07 May 2021

ОФАТИ ТАБИӢ БА ДЕҲОТ ТАЪСИР РАСОНД

Тибқи иттилоъи сухангӯи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят Шаҳзода Бутаева, санаи  5 – уми майи соли равон соатҳои 14:30 – 15:00 дар шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Моғиён, деҳаи Ғазани поён, минтақаи Чуқурак, қисми ҷанубии деҳа фаромадани сангпораҳо ба қайд  гирифта шуда, чунин ҳолат то ҳол идома дорад. Бинобар хавфи фаромадани ярч, 29 хоҷагие, ки дар 15 манзили истиқоматӣ дар ин минтақа зиндгӣ мекунанд, ба ҷойҳои нисбатан бехавф, ба хонаҳои хешовандон  кӯчонида шудаанд. Дар ин самт аз ҷониби масъулин корҳо идома доранд.

ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки санаи 6- майи соли равон дар ноҳияи Ашт тахминан соатҳои 17-50 дар натиҷаи боридани боришоти борон дар сойҳои Аштсойи Ҷамоати деҳоти Ашт, Пунуксойи Ҷамоати деҳоти Пунук ва Гулосойи Ҷамоати деҳоит Ошоба баланд шудани сатҳи об ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он асосан роҳҳои автомобилгард ва пулҳои маҳаллӣ зарар дидааст.  Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Ашт тахминан 8 километр роҳ, дар деҳоти Пунук тахминан 700 метр роҳ ва дар Ошоба тахминан як километр роҳ қисман шуста шудааст. Алҳол сатҳи об дар сойҳои мазкур камтар паст шуда бошад ҳам, лекин имконияти ҳаракати нақлиёту техника мавҷуд намебошад. ҳамзамон тибқи маълумоти пешакӣ дар Ҷамоати деҳоти Ашт воридшавии селоба ба манзилҳои бархе аз  аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.    

Бо мақсади пешгирӣ ва саривақт амалӣ намудани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар минтақаҳои мазкур навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, таҳти назорати Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия қарор дорад.

 Айни замон дар ноҳия Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ба минтақаҳои мазкур сафарбар шудааст, оид ба хисороти моддии расонидашуда аз офати табии иловатан маълумот пешниҳод хоҳад гашт.

-Инчунин санаи 4 –уми май тақрибан соати 18:00- 18:50 чунин боришоти зиёд ва омадани сел дар Ҷамоати деҳоти Ростровут, деҳаи Ростровут, Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаҳои Ваҳдат, Угук ва Метки ноҳияи Деваштич хисороти моддӣ  расонида шудааст. Дар натиҷаи офати табиӣ дар деҳаи Росровут 4 иншооти ёрирасон, 4 километр хатти оби полезӣ, 1,7 километр хатти оби нӯшокӣ, 12 километр роҳи дохили деҳа, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, 7,5 гектар (71 хоҷагӣ), заминҳои кишоварзӣ 2,15 гектар ва як хонаи селобдаромада  ба гирифта шуд.

Алҳол дар деҳаи Росровут корҳои тозакуниву бартарафкунӣ қисман ба иҷро расида, боқимонда корҳои барқароркунӣ идома дошта, аз ҷониби масъулини соҳа ҳамаи техникаву таҷҳизоти зарурӣ муҳайё гардонида шудааст,- иброз дошт Шаҳзода Бутаева.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ҚАБУЛИ ТАРҲИ НАВИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚӢ

Конфронс бахшида ба «Рӯзи байналмилалии озодии баён» ва ҷаласаи умумии ҳисоботӣ – интихоботии солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Хаят»-и шаҳри Душанбе бо иштироки рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.

Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо далели маҳдудиятҳо иштироки ҳамаи аъзои худро дар кори конфронс ва ҷаласаи солона таъмин намуда, барои ширкати фосилавӣ – онлайнӣ тавассути платформаи ZOOM шароит муҳайё намуд.

Раиси Шӯрои воситаҳои ахбори омма Бахтиёр Ҳамдамов нахуст иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс ифтитоҳ бахшид ва аз муваффақияту норасоиҳои солонаи шӯро гузориш дод.

Иршод Сулаймонӣ – узви Раёсати Шӯрои воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи «Риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти ҷурналистӣ аз ҷониби ВАО», раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев дар мавзӯи «Вазъи имрӯзаи ВАО: дурнамо ва мушкилот» сухан гуфтанд. Маълум гардид, ки мушкилоти имрӯзаи намояндагони васоити ахбори омма дастрасӣ ба иттилоот аст. Дар конфронс ҳамчунин Президенти Прессклуби Еревании Ҷумҳурии Арманистон Борис Наварсардян дар мавзӯи «Шаклҳои худтанзимкунии ВАО дар Арманистон ва таҷрибаи баррасии шикоятҳо нисбат ба рӯзноманигорон», раиси Иттифоқи ҷурналистони Ҷумҳурии Литва дар мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти ҷурналистӣ дар Тоҷикистон: зарурияти тағйиру иловаҳо ба он» баромад намуда, фикру ақидаҳои худро иброз доштанд. Баъдан раиси комиссия Шаҳло Акобирова тарҳи нави Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти ҷурналистиро муаррифӣ ва баррасӣ намуд. Иброз гардид, ки барои омода сохтани тарҳи нави меъёрҳои ахлоқии фаъолияти ҷурналистӣ аъзои шӯро беш аз як сол заҳмат кашида, ба он тағйиру иловаҳо ворид сохтанд.

Дар конфронс ҷоизаи «Эътимод» - и Шӯрои воситаҳои ахбори омма насиби рӯзноманигорон Раҷаби Мирзо, Фаридуни Фарҳодзод ва Қодиршо Муруватов гардид.

Иштирокдорон ёде аз соҳибқалами варзида Иқбол Тешаев карда, ҷоизаеро бо унвони «Сухангӯи беҳтарин» таъсис ва нахустин гирандаи он - сухангӯи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаби Мирзо Эҳсони Хушбахтро сазовори он донистанд. Ҳамчунин, мукофоти пулӣ ба аҳли оилаи Иқбол Тешаев тақдим карда шуд. Соҳибқаламон Мазҳаб Ҷумъаев, Ёқуб Ҳалим, Далер Мерганов, Ҷамшед Маъруф ва Абдулло Ғурбатиро барои соҳиб шудан бо ҷоизаҳои «Ҷасорат ва рисолати касбӣ» ва «Отахон Латифӣ» таҳният гуфтанд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ОБ АСТ, КИ ДОНА ХӮША ГАРДАД

Агрономи хизматнишондодаи Тоҷикистон, сарагрономи колхози пешина – хоҷагии имрӯзаи ба номи Пӯлод Бобокалонов, дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён Абдуғаффор Муллоев (равонашон шод бод!) ҳамеша таъкидан мегуфтанд: заминро эъзоз намоӣ, эъҷоз мешавад. Ин гуфтаву ибораро худ дар кору пайкори аъзои оилаи собиқадори соҳаи маориф, омӯзгори варзидаи макотиби шаҳри Исфара, дорандаи замини Президентӣ, марди заҳматкаш Абдулҳафиз Домуллоев дар мавзеи деҳоти Гумбазӣ паҳлуи роҳи Шӯртанг – Исфара хубтару равшантар эҳсос намудам.

Дар қитъаи заминаш, ҳаштод садяк, ҳар сол ҷаву гандум, офтобпарасту ҷуворимакка ва помидор мекораду парвариш менамояд ва самараи хуб ҳам ба даст меоварад. Ду – се сол пеш, ҳатто тарбуз кошта буд, ки мо дӯстонаш аз шаҳри Хуҷанд меҳмонаш шуда, аз тарбузҳои суп – сурхи ширину лазиз лаззат бурдаем. Шумоён оё мисраи ғазали Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳиро – «Об ояд, тӯй хоҳам кард гӯяд боғи нав» дар хотир доред? – дар омади гап пурсид ӯ ва худ ба саволаш ҷавоб гуфт: Об заминро, ҳар порчаи онро ба бӯстон бадал месозад, дарахтонро неруи сабз медиҳад, мо деҳқонони инзамонаро нишоти заҳмат мебахшад. Об мазмуни зиндагиву ҳаёти сабзи инсон, оинаи замин, дари кушодаи ҳосилот аст.

Имрӯз ба шарофати сиёсати оқилона, хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Президентамон, деҳқон – марди саҳро соҳиби замин гашта, ба обу замин меҳраш боз ҳам афзуну мукаррам шуд. Ин неъмати Истиқлоли давлатӣ аст, ки басо азизу муаззам мебошад. Суҳбати сарироҳиро журналист Абдуғафур Аминзода идома бахшида, изҳор намуд, ки дар расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла аз саҳифаҳои рӯзномаҳои расмӣ он лаҳзаҳои аллакай таърихӣ огаҳӣ дорему мехонем, ки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳангоми ташрифаш ба кишвари мо аз тамошои кӯли зебои Сарез – оби мусаффои он ба ваҷд омад ва гуфт: «Тоҷикистон бо табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад».

Баҳои баланди ӯ арзандаву воқеият аст, ба сатҳи ҳамкориҳои мақсаднок, талошҳои кишварамон дар ҳалли мушкилоти об дар сайёра, хусусан ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълом доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018 – 2028 боз як башорати равшани афзудани нуфузу эътибори кишвари биҳиштосои мо ва Сарвари хирадмандонаи ин давлати мустақилу озод дар арсаи ҷаҳон аст. Ҳар қатра об ин ҳаёт аст, ин рӯзгори сабз аст.

Дар ин росто, саҳмдори замин Абдулҳафиз Домуллоев аз хизмати беминнату софдилонаи масъулин, махсусан роҳбари Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри худ – Исфарамарз, бо ихлосу эҳтиром сухан мегӯяд. Воқеа чунин сурат гирифтааст: аз сабаби дар болотари воҳа, назди соҳили дарёи Исфара шоликорӣ вусъат ёфтан дар поёнтари мавзеъ танқисии об пайдо шуда, ба заминҳои кишту боғоти ниҳолу дарахтон обрасонӣ мушкил гаштааст. Бо техникаву маслиҳати мутахассисони соҳа аз рӯи адолати заминнигаҳдориву кишоварзӣ, алалхусус, ҳифзи экология муҳити зисту муҳофизати долу дарахтон, сабзазорону ҳолати мелиоративии замин тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда шуд. Худи саҳмдори замин Абдулҳафиз Домуллоев мегӯяд, ки мавзеи Криск солҳои пеш яке аз минтақаҳои ободу зебо буд, бо меваҳои шаҳдрезу маҳсулоти болазизу бомаззаву заминҳои ҳосилхезаш ном бароварда, эътироф шудааст.

Аммо солҳои охир дар доманакӯҳҳо заминҳои нав азхуд кардаву кушода шуданаш оби инҷо кам гашта, дарахтонаш ба хушкшавӣ сар карда буданд. Заминдорон ва яксаду панҷоҳу шаш нафари саҳмдорони замин ба роҳбарияти ноҳия муроҷиат намуданд ва гуфтаанд, ки аз беобӣ бештар аз дусад гектар ҳосили дарахтон хушк мешаванд ва яксаду понздаҳ гектар замини хоҷагии ҳамсоя – пеш ба номи Свердлов ба камобӣ рӯ овардааст. Муроҷиати заминдорон бо иқдомҳои шоиста ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раёсати кишоварзӣ ва идораи оби шаҳр, кумитаи замин аз Канали Калон заҳкане кофта шуд, ки имрӯзҳо мавзеи Криск шодоб гаштааст. Ва зиёда аз сесаду понздаҳ гектар замин аз нав нуру зиёи ҳосилбахшӣ гирифтааст. Ҳама саҳмдорон хурсанду шод гардида, ҳаққи истифодаи обу андози заминро саривақт пардохт карда истодаанд.

Суханони ин саҳмдори заҳматкашро шунидаму боз як тадбири заминдори кордида – сардори Хоҷагии деҳқонии оилавии ба номи Т.Бекматов аз ноҳияи Ашт, собиқ омӯзгори варзида Ҳоҷӣ Ҳаким Бекматов дар саҳифаи хотиротам падид омад. Ҳангоми сафари хизматӣ дар мавзеи деҳаи Қаҳрамон, собиқ мавзеи Булоқ будам, дар канори роҳи калони Меҳробод Марҳамат замини хоҷагии ӯро аз наздик дидам, ки чигуна барои ҳифзшавӣ аз шӯршавии хоку замин ва эрозияи таркиби хок, умуман экологияи минтақа ӯ азму субот кардааст. Бо иқдом ва маблағи шахсиаш, дастгирии аъзои хоҷагии деҳқонии оилавиаш бо истифода аз экскаватори пурқувват каналу заҳбури ҷамъшавии оби зеризаминӣ, ки дар ҳолати басо ногувор қарор дошт, дар масофаи муайян, наздик то маҳалли аҳолинишини Ҷамоати деҳоти Ифтихор, дигарбора кофтаву аз қамишу алафҳои худрӯй тозаву ба тартиб оварда шуд. Ва хоку гили аз канал баровардаро соли дигар ҳамчун ғизои замин ба сифати хоки пайвандӣ ба заминҳои киштзоронаш истифода намуд.

Бо ин кораш обрасонӣ ба замин ва аз оби заҳ эмин доштани кишту долу дарахтон, ҳамчунин бой гардонидани таркиби хоки замини хоҷагии шахсиаш ва ҳамзамон боғоту манзили ҳамсояқишлоқро саҳм гузошта, аз мушкилоту таҳдиди эрозия раҳонид. Мегӯянд, ки ҳар чиз ва ҳар ҳолату маврид дар мизони муқоиса равшантару муайян қиёсу муайян мегардад. Аз ин лиҳоз сатрҳои таърихӣ моро ба идрок мебаранд, то маънои болиғ бигирем. То Инқилоби октябри соли ҳазору нӯҳсаду ҳафтдаҳ ҳамон Канали Калони Фарғона, ки дар саҳифаи таърих ҳамчун сохтмони таърихӣ сабт шудааст, азму иродаи ташкилу бунёди ин артерияи ҳаёт ҷараён доштааст, вале сохтмони он ва корҳои каналкобиву каналканӣ ҳамагӣ дар ҳамин иншоот сию се километри он ба амал бароварда, давоми ёздаҳ сол кофта шудааст.

Бо гузашти вақт ташаббус ва сароғози заҳмати дастаҷамъона дар бунёди Канали Калони Фарғона чоруми октябри соли ҳазору нӯҳсаду сию нӯҳ рух додаст, ин иншшоти бузурги обрасонӣ дар муҳлати чунонки мегӯянд – «рекордӣ», чилу панҷ рӯз бо дарозии сесаду чилу панҷ километр бо дарбаргирии ҳудудҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бунёд гардидааст. Ин рисолату муҳаббати садоқатмандӣ арзиш дорад ва меваи заҳмати фидокорона дар боғи вусъатободи замон чӣ шириние, чӣ меваи шаҳдборе комҳоро шаҳд, рӯзгоронро нишоте мебахшанд? Таърих ҳақиқатро тавлид мекунад, бозгӯй менамояд. Аз ин лиҳоз ба фактҳои воқеият муроҷиат менамоем: бо шарофати Канали Калони Фарғона – минбаъд бо бунёди Канали Ҷануби Фарғона ва Канали Шимоли Фарғона солҳои чилум – чилуякуми асри гузашта ба таври намоён ҳаҷми обшоргардонии заминҳои водии Фарғона афзуд. Бинобар он бо тақозои давру замон дар ин мавзеъ, дар ин минтақа ҷамъоварии пахта ду баробар зиёд шуда, чунин иншооти муҳим бо оби дарёи Сири ҷонофарин шаҳрҳо ва деҳоти водии Фарғонаро сабзу хуррам, ободу зебо гардонида, мазмуни «Биё, булбул, бубин дар пардаи гул офтоберо» чеҳра намудаанд. Ва ҳамин тариқ, хатти иншооти обрасонӣ, дар ҳудуди вилоятамон кашида шуд: заҳматкашони хоҷагиҳо, аз ҷумла мардону занони иродатманду қавирӯҳ навбати якуми каналро аз мавзеи Бешариқи Ӯзбекистон давоми чордаҳ рӯз то Конибодом бунёд кардаанд.

Навбати дуюми он аз понздаҳуми январи соли ҳазору нӯҳсаду чилум дар муддати понздаҳ рӯз аз Конибодом то ноҳияи онвақтаи Ленинобод (имрӯза ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) амалӣ гардонида шудааст. Дар як суҳбате, ки бо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, оброни хоҷагии имрӯзаи ба номи Пӯлод Бобокалонов, мураббии бригадаи истеҳсолии хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 11‐и Ҷамоати Ғозиён Гадойбой Юлдошев ба нимаи охири солҳои шастум иттифоқ афтода буд, ба хотирам нур бахшид имрӯз. Деҳқони солор гуфта буд, ки ман худам дар каналкобӣ иштирок доштам. Аз деҳаамон – Ғозиён зани пурҷасорат Роҳила – хола, ҳамон зани пурматонат Бироҳила Усмонова иштирокчии беназири сохтмони Канали Калони Фарғона буд ва ӯ бо фарзанди понздаҳсолааш Абдуҳамид – минбаъд иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар иншооти азим заҳмату саҳми худро бахшидааст. Шиносам Каримбой – сокини деҳаи Оппони Поёни ноҳияи Ашт мегӯяд, ки умри об дароз, ин исботи он аст, Канали Шимоли Фарғона заминҳои зироаткории мавзеъҳои поёнии ноҳияамонро кораму шодоб намуда, ба мардум ризқу рӯзӣ расонидаасту имрӯз низ файз мебахшад. Дар ин раванд вохӯрие, ки бо сарвари Хоҷагии деҳқонӣ аз ноҳияи Конибодом Собирҷон Камолов солҳои пешин ба вуқӯъ пайваста буд, ёдовар мешавам. Саркор гуфта буд, ки оби Канали Ҷануби Фарғона боғу майдон, заминҳои қисми асосии зироаткории ноҳияҳои Конибодому Бобоҷон Ғафуровро нуру сафои беқиёсу пуртароват додааст. Фарде, ки барои барқарорсозии дарғоти поёнии Сойи Хоҷабоқирғон, ҷӯйҳои Унҷӣ, Ғозиён ва ҷӯйбору анҳору канали деҳаи Ғозиён ҷаҳду талош меварзад, Усмон Саидзодаи иқтисодшинос, собиқадори меҳнат мегӯяд, хатти ниҳоии Канали Калони Фарғона аз қалби деҳаи Ғозиён, мавзеъҳои Гумбаз ва Седаставу Галамайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузашта, оби сафобахши он давоми солҳои тӯлонӣ ба мардумон, боғу майдон, заминҳои зироаткорӣ нафъ мебахшид.

Аммо имрӯз ин шохобаҳо – каналу ҷӯйборҳо, анҳору заҳбурҳо рӯ ба нестӣ овардаанд. Хеле ва хеле афсӯсбор ба чашм мерасанду дар дилҳо эҳсос мешаванд. Аҷобаташ ин аст, ки Канали Калони Фарғона аз болооби дарёи Сир сарчашма гирифта, роҳи тӯлониро гузашта, боз ҳам ба оғӯши Сири меҳрбораш якояк меравад. Мегӯянд, ки орзуи нек ва ташаббуси нек нисфи давлату рӯзгор аст. Ҳар кас барои расидан ба мақсаду ормонҳои худ кору пайкор мебарад ва бояд тадбирҳои амалӣ биандешад. Дар ҷои камоб ниҳол парвариш кардан, киштукор намудан корест сангину мушкил. Чанд сол пеш рафиқи ҳаммактабиам Абдурауф Шарифов аз қисмати поёноби анҳори деҳаи Чорсуи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба замини Президентӣ соҳиб шуд.

Заминро ҳамвору шудгор кард, дасту дили умед баста, ба деҳқонӣ машғул шуд. Ниҳолҳои пайвандӣ шинонида, зери онҳо – дар замини ба умед соҳиб шудааш помидору бодиринг, дар қисми дигар картошкаи барвақтӣ парвариш намуд. Ҳаракат карда, аз ҳисоби оби чоҳи артезианӣ замину сабзавоту ниҳолонашро ғодоб гардонид. Чунонки худи ӯ мегӯяд, бо об таъмин кардани ниҳолону киштзорон аз ҳама мушкилтарин кор, дар шароити имрӯза ҳисобу китобро махсусан талаб мекунад. Вале ҳаваси кори деҳқонӣ, боғдорӣ, сабзкории саҳро касро ба дилгармӣ мебарад, инсонро водор месозад, ки пайи аҳди бастаи худ азму субот, ҷаҳду талош намояд, зеро ки бино ба таъкиди орифе «Ҳар касе гавҳари мақсуд наёбад бе саъй, Пои ман баски давид обиларо пайдо кард». Чанд рӯзе пеш ба сайри замину киштзорон ва ниҳолони парваридаи Абдурауф Шарифов мушарраф гаштам. Бо худи раиси Хоҷагии оилавии деҳқонӣ кӯтоҳакак ҳамсуҳбат шудам: аввал гуфт, ки коргоҳам инҷо – замину каланду нигоҳубини зироатҳо. Бори ҳама паҳлуи деҳқонӣ, бо ин амал ҳифзи долу дарахтону заминро бар дӯш дорам. Аз меҳнат баракаи зиндагӣ бардоштаам, аҳли оила шукрона, ки рӯзгори хуш доранд. Дар бораи об ва обрасонӣ собиқадори соҳаи маориф, пири 86‐сола Ҳакимбой Ғафуров мегӯяд, ки пойгоҳи обкашии «Унҷӣ – 2» солҳои ҳазору нӯҳсаду панҷоҳу ду панҷоҳу се дар мавзеи Ҷӯи Калони Ҷамоати Унҷӣ сохта шудааст.

Ин пойгоҳ дуюмин иншооти обрасонӣ буда, оби дарёи Сирро аз Пойгоҳи обкашии «Унҷӣ – 1» қабул менамояд. Ба мавзеъҳои маҳаллаҳои Боло, Арбоб, Қишлоқиҷон, Шайхбурҳон, то худи шаҳри Хуҷанд об мерасонд. То ба наздикӣ ба заминҳо, ниҳолону боғоти ҶСК ба номи С.Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров обро расонида, барои ҳифзи муҳити зист мусоидат мекард. Аз оби ҷонбахши Сир аҳолии бешумори ин мавзеъҳо бархурдор буданд. Об ҳасту хоҷагидорон – диловарони майдони кор барои расидан ба мақсуди ниҳоӣ тан ба заҳмат, даст ба кор ва дил ба замину меҳр ба ҳосил медиҳанд. Ҳамеша бар он таъкид доранд: «Ҳар қатра об ба ҳисоб ва ҳар қатра об ҳосил аст». Дар назди ҷомеа ва насли калонсол вазифа меистад, ки бояд аҳамияти об – захираи муҳими инсонӣ ва ҳифзи онро оқилона барои наслҳои оянда зеҳнишин намуд.

 Ифтихор дорем, ки ҳанӯз рӯзи 22юми марти соли 2018 дар шаҳри НюЙорки ИМА дар ҳошияи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ниҳоди «СММ – Об» мулоқот намуданд. Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускору пешоҳанг дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, заҳматҳо ва талошҳояшон баҳои баланд дода, нақш ва иқдоми Сарвари давлатамонро дар оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 глобалӣ – бунёдӣ унвон намуд. Тоҷикистони маҳбуби мо дар ҳалли масъалаҳои об таҷрибаи ғанӣ ва нақши калидӣ дорад. …Лолаҳо дар пуштаҳо сар мекашанд, ниҳолони боғу майдонҳои гулбасар марҳала ба марҳала ҳосилоти хешро мерасонанд, табиати диёрамон ба қавле сесаду шасту шаш рангу тароват мегирад. Ва чунонки гуфтаанд: «Мавҷи дарёву наҳрҳо зи шавқи худ мисоли атласи гардун, саршори ҳиммат аст».

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ШУҶОАТМАНДЕ АЗ ПАНҶАКЕНТ

Ҳамасола вақте, ки Рӯзи Ғалаба наздик мешавад мо, кормандони осорхона мехоҳем бештар мақолаҳо, китобҳо, филмҳо ва маълумот оид ба корнамоиҳои ҳамватанонамон ҷамъоварӣ намоем. Дар солҳои ҷанг беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрванди кишвар ба ҷанг сафарбар шуда, 90 ҳазори онҳо дар майдони муҳориба ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А.Рӯдакии шаҳри Панҷакент» ҳуҷҷатҳо ва аксҳои иштирокчиёни ин ҷанг, ки сокинони шаҳри Панҷакент ва деҳаҳои он ҳастанд, маҳфуз аст. Дар толори муосири муассисаи мазкур гӯшае таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст», ба маъраз гузошта шудааст.

Дар гӯшаи мазкур акси иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳайдар Баҳронов, ки ба сафи артиш фиристода шуда буд, ҷой дорад. Соли 1982 фарзандаш ҳуҷҷату аксҳо, либоси ҷангӣ ва зарфи обгирии эшонро ба осорхона супорида буд, ки ин ашё гӯшаи мазкурро оро медиҳанд. Ҳайдар Баҳронов соли 1915 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Моҳи декабри соли 1937 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, дар омӯзишгоҳи низомӣ таҳсил намудааст. Баъди он ба ҷанг даъват шуда, то охири ҷанг Ҳ.Баҳронов ба сифати қумондони взвод ҷангида, соли 1947 ба зодгоҳаш баргаштааст.

Дар солҳои баъди ҷангӣ номбурда дар вазифаҳои масъулиятнок адои вазифа намудааст. Барои корнамоиҳои ҷангӣ бо ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1, медалҳои «Барои хидматҳои ҷангӣ», «Барои Ғалаба бар Германия» мукофотонида шудааст. Маъюби гурӯҳи II буда, соли 2001 вафот кардааст.

Чунон, ки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон иброз доштанд, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмини сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори осудаи мардуми олам мебошад.

Фирӯза РУҲУЛОВА,

мудири фонди Осорхонаи ба номи

Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, шаҳри Панҷакент

Читать далее

ОБ, ЗАМИН, ЧОҲҲОИ АМУДӢ

Дар мавсими нави кишт яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ва муҳими соҳаи кишоварзӣ барои ба даст овардани ҳосили хубу хушсифат таъмини заминҳо бо оби полезӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин росто аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри обёрии заминҳои дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷоҳҳои амудӣ кофта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамчунин, роҳбарияти вилоят ин масъалаи муҳими кишоварзиро дар мадди аввал гузошта, марҳала ба марҳала баҳри кофтани чоҳҳои амудӣ ба кишоварзон кӯмакҳои зарурӣ мерасонад.

Бино ба иттилои муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Ҳалим Ҳоҷиев алҳол дар вилоят беш аз чор ҳазор чоҳи амудӣ мавҷуд аст, ки дар таъмини заминҳои кишоварзӣ бо об хизмат менамоянд. Аз ин шумора 299 адади он дар тавозуни хоҷагиҳои оби шаҳру ноҳияҳо буда, боқимонда дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор доранд.

 Гуфтан лозим аст, ки айни замон ин чоҳҳои амудӣ, беш аз 50 ҳазор гектар заминро бо оби полезӣ таъмин мекунанд. Ба ҳисоби миёна ҳар як чоҳи амудӣ иқтидори ба 13 гектар замин об расониданро дорост, илова намуд мавсуф. Дар идомаи суҳбат афзуд, ки имрӯзҳо барои обёрии заминҳои кишоварзӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси вилоят кофтани ҷоҳҳои амудӣ дар назар дошта шудааст. Алҳол агар ба қиёс аз шаҳру навоҳиҳо гирем, пас маълум мегардад, ки аз ҳама зиёд дар шаҳри Истаравшан ҷоҳҳои амудӣ мавҷуд аст, ки беш аз 800 ададро ташкил медиҳад.

Инчунин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 700 адад, Мастчоҳ 560 адад ва дар ноҳияи Ашт беш аз 480 адад чоҳҳои амудӣ мавҷуданд. Зафаробод, ки яке аз ноҳияҳои асосии кишоварзии натанҳо вилоят, балки кишвар ба ҳисоб меравад, дар кишту парвариши анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ саҳми арзанда дорад. Дар ноҳия масъалаи таъминоти об яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Ба хотири бартараф намудани ин ҳолат чоҳҳои амудӣ кофта шудааст, ки барои ноҳия хеле зарур аст. Обмонии заминҳои ноҳияро аз ҳисоби чоҳҳои амудӣ ба роҳ монда, имрӯз беш аз чор ҳазор гектар замин обёрӣ карда мешаванд.

Бино ба гуфти сардори шуъбаи истеҳсолии оби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Некмурод Ғаффоров давоми се чор соли охир бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби соҳибкорону кишоварзон беш аз 30 адад чоҳи амудӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки алҳол заминҳои кишоварзиро бо об таъмин месозанд. Бояд гуфт, ки айни ҳол дар ноҳия зиёда аз 500 адад чоҳи амудӣ мавҷуд аст, ки 76 адади он дар тавозуни идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия қарор дошта, боқимода дар тавозуни хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.

Аз шумораи дар боло зикршуда 512 адади он айни ҳол дар ҳолати корӣ қарор дошта, боқимонда аз фаъолият бозмондааст. Ҳамчунин, аз 76 адади дар тавозуни идораи оби ноҳия қарордошта 48 адади он заминҳои ноҳияро бо об таъмин намуда истодаанд. Сабаби аз фаъолият бозмондани чоҳҳои амудиро масъулини соҳа дар хушк шудан ва ё кам будану аз меъёри мавҷуда поён фаромадани обҳои зеризаминӣ мебинанд. Ҷуқуриҳои кофташудаи ҷоҳҳои амудӣ дар ноҳия аз 60 то 150 метрро дар бар мегирад, мегӯяд Некмурод Ғаффоров.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Ҳамасола, мардуми тараққипарвар ва сулҳдӯсти олам ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва онҳое, ки дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд, санаи 9-уми майро ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар фашизм ботантана таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат, ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва сокинони вилоятро сидқан табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, рӯзгори орому осуда ва хотири ҷамъ орзу менамоям.

Гузашти вақт ҳар қадар моро аз солҳои душвори ҷанг дуртар мебарад, ҳамон андоза аҳамият ва ҷойгоҳи он дар сарнавишти инсоният равшантар мегардад.

Читать далее

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони ҷангу меҳнатро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз собиқадорони ҷангу меҳнатро аёдат кард.

Нахуст дар шаҳри Хуҷанд якчанд нафар  ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамуда аёдат карда шуданд. Ба аёдатшудагон Ҳомид Ҷўраев, Воҳид Ҷўраев, Маҷид Ширинов ва Марҳамат Бобоҷонова  кӯмакпулии якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд ба маблағи 2000 сомонӣ, кӯмакпулии раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1500 сомонӣ  ва маводҳои ниёзи авваливу тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Читать далее