May 2021

20 May 2021

Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Хуҷанд

19 май Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аз қисми низомии 3501 боздид кард.

Раҷаббой Аҳмадзода бо шароити буду боши афсарону сарбозон шинос гардида, таъкид намуд, ки бо дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.

Читать далее

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Дар рафти мулоқот ҷанбаҳои мубрами робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ ва вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуданд.

Читать далее

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Тоҷикистон оғоз ёфт

19 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

20 май маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Читать далее

ТЕРРОРИЗМ ВА ХАВФИ ОН

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосии имрӯза буда, баъзе ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба пайвастан ба ҷараёнҳои террористӣ водор менамояд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гуруҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Ҳадафи онон кирдори бераҳмона расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.

Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд. Таассуфовар аст, ки дар Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва як қатор давлатҳои дигар, ки нобаробариҳои сиёсӣ‐иҷтимоӣ ва зиддияти мазҳабӣ дар он ҷо зиёд авҷ гирифтаанд, гуруҳҳои иртиҷоӣ бо истифода аз вазъи баамаломада ҳадафҳои душманонаи худро алайҳи мардуми бегуноҳ анҷом медиҳанд. Содир намудани акти террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки мардум бештар ҷамъ меоянд, дар ин кишварҳо як амали маъмулӣ гардидааст.

Хоинони миллат то ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Аз ин рӯ, мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Анварҷон АБДУҒАФФОРӢ,
судяи Суди вилояти Суғд

Читать далее

НАСЛИ НАВРАСРО БА РОҲИ ДУРУСТ РАҲНАМУН БОШЕМ

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш.

Дар марҳилаи ҳозира маводи тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани тафриқаандозӣ нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоии ватан канораҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша кардаанд. Дар зери шиорҳои бофта гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат бурда, ба бегонапарастию кадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ боиси шомил шудани ҷавонон ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандӣ ин аст, ки Истиклолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Бинобар ин мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Дар рафти корҳои тарбиявию беруназсинфӣ дар масъалаи хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза ва ҳушёрию зиракии наврасон дар масъалаи гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ эътибор дода мешавад.

М.ҚОСИМОВА,
сармуаллимаи кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

 

 

 

Читать далее

НЕСТ БОД ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Имрӯзҳо терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айни  замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ нафақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифратгароӣ сабзида расад.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».

Бадбахтона,  дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Чунонки дар боло қайд карда шуд, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муваззаф гардонидааст.

Дар баробари ин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремисти, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

Аз ин рӯ, мо омӯзгоронро водор месозад, ки баҳри тарбияи дурусти насли оянда саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки чунин вабои аср ба ақидаи солими имрӯзаи ҷавонон таъсири манфии худро расонад. Мо ҳамеша барои ҳифзи ҳар як порчаи хоки Ватану миллати хеш омодаем ва баҳри гул-гулшукуфии Тоҷикистони азизамон баҳри ҳимояи ҳар порчаи хоку ҳар қатраи обаш омодаем.

Раъно ШОДИЕВА,

устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

 бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Читать далее

Фаъолияти наҳзат - иғвобарангезию тӯҳмат

Фаъолияти ТТЭ ҲНИ, «Гурӯҳи 24» ва дигар ба ҳамин монанд ташкилотҳои ифротгаро ба бӯҳтон задан дар ҳаққи ватани хеш ва бо ҳамин роҳ оқибат баргаштан ба ҳолати сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-уми асри ХХ равона карда шудааст, яъне ин ҳамон нафароне ҳастанд, ки кишвари моро ба нестӣ бурдан мехостанд, имрӯз бошад даъвои ватандӯстию ватандорию соҳибватан буданро доранд. Онҳо пойдорию устувории сӯлҳу ваҳдати  Тоҷикистонро дидан намехоханд, ҳасад мебаранд, махсус пешравиҳое, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ назаррас ҳастанд нодида мегиранд. Барои ҳамин онҳо дастибадаст гирифта,бо ҳар гуна роҳҳо ба тӯҳматзаниву сангандозӣ машғуланд.

Ба шумо, хиёнаткорон гуфтанием, ки нисбат ба зодгоҳ, сарзамини худ иғвоҳои бешармона ва дигар амалҳои зиштро раво набинед, ки мардум ҳамаатонро  солҳои 90-уми асри ХХ аз наздик шинохтааст. Мардуми бонангу номус ва бошарафи Тоҷикистон дигар фирефта нахоҳад шуд!

Беҳтар аст, ки биёед, зиндагиро дар ватани худ ихтиёр куне два баҳри пешравии  ин ватан саҳм гузоред.

   Пӯлотов К. И. – муаллими калони кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

Читать далее

ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла, ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд.

Сабабҳои пайдоиши экстремизм ин аз сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ,  моддӣ,  идеологӣ,  хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ,  пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав,  ҷойдоштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ,  коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ,  поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ,  фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад.

Мо, ҷавонон терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем.

Шоҳзодахон МӮЪМИНОВА,
устоди Донишкадаи политехникии
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ

Читать далее

Роҳи нави ба даст овардани маблағ

Дар ҳама давра замонҳо будан шахсоне, ки барои пулу мол шуда ватану миллати худро мефурухтанд. Ин гурўҳ одамон танҳо дар фикри амалӣ намудани манфиатҳои шахсии худ мебошанд. Барои ин қабил одамон, ҳисси миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандорӣ, ваҳдату сулҳу субот барин арзишњо бегона мебошанд. 

Дар замони муосир бошад, кори чунин шахсон хеле осон гардидааст. Осонии кори онҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо  шабакаҳои иҷтимоиро ба бозори тиҷоратии худ табдил додаанд. Дар ин бозор молу маҳсулоти онҳо бе ягон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба фуруш бароварда мешаванд. Дар ин бозори иттилоотӣ шахсони тасодуфӣ ва ғайритахассус ба тиҷорати иттилооти беасос, бофтаю сафсата машғул шуда, маблағҳои калон ба даст меоранд.  Аз ҳамин лиҳоз савдогарони иттилооти сиёсӣ хеле зиёд мебошад. Дар ин ҷода бояд қайд намуд, ки бештари чунин савдогарон оиди худи сиёсат қариб тасаввуроте надоранд.  Онҳо худсарона  ва ғайриқонунӣ  сомонаҳои бо ном сиёсӣ кушода, дар он ҳар гуна маълумотҳои бардўрўғу бофтаи худро паҳну пахш мекунад. Ҳол он ки онҳо дар  дохили кишвар қарор надоранд ва солҳои зиёд дар хориҷи кишвар буда, иттилоотро чунин пешкаш менамоянд, ки гуё худи онҳо дар ҷои ходиса ва ё шоҳиди ҳодисаи мазкур мебошанд. Бештари чунин фардон шахсоне мебошанд, ки дар кишвари худ даст ба ҷиноят зада, ба хориҷи кишвар гурехта худро мусичаи бегуноҳ нишон доданї мешаванд. Ҳол онки онҳо худашон ҷинояткор мебошанд ва аз корҳои ҷиноии худ фаромуш кардаанд.

Бахусус  Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў, ки доимо дар андешаи ба майдони низоъ кашидани мардум мебошанд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ягон маротиба дар шабакаҳои ғайриқонунӣ кушодаи худ оиди дастовардҳои давлату миллат, пешравии он, сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, ки ҳукумати имрўзаи Тоҷикистон баъд аз оне, ки роҳбарони пешинаи М. Кабирӣ ва пайравони онҳо солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардуми тоҷик оварда буданд, сухане намегўянд ва ё наменависанд. Хуб мешуд дар сомонаҳои ғайриқонунӣ кушодаи худ оиди ҷиноятҳои содир намудаи худ ва наздикон ва пайравонашон менавиштанд ва насли наврасро аз пайроҳаҳое, ки худашон тай намуданд, пешгирӣ менамуданд. Вале онҳо хуб дарк менамоянд, ки баъд аз навиштани чунин ҳақиқат дигар ҳеҷ кас сомонаҳои онҳоро намехонад ва онҳо маблағ кор карда наметавонад.

Бояд қайд намуд, ки имрўз мардуми шарафманди кишвар сиёҳро аз сафед ҷудо кардаанд ва ҳеҷ зарурат ба маслиҳатгар надорад. Аз он ҷумла ба он шаҳсоне, ки аз ҷониби хоҷагони беруна маблағгузорӣ шуда, дар хориҷи кишвар нишаста мардумро роҳи “дуруст” нишон доданї мешаванд, эњтиёљ надорад.

Бахусус ҷавонони тоҷик ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки дасти нохалафе ба сари миллати тоҷик бардошта шавад.

Давлатов У. Н. – ассистенти кафедраи
муносибатҳои  байналхалқии ДДҲБСТ

Читать далее

Дар ҳифзи Ватан мо сари таслим наорем…

Ҳимояи марзу буми Ватан қарзи муқаддаси ҳар ватандор асту шаҳрванди меҳанпараст вазифадор аст, ки ҳар як пораи кишварашро чун гавҳараки чашм азиз донад ва ба он арҷгузор бошад.

Маълуми ҳамагон аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронду аз тараққиёту пешрафт солҳои дароз ақиб монд... Хушбахтона мардуми аз  асли худ огоҳ, аз таърихи миллат ва хидмати аҷдоди хеш дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ огоҳ дар се мафҳуми калидӣ: худшиносии миллӣ, ин арзишҳо ва манофеъи миллиро дар сатҳи олӣ ба вусъат ва густардагӣ расмият бахшид.

Ин фалсафа ба умқи шуури ҳар шаҳрванди ватанпарвари кишвар ҷой гардидаасту ҳамагон ба хубӣ дарк намудаем, ки ҳифзи Ватан, арҷгузорӣ ба марзу бум қарзи шаҳрвандии мост.

Ин Ватан аз мост, ин сарзамин аз мост, ин ободӣ аз барои мост, пас чаро мо марзу буми ин Ватанро ҳимоя накунему ба ҳифзаш ҷон набиспорем? Тоҷик ҳамеша миллати худро гиромӣ медошт ва мо ҳам чун пешгузаштагони худ, дар ҳифзи Ватан, дар ҳимояи ин кишвари кӯҳсору офтобрӯя мекӯшем.

М.ШАРИФЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Читать далее