруди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне Ваҳдати миллӣ дар меҳвари ташаббусҳову пешниҳодҳои башардӯстонаи Президенти маҳбубамон Тоҷикистони азизи моро ҷаҳон шинохт, эътироф кард, эҳтирому мукаррам овард, зеро ҳақиқат ва воқеиятро ҳаргиз бими завол нест.

Истиқлолияти давлатии мо сисола камолот мегирад, Ваҳдати миллии хоси тоҷикон аз бисту чаҳор гузашта, ба чаҳор як асри комил мерасад, ин ду неъмати бисёрарзишу қиёснопазир, ин ду башоратовари тақдири миллату халқу ватани тамаддунсоз имрӯз фазо, сулҳ ва партави хуршедсон ҳамчун шафақи нурсон доман густурдааст. Истиқлолияти мо мисли кӯҳсорони сарбафалаккашида устувору баланд аст, Ваҳдати миллии мо ба сони обҳои сарчашмаву дарёҳову наҳрҳои азими диёрамон софу мусаффо, нуқрафому лазизтар аз ҳамаи дигар неъматҳои табиати биҳиштосои тоҷикон бегазанд аст. Дар воҳаи ободонӣ Истиқлол ва Ваҳдат ҳаёту рӯзгори заҳматкашони Тоҷикистон устуворӣ баргузида, рушд мекунад, пеш меравад, амсоли оинаи қаднамо ҷилвагар мешавад. Ҳама чӣ бузургсолу ҷавонон, наврасон, бонувону занони бахтёри Тоҷикистони дилбанди мо дар ин фазои орому осуда, осмони софу беғубори кишвари амнтарин диёри арҷманди тоҷикон, ин Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашанд, обод мекунанд, корҳои созандагиро вусъат медиҳанд, донишу малакаи касбиву рисолати шаҳрвандии худро ба манфиати ҷоимеаи муосир мебахшанд.

Мегӯянд, ки ғамхориву дастгирӣ ва таваҷҷуҳу эътибор дилбарӣ доранд, нерӯмандӣ меоваранд, ҳар фардро дилпуру ташаббускор менамоянд, маҳаки меҳнату эҷод, кашфиёту навгонӣ, меҳанпарастӣ маънӣ мепазиранд. Ва дар ин росто, дар ин замони соҳибистиқлоливу соҳибваҳдатӣ занони кишварамон, новобаста аз синну сол азму субот менамоянд, ки дар пешрафту ободии Ватани азиз саҳме гузоранд, нақше дошта бошанд, то дар оинаи таърих муҷалло бимонанд. Бо ин азму талош исбот месозанд, ки Истиқлол ва Ваҳдат мавқеи занону бонувонро дар кадом ҷойгоҳ бароварда, дар ҷомеа муаррифӣ кардаанд. Дар ин масир Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои таърихиву андешаҳои бунёдиашон иброз намудаанд: «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд».

Воқеияти имрӯзи ҷомеаи мо шаҳодат медиҳад, ки саҳми занон дар соҳаҳои иҷтимоӣмаориф ва тандуристӣ, сиёсӣ‐мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, идораҳои низомиву ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, сохторҳои дигари давлатӣ хеле ва хеле назаррас мебошаду ҳаст. Таърих ҳаками одилест, ки навиштаву нигоштаҳояш ҳеҷ ба исбот ҳоҷат надоранд, онҳо реаливу равшану худ маънипазиранд: агар ба маълумоти оморӣ муроҷиат намоем, аввали соли соҳибистиқлолӣ‐ҳазору нӯҳсаду наваду як дар як соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар корманд ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил намоянд, соли дуҳазору ҳаҷдаҳ, яъне баъд аз бисту ҳафт соли Истиқлол ин нишондод ба 70 фоиз расидааст.

Дар соҳаи дигари иҷтимоӣ‐тандурустӣ соли ҳазору нӯҳсаду наваду ҳашт аз 45 ҳазор корманд 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд. Ин нишондиҳанда соли 2018 аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекард, ба 51 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд арзёбӣ шудааст. Сол аз сол сафу шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону духтарон меафзояд. Дар сафи низомиён низ шумораи зиёди занону бонувон либосҳои шинаму хушнамуди соҳавӣ ба бар хизмати софдилона менамоянд. Занону бонувони пурҳусну пурфатонати мо оинадорони Ваҳдат ҳастанд. Ин рисолатро давоми солҳои Истиқлол ва Ваҳдати пуриқбол онҳо аз маънои ин ду маҳфуми вусъатбор ба худ гирифтаанд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Ваҳдат хусусияти миллиашро танҳо дар доираи ташаккули давлати миллӣ пайдо мекунад ва мавриди татбиқ қарор мегирад». Андар партави хуршеди Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ занони Тоҷикистони биҳиштосоямон дар ҳамаи соҳаи ҳаёти ҷомеа мавқеъ, манзалат ва рисолати худро доранду бо дили гарму меҳру садоқати самимӣ, бо дасту дили пок заҳмат намуда, исми беолоиши хешро маҳбубу гиромӣ медоранд, зеро ҳар яки онҳо иффату иззату некмаромӣ доранд, баҳри тарбияи насли ояндасозу меросбарони аҷдодони сарбаланду некхоҳу боҳиммат саҳми мондагору бориз мегузоранд.

Имрӯз занонбонувони мо сиёсатмадор, хизматчии давлатӣ, докторҳои илм, профессор, муҳандиси варзида, барномасози комил, эҷодкору сухандону суханшинос ҳастанд. Донандаи чанд забонҳои хориҷӣ, табибу ҳабиби мардум, омӯзгорону тарбиятгарони некӯхисол мебошанд, ки ба манфиати ҷомеа хизмат менамоянд. Ва боз чанд андеша ба хаёлам меояд: Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ба занону бонувони мо чӣ дод? Аниқтараш, чӣ тӯҳфа кард? Ҳама чиз ва ҳама вусъат! Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Президентамон аввалан мавқеъ ва манзалати онҳоро дар ҳаёти ҷамиятӣ боло ва воло гузоштанд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияташон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақш ва манзалати занонбонувон ҳамчун қишри заҳматпеша баҳои баланд дода, онҳоро яке аз садоқатмандони рукни давлатдорӣ унвон намуданд. Ва дар ин радиф Истиқлол ва Ваҳдат барои занон‐пешорӯи бонувон роҳи васеъ боз кард. Занон кору пайкорро дар тамоми соҳа аз тарбияи фарзанд сар карда, то самтҳои соҳибкориву маърифатомӯзӣ, касбу ҳунар, илму татқиқоти бунёдӣ, эҷодкориву фарҳангсолорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ нишон доданд, ки маҳсули самара ва натиҷаҳои неку ҳамабин ҳосил шудаанд. Занон қувва ва неруи бузурги ҷомеаи муосири мо шинохта шудаанд. Ҳар ҷо занҳо муаррифӣ мешаванд, он ҷо гулбасару гулистон маъно мегирад. Мешукуфад, ҳусн мегирад, чашмаи накӯӣ ҷӯш мезанад. Солҳои 2004‐2007‐ро ба хотир меоварам. Муаллимаи азизамон, устоди кафедраи журналистика ва назирияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шодравон Саодатхон Каримова мегуфтанд, ки имрӯз матбуоти тоҷикро бонувони эҷодкор пеш мебаранд, ба боғи сухан гулкориву гулчинӣ зам мекунанд, тозакориҳои сухангустарӣ меоваранд.

 Ба ҳамаи ин нерӯ ва азму субот, талошҳои некмаромӣ аз хондану меҳру садоқат ба қаламу сухан сарчашма мегирад. Манзараеро нақл мекарданд: «Адиби бузурги қарни ХХ Максим Горкий дар наврасӣ ва навҷавонӣ ғайри ҳаммолӣ ва баққолӣ ба касби нонвойӣ низ шуғл варзида буд. Горкий дар нонвойхона ҳангоми танаффусҳои кӯтоҳ байни кор дар миёни буйи хуши нонҳо ва бӯйи оташ ҳар дақиқаи хешро бо мутолиаи китоб ва омӯзиш, дарк кардани асли дунё пушти сар мекард ва билохира нависанда шуда ба воя расид ва дунё ӯро эътироф кард. Ба худи Горкий баъдан «мурғи оташ» ё «мурғи тӯфон» лақаб дода буданд, яъне мурғи Самандар, яъне аз навиштаҳояш бӯи хуши нон, бӯи оташ ва бӯи зиндагӣ эҳсос мегардад». Калонсолон мегӯянд, ки Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, устоди говдӯшҳои вилоят Суфро Боқиеваи дар кӯраи заҳмат пухтагардида дар Исфарамарзи бостонӣ зиндагии хоксорона, вале ибратбахш дошта, дар тарбияи беш аз даҳ фарзанди дилбанду меҳнатқарин мактаби оиладориву хонаводагии аҳлу тифоқро сохта буданд. Ғаму андӯҳро дар ҳама лаҳза ба хурсандӣ бадал месохтаанд. Гуфтаанд: хурсандӣ чизест, ки ба дил фараҳ мебахшад, қалби инсонро аз ғусса озод мекунад. Лаҳзаҳои хушбахтӣ умри инсонро дароз месозад. Одам аз лаҳзаи хурсандӣ неруи тозаву илҳоми нав мегирад. Соиб гуфта:

Зи таъсири дили бедор чашми тар шавад бино,

Ки маҳ аз нури хуршеди баландахтар шавад пайдо.

Занону бонувони даврони Истиқлол ва Ваҳдати миллии тоҷикон баландахтаранд, саъйи комил, азми дуруст, суботи муаззам доранд. Ин радифро байти Бедили бузургвор маънии болиғ медиҳад: Обила бе саъйи по ҳаргиз намеояд ба даст, Решаи ток аз давидан соҳиби ангур шуд. Кунун, имрӯз мо ба истиқболи Истиқлоли сисола сазовору ифтихорманд иқдом дорем. То нишоти ҳаёту зиндагиамон шоиставу дар сатҳи баланд қарор гирад. Азбакси иқболу саодати занонбонувони кишварамон баланду бегазанду дилписанд, фазои Истиқлолу Ваҳдатамон низ софу суруровару роҳи кору пайкор ва гирудори занҳои Тоҷикистони азизу маҳбубамон сабзу намуна ва дар қиёс беназир ҳаст ва чунин мемонад. Чаро ки аз нури рӯи бонувон нури зиндагӣ таровиш дорад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Читать далее

ЭҲТИЁТКОРИИ ҶИДДӢ ВА МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД

Дарёи Сир дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд қариб масоҳати наздик 10 километрро дар бар мегирад. Соҳили дарё бо гарм шудани ҳарорати ҳаво меҳмонон ва сокинонро барои шиноварӣ ва истироҳату сайругашт ба худ ҷалб мекунад. Аксарият назди соҳил меоянду ба воситаи шиноварӣ аз гармо раҳоӣ меҷӯянд, аммо бархе бехабар аз онанд, мавзеъҳое ҳастанд, ки барои ҳаёти инсон хатар эҷод мекунанд.

Аз ин лиҳоз, дар мавсими оббозӣ ҳодисаҳои ғарқшавӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ба шумор рафта, ин мушкилот зери назорати роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ қарор дорад. Дар ҳудуди шаҳр 10 минтақаи хавфноки барои шиноварӣ, аз ҷумла, чуқуриҳо, нуқтаҳои гирдобҳо мавҷуданд, ки шиноварӣ дар ин ҷойҳо аз ҷониби мутахассисон манъ карда шудааст. Онҳо дар минтақаи назди соҳилҳои боғҳои фарҳангиву фароғатии Наврӯзгоҳ, Камоли Хуҷандӣ, Ғалаба, пули ҷашнӣ то чойхонаи Нури Аҷам, беморхонаи дилшиносӣ, пули Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи 13 мавҷуд мебошанд.

 Тавре сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат, лейтенанти калон Шаҳзодахон Бутаева иттилоъ дод, Раёсат аз ҳисоби афсарон ҷиҳати тайёрӣ ба истироҳатгоҳҳо, аз ҷумла, наздимактабӣ, беруназшаҳрӣ, истироҳатию фароғатӣ, таълимӣ, меҳнатӣ, санаторию профилактикӣ ва варзишию солимгардонии наврасону калонсолон барои мавсими оббозии тобистона дар соли 2021 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Аз ин лиҳоз, гурӯҳи корӣ баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон, меҳмонон аз ҳолатҳои ногувори ғарқшавӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ мондаанд. Моҳи майи соли ҷорӣ 40 адад истироҳатгоҳ, обутобгоҳ, шиногоҳ, урдугоҳ, қитъаҳои наздисоҳилии обанбор, дарё, ҳавзи шиноварии вилоят дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом аз назар гузаронида шуда, ба масъулини мавзеъҳои мазкур огоҳиномаи Раёсат оид ба омодасозӣ ба мавсими оббозӣ пешниҳод шудааст. Корҳои тарғиботӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо, ки ҳудуди обӣ доранд идома доранд, гуфт Шаҳзодахон Бутаева.

Боиси қайд аст, ки дар минтақаҳои хавфноки соҳилҳои дарёи Сир ва обанбори Баҳри тоҷик барои пешгирӣ аз ғарқшавӣ ҳангоми шиноварӣ бинобар мавҷуд будани чуқуриҳо, тез будани маҷрои об ва гирдобҳо лавҳаҳои иттилоотӣ насб гардидаанд. Дар мавсими оббозӣ барои таъмини бехатарии сокинону истироҳаткунандагон аз ҳисоби наҷотдиҳандагони шаҳри Хуҷанд нуқтаи навбатдорӣ ташкил гардида, онҳо аллакай аз оғози моҳи май бо таҷҳизоти наҷотдиҳӣ, аз қабили заврақҳои резиниву моторӣ, киштиҳо барои гузаронидани амалиёти рӯиобиву зериобӣ дар ҳолати омодабошӣ қарор доранд.

Боиси нигаронист, ки соли ҷорӣ баробари гарм шудани ҳарорати ҳаво дар 4 ҳодисаи ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Се нафар сари вақт аз тарафи наҷотдиҳандагон аз об бароварда шуданд. Онҳо истиқоматкунандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, ҳангоми шино кардан дар минтақаи хавфноки мавзеи Боғи фарҳангиву фароғатии Наврӯзгоҳ ба ғарқшавӣ дучор шудаанд. Хушбахтона, вазъи саломатии онҳо хуб арзёбӣ мегардад. Мутаассифона, ҷасади се нафари дигарро аз об бароварданд ва онҳо ба мақомоти дахлдор супорида шудаанд. Аз ҷумла, санаи 28 уми майи соли равон, тақрибан соати 15:30 дақиқа дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар мавзеи чойхонаи Истак ҷасади шаҳрванд, ҷинсаш мард, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Хуҷанд, ки ҳангоми оббозӣ дар минтақаи манъшуда ғарқ гардидааст, аз об бароварда шуд. Худи ҳамон рӯз, тақрибан соати 18:10 дақиқа дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, мавзеи чойхонаи Аҳрулло сокини шаҳри Панҷакент ҷинсаш мард, соли таваллудаш 2002, ҳангоми оббозӣ дар минтақаи манъшуда ғарқ шудааст. Дар ҳавои гарм маъмулан одамон ба истироҳату фароғат дар соҳили дарёҳо, каналҳо, обанборҳо ниёз пайдо мекунанд.

Албатта, обутоби бадан барои саломатии инсон, баланд гардидани фаъолияти рӯҳию ҷисмонӣ фоидаовар аст, вале набояд фаромӯш кунем, ки шиноварӣ баробари фоиданокӣ сабаби фалокат низ шуда метавонад. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии об оқибати нохуш дорад. Баробари ин дар мавзеъҳои хатарнок ва минтақаҳое, ки аҳолӣ бештар ҷамъ мешаванд лавҳаҳо бо навиштаҷоти «Оббозӣ манъ аст!» ва «Қоидаҳои бехатарӣ дар об!" насб карда шудаанд. Аз ҷониби Раёсат корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷоннок карда шуда, онҳо сокинонро таъкид мекунанд, ки дар рӯзҳои гарми тобистон аз соати 11.00 то 16.00 бидуни зарурат дар берун гаштугузор нанамоянд, зеро шуои гарми офтоб ба саломатӣ зарар расониданаш аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин, падару модарон бояд кӯдакони ноболиғи худро зери назорат қарор диҳанд. Аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои оббозиро риоя намоянд, дар ҷойҳои барояшон ношинос ва манъшуда вориди об нагарданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

АЙНӢ. Тақсими шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров “ТОҶИКОН”

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 уми декабри соли 2019 таъкид дошта буданд, ки: “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон мегардонад, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намоянд.

Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”. Инак, ҷиҳати таъмини иҷрои ин супориши Пешвои миллат чоп кардани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи Роҳбари давлат туҳфа намудани он ба ҳар як оилаи кишвар идома дорад.

Тақдими шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба ҳар хонаводаи кишвар, пеш аз ҳама, мусоидат дар маърифати таърихӣ ва ташаккули худшиносии миллии ҷомеа ба шумор меравад, зеро миёни тамоми осоре, ки роҷеъ ба таърихи тоҷикон ба қалам омадаанд, ҷомеътарин китоб, бешак, “Тоҷикон” ба шумор меравад. Тақсимоти китоби «Тоҷикон»‐и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи ноҳияи Айнӣ шурӯъ гашта, намояндагони дастгоҳи Президенти кишвар ба аҳолии 84 ҳазорнафараи ноҳия, ки дар умум 19 ҳазору 200 адад хоҷагиро ташкил медиҳанд, расониданд. Ёдовар мешавем, ки ин туҳфаи барои халқу миллати тоҷик бисёр гаронбаҳо дар арафаи таҷлили иди муқаддаси миллӣ 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»‐и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров бо сифати баланд аз нав нашр гардида, ҳамчун туҳфаи идона аз номи Пешвои миллат ба ҳар як оилаи сокини кишвар тақдим мегардад. Бегумон, ба хонаводаи аҳолии кишвар расидани китоби “Тоҷикон” ин, пеш аз ҳама, имкон медиҳад, ки тамоми наслҳои аҳолии мамлакат таърихи пурифтихори халқи тоҷик, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯхта, онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан талқину тарғиб намояд. Муҳимтар аз ҳама китоби “Тоҷикон” тавассути ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат имрӯз дар хонаи чашми ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҷой хоҳад гирифт.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқот намуданд

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Ҳадафи мулоқот шиносоӣ бо вазъи корҳо дар ноҳияҳои минтақа, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷараёни омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Нуробод оғоз бахшиданд

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба корҳои сохтмонии Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия оғоз бахшиданд.

Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳияи Нуробод дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 12,6 гектар замин бунёд карда мешавад.

Дар асоси лоиҳа корҳои сохтмонӣ дар иншооти муосири фарҳангӣ — фароғатӣ дар ноҳияи Нуробод дар ду марҳила амалӣ гардида, марҳилаи аввали он то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Читать далее

Оғози бунёди марҳилаҳои 1, 2 ва 3-и лоиҳаи роҳи мошингарди Роғун — Обигарм – Нуробод

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод нахуст бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод шинос гардиданд.

Татбиқи ин лоиҳаи муҳим дар идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.

Лоиҳа ба 3 марҳила ҷудо карда шуда, марҳилаи якуми он роҳи асосии Обигарм-Тагикамар масофаи 30,2 километрро дар бар мегирад.

Читать далее

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти нав ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳраки Дарбанд —  маркази ноҳияи Нуробод роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва руҳияи болида истиқбол намуданд.

Читать далее