04 May 2021

ПАРҲЕЗГОРӢ ХИСЛАТИ ҲАМИДАИ ИНСОНИСТ

Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва моҳи оғози нузули ваҳй ба ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари бузурги ислом мебошад. Дар ин моҳи муборак суҳбате доштем бо Раиси Шурои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, ки фишурдаи онро манзури хонандагони рӯзнома мегардонем.

-Рамазон моҳи шарифу муборак аст. Дар бораи фазилатҳои ин моҳ чанд сухан мегуфтед.

Рамазон моҳест, ки он барои ҳидояти мардум ва нишонаҳои роҳи рост фиристода шуд. Дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд барои мусалмонон кушода гардида, баракоти бепоёни Парвардигор фуруд омадааст ва он шабе, ки нузули Қуръон дар он сурат гирифтааст, шаби қадр ба маънои шаби боарзиш ва дороӣ дар ҷойгоҳи хосе номида шудааст.

Моҳи мубораки Рамазон дар баробари моҳи нузули Қуръон буданаш, моҳи ибодат ва хайру барака аст. Дар баробари ин моҳи танзифи нафс, тоза кардани ҷисм ва андешаи инсон, моҳи бедор кардани раҳму шафқат аст. Инсон бояд ҳама вақт, хусусан дар ин моҳ парҳезгор бошад. Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти ин моҳ рӯзаи онро бар муъминон фарз гардонида, онро бар дигар моҳҳо бартарӣ бахшидааст ва онро барои бандагонаш ба ид табдил додааст.

Дарҳои биҳиштро дар он моҳ кушуда, даромадгоҳҳои дӯзахро фурӯ баста ва шайтонҳоро бар занҷир бастаааст, то неъматҳои ӯро бар бандагонаш табоҳ насозад.

-Рӯзаи дасту по, чашму гӯш ва тану ҷон мегӯянд. Ин нуктаро шарҳ медодед.

-Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон пас аз намоз, ҳаҷ ва закот чаҳорумин рукни бинои ислом ба шумор меравад. Дар сураи Бақара, ояти 183‐юми Қуръони азимушшаън омадааст: “Рӯзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз гардонида шуд. ҳамон гуна ки бар гузаштагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво ва худсозӣ намоед.

Яке аз манфиатҳои хоси рӯза ин аст, ки бар асари он дар инсон сифати тақво ва парҳезкорӣ пайдо мешавад ва тавони идора карда тавонистани хоҳишоти нафсонӣ бар одамӣ ҳосил гашта, салиқаи саркӯбии нафс дар мақобили аҳком ва супоришоти Илоҳӣ дар инсон ба вуҷуд меояд. Бояд донист, ки рӯза доштан фақат аз хӯрдану ошомидан худдорӣ кардан нест, балки одами рӯзадор бояд аз гунаҳ, ҷиноят, сухани дурӯғ, туҳмат, буҳтон, айбҷӯӣ ва дигар амалҳои зишт дур бошад. Дурӯғ нагӯяд, нафароне ҳастанд, рӯза медоранду суханҳои бардурӯғ мегӯянд, дар хона якдигарро фиреб медиҳанд, дар кӯчаву бозор дурӯг мегӯянд, мардумро фиреб медиҳанд, дар ин мавридҳо аз рӯзаи доштаи онҳо манфиате нест.

Бояд чашми инсон аз нигоҳи бад, дасти инсон аз амали шарр, тану ҷони инсон аз амалҳои нопок, дасташ аз мардумозорӣ, умуман тамоми ҷисму рӯҳаш бояд рӯзадор бошад. Дар ҳадисе омадааст: “Касе, ки дар моҳи Рамазон суханони дурӯғ, амал кардан ба он ва ҷаҳолатро тарк накунад, Худо ҳеҷ ниёзе ба тарки хӯрдан ва нӯшидани рӯзаи вай надорад”. Зеро рӯза муҳимтарин василаи худсозӣ, олитарин мактаби тарбияи рӯҳ ва бинои шахсияти инсон, ҳамчунин беҳтарин василаи такомули маънавии мардум ва ҷомеа мебошад.

-Ҳастанд нафароне, ки бо сабаби бад будани саломатиашон ва ё сабабҳои дигар, ҳарчанд мехоҳанд, рӯза гирифта наметавонанд. Оё роҳи озод шудан ва ё ҷуброн кардани онро ақоиди шариат пешниҳод кардааст?

Худои таоло дар Қуръони азимушшаън мефармояд, ки моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи нузули Қуръон аст ва Қуръон барои ҳидояти инсонист. Касоне, ки ё бемор ва ё дар сафар ҳастанд, аз рӯзадорӣ озоданд. Агар бемории шахс муваққатӣ бошад, дар вақти моҳи шарифи Рамазон муолиҷа гирад, рӯзаашро мехӯрад ва баъди сиҳатмандӣ қазояшро медорад. Агар бемории вай бардавом бошад, масалан касалии қанд дораду мунтазам бояд об нӯшад, аз дарди меъда азият мекашаду ҷарроҳӣ шудааст ва бояд хӯрокаш мунтазам бошад, аз рӯзадорӣ озод аст.

Аммо бояд гуфт, ки ин нафарон барои ҳар рӯзи надоштани рӯзаашон фидя диҳанд. Фидя – ин барои ҳар як рӯз як мискинро ду маҳал таом додан аст, ки баробари 12 сомонии имрӯза аст. Пиронсолоне, ки дар рӯзадорӣ қуввату мадор надоранд, низ фидя медиҳанд.

Одамони мусофире, ки аз 120 километр дур аз зодгоҳ сафар доранд, низ ба шумори нафароне дохил мешаванд, ки фидя медиҳанд. Занҳои ҳомила ва ё онҳое, ки фарзанди ширхора доранд, метавонанд рӯзаашонро хӯрда, баъдан қазо доранд. Ба бемории сироятии коронавирус гирифторшудагон бояд аз рӯзадорӣ худдорӣ намоянд. Ифторкунон, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳо хеле маъмул аст, чӣ аҳамият дорад ва соҳибмаърака ҳангоми баргузории чорабинӣ кадом масъулиятро бештар эҳсос намояд? Магар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартибу низоми ин маъракаро ҳам пешбинӣ кардааст? Ҳадаф аз ифтор кардан ин хайру эҳсон кардан ба мардуми камбизоат аст. Нафаре суол доданд: Ё Расулаллоҳ, мо чизе надорем, ки мардумро ифтор диҳем. Гуфтанд: Як пиёла об ва як нисфи хурмо додан ба каси муҳтоҷ ҳам ифторкунон аст. Шарт нест, ки маъракаҳои калони серхарҷ намуда, ба ифтор мардумро даъват намоянд. Нафароне ҳастанд, ки маводи ғизоиро ба мардуми камбизоат хом тақсим мекунанд, ки ин ҳам шоистаи пазируфтан аст. Агар ба хонадони ҳар нафари муҳтоҷ як кило гӯшт, 1 кг биринҷ , ду‐се кг равған ворид шавад, на танҳо як шаб балки чандин маҳал метавонад аҳли оилаашро ифтор диҳад, ки ин беҳтар аст.

-Дар бораи садақаи фитр ва закот барои хонандагони рӯзнома маълумот медодед. Киҳо аз пардохти садақаи фитр озоданд? Маблағи садақаи фитр ва закоти мол, асосан ба киҳо манзур ва ё бо кадом мақсад масраф шуданаш мумкин?

Закот сутуни саввуми Ислом аст. Мафҳум ва матлаби закот ин аст, ки ба назди ҳар мусулмоне миқдори муайян аз мол ва сармоя мавҷуд бошад, ҳар сол онро ҳисобӣ намуда, як чиҳилумини онро ба фақирон ва мискинон дода ва ё ба корҳои хайр сарф намояд. Мушаххасан бигӯем, ки агар миқдори маблағ ва ё молаш аз 25 ҳазор сомонӣ зиёд бошад, вай бояд закот диҳад. Аз 30 сар моли калони шохдор 1 сар ва агар 40 сар гӯсфанд дошта бошад, 1 сари он бояд ба мискинон диҳад.

Бояд гуфт, ки агар чорвои вай зиёда аз 6 моҳ дар саҳро бошад, закоти онро бояд дод, вале агар дар хона нигоҳубин намояд, закот дода намешавад, зеро барои парвариши он маблағ сарф намуда, хӯроки чорво мехарад. Барои хона, кӯрпаю болин, мошине, ки дар манзили истиқоматӣ истифода бурда мешавад, закот набояд дод. Эҳсон ва бузургвории дигари Худованд ин аст, ки барои закот ва садақот подош ва аҷри бисёре муқаррар кардааст. Ҳол он ки мо аз моле, ки Офаридгор ба мо додааст, миқдори ночизе дар роҳи ӯ медиҳем, аз ин хотир агар Худованд дар қиболи ин амали ночизи мо подоше ҳам ба мо намедод, ҳаққи онро дорад. Илова ба аҷр ва подоше, ки дар рӯзи қиёмат ба закот ва садақадиҳандагон мерасад, дар ин ҷаҳон низ фоидахои бузурге насиби онҳо мешавад. Дили муъмин ва мусулмоне, ки закот ва садақа медиҳад, ҳамеша шоду хурсанд аст, камбағалон ва мустамандон бар вай ҳасад намебаранд, балки хоҳони хайр ва офият барои ӯ буда, бо нигоҳи муҳаббат ба сӯяш менигаранд ва дуои хайр менамоянд. Ҳамчунин закотдиҳандагон дар қатори мардуми писандида ва маҳбуб ҷой мегиранд ва ҳамагон бар онон изҳори муҳаббат ва ҳамдардӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки аз садақаи фитр нафароне озод ҳастанд, ки камбизоату мискин бошанд. Закот аз они муҳтоҷону қарздорон аст.

-Дар масоҷиди марказӣ, ҷомеа ва дар радифи хондани намози таровеҳ дар моҳи шарифи Рамазон, хатми Қуръон ҷараён мегирад. Ҳамин нуктаро шарҳ медодед.

Дар масҷидҳои ҷомеъ ва марказӣ бо талаби мардум имрӯз таровеҳ хонда мешавад. Намози таровеҳ намози махсусе, ки шабҳои моҳи Рамазон, баъди ифтор мехонанд ва он бист ракаат намози нафл аст. Имсол дар аксари масҷидҳо намози таровеҳ бо хатм бисёр сабук ташкил карда шудааст. Ҳар шаб як ҷузъи Қуръонро мехонанд, ки барои намозгузорон саҳл аст. Бо ин раванд дар сӣ шаби моҳи Рамазон сӣ ҷузъи Қуръон хонда мешавад. Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

Мусоҳиб Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ва ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” боздид кард.

Тавре маълум аст айни замон лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” амалӣ гардида истодааст, ки бо татбиқи пурраи он иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад.

Дар маҷмӯъ бо татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” 50 мегаватт зиёд гардида, истеҳсоли миёнаи неруи барқ афзоиш ёфта, таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии вилояти Суғд бо неруи барқ ба таври назаррас баланд ва беҳтар хоҳад шуд.

Читать далее

ЭҲТИРОМ БА ЗАМИН - ЭҲТИРОМ БА ЗАҲМАТ

Маданияти кишоварзӣ – асоси фаровонҳосилӣ

Дар ноҳияи Зафаробод аз 5569 нафар соҳибкори хурду миёна 4305 нафарашон тибқи шаҳодатнома дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мебаранд. Хоҷагидорон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ба мавсими имсола омодагии ҳамаҷониба дида, заминҳои киштро самаранок истифода бурда, дар вақташ бо об таъмин гардонида, аз ҳар гектар киштзор ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.

Сардори идораи кишоварзии ноҳия Раҳимҷон Ашӯров иттилоъ дод, ки имсол дар майдони 31028 гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт карданд, ки аз он 5550 гектар ғалладона ва лӯбиёгиҳо, 14850 гектар пахта, 2328 гектар зироатҳои техникӣ, 440 гектар картошка, 815 гектар сабзавот, 1525 гектар полезӣ ва 5520 гектар зироати хӯроки чорво аст.

Айни замон кишоварзон барои кишти зироатҳо заминро омода сохта, дар майдони 3708 гектар зироатҳои барвақтӣ, ба монанди 878 гектар ғаллагиҳо ва лӯбиёгиҳо, 290 гектар ҷуворимакка барои дон, 703 гектар зироатҳои техникӣ, 159 гектар картошкаи барвақтӣ, 247 гектар сабзавот, 10 гектар полезӣ ва 1421 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт гузарониданд.

Дар ин самт корҳои деҳқонӣ бомаром идома дорад. Тавре мудири шуъбаи иқтисодии мақомоти маҳаллӣ Фаррухҷон Розиқов хабар дод, дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 20 миллиону 101,1 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‐ум ба миқдори се миллиону 193 ҳазор сомонӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар ноҳия соҳаи чорводорӣ низ яке аз соҳаи асосӣ маҳсуб ёфта, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 32956 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 20228 сар модагов, 66649 сар моли майда, 100711 сар паранда ва 181 сар асп парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 18 сар моли калони шохдор, 183 сар моли майда, 38845 сар паранда ва як сар асп афзудааст. Баробари афзоиши саршумори чорво, иброз медорад намояндаи идораи кишоварзӣ Асадулло Умаров, маҳсулоти гӯштӣ ва тухм низ зиёд гардида, дар ин давра 514,7 тонна гӯшт, 2702 тонна шир ва 506,8 ҳазор дона тухм истеҳсол гардиданд.

Гарчанде соли сипарӣ барои мардуми олам соли вазнин – бемории коронавирус ҷаҳонро фаро гирифта буд, вале имсол хоҷагидорон баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳ саъю кӯшиш намуда, ба андозаи 131,1 тонна гӯшт ва 69 тонна ширро нисбат ба ҳамин давраи соли пешин афзун гардониданд. Мутаассифона охири соли гузашта ва оғози соли ду ҳазору бисту якум барои парандапарварон вазнин омад, зеро ба сабаби талафоти зиёди парранда истеҳсоли тухм 173,7 ҳазор дона кам шуд. Хоҷагидорон назди худ мақсад гузоштаанд, ки баҳри хушзот ва сермаҳсул намудани чорво чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳоло соҳибкори инфиродӣ Аҳмадҷони Раҳматшоҳ 50 сар, дар хоҷагиҳои деҳқонии «Анис – 2015» (роҳбар В.Мирзоев) 30 сар, дар хоҷагии деҳқонии «Зарафшон – 2012 (роҳбараш Мирзораҳим Азимов) ва соҳибкорони инфиродӣ Икром Мухторов 20 сарӣ ва Учқун Бобоев 15 сар моли калони шохдори хушзот ва сермаҳсулро парвариш намуда истодаанд. Дар ноҳия баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин низ ҳамасола чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешавад. Имсол беҳтарсозии 213 гектар замин ба нақша гирифта шуда, то кунун ҳолати мелиоративии 57 гектари он беҳтар гардид. Дар ҳудуди ноҳия хоҷагии махсуси тухмипарварӣ ташкил нагардида бошад ҳам, аммо аз зироатҳои хоҷагиҳои деҳқонии пешқадам, ба монанди «Деҳқон», «Бахт», «Ҳоҷӣ Ғоибназар», «Зафар», «Камола», «Қарасаққолбобо», «Бобо Ибод», «Ҳоҷӣ Ризо», «Ойқӯл», «Бобо Тоҳир», «Абдувалӣ», «Улуғбек», «Исмоилиён» васеъ истифода мебаранд. Зеро тибқи дастур ҳосили майдонҳои хушсифату серҳосили хоҷагии деҳқонии номбаршударо барои тухмии кишти ҳосили минбаъда истифода мебурданд.

Соли сипаригардида тибқи дастури Пешвои муаззами миллат чун дигар аҳолии деҳотнишини ҷумҳур сокинони ноҳия аз ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигиашон самаранок истифода бурда, аз ҳосили гирифтаашон вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хешро беҳтар сохтанд. Ҳамчунин бо тайёр кардани консерваю хуришҳои гуногун аз помидору бодирингу сабзавоту дигар анвои хӯрданӣ ба мавсими зимистон низ омодагии хуб диданд. Мувофиқи маълумоти Раёсати кишоварзии вилоят дар умум заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентии ноҳия ҳамагӣ 2005 гектарро ташкил медиҳад.

Аз рӯи нақшаи пешбинигардида дар мавсими имсола сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар майдони 810 гектар ғалла ва лӯбиёгиҳо, дар 190 гектар картошка, 80 гектар сабзавот, 25 гектар полезӣ, дар 580 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво ва дар майдони 120 гектар зироатҳои техникӣ кишт карданианд. Бо вуҷуди номусоид омадани обу ҳаво аҳолии ноҳия баҳри самаранок истифодабарии замин чораҳои зарурӣ андешида, дурнамои кишти картошкаи барвақтиро аллакай иҷро намуданд. Ҳоло заминҳои боқимондаро ҳамаҷониба омода сохта, помидор, бодиринг, сирпиёз, инчунин лӯбиёгӣ ва дигар зироатҳоро кишт карда истодаанд.

Дар баробари аҳолӣ хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия низ нақшаи кишти ғалладона ва картошкаи барвақтиро иҷро намуданд. Ноҳияи Зафаробод, ки яке аз ноҳияҳои калони пахтакори вилоят ба шумор меравад, соли равон дар майдони 14850 гектар кишти пахта гузаронида хоҳад шуд. Айни замон кишоварзон заминҳоро барои кишти пахта ва дигар зироатҳои баҳорӣ омода сохта, то ба имрӯз дар майдони зиёда аз 8500 гектар кишти пунбадона гузаронида шуд.

Ғайр аз ин, иттилоъ дод сармутахассиси идораи кишоварзии ноҳия Асадулло Умаров, баҳри самаранок истифодабарии заминҳо ва аз ҳар гектари он гирифтани зиёда аз ду ҳосил чораҳои саривақтӣ андешида шудааст. Дар нақша аст, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғаллаи тирамоҳӣ дар майдони зиёда аз 3000 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шавад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ОМИЛИ ПЕШРАВӢ

Вазъи чорводорӣ чигуна?

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳар ҷаласаи фаъолони вилоят нисбат ба афзун шудани саршумори чорво дар шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад. Дар ҷаласаи навбатӣ низ оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят доир ба ин масъала дафъатан дастур дода гуфт, ки «чорводорӣ аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт маҳсуб ёфта, зиёд намудани саршумори он аз бисёр ҷиҳат манфиат дорад».

Масъулини ноҳияи Деваштич то кадом андоза дар иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти вилоят чораҳои саривақтӣ меандешанд ва дар ин хусус аз масъулини соҳаи ноҳия пурсон гаштем:

‐Мо ба ин соҳа чун ба соҳаи картошкапарварӣ эътибори ҷиддӣ медиҳем. Бояд ки то соли 2022 тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истеҳсоли солонаи ин намуди зироатро ба 500 ҳазор тонна расонем, ‐гуфт зимни суҳбат сардори Идораи кишоварзии ноҳия Мирзо Мирзоев,иқрор бояд шуд, ки се моҳ қабл вазъи соҳаи чорводорӣ чандон қаноатбахш набуд. Биноан, дар ин муддат кӯшидем, то ки нишондиҳандаҳо беҳтар гарданд.

Хушбахтона, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввал соҳа рӯ ба беҳбудӣ овард ва ба мо муяссар шуд, ки саршумори чорвои калони шохдор ва майдаро нисбат ба ҳамин давраи соли рафта афзун созем.

‐Дар қаламрави ноҳия алҳол 77 ҳазору 316 сар чорвои калони шохдор ва беш аз 150 ҳазор сар моли майда парвариш меёбад, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ва 5,5 ҳазор сар зиёд аст,гуфт мавсуф. Омилҳои афзуншавии саршумори чорворо сарзоотехники ноҳия Эргашалӣ Исроилов шарҳ дода, иброз дошт:

‐Чорводорӣ умуман аз соҳаҳои сердаромад аст. Аз ин лиҳоз, худи мардум, алалхусус соҳибкорон бо дарки ин омил ҳамаҷониба мекӯшанд, то ки саршумори чорвояшонро сол аз сол зиёд гардонанд. Дар ин радиф дар ноҳия бунёди фермаҳои муосири чорводорӣ ҳамасола меафзояд. Айни ҳол дар деҳаи Хуштоири Мухлон соҳибкор Илҳом Сиддиқов барои парвариши 400 сар моли калони шохдор ферма сохта истодааст. Корҳои сохтмонӣ вусъати тоза гирифта, ӯ ният дорад, моҳи июни соли равон, дар арафаи таҷлили солгарди Ваҳдати миллӣ онро ба истифода диҳад. Зимни суҳбат бо масъулин маълум гардид, ки дар ноҳия наздик 40 ҳазор сар гови дӯшоӣ парвариш ёфта, шири онро яке аз ширкатҳои бонуфузи истеҳсоли маҳсулоти шириву гуштии «Файзи Расул» харидорӣ мекунад.

Воқен ҳам то соли рафта дар ноҳия ду сехи истеҳсоли паниру маҳсулоти гӯштӣ амал мекард. Аммо, ба рақобати бозор тобовар нагардида, фаъолияташро муваққатан қатъ кардааст. Соҳибони истеҳсолот дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъала ҳастанд. Бино ба маълумоти масъулин алҳол вазъи тӯлгирии чорвои майда бомуваффақият идома ёфта, нақша дар арафаи анҷомёбист. Ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 98 сарӣ барра гирифта истодаанд, ки порсол ин нишондиҳанда 95 сариро ташкид медод.

Ҷараёни тӯлгирӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ваҳдату Ғазантарак хуб аст. Тавре ҳамагон огаҳем, зимистони имсола басо сард омада, зиёд тӯл кашид, ки ин ҳолат чорводоронро ба ташвиш гузошт. Оид ба ҷараёни натиҷаи гузариши мавсими сармои имсола сарбайтори ноҳия Самӣ Ҷӯраев чунин гуфт:

 ‐Хушбахтона, ба сардиву дарозмуддатии фасли сармо нигоҳ накарда чорводорон, албатта, ба шарофати риояи чораҳои саривақтӣ ва ғамхорӣ нисбат ба чорво зимистонро хуб паси сар карданд. Дар ноҳия талафоти чорво ба қайд гирифта нашуд. Тавре дар боло зикр кардем, соҳибкорони маҳаллӣ бо дарки манфиатовар будани соҳа ва бо дарназардошти иқлиму шароити мусоиди ноҳия ба парваришу афзун намудани чорво рӯ овардаанд. Яке аз намунаҳои беҳтарини он фермаи ширию молии ҶДММ «Шаҳбоз» мебошад. Ферма дар камари кӯҳ, минтақаи сарҳади шаҳри бостонии Истаравшан, деҳаи Гулобод, ки номи қадимааш Қаробӯин аст, ҷойгир шудааст.

‐Асосгузори фермаи мо падари омӯгорам Холбутта Рӯзиматов ҳасғтанд,‐мегӯяд, роҳбари ферма Ҳасан Рӯзиматов,то соли 2015 он кас заминро ба иҷора гирифта, чорводориро бароямон ташкил мекарданд. Ин буд, ки 5 сол қабл бо дастури роҳбарияти давр мо бо масоҳати 62 гектар замин соҳиби сертификат шудем ва як фермаи алоҳидаи замонавӣ бунёд кардем.

Айни замон дар ферма 12 сар чорвои калони шохдор ва 200 сар моли майда парвариш меёбад. Азбаски дар хоҷагии фермерии мазкур дастрасии об муаммо буд, аз ҳисоби даромадҳои шахсӣ чоҳи амудӣ кофтанд. Аз рӯи гуфти мутахассисон, об аз чуқурии зиёда аз 200 метр бароварда шуд. Шукрона, ки вазъи обтаъминкунӣ алҳол нисбатан беҳтар гардида, аз ҷумла, он барои парвариши 2 гектар бедаву 1,5 гектар гандум, 2 гектар пиёз ва заминҳои картошкаву помидор ва полезиҳо кифоягӣ мекунад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин хоҷагии фермерӣ 20 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, асосан аҳли оилаи Рӯзиматовҳо ҳамарӯза дар хоҷагӣ меҳнат менамоянд. Масъулини ноҳия ният доранд, ки соҳаи чорводориро боз ҳам рушд диҳанд ва дар ин самт то охири сол саршумори молро боз ҳам зиёд намоянд. Ҳамагон огаҳем, ки кишвари мо дорои захираҳои бузурги биологию иқлимӣ, мавҷудияти захираҳои нисбатан калони замин ҳам дар водиҳо ва ҳам дар қисмати доманакӯҳҳои он мебошад.

Иқлими мусоиду шароити беҳтарин барои боз ҳам бештару беҳтар намудани соҳаи чорводорӣ имконпазир аст. Ин омил танҳо боз ҳам аз масъулин дилсӯзиву кордонии бештарро тақозо дораду халос…

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

САРФАКОРӢ – НИШОТИ ОСОИШ

Тибқи муқаррарот Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин, барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Ситоди ҷумҳуриявӣ барои баргузор намудани тӯйи домодию арӯсӣ бо иштироки то сад нафар бо риоя намудани чораҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дод. Бо дарназардошти дар қаламрави кишвар беҳтар гардидани вазъи санитарию эпидемиологӣ вобаста ба бемории сирояти коронавирус (Ковид‐19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27уми март қарор қабул гардид, ки дар асоси он баргузор намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дода мешавад. Мутобиқи қарори мазкур, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо муваззаф гардиданд, ки сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликият, инчунин, шахсони воқеӣ барои риояи муқаррароти қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Дар ин хусус Сӯҳроб Рустамзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилоят доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар се моҳи соли 2021‐ум маълумот дод. Хушбахтона, имрӯз мардуми бомаърифат ва бофарҳанг дар зиндагӣ ва маъракаҳои худ низоми муқарраргардидаро роҳандозӣ карда истодааст. Баробари чунин пешравиҳо то ҳол аз тарафи баъзе шахсиятҳо қонуншиканӣ дида мешавад ва аз расму оинҳои миллӣ бархурдории маҳдуд доранд. Ворид шудани тағйироту иловаҳо ба қонун муҳим, саривақтӣ ва ба замон мувофиқ буда, он дар доираи маъракаҳои тӯю мотамдорӣ ба низом дароварда шуд.

Ҷиҳати риояи қонуни мазкур корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, дар семоҳаи соли 2021‐ум 4 663 маъракаву маросим баргузор гардиданд, ки нисбат ба соли 2020ум 779 адад кам мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар давоми се моҳи соли 2020‐ум дар шаҳру навоҳии вилоят ҳангоми гузаронидани рейди муштарак бо иштироки аъзои комиссияи доимӣ, санҷишу назорати баргузории маърака ва маросим масъулини шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 51 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар муддати соли 2021 он ба 40 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад кам аст.

Дар 4 ҳазору 663 маъракаву маросими дар соли равон баргузоргардида, ба маблағи 16 миллиону 349 ҳазору 474 сомонӣ масраф шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‐ум зиёда аз 12 миллион сомонӣ кам шудааст, ки дар ин амал беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум дида мешавад. Дар се моҳи соли равон теъдоди маъракаи чил 133 адад ва сол 86 адад нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‐ум зиёд гардидааст. Забҳи чорвои хурд, дар соли равон 793 сар аст, ки ин нишондод назар ба соли 2020‐ум 444 сар кам мебошад. Масъулини шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳрию ноҳиявӣ, сармутахассисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баҳри тарғиботу ташвиқот, мазмуну муҳтаво ва мақсаду мароми Қонуни мазкур бо қишрҳои гуногуни ҷомеа давоми се моҳи аввали соли 2021‐ум 85 семинару машварат ва суҳбат атрофи мизи мудаввар 525 мулоқоту вохӯрӣ ва 31 баромад дар ВАО доир намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар вилоят соли 2020‐ум 17 ҳазору 369 маъракаву маросим гузаронида шуда, нисбат ба соли 2019‐ум 7 ҳазору 62 адад маърака кам гардидааст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее