01 June 2021

ОБОДОНИВУ САРСАБЗӢ БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

Имрӯзҳо дар қаламрави вилоят ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи миллӣ - 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо ба сомон расида истодаанд. Вобаста ба ин санаи таърихӣ иншооти мухталиф бунёд, таъмир ва азнавсозӣ мегарданд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 510 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст.

Бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи хати нави истеҳсолӣ дар ҶДММ “Хуҷанд-Агро”, баистифодадиҳии корхонаи истеҳсоли равғани омӯхта ва истеҳсоли маҳсулот аз гӯшти мурғи ҶДММ “Субҳи Заррин”, баистифодадиҳии коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонии соҳибкор Ҷумъабой Абдулакимов, бинои нави «Тоҷикстандарт», муассисаи томактабии “30 - солагии Истиқлол”, сохтмони Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”, “Тарабхонаи Яккасарой”, ду гармхонаи замонавӣ, маркази фурӯши гулҳо дар КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварии шаҳри Хуҷанд» ва амсоли ин мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифта шуд.

Баробари ин бинои нави прокуратураи вилоят дар масоҳати 0, 50 гектар бунёд гардида, як адад бинои маъмурии 7 - ошёна ва як бинои 3 - ошёнаи хизматрасониро ташкил медиҳад. Пудратчии иншоот ҶДММ «СМС» буда, дар ин майдони сохтмон беш аз 120 нафар сохтмончиён фаъолият намуда, ба ҳисоби миёна то 3000 сомонӣ маош гирифта истодаанд. Корҳои асосӣ ба анҷом расида, насби тиреза ва корҳои пардозӣ босуръат идома дорад.

Дар маҷмӯъ, давоми солҳои 2018 – 2021 - ум 271 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 477 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуданд, ки ин иҷрои 93,5 фоизи иншооти банақшагирифташударо дар бар мегирад.

Тавре ба мушоҳида мерасад, ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд, зеро дар ин давра дар самти таъмини устувории экологӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, гули лола, садбарг ва гулҳои ороишӣ шинонида шуданд.

Корҳои ободонӣ ва таъмиру таҷдид дар самти нигоҳдории биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ низ вусъати тоза гирифта, дар ин давра 71 намои бинои баландошёнаи истиқоматӣ таъмиру рангубор, 755 метри мураббаъ боми биноҳо, 35 адад даромадгоҳ, 5 адад лифт ва 27,96 ҳазор метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз шуданд.

Барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои зисти шаҳрвандон мунтазам бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр шанбегиҳои умумишаҳрӣ гузаронида шуда, як қатор корҳои ободонӣ ба монанди тоза намудани қадди роҳ аз алафҳои хушку худрӯй, тоза намудани ҷӯйборҳо аз партову лойхокҳо, нарм намудани таги дарахтон ва дигар корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. 

Муҳсин АБДУСАТТОРЗОДА,

Котиби маҷлиси Суди шаҳри Хуҷанд

Читать далее

САМАРАҲОИ СОҲИБИХТИЁРӢ

Соҳибистиқлолӣ барои мардуми кишвари мо неъматҳои бебаҳо овард.Он қадар ободиҳо ба вуқӯъ пайваст, ки тайи садсолаҳо чунин нашуда буд. Оре, дар асари муаррихи варзидаи тоҷик Абдуллоҷон Мирбобоев воқеаҳои сад сол қаблина аз рӯи нишондиҳандаи омори давлатӣ оварда шуда, дар он сабт гардидааст, ки тамоми ҳавлиҳои шаҳрҳо аз лою гил‐хишт неву кулӯла ва паст‐паст буданд, ки кулба мегуфтанд. Шомгоҳон, бо ғуруби офтоб шаҳру деҳот ба зулмоти торикӣ ғарқ мегаштанд, зеро ягон намуди равшанидиҳӣ вуҷуд надошт. Танҳо дар соли ҳазору нӯҳсаду панҷум дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд се‐чаҳор адад қандил насб карданд, ки бо ҳамин аз дур рӯшноӣ монанди нуқтаи мунаввар намудор мешуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ қариб ҳар рӯз рӯзномаҳо, садову симо дар бораи амалҳои созандагиву бунёдкории мардуми диёр ҳарф мезананд, бобати ба деҳаҳои дурдаст кашида овардани хатти оби ошомиданӣ, чароғонкунии кӯчаҳо, боғоту гулгаштҳо, бунёди роҳҳои дохилишаҳриву байналмилалӣ иттилоъ медиҳанд. Бахусус, баҳри бо армуғонҳои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз манзараи шаҳру деҳоти мамлакат ба як сохтмонгоҳи азим табдил ёфтааст ва симои онҳо рӯз ба рӯз ободу зеботар мегарданд.

