06 April 2021

МУТАХАССИСОН ДАР МЕҲВАРИ СОЗАНДАГӢ ТАШАББУСКОРАНД

Зимни ироаи Паёми солонаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисос, мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Ин масъулият моро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои касбомӯзӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем. Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиш” аввалин ва калонтарин лоиҳа дар самти дастгирии низоми таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиш буда, дар заминаи Барномаи давлатии ислоҳоти низоми таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш (ТКТО) барои солҳои 2012 - 2020 ва ҳамзамон бо стратегияи ҳамкории миёнамӯҳлати Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, мавриди татбиқ қарор дорад.

Лоиҳа дар асоси созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд санаи 16 – уми ноябри соли 2015 ба имзо расидааст. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии иҷроияи лоиҳа буда, дар назди Вазорат аз ҳисоби мутахассисони баландихтисоси дар асоси озмун интихобгардида гурӯҳи идоракунии лоиҳа таъсис дода шудааст. Тавре масъулини лоиҳа иттилоъ доданд, лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиш” аз чор қисмат иборат аст. Қисмати аввал таҷдиди методологияи низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш, қисмати дуюм навсозии инфрасохтор дар муассисаҳои интихобшудаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омӯзиш, қисмати сеюм беҳтар намудани дастрасӣ ба барномаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш ва қисмати чорум тақвияти низоми идоракунӣ ва менеҷменти замонавии таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш мебошад. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар доираи лоиҳа асосан, занони яккаву танҳо, занону бонувони хонашин, шахсони имконияти маҳдуддошта, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа бо омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

 Мутахассиси лоиҳа Сангин Бобоев иттилоъ дод, ки бо такя ба стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, татбиқи лоиҳа ба ҳалли масъалаҳои модернизатсияи методологияи таълимӣ дар Литсейҳои касбии техникӣ тавассути истифодаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб ва барномаҳои таълимӣ дар асоси стандартҳои салоҳияти касбӣ равона шуда, омодасозии кадрҳоро барои панҷ соҳаи афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз ҷумла сохтмон, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия амалӣ хоҳад намуд.

Дар доираи лоиҳа аз ҳисоби намояндагони вазорату сохторҳои дахлдори ин 5 соҳа гурӯҳи кории соҳавӣ таъсис дода шуданд. Қадами аввалин барои таҳияи стандартҳои салоҳиятӣ 17 касби интихобшуда ин коркарди харитаҳои функсионалии касбҳо буд. Гурӯҳи идоракунии лоиҳа дар ҳамкорӣ бо 5 гурӯҳи кории соҳавӣ ва корфармоён харитаҳои функсионалии 17 касби коргариро таҳия намуда, аз экспертизаи корфармоён гузаронд.

- Хизматгузории меҳмонхона, коргари коркарди меваю сабзавот, муҳосиб, сабзавоткор, оператори экскаватор, механики кондитсионерҳои маишӣ ва таҷҳизоти хунуккунанда, челонгартехники санитарӣ (сантехник), тракторчӣ, қаннод, ороишгари мӯй, дӯзандаи либосҳои мардона, хиштчин, кафшергари газу барқ, васлгар ва таъмиргари хатҳои ҳавоии интиқоли барқ, барқчӣ - васлгари дастгоҳҳои барқии офтобӣ, барқчӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти саноатӣ номгӯи касбҳое ҳастанд, ки тибқи лоиҳа дар оянда усули таълими онҳо ба тарзи муосир, яъне аз рӯйи методологияи таҳсил дар асоси салоҳият ба роҳ монда хоҳад шуд, - иброз дошт мутахассиси лоиҳа Сангин Бобоев.

Бояд гуфт, таълим дар асоси салоҳият ин технологияи муосири таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад, ки кафолати тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси коргарро дар асоси талаботи воқеии бозори меҳнат таъмин менамояд. Дар доираи қисмати дуюми лоиҳа “Навсозии инфрасохтор дар муассисаҳои интихобшудаи таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш” дар соли 2020 корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

- Маврид ба ёдоварист, ки давоми сол корҳои таъмиру барқарорсозии муассисаҳои ҳадафии лоиҳа идома дошта, аз 29 муассисаи ҳадафии ба нақша гирифташуда ба ҳолати охири моҳи декабри соли 2020 корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар 26 муассиса пурра ба анҷом расида, аз ҷониби Комиссияи қабул, ки бо фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд, қабул гардидаанд. Бино ва синфхонаҳои таъмиршуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, - гуфт Сангин Бобоев.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар умум ҳаҷми корҳои таъмирии ҷараёндошта дар ҳамаи муассисаҳои ҳадафӣ зиёда аз 91 фисад иҷро гардида, дар ин муассисаҳо 112 синфхона, 68 устохона, 87 утоқи корӣ ва дигар утоқҳои таъиноташон гуногун аз қабили маҷлисгоҳ, утоқи методӣ, толори тренингӣ, ошхона, ҳуҷраи ёрирасон, ҳоҷатхонаи мардонаву занона, китобхона бо толори электронӣ ва толори варзишӣ таъмир шуданд. Дар доираи қисмати сеюми лоиҳа, тибқи дастурамали амалиётӣ, Барномаи омӯзишии инклюзивӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат аз ҷониби панҷ ширкати миллии ташкилкунандаи омӯзиш татбиқ гашта истодааст. Аз шумораи умумии 28495 нафар баҳрагиранда то имрӯз аз ҷониби панҷ пудратчии миллии ташкилкунандаи омӯзиш зиёда аз 1705 курси омӯзишӣ гузаронида шуда, дар он 29629 баҳрагиранда фаро гирифта шуда, 11053 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Дар маҷмуъ, 2392 нафар занону духтарон ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардидаанд, ки 2060 нафарашон аз рӯйи 22 ихтисоси ғайрианъанавӣ курсҳои омӯзиширо ба анҷом расониданд. Баробари ин 1163 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуда, 332 нафар дар таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ қарор доранд Ҷоиз ба ёдоварист, ки омода намудани захираҳои меҳнатии баландихтисос яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, шиддатнокӣ дар бозори меҳнат ва кам намудани осебпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон аз омилҳои беруна мусоидат хоҳад намуд.

- Корҳои анҷомдодашуда дар доираи қисмати дуюми лоиҳа навсозии инфрасохтор дар муассисаҳои интихобшуда "Тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиш"- аст, ки яке аз ҳадафи лоиҳа навкунии заминаи моддӣ ва таълимӣ дар 29 муассисаи интихобшуда, аз ҷумла 21 литсей, 5 филиали маркази таълими калонсолон, 2 маркази касбомӯзӣ ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ба ҳисоб рафта, аз рӯйи 17 касби интихобшуда таҳвили таҷҳизоти таълимии замонавӣ, ки барои ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ дар асоси салоҳият заруранд, ба нақша гирифта шуда буд. Лоиҳа инчунин, барқарорсозии хобгоҳҳоро бо назардошти хусусиятҳои гендерӣ пешбинӣ намудааст, ки ба баланд бардоштани дастрасии низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ - техникӣ ва омӯзиш барои занону духтарон, хусусан аз ноҳияҳои дурдаст, имкон медиҳад, - гуфт Сангин Бобоев.

Биноҳои аз таъмир баровардашуда асосан литсейҳои касбӣ - техникӣ, сохтмонӣ ва кишоварзии шаҳру навоҳии Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Вахш, Шаҳритус, Тоҷикобод, Шуғнон, Суғд фаро гирифта шудаанд.

Дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи лоиҳа, Литсейи касбии политехникӣ ва Литсейи касбии техникии сохтмонӣ корҳои сохтмонӣ, барқароркунӣ ба анҷом расида, бо таҷҳизоти лозима таъмин гардиданд. Тавре директори Литсейи касбӣ - политехникии шаҳри Хуҷанд Шаҳобиддин Мирзоаҳмадов иттилоъ дод, дар рафти сохтмон аз рӯи лоиҳа корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.

- Литсей сеошёна буда, аз чор синфхона, панҷ кабинети фаннӣ, ҳафт утоқи корӣ, ҳашт ҳуҷраи ёрирасон ва толори машваратӣ иборат аст.

Се устохонаи таълимӣ, бинои хобгоҳ дорои 48 ҳуҷра, ҳаммоми мардонаву занона, се ҳуҷраи хӯроктайёркунӣ, ҳуҷраи ҷомашӯӣ низ дорад, аз таъмири капиталӣ гузаштанд. Ҳамзамон намо ва боми ин биноҳо низ аз таъмир бароварда шуда, аз ҳисоби лоиҳаи “Хазинаи Неруи тоза” дар литсей панели офтобию монокристаллӣ насб шуда, системаи гармидиҳии бино аз ҳисоби ин панелҳо ба роҳ монда шудааст, - гуфт номбурда.

Дар Литсейи касбӣ - техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд низ як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Директори литсейи мазкур Ғанӣ Рауфов иттилоъ дод, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар доираи амали барномаи мазкур хуб ба роҳ монда шуд.

- Дар бинои таълимӣ - истеҳсолӣ иборат аз се устохона, панҷ синфхона, ду утоқи корӣ, як ҳаммом, бинои хобгоҳ иборат аз 57 ҳуҷра се ҳаммоми мардонаву занона, ҳуҷраи ҷомашӯйӣ ва бинои ошхона иборат аз як толори хӯрокхӯрӣ, ҷойи хӯроктайёркунӣ бо ҳуҷраҳои ёрирасон гузаронида шудаанд. Намои бинои таълимӣ истеҳсолӣ ва боми биноҳо низ пурра барқарор гаштанд, - гуфт Ғанӣ Рауфов.

Ҳамчунин, лоиҳаи "Хазинаи неруи тоза" дар доираи Лоиҳаи "Тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиш" аз ҳисоби “Хазинаи байналмилалии Неруи тоза” бо мақсади амалӣ намудани технологияҳои инноватсионии ҳосили неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар Тоҷикистон ва кам кардани зарар ба экология, табиат ва ҳифзи муҳити зист маблағҳои муайян ҷудо шудаанд. Аз ҳисоби “Хазинаи Неруи тоза” се муассиса - Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, Литсейи касбии техникии сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд таъмир шуда, дар онҳо технология ва чораҳо оид ба беҳтар намудани самаранокии энергия насб гардидаанд.

Ҳамзамон, дар литсей барои истеҳсоли нерӯи барқи тоза ё "сабз" озмоишгоҳи барқии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил шудааст, ки аз ду дастгоҳ барои истеҳсоли неруи барқ аз офтоб, як дастгоҳ барои истеҳсоли барқ аз об, ду таҷҳизот барои истеҳсоли неруи барқ аз бод, обгармкунак тавассути қувваи неруи офтоб, таҷҳизот барои таъмири яхдону кондитсионер ва телевизор, ки дар он амалиёти компютерӣ истифода мешаванд, васлу насб ва барои таҷрибаомӯзӣ омода шудааст. Дастгоҳҳо аз ҳисоби неруи офтоб ва бод барқ истеҳсол карда, манбаи барқароршавандаи энергия маҳсуб меёбанд ва дар тавлиди барқи иловагӣ ба литсей хизмат мекунанд.

Дар ин самт барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва иқтидори парки техникӣ муассисаҳои мазкур бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ - лабораторӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Баробари ин дар филиалҳои маркази таълимии калонсолони шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Фархор, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ёвон, Норак, Сангвор ва Ванҷ аз рӯи лоиҳаи мазкур як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

КИТОБИ ПУРАРЗИШ ДАР ШИНОХТИ МАҲАСТИИ ХУҶАНДӢ

Китоби адабиётшиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Матлубаи Мирзоюнус таҳти унвони «Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ» пажӯҳишу нақди зиндагӣ ва осори шоираи бузурги тоҷикон ва форсизабонон Маҳастии Хуҷандӣ таълиф ва дастраси хонандагон гашт.

Китоб дар нашриёти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд бо теъдоди ҳазор нусха, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии нашри китоб, бо ду хат-сириллик ва форсӣ ба табъ расидааст. «Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ» нашри дувум аст ва бо иловаву таҳрири муаллиф пешкаши хонандагон гаштааст. Китоби аввал аз силсилаи Хубони порсигӯст, ки бо унвони “Шамъи Тироз” (Нигоҳ ба зиндагӣ ва ашъори Маҳастӣ) соли 2001 нашр шудааст.

Китоб ҳосили заҳмату ҷустуҷӯ ва пажӯҳиши чандинсолаи муаллиф дар заминаи аҳвол ва осори Маҳастии Хуҷандӣ буда, адабиётшинос Матлубаи Мирзоюнус бо ба кор гирифтани манбаъҳои мухталиф оид ба Маҳастӣ арзиши илмии нашри дувуми китобро боз ҳам баландтар намудааст ва чуноне худи муаллиф иброз медорад “аз нашри китоби аввал 20 сол сипарӣ шуда, чандин маводи тоза дастрас гардид ва имкон фароҳам омад, ки китоби мазкур бо таҳриру такмил ва иловаҳо ба ҳаводорони ашъори Маҳастӣ пешниҳод шавад”(7). Рисола фарогири ду бахш аст ва бахши аввал дар се боб роҷеъ ба рӯзгору осори Маҳастӣ маълумот медиҳад. Дар боби аввали бахши аввал, ки “Маҳастӣ ва маҳастишиносӣ” унвон дорад, муаллиф бо сайри таърихии маҳастишиносӣ ва таҳаввули он дар мавриди зикри исми Маҳастӣ дар сарчашмаҳои форсӣ, дастовардҳои маҳастишиносон дар садаи ХХ ва ибтидои садаи ХХI пажӯҳишоти ҷолибе анҷом додааст.

Дар ин бахш ҷустуҷӯҳо дар Эрон, саҳми олимони тоҷик дар таҳқиқи ҷараёни зиндагӣ ва ашъори Маҳастӣ, маҳастишиносӣ дар Озарбойҷон, дастранҷи донишмандони ғарб, маҳастишиносӣ дар кишварҳои дигари ҷаҳон таҳқиқ ва таҳлил шудаанд. Ковишҳои судманди адабиётшинос ба виҷа дар бозгӯи саҳми олимони тоҷик дар таҳқиқи ҷараёни зиндагӣ ва ашъори Маҳастӣ шоистаи тазаккур аст. Муаллиф қайд мекунад, ки дар баробари пажӯҳишоти бисёр муфиди олимони тоҷик ҳанӯз ба хусусиятҳои сабки фардӣ ва пайвандҳои ҳунарии шоира бо шуарои дигар кам таваҷҷуҳ шудааст. Мутолиаи осори ин бахш дар шинохти масъалаҳои умдаи омӯзиши аҳвол ва осори шоир аз дидгоҳи муҳаққиқони тоҷику эрон, озарӣ ва дигарон кӯмак менамояд.

Иттилоъ ва пажӯҳишҳо собит месозанд, ки барои муаррифии шоири ширинкалом Маҳастии Хуҷандӣ корҳои қобили таваҷҷуҳ ба анҷом расидаанд. Натиҷаҳо аз баъзе баҳсҳо дар мавриди зодгоҳ ва ҷои истиқомати Маҳастӣ, давраи зиндагонии Маҳастӣ, ном ва тахаллуси шоира дар ҳамин қисмати китоб бозгӯ шудаанд. Воқеан, чуноне ки худи муаллиф дар муқаддимаи китоб зикр менамояд, натиҷагирӣ аз омӯзиши баҳсҳои мавҷуда ва хулосабарориҳо дар заминаи пажӯҳишоти рӯзгори Маҳастӣ кори саҳл нест, зеро “ҳақиқати зиндагии Маҳастӣ бо афсонаву ривоятҳо ончунон омезиш ёфтааст, ки имрӯз гумон аст, кашфи воқеии он имконпазир бошад”(6).

Дар боби дувум роҷеъ ба мероси адабии Маҳастӣ, хусусиятҳои сабки шоир ва бархурди ӯ бо шоирони дигар ба доираи таҳқиқи муаллиф кашида шудаанд ва аз пуробурангтарин ва хушхонтарин фасли китоби мавриди назар аст. Пайвандҳои ҳунарии рубоиёти Маҳастӣ бо адибони дигар, амсоли Хайём, Хатиби Ганҷавӣ, Адиб Собири Тирмизӣ хеле ҷолиб, бо далоили хуби илмӣ бозгӯ шудаанд. Масалан, пайванди Хайём ва Маҳастиро муаллиф ба ин гуна мушаххас мекунад, ки миёни афкори бадеии Маҳастию Хайём бархурди зиёде ба назар мерасад. Тафовути асосии ашъори ин ду бошад дар он аст, ки “Маҳастӣ бештар аз ҳоли як нафари мушаххас сухан рондааст.

Дар рубоиёти Хайём бошад, ҳолати табиат ва вазъи фалаку ҷомеа дар маҷмӯъ ва бо густурдагии бештар ба қалам омадааст(95). Тараннуми табиат ва инсон дар рубоиёти Маҳастӣ ситоиш ва мазаммати ашхос аз нигоҳи шоир низ ба натиҷагириҳои мушаххас, ки “қалами шоир гоҳе дар ситоиш ва гоҳе дар накӯҳиши ашхос низ корхӯрда гашта, таҷоруб ва танзгӯии Маҳастиро такмил додааст”, пешниҳоди хонанда шудааст. Чунончӣ муаллиф мегӯяд:“ шоир касонро, ки бо шуҳрати худ менозанд ва дигаронро дар хорӣ медоранд, аз бозиҳои фалак ҳушдор медиҳад: Бо хасми манат ҳамеша дамсозиҳост, Бо мо суханат зи рӯи таннозиҳост. Аз иззи худу зиллати ман беш маноз, К-андар паси пардаи фалак бозиҳост (108). Муаллиф ба натиҷа мерасад, ки дар ашъори Маҳастӣ рубоиёти ҳаммазмун кам ба назар мерасанд. Аксар маъниҳо ғайриинтизор ва тозаанд. Ҳамзамон. муаллиф ба тасвирсозӣ ва маънипардозии Маҳастӣ баҳои баланд дода, аз лиҳози сабку ҷавҳари шеърӣ, баёни матлабу истифодаи санъати бадеӣ рубоиёти ӯро мӯшикофона нақду баррасӣ месозад.

Баррасии рубоиёти Маҳастӣ дар қолаби арӯз низ бо диду нигоҳи нав ва натиҷагириҳои мушаххас сурат гирифта, ошноӣ бо вазни рубоиҳои Маҳастӣ муаллифро ба хулосаҳои зерин меорад: 1. Рубоиёти шоира дар анвои гуногуни баҳри ҳазаҷи ахраб ё ахрам гуфта шудаанд. Дар онҳо якнавохтӣ ба назар намерасад, як рубоӣ аз рубоии дигар аз лиҳози вазн тафовут дорад. 2. Аксари кулли рубоиёти Маҳастӣ бо рукни ахраб оғоз меёбад. Рукни ахрам камистифода аст. Муаллиф дар қисмати “Ҳунари шоирии Маҳастӣ” қайд мекунад, ки содагиву самимият ва бепироягии сабки хуросонӣ бо тасвирҳои хеле ҷозиб ва маҷозии ироқӣ махлут шуда, ашъори пуробуранг ва гаронмоя овардааст(118). Бозгӯи истифодаи ҳунармандонаи санъатҳои бадеӣ дар рубоиёти Маҳастӣ бо овардани намунаҳои ҷолиби ашъори шоира қобили зикр аст.

Муаррифии симои бадеии Маҳастӣ дар осори адибони гузашта ва муосир, ки дар қиссаву ҳикоёт, маснавию ғазал ва повесту романҳо ба тасвир кашида шудааст, аз виҷагиҳои дигари китоб аст, ки дар боби савум баҳсу баррасӣ шудааст. Муаллиф пажӯҳиши хешро дар ин самт ба дар ду даста гурӯҳбандӣ намуда, симои Маҳастиро дар назм ва наср ба хонанда ошно мекунад. Дар бахши дувуми китоб мероси адабии Маҳастӣ пешниҳод шудааст. Нуктаи қобили таъкид он аст, ки муаллиф дар оғози бахши дувуми китоби ҳозир сарчашмаҳои пешниҳодшудаи ашъори Маҳастиро меорад ва хушоянд он аст, ки тартиби сарчашмаҳо аз рӯи муодили рақамӣ бо тариқи хронологӣ оварда шудааст.

Муаллиф аз бисту шаш сарчашма истифода намудааст, ки қадимтарини он “Ал-мӯҷам фӣ маоир-ул ашъор ул- аҷам(пас аз соли 630 ҳиҷрии қамарӣ/1233 милодӣ), Маҷмӯаи хаттии китобхонаи Исмоилпошшои Туркия, соли 681 ҳиҷрии қамарӣ/1282 милодӣ, Достони Амир Аҳмад ва Маҳастӣ, қарни 7 ҳиҷрии қамарӣ/13 мелодӣ, Таърихи Вассоф,716 ҳиҷрӣ/1316 милодӣ ва амсоли инҳо мебошанд. Муаллиф таъкид мекунад, ки дар танзими матни бахши аввал интиқоли рубоиёт аз қадимтарин сарчашма бо ишора ба рақами римии он шурӯъ мешавад.

Ҳангоми шарҳу тавзеҳ дар поварақи китоб низ бо рақами римӣ ишора мешавад, ки дарки тавзеҳҳои муаллифро барои хонанда осон месозад. Дар фасли дигари бахши дувум “Шаҳрошӯб”-и Маҳастӣ фароҳам омада, сипас рубоиёти шоира, ки аз маҷмӯаҳои гуногун интиқол шудаанд ва маохизашон ҳанӯз муайяну мушаххас нашудааст ва як қисмашон, бино ба хулосаҳои муаллифи китоб ба назар машкук ҳастанд, ҷой дода шудаанд.

Дар интиҳои бахши дувуми китоби ҳозир ашъори Маҳастӣ дар қолабҳои ғайрирубоӣ оварда шудаанд. Метавон гуфт, бахши дувуми китоб ҳосили ҷустуҷӯ ва талоши муҳаққиқ бо истифода аз даҳҳо сарчашмаи муътамади хаттиву чопӣ аст ва ашъори шоира бори аввал дар шаклу низоми хос ва бо зикри манобеъ ба сурати хронологӣ ба хонандагон пешниҳод шудааст. Аз замимаҳои пешниҳодшуда дар поёни китоб низ бояд гуфт, ки хеле бамаврид аст. Чунончӣ пешниҳоди замимаи дувум, мақолаи Мираббос Боғиров аз “Роҳбари дониш” таҳти унвони “Маҳастӣ аз Хуҷанд буд ё Ганҷа?”. Воқеан, Маҳастӣ аз бузургтарин рубоисароён дар адабиёти тоҷик аст, ки бо ашъори хубу мондагор ва ҳунармандонааш мақоми хос дорад. Шеъраш таҷассумгари ишқу зебоӣ, шӯхтабъиву раъноӣ, садоқату рафоқат ва саршор аз нишоту шодмонист. Чуноне Матлубаи Мирзоюнус қайд мекунад, “Шаҳрошӯбҳо”-и Маҳастиро низ метавон дар радифи пешравони ин навъи шеъри форсии тоҷикӣ гузошт, аммо, мутаассифона, ончунон ки шоиставу дар таърихи адабиёт муаррифӣ нашудааст.

Итминон дорем, ки нашри китоби мазкур дар шинохти рӯзгору осори Маҳастии Хуҷандӣ қадами устувору мондагорест дар роҳи шинохти ҳунар ва истеъдоди ин фарзанди фарзонаи миллат. Бешак, “Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ” дар муаррифии мукаммал ва муайян намудани ҷойгоҳи ин бонуи адабу ҳунар иқдоми ҷиддӣ ва шоистаи таҳсин аст. Муҳимтарин матлабҳое, ки ниёз ба тавзеҳ ва тасҳеҳ доштаанд, аз ҷониби муаллифи китоб баррасӣ шудааст. Шарҳҳои хеле ҷолиб, баҳсҳои илмӣ, хулосаву натиҷагириҳо хеле мӯътамад ҳастанд ва муҳимтар аз ҳама натиҷагирии муаллиф зимни муқоисот арзиши баланди илмӣ доранд.

Дар ин замина бардоштҳои олим дар мавриди шинохти зиндагӣ ва осори Маҳастии Хуҷандӣ сутуданист. Ин китоб бо муҳтавои пурбор, маълумоти нав роҷеъ ба зиндагиву осори Маҳастӣ, санаду далелҳои қобили таваҷҷуҳ оид ба ашъори шоира дар шинохти ҳарчи бештари ин бонуи сухан ва ҳунар мусоидат хоҳад кард.

Сурайё ҲАКИМОВА,

номзади илмҳои филологӣ

Читать далее

ТАМРИН ДАР МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ БЕҲТАР АСТ

Ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҳар гӯшаву канори мамлакат, шаҳру деҳот, ҷамоату маҳаллаҳо амалҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд. Тибқи нақша-чорабиниҳои тайёрӣ ба ҷашни фархундаи мамлакат дар ҳудуди вилоят бунёди иншооти маъмурӣ, таъиноти иҷтимоӣ, маориф, корхонаҳои саноативу муассисаҳои фарҳангӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар назар аст.

Баҳри фаро гирифтани насли наврас ва ҷавонон бо намудҳои гуногуни варзиш ва ба ин васила ҳифз намудани онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро дар вилоят ба рушди соҳаи варзиш тадбирҳои мушаххас тарҳрезӣ ва амалӣ мешаванд.

Бино ба иттилои намояндаи бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, бобати вазъи бунёди иншооти варзишӣ дар шаҳру навоҳии вилоят як чанд корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Боиси қайд аст, ки дар шаҳру навоҳии вилоят дар солҳои 2018-2020-ум 266 иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар умум ҳамагӣ ба маблағи 114131152 сомонӣ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ва бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатманд майдончаҳои бозии кӯдакон ва дигар иншоот сохта, ба истифодаи мардум дода шудаанд.

Агар дар соли 2018 – ум 105 иншоот, аз он 84 майдончаи варзишӣ, 19 толори варзишӣ, як маҷмааи варзишӣ, як ҳавзи шиноварӣ сохта шуда бошад, дар соли 2019 –ум 121 иншооти варзишӣ, 101 майдончаи варзишӣ, 18 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода шуд. Дар соли 2020-ум 40 иншооти варзишӣ, 29 майдонча, 9 толор, як ҳавзи шиноварӣ ва варзишгоҳ ба истифода дода шуда, дар соли 2021- ум ин иқдоми наҷиб бахшида ба ҷашни бузургӣ 30 - солагии Истиқлолияти мамлакат бомаром идома дорад. Баҳри бунёди босифати иншооти варзишӣ ниҳоди махсусе ҳаст, ки сифати онҳоро назорат мебарад.

Зебунисо Умарова - сокини шаҳри Хуҷанд, ҳар субҳи содиқ барои обутоб ва тамрин чандин километр масофаро ба машқ кардан тай менамояд. Таи чанд муддат аст, ки бе мушкилӣ машғули тамрин аст. Зеро дар назди биное, ки ӯ истиқомат мекунад, майдончаи варзишии замонавӣ бунёд гардидааст, ки тамоми шароитҳо дар он фароҳаманд. Зебунисо изҳор дошт, ки вазнаш андак зиёд аст.

-Бино ба тавсияи табиби оилавӣ, бояд ба тамрин ҳамвора машғул шавам. Вале тамрингоҳи муайян надоштам. Лаҳзаҳое буданд, ки дар роҳи мошингард медавидам ва ё аз клубҳои варзишӣ истифода мебурдам.

Ҳоло дар назди манзили зисти хеш ҳамроҳи дугонаҳоям ба бозиҳои волейбол, баскетбол машғул мешавам. Бидуни харҷи зиёдатӣ дар майдончаи варзишии наздиҳавлигиамон бе мамониат машғули машқ ҳастам. Ба иқдоми масъулон ва соҳибкорон шукр ва сипоси зиёд мегӯям, ки барои сарфа кардани буҷети оилаам, ки тақрибан ҳар моҳ 200 сомонӣ барои машқ дар тамрингоҳ медодам, мусоидат намуданд.

- Дар муқоиса бо чанд соли пеш дар риштаи варзиш ба дастовардҳои зиёде ноил гардидаем. Ин аз он далолат медиҳад, ки бунёди майдончаҳои варзишӣ барои пешрафту инкишофи маҳорати варзишгарони мо таъсири мусбат расонидааст ва ҷавононро аз коҳилию оворагардӣ канор кашидааст, - гуфт Зебунисо.

Аз бунёди майдончаҳои варзишӣ сокинон хушҳоланд, ки теъдоди иншоот афзуда, ҷавонону наврасон дар вақтҳои холӣ дар ин ҷо ҷамъ меоянду барои суҳбату табодули афкори солим вақти бештар пайдо мекунанд. Сохтмони майдончаҳои варзишӣ иқдоми хубу саривақтӣ мебошад. Тайи чанд соли охир мардум аз ин ҷиҳат эҳсоси танқисӣ менамуданд ва кӯдакон маконе намеёфтанд, ки ба қавле, «болу пар кушоянд».

Дар назди бинои истиқоматии мо низ чунин майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорист. Тавре мушоҳида менамоям, тамоми кӯдакону наврасон дар майдонча ҷамъ омада, хушнудона бозӣ мекунанду суҳбат, - мегӯяд Зебунисо.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Чаҳор ташаббуси башардӯстона дар меҳвари сиёсати оқилона

Ё худ иқдомҳои шоистаи сатҳи ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат дар масири истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ

Мегӯянд: офтоби тобон навбаҳорро оина аст, ки чаман равнақи нусратбор меёбад. Сӣ сол боз аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари биҳиштосоямон – Тоҷикистон фазои осудагиву амну амонӣ танинандоз аст. Дарозои ин солҳо ва марҳалаву муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои сулҳхоҳ - «дарҳои кушода»-ро пеш гирифтаву дар амал ва меҳвари воқеият татбиқ намуда, на фақат ба рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ, маданиву фарҳангӣ, илмиву сиёсӣ ноил гардид, шарафёб шуд, балки тавонист, ба шарофати тақвияти ҳамкорӣ, ҳамгироӣ бо давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, алалхусус ниҳоди боэътибортарини ҷаҳон – Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳалли мушкилоти минтақавию умумибашарӣ пешоҳанг, пешсаф ва намуна бошад.

Ҳоло яке аз масъалаҳои доғи мардуми сайёра мушкилоти дастрасӣ ба об аст, ки мутаассифона, дар пайи тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалии обу ҳавои сайёра ҳамвора шиддат меёбад ва вазниниҳо, гарониҳо пеш меоянд. Ҳарчанд аз чаҳор се ҳиссаи сайёраи моро об ташкил медиҳад, ҳамагӣ як дарсади он ошомиданӣ аст. Ҳамин аст, ки Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои байналмилалӣ ҷиҳати осон намудани мушкили миллиардҳо сокини сайёра – шароит фароҳам овардан барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои марбут ба об баромад намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли ин мушкилоти печида ҷалб намуданд.

Иқдомҳо, ташаббусҳо ва кӯшишу мароми бунёдиву башардӯстонаи Президенти муҳтарам, Пешвои муаззами миллати тоҷик дар ин самт чунин маҷро гирифтаанд, ки аз он марҳала то ба имрӯз наздик бист сол муқаддам сарчашма доранд. Бо ибораи дигар, иқдомҳои оқилонаву инсонпарваронаи муҳтарам Президентамон Тоҷикистонро ҳамчун саргоҳи оби тоза ва саргаҳи ташаббусҳои башардӯстона ба ҷаҳониён шиносонид.

Ташаббуси аввал: «Соли 2003 – Соли оби тоза», ки дар ин росто маҳбубияти тамоми ҷаҳонро башорат овард.

Ташаббуси дуюм: Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) мавқеи бунёдии ҷаҳонӣ пазируфта, дарозои даҳ сол ба руҳу равони башарият неруи қиёснопазир бахшид. Ва ташаббуси сеюми Тоҷикистон «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об – 2013» ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мувофиқати беқиёс намуд. Дар ин радиф ташаббуси чаҳоруми башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 22-юми марти соли 2018 – дар Рӯзи байналмилалии об оғоз гардидаву сарчашма гирифт, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) дар саросари олам муҳаббатбору нусратбор нақш пазируфт, ки аз ҷониби Маҷмааи кулли СММ ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ шудаанд. Ва мавриди назари хос ин чаҳор ташаббус маънӣ пазируфтаанд. Дар меҳвару масири ҳамаи ин ташаббусҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, яъне дар ин давра чандин маротиба ба маркази сиёсие мубаддал гашт, ки дар он масъалаҳои муҳими об дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳокима шудаанд.

Об ҳаёт, зебоӣ, муҳаббат аст. Об равони ҷисму ҷон аст, тобиши рангу бӯй ва таровати беқиёс дорад.

Дар ин радиф ба хотир овардан барои мо асолат мебахшад, гурӯҳи «Дӯстони об», ки бо ташаббуси Тоҷикистони маҳбуби мо таъсис ёфтааст, имрӯз панҷоҳу як кишвари аъзоро муттаҳид кардааст, ки зимни муҳокимаи масъалаҳои об ва қабули қарорҳои дахлдор дар доираи Ассамблеяи генералии СММ саҳми назаррас мегузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2007 зимни суханронии худ дар Саммити 1-уми оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором зикр карда буданд: «Рушди ояндаи ҷаҳонӣ чунин аст, ки арзиши об метавонад аз арзиши нафт, газ, ангиштсанг ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар як мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад».

Марҳалаҳои гузаштаи начандон дур, имрӯз дар саҳифаи таърих сабт шудаанд: ончунонки рӯзи 21-уми марти соли дуҳазору ҳаҷдаҳ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», (солҳои 2018 – 2028) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар бобати истифодаи самараноки обу энергетика дар ҷанбаи манфиати мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин «Энергияи устувор барои ҳама» мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Огаҳӣ дорем, ки ҳамон айём Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», (солҳои 2018-2028)» суханронӣ намуданд. Об – неъмати бебаҳо, дар рушди устувор аҳамияти бунёдӣ дорад, зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқамандии зичро бозгӯй аст. Ҳамин тавр, чордаҳуми март, – яъне як ҳафта пеш аз оғози расмии ташаббуси чоруми байналмилалӣ Панели сатҳи баланд санади ниҳоиро таҳти унвони «Ҳар қатра об ба ҳисоб гирифта шудааст: Рӯзнома барои амал» содир намуд, ки аз се қисмат иборат гардида буд: аввалан, асоснокӣ барои амал; дуюм – рӯзномаи ҳамгироёнаи амал дар сатҳҳои маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ; сеюм, суръат бахшидан ба тағйирот, ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар сатҳи глобалӣ.

Ин санад тавсия ва ташаббусҳои Панели обро дар соҳаи ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи бунёдӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ҷамъбаст менамояд. Тавсияҳои Панел ба тағйир додани он вазъ, ки ҷаҳон масъалаи обро чӣ гуна мефаҳмад, чӣ гуна идора мекунад, равона шуда буданд. Заҳмат ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи наҷоти мушкилоти глобалӣ дар масъалаи об аст. Лаҳзаҳои таърихиро ба хотир овардан ҳар каси худогоҳро рисолат аст: нимаи дуюми рӯзи бисту дуюми марти соли дуҳазору ҳаҷдаҳ дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) муҳтарам Президентамон бо Раиси ниҳоди «СММ – Об» Ҳилберт Хунгбо мулоқот намуданд.

Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо бояд аҳамияти об – захираи муҳими инсониро барои ҳалли масъалаҳои мухталифи кишварҳо ва ҳифзи онро барои наслҳои оянда хуб дарк намоем ва Тоҷикистони соҳибистиқлол дар пешбурди масъалаҳои об ва муаллифи аксари ташаббусҳои байналмилалӣ дар ин соҳа мебошад. Даҳсола низ барои расидан ба ҳадафи рушди устувор нисбат ба захираҳои об ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.

Худи ҳамон рӯзи таърихӣ – бисту дуюми марти соли дуҳазору ҳаҷдаҳ дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) аз рӯи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд. Ва дар ҳамон ҳамоиши таърихии байналмилалӣ, яъне иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи навбатии марбут ба масоили об ва захираҳои он дар раванди рушду тавсеаи устувор суханронӣ намуданд.

Барои ҳар фарди соҳибватани кишвари соҳибихтиёрамон боиси сарфарозист ва ифтихормандист, ки он замон – ин ташаббуси башардӯстонаи Пешвои муаззами миллатамон ба санаи биступанҷуми баргузории Рӯзи байналмилалии об рост омад, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки азму субот ва тарафдории фаъолияти пурвусъати Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу василаҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об саҳифаи наверо зам хоҳад кард. Орифе гуфтааст: «Мо сафедиро зи рӯи номаи худ бурдаем».

Он айём – бо гузашти се соли расо, ташаббуси дигари Тоҷикистон дар масъалаи об – ин неъмати зиндагиву ҳаёти гулбасар дар тамоми сайёра оғоз гардида буд ва дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба истифодаи мақсаднок ва ҳифзи захираҳои об тарҳрезӣ гардид, бо камоли иқдомот пазируфта шуд. Дар ин росто Конференсияи байналмилалӣ роҷеъ ба Даҳсолаи нави амал «Оббарои рушди устувор» (солҳои 2018 – 2028) дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони дигар соли 2020 баргузор шуд ва дар он ҳамоиш таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳалли масъалаи зикргардида маҷро пазируфт. Ва рӯзи дигар – бисту сеюми марти соли дуҳазору ҳаҷдаҳ Пешвои миллат дар ҳамоиши хоссаи «Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) суханронӣ намуданд. Пешвои муаззам муҳтарам Президентамон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ба қабули чораҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳими рушди устувор ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ва боз худи ҳамон рӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол доир ба ҳадафҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офати табиӣ дар чорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (солҳои 2018 – 2028) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадафҳои Рушди устувор шаҳодати бештар шудани таваҷҷуҳ ба мушкилоти об мебошад. Пешвои муаззами миллат дар мақолаи бунёдии худ ҳамчун узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар маҷаллаи бонуфузи СММ, моҳи марти соли дуҳазору ҳаҷдаҳ чунин навиштаанд: «Даъватҳои ҷаҳони муосир, ба монанди тағйирёбии иқлим, зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва урбанизатсия (шаҳришавӣ) кайҳо боз маълуманд ва оид ба таъсири онҳо тадқиқоти сершумору таҳлилҳо гузаронида шудаанд. Маълум аст, ки дар натиҷаи таъсири ин даъватҳо то соли 2030 талаботи ҷаҳонӣ ба захираҳои об то ба 50 фоиз зиёд мешавад ва фарқ байни захираҳои мавҷудаи оби ошомиданӣ ва талабот ба он то ба 40 фоиз мерасад».

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш вақте дар Тоҷикистон меҳмони олиқадр буд, аз тамошои табиати зебои кишварамон, кӯҳҳои сарбалафаки устувор, обҳои мусаффо, махсусан тамошои кӯли Сарез ба ваҷд ва фараҳу болидарӯҳӣ омада, гуфт, ки барои дастгирии пешниҳодҳои Сарвари Тоҷикистон дар бораи истифодаи оқилонаи оби мусаффои кӯли Сарез, инчунин андешидани тадбирҳои муассир барои пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим бояд иқдомҳои зарурӣ роҳандозӣ шаванд. Созмон додани Хазинаи байналмилалии мусоидат ба пешгирии обшавии пиряхҳо яке аз ин тадбирҳо буда метавонад.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба талошҳо, иқдомҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Сарвари муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи истифодаи босамари об ва ҳалли мушкилоти дигари вобаста ба он баҳои баланду арзанда дод, ки ин боиси ифтихору сарфарозии ҳар фарди Ватани маҳбуб – Тоҷикистони биҳиштосои мо аст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ чунин фармуда: «Субҳдам азми чаман кун, ки ҳаво мӯътадил аст, Аз нами нимшабӣ раҳ на гарду на гил аст». Дар ҷои дигар аз ғазали ширини Ҳазрати Ҷомӣ мехонем: «Тахтаи хок зи бас гул, ки дамидаст зи гил, лавҳи суратгарии хоназанони Чигил аст». (Чигил номи шаҳри қадима дар Туркистон, ки занони он ҷо ба хушрӯӣ машҳур будаанд – муаллиф). Масоили об ва захираҳои обӣ ҳамеша дар таваҷҷӯҳ ва меҳвари ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Президентамон қарор доранд. Ин аст, ки санаи 3- юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Аз назари мо, даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои давраи то соли 2028 барои муттаҳид намудани саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ имконияти хуб фароҳам месозад». Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Мегӯянд: аз қадами саъй ҳар кас ба мақсуд мерасад. Бо чашми ақл эҳсос менамоем, ки кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол тайи ду даҳсолаи охир кӯшишҳои зиёдеро ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд роҳандозӣ намудааст.

Мавриди зикр аст, ки санаи 18-уми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд – «Татбиқи ҳадафи вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об», ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ба таври маҷозӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Тоҷикистонро дар пешбурди минбаъдаи масъалаҳои об ва хусусан, вобаста ба пешгирии таҳдидҳои муосир, аз қабили тағйирёбии иқлим, дар ҳамаи самтҳо таъкид намуданд. Зикри хос аст, ки Тоҷикистон - ин Ватани маҳбубу дилпазири мо, ин кишвари «намуна дар истифодаи самараноку оқилона ва устувори захираҳои обӣ» дар масири таърихи ҷаҳонӣ ҳамчун оина муҷаллост.

Дар чорабинии дараҷаи ҷаҳонӣ Пешвои муаззам муҳтарам Президентамон зикр карданд, ки Тоҷикистон соли 2022 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба раванди Даҳсолаи «Об – барои рушди устувор» доир хоҳад кард ва умед аст, ки он дар ҷараёни омодагирӣ ба Конфронси соли 2023 саҳми босазо хоҳад гузошт.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкури сатҳи баланд дар асоси қатъномаи аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшудаи Маҷмааи Умумии СММ аз 18-уми марти соли 2018 таҳти унвони «Бознигарии миёнамуҳлати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал «Оббарои рушди устувор» (солҳои 2018 – 2028) доир шуд.

Даҳсолаи нави об, ки имрӯз аллакай се соли расо ҷараёни вусъатбори сатҳи ҷаҳонӣ дорад, имкониятҳо ва афзалиятҳои он ҷиҳати ҳалли масоили об дар ҳамаи сатҳҳоро бозгӯй аст. Ва ин ташаббус муносибати муносиб барои расидан ба ҳадафҳост. Ва он, бидуни шак, дар роҳандозии азму суботи муштараки ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва захираҳои об то соли 2028 нақши назаррас мебозад, ки ин ҳақиқат, воқеият ва рисолат аст.

Мегӯянд: Гар чароғи ҳусни зиндагӣ равшан шавад аз оби ҷонбахш, кушода дарҳои дилу дида кунем...

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ГУСЕЛИ ИХТИЁРИЁН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Санаи 5 - уми апрели соли 2021 дар Амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати гусели навдаъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси вилоят зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳала даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.

Читать далее