May 2021

19 May 2021

ДАСТГИРИИ ҶАВОНОНИ ДЕҲОТ БАҲРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Дар Ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Саодат» Маркази дастгирии ҷавонони деҳот ташкил ва расман ба фаъолият оғоз кард. Марказ ҳанӯз моҳи апрели соли равон ташкил шуда, курси омӯзиши забонҳои хориҷӣ амал мекард.

Тавре корманди марказ Манзура Ашӯрова гуфт, алҳол ҳафт синфхона, аз ҷумла, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи информатсионӣ, ҳамчунин, барои занону бонувон ҳунарҳои дӯзандагиву пазандагӣ ба роҳ монда шудааст.

Хонандагон бештар барои омӯхтани забонҳои хориҷии русӣ, англисӣ ва олмонӣ диққати махсус дода, орзу доранд, дар донишгоҳу донишкадаҳои азими дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намоянд. Баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунарҳои кадбонугӣ дар марказ барои ҷавонписарон омӯзиши касбҳои барқчӣ, кафшергарӣ ва устои нақлиёт ҷорӣ шудааст, ки онҳо метавонанд аз устодони моҳир ин касбро ба пуррагӣ азхуд кунанд, гуфт Манзура Ашӯрова.

Боиси қайд аст, ки омӯзиш ройгон буда, шахсони аз 15 то 35‐сола метавонанд худро номнавис кунанд. Ҳоло ба марказ 150 нафар хонанда ҷалб гардидаанд. Хонандаи марказ Наргиза Раҳмонбердиева дар суҳбат гуфт, ки нисбат ба касби дӯзандагӣ рағбати зиёде дорад ва мавҷудияти чунин марказҳо имкон медиҳанд, ки занону бонувони деҳот соҳибкасб гардида, минбаъд барои пеш бурдани фаъолияти меҳнатӣ кӯмакрасон хоҳанд буд. Барои азхуд кардани касби дӯзандагӣ дар деҳа марказ ва ё нуқтаи омӯзишӣ фаъолият надошт. Орзу мекардам, ки дӯзандаи моҳир гардида, барои худ ва наздиконам либосҳои замонавии зебову шинам дӯхта бошам. Барои рафтан ба маркази ноҳия монеа вуҷуд дошт, вале хушбахтона, имрӯз чунин марказ ба фаъолият оғоз кард ва мекӯшам, тамоми нозукиҳои касбро аз устодон омӯзам, гуфт номбурда.

Ҳамчунин, дар деҳаи мазкур барои ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҷавонписарон касбҳои мардона ба роҳ монда шудааст. Хонандаи синфи 10 уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 и ҷамоат Беҳрӯз Қаҳҳоров низ қатори дигар ҷавонписарон барои касбомӯзӣ ба марказ шомил гардидааст. Барои як мард чил ҳунар кам аст ва баробари таҳсил дар мактаб тасмим гирифтам, ҳунари кафшергариро азхуд кунам. Ба фаъолият оғоз кардани чунин марказ барои мо ҷавонон саривақтӣ ва зарур аст. Ҳоло ҳафтае ду маротиба омӯзиш ба роҳ монда шуда, устодони соҳибкасб ба мо ҷавонон, нозукиҳои касбро меомӯзонанд. Умед дорам, дар ин самт ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардам, гуфт Беҳрӯз Қаҳҳоров.

Тавре корманди Ҷамоати деҳоти Тағояк Ӯғулой Шерназарова иттилоъ дод, аҳолии ҷамоат 6163 нафар буда, ин марказ дар ҷамоат ягона аст. Дар деҳаи Меҳтари ҷамоат низ чунин марказ вуҷуд дошт, вале он бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонд. Бошандагони деҳа умед доранд, ки ҷавонон соҳибкасб гардида, минбаъд касби азхудкардаашонро барои пеш бурдани шароити иқтисодии худ равона хоҳанд кард.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

18 May 2021

ПИЛЛА - ТИЛЛОИ САНОАТИ МАҲАЛЛӢ

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба рушду равнақи соҳаи кирмакпарварӣ дар мамлакат эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро тайёр намудани бирешими хом аз касбу ҳунарҳои миллии қадимии мардуми кишвар ба ҳисоб рафта, равнақ бахшидани он ба рушду такомули саноати сабук мусоидат хоҳад намуд.

