11 May 2021

Маълумоти пешакӣ оид ба оқибатҳои омадани сел

Дар натиҷаи боришоти боронҳои пай дар пайи санаи 11 майи соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ сел омад,

Читать далее

Оғози мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

11 майи соли 2021 дар Қасри варзиши маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  раисони шаҳру ноҳияҳо ва варзишгарон маросими оғози мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Чуноне таъкид карда шуд,  мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил гардида,  ҳадаф аз роҳандозии иқдом тарғиби тарзи ҳаёти солим,  ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш,  мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни варзишгарон маҳсуб меёбад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти сохторҳои давлатӣ ҷаласаи корӣ доир намуданд

10 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷаласаи корӣ доир намуданд.

Сарвари давлат ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни тадбирҳои омодагӣ ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт мавриди истифода қарор додани иншооти хурду бузурги ҷашнӣ, татбиқи амалии барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, суръатбахшии ҷамъоварии ҳосили саҳро, харидорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъбасти муваффақонаи фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ дар чор моҳи соли 2021 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Читать далее

ОФАТИ ТАБИӢ БА ДЕҲОТ ТАЪСИР РАСОНД

Тибқи иттилои сухангӯи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят Шаҳзода Бутаева, санаи 5 – уми майи соли равон соатҳои 14:30 – 15:00 дар шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Моғиён, деҳаи Ғазнаи поён, минтақаи Чуқурак, қисми ҷанубии деҳа фаромадани сангпораҳо ба қайд гирифта шуда, чунин ҳолат то ҳол идома дорад. Бинобар хавфи фаромадани ярч 29 хоҷагие, ки дар 15 манзили истиқоматӣ дар ин минтақа зиндгӣ мекунанд, ба ҷойҳои нисбатан бехавф, ба хонаҳои хешовандон кӯчонида шудаанд. Дар ин самт аз ҷониби масъулин корҳо идома доранд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки санаи 6‐уми майи соли равон дар ноҳияи Ашт тахминан соатҳои 17‐50 дар натиҷаи боридани боришоти борон дар сойҳои Аштсойи Ҷамоати деҳоти Ашт, Пунуксойи Ҷамоати деҳоти Пунук ва Гулосойи Ҷамоати деҳоти Ошоба баланд шудани сатҳи об ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он асосан роҳҳои автомобилгард ва пулҳои маҳаллӣ зарар дидааст.

Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Ашт тахминан 8 километр роҳ, дар деҳоти Пунук тахминан 700 метр роҳ ва дар Ошоба тахминан як километр роҳ қисман шуста шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ дар Ҷамоати деҳоти Ашт воридшавии селоба ба манзилҳои бархе аз аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бо мақсади пешгирӣ ва сари вақт амалӣ намудани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар минтақаҳои мазкур навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, таҳти назорати Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия қарор дорад. Инчунин санаи 4 –уми май, тақрибан соати 18:0018:50 чунин боришоти зиёд ва омадани сел дар Ҷамоати деҳоти Ростровут, деҳаи Ростровут, Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаҳои Ваҳдат, Угук ва Метки ноҳияи Деваштич ба қайд гирифта шуда, хисороти моддӣ расонида шудааст.

Дар натиҷаи офати табиӣ дар деҳаи Ростровут 4 иншооти ёрирасон, 4 километр хатти оби полезӣ, 1,7 километр хатти оби нӯшокӣ, 12 километр роҳи дохили деҳа, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, 7,5 гектар (71 хоҷагӣ), замини кишоварзӣ 2,15 гектар ва як хонаи селобдаромада ба қайд гирифта шуд. Аз ҷониби масъулини соҳа ҳамаи техникаву таҷҳизоти зарурӣ муҳайё гардонида шудааст,иброз дошт Шаҳзода Бутаева.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

КАРДИОЛОГИЯ. ГУЗАШТА ВА ҲОЗИРА

Бузургсолон ва миёнсолонро дар хотироташон ҳолат, вазъ ва тарҳу намои беморхонаи пешинаи кардиология – маркази дилшиносӣ, табобатгоҳи дилу шарёнҳо дар соҳили дарёи Сир, дар шаҳри Хуҷанд равшан боқӣ мондааст: иморатҳои хурду якошёнаи кӯҳнасохти солҳои гузаштаи дур, саҳни начандон ободу сабзпӯш, дохили ҳуҷраҳои табобатӣ, роҳраву долонҳои хурду ҳар сол таъмирталаб на танҳо беморони бистарӣ, балки ҳайати табобатгарон – духтурону дигар кормандону хизматчиёнашро, бе ягон шакку шубҳа, ба ҳаяҷон ва риққат ҳам меовард. Аммо табибони ба қасами касбӣ содиқу вафодор ва корманду хизматчиёни дилёбу меҳнатӣ бо иродаи қавӣ, вафодорӣ нисбат ба саломатии мардум, барқарорсозии тансиҳатии омма бо масъулияти том, уҳдабароёна заҳмат мекашиданд. Ин ҳама дар гузашта буд.

Имрӯз, мисли офтоби оламтоб рӯшану гарм ва меҳрбор дар назарҳо метобад бинои замонавию ба талаботи муосир ҷавобгӯ, хуштарҳу хушнамои Маркази вилоятии дилшиносӣ – дилу шарёни ба номи А.Орифов дар шаҳри Хуҷанд – канори соҳили Сир. Маркази кардиологии тозабунёд – ин маъвои нерумандӣ ва солимиро ҳангоми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ифтитоҳ намуданд.

Бинои хушнамуду хушнамо ба таъиноташ муносибу мувофиқ қомат афрохта, саҳнаш басо зебову сабзу фараҳбахш, ниҳолони сарсабзу ороишёфта, қолини гулҳо гӯё густурда, суҳбаткадаҳои хушсохту зебо, ҷойҳои истироҳату дамгирӣ барои ҳам беморону ҳам ба аёдатомадагон муҳайё – ин ҳама манзараҳои хеле ва хеле хушоянд, баҳри ҳифзу табобату солимии мардумон ободкорӣ шудаанд. Дар мавсим фаввораҳояш аз об кокулони софу мусаффо мебофанд. Куллан он ҳама хушрӯй ва босаводона тарҳрезӣ карда шудаанд. Чаҳор бино, ки бо намои беқиёси худ арзи вуҷуд доранд, на танҳо шаҳриён, сокинони вилоят, балки меҳмонони сершуморро ба сӯяш ҷалб менамояд, диққату таваҷҷуҳ эҳсос ба бор меоваранд.

Бо иқдом ва тадбирҳои созандагии Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва вилоят дар ҳаёти ҷомеа ва мардум як рукни бунёдӣ ба амал омад ва онро муҳандисон лоиҳакашҳо ва сохтмончиёни ободгар амалӣ гардониданд, ки ин муассисаи тиббӣ аз рӯи ҳама талаботу меъёрҳои биносозӣ ҷавобгӯйи стандартҳои аврупоӣ мебошад. Танҳо барои сохтмони шуъбаи қабулгоҳ бо дастури Пешвои муаззам, муҳтарам Президентамон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зарурӣ равона карда, санаи бистуми ноябри соли дуҳазору бистум бо дастгирии Сарвари давлатамон бинои нави дорои 116 ҷой ба истифода дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти олии кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон ба солимии миллат эътибору таваҷҷуҳи бузург намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар сокини Ватани соҳибихтиёр тадбирҳои бунёдӣ меандешанд. Аз ҳама муҳим ин аст, ки дар ин ҷо анъанаҳои дар вақту замон санҷида, роҳу тарзу усули табобат, ҷустуҷӯву дарёфти чораҳои муҳиму зарурӣ таҳкурсии қавӣ доранд. Аз рӯи бисёр амалҳо Маркази кардиологӣ – дилшиносӣ мактаби таҷрибаи пешқадаму ибратбахш ва омодасозии кадрҳо – мутахассисони ҷавони соҳаи ҳаётан муҳим муаррифӣ гардидааст. Ва имрӯз ҷомеаи илмӣ ва касбияти соҳавӣ аз уҳдаи ҳалли бисёр масъалаи барқарорсозии саломатӣ ва табобату муолиҷаи воқеъбинона баромада метавонад. Дар Маркази кардиологӣ 240 ҷой – кати табобатӣ муҳайёст.

Аз онҳо 180 ҷой барои касони дорои касалии дил ва 50 ҷой – кат баҳри беморони чарроҳишуда махсус гардонида шудааст. Дар 13 шуъба: инфаркт – миокард, фишорбаландӣ, бемории ишемияи мунтазами дил, номураттабии набзи дил, саршавӣ ва гирифтории коҳиши дил, ҷарроҳии ИБС ва рагҳо, анестезия, реаниматсия (мадҳушкунӣ ва эҳёгарӣ), шуъбаи қабулгоҳ, маслиҳатии поликлиникӣ, диагностикаи функсионалӣ, лаборатория ташхисгоҳ, роҳандозии муолиҷаи физиотерапевтӣ бо бемории дил ва рагҳо, инфаркт – миокард, стенокардия, тарбод бо касалии дил, нишонаҳои гуногуни тағйирёбии набзи дил, касалии рагҳо ва шоҳрагҳо ва дигар бемориҳои вобаста ба дил амал мекунанд ва дар онҳо табибони соҳибтахассуси дараҷаи баланд заҳмат мекашанд. Дар шуъбаи сеюм, давраи пандемия панҷоҳ кати махсус ташкил карда шуд ва ба 197 сокини вилоят хизмати карантинӣ расонида, 42 корманд ва 16 духтур дар Беморхонаи клиникии вилоятӣ, таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи шаҳрии сироятӣ садоқатмандона хизмат намуданд.

Дар семоҳаи аввали соли равон ду ҳазору дусаду бист бемор сиҳату саломат шуда, ба хонаҳояшон баргаштаанд, 27 ҷарроҳии дил ва 51 амалиёт ба рагҳо гузаронида шудааст. Ва ин маркази табобатӣ – муолиҷавӣ бо тамоми таҷҳизоти техникиву технологии сатҳи баланд ҷиҳозонидаву таъмин ва дастгоҳҳои муолиҷавӣ ташхисӣ мавҷуд мебошанд. Дар ин даргоҳи умеду орзуву ормонҳои ҳаёт, зиндагӣ ва солимӣ доктори илмҳои тиб Обид Деҳқонов, номзадҳои илмҳои тиб Иброҳимхоҷа Хоҷаев, Муаззамахон Сайфуллоева, Ҳотамҷон Маҳмудов, Орифҷон Пӯлодов, Абдумалик Саломов, Муҳтарамахон Раҳимова, духтурони соҳибмалака Темурмалик Ҳоҷиев, Абдусаттор Ҳоҷибоев, Шаҳлохон Рауфова, Абдуҳаким Ҷӯраев, Азимҷон Содиқов, Зафар Ҳоҷибоев, Дадоҷон Комилов, Рустам Бобоҷонов, Ҳасанҷон Тоҷибоев, Шӯҳрат Эшонқулов, Саъбахон Маҳмудова, Далерҷон Болтубоев, ки дорои тахассуси дараҷаи олӣ мебошанд, шоиставу дилгармона кору меҳнат мекунанд. Дар ин самт Аълочии нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуллоҷонович Ҷӯрабоев кору пайкори касбӣ ва хизматӣ дорад. Мавсуф соли ҳазору нӯҳсаду панҷоҳу нӯҳ дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Падараш ҳуқуқшинос ва модараш иқтисоддон буданду Абдуллоҷон ва Қутбияхон нӯҳ фарзандро тарбия карда, ба камол расонидаанд.

Абдуғаффор аз ҷумлаи фарзанди ҳаштум буда, аз овони мактабхонӣ орзуи духтур шуданро дар дил мепарварид. Ва ниҳоли таманнояш дар боғи ҳаёт гул карда, самараҳои руҳбахш овард. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино – факултаи муолиҷавиро соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду ду бомуваффақият хатм намуд ва саҳифаи фаъолияти мустақилонааш оғоз шуданд. Ҳамчун духтур – кардиолог дар вазифаҳои гуногун, дар соҳаҳои тандурустӣ ва муолиҷавӣ хизмати софдилона кард. Вай ба бисёр касон, бемуболиға, умри дубора бахшидааст. Дар хона табобат гирифта, умед доштам сиҳатманд мешавам, мегӯяд иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат Исмоил Иброҳимов – аз ноҳияи Ҷаббор Расулов. Зарур омад, ки ба табобатгоҳи вилоятии кардиологӣ биравам. Маро қабул карда, санҷида гуфт, ки духтур Ҷӯрабоев – мудири шуъба аст.

Бо тавсияи ӯ бисёр таъиноту муолиҷаи табобатӣ гирифтам. Ман, ки дар муҳорибаҳои назди шаҳри Рҷев ҷароҳати вазнини сар бардошта, маҷруҳ шуда будам, аз ҳамон вақт аз бемории дил ранҷу азоб доштам. Бо гирифтани маҷмӯи муолиҷа худро солиму неруманд эҳсос намудам ва ба хона сиҳатманд баргаштам. Ба духтури шафқатманд ҳазорҳо бор таҳсин мехонам. Монанди ин собиқадори ҷангу меҳнат дигар шахсони ҳоҷатманд маҷрӯҳ Абдураҳмон Рӯзибоев – аз шаҳри Панҷакент, ветеранҳои меҳнат ва маҷрӯҳон Валиҷон Боқиев – аз шаҳри Бӯстон, Ҳоҷинисо Исмоилова – аз шаҳри Исфара, Розия Маҳмудова аз шаҳри Хуҷанд, Мавлонбек Қундузов – аз шаҳраки Пролетар, Мавлонбек Неъматов – аз шаҳри Панҷакент, Мастона Бобоҷонова – аз ноҳияи Ашт навиштаанд ва изҳор медоранд, ки аз маслиҳату табобату муомилаву муоширати ғарқи одобу хислатҳои инсонии духтури дилшинос Абдуғаффор Ҷӯрабоев шифои комил ёфтаанду лаззату нишоти зиндагӣ доранд.

 Бале, гуфтаанд: Аз дил меҳри одамият рехт, оре, инсон ин аст…

Александр РАДУШКИН,

рӯзноманигор.

Махсус барои «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

НАВОЕ АЗ ҚАЪРИ АСРҲО

«Шашмақом» достони муҳташами савту калом аст, ки дар навоҳои он беҳтарин ва олитарин орзуву пиндорҳои неки аҷдодони мо таҷассум ёфтаанд. Он қаблан аз дувоздаҳ мақом иборат буд. Баъдан ба шаш мақом ҷудо шудааст, ки аз мақомҳои дугоҳ, рост, наво, сегоҳ ва ироқ иборат мебошад. Дар Самарқанду Бухоро «Шашмақом» аслан мусиқии дарбориён маҳсуб меёфт. Онро асосан шоҳону вазирон ва одамони сарватманд гӯш мекарданд. Хушбахтона, ин ҷанр то кунун обрӯву нуфузи худро нигоҳ дошта, маъруфият пайдо кардааст. Таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. Асосгузорони «Шашмақом» ро дар Тоҷикистон, бешубҳа, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев ном бурдан мумкин аст, ки барои барпо доштани ин санъати волои тоҷикӣ хизматҳои шоён кардаанд.

12‐уми майи соли 2000 барои мухлисони ин санъати воло рӯзи таърихӣ ва хурсандибахш буд. Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати махсус оид ба «Инкишофи минбаъдаи санъати «Шашмақомхонӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, шурӯъ аз он санаи муборак 12 – уми май ҳамчун Рӯзи «Шашмақом» сар то сари ҷумҳурӣ ботантана таҷлил мегардад. Аз он лаҳза то кунун дар вилояти Суғд 11 ансамбли мақомсароён фаъолият дошта, ҳаводорони санъати нобро бо оҳангҳои марғуб дилхуш менамоянд.

Боиси хушбахтист, ки дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Истаравшан, Зафаробод, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Панҷакент ансамблҳои шашмақомсароӣ таъсис ва дӯстдорони онро ҷамъ овардааст. Дар ноҳияҳои Мастчоҳу Деваштич бошад, маҳфилҳои худфаъолият амал карда, устодони мусиқӣ ба шогирдон дарси ин намуди санъатро меомӯзанд. Ворисони арзандаи бузургони санъат кӯдакону наврасон ва ҷавонон низ аз ин омӯзиш дур намондаанд. Дар назди бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд ансамбли наврасон ва ҷавонони санъати мусиқии “Шашмақом”фаъолият дошта, фазои фарҳангии вилоят аз ҳисоби онҳо пур гаштааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмил ва рушди минбаъдаи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва мусиқии халқи тоҷик дар заминаи арзишҳои асили мақомхонӣ, равнақ додани ҳисси зебоипарастии халқ, тарбияи мардум дар руҳияи эҳтиром нисбат ба мероси маънавии ниёгон бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 26‐уми октябри соли 2000‐ум, таҳти № 314 дар шаҳри Хуҷанд ансамбли касбии мақомхонони “Нури Хуҷанд” таъсис дода шуда, аз 1‐уми январи соли 2001 ба фаъолият пардохт.

Сарварии ансамблро Артисти Хал‐қии СССР, сарҳофизи миллат устод Ҷӯрабек Муродов ба уҳда дошта, барои ободӣ ва пешрафти кори ансамбл, тарбияи як зумра ҷавонони соҳибистеъдод саҳми босазо мегузоранд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ансамбли “Нури Хуҷанд” беҳтарин навозандагон ва овозхонони сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷамъ омадаанд, ки мутахассисони касбии соҳаи хеш маҳсуб меёбанд. Дар давоми 20 соли фаъолият ҳунармандони муассисаи давлатии ансамбли “Нури Хуҷанд” ҳамаи қисмҳои асари “Шашмақом”‐ро аз бар намуда, силсилахонии асари “Шашмақом” ро дар алоҳидагӣ ба роҳ мондаанд. Хурсандиовар он аст, ки ҳунармандони ансамбл иқдоми тозаро роҳандозӣ намуда, бори аввал сисилаи суруду таронаҳои мақоми “Ироқ”‐ро ба пуррагӣ тавассути барномаи консертӣ дар маркази Фарҳанги шаҳри Хуҷанд ва дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара барои мухлисони санъати классикӣ пешниҳод намуданд, ки хеле хуб пазироӣ гардид. Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар омӯзиши асари безаволи “Шашмақом” саҳми омӯзгори ансамбл, дорандаи медали “Хизмати шоиста” Абдумавлон Дадобоев, мудири қисми бадеии он Шаҳриёр Саломов, ҳамчунин Камолиддин Ҳамдамов хеле назаррас аст, иброз дошт Ҷӯрабек Муродов.

Бале, “Нури Хуҷанд” меваи боғи Истиқлоли тоҷик аст. Дар ин боғи муҳаббат ҳунармандон беҳтарин равишҳои хониши мақомро аз устоди ин фан шодравон Боймуҳаммад Ниёзов омӯхтаанд. Боиси хурсандист, ки ҳунармандони ансамбл Насиба Омонбоева, Зумрад Самеъҷонова, Хуршед Иброҳимов, Сироҷиддин Ҷӯраев, Олимҷон Солиев, Камолиддин Ҳамдамов ба Академияи мақоми шаҳри Душанбе даъват шуда, онро бо сарбаландӣ хатм намудаанд ва имрӯз фаъолияти худро дар манотиқи гуногуни кишвар идома медиҳанд.

Садои марғуб ва дилошӯби Гулнозаву Абдуқаҳҳор – ин наврасони олами зебоиофар дар толорбудагонро ба ваҷд меовард. Кафкӯбиҳои пурмавҷи тамошобинон ва садоҳои таҳсину офарин иштирокдорони чорабинии фарҳангиро танинандоз буд. Меҳмонон ҳарчанд борҳо аз садои хуши ҳофизони номдор Абдулазизи Самарқандӣ, Содирхони Ҳофиз, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Набиеву Ҷӯрабек Муродов ва Сабоҳат Наҷмиддинова бархурдор шуда бошанд ҳам, аммо пайрави ин ҳофизони хунёгар шудани ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлолро ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ дар кишвар медонистанд. Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси ҳунармандону мутахассисон ва донишмандони соҳа, ҳамчунин дастгириву ғамхориҳои роҳбарони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар назди бахши фарҳангии шаҳр Ансамбли наврасон ва ҷавонони санъати мусиқии классики “Шашмақом” таъсис дода шуд.

 Мақсад аз таъсиси ин ансамбл дарёфти ҷавонону наврасони лаёқатманду мусиқишинос, таҳкими санъати иҷрокунандагӣ ва сайқал додани ҳунари волои мусиқии классикӣ, алалхусус санъати мусиқии “Шашмақом” маҳсуб меёбад. Маҳз, бо ташаббуси устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, профессор Султоналӣ Худойбердиев дар вилояти Суғд нахустин Маркази «Ҳунар» оид ба фаъолияти мактаби мусиқии бачагони боистеъдод дар заминаи суннатҳои усто‐шогирдӣ таъсис ёфт. Ба марказ беҳтарин устодони санъат, ҳунармандон ва мутахассисон даъват шуда, баҳри тарбияи шогирдони арзандаи диёр саҳмгузор шуданд. Шогирдони марказ аз Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Набиев, Мастона Эргашева, ҳофизони халқӣ Баёнқул Облоқулов, Умриҷон Баҳриев, Абдураҳим Шерматов, Тошбой Салимов, Усмонҷон Юсуфов, Абдураҳмон Ҳасанов, Ҳабиб Поччокалонов, Фурқат Шарифов, Аҳрор Ботиров, Собирҷон Исмоилов, Тоҳирҷон Аюбов ва даҳҳо соҳибкасбони мусиқии анъанавӣ дониш андӯхта, барои рушд ва густариши санъати мусиқии “Шашмақом” ҳиссаи беқиёс гузоштаанд.

Хушбахтона, имрӯз ансамбли “Шашмақомсароён” и наврас рушду такомул дорад. Барои бакамолрасии шогирдони арзанда роҳбари ансамбл, номзади илмҳои санъатшиносӣ Султоналӣ Худойбердиев кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ворисони арзандаи мақомсароёни тоҷикро созмон дода бошанд. Барои ин ӯро роҳбари бадеии ансамбли санъати мусиқии классикии “Шашмақом” Умедҷон Қодиров, роҳбари мусиқӣ Фарҳод Ёрматов, муаллими ансамбл Сардорбек Солиев ёрирасонанд. Таъсиси ансамбли “Шашмақомсароён” и наврасону ҷавонони санъати мусиқии классикӣ, ки дар назди бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад, мепиндорам, ки идомаи кори эҷодии пурсамари устодони санъат мебошад.

Имрӯз фахр дорем, ки шогирдони бовафое мисли Гулноза Fаффорӣ, Абдуқаҳҳор Ғаффоров, Гулчеҳра Раҳимова, Омадёр Султонов, Камолиддин Худоймерганов ва дигарон дорем, ки барои густариши санъати мусиқии тоҷик муаррифгари ҷаҳониён шудаанд. Боиси хушбахтиву сарфарозист, ки шогирди бовафои мо Камолиддин Худоймерганов дар соли 2020 иштирокчӣ ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” гардида, ҳидоятгари парвозҳои баланд шуд. Ҳамчунин, ба наздикӣ дар озмуни телевизионӣ бахшида ба 80 – солагии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев ансамбли шашмақомсароёни наврасону ҷавонони санъати мусиқии классикӣ ва мақомсароёни он Бахтовар ва Абдусаид Ғаффоровҳо сазовори мақоми ифтихорӣ гардиданд, иброз дошт роҳбари ансамбл Султоналӣ Худойбердиев.

Бале, «Шашмақом» мусиқии беш аз ҳазорсолаи фарҳанги тоҷикон буда, аҳамияти он хеле бузург аст. Ин суруд моро бо таърихи бойи мусиқии суннатии орифонаи халқи тоҷик ошно месозад ва дар ин замина ба ашъори пурқимати шоирони классик шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшад. Вақти шунидани ин мусиқии гӯшнавозу суруди дилошӯби сарояндаи он кас рӯҳу илҳоми тоза ва лаззати аҷиберо эҳсос менамояд. Бошад, ки шашмақомсароёни ҷавон ҳунармандони асил, ҳофизони беҳамто ва поягузорони бузурги Борбади хунёгар ба камол расанд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ОН ОФТОБИ ТОБОН ЧУН БЕНИҚОБ ГАРДАД

Сокинони наздисарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон тайи ду рӯз ба тарафи аҳолии наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ карданд, вале сокинони тоҷик ба ин кирдори онҳо аҳамияти ҷиддӣ надоданд, зеро ин рафтори мардуми қирғиз бори аввал набуд. Сокинони осоиштаи Ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ нахостанд хонаҳои худро тарк кунанд, вале аз ҷониби қирғизҳо тирпарроннӣ сар шуд. Мардони деҳа саросемавор занону кӯдаконро ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд. Давоми ду рӯз чандин ҳавлии истиқоматӣ ба замин яксон гардид. Ҳавлиҳоро сӯзониданд. Аз он манзилҳои истиқоматие, ки сокинон бо меҳнати шабонарӯзӣ ободу зебо карда буданд, нишоне намонд.

Барои воқиф гардидан аз ҳолати кунунии бошандагони осебдида, роҳ сӯи шаҳри Исфара гирифтем. Дарвоқеъ, дар натиҷаи муноқиша сокинони осоишта зарару осеб дидаанду ба аҳволи имрӯзаи манзили истиқоматиашон нигоҳ карда, ашк мерезанд, зеро барои обод кардан солиёни зиёд заҳмат кашидаанд. Худ шоҳиди он гаштем, ки ҳавлиҳо харобу сокинон саргардону кӯдакон гирён, чашмони ҳар яке имдод меҷуст.

Сардори оилаи яке дар муҳоҷират асту дигаре дар беморхона қарор дошт. Чунин бераҳмиро аз ҷониби ҳамсоягони қирғиз ягон нафар фикр ҳам намекард. Ҳаким Сафарови 84 сола – сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ: Ба тааҷҷуб меоям, ки ин ҳама бадбинӣ дар инсон аз куҷо пайдо мешавад. Солҳои тӯлонӣ ин кирдори ноҷавонмардонаи онҳо идома меёбад. Дар вақти муноқишаҳо сокинони осоишта зарар мебинанд. Вале ин дафъа гӯё онҳо барои оғоз кардани ҷанг тайёрӣ дидаанд.

Ба тарафи шахсони беяроқу аслиҳа тир кушоданду чанд нафарро захмин карданд. Абераи 17‐солаам, ки барои аз ҳодиса огоҳ шудан ба берун баромада буд, санаи 29 – уми май аз тири низомиёни қирғиз захмин гардид. Аввал сокинони ҳамсоякишвар ҳавлиҳои моро сангборон карданд, вале мо нахостем, макони зисти худро тарк кунем. Сонӣ, вақте ба тарафи мо тир кушоданд, ноилоҷ роҳи гурезро пеш гирифтем. Баъдтар огоҳ шудем, ки онҳо бераҳмона ҳавлиро оташ задаанд. Вақте гуфтушунид баргузор гардид, мо шод гашта, ба ҳавлии худ баргаштем. Акнун, ҷойи зист надорем. Муваққатан, дар ҳавлии ҳамсояҳо қарор дорем. Хушбахтона, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода омада, аз вазъи кунунии мо огоҳ гардида, ваъда доданд, ки дар муддати як моҳ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳавлиҳои осебдида пурра барқарор карда мешаванд, изҳор намуд сокини деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Муҳаммадрасул Мӯъминов.

Дар ҳавлии оташзада ду оила умр ба сар мебурданд ва сардори оила алҳол аз захми тир дар беморхона қарор дорад. Даромади асосии оилаи Мӯъминовҳо аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ва киштукор аст. Дар мавсими баҳору тобистон дар заминҳои ҳавлии худ намудҳои гуногуни сабзавотро парвариш карда, ҳосили ба дастовардаро барои худ истифода мекунанд. Мо дар як ҳавлӣ панҷ оила умр ба сар мебарем. Ба тааҷҷуб меоям, ки бо кадом мақсад мардуми қирғиз ба мо зарар расонид. Бо онҳо боре муноқиша накардаем ва зарар ҳам нарасонидаем. Ман тайи 32 сол дар ин ҷо зиндагонӣ мекунам ва кирдори ноадолатонаи қирғизҳоро нодида мегирифтам.

Имрӯз онҳо ҳавлиҳоро ба харобазор табдил доданду моро сарсон карданд. Дар ҳавлии хешу ақрабо умр ба сар мебарем. Додари шавҳарам захмӣ шуданд, дар беморхона қарор доранд. Танҳо ба ҳукумати кишвар умед дорем. Аз ҳолати мо хабар гирифта, гуфтанд, ки хотирамонро ҷамъ созем, ҳавлиро аз будаш беҳтар карда, барқарор мекунанд.

Имрӯз бароямон маблағ ва ҳам маҳсулоти хӯрока дастрас карданд. Ташаккур ба ғамхориву дастгирии ҳукумати кишвар, гуфт Маҳмуда Ҳоҷиева. Бино ба гуфти ӯ шавҳараш маъюб аст. Ду фарзандаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранду ҳар моҳ ба онҳо маблағ мефиристоданд. Маблағи фиристодашударо шавҳараш барои обод ва таъмир кардани хона равона мекард, зеро мебоист моҳҳои наздик ба хона арӯс биёранд, аз ин лиҳоз ҷиҳоз ва хонаи арӯсро ба пуррагӣ омода карда буданд. Фарзандонам дар муҳоҷират бо меҳнати вазнин маблағ ба даст меоранд. Бо орзую ҳавас мехостем онҳоро хонадор кунем, вале мардуми қирғиз дар як лаҳза ҳавлиамонро ба вайрона табдил доданд. Магар дар моҳи мубораки Шариф ин амали онҳо аз рӯи инсоф буд? Ҳоло ҳам бовариам намеояд, ки заҳмати чандинсолаамон барбод рафт, гуфт ашкрезон ин зан. Дар лаҳзаи оғоз гардидани низоъ байни ду кишвар мардуми деҳаҳо муттаҳид гардида, ба кӯмаки ҳамдигар шитофтанд.

Дар ин маврид касе фикри онро надошт, ки тир мехӯрад, осеб мебинад ва ё мефавтад. Ҳама баробар дасти ҳамдигар гирифтанд. Маҳз муттаҳидиву ватандӯстӣ тавонист низоъро хотима бахшад. Вале то ҳол дар қалби ҳар нафар, алалхусус занону кӯдакон тарс вуҷуд дорад. Ҳарчанд ба манзили истиқоматии худ баргашта бошанд ҳам, вале то ҳол аз дарвоза берун шудан барояшон мушкил аст. Мисли пешин дар ҳавлиҳои худ будан, бароям мушкил аст, зеро мо дар ҳавлӣ ду зан ҳастему мардони оила дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Вақте ба мо ба тарафи шаҳр рафтанро гуфтанд, аввал розӣ нашудем. Сонитар, садои тир ба гӯш расиду диламонро ваҳм фаро гирифт. Санаи 29 уми апрел манзиламонро тарк кардем. Аз тарс, ҳатто гирифтани ҳуҷҷатҳоямонро фаромӯш намудем.

Пас аз се рӯз хабар доданд, ки байни ду кишвар гуфтушунид шудааст, хурсандона санаи 3 – юми май ба макони зистамон баргаштем. Маҳз бесарусомониҳо бароямон бори дигар собит сохт, ки халқи тоҷик ҳамеша муттаҳидӣ, инсонгароӣ ва меҳанпарастиро аз даст нахоҳад дод. Ва маҳз ин хислатҳои мардонагиву ватандӯстӣ боис шуд, ки дубора тинҷиву оромӣ ҳукмфармо гардад, гуфт сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Қутфихон Ашӯрова. Ӯ гуфт, ки барои ба шавҳар кӯмак кардан ҳамроҳи духтараш дар замини ҳавлии истиқоматии худ лӯбиёгиҳо, картошка, сабзӣ, помидору бодиринг шинонидаанду барои зарурати ҳаррӯзаи худ ва ҳамсоягон аз ҳосили бадастомада истифода мекунанд. Маблағи фиристодаи фарзандонро барои таъмиру тармими ҳавлӣ ва таҳсили фарзанди худ захира карда истодаанд.

Тавре, сардори ситоди вилоятӣ оид ба бартарафкунии оқибатҳои низои наздисарҳадӣ Маъруф Муҳаммадзода иттилоъ дод, дар натиҷаи муноқишаи наздисарҳадӣ дар шаҳри Исфара, аз ҷумла, Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ дар умум 30 ҳавлии истиқоматии сокинон пурра сӯхта, 29 ҳавлӣ қисман зарар дидаанд. Боиси қайд аст, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаҳое, ки дар низоъ бе сарпаноҳ мондаанду ҳавлиҳояшон зарар дидаанд, аз ҳисоби Ҳукумати кишвар дар давоми як моҳ пурра барқарор ва таъмир карда мешаванд.

Барои оилаҳои зарар ва осебдида маводи хӯрока ва маблағи пулӣ дода шуд. Сокинон аз дастгириву ғамхории роҳбарияти кишвар ва вилоят шукрона карда, умед ба ояндаи нек мебанданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 Хуҷанд – Исфара Хуҷанд

Читать далее