04 June 2021

Ворух - исконно таджикская земля! - С.Бобомуллоев, А.Гафуров

Безосновательное заявление Председателя ГКНБ Республики Кыргызстан Камчыбека Ташиева по поводу Воруха не только взбудоражило таджикское общество, но и привело к вооруженному конфликту, в результате которых с обеих сторон имеются жертвы.

Читать далее

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иттилоъ медиҳад, ки бар хилофи изҳороти ҷониби Қирғизистон, ки бо воқеияти дар ВАО интишорёфта мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори Комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз тӯли умумии 986,7 км, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташреҳ шудааст. Яке аз мавзеъҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.

Читать далее

Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ РТ сообщает

ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /НИАТ «Ховар»/. Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ РТ сообщает, что вопреки официальному заявлению кыргызской стороны,  не соответствующему действительности, опубликованному в  СМИ, в результате работы межправительственной комиссии Республики Таджикистан и Кыргызской Республики по делимитации и демаркации из общей протяжённости, составляющей  986,7 км, описано  519,9 км таджикско-кыргызской госграницы. Одним из оставшихся  неразделённых участков на данной территории является перевал Шатты.

Читать далее

Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security Reports

DUSHANBE, 04.06.2021 (NIAT Khovar) – The Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan reports that contrary to the official statement of the Kyrgyz side, which does not correspond to reality, published in the media, as a result of the work of the Tajik and Kyrgyz Intergovernmental Commission on Delimitation and Demarcation, out of a total length of 986.7 km, 519,9 km of the Tajik-Kyrgyz state border described. One of the remaining undivided sections in this area is the Shatty Pass.

The parties agreed that they would continue to work on determining the line of passage of the state border in this section and will present their proposals.

In accordance with the agreement within the framework of the Intergovernmental Commission, individual border points were described.

In this regard, at present, the border guard detachment of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan is guarding along the agreed line of passage of the Tajik-Kyrgyz state border.

That is, according to this protocol agreement, the setting of the border guard was carried out on the agreed territory. On the other hand, a border post of the Kyrgyz Republic with proper infrastructure has been established on the Karamik Pass section.

This location ensures the principle of parity in the protection of the state border of two neighboring states until the completion of the process of delimitation, demarcation and its legal registration.

In this regard, in order to complete the delimitation process in this section as soon as possible, it was proposed to instruct the topographic working groups of the Parties to continue work on describing the line of passage of the state border in this section.

Читать далее

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

3 июн бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ва рафти корҳои саҳроӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Раиси вилоят сараввал ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд,  ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди иншооти гуногун идома дошта,  саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал назаррас аст.  Аз ҷумла,  бародарон Муллонаврӯзовҳо тасмим гирифтаанд,  ки маҷмааи хизматрасонии "Диёр" -ро бунёд созанд. Дар маҷмааи мазкур сехи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, сехи истеҳсоли макарон,  сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, сехи дӯзандагӣ ва тарабхона таъсис ёфта, даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Айни замон бунёди маҷмаа идома дошта, барои истеҳсоли маҳсулот таҷҳизоти техникӣ аз Россия ва Чин ворид карда шудааст.

Читать далее

ТАБИАТИ БИҲИШТОСОИ «ШИФО»-ПОСДОРИ СОЛИМӢ

Он лаҳзае, ки бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии осоишгоҳи «Шифо» дар мавзеи шоҳроҳи «ДушанбеХуҷанд» дар масофаи 14 километр ва аз маркази шаҳри Гулистон дар масофаи шаш километр дурӣ – дар макони истироҳатии соҳили «Баҳри тоҷик» маъво гирифтааст, бе ягон муболиға худро дар кӯраи кору пайкори вусъатбор эҳсос намудам.

Чаро? Барои он ки дар масоҳати 13,5 гектар доман густурдааст. Ташаббускор, ташкилкунандаи ин корхона аз рӯи фаъолият ва мақсади қиёснопазир ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» мебошад. Каме ба саҳифаи таърих зеҳн мемонем: ташкилу бунёди осоишгоҳ аз соли 1987 сарчашма мегирад ва он бо мақсади ба роҳ мондани истироҳату фароғати кормандони ин корхонаи азими саноатӣ созмон дода шуда буд. Он расман аз 22 феврали соли 1988 ба фаъолияти густурда сар кард. Ҳоло сохтмон ҷараён дошту баҳри тарҳрезии корҳои солимгардонӣ мутахассиси варзидадухтури дилшинос Шарифҷон Абдуллоев сарвар, яъне сартабиби ин офиятгоҳ таъин шуда буд.

Ӯ давоми се моҳ чун сардухтур воҳиди кормандонро муайян кард, мутахассисон ва кормандони техникиву санитариро фаро гирифт ва осоишгоҳро пурра ба кору фаъолият омода гардонид. Ҳоло дар осоишгоҳ, ки аз бинои сеошёнаи дорои 100 ҷои қабулу коттеҷҳои алоҳида барои 50 нафар иборат аст, тамоми шароити истироҳат ва табобат мавҷуд мебошад. Осоишгоҳи «Шифо» тӯли солҳои сарварии Шарифҷон Абдуллоев хеле ободу зебо гардидааст. Дар ин муддат 20 коттеҷи замонавӣ сохта шуда, дар як баст 150 нафар истироҳату табобат мегиранд. Мавриди зикр аст, ки ҳоло ба истиқболи ҷашни таърихии 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осоишгоҳи мазкур бинои коттеҷи замонавӣ сохта шудааст, ки махсус барои меҳмонон‐сайёҳони хориҷӣ пешбинӣ гардидааст. Манзара ва табиати фусунбори осоишгоҳ басо дилкаш ва фараҳбор аст.

Чун дар боло ишора намудем, ин муолиҷагоҳ дар сенздаҳ гектар доман паҳн кардаасту дар анбӯҳи дарахтони ороишиву сояафкан мавқеъ баргузидааст. Ҳама ҷой гулу гулпӯш, сабзкориву роҳатафзост, ки дилу дида мерабоянд. Вақте ба осоишгоҳ ворид мешавед, худро дар оғӯши биҳишти афсонавӣ мепиндоред. Аҷаб хушу гуворо. Дар ин осоишгоҳ беморони дорои нуқси узвҳои ҳаракат, илтиҳоби системаи асаб, узвҳои нафас, системаи дилу рагҳо ва амрози занона хуб ташхису табобат меёбанд. Техникаҳои соҳавии замонавӣ дар табобати беморон мадад мерасонанд. Мутахассисони пурдонишу соҳиби касбият дар ҳифзу барқароргардонии саломатии беморонанд. Осоишгоҳ гармхонаи худро дорад, ки гулу кабудиҳо парвариш карда мешаванд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,

журналист

Читать далее

ҶИЛОИ НАВАД РАНГИ АТЛАСИ ХУҶАНД

 

 

 

Атласи тоҷик таърихи қадима дорад. Мо дар кадом аср пайдо шудани атласбофиро муайян карда наметавонем, зеро дар ин маврид ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Матои атласро аксар халқият моли тоҷикон мешуморанд, зеро аз даврони пеш занони тоҷик либоси зебову шинами атласро ба бар мекарданду мекунанд. Аслан атлас аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънои матои ҳамвор ва ҷилои дурахшонро дорад.

РИВОЯТИ ПАЙДОИШИ МАТОИ РАНГА…

Зани тоҷики 85 сола Бихалича Аҳмадова ривоятеро, ки аз бибикалонаш шунидааст, нақл кард: «Зане танҳо умр ба сар мебурд, ӯ фарзанд надошт. Зиндагии фақиронае аз сар мегузарониду ӯро бадбахт меҳисобиданд. Рӯзе ҳаво сард шуд ва либосе надошт, то ба бар кунад. Ҳайрону ларзон дар кӯча нохост чашмонаш ба партови зиёде бархӯрданд, ки дар он ҷо як тӯда ресмонҳои рангоранг мехобиданд.

 Онҳоро ба кулбаи сарду торикаш оварду ба бофтан шурӯъ кард. Байни дусе рӯз ресмонҳои бофтааш тайёр шуданд, ки рангорангу зебо буданд. Хурсандона ба танаш пӯшид. Аҳли маҳалла либоси дӯхтаи занро писандида, ресмонҳои рангоранг оварданд ва хоҳиш карданд, ки ба онҳо ҳам дӯзад. Бо ҳамин роҳ зан зиндагии хешро бо меҳнати ҳалол ба даст оварда буд». Ин ривоят аз хотири Бихалича Аҳмадова намеравад. Ӯ гуфт, ки либоси атласро хеле дӯст медоштам, вале барои харидани матоъ шароити кофӣ надоштам.

Имрӯз шукрона аз даврони Истиқлолият мекунам, ки дар ҳама ҷо матоъҳои гуногун, аз ҷумла адрасу атлас фаровон шудаасту ҳар яке имкони харида пӯшидани онро дорад. Бале, дар ҳақиқат матоъҳои атласу адрас хеле шинаму зебо буда, ба зани тоҷик ҳусни наверо зам мекунад.

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА ПАРОКАНДАГӢ…

Соли 1872 дар шаҳри Хуҷанд фабрикаи пиллакашӣ ба фаъолият оғоз кард, ки мошини буғияш қувваи 10 асп дошта, 73 дастгоҳро ба ҳаракат медароварду 78 нафар банди кор буданд. То соли 1913 дар Хуҷанд аллакай 5 коргоҳ амал мекарданд. Аз рӯи маълумоти соли 1917, дар Хуҷанд 209 артели косибӣ фаъолият дошт. Аввали солҳои 20 – ум дар шаҳри Хуҷанд аввалин артели косибон бо номи «Бофанда» ташкил шуд, ки ҳазорон нафарро муттаҳид намуда, матоъ истеҳсол мекард.

Кооператсия кардани косибон дар Хуҷанд моҳи сентябри соли 1920 сар шуд. Ҳамон солҳо ҳафт артели нахустин, ки 200 аъзо дошт, ташкил гардида, охири соли 1926 наздик 3500 косиб муттаҳид шуданд. Солҳои 1927 – 1928 дар Хуҷанд якумин фабрикаи шоҳибофӣ бо номи «Бофандаи сурх» ташкил ёфт. Аз моҳи феврали соли 1931 артели бофандаҳо ва фабрикаи шоҳибофӣ муттаҳид шуда, фабрикаи «Атласи Хуҷанд» ташкил шуд. Соли 1932 номи фабрика ба «Бофандаи сурхи Хуҷанд» табдил дода шуд ва соли 1940 маҳсулоти артел даҳ баробар зиёд гардид.

Дар солҳои ҷанг, новобаста аз он ки ашёи хом кам буду мутахассисони баландихтисос аз кор рафтанд, нақшаи истеҳсолӣ иҷро мешуд. Вазифаи асосии артел ҷалби васеи занон ба кор буд, зеро мардон ба фронт рафта буданд. Яке аз аввалин зане, ки ба кор омад, Темурой Ахмедова буд. Сафи занон торафт афзуда, онҳо корро муваффақона ба иҷро мерасониданд. Соли 1974 дар асоси қарори Вазорати саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона васеъ карда шуд ва то соли 1990 дар ин ҷо наздик 1000 нафар кор мекарданд. Матое, ки мебароварданд, тақрибан 2 миллион метр дарозӣ дошт.

Дар шаҳр барои ривоҷу равнақи кирмакпарварию пиллапарварӣ корхонаи «Грензавод» фаъолият мебурд. Вазифаи асосии кормандони он зиёд кардани кирмак ва таъмини колхозу совхозҳои ҳудуди вилоят бо он буд. Баробари ин комбинати шоҳибофӣ аз пилла абрешим гирифта, аввал барои корхонаи худ истифода мекарданд, баъдан абрешими тайёршударо ба корхонаи «Хуҷандатлас» равона месохтанд. Барои равнақ ёфтани ин коргоҳ аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Гурҷистон абрешим оварда мешуд. Ин омилҳо сабаби то соли 1990 ривоҷу равнақ ёфтани коргоҳ гардид.

ТАВЛИДИ ҶДММ «АТЛАСИ ХУҶАНД»

Пас аз соли 1990, яъне пас аз барҳам хӯрдани Давлати Шӯравӣ муносибати давлатҳо дигаргун гашт. Аз Федератсияи Россия дастгоҳҳо ворид намешуданд. Охирин дастгоҳи воридшуда соли 1974 дастрас шуда буд.

Баробари ин аз Белорусия низ маводи кимиёвӣ, алалхусус рангубор барои матоъ оварда мешуд. Шумораи кормандон ҳамчунин, истеҳсоли матоъ низ торафт кам мешуд. Истеҳсолот паст рафта, коргоҳ тамоман аз кор монд. Аз моҳи январи соли 2008 он номи ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ро гирифта, имрӯз ягона корхонаест, ки дар ҷумҳурӣ бо истеҳсоли саноатии атласу адрас машғул аст. Дар замони шӯравӣ низ матои атлас дар тамоми ҷумҳурӣ шӯҳратёр буд ва имрӯз низ қимати худро гум накардааст. Азбаски соли 2005 коргоҳи мазкур шахсӣ гардонида шуд, мо корро аз сохтмону таъмир оғоз кардем, то шароити хуби корӣ ба кормандон муҳайё шавад. Ҳамчунин, дастгоҳҳои мавҷударо аз таъмир баровардем. Бо хушнудӣ метавон гуфт, ки имрӯз корхона ба пуррагӣ фаъолият дошта, аз 100 фисад 70 фисади кор дастӣ буда, 30 фоизи кор тариқи дастгоҳҳои механикӣ сурат мегирад. Ба ғайр аз истеҳсоли матои атлас истеҳсоли матои адрас низ ба роҳ монда шуд. Он аз пахта тайёр мешавад, гуфт роҳбари корхонаи ҶДММ «Хуҷандатлас» Азимҷон Ғафуров.

 Боиси қайд аст, ки то омода шудани матоъ 22 амал ба иҷро расонида мешавад, аз ҷумла тар кардани калобаи абрешим, ресандагӣ, тобандагӣ, буғдиҳӣ, калобаресӣ, пухтани абрешим дар барқ, даврагирӣ, кашидани нақшаи матоъ, абрбандӣ ва ғайраҳо мебошад. То ба иҷро расонидани тамоми амалҳо коргарон масъулияти зиёдро эҳсос мекунанд.

 Ҳоло коргоҳ истеҳсоли намуди атласу адрасро ба роҳ мондааст. Кормандон дар як баст фаъолият дошта, дар як сол то 50 ҳазор метри тӯлонӣ атласу адрас истеҳсол мекунанд. Айни замон коргоҳ 120 намуди нусхаи матои атлас ва 34 намуди адрасро ба аҳолӣ пешниҳод мекунад. Дар коргоҳ 51 нафар коргар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд, гуфт Азимҷон Ғафуров.

КОРМАНДОНИ АСИЛ ВА ДӮСТДОРОНИ КАСБИ ХЕШ

Дар коргоҳи мазкур бештар нафароне фаъолият мебаранд, ки аз даврони шӯравӣ фаъолияти кориашонро оғоз кардаанд. Ин нафарон бо ҳисси баланди меҳнатдӯстӣ ва шукронаи даврони Истиқлолият умри пурбаракати хешро баҳри меҳнати пурмашаққат равона кардаанд. Зӯҳро Шоҳидова тӯли 50 сол инҷониб ба ҳайси бофанда кор мекунад. Ӯ аз субҳ то шом дар назди дастгоҳи бофандагӣ истода, адрасу атласи зебо мебофад. Мекӯшем, барои духтарону бонувони зебо адрасу атласҳои босифату шинамро пешниҳод кунем. Ҳоло намудҳои наву гуногуни адрасу атлас бофта истодаем, то харидорон барои худ нақши ба табъу завқашон муносибро дарёфта бошанд. Барои фаъолияти корӣ бошад, шароити хуб муҳайё аст, гуфт Зӯҳро Шоҳидова. Баҳри зебову рангоранг ва гуногуннақш истеҳсол гардидани матои адрасу атлас саҳми нақшофар хеле калон аст. Зеро маҳз тахайюлоти бою рангини ӯ метавонад матоъро ҷаззобу зебо гардонида бошад.

Дар коргоҳи мазкур Толиб Шарифов аз соли 1980 инҷониб фаъолият мебарад. Ӯ нақшофар аст ва мегӯяд, ки нақши зебо офаридан ва чизи наверо ба сокинон пешниҳод кардан кори саҳл нест. Соатҳои тӯлонӣ бояд машаққат кашид, то нақш аз ҳамдигар фарқ дошта бошад. Кори нақшбанд дар назари аввал мушкил аст, вале вақте касби худро дӯст медоред ва ба умқи он ворид мешавед, метавонед дар тахайюлоти худ матои шинамро тасвир ва онро дар амал иҷро кунед. Гуфта наметавонам, ки кори нақшбанд осон аст, вале агар ҳар корро бо масъулият ва муҳаббат ба иҷро расонидан хоҳем, албатта, мушкилиро сарфи назар хоҳем кард, гуфт Толиб Шарифов.

Боиси қайд аст, ки ҷомеаи меҳнатӣ аз нафароне иборат аст, ки ба касби худ содиқ ҳастанд. Вақте коргоҳ пурра аз фаъолият бозмонд, ҷомеаи меҳнатӣ пароканда гардид, вале роҳбари кунунӣ ҳар якеро аз нав сарҷамъ карда, дубора ба меҳнат ҷалб сохт. Таъкид ба ёдоварист, ки ҶДММ «Атласи Хуҷанд» бо корхонаҳои дохилии ҷумҳуриявии КМ «Ресандаи Тоҷикистон», ҶСП «Олим Текстайлз», ҶДММ «Неку Хуҷанд», КМ «ВТ Силк» ва ширкати хориҷии LTD «Bezema» – и давлати Швейтсария ҳамкорӣ дорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки намудҳои атлас чи дар даврони Шӯравӣ ва чи то ба имрӯз дар коргоҳ истеҳсол мешуданд, дар рафти истифодабарӣ, яъне дар об шуста намешуданду танҳо бо роҳи кимёвӣ (химчистка) тоза карда мешуд. Аввалин маротиба бо истифодаи технологияи нави рангуборкунӣ 48 намуди атлас истеҳсол гардид, ки либосҳои аз онҳо дӯхташуда шуста мешаванд. Ин кор дар ҳамкорӣ бо намояндагони ширкати LTD «Bezema» и давлати Швейтсария ба роҳ монда шуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее