May 2021

28 May 2021

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

28.05.2021, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ!

Ҳамаи шуморо, ки ҳамчун сипари боэътимоди давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромии кишвар шабонарӯз хизмати шоиста анҷом медиҳед ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунед, ба муносибати 27 – солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик мегӯям.

Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар айёми бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шуданд, на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон мебошанд.

Читать далее

27 May 2021

ОБУ ЗАМИН - МЕҲВАРИ ИҚТИСОДИ КИШОВАРЗӢ

Ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва ба заминҳои корам табдил додани онҳо яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Солҳои охир дар тамоми қаламрави вилоят барои васеъ намудани масоҳати заминҳои кишоварзӣ чораю тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Бале, аз худ намудани заминҳои бекорхобида, ки он раванди созандагию ободкориро дар худ таҷассум менамояд, яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар буда, дар асоси “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20122020” барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо дар вилояти Суғд чораҳои муассир андешида истодаанд. Имрӯзҳо кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ тасмим доранд, заминҳое, ки солҳои сол аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, барои кишти зироатҳои камоб истифода намоянд.

Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ Нарзулло Бекмирзоев, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии ноҳия 2325 гектар замини корам мавҷуд аст, ки аз он 21910 гектарашро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳанд. Ҳамасола дар майдони умумии 23,082 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад ва 366 гектар замин соли сипарӣ аз кишт бозмонда буданд. Аз ин рӯ, кишоварзони ноҳия тасмим гирифтанд, ки заминҳои кориеро, ки дар минтақаҳои каналҳои Дилварзин‐2, Дилварзин‐3, Янтоқ ‐5 воқеъ мебошанд, нақша‐чорабинӣ тартиб дода, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки давра ба давра бо роҳи дарёфти манбаъҳои обёрӣ онро ба замини кишт табдил диҳанд. Заминҳои аз кишт бозмонда, асосан, дар минтақаи охири каналҳо воқеъ буда, аз ҳисоби номукаммал ворид шудани об аз сарбанд ба ноҳия ба чунин ҳолат афтодаанд. Ба истифода додани заминҳои кишт аз сарбанд низ вобастагӣ дорад, зеро баробари ворид шудани об ба ноҳия ҳамаи мушкилот ҳал хоҳанд шуд. Онҳо азм доранд, ки давра ба давра дар ин заминҳо кишти зироатҳои камоб фарогир бошанд.

Воқеан, кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ тасмим гирифтаанд, ки соли ҷорӣ бештар аз 50 гектар замини аз кишт берунмондаро ба гардиши кишоварзӣ ворид созанд. Дар даврони шӯравӣ барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида кӯшиши хеле зиёд ба харҷ медоданд. Чаро ки шодоб намудану ба заминҳои ҳосилдеҳ табдил додани ҳар қитъа, аз хоки мушкбез ва зарофар рӯёнидани ҳосили фаровон барои баланд бардоштани иқтисодиёти натанҳо худи ҳамон минтақа, ноҳия, балки барои баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз кишт бозмонда натанҳо дар ноҳияи Мастчоҳ, балки дар минтақаҳои дигари вилояти Суғд низ бомаром ҷараён дорад. Зеро кишоварзони вилоят натанҳо барои зиёд намудани кишти пахта, балки барои афзун намудани зироатҳои дигари хоҷагии қишлоқ дар асоси имконияту технологияҳо ва қоидаҳои агротехникӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки кишоварзони ноҳия дарк намуданд, ки барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида тадбирҳо андешида, ба ҳосилхез кардани онҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда истодаанд. Кишоварзони ноҳия бори дигар дарк намуданд, ки меҳнат кардану ба замин муносибати хуб доштан худ гарави ҳосили фаровон ва зиндагии шоиста ва некуаҳволии мардум мегардад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ХОК ШАВ, ТО ГУЛ БИРӮЯД РАНГ – РАНГ

Неъматҷон‐боборо каланд дар даст байни замини картошка андармони побел кардани байни қаторҳо дидем. Ин марди меҳнатқарину деҳқони асили ҳаштодупанҷсола чашм кушода, худро байни заминҳои шолии нопайдоканор дид. Падараш Турсунбой саркор аз кишоварзони шинохтаи колхози ба номи «40 – солагии Октябр» и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсуб меёфт. Шоликорони минтақаи Сартӯқай ҳамроҳи падараш ба шолизор омадану ба кори деҳқонӣ ёрӣ додани Неъматҷони хурдакакро дида, мегуфтанд, ки ӯ ҳам мисли падар деҳқони асил хоҳад шуд.