Бо дарки муҳимияти ин масъала дар вилоят имсол, мувофиқи нақшаи дурнамо, 9 ҳазору 180 қуттӣ тухмии кирмак ба кирмакпарварони шаҳру навоҳии вилоят тақсим карда, бояд аз он 298 тонна ашёи хоми гаронбаҳо пилла ба даст оварда шавад. То имрӯз, чӣ хеле намояндаи ҶСК «Пиллаи тоҷик» дар вилоят Парвиз Бегматов изҳор дошт, 8 ҳазору 640 қуттӣ тухмии кирмак тақсим шуда, тақсимоти 540 қуттии боқимонда бо сабаби шароити обу ҳаво ба ноҳияи Айнӣ, минтақаи кӯҳистони шаҳрҳои Исфара, Панҷакент ва як қисми Истаравшан дертар сурат мегирад.

Тавре аз суҳбат аён гашт, имсол ба кирмакпарварон тухмии навъи хитоӣ тақсим карда шуда, он ба иқлими вилоят тобовар аст ва хурсандона, то ҳол ягон ҳодисаи ба касалӣ гирифтор шудани кирмак ба қайд гирифта нашудааст. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Мастчоҳ, Ашт ва Спитамен пиллапечӣ оғоз гардида, аз санаи 15 – уми май пиллачинӣ ва супоридани он ба нуқтаҳои қабул оғоз гардид. Бино ба гуфти масъулин, нуқтаҳои қабули пилла дар ҳама шаҳру ноҳияҳо мувофиқи барнома барои ҳосили имсола пурра омода аст. Ногуфта намонад, ки солҳои пеш нархи як килограмм пиллаи омехта аз 4 то 5 сомонӣ арзиш дошт. Ҳоло нархи он аз тарафи ҶСК «Пиллаи тоҷик» 10 сомонӣ ва пиллаи сақат 4 сомонӣ муайян гардидааст. Тибқи иттилои масъулин, тухмии кирмак ва дигар мавод барои зиндакунӣ ва парвариши кирмак ройгон буда, аз тарафи ҶСК «Пиллаи тоҷик» маблағгузорӣ шудааст.

Аз нимаи дувуми моҳи май аллакай ноҳияҳои кирмакпарвар ба фаъолият оғоз карда, кӯшиши ҳарчи бештару пештар ба Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТ Силк» дастрас кардани пиллаи хушсифатро доранд. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки мусоид омадани обу ҳавои имсола имкон медиҳад, ки кирмакпарварон истеҳсоли навъҳои хушсифати пилларо ба роҳ монда, барои роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрас кардани матоъ ва ресмони абрешими табиӣ замина гузоранд. Ҳарчанд дар ин соҳа мушкилиҳо зиёд ба назар мерасанд, аммо азми қатъии кирмакпарварон онҳоро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун аст. Дар ин замина бояд онҳо аз рӯи «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди он барои солҳои 2020 2024» амал карда, баҳри рушди соҳа корбарӣ намоянд. Тибқи иттилои масъулин, дар шаҳри Конибодом соли равон 1160 қуттӣ кирмак зинда гардонида шудааст, ки ин назар ба соли гузашта 160 қуттӣ зиёд мебошад.

Аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа имрӯзҳо дар 1782 хонадони кирмакпарвар нигоҳубини он ба роҳ монда шуда, ҳолати агротехникии он хуб мебошад. Кирмакпарварони шаҳр дар ин самт таҷрибаи кофӣ дошта, азм доранд, ки соли равон истеҳсоли пилларо назар ба солҳои қаблӣ боз ҳам афзун намоянд. Гузаронидани таҷрибаҳо, тадбиқи он ва ташкили ҷойҳои махсуси пиллапарварӣ дар маҳал ва дигар корҳои лозима омили мусоиди ҳам ташкили ҷойҳои корӣ, иҷрои барзиёди дурнамо ва гирифтани даромади бештар аз он мебошад. Барои он ки соли равон ҳосили дилхоҳи пилла ба даст оварда шавад, мувофиқи тавсияи мутахассисони соҳа кирмакпарваронро зарур аст, ки дар ҳавои гарми офтобӣ, ҳамчунин аз он минтақаҳои хоҷагиҳо, ки зироатҳои кишоварзӣ бо заҳрхимикатҳо коркард карда шудааст, барг назананд, ки ба кирмак зарар дорад.

Ҳавои хонаи кирмакнигоҳдориро ҳамеша тоза нигоҳ доранд, ҳарорат бояд аз 26 дараҷа гармӣ баланд ё паст нагардад, намнокии хона бошад, бояд 70 фоизро ташкил кунад. Барои нигоҳ доштани намӣ ба фарши хона матои намкарда густурда шавад. Нагузоранд, ки теғи офтоб ба он хона фарояд. Бо риояи доимиву қатъии ҳамаи ин нишондодҳо метавон ҳосили дилхоҳи ин ашёи хоми қиматбаҳоро ба даст овард.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ЗАМИНИ КИШТИ ЗИРОАТ ДОМАН ПАҲН МЕКУНАД

Чӣ хеле Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ соҳаи кишоврзӣ буда, рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад. Қобили зикр аст, ки баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ намудани кишти такрорӣ ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат дорад.

Дар самти истифодаи оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамасола дар ноҳияи Деваштич дар мавсими кишт чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Соли ҷорӣ дар асоси дурнамо дар ноҳия ҳамагӣ 26 ҳазору 547 гектар кишти баҳорӣ пешбинӣ гардида, алҳол дар майдони 18 ҳазору 542 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он 18 ҳазору 238 гектарро ғаллагӣ ташкил медиҳад.

Дар ноҳия бештар кишти ғалла ва картошка ба роҳ монда шуда, парвариши ин намуди зироатҳо яке аз самтҳои асосии хоҷагии қишлоқи ноҳия ба ҳисоб меравад. Кишоварзон барои боз ҳам васеъ намудани майдони кишти зироатҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии он аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Дар мавсими кишти имсола кишоварзон дар майдони 3015,7 гектар гандум ва 11140,3 гектар ҷав кишт намуданд, ки майдони кишти гандум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 750,6 ва ҷав 986,9 гектар зиёд аст.

Ҳамчунин, деҳқонони ноҳия азм доранд, ки бо беҳтар гардидани обу ҳаво дар 150 гектар кишти ҷуворимакка барои донро гузаронанд. То охири моҳи апрели соли равон дар майдони 80,3 гектар зироатҳои равғандеҳ кишт шудааст, ки кишоварзон то охири мавсими кишт майдони онро ба 850 гектар расониданианд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи картошкапарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд, зеро иқлими ноҳия барои истеҳсоли ин намуди маҳсулот, ки нони дуюм ҳисобида мешавад, мусоидат менамояд. Картошкапарварони ноҳия дар ҷавоб ба таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат барои зиёд намудани майдони кишт, инчунин, баҳри истеҳсоли картошкаи хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза камари ҳиммат бастаанд.

Дурнамои кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 5 ҳазору 853 гектар, аз ҷумла, кишти барвақтии картошка ба 315 гектар пешбинӣ гардидааст. Алҳол дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 210,4 гектар кишти картошка гузаронида шудааст. Барои кишти имсола дар ноҳия 23 ҳазору 412 тонна тухмии картошка захира намуда буданд. Ҳамчунин, 1 ҳазору 800 тоннаи дигари он барои фурӯш ба дигар шаҳру ноҳияҳои картошкапарвар пешбинӣ гардида буд. Кишоварзони ноҳия ҷиҳати озод будан аз пардохти андози ягонаи замин қаноатманд гардида, ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумату давлат дар заминҳои худ меҳнат намуда, барои гирифтани ду ва ё зиёда ҳосили дилхоҳ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода менамоянд.

Мирзо МИРЗОЕВ,

сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Деваштич

Читать далее

ТЕХНОЛОГИЯИ НАВ ДАР МАСИРИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ иброз доштанд, ки бояд дар соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби олимон технологияи навини соҳавӣ кор карда баромада ва истифода бурда шавад. Ин имкон медиҳад, рушди соҳа таъмин ва самаранокии иҷрои ин ё он технология дар сатҳи зарурӣ ба даст оварда шавад.

Дар ин радиф технологияи навин оид ба кандани андозаи геометрии ҷӯяк нисбат ба тири қатор муҳим аст, ки барои несту нобудкунии алафҳои бегона мусоидат мекунад. Омӯзиши дараҷаи сабзиши алафҳои бегона дар қатори токзор нишон дод, ки асосан аз намнокии хоки қатори токзор вобаста мебошад. Яъне чӣ қадаре, ки намнокии хок зиёд бошад, ҳамон қадар сабзиши алафҳои бегона бисёр мешавад. Чунин ҳолат на балки ба сабзишу пастшавии ҳосилнокии дарахтони мевагӣ ва ток, аз он ҷумла ба хароҷоти иловагии пулию молӣ ҳам оварда мерасонад. Яъне алафҳои бегона қисман нуриҳои минералии даровардашударо истеъмол мекунанд; гузарондани коркарди иловагии қатори токзор ба миён меояд, ки хароҷоти иловагӣ аст; меъёри нуриҳои минералӣ паст гардад, ба пастшавии ҳосилнокии меваю ангур оварда мерасонад.

Аз ин лиҳоз, масъалаи омӯзиш ва асоснок кардани масофаи кандани ҷӯяки обёрикунанда аз тири қатори токзор ба миён меояд. Барои ҳалли ин масъала санҷиши кандани ҷӯякҳои обёрикунанда аз тири қатор дар масофаи 35 сантиметр (дар хоҷагиҳои ангурпарварӣ) ва 70 сантиметр (пешниҳодшуда) гузаронида шуд. Натиҷаҳои санҷиш нишон дод, ки дар вақти обёрикунӣ бо кандани ҷӯякҳо дар масофаи 70 сантиметр аз тири қатори буттаҳои ток сабзиши алафҳои бегонаро дар мавзеи ҳимоягӣ то 50 фоиз нисбат ба ҷӯякҳои обёришавандаи дар масофаи 35 сантиметр аз тири қатор паст менамояд (ин натиҷа дар соли аввал ба даст омад ва дар оянда омӯзиши он давом дода мешавад, ки бояд боз ҳам паст шавад). Сабаби асосии чунин ҳолат дар он аст, ки наздикшавии ҷӯяки обёрикунӣ ба қатори токзор ба сернамшавии сатҳи хоки мавзеи қатори токзор оварда мерасонад, ки барои сабзиши алафҳои бегона шароит фароҳам меоварад. Дараҷаи сабзиши алафҳои бегона дар мавзеи қатори токзор вобаста аз ҷойгиршавии ҷӯякҳои обёрикунанда нисбат ба тири қаторро дида баромадем.

Аз таҳлилҳои ҳаматарафаи бадастовардашуда бармеояд, ки ҷойгиршавии масофаи ҷӯяки обёрикунанда аз тири қатор 70 сантиметр нисбат ба масофаи кандани ҷӯяки обёрикунанда (вуҷуддошта) 30‐35 сантиметр беҳад ба пастшавии алафҳои бегона (то 50 фоиз) дар мавзеи ҳимоягии органҳои корӣ оварда мерасонад. Ба ғайр аз ин, санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дуршавии ҷӯяки обёрикунанда аз тири қатор ба тарафи мобайни қатор дар масофаи 70 сантиметр сатҳи хоки ҳамворро ба вуҷуд меорад, ки барои ҳаракати узви кории панҷагиро шароити хуб фароҳам меорад.

Ин имконият медиҳад, ки мунтазам ҳаракатро дар чуқурии додашуда бо ҳамаи дарозии корди панҷаро таъмин намояд. Ба ғайр аз ин, коркарди хоки байни қатори токзорро хушсифат ва сермаҳсултар мекунад, ки ба майдашавии хок сабаб мегардад. Дуршавии ҷӯяки обёрикунанда ба сифати обёрӣ ва муҳлати он таъсир намерасонад, баръакс, намнокиро решаи ток пурра истифода мебарад, ки барои баландшавии ҳосили ангур таъсири мусбат мерасонад.

Ш.БАҲОДУРОВ,
профессори Донишкадаи кӯҳию
металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо  Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо таманниёти нек ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуданд.

Читать далее

17 May 2021

РӮ НАОРАД БА ХОНИ КАСЕ СОҲИБҲУНАР...

Яке аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишварамон он аст, ки бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат барои рушду такомули ҳунарҳои мардумӣ роҳи васеъ кушода шуд. Давоми чанд соли охир намудҳои гуногуни ҳунармандӣ аз байни халқ нумӯъ кардаву рушду равнақи бесобиқа ёфт.

ИДОМАИ ҲУНАРИ АҶДОДОН

Маркази таълимӣ-истеҳсолии ба номи Рассоми халқии Тоҷикистон Зулфия Баҳриддинова бо ибтикори бонуи ҳунарманд Мавҷуда Ҳакимова баҳри ҷалб намудани занону духтарон ба атласу адрасбофӣ таъсис дода шуд. - Номи ин ҳунарманд натанҳо байни мардуми шаҳри Хуҷанд, балки дар тамоми қаламрави кишвар ҳамчун бонуи соҳибистеъдод, ҳунарманди асил, рассоми мониқалам маъруф аст. Ва мо хостем, марказамон номи ин соҳибҳунари фарзонаро дошта бошаду аз ин макон садҳо бонувон ба худ ҳунару сарчашмаи ризқёбӣ пайдо кунанд,-мегӯяд сарвари марказ.

Устоди аввалини бонувон дар ин марказ бонуи пурҳунар Машҳура Орифова буданд, ки сирру асрори ҳунари волои хешро бо тамоми нозукиҳояш ба шавқмандон омӯзониданд. Ва дар муддати чанд сол аз маҳаллаҳои шаҳр занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шуда, то ин вақт бештар аз 200 нафар ҳунари атласу адрасбофиро ёд гирифтанд. Имрӯз аксари онҳо дар хона ва ё ҳудуди маҳаллаашон сехи атласу адрасбофӣ ва дӯзандагӣ кушодаанд. Гулсара Каримова, Мушаррафа Турсунова, Муҳайё Юсуфова, инчунин Мухбира Ваҳҳобова аз деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо дигарон сех кушодаву алҳол ба омода намудани шогирд машғуланд.

МАРКАЗ-САРЧАШМАИ РИЗҚЁБИИ ОИЛАҲОИ ЭҲТИЁҶМАНД

-Агар қаблан ҳамаи бонувони хоҳишмандро ба омӯзиш ҷалб намоем, ҳоло бошад, бо назардошти шароити оилавиашон, яъне занони хонанишин, яккаву танҳо, маъюб, онҳоеро, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатианду дар таъминоти рӯзгор азият мекашанд, ба кор мегирем.

-Соли гузашта,-мегӯяд Мавҷуда Ҳакимова,-бо сабаби паҳн гаштани бемории сироятии коронавирус дар марказ истеҳсоли маҳсулот назар ба дигар солҳо коҳиш ёфт. Зиёда аз 20 ҳазор метр атласу адрас бофта шуд. Ин миқдорро бо нишондиҳандаи имсола муқоиса намоем, давоми чаҳор моҳи соли 2021-ум зиёда аз 5 ҳазор метри тӯлонӣ атласу адрас бофта шуд. Алҳол дар марказ дар даҳ дастгоҳи бофандагӣ 12 нафар меҳнат мекунанд.

- Атласу адраси бофтаи бонувони мо бо обуранги ҷаззоби хеш, барҳақ, чашму дил мерабоянд, навъҳои балдоқ, қатра, пахта, мавҷи дарё, намозишоми сурх, дуранга, атласи зард, атласи зарду сурх, нозанин бар тани ҳар бону зебандаву ҳуснафзо аст.

–Бонувони мо баробари бофтани атласу адрас ҳамчунин аз ин матоъҳо курта, барои ҷавонон нимтана, френч ва барои армуғон сумкача ва болишт медӯзанд.

АШЁИ ХОМ-НАХИ ПИЛЛА ВА ПАХТА

Чуноне сарвари марказ иброз дошт, барои истеҳсолоти худ ашёи хомро аз коргоҳҳои саноатии «Нассоҷи Хуҷанд», «Олим-текстайлз»-и ноҳияи Мастчоҳ ва дигар корхонаҳо дастрас менамоянд. Алҳол матои атлас аз нахи абрешими сунъӣ ва матои адрас аз нахи пахта ва пилла тайёр карда мешавад.

-Баъди дастрас намудани ашёи хом онро корманди мо Иноятҷон Орифова бо сифати баланд рангубор медиҳанд. Ин бону дар касби хеш соҳибистеъдод буда, авлодонаш бо ин пеша машғул буданд. Ва бояд зикр кард, ки имрӯз таваҷҷуҳи харидорон ба матои аз нахи табии пахта ва пилла тайёршудаи адрас бештар аст ва ин матоъ ба ҷуз ба тани бонувон шинаму зебандагиаш ҳамчунин бароҳату шифоӣ низ аст,- мегӯяд ӯ.

ПЕРОҲАНИ АТЛАСУ АДРАС - ЗЕБИ БОНУВОНИ ТОҶИК

Байни мардуми шаҳри бостонии Хуҷанд мақоле ҳаст, ки мегӯяд «зардолу мехӯронад, тут ва пахта мепӯшонад». Яъне, ин мақол аз он дарак медиҳад, ки сокинони шаҳр аз қадимулайём бо парвариши ин меваҳои биҳиштӣ ва зироат машғул буда, дар давраҳои мушкилтарин низ аз гуруснагӣ эмин мондаанд. Бо барги дарахти тут кирмак парвариш мекарданду аз пиллаи он абрешими хом тайёр намуданд. Ба ин гуфтаҳо рӯзгори модари шодравонамро мисол оварда метавонам, ки дар айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ онҳо дар сандуқи калоне қоқ захира карда буданду гуруснагӣ накашиданд. Модарам, духтараки шонздаҳсола дар дӯконашон шабонгоҳҳо атлас мебофтанд, рӯзона бошад, дар коргоҳи «Хуҷандатлас», ки дар маҳаллаи Раззоқ ҷойгир буд, кор мекарданд. Модарам мегуфтанд, нақшҳои атласу адрасро бонувони шаҳри кӯҳан аз ҳафтранги рангинкамон, ки дар мавҷҳои оби рӯди Сир ҷилва мекард, бардошта, офаридаанд ва он тайи асрҳо зеби тани занону духтарони тоҷик аст.

МУАММОҲОИ ПЕШОМАДА ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН

-Соли равон аз аввали сол бо баланд рафтани нархҳо арзиши ашёи хом боло рафт. Ва нархи фурӯши маҳсулот арзиши аслиро намепӯшонад. Агар арзиши матоъ ва ё маҳсулоти истеҳсол-намудаамонро қимат кунем, харидор онро намехарад, бо вуҷуди он ки дар тамоми дунё арзиши маҳсулоти истеҳсоли дастӣ баланд аст,- мегӯяд роҳбари марказ.- Вале чӣ бояд кард? Илоҷи чора бояд ҷуст, маоши кормандон бояд пардохт.

 Барои ин мо ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кумитаи бонувон ва кор бо оила муроҷиат намудем. Дар ин самт ин мақомот моро хеле дастгирӣ намуданд. Яъне, бештари маҳсулоти мо ба фурӯш рафт, ҳини гузаронидани чорабиниҳо барои бонувон, баргузории озмунҳои гуногун. Роҳи дигари ҳалли ин муаммо-фурӯши маҳсулотамонро тариқи шабакаҳои иттилоотӣ ба роҳ мондем. Мо нусхаҳои атласу адраси истеҳсолнамудаамонро ба шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштем ва ба ин васила низ харидор дарёфт намудем.

Ҷоиз ба зикр аст, ки занону духтарон бо азхуд намудани ҳунарҳои атласу адрасбофӣ устодони касби хеш гаштанд, чандин нафарашон дар озмун барои гирифтани грантҳои Раиси вилоят ва раиси шаҳр ғолиб омаданд, ки ин низ барои рушду такомули фаъолияташон мусоидат кард. Яъне мошини дарздӯзӣ, йӯрмадӯзӣ хариданд, ҳудуди сехашонро васеъ, теъдоди шогирдонро афзун намуданд.

-Чуноне медонем, ҳар як халқияту миллат дар ин дунё тарзи либоспӯшии хеш, либоси миллии худро дорад. Ва мо мардуми сарбаланду саодатмандем, ки либоси миллии барои мардуми тамоми дунё манзури худ - атласу адрасро дорем. Ва аз кадом гӯшаи олам ба сарзамини мо меҳмон ояд, мафтуни ҷилои ҳафтранги атлас мешавад,-мегӯяд сарвари марказ,- ниятҳои мо калонанд. Ба истиқболи ҷашни фархундаи мамлакат-30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон коргоҳамонро васеътар, теъдоди кормандонро афзун гардонида, аз ин ҳисоб баҳри беҳтаршавии сатҳи рӯзгори чандин оилаҳо мусоидат карданием.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ЧЕҲРАИ БОНУВОН ДАР ОИНАИ ҲАЁТ

Ҳанӯз соли 1999 ба тасвиб расидани Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қабули Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ марҳалаи тозаеро дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва бештар намудани ҷалби занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ боз намуд.

Боиси қайд аст, ки маҳз қабули фармони мазкур барои дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, тандурустиву маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои кишвар нақши муҳим мебозанд. Алҳол, занон дар зинаҳои баланди давлатдорӣ мақоми худро соҳиб шудаанд. Имрӯз 20 ҳазор нафар дар мақоми роҳбарикунанда фаъолият доранд, ки аз онҳо 1167 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд. Аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд ва ин рақам нисбат ба давраи гузашта зиёд аст.

Ҳамзамон, аз ҳисоби занони вилоят як нафар муовини Раиси вилоят, як нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, як нафар раиси шаҳр, 15 нафар ҳамчун муовини раисони шаҳру ноҳия иҷрои вазифа менамоянд. Боиси қайд аст, ки барои дастгирии занону бонувон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаҳои мухталиф таҳия гардида истодаанд. Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» бо мақсади тарбияи кадрҳои соҳибтахассус таҳия гардида, дар ин раванд доир ба иҷрои талаботи барномаи мазкур дар вилоят корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. - Мақсади асосии қабули Барномаи мазкур муайян кардани сиёсати дарозмуддати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳо доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, таъмини ҳуқуқи баробари марду зан ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда, таъмини шароити ҳаматарафаи таълимӣ, ҷалби бештари духтарон ба таҳсил дар синфҳои 10 - 11, фароҳам овардани шароит, дастрасӣ ва ҳимояи иҷтимоии занони деҳот арзёбӣ мегардад, - гуфт сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршедахон Хоҷазода.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки барои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва пур кардани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, зиёд кардани шумораи занон ва ҷавонон дар хизмати давлатӣ, таъин намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимия-ти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, корбарӣ мунтазам ҷараён дорад.

- Бояд зикр кард, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бӯстон, Исфара, Зафаробод, Конибодом, Айнӣ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Мастчоҳ барои занону духтарони лаёқатманд силсилаи маҳфилу курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ оид ба мавзӯъҳои «Зан - роҳбар», «Мақоми зан дар ҷомеа», «Рушди соҳибкории занон», «Зан ва замин» ва «Зан ва сиёсат» гузаронида шуданд, - гуфт Хуршедахон Хоҷазода.

Боиси қайд аст, ки фаъолияти занону бонувон дар соҳаи маориф ва илм басо назаррас аст. Алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 12 доктори илм ва 336 номзади илм аз ҳисоби занон фаъолият дошта, аз 26 ҳазору 106 нафар зан, ки дар соҳаи маориф кор мекунанд, 2887 нафар роҳбар, 713 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Тавре Хуршедахон Хоҷазода таъкид кард, барои дастгирии духтароне, ки дар деҳаҳои дурдаст зиндагӣ ва таҳсил доранд, Квотаи Президентӣ ташкил шудааст. Аз 40 ҳазор духтар, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил менамоянд, 488 нафар тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғули омӯзиш буда, 52 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 61 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят ҳастанд.

Дар самти Барнома «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар шаҳри Истиқлол низ корҳои зиёде ба сомон расидаанд. Алҳол аз 18046- нафараи аҳолии шаҳр 9094 нафарашон занон ҳастанд. Дар муассисаҳои таълимӣ 182 омӯзгор фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 135 зан ҳас-танд. Аз 66 нафар хизматчии давлатӣ 33 нафар зан ҳастанд. Инчунин, сарварии 2 муассисаи таълимӣ ва 2 боғчаи бачагонаро занон ба уҳда доранд. Мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Азиза Аҳмадзода гуфт, ки бахши кор бо занон дар якҷоягӣ бо бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр 35 бонуи хонашинро ба курсҳои кӯтоҳмуддат, аз ҷумла кешбофӣ ҷалб кард.

- Баҳри андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии оилаҳои ҷавон аз ҷудошавӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, сӯиқасд ба ҷони худ ва даст ба худкушӣ задани занону духтарон, аз байн бурдани бегонапарастӣ, тақлидкориву тар-ғиби сарулибос ва анъанаҳои номатлуб дар байни занон, хусусан қишрҳои осебпазир, аз ҷумла, занони хонашин ва аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта кӯшиш ба харҷ медиҳанд, - гуфт номбурда. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан инчунин супоришҳои мақомоти болоиро дар ҳамкорӣ бо дигар воҳидҳои сохтории дахлдор ба роҳ монда, силсилаи чорабиниҳоро амалӣ менамояд.

- Айни ҳол тибқи Квотаи Президентӣ дар мактабҳои олии гуногуни кишвар 32 духтари болаёқат таҳсил намуда истодаанд. Ҳамасола аз тарафи масъулини шаҳр вохӯриҳо бо донишҷӯён ташкил гардида, ба ҳамаи онҳо аз ҷониби раиси шаҳр кӯмаки молиявӣ ва моддӣ расонида мешавад, - гуфт мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Фирӯза Мӯъминова.

Тавре иттилоъ дода шуд, 21 нафар занону духтарон хизматчиёни давлатӣ ва 1709 зан дар мақоми роҳбарикунанда фаъолият доранд. Ҷоиз ба қайд аст, ки бо иқдом ва дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят аз нав эҳё гардида, дар ин раванд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ Марказҳои таълимӣ - истеҳсолӣ таъсис додаанд, ки шумораи онҳо ба 282 адад расидааст.

Дар марказҳои таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ зиёда аз 654 дастгоҳи атласу адрасбофӣ насб гардида, 24 ҳазору 844 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунармандӣ ҷалб шудаанд. - Бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, дар ин самт таъсиси Грантҳои Президентӣ ва гранти Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст, - гуфт Хуршедахон Хоҷазода. Қайд гардид, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба таъмини занону духтарон бо ҷойи корӣ соли 2020 - ум 18 нафар зани ҳунарманд соҳиби Гранти Президентӣ гардиданд. Инчунин, аз ҷониби Раиси вилоят ба 60 зани ҳунарманд ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ грант супорида шуда, ин иқдом дар соли 2021 низ идома хоҳад ёфт.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ҚАДРИ ЗАҲМАТУ ТАЛОШ ВА ГИРОМИДОШТ

Дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба 76-умин солгарди Ғалабаи халқи шӯравӣ аз болои Германияи фашистӣ дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд яке аз кӯчаҳои марказии маҳаллаи 12-уми шаҳр ба номи вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъватҳои 3-4-5-6-7-8-9, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ходими давлатӣ Усмон Қосимов номгузорӣ шуд.

Ба ин муносибат дар саргаҳи кӯча ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он собиқадорони хизмати давлатӣ, ходимони ҷамъиятӣ, аҳли илму адаб ҳузур доштанд. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз зиндагинома ва хидматҳои шоис-таи Усмон Қосимов ёдовар шуд. Қайд гардид, ки фаъолияти ҷамъиятию сиёсии зиндаёд У.Қосимов баъди сарбаландона баргаштанаш аз набардгоҳ соли 1946 дар кумитаи партиявии шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан) оғоз шудааст.

Бештари солҳои роҳбариаш дар водии Вахш сипарӣ шуда, ноҳияҳои Шаҳртузу Кӯйбишев (Абдураҳмони Ҷомӣ), Колхозободу (Ҷалолиддини Балхӣ) Панҷ-ро сарбаландона роҳбарӣ кардааст. Усмон Қосимович 7 даъват вакили халқ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба ҳайси намояндаи халқ дар органи олии қонунбарори мамлакат низ хизматҳои арзандаву шоиста баҳри пешрафти зиндагии мардум ба ҷо овард.

-Соли 1970 вилоятҳои ҷумҳурӣ бо қарори Президиуми Совети Олии СССР аз нав барқарор шуданд,-нақл кард хотираҳои худро собиқ котиби комиҷроияи вилояти Ленинобод Баҳриддин Аҳмадов,- Бюрои ташкилӣ Рифъат Ҳоҷиевро, ки то ин дам котиби якуми кумитаи партиявии шаҳри Ленинобод буд, котиби якуми кумитаи вилоятии партия ва Усмон Қосимовро раиси комиҷроияи вилоят интихоб кард. Насиб будааст, бо устод Усмон Қосимович 8 сол, то дами вопасини умрашон ҳамроҳ кор кардем ва аз он кас бисёр сабақи кору зиндагӣ омӯхтем. Вилояти аз нав ташкилёфта дар давраи роҳбарии ин ду нафар басо пеш рафту тараққӣ кард. Ҳарду ҳам барои халқу Ватан хизматҳои шоиста карданд. –

 Усмон Қосимовро яке аз поягузорони азхудкунии водии Вахш номидан мумкин аст,-гуфт раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов,- устод аз зумраи пешвоёни водӣ буданд, ки дар ҳаллу фасли умдатарин масъалаҳо роҳбарияти ҷумҳурӣ фикру мулоҳизаи эшонро ба инобат мегирифт. Бинобар он Усмон Қосимовичро раиси комиҷроияи яке аз вилоят-ҳои калонтарини ҷумҳурӣ-Ленинобод - Суғди имрӯза таъин карданд. Зиндагӣ ва фаъолияти роҳбарии Усмон Қосимов барои насли дирӯзу имрӯз ва фардои кишвар бешакку шубҳа намунаи ибрат аст... Хидматҳои шоистаи Усмон Қосимов бо орденҳои Ленин, «Инқилоби Октябр», ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва якчанд Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.

Аз номи пайвандони Усмон Қосимов наберааш, сардори ШКД шаҳри Хуҷанд, полковники милитсия Илҳом Қосимов барои пос доштани хотираи неки бобояш ва абадӣ гардонидани номи ӯ арзи сипос кард.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Баргузории Дави миллӣ дар Суғд

Субҳи дирўз дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ва бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят Дави миллӣ доир шуд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд беш аз 12 ҳазор сокинони касбу кори гуногуни маркази вилояти Суғд дар чорабинии варзишӣ ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарони як қатор идораву ташкилотҳои вилоятиву шаҳрӣ ва сокинони касбу кори гуногун дар ин маъракаи варзишӣ фаъолона иштирок намуданд.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо рафти корҳои бартарафкунии оқибатҳои сел шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд,  пайомадҳои сел дар ноҳия бартараф гардида,  то имрӯз бо ҷалби техникаҳо ва ҳашари дастаҷамъона селроҳаҳо ва роҳҳои маҳаллӣ тоза карда шуд.

Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Ашт масоҳати 900 метр селроҳа ва дар Ҷамоати деҳоти Ошоба 500 метр роҳ барқарор карда шуд.

Читать далее