Тавре раиси маҳаллаҳои шаҳри Панҷакент Шербой Холбоев иброз дошт, бахусус бо ибтикори соҳибкорони ватандӯсту меҳанпарвар корҳои ободониву созандагӣ дар ҳаҷдаҳ маҳаллаи шаҳр ҷараёни тоза гирифта истодааст. Ба қарибӣ дар кӯчаи ба номи Рӯдакии маҳаллаи Лаби Чашма се бинои истиқоматии дуошёна ба истифода дода шуд, ки бо ҳамин даҳҳо нафар сокинон соҳиби манзил шуданд. Дар маҳаллаи Зардолузор бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Юсуф Холбоев бинои истиқоматии нӯҳошёна бунёд ёфта истода, он рӯзҳои Иди Ваҳдати миллӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳамин тавр, дар маҳаллаи Шафтолузор низ бинои нӯҳошёна бо тарзи замонавӣ қомат афрохта, ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза бахшидааст. Дар ин маҳалла бо иқдоми раиси он Муродилло Муқумов амалҳои бунёдкоронаву созандагӣ авҷу ҷӯши тоза доранд. Дар маҳаллаи Баққолӣ ду бинои истиқоматии нӯҳошёна ва маҳаллаи Вашанӣ як бинои нӯҳошёна бунёд ёфта истодааст.

Дар ин иншоот корҳои пардоздиҳӣ идома дошта, то ҷашни 30‐солагии Истиқлолият ба истифода дода хоҳанд шуд. Бо бунёд ёфтани иншооти истиқоматӣ, истеҳсолӣ, инфрасохторҳои иҷтимоӣ, агар аз як тараф, симои шаҳри бостонии Панҷакент ба куллӣ дигаргуну зебову ороста гардад, аз ҷониби дигар, садҳо нафар сокин соҳиби ҷойи корӣ гардидаанд, ки ризқу рӯзии аҳли хонадонашонро меёбанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки‐мегӯяд Ш. Холбоев,дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр кор бо сокинон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, натиҷаи фаҳмонида додани моҳият ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падар ва модар дар таълиму тарбияи фарзанд аст, ки ҷудошавии оилаҳо сол аз сол коҳиш ёфта истодааст, тӯю маъракаҳо аз рӯи қонун баргузор мешаванд, маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бошад, сари вақт ва бо иҷрои пурраи нақша гузаронида мешавад. Дар бобати пойдор, мустаҳкамӣ ва намунавӣ будани оилаҳо мардуми маҳаллаҳои Лаби Чашма, Сӯзангарон, Шафтолузор, Зардолузор намунаанд.

Бонувони маҳаллаҳои шаҳр пурҳунар буда, дар пазандагӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ чирадастанд. Ин далелро намоиши ҳунарҳои дастии бонувони маҳаллаҳо, ки дирӯз ба истиқболи ҷашни Истиқлолият баргузор шуд, собит сохт. Эъҷози дастони занону духтарон аз он дарак медод, ки онҳо ҳунарҳои аҷдодии ин сарзамини бостон дастархонороӣ, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ ва даҳҳо дигарҳоро то ба имрӯз ҳифз ва нигоҳдорӣ карда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ин ҳунарҳо рушду нумӯи тоза бахшидаанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ТЕХНОЛОГИЯИ ПАРВАРИШ МУҲИМ АСТ

Ҷуворимакка дар байни ғалладонагиҳо ҳамчун зироати серҳосил ва хӯроки серғизои соҳаи чорводорӣ маҳсуб ёфтааст. Дони он яке аз қисматҳои асосии комбикорм ба ҳисоб меравад, ки барои баланд бардоштани маҳсулнокии чорводорӣ ва парандапарварӣ хеле муҳим аст. Аз рӯи ғизонокӣ 1 килограмм дони ҷуворимакка ба 1,3 воҳиди хӯрока баробар аст. Дар

таркиби дон 9‐12 фоиз сафеда, 45 фоиз равған, миқдори зиёди қанд ва як миқдори кам клетчатка мавҷуд аст. Танаи ҷуворимакка дар давраи ширухамирӣ будани сӯтаҳо барои тайёр намудани силос истифода мешавад. Аз рӯи ғизонокӣ 1 килограмм силос дорои 0,25‐0,32 воҳиди хӯрокӣ ва 13‐18 грамм протеини ҳазмшаванда мебошад. Баъди ғунучини сӯтаҳо қисмҳои боқимондаи он (тана, барг) ҳамчун хӯроки дурушт дар чорводорӣ истифода бурда мешавад, иброз намуд Абдумалик Валиев корманди илмии филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Имрӯз деҳқонон ҷуворимаккаро ҳам барои дон ва ҳам барои гирифтани хошок, яъне силос кишт менамоянд. Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилоят майдони кишти ҷуворимакка барои дон дар соли 2021 дар вилоят 4698 гектар буда, барои силос бошад 5187 гектарро дар мегирад. Кишоварзон барои гирифтани ҳосили баланди дон ва хошоки ғизонокиаш баланд бояд ба технологияи парвариши он, аз қабили муборизаи кимиёвӣ, коргарди байни қаторҳо, ғизодиҳӣ ва обмонӣ эътибор диҳанд. Чӣ хеле дар суҳбат Абдумалик Валиев иброз намуд, мубориза бар зидди алафҳои бегона яке аз чорабиниҳои муҳим барои гирифтани ҳосили баланди ҷуворимакка ба шумор меравад. Дар солҳои сербориш сабзиши босуръати алафҳои бегона ба назар мерасад.

Бинобар ин баъди кишт, то неш задани тухмӣ гербисиди Стомп (3‐6 л/га) истифода бурдан аз манфиат холӣ нест. Ҳамчунин, истифодаи заҳрдоруҳои Арриво (0,32‐0,40л/га), Суми Алфа (0,300,40л/га) дар давраи 6‐8 баргагӣ бар зидди кирминаи ҷуворимакка мувофиқи мақсад аст. Бино ба гуфти мавсуф, нигоҳубини киштзори ҷуворимакка асосан аз нармкунии байни қаторҳо, нуридиҳӣ, ягонакунии ниҳолҳо, хишовакунӣ аз алафҳои бегона, муҳофизат аз ҳашарот ва обёрӣ иборат мебошад. Баъд аз 8‐10 рӯзи сабзида баромадани ниҳолҳои ҷуворимакка култиватсия карда мешавад. Дар давраи 3‐4 барга шудани қаторҳо онҳоро ягона намуда, байни ниҳолҳо бояд 25‐30 сантиметр масофа гузошта шавад. Зичии мӯътадили ниҳолҳои ҷуворимакка барои дон дар як гектар 5560 ҳазор ниҳолро дар бар мегирад. Имрӯзҳо кишоварзон барои гирифтан ҳосили баланд ба заминҳои киштнамудаашон бештар ғизо медиҳанд. Вобаста ба имкониятҳои иқтисодӣ дар давраи нашъунамои ниҳолҳо ду маротиба нуриҳои маъданӣ додан зарур аст, то ҳосили баланд ба даст орем.

Нуридиҳии якумро дар давраи 3‐4 барги ҳақиқӣ пайдо кардани ниҳолҳо мегузаронанд. Дар ин давра дар заминҳое, ки баробари кишт нурии фосфорӣ ва калийдор истифода бурда шудааст, фақат нурии нитрогенӣ медиҳанд. Агар нурӣ надода бошанд, дар ғизодиҳии якум аз омехтаи нуриҳои нитрогенӣ, фосфорӣ ва калийдор истифода мебаранд. Ғизодиҳии якумро дар масофаи 10‐12 сантиметр аз канори қатори растаниҳо ва дар чуқурии 12‐14 сантиметр гузаронида мешавад. Нуридиҳии дуюмро дар давраи 60‐70 сантиметр баланд шудани ниҳолҳо бо меъёри муайян нитрогени соф ва фосфор додан лозим аст. Дар ин давраи нашъунамо ниҳолҳои ҷуворимакка ба ғизои нитрогенӣ ва калийдор талаботи зиёд доранд, мегӯяд А. Валиев. Ҳамчунин, илова намуд, ки ҳангоми аз як гектар 60 сентнерӣ ҳосили дони ҷуворимаккаро гирифтан лозим аст, ки дар замин 180‐240 килограмм нитроген, 50‐90 килограмм фосфор ва 100‐195 килограмм калий сарф гардад.

Инчунин, дар мавриди обмонии ин зироат ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки меъёри обмонӣ аз иқлим, обу ҳаво, таркиби хок, ҷойгиршавии обҳои зеризаминӣ ва давомнокии давраи нашъунамои зироат вобастагии калон дорад. Зироати ҷуворимакка дар нимаи дуюми давраи инкишоф ба обмонӣ эҳтиёҷоти калон дорад. То пайдо шудани ҷӯробак дар вақти обмонӣ сатҳи намнокии хок бояд аз сатҳи ғунҷоиши умумии он 70 фоизро ташкил диҳад. Об бояд байни қаторҳо бо ҷараёни хурд баробар тақсим шавад ва обмонӣ то сиёҳ гаштани пушта давом ёбад. Обмонии якум бояд дар давраи пайдошавии 6‐7 барги ҳақиқӣ, яъне дар давраи саршавии пайдоиши органҳои генеративӣ, обмонии дуюм дар давраи пайдошавии ҷӯробак ва обмониҳои оянда дар давраҳои гулкунӣ ва пухта расидани дон гузаронида мешавад, мегӯяд мавсуф.

Гуфтан лозим аст, ки илова мекунад номбурда, вобаста аз минтақа парвариш барои зироати ҷуворимакка меъёри солонаи об чунин муайян карда шудааст: аз давраи аз зери хок баромадан то пайдошавии ҷӯробак 35 фоиз, аз давраи пайдошавии ҷӯробак то давраи ширухамирӣ 60‐65 фоиз, аз давраи ширухамирӣ то пурра пухта расидани дон 10‐12 фоиз. Миқдори об барои заминҳои хокаш сабук ба 500‐550, миёна 700‐800 ва вазнин 850‐950 метри мураббаъ баробар мебошад. Дар сурати риояи чунин қоидаҳо гирифтани ҳосили баланд аз эҳтимол дур нест. Лозим ба ёдоварист, ки дар вақти ҷамъоварии ҷуворимакка бояд намнокии он аз 15‐17 фоиз зиёд набошад. Баъд аз даравидан сӯтаҳо бояд дар офтоб паҳн ва хушк карда шаванд. Барои дар анборҳо нигоҳ доштан бояд намнокии дон аз 13‐14 фоиз зиёд набошад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ОБОДИИ ДАСТАРХОН ВА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Имрӯзҳо айёми пухтарасии ҳосили барвақтии сабзӣ, пиёз картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал мебошад. Деҳқонон бо истифода аз тамоми имкониятҳо кӯшиш бар он доранд, ки дастархони мардум пурнозу неъмат ва фаровон бошад.

Тибқи маълумоти сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, дар заминҳои шаҳру навоҳӣ то кунун аз 178451 гектари дурнамо 167394 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки 93,8 фисад мебошад. Аз ин миқдор дар 14307 гектар картошка кишт шуда, шаҳру ноҳияҳои Деваштич 3483, Панҷакент 2477, Кӯҳистони Мастчоҳ 2191, Истаравшан 1789, Шаҳристон 1293 гектар дар ин ҷода пешсафанд.

Дар бораи хусусият, навъҳо, тайёр намудани замин ва тухмӣ, шинонидан, нигоҳубин, шудгори замин, обдиҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба картошкапарварӣ ҷонишини раиси Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода иброз медорад, ки аслан картошка растании бисёрсола буда, дар мамлакатҳои иқлимаш муътадил онро чун растании яксола мепарваранд. Одатан картошкаро бо воситаи органҳои вегетативӣ (лӯндаҳо, муғчаҳо, қисми тана ва майса) ва генеративӣ (тухмҳои ботаникӣ) афзоиш медиҳанд. Муғчаи лӯндаи картошка дар ҳарорати 7‐8 дараҷа гармӣ месабзад. Дар ҳарорати 15 – 16 дараҷа майсаҳои картошка баъди 14 – 16 рӯз пайдо шуда, ҳарорати 20 – 25 дараҷа барои ҷараёни фотосинтез, сабзиш ва инкишофи растанӣ мусоид мебошад. Растании картошка ба сармо тобовар нест ва дар хунукии ‐2 – 3 дараҷа зарар мебинад. Дар давраи сабзиши бутта растанӣ, гулкунӣ ва ибтидои пайдоиши лӯндакҳо талаботи растанӣ ба намӣ меафзояд.

Аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии “Р‐Деҳқонов”‐и ноҳияи Спитамен дар майдони беш аз 5 гектар кишти картошкаро ба роҳ мондаанд. Кишоварзон аз тухмиҳои серҳосили «Пикассо», «Кардинал», «Кондор», «Латона», «Овчӣ», «Невский» ва ғайраҳо истифода намуда, умед доранд, ҳосили хуб даст оранд. Картошка ба хок талаботи зиёд дорад. Аз хокҳои нуриандохтаи ҳосилхез, хусусиятҳои обгузарониашон нағзи сохтдор, ки зиччиашон 1,2 г/см3 аст, ҳосили баланд гирифтан мумкин аст. Дар хокҳои таркиби механикиашон турш, шӯр, вазнин ва серсанг картошка хуб нашъунамо намеёбад. Картошкаи барвақтиро дар ноҳияҳои водигӣ моҳи феврал, аввали март ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар даҳаи якуми моҳи апрел мешинонанд. Миқдор ва муҳлати нармкунӣ ба шароити хоку иқлим вобастагӣ дорад.

Дар давраи нашъунамо байни қаторҳоро 3‐4 маротиба нарм карда, ғизо медиҳанду дар як вақт ҷӯякҳои обмонӣ мекашанд. Нармкунии якум баъди 7‐8 рӯзи пайдо шудани сабзаҳои картошка дар чуқурии 10‐12 см, дуюмаш баъди 12‐15 рӯзи нармкунии якум дар чуқурии 8‐10 см, сеюм ва чоруми он то ба ҳам расидани ниҳолҳои қаторҳо дар чуқурии 7‐8 см, дар як вақт бо хоккашӣ ба гардани буттаҳо ва нест кардани алафҳои бегона гузаронида мешавад.

Дар ҳолати нигоҳубини саривақтӣ ва обмонию коркард картошка ҳосили хуб медиҳад. Аллакай дар бозорҳои ҳудуди вилоят картошкаи барвақтиро, ки нони дуввум ҳам мегӯянд, дидан мумкин аст. Пас аз 10‐15 рӯзи дигар мавсими ғунучини ҳосили картошка фаро мерасад. Умед дорем, ки натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва барои ободии дастархони мардум ҳиссагузор хоҳем шуд, иброз медоранд масъулин.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Александр Ким

Раиси вилояти Суғд муовини роҳбари ширкати қазоқистонии «НТРС» (Национальная торгово-распределительная сеть) Александр Кимро ба ҳузур пазируфт.

Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози мулоқот таъкид кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев робитаҳои шарикии стратегии  ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

31 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, таҳти рақами 260 “Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” ҳисоботи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода шунида шуд.

Читать далее

Раиси вилоят кӯдакони бемор​ Ғолибҷон Сатторов ва Оишахон Соҳибоваро аёдат кард

Раиси вилояти Суғд дар арафаи Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон, ки ҳар сол рўзи якуми июн ҷашн гирифта мешавад, ду нафар аз кӯдакони маъюбро аёдат кард.

Раҷаббой Аҳмадзода Ғолибҷон Сатторови 7 сола ва Оишахон Соҳибоваи 13 соларо аёдат карда, ба хурдсолон туҳфаҳои идонаи худро супорид. Зимни аёдат таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои тарбияи насли наврас тамоми шароити заруриро фароҳам оварда, кӯдакони маъюбу ятим ва дигар ниёзмандонро ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён

Дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара сохтмони хонаҳои нав барои сокиноне, ки манзилашон бар асари даргириҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел хароб шуда буд, бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои сохтмониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, баҳри вусъат бахшидан ба раванди сохтмони манзилҳои зист ба масъулини дахдлдор супоришҳо дод.

Читать далее