May 2021

27 May 2021

Манфиатҳои ғаразноки Кабирӣ

Агар инсоният аз оғоз ҳамеша худро дар ҷангу ҷидол медид, пас имрӯз мо ба ин ҳадди тараққиёт намерасидем. Танҳо муҳаббат ба илму дониш инсонҳоро ба ин ҳад ва авҷи тараққиёт расонид. Аммо афсӯси он ки дар дунё нафароне чун роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ вуҷуд доранд, ки ҷомеаро ба таҳлука меандозанд ва ҳамеша манфиати худро ҷӯёанд. Магар гузаштагони мо дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмиву худшиносӣ барин мафҳумҳоро дар осорашон насурудаанд?

Магар онҳо мусалмон набуданд? Куштани мӯрча барин ҳашароти хурд гунаҳ шуморида мешуд, аммо Кабирию ҳаммаслаконаш солҳои 90-уми асри гузашта чи балоҳое ба сари мардум наёварданд. Имрӯз боз бо кадом рӯ худро муъмину мусалмон мегӯянд. Боз бо кадом забон даъвои ватанхоҳӣ доранд. Бо нафрати беандоза ба ин мардуми гумроҳ, ки худро бодину диёнат мешуморанд, гуфтаниям, ки пеш аз сухан кардан ва сиёҳ кардани мардуми Тоҷикистон аввал аз кирдорҳои нангини худ ва ҳаммаслаконашон нағзакак андешанд. Тоҷикон аз оғоз мардуми босабру таҳаммуланд ва ба доми фиреб ва найрангҳои пардапӯшонаи ин гуна тоифа, махсусан ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ нахоҳанд афтод.

Раҳматова Д.А. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони тоҷики ДДҲБСТ 

Читать далее

ТУНДГАРОӢ - ПАДИДАИ ХАТАРЗО

Падидаҳои экстремизм ва терроризм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст. Имрӯз кишварҳои олам барои решакан намудани ин вабои аср муборизаи беамон бурда истодаанд. Аз ҷумла, кишвари мо низ дар ин ҷода бетараф нест. Ҷумҳурии Тоҷикистон ифротгароиро ҳамчун мушкилоти асри навин ҳисобида, ҳамеша мардумро ҳушдор менамояд, ки аз ин амалҳои номатлуби зараровар дурӣ ҷӯянду ба донишомӯзӣ рӯ оваранд. Зеро ҳамаи масъалаҳое, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоянд, маҳз аз он нафароне сар мезанад, ки дониши кофии динию дунявӣ надоранд.

Аз ин рӯ, коршиносон бар ин назаранд, ки пешгирии ин гуна равандҳои номатлуб бояд доимӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ байни мардум сурат гирад. Тоҷикистон баҳри аз байн бурдани экстремизм ва терроризм тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, инчунин давлатҳои оламро барои муттаҳид шудан дар ин кор даъват менамояд. Аммо барои баъзе кишварҳои дунё терроризм воситаи асосии амалигардонии манфиатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Барои пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти экстремизм ва терроризм аз воситаву имкониятҳо бояд истифода бурд.

Бархе муҳоҷирони меҳнатӣ дар дигар давлатҳо ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтода, ба кишварҳои ҷангзада рафтаанд. Онҳо ҷавононе ҳастанд, ки саводи динии кофӣ надоранд. Барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамъона амал намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоем.

Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон гуногун аст. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд.

Абдуллозода Рустамҷон Раҳматҷон,
 котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси дараҷаи 3

Читать далее

Хулосабарориҳои ғаразноки наҳзат

Муқоисаи Ҳукумат ба мухолифин ки дар мақолаи Бобоҷон Қаюмов дида шуд ба андешаи мо комилан бемаврид, хато, беасос, ва кори гумроҳона ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки Бобоҷон Қаюмов фақат ва фақат ҷиҳатҳои гўё “манфии” ҳукуматро тавсифу таъриф намудааст. Агар мо аз нигоҳи таъриху оморӣ нигарем, дар тули соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз соли 1991 инҷониб мухолифин бо ҳар гуна роҳу восита мехостанд дар дилу ботини мардуми сарбаланди Тоҷикистон фикру идеяҳои бад нисбати системаи давлатдории демократӣ андозанд. Натиҷаи ин кирдори пасти мухолифин ҳам ҷанги бародаркуши шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳодисаҳои ба ҳама маълуми моҳи сентябри Ҳоҷӣ Ҳалим соли 2015 ва ба ҳамин монанд ҳарзагўиҳои душманонаю хоинона нисбати давлати азизи мо аст.

