May 2021

31 May 2021

СӮИҚАСД БА АДАБУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

      Сайф Раҳимзоди Афардӣ яке аз намояндагони барҷастаи адабу фарҳанги миллӣ буд, ки бадбахтона дар авҷи камолоти эҷодиаш аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шуд. Ин адиби забардасти тоҷик 20 майи соли 2000-ум дар назди даромадгоҳи манзили истиқоматиаш аз тарафи яке аз қотилони ТТЭ ҲНИ – Раҳим Қаландаров бо шеваи бераҳмона ба қатл расонда шудааст. Маълум аст, ки ин амали нангин ва тарсуёнаро раҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо мақсади тарсафканӣ ва зарба задан ба илму маърифат ва рушду тараққии миллат анҷом додаанд.  

Читать далее

Оғози мумфаршкунии 5 км роҳ дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии 5 км роҳи миёни маҳаллаҳои Чашмасор ва Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ оғоз ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими оғози корҳо ва суҳбат бо сокинони ҷамоат таъкид кард, ки имрӯзҳо бо дастгириву роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари вилоят бунёдкориҳо ҷараён дошта, мардум баҳри истиқболи сазовори ҷашни миллӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд.

Читать далее

Тақдими автомашинаҳои хизматӣ ба раисони ҷамоатҳои Чоркуҳ ва Ворухи шаҳри Исфара

30 май аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ҷамоатҳои Чоркуҳ ва Ворухи шаҳри Исфара автомашинаҳои тамғаи «Нива» туҳфа карда шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода калиди мошинҳои хизматиро ба раисони ҷамоатҳо супорида, аз онҳо даъват кард, ки фаъолияти хешро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ беш аз пеш талош намоянд. Таъкид карда шуд, ки бо дастгириву роҳанамоиҳои Сарвари давлат солҳои охир дар шаҳру деҳоти Исфара силсилаи иншооти таъиноташон гуногун бунёд шуда, шароити зисту зиндагии сокинон ба маротиб беҳтар гардидааст. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад дар ҳудуди шаҳр боз садҳо иншоот ба истифода дода шуд, ки ба некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.

Читать далее

МАҶМААИ ВАРЗИШИИ ИСТИҚЛОЛ - МАКТАБИ ЧЕМПИОНҲО

Дар ҳар минтақа ва шаҳру навоҳии мамлакат иншооте, мавзеъ ва ё ягон бинои маъмуриву манзилие мавҷуданд, ки дар ҳаёт ва зиндагии сокинони он ҷо ягон нақши муҳиме дораду бо гузашти даҳсолаҳо ҳам аз он ҷо ба некӣ ва ё ифтихоре ёдовар мешаванд.

Маҷмааи варзишии шаҳри Истиқлол (қаблан Табошар) аз ҷумлаи ана ҳамин иншооти машҳуру ангуштнамои шаҳриён буда, миёни мардум чун “макону мактаби чемпионҳо” низ маҳбубият дорад, ки хурду калон дӯсташ медоранд, бо як ифтихору самимият меҳмонони худро ба ин ҷо роҳбаладӣ мекунанд.

Воқеан ҳам маҷмаа аз назари ҷои интихоби шаҳрдорию меъморӣ дар як гӯшае бунёд ёфта, аз он ҷо тамоми манзараҳои рангоранги гирду атрофи шаҳр: қаторкӯҳҳову талу теппаҳо, боғоту киштзори вилояти Суғд намудору ҳамзамон, насими рӯҳбахше вазида, қалбҳоро фараҳ мебахшанд. Мавриди зикр аст, ки шаҳри Истиқлол, бешубҳа, аз назари тарҳи меъмориву шаҳрсозӣ миёни ҳамаи дигар шаҳрҳои кишвар ҷолибу нотакрор буда, ҳар меҳмони аз берун омада баъди сайругашти кӯтоҳе худро дар ин ё гӯшаи мамолики назди Балтику Скандинавия ва Аврупо тасаввур мекунад. Нафақат манзили зисти шаҳрвандон дар ин минтақаи шаҳр бинои фарҳангу боғи фароғатиаш, худи бинои маъмуриву мағозаю беморхонааш бо санъати баланди меъморӣ қомат рост карда, баъди эҳёи даврони соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар хизмати мардум қарор доранд.

Бунёду баҳрабардории ин маҷмааи варзишӣ, ба гуфти шаҳрванди Истиқлол, журналист, сармуҳаррири нашрияи вилоятии “Согдийская правда” Исҳоқҷон Зокиров, метавон гуфт ба се марҳала рост меояд. Нахуст ба охири солҳои 1948‐1949, ки шаҳрак дар тавозуни корхонаи азими кӯҳӣ кимиёи Ленинобод (ҳоло комбинати металлҳои нодири шаҳри Бӯстон) буду бо дастгирии ин корхонаи азими аҳамияти умумииттифоқидошта марҳала ба марҳала обод гашта, инфрасохторҳои шаҳрдорӣ: манзили истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, китобхона, қасри фарҳанг, варзишгоҳ бунёд шудаанд, марҳалаи дуввуми рушди ҳам шаҳри Истиқлол ва ҳам маҷмаа бевосита ба корхонаи машҳур бо номи “Заря Востока”–и худи шаҳр алоқаи зич дорад, хостан ба давраи роҳбарии директори генералии ин корхона, шодравон Иван Николаевич Средний рост меояд, ки фаъолияти босамар дошта, дар шаҳр иншоотҳои он, аз ҷумла маҷмаа бозсозиҳои ҷиддӣ ба вуқӯъ пайвастанд: майдонҳои гӯштингирӣ, теннис, ҳавзи шиноварӣ ва ба шарафи чемпиони ҷаҳон шудани тоҷикдухтар Зебунисо Рустамова майдони камонварӣ ин ҷо илова шуданд. Марҳалаи сеюми тармиму таъмир ва эҳё, ки дар замони соҳибистиқлолӣ сурат гирифтааст, ҳамоно ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштатарину макони баргузории чорабиниҳои варзишиву фарҳангии шаҳру мусобиқоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ шудааст.

Бахтиёр Абдуаҳадов, директори муасиссаи давлатии “Мактаби варзишӣ”‐и мазкур аз он изҳори қаноатмандӣ дорад, ки сафи он нафароне, ки ба варзиш машғул мешаванд, сол то сол афзуда, ин ҷо рӯзе нест, ки бо ширкати варзишгарони шаҳру меҳмонон аз дигар навоҳии вилоят мусобиқае доир нагардад. Чун сухан аз таъриху дастовардҳои варзишгарони истиқлолӣ меравад, сарвари мактаб бо як гармиву самимияти хоса нақл мекунад.

- Барои тамрин дар ҳамаи намуди варзиш ин ҷо шароити зарурию мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ муҳайё шудаанд, таъкид дошт Бахтиёр Абдуаҳадов, ҷиҳати баргузории мусобиқот чи дар сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ мо омода ҳастем.

Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Истиқлол дар суҳбат иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати боз ҳам оммавияти варзиш миёни аҳолӣ, хосатан насли наврасу ҷавонон ва эҳёи ҷадиду ҷавобгӯй ба манфиатҳои даврони соҳибистиқлол будани ин маҷмааи варзишӣ, ҳамзамон ба воя расонидани варзишгарони сатҳи баланди минтақавию ҷаҳонӣ талош хоҳад кард.

Ҷовиди АШТӢ,

рӯзноманигор,

махсус барои “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

МУАРРИФИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – МАҚСАДУ МАРОМИ ҶОМЕА

Бо иқдом ва дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии кишвар ба рушди босуръати иқтисодиёти мамлакат ва болоравии сатҳи иҷтимоиёти мардуми кишвар такони бузурге дод. Инчунин, эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон ва таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ мусоидат намуд.

Бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят дар арафаи иди касбии кормандони соҳаи саноати сабук бахшида ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» фестивал озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандон ва коргоҳҳои саноати сабуки вилоят маҳсулоти истеҳсолӣ ва ҳунарҳои дастӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Меҳмонон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, алалхусус аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз намоиш дидан карда, бо ҳунарҳои волои ҳунармандони вилоят шиносоӣ пайдо карда, ба маҳсулоти дар намоишбуда баҳои баланд гузоштанд. Фестивал озмун дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ оғоз гардида, нахуст раиси иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ҳамагонро хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки кишвари тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқ, алалхусус дар самти ободониву сохтмони иншооти ҳаётан муҳим, бунёди садҳо корхонаи саноативу иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ бо дастовардҳои бузург дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст. Амалигардии ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳамоварии шароити мусоиди иҷтимоӣ меҳвари марказӣ ва мақсаду мароми мақомоти маҳаллии давлатӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар заминаи рушди саноати сабук ва ҷиҳати эҳёи анъанаи ҳунарҳои мардумӣ, ки ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсири бемайлон расонида, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар давраи густариши саноати ҳунарҳои дастии мардумӣ, дар самти таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳадафмандона тадбирҳои зиёде амалӣ гардида истодааст. Боиси қайд аст, ки дар вилоят ҷиҳати баланд бардоштани ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, косибӣ ва амсоли ин тадбирҳои бузурги созанда анҷом дода шудааст. Ҳадафи асосӣ аз эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ин, пеш аз ҳама, ривоҷ бахшидан ба фарҳангу анъанаҳои миллии ниёгонамон ва дар ин замина бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони бешуғл ва хонашин, кам кардани сафи занони муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб байни наврасон ва занону духтарон, дарёфти корҳои баландмузд барои занони ҳунарманд ва ба ин васила муаррифӣ намудани ҳунарҳои миллӣ дар замони нави таърихии кишвар аст.

Иттифоқҳои касабаи вилоят низ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди иҷтимоӣ ҳиссаи босазои худро мегузорад, гуфт номбурда. Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук ба аҳли нишаст расонда, аз ҷумла таъкид дошт, ки нақши саноати сабук дар кишвари тозаистиқлоли мо дар таъмини эҳтиёҷоти мардум, рушди бонизоми кулли соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт мавқеи муҳим дорад. Ҷорӣ намудани комёбиҳои нави илму техника ва технологияи муосир дар истеҳсолот, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати маҳсулот ва ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти рақобатпазир аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси соҳа дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар аст.

Ҳамчунин раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода қайд кард, ки як насл давлат, хона, бино, роҳ, пул, нақб, гулгашт, боғ, иншооти варзишӣ, кохҳои фарҳангӣ ва иншооти ҳаётан муҳимро сохт. Аз ин рӯ, насли ояндаро мебояд тамоми кӯшишу ғайрати худро барои аз худ кардани илму технологияи муосир сарф намояд. Сипас, намояндаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргиса Шамсиева номаи шодбошии Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабирро қироат карда, иброз дошт, ки соҳаи саноати сабук дар вилоят таҳкурсии мустаҳкам дошта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз пахта назаррас арзёбӣ мегардад ва барои расидан ба ҳадафи миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар нақши муҳим дорад.

Саноатчиёни вилоят, бахусус кормандони соҳаи саноати сабук дар давраи ниҳоят мушкил, яъне соли 2020, ки ҷаҳонро пандемияи COVID 19 фаро гирифта буд, тавонистанд, бо тезӣ истеҳсолоти худро ба талабот мутобиқ намуда, барои дӯхтани ниқобҳои яккаратаву бисёркарата, аз матои пахтагин истеҳсоли корҷомаҳои тиббиро ба роҳ монанд ва, ҳатто, ба хориҷи кишвар содирот намоянд. Барои фаъолияти пурсамар, меҳнати фидокорона, саҳмгузорӣ дар пешбурди истеҳсолот ва рушди соҳаи саноати сабук фаъолон ва собиқадорони соҳа бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд. Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони номии вилоят пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БЕFАРАЗОНА, ДИЛСӮЗОНА ВА ХОЛИСОНА

Дар маҷлисгоҳи прокуратураи вилояти Суғд маҷлиси ҳайати мушовараи прокуратураи вилоят вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузории замин бо иштироки прокуророн, раисони шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои идораи замин, корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, сохторҳои меъморию шаҳрсозӣ ва дигар мақомоти давлатӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро прокурори вилоят Фурқат Хоҷазода ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз 17‐уми апрели соли 2020 таъкид намуданд, ки: “Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем”.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби мақомоти марбута фаъолияти муайяне ба сомон расонида шудааст, ки он ба беҳтар гардидани ҳолати риояи муқаррароти қонунгузориҳои мазкур дар ҳудуди вилоят мусоидат намудааст. Дар баробари ин ҳоло ҳам дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи идораи замин, сохторҳои меъморию шаҳрсозӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар заминистифодабарандагон қонунвайронкуниҳо, аз қабили ғайриқонунӣ ҷудо ва вобаста намудани қитъаи замин, ғайримақсаднок истифода намудани он, аз гардиши кишоварзӣ берун мондан ва дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор доштани заминҳои кишоварзӣ ҷой доранд.

Сардори бахши назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 2 Саидҷамол Ҷалолзода қайд кард, ки зимни санҷиш ҳолатҳои дағалона вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба замин дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ошкор гардида, дар давраи таҳлилӣ барои даст доштан ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ додан, хариду фурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин нисбат ба 53 нафар шахсони мансабдор, аз ин 2 нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 3 нафар корманди Кумитаи идораи замин, 17 нафар корманди корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 18 нафар масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 13 нафар роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолатҳои бархилофи талаботи қонунгузории замин, қоидаю меъёрҳои шаҳрсозӣ ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ҷой дошта, дар давраи таҳлилӣ ба 347 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин эътироз оварда, қарорҳо бекор ё ба талаботи қонун мутобиқ гардонида шудаанд, ки ба шаҳру ноҳияҳои Деваштич 45, Мастчоҳ 35, Бобоҷон Ғафуров 30, Ашт ва Панҷакент 29‐ададӣ, Истаравшан 26, Хуҷанд ва Исфара 25‐ададӣ, Айнӣ 20, Ҷаббор Расулов 18, Конибодом 17, Спитамен 10, Гулистон 9, Бӯстон 8, Зафаробод ва Истиқлол 6 ададӣ, Шаҳристон 5 ва Кӯҳистони Мастчоҳ 4 ададӣ рост меояд.

Муайян гардид, ки дар ҳудуди вилоят соли 2020 уми 1824 гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиш берун мондаанд. Ин дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 724 гектар, Мастчоҳ 366 гектар, Ашт 227, Деваштич 165, Зафаробод 126, Конибодом 69, Спитамен 65, Бобоҷон Ғафуров 54 ва Панҷакент 28 гектарро ташкил медиҳад. Аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда 2772 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии интизомию (440) маъмурӣ (2069) ва ҷиноятӣ (263) кашида шуда, 8544 (4395/4149) гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ва ғайриқонунӣ вобасташуда ба ҳолати аввала баргардонида шуданд. Ҳамзамон, доир ба масъалаи дуюм вобаста ба вазъи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сохторҳои зертобеи он дар соли 2020 ва се моҳи соли ҷорӣ сардори шуъбаи назорати умумӣ Маҳмадалӣ Пардазода баромад намуд.

Мавсуф изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бевосита ва ё якҷоя бо дигарон тавассути намояндагони ваколатдори худ ба мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ кафолат медиҳад. Мақомоти давлатӣ, бахусус, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро воқеъбинона, холисона, беғаразона ва саривақт баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба муроҷиаткунанда тариқи хаттӣ хабар диҳанд. Ин ҳадаф вазифаи асосии ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба он Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти прокуратураро вазифадор намуданд, ки риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ"‐ро аз ҷониби шахсони мансабдор ва дигар хизматчиёни давлатӣ таъмин намуда, бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ҳар нимсола ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Бинобар ҷиддӣ будани масъалаи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24‐уми апрели соли 2010, роҳбарияти тамоми зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони аввали вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сарварони ташкилоту муассисаҳои давлатиро вазифадор карда буданд, ки қабули шаҳрвандонро ҳар рӯзи шанбе, инчунин бо ташкили сафарҳои корӣ дар маҳалҳо ба роҳ монда, ҳаллу фасли арзу шикоятҳои онҳоро таъмин намоянд.

Қайд гардид, ки мақомоти прокуратураи вилояти Суғд аз натиҷаи санҷишҳои гузаронида дар давраи соли 2020 ва се моҳи соли 2021 баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоргардида дар маҷмӯъ 269 пешниҳод, 203 амр бароварда шуда, 370 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, 143 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба 7 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 163 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст. Мутаассифона, то ҳанӯз камбудиҳо дар ин самт ҷой дошта, аз мутасаддиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилот талаб карда шуд, ки баҳри риояи талаботи қонун, холисонаву беғаразона ва саривақт баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

АНҶОМИ ТАҲСИЛ, ОҒОЗИ АТТЕСТАТСИЯ

Баҳри иҷроиши фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2021, № 225 «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020‐2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», фармоиши Раёсати маорифи вилоят аз 25.02.2021, № 42, ҳамчунин Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020 – 2021, аттестатсияи аз синф ба синфгузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат омодагӣ ба ҷамъбасти соли таҳсили 2020‐2021 ва аттестатсия ҷараён дорад.

Маълум аст, ки машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1‐и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 7‐уми июни соли 2021 ва дар синфҳои 2‐11‐и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 14‐уми июни соли 2021 ба итмом хоҳад расид. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми хонандагони синфҳои 2‐11 дар асоси маводи пешниҳоднамудаи раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат аз ҷониби роҳбарони синф ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ҳуҷҷатҳои зарурии хонандагони синфи аттестатсияшаванда омода гардида, барои баргузории аттестатсия тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Ҷадвали гузаронидани аттестатсия бо назардошти забони таълим ва равия як моҳ пеш аз саршавии он тасдиқ ва насб гардидаанд. Сардори шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом Б. Ҷабборӣ омодагии муассисаҳои таълимиро ба аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм чунин иброз дошт: Дар асоси фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ба мо, директорони муассисаҳои таълимӣ иҷозат дода шудааст, ки агар зиёда аз се синфи мувозӣ (параллелӣ) дошта бошем, дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ вобаста ба имконияти муассисаи таълимӣ муҳлати аттестатсияи аз синф ба синф гузарониданро 3 рӯз тамдид намоем.

Ҳамчунин дастур гирифтем, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4 8 ва 10 (ба истиснои саволномаҳои тестӣ барои хонандагони синфи 10) дар асоси маводи пешниҳоднамудаи раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси маводи пешниҳодкардаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад. Муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов иброз медорад, ки алҳол тамоми муассисаҳои таълимӣ барои гузаронидани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм ҳамаҷиҳата омода буда, тамоми директорони муассисаҳои таълимӣ вазифадор шудаанд, ки маводи иловагии аттестатсияи шифоҳии аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро, ки омӯзгорони фаннӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ тартиб додаанд, як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия бо тавсияи иттиҳодияҳои методӣ ва Шӯрои методӣ тасдиқ ва дар ҷои махсус маҳфуз доранд.

Қайд бояд кард, ки барои кӯдакони бемор ва дорои имкониятҳои маҳдуд, ки дар хона таълим мегиранд, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, тибқи муқаррароти мавҷуда, вобаста ба намуди беморӣ ва дараҷаи дарсазхудкунии онҳо дар мувофиқа бо раёсат ва шуъбаҳои маориф гузаронида мешавад. Ҳамчунин, барои хонандагони бемор ва имконияташон маҳдуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии барои онҳо пешбинишуда таҳсил менамоянд, шароит муҳайё мегардад. Довталабони аттестатсияи аълои универсалӣ ба медали тиллою нуқра дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад, аттестатсия супурда, натиҷаи он барои ташхис ба Раёсати маорифи вилоят дар муҳлатҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ натиҷаи аттестатсияро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Рӯйхати пешакии довталабони медали тилло ва нуқра бо нишондоди равия ва забони таълим ба Раёсати маориф пешниҳод гардида, корҳои хаттии довталабон, тибқи талаботи «Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус» ва «Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фиристода мешавад.

Аз натиҷаи ҷамъбасти аттестатсия ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят масъулин бояд то санаи 1‐уми июли соли 2021 маълумот пешниҳод намоянд. Умед бар он дорем, ки аттестатсияи давлатии аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилотӣ шаффоф ҷараён гирифта, довталабон барои супурдани имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии мамлакат омодагии ҳамаҷониба мебинанд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

28 May 2021

БОЗЁФТҲОИ ПАЖӮҲИШГАРОНИ ҶАВОН

Дар сессияи вилоятии "Академияи хурди илмҳо" беш аз 500 кори илмӣ таҳқиқотии хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Санаи 22‐юми майи соли ҷорӣ дар МТМУ №12‐уми ноҳияи Спитамен сессияи вилоятии "Академияи хурди илмҳо" баргузор шуд, ки дар асоси дастури Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раёсати маорифи вилояти Суғд бо корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят амалӣ гашт.

Чорабинии ифтитоҳии сессияи вилоятии "Академияи хурди илмҳо"‐ро директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов оғоз бахшида, баргузории озмуни мазкурро барои дарёфти истеъдодҳо, ҷалби хонандагон ба корҳои илмӣ таҳқиқотӣ тадбирҳои муҳиму созанда арзёбӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар назди 28 муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят 70 маҳфили доимоамалкунандаи Академияи хурди илмҳо мавҷуд буда, беш аз 4 ҳазор хонандаи муассисаҳои таълимӣ аз рӯи фанҳои гуманитарӣ ва дақиқ ба маҳфилҳо ҷалб шудаанд. Озмуни мазкур бахшида ба Солҳои 2020‐2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" баргузор шуда, аз зумраи маҳбубтарин озмуни хонандагони муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.

Дар сессияи вилоятии "Академияи хурди илмҳо" аз 20 фанни таълимӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, математика, астрофизика, технологияи иттилоотӣ, география, экология, равоншиносӣ, забони русӣ, адабиёти рус, забони англисӣ, забони тоҷикӣ, адабиёт, педагогика, иқтисодиёт, рӯзноманигорӣ, таърих, ҳуқуқшиносӣ ва тиб беш аз 500 хонанда ғолибони даври шаҳрӣ ноҳиявии озмун аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят ширкат намуданд. Дар интиҳои озмун 100 кори беҳтарин интихоб гардида, ғолибон бо Дипломҳои дараҷавӣ ва тамоми иштирокчиён бо Ифтихорномаи Раёсати маорифи вилоят ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят қадршиносӣ шуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Шаҳристон, Спитамен аксари ҷойҳои ифтихориро касб намуда, дар асоси пешниҳоди ҳайати ҳакамон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Лозим ба таъкид аст, ки соли 2019 дастаи вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии озмуни Академияи хурди илмҳо беш аз 200 ҷойи ифтихориро касб намуда, мақоми аввалро дар ҷумҳурӣ ишғол намуда буд. Соли 2020 озмуни мазкур бинобар хурӯҷи бемории ҳамагири COVID‐19 баргузор нагашт.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ИММУНИЗАТСИЯИ КӮДАК ҲАТМИСТ!

Чанд рӯз инҷониб дар қаламрави вилоят корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, аз қабили тренингу семинарҳо, вохӯриву суҳбатҳо байни кормандони соҳаи тиб, намояндагони ҷамоату деҳот, ташкилоту идораҳо ва воситаҳои ахбори омма оид ба роҳҳои пешгирии бемории сироятии фалаҷ байни аҳолӣ оид ба иммунизатсияи кӯдак доир гардида истодааст.

Намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳури Тоҷикистон Саида Бобоназарова оид ба таърихи ихтирои ваксина зидди беморӣ, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва хатарнок будани беморӣ ба рӯзноманигорони вилоят маълумот дод. Ӯ гуфт, ки фалаҷ бемории шадиди сироятӣ буда, барангезандаи он се навъи энтеровирусҳо – полиовирусҳои намуди 1, 2 ва 3 мебошад. Фалаҷ метавонад сабаб ба бемории якумра гашта, ҳатто ба марг оварда расонад.

Беморӣ табобатнашаванда буда, танҳо бо роҳи иммунизатсия бо истифода аз якчанд вояҳои ваксинаҳои зидди бемории фалаҷ метавон онро пешгирӣ намуд. Кӯдакони хурдсол таҳти хатари бештари сироятёбӣ қарор доранд. Гуфта шуд, ки сироятёбӣ тавассути об ё хӯроке, ки бо наҷосати сироятёфта олуда шудааст, дохили организм мегардад. Ҳолати бади санитарӣ ва риоя накардани тозагӣ ба полиовирус имконият медиҳад, ки зудтар паҳн шавад. Намояндаи Раёсати тандурустии вилоят Фахриддин Ҳакимов изҳори нигаронӣ кард, ки мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол кӯдаконе ҳастанд, ки аз иммунизатсияи зидди бемории фалаҷ боз мемонанд. То он даме, ки вируси фалаҷ дар кишварҳои эпидемикӣ, ба монанди Афғонистон ва Покистон гардиш дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти хатари воридоти он қарор хоҳад дошт. Ягона роҳи муҳофизати кӯдакон ин пурзӯр намудани чорабиниҳои пешгирикунандаи иммунизатсионӣ бо истифода аз ваксинаҳои зидди бемории фалаҷ мебошад.

Гуфта шуд, ки барои роҳ надодан ба гардиши вируси фалаҷ дар муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳӣ аз ҷониби кормандони тиб бояд коргузориҳо оид ба дарёфти кӯдакони аз иммунизатсия бозмонда ва фаро гирифтани онҳо пурзӯр карда шаванд. Баробари ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо дастгирии ҳамаҷонибаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ЮНИСЕФ ва дигар шарикони ҳамкор ташкил ва гузаронидани Рӯзҳои иммунизатсияи иловагиро бар зидди бемории фалаҷ байни кӯдакони соли таваллудашон аз 1уми январи соли 2016 то имрӯз новобаста аз ҳолати иммунизатсиониашон давоми моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ бо истифода аз ваксинаи ОПВ2 ба нақша гирифтааст. Тренер Ҷамшеди Маъруф ба иштирокдорони чорабинӣ дар бобати манбаъҳои муътамад ва тарзи дурусти пешниҳоди мавод маълумот дод.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи

нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт

мегардад

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Аз 1 сентябри соли 2021:

Читать далее