Ин пешгӯиҳои ҳамсолони падар дар амал иҷро шуд. Неъматҷон, ки дар синни яксолагӣ аз модар маҳрум монда буд, доимо ҳамроҳи падар мегашт. Тамоми рӯз бо деҳқонон будану шабро дар сари замин саҳар кардан барояш имкон дод, ки нозукиҳои деҳқонию боғдориро аз падар ва дигар кишоварзон омӯзад ва дар муддати кӯтоҳ худ низ ҳамчун деҳқони асил байни ҳамагон соҳибобрӯ гардад.

То замони расидан ба нафақа шуғли ҳаррӯзаи Неъматҷон – бобо киштану ба даст овардани ҳосили дилхоҳ буд. Кишоварзони колхози ба номи Раҳмон Набиев ӯро барои донандаи касби худ буданаш эҳтиром мекарданду маслиҳат мепурсиданд. Замини наздиҳавлигии Неъматҷон – бобо биҳиштро мемонад. Дарахтони зардолу, шафтолу, себу олуча, бодому гелос нашъунамо доранду дар муҳлати пухтарасии ҳосил аҳли оила меваҳои дарахтонро рӯи дастархон мегузоранд. Захираи зимистонаи аҳли оила, аз қабили қоқу бодом, чормағзу мавиз, консерва кардани меваю сабзавот аз ҳосили ҳамин боғ буда, гандуму ҷав, бедаву ҷуворимакка, мошу лӯбиё ва дигар донагиҳо ҳам барои истифодаи рӯзмарраи аҳли хонадон ва ҳам барои чорво ба кор бурда мешаванд. Алҳол айёми пухтарасии ҳосили картошка мебошад. Ба наздикӣ, аниқтараш, охирҳои моҳи май ва аввали моҳи июн ҳосили картошкаро, ки нони дуюм низ мегӯянд, хоҳем ба даст овард. Баъди ғунучини ҳосил кишти лӯбиё ва мошро ба роҳ хоҳем монд.

Барои ин тамоми аҳли хонадон – фарзандону наберагон низ ба ёрии ман меоянд. Шукри Худованд, ки шаш фарзанд, 21 набера ва 38 абераи дӯстрӯ дорам. Вақти пухтарасии ҳосилҳо ҳамаи онҳоро ба сари замин ба меҳмонӣ мехонам. Замини саҳроии мо ба тӯйхона мубаддал хоҳад гашт, хурсандиашро иброз медорад бобои Неъматҷон Турсунов. Аҳли оилаи Турсуновҳо гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъкиди ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву Президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро сармашқи кори худ намудаанд. Барои ин меҳнати ҳамарӯзаи аҳли хонадон, бахусус сарвари оила – Неъматҷон Турсунов шоистаи таҳсин аст. Неъматҷон – бобо, ки умри беш аз ҳашт даҳсола дидааст, ба пайвандону наберагонаш дар бораи зиндагии пурмашаққати рӯзҳои гузашта, вазнин будани корҳои саҳроиву набудани техникаҳои зарурӣ, танқисии обу дастнорасоии поруҳои минералӣ ва дигар мушкилоти кори деҳқонӣ бисёр сухан мегӯяд.

Ҳамчунин, онҳоро ҳушдор медиҳад, ки замони Истиқлолият барояшон тамоми имкониятро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат додааст, то аз он фаровон истифода баранд. Солҳои пеш барои даравидану ғунучини хӯроки чорво ҳама корҳо дастӣ иҷро мешуданд. Имрӯз имконият фаровон аст, ҳатто техникаву таҷҳизоти ҳаҷман хурд байни қаторҳои дарахтон бе мушкилӣ даромада, бедаву дигар намуди хӯроки чорворо даравида, банд мекунанд. Ба ҷавонону наврасон гуфтаниам, ки аз меҳнат наҳаросанд, зеро меҳнатро асоси зиндагии инсон гуфтаанд. Замин такягоҳ, манбаи ризқу рӯзии одамону ҳайвонот ва наботот аст.

Дар ҳақиқат, он муқаддас ва ризқдиҳанда аст. Агар як сатил картошкаро ба замин шинонед, аз он чанд халта гирифта метавонед. Агар як мушт ғалладонаро ба замин пошед, аз он ғаллаи бисёр ба даст хоҳад омад. Ҳатто дар ҳадиси Паёмбар ҳам омадааст, ки аз замин бояд самаранок истифода бурд. Деҳқонзодаи асил метавонад, аз як замин соле чанд маротиба ҳосил гирад. Ба заминҳои наздиҳавлигии худ хуб нигоҳубин намуда, кишт карда, ниҳолҳо шинонда, онро парвариш намудан лозим аст. «Аз ту ҳаракат, аз ман баракат», гуфтаанд, ибрози ақида намуд Неъматҷон Турсунов.

Бале, марди меҳнатқарин, деҳқони пухтакор Неъматҷон‐бобо ба ҷои он ки болои ҳафт қабат кӯрпача нишаста, пиёлаи чойро наздаш монда, даврони пирӣ ронад, ҳанӯз ҳам меҳнат мекунаду дар саҳро каланд мезанад. Зеро медонад, шахсе меҳнатдӯст бошаду ҳалол меҳнат кунад, Худованд ризқи чунин шахсонро мисли оби дарё фаровон хоҳад кард.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ХӮШАҲОИ ПУРБОРИ ГАНДУМ – НУРУ САФОИ РӮЗГОРИ МАРДУМ

Гандум яке аз зироатҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола талабот ба ин маҳсулоти лозима зиёд ва баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат майдони кишти он меафзояд. Махсусан, дар вилояти Суғд сол аз сол майдони кишт васеъ гардида, истеҳсоли он дар корхонаҳои коркарди ғалла хуб ба роҳ монда мешавад.

Ба ҳолати 17 уми майи соли равон дар миқёси вилоят майдони кишти гандум 18 ҳазору 105 гектарро дар бар мегирад, ки ин нишондиҳанда соли гузашта 14 ҳазору 684 гектарро дар бар мегирифт. Маълум мегардад, ки имсол майдони кишти гандум нисбат ба соли 2020 – ум 3421 гектар зиёд аст.

Бо мақсади гирифтани ҳосили баланд имрӯз олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, махсусан кормандони илмии филиали Институти зироаткории Академияи илмии кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар заминҳои таҷрибавӣ корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд. Бо кадом роҳ ва усулҳои лозима имрӯз метавон аз зироатҳои ғалладонагиҳо, махсусан гандум ҳосили баланд ба даст овард? Доир ба ин мавзӯъ ба корманди калони илмии филиали номбурда Абдумалик Валиев муроҷиат намудем, ки мавсуф маълумоти аниқу дақиқ ва тавсияҳои хуберо барои кишоварзон пешниҳод намуд.

Аз ҷумла қайд кард, ки имрӯз олимони институт бо мақсади гирифтани ҳосили баланд аз ғалладонагиҳо, махсусан гандум якчанд навъи серҳосилро ихтироъ намуданд. Ҳосилнокии ин навъ гандум дар заминҳои обӣ аз ҳар гектар 65‐75 сентнерӣ ва дар заминҳои лалмии аз боришот таъмин 35 45 сентнерро ташкил медиҳад. Пеш аз ҳама, барои рӯёнидани ҳосили баланди гандум ба интихоби навъ ва технологияи парвариши он эътибори ҷиддӣ додан зарур аст. Қайд намудан лозим аст, ки яке аз роҳҳои дигари гирифтани ҳосили баланд ин киштгардон кардани замин ба ҳисоб меравад. Дар аснои пай дар пай кишт намудани ин ё он зироат дар як майдон ҳосилнокӣ паст мешавад. Аз ин сабаб киштгардон яке аз омилҳои ба даст овардани ҳосили фаровон ба шумор меравад.

Дар заминҳои обӣ кишти гандум баъд аз ҷамъоварии алафҳои бисёрсола, зироатҳои лӯбиёгӣ, пахта ва ҷуворимакка ҳосили баланд медиҳад. Номбурда илова кард, ки баъд аз он ки замин хуб шудгор мешавад, ба он тухмии аълосифатро кишт намуда, пас аз он бояд ба озуқадиҳии он аз ҳисоби нуриҳои минералӣ, обмонӣ ва эмин доштани зироат аз ҳама гуна касалиҳову ҳашароти зараррасон диққати махсус бояд дод. Истифодаи нурӣ аз дараҷаи ҳосилхезии хоки замин вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ташхиси хок ҳатман бояд гузаронида шавад. Муайян шудааст, ки барои рӯёнидани 1 сентнер дони гандум ба ҳисоби миёна 3 килограмм нитроген, 1‐1,5 килограмм фосфор ва 2‐3 килограмм нурии калийгӣ сарф мешавад. Давраҳои дохил намудани нурии минералӣ чунин аст: 1) нуриҳои фосфорӣ ва калигиро пеш аз кишт истифода бурдан лозим; 2) истифодаи 50 фоизи нурии азотӣ то саршавии сабзиш, 3) 30 фоизи нуриҳои азотӣ вақти найчаронӣ, 4) 20 фоизи нурии азотӣ вақти хӯшабандӣ дохил карда мешавад, мегӯяд А. Валиев. Инкишофёбии ҳамаи зироати кишоварзӣ тавассути обмонӣ беҳтару хубтар сурат мегирад.

Дар сурати танқисии замин аз об ҳосилнокии он паст гардида, ҳосил низ пастсифат мешавад. Дар ин бора ҳамсуҳбати мо чунин ибрози назар намуд: ‐Дарвоқеъ, дуруст аст, ки об омили асосии фаровонҳосилии ҳама намуди зироат ба ҳисоб меравад. Махсусан, гандум ба обёрӣ эҳтиёҷоти калон дорад. Бояд нақшаи обёриро тартиб дода, реҷаро дар амал аз хусусиятҳои обию физикии хок, иқлим, обу ҳаво, боришот, навъҳои киштшаванда ба назар гирифт. Чунин нақшаи обёрии 1‐2‐2 ва 2‐32 (сабзиш‐баромади найчаронӣ; найчаронӣсаршавии ширагирӣ; аз аввали ширагирӣ то пухта расидани гандум) – ро институти номбурда тавсия медиҳад.

Омили дигар ин мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, касалиҳои зироатҳои ғалладонагӣ ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо мебошад, ки ин амал низ боиси фаровонҳосилии зироати ғалладонагӣ маҳсуб мегардад. Дар минтақаҳои гуногуни вилоят якчанд намуди ҳашароти зараррасон ва касалиҳо паҳн гаштаанд. Аз байни он ҳашароти зараррасони паҳншудатарин ин малах, ганданафасаки тезкитф, шулук ва гамбӯсаки лалмӣ мебошад. Аз касалиҳо бошад, амсоли сиёҳаки сахти гандум, сиёҳаки чангии гандум, гелминтоспориози ғалладонагиҳо, занги зард ва сиёҳтоби гандум мебошад. Ҷамъоварии ҳосили пухтарасидаи гандум бояд дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин гузаронида шавад.

Ҳамчунин, техникаҳои ғалладаравро хуб омода намуда,баъд аз дарав зуд пасмондаи танаи гандумро аз майдон бароварда, заминро барои кишти дубора омода сохтан лозим аст, илова намуд Абдумалик Валиев.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҷавонон - нерӯи созандаи ҷомеа

Масъалаи тарбияи  ҷавонон   дар рӯҳияи пос доштани таъриху фарҳанг ва арзишҳои  ахлоқиву маънавии миллӣ  диққати ҷиддиро талаб  мекунад.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии фарзандон бетарафӣ зоҳир менамоянд. Гузашта аз ин ба поймолкунии  ҳуқуқ ва озодиҳои ҷавондухтарон дар таъминоти таҳсилоти баробар роҳ медиҳанд.

Чунин муносибат сабаб  гардидааст, ки иддае аз ҷавонон аз таҳсилу касбомӯзӣ дур монда ба амалҳои ношоиста даст мезананд.

Кам аҳамият додан ба ин масъалаҳо боис шудааст, ки иддае аз ҷавонони сустирода ва аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор бо иллати бекорӣ ва бешуғлӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, эътибору обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст зада истодаанд.

Имрӯзҳо  дар  тамоми  соҳаҳои  иқтисоди  миллии  мамлакат, инчунин,  дар  сафҳои  Қувваҳои мусаллаҳ  ҷавонони  бонангу  номус  содиқона  хизмат  ва  кору  фаъолият  доранд  ва  дар  рушди  иқтисоди  миллӣ  ҳиссаи  назаррасе  мегузоранд.

Ҷавонон  дар дохил  ва  хориҷи  мамлакат  дар  бахшҳои мухталиф  таҳсил карда, соҳиби  касбу  ихтисосҳое  шуда  истодаанд, ки барои  Тоҷикистон  зарур  мебошанд.

Ягона  роҳе,  ки ҷавонон  ва   миллатро  пеш  мебарад,  ин  дониши  хуби  онҳост.  Яке  аз  беҳтарин  муқаддасоте,  ки  инсонро  ба  дунёи  рангин  ворид  мегардонад,  ин  китоб  аст. Китоб, ки  сарчашмаи  донишу  хирад  аст,  метавонад,  ҳама  касро  ба  пешравиҳо  ноил  гардонад. Дар ҷомеае,  ки  китобу  китобхон  набошад,  он  ҷо  мисоли  хонаест, ки  чароғ  надорад. Аслан  дар  ҳама  кишвару  давлатҳо  ҷавонон  нақши  асосиро  мебозанд,  аз  ин  рӯ  ояндаи  ҳама  кишварҳо  ҷавонон  ба  ҳисоб  мераванд.

Аммо имрӯз чун мебинӣ, ҷавонон      даст  ба  амале  мезананд, ки   ба  ҳоли  онҳо  афсӯс  мехӯрӣ  ва  дилат  ба  дард меояд. Аҳли  ҷомеа  аз  коҳиш  ёфтани  ахлоқ  дар  байни  ҷавонон  бонги  изтироб  мезананд. Коста  гардидани ахлоқи  қисме  аз  ҷавонон,  ҷалб  гардидани  онҳо  ба ҳар  гуна  ҳаракату   равияҳои  бегона  ва  ба  ҷинояткорӣ  даст  задани иддае  аз  онҳо  беаҳамиятӣ  ва  бемасъулиятии  падару  модарон  мебошад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун воситаи муассири танзими ҳаёти ҷавонон ва пешрафти ҷомеа бояд дар самти бартараф намудани  монеаву масъалаҳои ҷойдошта нақши ҳалкунанда дошта бошанд. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғу дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Дар замони муосир сафи гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми рохбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳангиисломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.Терроризм ба ягон дин,мазҳаб ё миллат хас нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо омӯзгорон дар дили шогирдони худбояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем

ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад хатари терроризм ва ифротгарӣ боқӣ мемонад.Имрӯз

Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи наздик ба Ватани мо низ таҳдид дорад.

Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, фазои оромикишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳо ба ҳалқи азизи мо таҳдид  мекунанд, сиёсати пешгирифтаи  ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт  равона карда шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд,  ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ба ном “исломӣ”и ватанӣ, ин чунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот   бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба  муқобили  ватану миллити худ барангезанд. Бештар ба  забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунад.

Нурматова М.Р.
муаллими калони  кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии ДКМТ

Читать далее

Ҷомеа аз мафкураи бегона – ҳимоя карда шавад

ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳ кўшиш менамояд, ки муносибати ҷомеа ҷаҳониро бо Тоҷикистон халалдор намуда байни онҳо дилхунуки пайдо намояд.

Бо ин мақсад сарвари ТТЭ ҲНИ бо ибтикори ташкилоти бо номи «Бунёди байналмилалии Ризвон» тариқи онлайн ҷамъомад ташкил намуданд. Дар он масъалаи гўё дар Тоҷикистон аз тарафи сохторҳои давлатӣ дастгири карда шудани баъзе аз хамкунандагони муассисаҳои таълимии дунявию динии Эрон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Бо чунин андеша ТТЭ ҲНИ мехоҳад, ки муносибати Тоҷикистону Эронро ба ҳам муқобил гузарад ва бо ҳамин роҳ сиёсати Эронро ба манфиатҳои худ истифода барад.

Бояд қайд кард, ки дар муассисаҳои таълимии Эрон шумораи зиёди донишҷўёни Тоҷикистон таълим намуданд. Аммо баъзе аз он нафарон бо баъзе ташкилоту гурўҳҳои характери иртиҷопарастӣ дошта ҳамкори намуда гирифтори мафкураи онҳо гардиданд. Пас аз бозгашт онҳо барои тарғиби идеология ва мафкураи бегона дар ҷомеа машғул гардиданд.

Бояд зикр кард, ки ҳар давлат қонуну тартиботи худро дорад ва ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки мафкураи бегона дар давлат паҳн карда шавад. Тавре дар боло қайд карда шуд ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳ кўшиш менамояд, ки аз ҳар роҳу восита истифода намуда мавқеи худро устувор намояд.

Ҳамчунин имрўз гурўҳу ташкилотҳо ҳастанд, ки авзои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ноором сохта баҳри худ манфиатҳои зарурӣ гиранд.

Бинобар ин ТТЭ ҲНИ бо онҳо ҳамкорӣ намуда, баҳри манфиатҳои худ дасисаю иғвогариҳои нав ба нав таҳия намуда мавқеи худро дар назди сарпарастони хориҷии худаш устувор менамояд

Бояд афзуд ҷомеаи демократӣ талаб менамояд, ки дар давлат бояд нақшаи қонун аз боло бошад. Бинобар ин Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки мафкураи бегонаи ифротгаро дар ҷумҳурӣ аз тарафи баъзе ашхоси бегонапарст тарғибу парастиш карда шавад.

Рафтори ифротгароёнаю бегонапарастии ТТЭ ҲНИ бояд маҳкум карда шавад ва ҷомаеи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз душманони миллат ҳимоя карда шавад.  

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Ватанфурӯшони наҳзатӣ

Аз рўи расонаҳо ва хабарҳои иттилоотии ватанӣ ба мо маълум гашт, ки Муҳаммадиқбол Садруидинов яке аз инсони палиди ватанфурўш буда, баҳри манфиати худ шахсони соддадилро ба фирефтаи худ гирифта, аз маблағхои пулии онҳо даромади калон ба даст овардааст. Илова бар ин аз рўи маълумотҳои омории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки ин ашхоси беватан даҳ сол қабл ба чунин роҳҳои фиребгариву ифротгароӣ машғул буда, чун яке аз пайравони М.Кабирӣ кору фаъолият менамудааст.

Қобили қайд аст, ки Муҳаммадиқбол Садруидинов ҳаминро бояд бидонад, ки аз оғози солҳои 2010 то инҷониб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон торафт бо халқу мардуми осоиштаи ватандусташ мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуда, ба маълумотҳои бардуруғ ва гуфторҳои заифонаи чунин инсонҳои ба мисоли М.Кабирӣ, Ш.Гадоев ё ин марди беномуси хоини ватан Муҳаммадиқбол Садруидинов ғамгин нахоҳад шуд. Зеро ҳамагон медонанд, ки аллакай дар тули даҳ соли охир ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо халқу мардуми заҳматкашаш ба дараҷаҳои баланди байналмилалии ватандориву ватанпарастӣ расида, ба ҳадафҳои миллии худ ноил гаштааст.

Аз ҳамин лиҳоз бояд, қайд кард, ки Муҳаммадиқбол Садруидинов метавонад андаке сабр намояд, зеро мақомотҳои волоии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин инсонҳои беватани палидро намегузоранд, ки бо чунин сафсатаҳои бардуруғи худ моро ба фирефтаи худ гирифта, ҳамчун ғуломи худ созанд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дере нагузашта мақомотҳои волии ватанӣ ҳамачониба корҳои кофтуковии худро мустаҳкам намуда, чунин қаллобони хоини ватанро дастгир менамоянд. Мо ҳамагон намегузорем, ки ватани орому осоиштаи моро ин махлуқони ҷондори бераҳм халалдор созанд.

Пайравони М.Кабирӣ оё медонед: инсоне, ки дар тахти болоии ватани худ менишаст ва қалби пок, муҳаббат нисбат ба ватан, пешравии миллату давлаташро барои худ ҳамчун як вазифаи асосӣ лоақал хушбахтии оилаи худ меҳисобид, бояд аз чунин орзуе, ки на ба ҳамагон насиб мегардад даст накашида ба ватани бегонагон ҳамчун хоини давлат ва гуреза намешуд. Гуфтаҳои расмии Кабирӣ ва пайравонаш аз ҷумла Муҳаммадиқбол Садруидинов дар пояи ҳақиқат нест. Зеро дар солҳои пешина роҳбарияти кишвари азизамон барои М.Кабирӣ боварии комил пайдо намуда, бо мақсади боз ҳам пурзур намудани сулҳу суботи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҳизби амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ-ро барои фаъолияташон бо пуррагӣ иҷозат дода, М. Кабириро ҳамчун роҳбар овоз интихоб намуданд. Лек сад афсус, ки ҳадафҳои асосии М. Кабирӣ ва пайравонаш ин дидаву дониста ноором сохтани миллату давлат, хунрезии бегуноҳон, қашшоқиву сарсонӣ фарзандони тоҷик будааст.

Маълумоти иловагӣ ба Муҳаммадиқбол Садруидинов оид ба яке аз монандони худ доир ба ашхоси ғоратгар ва ватанфурўш Ш. Гадоев.

Сараввал бояд чунин қайд кард, ки Ш. Гадоев ба мисли Муҳаммадиқбол Садуридинов ҳеҷгоҳ барои осудагиву оромии Тоҷикистон, ватани худро тарк намекард. Чунки ӯ агар орзӯи дар ҳақиқат ободии ватанро медошт, пеш аз ҳама бо мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистони сӯҳбат ороста, барои дастгир кардани ашхоси ба мисоли ӯ гунаҳкор ва инчунин шахсони гумроҳшудагон, заррае саҳми худро мегузошт, то ки барои боз ҳам пурзур намудани сулҳу субот, амнияти миллӣ ҳамчун шахси ғариби пушаймоншуда асос меёфт. Вале сад афсус, ки аз ҳамон расонаҳои пешинаи (видеоролик) Ш. Гадоев хулосае бармеояд, ки Муҳаммадиқбол Садруидинов низ айни замон барои боз ҳам идома додани фаъолияти худ берун аз ватан ба аҳли ҷомеа маълумотҳои бардурғ расонида барои мутаҳам кардани дигарон кӯшиш ба харҷ мегирад.

Дар қисми хулосавӣ ҳаминро қайд кард, ки мо бо боварии комил гуфта метавонам, ки иғвогарону бефарҳангон наметавонанд мафкура ва тафаккури мардуми бофарҳанги миллати тоҷикро халалдор созанд. «Нест бод гуфтаҳо ва пайравони заиф ва хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддин»

  Қӯзибоева Б. – н.и.и., дотсенти кафедраи
  баҳисобгирии бухгалтери ДДҲБСТ

Читать далее

БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ОШТИНОПАЗИР БОШЕМ

Дар тамоми тӯли таърих терроризм хатаре ба ҳисоб меравад, ки дар инкишофи ҷамъияти инсонӣ мушкилиҳо, бадбахтиҳо ворид мекунад. Ҳадафи асосии террористон байни ҷомеа иғво барангехта, бо ҳамин дар ташаккул ёфтани ҷамъияти демократӣ монеъгӣ ба вуҷуд овардан аст. Террористон барои ба даст овардани ҳадафҳои худ аз ҳар гуна роҳҳо истифода мебаранд.

Терроризм имрӯз воситаи асосӣ барои ба даст овардани манфиатҳои худ гаштааст. Имрӯз дар олам ташкилотҳои махсуси террористӣ амал мекунанд, ки муайян кардани он бисёр мушкил аст. Дар миқёси байналхалқӣ ташкилотҳои бисёри террористӣ ва экстремистӣ арзи ҳастӣ доранд.

Аз нишондоди маълумоти умумии оморӣ, давлатҳое ҳастанд, ки ба террористон ёрдами пулӣ намуда, дастгирӣ менамоянд. Ба назардошти таҳлили иттилоотӣ, ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар солҳои охир таблиғи ақидаҳои террористӣ дар тамоми дунё зиёд гашта, ҷамъияти инсониро ба таҳлука меандозад. Терроризм дар асри бисту як оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, ба ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ монеъӣ расонда, сабаби нооромии башарият гардидааст. Террористон ва зархаридҳои онҳо бо истифода аз дини мубини Ислом, ки ягон ҳамбастагӣ ба ин раванди манфур надорад, ба корҳои ғайриинсонӣ ва нопоки худ даст мезананд.

Дар шароити ҳозира вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла ҷавонон чун як неруи пешбарандаи ҷамъият зиракиро аз даст надода, дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб оштинопазир будан аст.

Малика ҚОСИМОВА,
роҳбари ШКАТС‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои тиб, духтури дараҷаи олӣ

Читать далее

Мо фаъолияти Кабириро маҳкум менамоем!

Мафҳуми «ифротгароӣ» маънои ноором ва ба иғво андохтани вазъи ҷамъияти аҳли башар мебошад. Мақсади асосии онҳо паҳн намудани ҳар гунна иғвою дасисаҳои бардурӯғ дар байни мардум мебошад.

Тамоми мардуми кишвари Тоҷикистон Мухиддин Кабириро ҳамчун як нафари хоин ватанфурўш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Зеро Ватану ватандорӣ ва Ҳукумат вазифаи муқаддаси ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Кабирӣ бошад хоини миллат ва ватанфурўш аст, ки аз дур истода тариқи сомонаҳои интернетӣ суханҳои дурўғу фитнаангезро нисбати ҷомеъаи мо паҳн мекунад. Аслан ҲНИ ва ташкилкунандаи онҳо ҳеҷ вақт ба фоидаи мардум кор накардааст. Доим мухолифи давлат аст. Онҳо ҳамеша барои мақсади нопоки худ  кор мекунанд. Имрўз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё воқиф гардид. Онҳо ягон нияти нек надоранд ва бозичаи хориҷиён гардидаанд. Аз вақте, ки аъзои собиқ ҲНИ айни замон ТТЭ ҲНИ шуданаш ба халқу Ватани худ хиёнат карданро сар кардааст. Мухиддин Кабири муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо суханҳои дурўғу бемаъниаш дар арсаи ҷаҳон паст карданӣ мехоҳад. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт аст. Имрўз он дасисабозии он хоинони миллат ки нисбати халқи мо мекунанд ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд.

Дар тӯли 30 сол дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои меёрию ҳуқуқӣ оид ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон баҳри соҳиби маърифати баланди башардӯстӣ ва худшиносии миллӣ гардонидани онҳо аз қалби Консепсияи миллии тарбия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон» ба чоп расидааст. Бояд мо фаромӯш накунем ки ҳанӯз афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ боиси нигаронӣ дорад. Ҷавонони мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд.

Падару модаронро зарур аст, ки аз ин шароиту ғамхориҳои давлату ҳукумат истифода карда, фарзандони худро хононанд. Мунтазам ба дарсҳо иштирок кардан  ҳанӯз маънои хонданро надорад, балки аҳмияти хонданро дарк кардан ба хондан руй оварданро дорад. Дар ниҳоди фарзандон муҳаббат ба мактабу муаллиму китоб парварем, ки нахондан дар ҷаҳолат мондан аст, ҷаҳолат тирагии ақл аст, ақли тира накӯиро намебинад.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст ки  баҳри боз ҳам ободу зеботар гардонидани ватани биҳиштосоямон аз таҳти дил кору меҳнати самимию бобаракат карда дар таълиму тарбияи насли ҷавонон саҳми арзанда дошта бошем.

Мирзоҷонова М. Қ. – н.и.ф., дотсент,
мудири кафедраи забони англиси ДДҲБСТ

Читать далее

Бадхоҳони миллат ба мақсад нахоҳанд расид!

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки дар дунё ягон халқу миллате нест, ки мисли аҷдодони мо оид ба инсондӯстӣ, одаму одамгарӣ ва ахлоқи ҳамида, меҳанпарастӣ мероси бузурги маънавӣ дошта бошад. Бо ифтихор қайд менмоем, ки “Қобуснома”–и Унсурулмаолии Кайковус, “Сиёсатнома”–и Низомулмулк ва даҳҳову садҳо асарҳои дигари шоирону нависандагони адабиёти классикии  тоҷику форс саршор аз ғояҳои инсондӯстӣ, ватандустиву худогоҳӣ, ахлоқи ҳамида ва сиёсату давлатдорӣ мебошанд.

Маҳз барои соҳиб будан ба чунин мероси бузурги маънавӣ ва меҳмоннавозию инсондӯстӣ ва меҳанпарастиву хештаншиносӣ мардуми сайёра миллати куҳанбунёд ва ориёитабори моро мешиносанд. Аммо боиси афсус аст, ки нафароне мавҷуданд, ки аз ин мероси бузурги фарҳангии аҷдодони ба нангу ва баномусамон бехабаранд. Ҷаҳонбинии маҳдуд ва мафкураи танги ин қабил аз ҳиссиётҳои бадбинию адоват нисбат ба миллату давлат, манфиатҷӯӣ, дасисабозӣ, манфиати худро аз миллату давлат боло гузоштан саршор аст. Ин нафарон омодаанд ҳар лаҳза ҷиҳати амалӣ намудани мақсадҳои нопок ва ғаразноки худ ба халқу Ватан ва миллат хиёнат кунанд.

Ҳодисаҳои зиёде ба вуқуъ омадаанд, ки сабабгори асосии он хоинон ва бадбинони миллат мебошанд. Ин ҳама боиси монеаҳо гардидан ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, вазъи ороми ҷомеаи кишвар гардиданд

Дигар шахси бевиҷдон ин Иқболбии беимон аст, ки ҳамарӯза аз номи мардум менависаду дурӯғ мебофад, то ҷомеаро аз роҳи рост боз дораду ба роҳи нодуруст барад ва мисли солҳои 90-ум мардумро гумроҳ гардонад. На, имрӯз мардуми баномуси Тоҷикистон худогоҳ буда, алайҳи ин нобакорон нафрат доранд.

Шумо ҷинояткорону бадахлоқон, хоинони миллату Ватан боре андеша намудаед, ки дар пештоқи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ на мисраъҳои шоирони англису итолиёвӣ, франсузу маҷорӣ ва ё олмонӣ, аммо маҳз гуфтаҳои шоири бузурги адабиёти классикии тоҷику форс Саъдии Шерозӣ ба ҳафт забон сабт карда шудааст.

Мо зиёиён-тарбиятгарон ин амалҳои террористии бадхоҳони миллатро қатъиян маҳкум намуда, ҳама вақт даъват ба амал меоварем, ки бояд насли наврас, ҷавонони бонангу номус дар руҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, ҷавонони ватандӯсту шуҷоъро ба воя расонем. Дар амалишавии ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар ҳиссагузор буда, мутахассисони болаёқат ва бозоргирро тарбия намоем.

Дар ҷаҳони муосир бе донистани таърихи миллат, имкони сохтани ояндаи комилан устувор имкон надорад. Ҳарчанд дар аксарияти ҳодисаҳо имрӯз қавму қабила ва халқияту миллатҳои мухталиф бо сабаби дарк накардан ва дур мондан аз асли хеш, яъне аз даст додани хотираи таърихӣ аз байн рафта истодаанд. 

Итминон дорам, ки беватанон, хоинон ва бадбинони миллат-аъзоён ва пайравони ТТЭ ҲНИ аз ҳодисаву воқеаҳои нангини ҷаҳони имрӯза, пандемияи оламгир ва дасисабозии хоҷагони хориҷа ба хулосаи амиқ омада, тавба намуда, ақли солимро кор фармуда, дар амалишавии дастуру супоришҳои ҳукумати қонунии кишвар муаммо намешаванд. Ҳар кор ва амали ношоиста аввалу анҷом дорад. Пушаймонӣ суд нахоҳад дошт.

Қозиев К.С.
омӯзгори ДКМТ

Читать далее