Бояд донист, ки дар тафовут аз ҳарзагуию туҳматҳои хоинон, ки ягон натиҷаи мусбӣ надоранд ба ғайр аз андохтани кинаву адоват, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола саъю кушиш дорад, то ватани азизу маҳбуби мо гул-гул шукуфояд. Аз ҷумла дар амал татбиқ намудани функсияҳои давлат, ки дар моддаи 1-и Конститусияи ҶТ омадааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ 4 ҳадафи стратегӣ гузошта аст: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ,  саноатикунони мамлакат ва дар тули фаъолияти худ зина ба зина бо роҳҳои гуногун ва тарзу воситаҳои мақсаднок алалхусус сохтани НБО-ҳои хурду калон, истифодаи самароноки заминҳо баҳри бо маводи озуқа таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва ғайра шароити зиндагии мардумро беҳтар гардонида истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи 4-уми стратегиро низ Ҳукумати тасдиқ намуд, ки он ном дорад саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳадаф ба мо имкон медиҳад, то ҷойҳои нави корӣ пайдо шавад, маоши мардум, нафақаи пиронсолон зиёдтару хубтар шавад.

Қобили қайд аст, ки аз тарафи бархе аз сомонаҳои иҷтимоӣ шаҳри Душанберо ба қатори панҷгонаи шаҳрҳои амнтарин ва бехатар барои сайру гашт эътироф шудааст.

Оиди дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчӣ гуфта гузарем ҳам кам аст ва мо аз гуфтаҳои боло натиҷабардорӣ ва хулосабарорӣ намуда, гуфта метавонем, ки мухолифин фақат ва фақат баҳри кинаандозӣ ва паҳн намудани тўҳмат ва нодидагирифтани дастовардҳои 30-солаи Ҳукумати ҶТ фаъолият мебаранд.

Раҳматова З.М. – н.и.ҳ, дотсенти кафедраи
 ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

Читать далее

Оппозитсияи айбҷў

Рўзҳои охир маҷаллаи Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА мусоҳибаи фарогири роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Кабириро ба нашр расонид. Дар он чун ҳарвақта М. Кабирӣ ба интиқоди вазъи мавҷуда ва соҳаҳои алоҳидаи кишвар машғул буд. Албатта интиқод меваи демократия аст ва як нерўи оппозитсионӣ ҳамвора аз он кор мегирад.

Аммо, ба андешаи мо бакоргирии интиқод низ як шароит ва замони хоси хешро дорад. Аслан агар гирем, интиқод намудан ва ангушти ишорат ба сўи дигарон нишон додан, ки ҳама мушкил тақсири туст кори осоне аст. Ҳар нафаре метавонад аз ин усул кор бигирад ва барои худ симосозӣ намояд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ як нерўи даъвои ба қудрат расидан ва талаби мардумсолорӣ менамуда симои «мусбат»-и худро ба чунин васила намесозад. Хусусан дар чунин шароити муташанниҷӣ, ки миллат аз даъвоҳои ҳамсоякишвари бадгумон дар баҳсҳои марзӣ ранҷ мебарад чунин амал ва фаъолият заиф намудани мавқеи давлати мо ва об рехтан ба осиёби дигарон аст. Хусусан дар чунин сатҳи байналмилалӣ зери суол гузоштани симои давлати миллӣ камоли миллатдўстӣ нест ва душманӣ варзидан ба давлатдории хеш аст.

Агар нерўи сиёсие даъвои созандагӣ ва мардумсолорӣ дошта бошад, пас онро зарур аст, ки ҳатман дастовардҳои миллат ва мардуми хешро шиносад. Дар ҳолатҳои зарурӣ аз манфиатҳои гурўҳии хеш бигузарад ва манфиатҳои  миллӣ ва давлатдории миллиро дар мадди аввал гузорад. Душмании худро канор бигузорад ва пайи ҷустуҷўӣ муттаҳидии миллату давлат ва рушди ҳамбастагии идоракунандагон ва мардум бошад. Аммо афсўс, ки нерўҳои мухолифи мо, хусусан Паймони миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти он дар ин ҳолати зарурат ба муттаҳидӣ нуқтаҳои ҷудоиандозӣ меҷўянд, муттаҳидии моро зери суол мегузоранд, тухми адовату ҷудоӣ миёни мардуми мо мекоранд. Ҳолати низоӣ ва муқовимати мусаллаҳона дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон як шансе барои нерўҳои мухолифи берун аз кишвар буд, то қадаме ба сўи ҷуброни хатоҳои содирнамудаи хеш ниҳанд ва бо миллат ва мардуми кишвар будани худро нишон диҳанд. Аммо ҳайҳот онҳо манфиатҳои гурўҳӣ ва қудратхоҳии худро мадди аввал гузоштанд. Бар алайҳи ҳаммилатони хеш онҳо «дипломати варзида» ҳастанд, аммо барои ҳифзи миллат ва давлати хеш онҳо ҳеҷ иқдоми муфидеро ба анҷом нарасонидаанд. Дар кишварҳои аврупоӣ ҳамеша барои гузаронидани пикетҳо ва ҳамоишҳо бар алайҳи низоми идории Тоҷикистон фаъол буданд, аммо дар ҳолати зарурати ҳифзи обруву эътибори миллат ва давлати Тоҷикистон мўҳри хомўшӣ бар лаб ниҳоданд. Ҳадди ақал хомўширо риоят мекарданд ва барномаи сиёҳсозии низоми идории Тоҷикистонро пеш намегирифтанд. Магар имрўз роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон бехабар аз он аст, ки намояндагони тими ў барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз усулҳои ғайриахлоқона ва ғайришаръӣ истифода мекунанд. Туҳматнома мебофанду мегўянд ва симои як тоҷик ва тоҷикистониро миёни ақвоми дигар мерезонанд.

Ба андешаи мо як нерўи сиёсии даъвогар ба «созандагӣ»-ро аввалан зарур аст, дастовардҳои Тоҷикистонро тўли солҳои истиқлолият эътироф намоянд, агарчанде онро назаррас намедонанд. Албатта, мавҷудияти мушкилиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар Тоҷикистон касе инкор накардааст. Миллати мо ҳолатҳои хеле вазнин ва сангинеро аз сар гузаронида буд, ки маҳз бо «шарофати» чунин сиёсатмадорони демагог ба он дучор гардида буд. Миллати мо бо муттаҳидӣ аз ҳамагуна мушкилиҳо метавонад раҳо ёбад ва ин ҳолат дар ягон сурат рўҳияи мардуми моро шикаста наметавонад. Қадам ба қадам мо ба бунёди давлати иҷтимоӣ ва пешрафта ноил мегардем. Набояд фирефтаи чунин баёнҳои манфиатхоҳонаи нерўҳои мухолиф гардем, балки масъулиятшиносона ба муттаҳидии бештари миллат қадам ниҳем.

Ш.Солеҳӣ – муаллими калони
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон

26 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшитаро, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо зимни суҳбат аз густариши муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода Такаюкӣ Мияшитаро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, вобаста ба вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят маълумот дод.

Читать далее

26 May 2021

СОҲИБМАЪРИФАТИИ ФАРЗАНД-САОДАТИ ОИЛА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш такрор ба такрор таъкид бар он мекунанд, ки танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат метавонад ояндаи босаодат дошта бошад.

Дар ҳамин радиф ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф самти афзалиятноки кишвар ҳисобида шуда, тайи ин солҳо даҳҳо муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд гардиданд. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз ба хотири он аст, ки насли навраси кишвар соҳиби маълумоти зинаҳои аввал, миёна ва олӣ гардида, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ бошад ва баҳри пешрафту нумӯи Ватани худ саҳм гузорад. Давоми муддати амали қонунҳои мазкур бисёр волидон, ҳатто, маблағи аз камхарҷу ихчам гузаронидани маъракаҳои тӯй пасандоз кардаашонро баҳри хонондану соҳибсавод гардонидани фарзандони хеш масраф карданд, ки ин албатта, ба манфиати он хонадон аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат, бахусус, барои ба хондан ҷалб намудани ҷавонписарону духтарон аз навоҳии дурдасти мамлакат, ҷудо намудани квотаҳо ба чунин ҷавонон эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Лекин, мутаассифона, то ҳол ҳастанд волидоне, ки аз моҳияти қабули ин қонунҳо хулосаи даркорӣ намебардоранд. Ҳатто, дидаву дониста садди роҳи илму донишомӯзии фарзандон мешаванд.

Аз ҷумла, ба сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ё.О. бо ҷурми монеа шудан барои маълумоти ҳатмии умумии 9 сола гирифтани духтари худ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Чунончи, ӯ бархилофи талаботи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таълими умумии асосиро ҳатмӣ муайян кардааст ва ҳамчунин бархилофи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки тибқи он волидайн барои ба таълим фаро гирифтани фарзанд уҳдадор мебошанд, амал намуда, фарзандаш, санаи таваллудаш 2юми марти соли 2005, барои ба синфи 9 рафтан монеъгӣ намуда, новобаста аз огоҳиҳои такрор ба такрори омӯзгорон беэътиноӣ зоҳир кард, бо ҳар баҳонаи беасос давоми моҳҳои сентябр декабри соли 2020 ва моҳи январи соли 2021 барои ба мактаб рафтани фарзандаш иҷозат надод.

Дар натиҷаи ин амали падар фарзандаш 46 рӯз аз дарсҳо монд, барномаҳои таълимии пешбинигардидаро азхуд накард, чорякҳои якум ва дуюмро насупорид ва бо ҳамин ҳуқуқу манфиатҳояш поймол гардид.

Айби ба судшаванда Ё.О. бо моддаи 164 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардашудаи дар маҷлиси судӣ пурра тасдиқи худро ёфт. Аз ин рӯ, суд кирдори судшаванда Ё.О.‐ро бо моддаи 164 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои бо ҳар тарзе монеъ шудани шахси воқеӣ ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола) муайян мекунад, банду баст намуда, сазовори ҷазои ҷиноятӣ гардонидани ӯро ба мақсад мувофиқ донист.

Раводиди моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол пешбинӣ намудааст.

 Бо ҳукми суди ноҳия аз 04.03.2021 Ё.О. бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд. Бояд тазаккур дод,ки мавсуф қаблан низ айнан бо ҳамин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда буд ва дар асоси ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо бо дастрасии моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шуда буд. Аммо ӯ аз кирдори ғайриқонунии худ хулосаи зарурӣ набароварда боз даст ба ҳамин ҷиноят зада дар ҳолати ретсидив ҷинояти мазкурро содир намуд.

Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки як амали андеша нокарда анҷом додаи падар боиси чандин муддат аз донишандӯзӣ бенасиб мондани фарзанд ва осеб расидан ба буҷаи хонадон гардид. Дар ин маврид рафтори омӯзгорони таълимгоҳ боиси таҳсин аст, ки барои аз хондан дуру аз ҷомеа канда шуда мондани дастпарварашон талош карданд. Дар ин ҷо зикри он нукта муҳим аст, ки бояд ҳар як падару модар донад, ки фарзанди ҷигарбанд давоми умри волидон аст ва то кадом андоза огоҳ, соҳибмаърифат ба воя расидани фарзанд ин сарчашмаи асосии саодати зиндагии волидон аст.

Иноятулло ҒУЛОМЗОДА,

раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Читать далее

Оғози мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Муҳиддин Аминзода ва Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Муҳиддин Аминзода ва Содирхон Ҳофизи маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни оғози корҳои мумфаршкунӣ бо сокинони маҳалла суҳбат карда, иброз дошт, ки бо роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари вилоят бунёдкориҳо ҷараён дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо сокинони меҳнтқарини вилоят барои истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.

Читать далее

УМРИ БОБАРАКАТИ СОҲИБҚАЛАМ

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хоса дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабии «Суханварони Суғд» бахшида ба эҷодиёти нависандаи боистеъдод ва шинохтаи тоҷик, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, рӯзноманигор ва ҳаҷвнигори барҷаста Додохони Эгамзод дар Кохи «Суғдиён»‐и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Маҳфилро раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Шоири халқии Тоҷикистон давоми суханронӣ афзуд, ки Додохони Эгамзод яке аз чеҳраҳои намоёни матбуоти тоҷик буда, аз муассисони рӯзномаҳои зиёд барои наврасону кӯдакон, барои аҳли тиб, аҳли фарҳанг, аз муассисони «Чойхонаи дилкушо»‐и телевизиони Тоҷикистон, адиби дӯстдоштаи ҳамаи мост ва маҳфили хотирмон дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ ва адабӣ, ки бахшида ба пешвози 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, баргузор мешавад. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, доктори илмҳои суханшиносӣ Тоҷибой Султонзода сараввал ташрифи меҳмононро аз шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфт.

Баъдан соҳибҷашнро аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шахсан аз номи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода муборакбод намуда, аз ҷумла афзуд, ки хизматҳои софдилонаи Шумо, Додохони Эгамзод бо ордени «Шараф», дараҷаи 2, медали ҷашнии «100‐солагии матбуоти тоҷик», нишони «Боргоҳи сухан», узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои ҷурналистӣ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил қадрдонӣ гардидааст.

Бо ташриф ва суханронии меҳмонони олиқадр, аз ҷумла шоирону нависандагону рӯзноманигорон аз пойтахт ва ҳам маркази вилоят Аскар Ҳаким, Фарзона, Абдунабӣ Сатторзода, Камол Насрулло, Акбар Абдулло, Ҳафиз Раҳмон, Бахтиёр Ҳамдам, раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, ҳамсабақон, шогирдону ҳамкорон ва ҳунармандон чорабинӣ бо шукӯҳу шаҳомати нотакрор ҷашн гирифта шуд. Рақсу тарона ва сурудҳои дилнишин бахшида ба ҷашни нависанда аз ҷониби санъаткорони вилоят бо як маҳорати баланди эҷодӣ ба самъи бинандагон расонида шуд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДӢ АЗ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

Имрӯз мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа бамаротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ ва саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пешбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамасола дар кишвари азиз Тоҷикистони биҳиштосо санаи 23‐юми май Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад, ки он нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хосаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад. Ҳамчунин, дар ин сана бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар вилояти Суғд роҳпаймоӣ бо иштироки гурӯҳи васеи ҷавонон аз донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаю ташкилот доир гардид.

Бахтиёр Сарҳадов - сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят:

Дар роҳпаймоӣ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят 1200 нафар хонанда бо рӯҳияи идона иштирок доштанд. Ҷавонону наврасон бояд одатҳои наҷиби инсониро дар ниҳод тарбия намуда, аз кирдорҳои бад худро дур кашанд, ба хидмати падару модар ва Ватани азизамон камар банданд. Боиси хушнудист, ки Ҳукумати кишвар сиёсати ҷавонпарваронаро пеш гирифта, ба насли ҷавон такя мекунад ва ба мо эътимоди қавӣ дорад. Мо ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбарияти кишвар содиқона кору фаъолият менамоем.

Сино Ғафурӣ - мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон:

Кулли устодон ва донишҷуён дар даст шиору овезаҳо ва Парчами миллӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар роҳпаймоӣ фаъолона иштирок доштанд. Шукрона аз он дорем, ки дар давлати орому осуда умр ба сар мебарем. Хушбахтона, Тоҷикистони азизамон аз давлатҳои пешрафта шинохта шудааст, ки ҳамаи ин пешравиҳо маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Мо ҷавобан ба ин дастгириҳо ба Ватани азизи худ содиқонаву софдилона хизмат менамоем ва ифтихор мекунем, ки давлати соҳибистиқлол ва Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем.

Нилуфар Қосимова - магистранти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, гирандаи стипендияи Раиси вилоят:

Аз ҷавонон даъват ба амал меорам, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро ба илмомӯзиву касбомӯзӣ равона сохта, аз илмҳои замони муосир бархурдор гарданд ва дар партави сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафту тараққиёт, ҳимояи марзу бум ва муаррифӣ сохтани кишвари азизамон ба ҷаҳониён саҳми арзанда гузоранд. Барои ҳамсолонам ва ҷавонони кишвар иродаи матин, чашми зебобину дасти созанда ва андешаҳои тозаву бунёдкорона таманно мекунам.

Фархундаи Фарҳодхонандаи - синфи 10‐уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18‐уми шаҳри Хуҷанд, гирандаи стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд:

Худро хушбахт меҳисобам, ки зодаи даврони истиқлолам ва боиси хушнудист, ки дар вилоят Рӯзи ҷавононро бо шукӯҳу шаҳомат қайд намуда истодаем. Мо, ҷавонон мебояд, ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат ба донишомӯзиву касбомӯзӣ машғул гашта, барои тинҷиву оромӣ ва ободонии Ватани азизамон саҳми арзанда гузошта, давлату миллати хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ созем. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҷавононро бо ин рӯзи фархунда муборакбод менамоям.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ҲУНАР БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР

Ҳамон лаҳзае ки Пешвои муаззами миллат ба сарулибоси миллии омодакардаам баҳои аъло гузоштанд, бароям мукофоти Шоҳҷоиза буд. Умуман, ҳар як суханронӣ ва мулоқоти Ҷаноби Олиро интизор мешавам, зеро, албатта, доир ба ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот ҳарф мезананд ва мо, ҳунармандонро ин гуфтаҳо рӯҳбаланд мегардонад, бо муҳаббати самимӣ ибрози ақида намуд дӯзандаи моҳиру чирадаст, эҷодкору дӯстдори касби хеш Дилфузахон Муқумова – сарвари Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Дилфуза дар айёми хурдиву наврасиаш рафтори писарбачагона дошту либоси духтаронаро мақбул надошт. Мисоли писарҳо савораи дучарха будаму доимо зери «сарзаниш» и падару модар қарор доштам, мегӯяд бо табассуми малеҳ хотироташро варақгардон сохта бонуи ҳунарманд.

Вақте Дилфуза Муқумова донишҷӯи соли дуюми факултаи методикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд, шароити оилавӣ водор сохт, ки барои нигоҳубини ҷиян сафари шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояд. Рӯзе ҳамсари бародараш ӯро ба сехи дӯзандагӣ бурд ва чеваре барояш аз матои атлас курта омода сохт. Куртаро ба бар карду барояш писанд омад. Дилфуза ҳам ба либоси миллӣ майл пайдо карду ҳам ба ҳунари авлодии дӯзандагӣ.

Минбаъд Дилфуза дар вақтҳои холигиаш ба ҳамин боргоҳи ҳунар омада, касби аҷдодиро аз бар карда, дар баробари ҳамин худ низ эҷод менамуд. Ин духтараки ҳушёру чолок дилбохтаи касб гардиду бо тахайюлоти бадеиаш нақшаҳои гуногуну ҷолибро омода месохт. Бо як маънӣ, бонуи ҳунарманду эҷодкор аз табиати афсунгару меваву сабзаҳои кишвари офтобрӯяву дилфиреб нақш меофарид. Чун бародар муҳаббати хоҳарашро нисбати касби авлодӣ ҳунармандӣ эҳсос намуд, ӯро ба факултаи дизайнерии Донишгоҳи давлатии Тошканд раҳнамун сохт ва дар санъати зеббахшӣ маҳорати хоса нишон дод.

ДИЛБОХТАИ КАСБ

Бонуи кушодачеҳраву самимӣ аз боби ҳунару ҳунармандӣ сухан меронаду муҳаббаташ, дилбохтагиашро ба касбаш эҳсос менамоӣ. Аз гуфтораш оид ба ҳунарҳои мардумӣ, таърих ва мероси он, кадом навъи дӯзандагиро балад аст, ба хулосае омадам, ки даҳ ангушти ин бону омехтаи ҳунар аст, зеро куртаву поҷома, қуроқу сӯзанидӯзӣ, чимилиқу кӯрпаву болин ва дигар ҳунарҳоро аз бар намудаасту боз дигаронро бо ин роҳ роҳнамун сохтааст.

Агар худаш давоми чанд соли охир гирандаи грантҳои раисони шаҳру вилоят ва Президентӣ гардида бошад, дастпарваронаш ҳам аз пайи ӯ равонанду наздик даҳ нафар шогирдонаш ба гирифтани чунин мукофотҳои олӣ сазовор шуда, коргоҳ ташкил кардаанду вазъи зиндагии худ ва дигаронро беҳ сохтаанд. Ба монанди Марҳабохон, Насибахон, Ҳалимахон, Наргиза, Шаҳноза ва дигаронанд, ки аллакай ба қуллаи олами ҳунар расидаанду боз дастпарварони хешро тарбия намуда истодаанд. Дилфуза бо либосҳои арӯсиву барои идонаву хонагӣ ва дигар навъи дӯзандагӣ дар маҳфилу озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Ҷилваи рангҳо», «Атлас ва адрас» ширкат варзида, тавре худ изҳор медорад, албатта, соҳиби мукофотҳои олӣ, ба монанди Шоҳҷоиза ва мақомҳои якуму дуюмро соҳиб гардидааст.

ДАР ОЛАМИ МАЪНИВУ САНЪАТ

Ӯ олами ҳунару маъниву санъати худро дорад. Дар ҳар як нақшу нигоре, ки меофарад, мазмуну муҳтавои мардумиро илқо месозад. Масалан, дар болине, ки нақши анорро кашидадӯзӣ кардааст, онро чунин шарҳ медиҳад: Анор дарахти мевадорест, ки дар мамлакатҳои гарм мерӯяд, аз ҷумла, дар кишвари офтобии мо низ. Меваи он ширин ё турш буда, пур аз донаҳои сурхи обдор аст ва гирди онро пӯст иҳота кардааст, яъне чӣ? Яъне оила мисоли қалъае бошад, ки гирдашро мустаҳкам кардаанд ва фарзандону наберагон дар дохили он бо ҳам ёру тифоқанд.

Ба болини арӯсу домод аз матоъҳои гуногун бо тартиби махсус қуроқ медӯзад, яъне ин ду навниҳоли боғи ҳаёт то охири умр дар як болин бояд сар гузоранду ҳамеша бо ҳам бошанд. Нақши қаламфур аз чашми бад нигоҳ медорад. Акси гулҳо дар курта зиндагӣ зебо ва чун гул ҳамеша дар нашъу намӯ бошад. Ҳамин тариқа ҳар як нақше, ки меофарад, мазмуну муҳтавои худро дорад ва онро ба умри инсон, меҳру муҳаббати самимӣ шабоҳат медиҳад.

САМАРАИ МЕҲНАТРО БОЯД ЧАШИД…

Қайдаш рафт, ки дӯзандагӣ олами хосаи худро дорад. Ақидаи ин бонуи ҳунарманд оид ба омӯхтани санъати дӯзандагӣ чунин аст: Мо бояд ба фарзандонамон ҳунарҳои гуногунро омӯзонем, зеро шуғли меҳнат инсониятро аз чанд корҳои ношоям, ба монанди гуфторҳои беҳуда, дар ин замон телефонбозӣ, тамошои телевизор, бекор гаштан бозмедорад, инчунин агар ҳар яке самараи меҳнати худро чашад, ба қадри зиндагӣ, меҳнат, пул мерасад, қатрае ҳам бошад, вазъи иқтисодии хонаводаашро беҳтар месозад.

Фарзандонашро низ бо ҳамин пайроҳа равона месозад. Беҳуда ҳам гузаштагони мо «меҳнат шараф аст» ва ё «меҳнат кунад, ба қадри меҳнати дигарону пул мерасад», намегӯянд. Қаблан «ба як мард чиҳил ҳунар кам аст», мегуфтанд, ҳоло инро метавон ба занҳо шабоҳат дод. Хосатан, занони хонанишин, ки вақти холигии зиёд доранд, чаро бо шуғле машғул набошанд?

«НАМЕТАВОНАМ» НАГӮЙ!

Дилфуза дар оилае ба воя расидааст, ки аз хурд то бузург машғули меҳнатанд. Ҳанӯз модаркалонаш бо ҳунармандӣ машғул буду набераву абераҳоро наздаш даъват намуда, аз олами ҳунару ҳунармандӣ огоҳ месохт. Ва вақте дар айёми бачагӣ, бо табассум суханашро идома медиҳад ҳунарманд, гоҳе ба духтарони ҳамсоя пайравӣ карданӣ шуда, бо баҳонаи гурехтан аз назди модаркалон «не, ман инро карда наметавонам» ё «натавонистам, бибиҷон, сонитар дӯзам ва ё бофам» гӯям, модаркалонам «калимаи намедонам, наметавонам» ро дигар ба забон нагир!», мегуфтанд бо сарзаниш.

Ҳамин ибораҳо то ҳол дар гӯшам садо медиҳанд ва вақте дар омӯхтани ҳунаре агар мушкилӣ кашаму матои дар дастам бударо ба сӯе партофтанӣ шавам, гӯё модаркалонам ҷониби ман нигоҳ карда истода бошанд, боз аз нав ба даст мегирам. Ва ҳамин гуфтаҳои модаркалон ӯро то имрӯз роҳнамо асту ҳамеша агар ҳунареро аз бар карданӣ шавад, хеле ҷиддӣ ба он муносибат мекунад.

Дилфуза солҳост, ки бо қуроқдӯзию сӯзанидӯзӣ, кӯрпаю кӯрпача ва куртадӯзӣ машғул аст, аммо оғози соли ду ҳазору чаҳордаҳумро аз хотир бароварда наметавонад. Ҳамон сол мувофиқи хоҳиши нафаре сӯзание омода сохт. Он зан баробари сӯзании омодакардаро ба даст гирифтан, ба ҳунари волои Дилфуза баҳои аъло дод. Зимнан пурсид, ки чаро дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва фестивалу озмунҳо ширкат намеварзад ва чанд маслиҳати хешро дареғ надошт.

БОИСИ ИФТИХОР АЗ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Маслиҳати он зан барояш боис гардид, ки маҳсули меҳнати хешро ба намоишгоҳҳову чорабиниҳои мухталиф пешниҳод намояд, шогирдони зиёдеро бо ин роҳ раҳнамун созад ва гирандаи мукофоту грантҳои сарварони олӣ гардад. Боиси шодмонист, ки чанд соли охир бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои миллӣ аз нав эҳё ва рушд ёфта, муаррифгари таърих ва анъанаҳои аҷдодии миллати тоҷик гардид ва баҳри тақвият додани онҳо тадбирҳои аниқ андешида мешаванд.

Бо пешниҳодоти Пешвои муаззами миллат солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумлаи атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ боиси ифтихор аз гузаштаи пурғановати фарҳанги миллӣ мебошад, ки имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон он рӯи кор омад. Яке аз муҳимияти ин иқдом, пеш аз ҳама, рӯй овардан ба анъанаҳои миллӣ буда, ҳамзамон дар бобати бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон, кам кардани сафи бонувони муҳоҷир ва соҳиби маоши баланд гардидани онҳо мусоидат хоҳад кард.

АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ДОМОНИ ФАРОХ ДОРАД...

Дар бобати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, манфиати он ба ҷомеа Дилфузаи ҳунарманд андешаҳои худро дорад: Бо ташаббуси Пешвои маҳбуби миллат анъанаҳои миллӣ эҳё гардида, таъсис додани корхонаҳои хурду сехҳои ҳунармандӣ бори дигар моро ҳушдор месозад, ки мероси аҷдодии хешро аз хотир набарорем. Охир, худ тасаввур кунед: агар аз матои атлас либоси миллӣ ба бар дошта бошем, чӣ хубу зебост. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тӯли беш аз даҳ сол аст, ки яке аз анъанаҳои беҳтарин озмуни “Иди Атлас” дар вилоят идома дорад. Ва чунин чорабинӣ боис гардид, ки занону духтаракони мо бо тарҳи гуногуни руҳияи миллидошта аз нав матои атлас ва адрасро эҳё созанд.

Вақте дар чунин озмунҳо ширкат меварзам, мушоҳида кардаам, ки на танҳо иштирокчиёни маҳфилҳо, балки дар толор нишастагон низ бо либоси миллӣ ширкат меварзанд, ки аз чунин анъана дил бар фараҳ меояд. Гоҳе мушоҳида кардаам, ки қаблан куртаи чакан танҳо хоси духтаракони вилояти Хатлон буд, ҳоло бошад, домани чунин анъанаҳои миллӣ фарох гардидааст. Ҳоло тариқи йӯрмадӯзӣ онро дар бари духтаракони суғдӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст. Алҳол ният дорам, пурра миллӣ неву тибқи талабот камтар замонавӣ гардонам, омехта бо либоси атлас ва дигар матоъҳо.

ҚАЛБИ САРШОР АЗ МУҲАББАТ

Ин бонуи ҳунарманд на танҳо шогирд мепарварад, балки баҳри дастгирии занону бонувони хонанишину эҳтиёҷманд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Ҳилоли Аҳмар” мошини дарздӯзӣ, қайчию ресмону дигар лавозимотро дастрас менамояд. Дар рафти суҳбати чандлаҳзаина эҳсос намудам, ки ӯ дили саршор аз муҳаббат ба касбу кораш, меҳрубониву рафоқат ба бонувони эҳтиёҷманд, дӯстдори Ватану раъиятпарвар аст. Вақте соли 2020 –ум саросари ҷаҳонро бемории коронавирус пахш кард ва табибону хоҳарони шафкат ва нафарони ба ин беморӣ гирифторгашта ба назару эътибор ва дастгирии аҳолӣ ниёз доштанд, дар қатори садҳо накӯкорону саховатмандон ҳамроҳи фарзандони дилбандаш Саидазимхони даҳсолаву Муслимахони ҳаштсола ва шогирдаш Марҳабохон Махсумҷонова беш аз ҳазор ниқобу либоси маҳсусро омода сохта, бо ҷонибдории Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ба табибону эҳтиёҷмандон ройгон дастрас кард.

ОРЗУИ ДӮЗАНДАИ МОҲИР

Орзуву омоли дӯзандаи чирадаст: масоҳати сехи дӯзандагиро васеъ намудан, маҳсули меҳнати хешро дар дигар мамолик муаррифӣ кардан, оламиёнро аз ғановати мероси ниёгон ошно сохтан аст. Соли сипарӣ ба сабаби бемории коронавирус бо ёрии интернет маҳсули меҳнати хешро дар давлати Франсия муаррифӣ намудем ва ҳоло ният дорам, ба дигар давлатҳо маҳсули меҳнати худ ва шогирдонамро муаррифӣ созам. Муаррифии маҳсули меҳнати мо, фикр мекунам, ин ошно сохтан бо Ватани ҳамешабаҳорамон Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки алҳол дар арафаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвари офтобиямон қарор дорем. Бо ин васила, тавре Пешвои маҳбуби миллат таъкид медоранд: “Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”.

 Дилфуза Муқумова – дӯзандаи моҳири хуҷандӣ навъҳои гуногуни ҳунармандиро аз бар намудан, занону бонувонро ба ин пайроҳа ворид сохтан, бозору марказҳои савдоро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин кардан, коста кардани сафи муҳоҷирзанон, тавассути меҳнату эҷодаш Тоҷикистони офтобрӯяро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтан аст, ки ҳамаи ин муҳаббати дилашро ҳангоми суҳбати чандлаҳзаина воқиф гардидам.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее