03 June 2021

НЕРУИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДА

Воқеан натанҳо Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои олам, чи дар гузашта ва чи имрӯз масоили марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Хоса, дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва онҳоро аз лиҳози рӯҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти кишвар омода мекарданд.

ДАР даврони Истиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа бамаротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободонии мамлакат бештар намуд.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар ҳамаи соҳаҳо саҳми ҷавонон басо бориз ва назаррас арзёбӣ мешавад. Қобили зикр аст, ки маҳз зери роҳбарии Сарвари давлат нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис‐тон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23‐юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар як фазои мутантан ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин, бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, ки ин ҳам бевосита аз таваҷҷуҳи беандозаи Роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Дар ин росто, вохӯриҳои пайвастаи Президенти мамлакат бо ҷавонони бунёдкору созандаи кишвар аз он дарак медиҳад, ки Сарвари давлат ба неруи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони комил доранд ва ин боварӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, то ки бо маҳорату малака, илму дониш дар гулгулшукуфоии ин сарзамини биҳиштосо саҳми бориз ва назаррас гузоранд.

Манижа ИСМОИЛОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ТЕАТР БАРОИ КӮДАКОН

Санаи 31‐уми майи соли равон бо ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова пресс‐конфронс баргузор гардид. Дар пресс‐конфронс директори театри мазкур Ғайрат Қодиров ва саркоргардони театр Фарҳод Ғаффорпур иштирок намуданд.

Театри шаҳри Конибодом бори аввал соҳиби «Шоҳҷоиза»‐и Фестивал‐озмуни ҷумҳуриявии «Парасту2021» барои намоишномаи «Садои қу» гардид. Коргардони намоишнома Хоҷақулӣ, ҳунарманд ва коргардони машҳур аз Туркистон аст, ки айни ҳол дар шаҳри Лондон зиндагӣ мекунад. Намоишномаи «Садои қу» аз рӯи асарҳои Чехов, Пушкин, Яшин, Грибоедов ва Шекспир гузошта шудааст.

Ин намоиш нақшҳои зиёдро дар бар гирифта, ҳамаи ин нақшҳоро се ҳунарманди ҷавони театр Ғайрат Қодиров, Фарҳод Ғаффорпур ва Фаррух Ваитов иҷро кардаанд. Ғайрат Қодиров гуфт, ки «Аҳли эҷоди театри давлатии шаҳри Конибодом аз сазовор гардидан ба ин «Шоҳҷоиза» ифтихор ва шодмонии беандоза доранд. «Шоҳҷоиза» ин саҳифаи нав дар таърихи театри мо мебошад ва ин, албатта, як масъулияте аст, ки мо бояд аз уҳдаи он баромада тавонем. Аз ин лиҳоз, театри номбурда тасмим гирифт, Фестивалаксияи Театр барои кӯдаконро дар доираи Фестивал‐аксияи байналмилалии «Бэби Биеннале 0ӯ» ро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз 1‐4‐уми июн гузаронад. Ҳадафи асосии ташкили Фестивал‐аксия дар кӯдакон тарбия намудани муҳаббат ба театр ва аз наздик шинос кардани тамошобин бо дунёи театр мебошад. Ҳадафи дигари баргузор кардани Фестивал‐аксияи Театр барои кӯдакон сайқал додани маҳорати худи ҳунармандони театр аст».

Тазаккур бояд дод, ки Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом барои иштирок ва шинос намудани кӯдакон бо навъҳои гуногуни театр ҳунармандонро аз Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе, Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон ва Театри давлатии драмаи русии ба номи В.Маяковскийи шаҳри Душанбе даъват намуд. Давоми чор рӯз дар Театри давлатии шаҳри Конибодом намоишномаҳои «Гӯшдарози ҳиллагар», «Маликаи шӯх», «Хурӯсаки далер» ва «Незнайка и его друзҳя» барои кӯдакон гузошта мешаванд. Фарҳод Ғаффорпур қайд кард, ки фестивал ҷоест, ки ҳамеша метавон ягон ҳунари навро омӯхт ё истеъдоди худро сайқал дод. Ӯ гуфт, ки ҳунармандони театр бояд ҳарчи бештар дар фестивалу озмунҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, аз навовариҳои соҳа бохабар бошанд. Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова соли оянда ҷашни 100‐солагиашро пешвоз мегирад ва ҳунармандони театр мехоҳанд, ин санаи хотирмонро дар сатҳи олӣ гузаронанд.

Суман РАҲМАТУЛЛОЕВА,

шаҳри Хуҷанд

 

Читать далее

ҶАВОНОН, МАЪНАВИЁТ ВА ЛОИҲАҲ0И ИҶТИМОӢ

Дар баробари дастгириву мадади сохторҳои давлатӣ фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ дар манотиқи гуногуни кишвар то андозае баҳри беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардум аз ҳар ҷиҳат манфиатбахш буда, онҳо дар ҳама самт кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пешрафт дар ҳама соҳот, аз ҷумла маорифу тандурустӣ дар сатҳи баланд қарор гирифта бошад.

Дар ин радиф Ташкилоти ҷамъиятии «Гурдофарид» дар баробари ташкилотҳои дигар баҳри баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин, алалхусус кӯдакону наврасон аз рӯи лоиҳаҳои гуногун фаъолият намуда, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши босазо мегузорад. Ташкилоти мазкур ин навбат низ яке аз лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ки пайи амал аст, бо номи «Наврасон – шарикони рушди устувор» бо дастгирии ЮнисефТоҷикистон дар панҷ ноҳияи вилоят (Ашт, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Бобоҷон Ғафуров) муаррифӣ сохта, семинарҳои гуногун гузаронид.

Мақсади асосии лоиҳа бошад, баланд бардоштани иқтидори дониши наврасон, васеъ намудани имкониятҳои онҳо барои иштироки ҳамаҷониба дар ҳаёти ҷомеа аст. Ногуфта намонад, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои болозикр ташкилоти номбурда аз моҳи ноябри соли 2020 дар панҷ ноҳияи вилоят як қатор семинару тренингҳо, омӯзишҳо ва токшоу гузаронида буд. Ёдовар мегардем, ки бахшида ба 31 солагии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, ки ҳамасола моҳи ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар ноҳияҳои номбурда озмунҳои «Акси беҳтарин», «Эссеи беҳтарин», «Видеои беҳтарин» ва «Расми беҳтарин» дар мавзӯи «Таъсири COVID‐19 ба ҳуқуқ ва имкониятҳои кӯдакон» гузаронида шуд, ки он зиёда аз 200 нафар наврасу ҷавони синни аз 12 то 18 соларо фаро гирифт.

Дар озмуни баргузоргардида беҳтарин наврасони болаёқат кашф карда шуда, онҳо бо туҳфаҳои хотирмон сарфарозонида шуда буданд. Муҳим аз ҳама бо гузаронидани чунин озмунҳо баҳри кашфи истеъдодҳои навин замина гузошта мешавад. Инчунин, бо мақсади рушди тафаккури интиқодии наврасон ва тарзи дуруст навиштани эссе барои хонандагони синни аз 14 то 17‐солаи панҷ ноҳия тренинги якрӯза ташкил шуд, ки дар он зиёда аз 128 нафар наврасону ҷавонон иштирок карданд. –Тренинги номбурда ба ман имконият дод, ки дар сатҳи вилоятии олимпиада аз фанни забони тоҷикӣ иштирок намоям ва ҷойи сеюмро сазовор гардам, – гуфт иштирокчӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саёҳат Дадобоева.

Барои шунидани овози табиии кӯдакон ва фаъол сохтани иштироки наврасон дар ҳаёти ҷомеа тариқи телевизиони вилояти Суғд бо намояндагӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва коршиносон ток‐шоуи «Садои кӯдакон» баргузор гардид, ки дар он наврасон ва ҷавонон аз панҷ ноҳия иштирок карда, масъалаи имкониятҳои ҷавонон дар раванди қабули қарор, муаммоҳо ва мавзуъҳои дигарро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, барои пурра ба роҳ мондани модели «Мақомоти маҳаллии дӯстона нисбат ба кӯдакону наврасон» тренинги якрӯза оид ба «Рушди иқтидори наврасон» тариқи интерактивӣ гузаронида шуд, ки дар умум тренинг сад нафар намояндаи ҳокимиятҳои маҳаллии панҷ ноҳияро дар бар гирифт. Чунин тренингҳои якрӯза барои 100 нафар наврас ва ҷавони ин панҷ ноҳияҳои мақсаднок низ гузаронида шуд.

Тренинг барои наврасон тариқи интерактивӣ ба роҳ монда шуда, дар он наврасон оид ба 8 зинаи иштирок маълумот пайдо карданд. Бо мақсади ҷоннок кардани иштирок ва саҳмгузории наврасону ҷавонон дар ҳама самтҳои ҷомеа ва пешгирии муаммоҳои марбут ба онҳо аз тарафи Юнисеф – Тоҷикистон лоиҳаҳои иҷтимоии наврасон дастгирӣ карда мешавад. Лоиҳаҳо тариқи озмун пешниҳод гардида, ҳамагӣ 36 дархост ирсол шуд, ки аз он 15 гурӯҳи ташаббускор интихоб гардиданд. Айни ҳол гурӯҳҳо вобаста ба нақшаи чорабиниҳояшон фаъолияти худро давом дода истодаанд.

Баргузории тренингу лоиҳаҳо аз ҷониби ташкилот хеле зиёд ба роҳ монда шуда, барои вусъат додани иштироки наврасон дар платформаи Созмони хонандагон бо роҳбарони онҳо аз панҷ ноҳия бо иштироки 200 нафар омӯзгор тренинги «Такмили ихтисос оид ба иштироки пурмазмуни наврасон дар платформаи Созмони хонандагон» гузаронида шуд. Дар тренинг ба омӯзгорон роҳҳои фаъолсозии наврасон ва ҷалби онҳо дар саҳмгузорӣ ва ободонию пешрафти ҷомеа фаҳмонида шуд. Баҳри ривоҷи фаъолияти волонтёрӣ бошад, дар шаҳри Исфара барои 40 нафар наврасону ҷавонони синни аз 14 то 18 сола тренинги серӯза бо номи «Рушди волонтёрӣ ва амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ» баргузор гардида, дар мавзӯъҳои «Иштироки пурмазмун дар ҳаёти ҷомеа», «Маҳорати суханварӣ», «Саводи расонаӣ» ва «Омода ва амалӣ сохтани лоиҳаҳои иҷтимоӣ» маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Гурдофарид» инчунин бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, аз ҷумла, ҷавонону наврасон, бо пешниҳоди лоиҳаҳои гуногун, аз қабили омӯзонидани забонҳои хориҷӣ, рушди ҳунару ҳунармандӣ фаъолияти мунтазам дошта, барои ҷалби хоҳишмандоне, ки пайи омӯзиш ҳастанд, дастгирии худро дареғ намедорад.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ҚАДАМИ УСТУВОРУ МАҚСАДНОК

Маъракаи хатми муассисаҳои таълимӣ наздик аст. Алҳол дар вилоят 565 ҳазору 231 нафар хонанда бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи умумии хатмкунандагон дар 938 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, дар соли таҳсили 2020 – 2021‐ум 34 ҳазору 423 нафар аст, ки аз онҳо 17 ҳазор 290 нафар духтар мебошанд. Шумораи умумии хонандагони синфи 9 ум 42 ҳазору 824 нафарро ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов хатмкунандагон ҳуҷҷатҳояшонро ба Маркази миллии тестӣ супорида, алҳол ба пуррагӣ барои шомил гардидан ба макотиби олӣ ва миёнаи махсус омодагӣ дида истодаанд. Омодагӣ ба маъракаи хатм дар шаҳру навоҳии вилоят ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, бино ба маълумоти мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Ботур Расулов, хатмкунандагон назар ба солҳои пеш фаъоланду ҳар яке мехоҳад, аз рӯи касби дӯстдоштааш барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи дохиливу хориҷӣ равона гардад. Дар ноҳияи мазкур шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 77 адад буда, аз он 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 адад гимназия, 8 адад муассисаи томактабӣ ва як маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд.

Шумораи умумии хонандагон 38 ҳазору 905 нафар буда, хатмкунандагон аз ҳисоби синфи 11 ум 2 ҳазору 492 нафар мебошанд. Алҳол 1 ҳазору 330 нафар ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ пешниҳод кардаанд. Ба ноҳия 19 ҷой барои Квотаи Президентӣ пешниҳод шудааст ва 86 нафар аз даври дуюми озмун гузашта, ба даври сеюм роҳхат гирифтаанд. Хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои худро асосан ба кластери панҷум, яъне соҳаи тиб супоридаанд. Аксар мехоҳанд, дар донишгоҳу коллеҷҳои тиббӣ дониш андӯзанд ва умед дорем, ки ҳар яке дар ҷодаи илм роҳи худро хоҳанд ёфт, гуфт Ботур Расулов. Боиси қайд аст, ки дар назди 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2ҳазору 830 нафар хонанда бо ҷалби ҳама намуд маблағгузорӣ сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назди се муассисаи таҳсилоти томактабӣ бошад, барои 320 нафар кӯдак корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Корҳои омодагӣ барои сафарбар кардани хатмкунандагон ба маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳои берун аз кишвар рафта истодааст. Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатқабулкуниро ба анҷом расонид. Муллораҷаб Мавлонов хатмкунанда: Соли равон, пас аз хатми мактаби миёна мехоҳам, ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дохил гардам, зеро нисбат ба омӯзиши қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рағбати беандоза дорам. Мехоҳам, дониши худро сайқал бахшида, баҳри таҳкими волоияти қонун ва пойдории адолат саҳми худро гузорам. Итминон дорам, ки бомуваффақият аз имтиҳони Маркази миллии тестӣ гузашта, ба донишгоҳи интихобкардаам дохил мешавам. Ба ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таълим низ дар ноҳия корҳо ба иҷро расонида шуда истодааст.

Аз 3 ҳазору 293 нафар хатмкунандаи синфи 9 ум 2 ҳазору 671 нафар ба синфи даҳум, 48 нафар ба дигар муассисаҳои таълимии рӯзона, 224 нафар дар муассисаи миёнаи касбӣ, 52 нафар дар муассисаи ибтидоии касбӣ, 54 нафар дар бахшҳои гуногун ва панҷ нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки дар умум 86,1 фоизи хатмкунандагони синфи 9 умро дар бар мегирад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

АЛҲАЗАР АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Имрӯзҳо терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айни замон марбут ба амалҳои террористӣ вазъият дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм таҳдиди амалҳои нави террористӣ нафақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифратгароӣ сабзида расад.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».

Бадбахтона, дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.

Чунонки дар боло қайд карда шуд, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муваззаф гардонидааст.

Дар баробари ин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

Аз ин рӯ, мо, омӯзгоронро водор месозад, ки баҳри тарбияи дурусти насли оянда саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки чунин вабои аср ба ақидаи солими имрӯзаи ҷавонон таъсири манфии худро расонад. Мо ҳамеша барои ҳифзи ҳар як порчаи хоки Ватану миллати хеш омодаем ва баҳри гул‐гулшукуфии Тоҷикистони азизамон, баҳри ҳимояи ҳар порчаи хоку ҳар қатраи обаш омодаем.

Раъно ШОДИЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Таъсири сомонаҳои интернетӣ ба идеалогияи ҷавонон

Истифодаи Интернет дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон масъалаҳои зиёди фалсафӣ – методӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодиро ба вуҷуд овард. Дар ин бахш аз падидаи глобалии шабакаи компютерӣ-Интернет бояд ёдовар шуд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шўру иғвои зиёде ба миён овардааст. Имрўз метавон бо боварӣ дар бораи фаъолшавии истифодаи Интернет дар мактабҳои муосир ва дода шудани ҷавонон ба ин сомона сухан гуфт. Ин раванд як қатор масъалаҳои тезутундро пеш мегузорад, ки мавўи баҳси олимону омўзгорон, кормандони соҳаи маориф мебошанд.

Бояд иброз дошт, ки имрӯзҳо шабакаҳои Интернетӣ ба ҷавонони имрӯза ҳаргуна идеалогияи бегонаро ворид месозад.

Аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва www.nahzat.ru оид ба ворид ва паҳн намудани аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба унвони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод карда шуда буд.

Аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, Суд ҳалномаи худро санаи 18.02.2020 бароварда аз санаи 19.03.2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст.

Баста шудани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва www.nahzat.ru ин саривақтӣ мебошад. Имрӯзҳо аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маданияти истифодабарии сомонаҳои интернетиро надоранд. Маҳз ҳаргуна сомонаҳое, ки ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, ба маълумотҳои бардурӯғ ва дасисабозиҳои ҷавононро маҳкум намуда ба доми худ гирифтор мекунанд.

Сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва www.nahzat.ru  ҳамкориро бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ба роҳ монда, маълумотҳоро бо мақсади иғвоангезии ҷомеъа паҳн менамоянд.

Мақсади асосии чунин сомонаҳо ин ба идеалогияи ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ба ҳар гуна роҳҳои ба ҳизбҳои ифротӣ шомил месозанд.

Ман фикр мекунам, ки баста шудани чунин сомонаҳои интернетӣ ин мавзӯи саривақтӣ буда, бањри ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, ҳимояи ҳуқуқии  манфиатҳои шаҳрвандон, инчунин пешгирии шоимилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ равона карда шудааст.

Ф.МАЪРУФОВ,
сармуаллими кафедраи хадамоти гумруки
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Неши наҳзат, на аз пайи кин аст...

Хиёнаткорони замон боз ҳамон хиёнату гумроҳии худро такрор намуда, даст ба амалҳои хунин мезананд. Ташкил, тарҳрезӣ ва маблағгузории табаддулоти ҳарбии соҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ва ба воситаи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода амалмӣ карданӣ буданд. Хушбахтона нағшаву нияти нопоки онҳо шикаст хӯрд. Мақомотҳои қудратӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳлатҳои камтарин ҷонибдорон ва тарафдорони табаддулоти ҳарбиро фош карданд. Аммо роҳбарияти ҳизби ифротӣ аз хориҷи мамлакат қарор гирифта чунин даъво дорад, ки гӯё «кишвари мо аз соли 2000 то 2010 дар фазои ором ва ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугӯ қарор дошт, ки захмҳои  ҷанги шаҳрвандиро шифо мебахшид». Аммо  Кабирӣ нагуфтааст, ки бевафоӣ ва дилҷудоӣ аз кӣ шуд? Паймоншиканӣ аз кадом тараф сар шуд? Фазои орому ҳамдигарфаҳмиро ки вайрон карданӣ сохт. Ба наҳзат даст додем, аммо онҳо аз гиребон кашиданд.

Дар урфият мақоле ҳаст, ки “дили одаткарда балои ҷон аст”. Аз мӯҳтавои баромадҳои онлайнии на танҳо Кабирӣ, балки муридони ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов, Гурӯҳи 24 ва дигар касу нокасон ба чунин хулоса метавон баровард, ки онҳо “хона шерӣ майдон ғарибанд”. Вақте дар Тоҷикистон ҳама чӣ доштанд, бизнесу савдо, пулу мол, вазифаву курсиҳои нарм қариб, ки ба даҳон об гирифта буданд. Аммо акнун дар хориҷа аз худ “қаҳрамонтарошӣ” мекунанд. Хандаи кас меояд.  

Ҷавобан ба даъвоҳои беасоси Кабирӣ ва шогирони ӯ мегӯем, ки Тоҷикистон воқеан ба як кишвари пешрафтаи иқтисодӣ мубаддал гаштааст ва аз ин дида боз ҳам устувортару амнтар мегардад. Агар Шумо тарафдори ҳамин халқ ва ҳамин давлат бошед, ман роҳбарияти сиёсиро дар назар надорам, барои рушди ҷомеа саҳмгузор бошед. Барномаҳое пешниҳод намоем, ки мардум аз он баҳра барад ва сатҳи зиндагиаш хуб шавад. На ин ки ранги инқилобхоҳиву майдоннишинӣ.

Мардуми мо тӯли ин 30 соли истиқлолияту озодӣ ба қадри неъматҳои илоҳӣ, пеш аз ҳама тинҷиву ороӣ ва ваҳдати миллӣ мерасад ва расида истодааст. То замоне, ки авзои сиёсии ҷомеа орому осуда набошад, аз рушди дигари соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳ гардидани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа сухан кардан умуман хато аст.

Ҳ.ҚУРБОНОВ,
ассистенти кафедраи сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес сиёсати Тоҷикистон

 

Читать далее

Кабирии фиребхӯрда

Чӣ тавре ки аз сомонаҳои интернетӣ ба ҳамагон маълум аст, 18 феврал сардори Саридораи амнияти миллии Афғонистон дар яке аз нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои конфронси минтақавӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм, ки дар Кобул баргузор гардида буд, изҳор намудааст, ки дар «Ому аз 6 то 10 ҳазор ҷангиёни Ҳаракати исломии  Ӯзбекистон, ҳаракати «Ансоруллоҳ», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва Ҳизби наҳзати ислом (ҳоло ташкилоти экстремистию террористии “Ҳизби наҳзат”) ҳузур доранд».

Санаи 19 феврал дар Радиои Озодӣ сарвари ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ баромад намуда, даъво менамояд, ки суханҳои сардори Саридораи амнияти миллии Афғонистон бардурӯғ аст. Бояд қайд намуд, ки то он даме, ки далелҳои кифоягӣ ҷой надошта бошанд, беасос сардори Саридораи амнияти миллии Афғонистон дар конфронси минтақавӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм сухан накардааст. Албатта далелҳои кифоягӣ мавҷуданд.

Рӯзномагор, таърихшинос, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодир ТАЛБАКОВ дар як навори видеоӣ дуруст қайд намудааст, ки Кабирӣ дурӯғӯй аст.

Мо низ гуфтаҳои ӯро дастгирӣ мекунем, дар ҳақиқат Кабирӣ шахси дурӯғгӯй аст, ҳамаи гапҳои ӯ дурӯғ аст, ӯ фақат манфиати хешро фикр мекунад, на ин ки манфиати халқи тоҷикро. Боварӣ дорем, ки тамоми мардуми тоҷик низ дурӯғгӯии Кабириро дарк менамоянд. То ба кай мо, халқи тоҷик дурӯғгӯии Кабириро шунавем, магар Кабирӣ шарм намедорад ва аз дурӯғгӯии худ даст намекашад.  Маҳз бо суханҳои дурӯғгӯии Кабирӣ баъзе аз мардуми тоҷик фирефтаи ин суханҳо гардида, бар зидди давлати худ хиёнат намуданд. Соли 1992 – ум ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон сар зада буд ин ташаббуси маҳз ТТЭ ҲНИ ва аъзоёнаш буд, ки онҳо аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ истихдом гардида нисбати давлати худ хиёнат намуданд, ки дар натиҷа ҳамон солҳо дар Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатангез ба вуҷуд омаданд, яъне зиёда аз 80 ҳазор нафар ҳамватанони мо фавтиданд, наздики 800 ҳазор нафар ҷилои Ватан карданд, 500 ҳазор нафар кӯдакон бесаробон ва ятим монданд, ба иқтисодиёти кишвар  беш аз 10 миллиард доллар  хисорот ворид гардид.

Кирдорҳои содирнамудаи Кабириро мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва ӯ боз мехоҳад бо суханҳои бардурӯғи хеш халқи тоҷикро зидди давлати худ равона созад. Кабирӣ инсонест, мансабталош, ҳадафҳояш нопок ва дурӯғгӯй. Мо, халқи тоҷик Кабириро ҳамчун инсон эътироф намекунем, зеро ӯ дар қатори инсонӣ нест. 

М.КАРИМОВА,
муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминалистика ва пешгирии коррупсияи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Кабирӣ ба мисоли ҳунарманди беҳунар

Соли 1997 баъди талошҳои зиёд Созишномаи оштии миллӣ дар саросари кишварамон сулҳу ваҳдатро пойдор намуд, оташи ҷанги бародаркушро  хомӯш кард, дар ҷомеа фазои оромӣ сиёсию иҷтимоӣ, шароити муътадили иқтисодӣ, маънавию ахлоқиро  барпо  намуд.

Ин дастоварди нодири мардумро нодида гирифта, Муҳиддин Кабирӣ то ҳол худро аз тарс Исломиддин Садиров, нафақахӯр ва ветерани меҳнат ном гирифта  бо ҳаммаслакону, ашхоси ҷинояткор маводҳои иғвоангезандаи худро чоп менамоянд, аз таърифи худ пояи ҳақро метарошанд. Онҳо мехоҳанд диққати мардумро ҷалб намуда, худро “ба мушу мусичаҳои бегуноҳ” монанд мекунанд, барои расидан ба мақсадҳои ғаразнок, ҳар нақше, ки  “хӯҷаинашон” мефармоянд, иҷро мекунанд ва ниҳояти кор мехоҳанд мардумро ба парокандагӣ  даъват кунанд. Дар хурӯҷи «беморӣ» иғвоангез, бо тарғиботи  ақидаҳои низоъпарастӣ мехоҳанд як зумраи ашхосро “озодандешони тоҷик” номида, нигоҳи мардумро тағйир диҳанд.

Акнун, қувваҳои солими ҷомеа, ки бо алам онҳоро Муҳиддин Кабирӣ “фабрикаи ҷавобҳо” номидааст, ҳушёриро дигар аз даст намедиҳанд.  Мардум  дарк  мекунад, ки  гуруҳи муайян, ҳадаф доранд, ки якпорчагии  Тоҷикистонро аз хориҷи кишвар, бо дасти ҳамин ашхоси хоин таҳти хатар монанд, “хатари аз даст додани заминҳои Тоҷикистонро пеши кишварҳои ҳамсоя”  ба воқеият табдил диҳанд.

30 сол қабл аз ин, ба шарофати  сулҳ ва ваҳдати миллӣ Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии мардуми кашвар мақомот ва сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти  давлатиро  аз марказ то маҳалҳо барқарор намуда буд, гурезагонро ба Ватан баргардонд, ба онҳо шароити зисту зиндагӣ фароҳам овард. Акнун  тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар симои нав гирифтааст, сатҳи фаҳмиши зуҳуроти воқеӣ  васеъ ва баланд шудааст.

Сулҳу оромӣ ба рушди бомароми соҳаи иқтисодӣ, тадриҷан боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, густариш ва тавқияти сохторҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва падидаҳои дигари бунёдкорӣ дар кишвар роҳ кушод.Саволе ба миён меояд, Муҳиддин Кабирӣ то ҳол худро аз тарс Исломиддин Садиров, нафақахӯр ва ветерани меҳнат ном гирифтааст, барои мардуми  Тоҷикистон кадом корҳои ободониро иҷро кардааст? Хуб мешуд, ки минбаъд “Исломиддин Садиров”, нафақахӯр ва ветерани меҳнат дар бораи  аз куҷо нафақа гирифтан, сарчашмаи даромади худ, ветерани кадом намуд ё соҳаи фаъолият маълумот медод, ки ниқоб аз рӯи ин ашхос, ки нақши “муши бечора”-ро иҷро мекардааст, кушода шавад. Мардум бояд симои аслии ин “ҳунарманди беҳунари саҳнаи шабакаи Интернетро” шиносад.

Сулҳу суббот дар кишвар, шароит фароҳам овардааст, ки халқи Тоҷикистон ба созандагию бунёдкорӣ, ба татбиқи барномаҳои истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, саноатикунонӣ,  ба ғанӣ гардонидани фарҳангу  маърифат, ба эҳёи илму техника, ба таъмини адолати иҷтимоӣ дар кишвар шурӯъ намояд ва дигар намегузорад, ки ин шароитро, ободию осудагии мардумро “чирроси як мушак” аз паси парда, халалдор созад.

А.РАҲМАТУЛЛОЕВ.
профессори  кафедраи ҳуқуқи судӣ ва
назорати прокурории Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Кабирӣ аз дастоварди Тоҷикистон сухан намекунад, балки ...

Дар чунин як шароити эпидемиологӣ, паҳншавии бемории сироятӣ, маҳдудудгардии манбаи даромадҳо татбиқи чунин тадбир нисбати кишварзони мамлакат амали хирадмандона буда, бори дигар  умумииҷтимоӣ будани моҳияти давлати Тоҷикистонро тасдиқ мекунад. Шахсан ман бо шунидани хабар дар шабакаи телевизионии давлати хориҷӣ (“Sӯvimli”-и Ӯзбекистон) оиди аз супоридани андози ягона дар соли 2021 озод карда шудани ҳамаи кишоварзони Тоҷикистон, ифтихор кардам. Ин тадбири андешидашудаи саривақтии роҳбарият мамлакати моро воситаҳои ахбори оммаи мамлакатҳои хориҷӣ таърифу тавсиф намуда, амали нодир меҳисобанд.

Бадхоҳони миллату давлати мо пешравию гул-гулшукуфоии Тоҷикистонро намехоҳанд ва бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки монеъи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол гарданд.  

Аз ин рӯ, ба он воқеаҳое, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд меояд ва он нишондиҳандаҳое ки дар натиҷаи фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон ба даст омадаанд, аз тарафи ин бадхоҳон ғайриобъективона баҳо дода шуда, мардум ба иғвогарӣ даъват карда мешаванд. Дар чунин шароит зарур аст, ки ҳар як фард, бахусус ҷавонон тафаккури қавӣ дошта бошанду зиракии сиёсиро ба кор барад. Дигар қишрҳои ҷомеаро аз фаъолияти пасипардагии бадхоҳони миллат огоҳ намоянд.

С.ЛАТИПОВ,
ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсиони
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Читать далее