07 June 2021

«БОҒИ РЎДАКӢ» - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

Фарҳанг яке аз соҳаҳои муҳимтарин дар зиндагии ҳаррӯзаи ҳаёти мардум ба шумор рафта, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ барои рушди маънавиёт, такомули ахлоқи зеҳнӣ, соҳибадабу хушахлоқ тарбия ёфтани ҳамагон, бахусус ҷавонону наврасон мададрасон аст. Агар яке аз намоишномаҳои театрӣ ба худ сабақ гирад, дигаре бо мутолиаи китобҳои бадеию асарҳои пурмазмун, савумӣ аз тамошои барномаҳои рангини санъаткорону чаҳорумӣ аз дидани нигораю экспонатҳои дар осорхонаҳо гузошташуда баҳраманд мегардад.

Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷиҳати таъмини иҷрои нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишоти Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати фарҳанги вилояти Суғд пурсамар фаъолият намуда, дар ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва роҳандозӣ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.

Кормандони понздаҳ клубу хонаҳои фарҳанги шаҳр чорабиниҳои гуногуни фарҳангиро ба маърази тамошо гузошта, хотири тамошобинону сокинони шаҳрро шод гардонданд. Бояд гуфт, ки фарҳангиёни шаҳр дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» иштирок ва ғолибият ба даст оварда, ифтихори кишвар гардиданд. Агар дар номинатсияи оҳангсозӣ, жанри академӣ Азиз Акбаров, дар жанри анъанавӣ Нодир Тошматов, жанри эстрадӣ Азиз Ғаниев сазовори мақоми аввал гашта бошанд, дар номинатсияи сарояндагӣ, жанри академӣ Дилшод Ҳомидов, дар жанри анъанавӣ Собирҷон Шамсиев ва дар жанри эстрадӣ Дилноза Бобоҷонова соҳиби ҷои аввал, дар номинатсияи навозандагӣ, жанри академӣ Умед Қодиров, дар жанри анъанавӣ Аҳадҷон Болтаев ва дар жанри эстрадӣ О.Шарофов ба гирифтани мақоми ифтихорӣ сазовор гаштанд.

Ҳамасола бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ҳукми анъана даромадааст. Бо назардошти ин дастури Пешвои миллат дар баробари омода намудани хонандагон китобдорон низ ҷиҳати иштирок ба озмун тамоми имкониятҳои касбии худро равона намуда, ҳамчунин корҳои тарғиботиро дар байни муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондаанд. Бо мақсади дастрасӣ доштани сокинон ба китоб аз ҷониби китобдорон 12 маротиба китобхонаи сайёр таъсис ёфта, дар 61 нуқта китобҳои гуногун пешкаши муштариён гардонда шуд. Боиси хурсандист, ки давоми семоҳаи аввали соли 2021 китобхонаи марказии шаҳр дар озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии сол» иштирок карда, ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф гардид.

Ҳамчунин, бахшида ба 110 – солагии шоири номвари тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода намоишҳои китобӣ ва дар китобхона – филиалҳо шабҳои адабӣ – бадеӣ таҳти шиори «Вассофи сулҳу дӯстӣ» доир гардид. Дар он хонандагони фаъоли китобхона аз ашъори шоир шеърҳо хонда, руҳи Мирзо Турсунзодаро шод гардониданд. Аҳли ҳунари Театри драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳр бо намоишномаҳои рангини худ хотири тамошобинонро болида гардониданд. Ҷиҳати пешгирии бемории сироятии «КОВИД 19» ҳунармандони театр таҳияи намоишномаҳоро ба тарзи онлайнӣ ба роҳ монда, намоишномаи «Садои қу»‐ро дар таҳияи коргардон Авлиёқули Хӯҷақулӣ ба намоиш гузоштанд, ки писанди дӯстдорони фарҳанг гардид. Шоистаи зикр аст, ки ин намоишнома дар Фестивали онлайнии шаҳри Лондони Англия иштирок ва сазовори баҳои баланди мутахассисону мухлисони бурунмарзӣ гардид. «Садои қу» ро ҳамчунин мухлисони санъати театрии театрҳои мухталифи маркази ватан – шаҳри Душанбе низ ба хубӣ пазируфтанд. Боиси хурсандиву сарфарозист, ки намоишномаи «Садои қу» ба қарибӣ дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту 2021» сазовори Шоҳҷоиза гашта, ҳунармандони театр номбардору парчамбардори Ватан гаштанд.

Имрӯз фарҳангиёни шаҳр барои таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Ҳанӯз аз оғози сол дар ҳудуди боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида шуда, ин иқдом то рӯзи ҷашн идома хоҳад ёфт. Дар ҳудуди боғи истироҳатии кунунӣ боғи дигари навбунёде бо номи «Боғи Рӯдакӣ» дар арафаи анҷомёбист, ки ба иншооти ҷашнӣ мансуб аст. Боғи навбунёд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сохта шуда, бо нишостгоҳҳои замонавӣ, фаввораҳои зебо, гулу буттаҳои ороишӣ ва атраксионҳои замонавӣ таъмин хоҳад шуд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ЗАҲМАТИ СОФДИЛОНА - ШУКУФОИИ САРЗАМИН

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ. Ин як гӯшаи биҳиштосову хушобуҳавои сарзаминамон Тоҷикистони азиз зодаи даврони соҳибистиқлолист. Бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳия таъсис ёфта, барҳақ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ симои ҷамоатҳои деҳоти он ба куллӣ дигаргун гаштааст.

Мардуми шарафманду баору номуси ноҳия, ба қавле, аз санги сияҳ зар мебардоранд. Сокинони ноҳия давоми солҳои мустақилият садҳо гектар заминҳоро азхуд карда, дар онҳо кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, ғалладонагиҳо, гандум, ҷав, полезиву сабзавотро ба роҳ монданд. Дар садҳо гектар боғоти нави меваҳои шаҳдбор, аз ҷумла зардолую себ бунёд гардид. Аз ҳама асосиаш, мардуми кӯҳистон то ин дам анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумии ниёгонамонро нигоҳ дошта, давоми чандин соли охир онҳоро рушду такомул бахшидаанд.

 Тайи чанд соли охир деҳқонони ноҳия тавассути ба роҳ мондану равнақ бахшидани кишти картошка ва бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ба он ноил гардиданд, ки натанҳо аҳолии ноҳия, балки минтақаҳои ҷудогонаи мамлакатамонро бо ин намуди маҳсулот пурра таъмин намоянд. Феълан, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бобати афзун намудани заминҳои кишти картошка ва ба ин васила, ноил гардидан ба таъминоти пурраи аҳолии кишвар бо маҳсулоти худӣ, сол аз сол аз ҳисоби васеъ кардани заминҳои кишт ва истифодаи навъҳои баландсифати картошка ҳосили баланд ба даст оварда истодаанд.

Ҷамоати деҳоти Иван‐тоҷик аз мавзеъҳои сераҳолии ноҳия ба шумор меравад. Чунонки сардори Хоҷагии деҳқонии «Ревомутк» Юнус Юнусов иброз дошт, аҳли меҳнати хоҷагӣ ҳар сол аз заминҳои кишт даҳҳо тонна зироатҳои кишоварзӣкартошка, гандум, меваву сабзавот ва полезӣ ба даст меоваранд. Ҳоло дар хоҷагӣ дар маҷмӯъ 94 гектар замини кишт мавҷуд буда, то имрӯз дар 25 гектар картошка, 5 гектар гандуми тирамоҳӣ, 5 гектар ҷав, 12 гектар юнучқа кишт карда шуда, нашъунамои ин зироатҳо табъи дил аст. Имсол боғдорон дар 1 гектар боғи нави зардолу ва себ низ бунёд карданд. Дар ноҳия вобаста ба иқлими минтақа киштукор моҳи апрел оғоз гашт ва деҳқонон даҳаи дуюми моҳи май мавсими киштукорро анҷом доданд. Қисми бештари заминҳои кишти хоҷагиро боғоти мева ташкил медиҳад.

‐Соли гузашта,‐мегӯяд сарвари хоҷагӣ,бо сабаби номусоид омадани обу ҳаво аз зардолу ҳосил нагирифтем. Соли равон низ ҳаво мусоид набуд. Вале бо вуҷуди ҳамин деҳқонон баҳри нигоҳдории ҳосил аз тамоми имкониятҳо истифода намуданд ва алҳол даҳ‐понздаҳ фоизи ҳосили зардолу ҳифз мондааст. Боғоти себ аз хунукиҳо умуман осеб надид. Ба қавле, имсол барои кишти картошка ҳаво хеле мувофиқ омад. Имрӯзҳо, ки пагоҳӣ ҳаво офтобӣ ва бегоҳӣ намнок аст, нашъунамои картошка ба мақсад мувофиқ идома дорад ва аҳли заҳмати хоҷагӣ тадбирҳои агротехникии парвариши картошкаро дар вақт вақташ анҷом дода, ният доранд, дар арафаи ҷашни соҳибистиқлолӣ, яъне моҳи сентябр ҳосили дилхоҳ ба даст оранд ва ба иди фархундаи кишвар армуғони сазовор пешкаш кунанд. Соли гузашта аз 20 гектар ҳосили 350‐сентнерӣ ба даст омад, ки тамоми хароҷотро пӯшонид ва даромад низ овард. Ҳосили ғалладонагиҳо бошад, охири моҳи июн ва аввали моҳи июл ҷамъоварӣ шуда, дар назар аст, ки ҳосил хуб хоҳад шуд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки,‐мегӯяд сарвари хоҷагӣ,ҷомеаи як саду бистудунафараи кормандон, деҳқонони асилу чашмикордон монда нашуда, заҳмати шабонарӯзӣ мекашанд, то ки аз ҳамаи намуди зироат ҳосили назаррас ба даст оранд. Воқеан, деҳқонон то имрӯз инчунин полезӣ, сабзӣ, пиёз, бодирингу помидор кишт карда, нигоҳубини ин зироатҳоро хуб ба роҳ мондаанд, ки нашъунамояшон хуб аст.

Ба киштзорони хоҷагӣ аз баландиҳо истода, назар кунед, баҳри дилатон кушода мешавад. Киштзорони сарсабзу дар нумӯъбуда дар қалби кас эҳсоси шодмонӣ ва шукр аз ин даврони осоиштаву ободиро саршор мегардонад. Ин ҳама эъҷози дасти деҳқонони асилу соҳибтаҷриба‐Шодибек Содиқов, Валӣ Носиров, Расул Юнусов ва даҳҳо дигарон мебошад. ‐Давоми чанд соли охир ва ба истиқболи 30‐солагии Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба муносибати ҷашни истиқлолияти мамлакат дар деҳоти ҷамоат дигаргуниҳои бисёр ба вуқӯъ омаданд,‐мегӯяд Юнус Юнусов.

Дирӯз бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ сартарошхона ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр соҳибкори ватандӯсту меҳанпарвар Мирзоғафур Муҳаммадиев ду иншоот коргоҳи истеҳсоли дару тиреза ва нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ифтитоҳ намуд. Ин ташаббуси неки соҳибкор боис шуд, ки дар маҳаллаҳо мардум бо бунёди манзил машғул шаванд ва то имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 1015 манзилҳои хуштарҳу замонавӣ ва дуошёна бино гаштанд ва ба ҳусни деҳа ҳусни тоза зам карданд. Ҳамчунин ошхонаи зебову барҳаво дари худро барои бист нафар боз кард.

Мардуми ҷамоат, бахусус бонувон аҷаб ҳунарманду гулдастанд. Онҳо то имрӯз ҳунарҳои аҷдодии худро гум накарда, ҳифз медоранд ва рушду нумӯъ мебахшанд. Имрӯз ба кадом манзил дароед, нақши гулдӯзии бонувон, ки дар ҷойпӯш, болишт дӯхтаанд, мафтунатон мекунад. Маҳсулоти аз қуроқ тайёрнамудаи онҳо, ба монанди кӯрпачаву болину дастархон аз ҷониби меҳмонони хориҷӣ эътироф гардидааст.

Инчунин, занону духтарон пероҳан, ҷома, хилъат бо навъу намудҳои ҷаззоб медӯзанд, ки аз ҳунарманди асил будани онон дарак медиҳад. Ин ҷо номи ҳунармандони асилу чирадаст Ҷумъагул Хоҷиева, Хониммо Надирова, Иззатмо Маликова ва бисёр бонувони гулдастро месазад ба забон овард. Дар маҷмӯъ, дар ҷамоати деҳот меҳнати созандаву бунёдкорона ва садоқатмандона ҷӯшу хурӯш дошта, ба қавле, ҳар як сокини он кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба ҷашни азизу муқаддаси мамлакат армуғони шоиста омода намояд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Айнӣ. РОҲҲОИ ҲАМВОРУ МУМФАРШ

Санаи 2 юми июни соли равон дар деҳаи Зерободи Ҷамоати деҳоти Дар Дар мумфаршкунии роҳҳо оғоз гардид.

Ин тадбири муҳиму созанда, ки аз дастуру ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, бо иштироки раиси ноҳия, масъулини ҷамоат ва фаъолон шуруъ шуд.

Тибқи иттилои масъулин, дар ҷамоати деҳоти мазкур корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 30 солагии Истиқлоли давлатӣ босуръат ва сифати хуб идома доранд.

Деҳаи Зеробод имрӯзҳо бахшида ба ин ҷашни фархунда намои тоза гирифта, ободкорию бунёди даҳҳо иншооту хонаҳои истиқоматӣ, таъмири кӯчаю паскӯчаҳо раванди тоза мегиранд. Дар арафаи Рўзи Ваҳдати миллӣ бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» роҳи байни деҳа мумфарш шуда истодааст.

Ҳамчунин, аз ҷониби оилаи Боқиевҳо ва дигар сокинони деҳа роҳҳои паскӯчаҳои деҳа низ мумфарш шудаанд. Дар мумфаршкунии роҳи деҳа техникаҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия тариқи шартнома бо ширкати ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» кор карда истодаанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МУҲАББАТ БА ТАБИАТ - РИСОЛАТИ ҲАСТӢ

Раванди ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар табдил ёфта, айни замон рушди бесобиқа дорад.

Дар арафаи иди касбии кормандони ҳифзи муҳити зист, дар меҳвари истиқболи сазоворона ва бо дастоварди арзанда пешвоз гирифтани санаҳои таърихии кишвар роҳбарияту масъулини он бо мақсади пешбурди сиёсати ягонаи давлатии экологӣ, иҷро намудани нақшаи корӣ меҳнати суботкорона менамоянд.

Дар ин замина бо сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист Абдуаҳад Ҳакимзода суҳбате доштем ва фишурдаи онро манзури муштариёни рӯзнома менамоем:

Чун мо дар остонаи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист қарор дорем, пеш аз ҳама, ин санаро ба Шумо ва кулли алоқамандони соҳа муборакбод мегӯям. Мехостем, ин ҷо аз таъриху ҳадаф ва чӣ гуна таҷлил гирифтани ин санаи муҳим ба хонандагон маълумот дода бошед. Бале, имсол аз эълон гардидани Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист 49 сол пур мешавад. Дар яке аз ҷаласаҳои СММ соли 1971 аз ҷониби ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва оқибатҳои нохуши экологӣ “Муроҷиатнома” ба имзо расид. Соли 1972 дар шаҳри Стокголми Шветсия конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони 113 кишвари дунё иштирок намуда, қарор доданд, ки Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ҳамасола 5 июн ҷашн гирифта шавад.

Ҳамасола аз ҷониби Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) яке аз мавзӯъҳои муҳими муҳити зист ва барои баргузор намудани тантанаҳои ҷашнӣ яке аз кишварҳои фаъол интихоб карда мешавад. Соли 2021 кишвари Покистон дар мувофиқа бо Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) барои баргузор намудани тантанаҳои ҷашнии Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист ҳамчун кишвари мизбон пазируфта шуд.

Мавзӯи Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист имсол ба барқарорсозии экосистемаҳо ва муносибати мо бо табиат бахшида мешавад. Ҳамзамон ин мавзӯъ оғози расмии Даҳсолаи СММ оид ба барқароркунии экосистемаҳо дар солҳои 2021‐2030 хоҳад буд. Вазифаи Даҳсолаи СММ аз барқарор намудани ҳудуди экосистемаҳои таназзулёфта ва ба харобӣ дучоршуда бо мақсади мубориза бо буҳронҳои иқлимӣ, пешгирии азбайнравии намудҳои нодири олами наботот ва ҳайвонот, баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ, обтаъминкунӣ ва таъмини воситаҳо барои мавҷудияти намудҳо иборат аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори он дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, вазорату идораҳо, дигар мақомоти давлатӣ баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои ин Даҳсола, ташаккули қонунгузории соҳавӣ, назорати иҷрои он ҷиҳати нигоҳдорӣ ва солимгардонии табиати кишварамон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳанд бурд.

-Ҳамзамон имсол таҷлили ҷашни бошукӯҳи 30солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар назар аст. Мегуфтед, ки таи солҳои соҳибистиқлолии кишвар кадом қарору конунҳо ва барномаҳои давлатӣ марбут ба соҳаи мазкур ба имзо расидаанд?

Ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқии соҳа тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 25 қонуни соҳавӣ қабул гардидаанд, ки ҳамаи онҳо асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар як қатор қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, қарорҳои давлатию ҳукуматӣ қабул карда шуданд, ки барои рушди бонизоми маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карда истодаанд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №116 “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025” қабул шуд. Дар асоси он қарори Раиси вилоят таҳти № 274 аз 26 майи соли 2021 ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои вилоят тасдиқ ва барои амалӣ гардонидани он мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят корбарӣ менамояд.

Татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.” Ва мо боварии комил дорем, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи мазкур ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.

-Дар расонаҳои хабарӣ перомуни вазъи тағйирёбии иқлим маводи мухталиф ба табъ мерасанд, ки боиси хавотирии сокинон мегардад. Дар ин самт воқеияти вазъиятро шарҳ медодед?

Дуруст қайд намудед, солҳои охир оқибатҳои тағйирёбии глобалии иқлим, аз қабили обхезӣ, ярчфароӣ, заминҷунбӣ, тундбод ва офатҳои дигари табиӣ афзоиш ёфта, нигарониву ташвиши мардуми сайёраи Заминро дучанд намудааст. Бо вуҷуди ба анҷом расонидани корҳои назаррас аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти экологӣ, дар натиҷаи афзоиши босуръати аҳолӣ истифодаи аз меъёр зиёди маводи гуногунтаъсири кимиёвӣ, вайрон кардани қоидаҳои истифодабарии замин, ҷамъоварии растаниҳо ва шикори ҳайвонот мувозинати экологӣ вайрон гардидааст, ки ин ба ҳаёти аҳолӣ таъсири манфии худро мерасонад.

Барои ҳамин ҳам зарурият пайдо шудааст, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии бамиёномада ҷустуҷӯ ва пайдо карда шаванд, дар ин раванд ҳар фарди ҷомеа бояд дар ҳаллу фасл ва бартараф намудани мушкилоти муҳити зисти атроф худ саҳмгузор бошад. Агар инсоният ба таври ҷиддӣ, дастаҷамъона ва қатъӣ баҳри ғамхории муҳити зист ва табиат камар бандад, фикр мекунам, оқибати ногувори аксар ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ кардан имкон дорад. Аз ин лиҳоз, ба масъалаҳои тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби масъулини соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Чуноне, ки дар моддаи 44‐и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи муҳити зист, ёдгориҳои таърихию табиӣ вазифаи умумихалқист”.

Алҳол аксарияти ҳодисаҳои номатлуби дар табиат рухдода ба ҳолатҳои антропогенӣ ё дахолати инсон ба муҳити зист алоқамандӣ дорад. Бо назардошти ин омилҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатбахшии экологӣ хеле муҳим аст.

Чун мо дар арафаи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист суҳбат дорем, таманиёти Шумо ба дӯстдорони табиат.

Бо истифода аз ин лаҳзаи фараҳбахш кулли сокинон, хосатан кормандону мутахассисони сохторҳои Раёсат ва ҳамаи табиатдӯстоне, ки дар беҳдошти муҳити зист саҳм доранд, ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист сидқидилона табрику муборакбод намуда, барои онҳо сиҳатмандӣ, саодатмандӣ, рӯзгори пурбаракат ва барори кор таманно дорам. Саҳми ҳар яки мо дар ҳифзи муҳити зист баҳри пешравии ҷомеаи имрӯза мусоидат хоҳад кард.

Ташаккур барои суҳбат!

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее