01 April 2021

Александр Князев: "Заявление Ташиева является провокационным и неприемлемым"

Эксперт назвал заявление кыргызского чиновника некомпетентным.

«Заявление Ташиева (Председатель ГКНБ Кыргызстана Камчыбек Ташиев – при. ред.) по поводу Воруха провокационно в своей основе: предлагать то, что априори неприемлемо для другой стороны, значит сознательно заводить весь переговорный процесс в тупик. А если уж и не сознательно, то это должно свидетельствовать о просто абсолютной некомпетентности и отсутствии способности к объективной оценке происходящего», – сказал: «Азия-Плюс» политолог и эксперт по Среднему Востоку и Центральной Азии Александр Князев.

Читать далее

Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара дар нахустин рӯзи даъват нақшаро иҷро намуданд

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара дар нахустин рӯзи даъват ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишударо барзиёд иҷро намуданд.

Ин бори аввал нест, ки ҷавонони ватандӯсти деҳоти Ворух ва Чоркуҳ дар нахустин рӯзи даъват муждаи зафар мерасонанд. Онҳо дарк намудаанд, ки Ворух ва Чоркуҳ дар хати марз қарор дорад ва ҳимояи марзу бум аз ҷавонони шуҷоъ ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб мекунад. Чорабиниҳои тантанавии гусели наваскарон нахуст дар деҳоти Ворух ва Чоркуҳ баргузор гардида, ҳамоиши тантанавии асосӣ дар маркази шаҳри Исфара бо шукуҳи хоса доир гардид.

Дар қатори даъватшавандагон ва волидони онҳо хурду бузурги Исфарамарз бо ифтихор аз ватану ватандорӣ ба макони баргузории чорабинӣ сарҷаъм гардида буданд. Таъкид карда шуд, ки дар рӯзи нахустин ҷавонони деҳоти Ворух ва Чоркуҳ нақшаро пурра таъмин намуда, бо ин кор ватандӯстии худро нишон доданд. Имрӯз ҷавонони сарбаланд ва ба ору номуси ҷамоатҳои зикршуда дарк мекунанд, ки ҳифзи Ватан қарзи ҷавонмардӣ буда, ҳимояи марзу бум ва таъмини амнияту осудагӣ мояи ифтихору шараф маҳсуб меёбад.

Даъватшавандагон ва наваскарон дар чорабинии тантанвӣ сухан гуфта, бори дигар таъкид карданд, ки барои ҳимояи марзу бум ва ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол омодаанд ва дар иҷрои қарзи инсонии худ ҳамеша тайёр ҳастанд.

Руҳияи болида, омодагии ҷавонмардони шуҷоъ баҳри ҳифзи марзу бум ва Ватани азизамон касро мутмаин месозад, ки ҷавонони тоҷик дар роҳи таъмини амнияти миллату давлат бо ҳар қимате омода ҳастанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

ИҚДОМОТИ НАКӮ ВА ЗАҲМАТИ СОДИҚОНА - ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Парандапарварӣ ва рушди он дар вилояти Суғд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ барои рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дастур доданд, воридоти технологияву таҷҳизот ва маводи хӯроки паранда аз боҷи гумрукӣ озод карда шавад.

Дар ин робита бо дастгирӣ ва дастуру супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода соҳаи парандапарварӣ вусъати тоза гирифтааст. Ҳоло дар вилоят 122 корхонаи парандапарварӣ мавҷуд аст. Аз ин наздик 30 корхонаи парандапарварии самташон гӯштӣ мебошад. Баробари ин дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Мастчоҳ ду корхонаи парандапарварӣ - ҶСК «Симурғи Истаравшан» ва «Суғдиён Свердловск» фаъолият мебаранд, ки самти фаъолияти онҳо барои инкубатсияи чӯҷа равона гардидааст.

Боиси қайд аст, ки корхонаҳои мазкур бо коргоҳҳои парандапарварии Федератсияи Россия ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Дар шаҳри Хуҷанд як корхонаи инкубатсионӣ барои истеҳсоли чӯҷаи гӯштӣ амал мекунад, ки корхонаҳои парандапарварии вилоят ва ҷумҳуриро бо чӯҷаҳои хушсифат таъмин карда истодааст, - гуфт сардори шуъбаи чорводории Сарраёсати кишварзии вилоят Маъруфҷон Шарифиён.

Тавре иттилоъ дода шуд, алҳол ба вилоят аз хориҷ, алалхусус ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва Федератсияи Россия чӯҷа барои гӯшт ва тухм ворид мешавад.

- Боиси таъкид аст, ки 60 – 70 фисади чӯҷаҳо истеҳсоли ватанӣ мебошанд. Дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Мастчоҳ истеҳсоли чӯҷа барои тухм ва дар шаҳри Хуҷанду Исфара истеҳсоли гӯшти чӯҷа фаъолият бурда истодаанд, - гуфт мусоҳиби мо.

Бино ба иттилои масъулин, дар давраи хурӯҷи пандемия корхонаҳои парандапарварӣ мунтазам фаъолият карда, саршумори мурғ, истеҳсоли гӯшт ва тухм зиёд шудааст. Ҳоло нисбат ба солҳои пешин дар қаламрави вилоят 3 – 4 маротиба гӯшти парранда ва истеҳсоли тухм зиёд гардидааст. Дар соли 2020 аксар мурғҳои коргоҳҳои парандапарварӣ пир шуданду маҳсулнокиашон паст гардид, бинобар он аксари гӯшти онҳоро ба фурӯш бароварданд. Айни ҳол чӯҷаҳо ворид гардида, баъди ду - се моҳ ба истеҳсоли тухм оғоз мекунанд ва шароити корхонаҳо беҳтар гашта, дубора ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Бозори марказии «Панҷшанбе» инъикосгари накӯҳолист. Дар бозор навъҳои гуногуни тухм аз корхонаҳои мухталиф ба фурӯш гузошта шуда буд. Ҳар коргоҳ вобаста ба худ нархгузорӣ кардааст. Дар умум нархи як дона тухм аз як то 1,20 сомонӣ аст. Аксар гӯштҳои мурғ истеҳсоли ватанӣ буда, 27 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Фурӯшандагон гӯшти мурғро низ вобаста ба навъ ҷудо кардаанду нархаш низ гуногун аст. Масалан, нархи гӯшти лахми мурғ 33 - 35 сомонӣ аст. Баробари ин аксар сокинон тухмро аз бозори «Гулистон» - и шаҳри Хуҷанд дастрас мекунанд. Дарвоқеъ, нархи тухми бозори «Гулистон» аз 95 дирам шурӯъ мешавад ва харидоронаш ҳам зиёданд. Сабаби дар бозори мазкур арзон будани нархи тухмро фурӯшандагон чунин маънидод карданд, ки онҳо на ҳамчун фурӯшандаи мустақил, балки ҳамчун коргаре, ки моҳе як маротиба музди маош мегиранд, фаъолият мебаранд. Оид ба масъалаи мазкур роҳбари ҶДММ «Чӯҷаи заррин» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Далерҷон Кенҷаев гуфт, ки дар нимсолаи дуюми соли 2020 якбора нархи хӯроки паранда боло рафт.

Сабаби асосии болоравии нарх дар бозори ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, ба бемории коронавирус вобастагӣ дорад, зеро аксар корхонаҳо бо сабаби карантин ба таҳлука фаромада, хӯрокаро аз меъёр зиёд харидорӣ карданд. Вақте талабот зиёд гардид, корхонаҳое, ки бо истеҳсоли хӯроки паранда машғуланд, арзиши хӯрокаро боло бурданд. Аз ҳамин сабаб нархи тухм каме боло рафт.

- Нархи гандум 20 – 25 фисад, ҷуворимакка 30 фисад, равған 70 – 80 фисад гарон шудааст. Хӯрока барои паранда асосан аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия ворид мешавад. Мо барои фурӯшандагон моҳе қабл як дона тухмро як сомонӣ, ҳоло бошад, 92 – 94 дирам дастрас мекунем, - гуфт Далерҷон Кенҷаев.

Боиси қайд аст, ки коргоҳи мазкур аз соли 2013 инҷониб фаъолият карда истодааст ва ҳар ҳафта маҳсулоти худро барои фурӯш ба ярмарка бароварда, бо нархи арзон ба сокинон пешкаш мекунанд.

- Алҳол корхонаҳои парандапарварии истеҳсоли гӯшти мурғ ва тухм зиёд шуда истодааст. Дар ноҳияи Шаҳристон корхонаи калон ба иқтидори 200 ҳазор паранда ба кор оғоз мекунад ва ба нақша гирифта шудааст, ки дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов низ ташкил мешавад. Иқдоми мазкур дар дигар шаҳру навоҳии вилоят ба нақша гирифта шудааст, ки то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 корхонаи парандапарварӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард, - гуфт Маъруфҷон Шарифиён.

Алҳол корхонаҳои парандапарварии вилоят, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказро бо гӯшти мурғ ва тухм таъмин карда истодаанд.

Боиси қайд аст, ки барои соҳибкороне, ки дар соҳаи парандапарварӣ фаъолият мебаранд, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ аз тамоми андозҳо озод шудаанд. Аз ин лиҳоз, масъулин ва роҳбарони коргоҳҳои парандапарварӣ мекӯшанд, барои пеш бурдани соҳа ва боз ҳам беҳтар намудани самти кор дар таъмини амнияти озуқаворӣ ба маҳсулоти босифат ва нархҳои нисбатан арзон саҳмгузор бошанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

АДОЛАТИ СУДӢ ВА ТАЪМИНИ ФАЗОИ ҲУҚУҚӢ

Паём - барномаи амал

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадест, ки фардои дурахшони моро раҳнамо аст.

Воқеан, Паём дурнамои давлатдории миллӣ мебошад. Тамоми самтҳои инкишофу рушди соҳоти гуногуни кишвар барои марҳалаҳои муайян дар таҳлилу баррасии Пешвои муаззами миллат бозгӯву баррасӣ мешаванд.

Дастуру ҳидоят ва супоришу вазифагузориҳое, ки дар Паёми навбатӣ ироа шуд, бешак, баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва таъмини пешрафти иқтисодиёти кишвар равона шудааст. Паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавии стратегӣ ва оғозбахши ибтикороти нав ба нав моро муваззаф месозад, ки ҷиҳати амалӣ шудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон чораву тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоем.

Сарвари давлат ҳамасола дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар намудани сатҳи хидматрасонии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандоро таъкид намуда, баҳри беҳбудии рӯзгори халқ, амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегии мамлакат волоияти қонун ва тамини адолатро муҳим арзёбӣ мекунанд.

Албатта, адолати судӣ ва таъмини фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Барои дар амал татбиқ намудани ин марому мақсад, пеш аз ҳама риояи тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро қонун, амният ва субот заминаи асосии рушди давлат мебошад.

Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид кардаанд, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди давлат аст ва боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Имрӯз ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани ин омилҳо низ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд.

Президенти кишвар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла мақомоти судро вазифадор намудаанд, ки дар роҳи пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо коррупсия фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо мебошад.

Иноятулло ҒУЛОМЗОДА,
раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Читать далее

БА ТАРБИЯИ ДУРУСТИ НОБОЛИҒОН ҶОМЕА МАСЪУЛ АСТ!

Таҳлил, муқоиса, бардошт

Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшнопазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва мисли замин пок аст, ба саодати дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчи хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”,- гуфтааст Муҳаммад Fаззолӣ.

Масъулият худ як эҳсосест, ки дар амалу рафтори ҳар як инсон таҷассум ёфта, онро барои амале, ки ба дӯшаш гузоштааст, бояд иҷро кунад. Бале, масъулият рисолатест, ки инсонро аз тамоми вартаҳои ногаҳонӣ нигоҳ медорад, зеро инсоне, ки масъулият эҳсос менамояд, кораш ҳамеша омад мекунад.

Масъулияти калоне, ки байни падару модар ва фарзанд зуҳур мекунад, хеле бузург аст, зеро волидоне, ки фарзандони худро бо масъулияти зиёде тарбия менамоянд, барои фарзандони хеш ояндаи дурахшонро таъмин месозанд. Бале, оилае, ки барои фарзандон фазои мусоид, шароити зиндагӣ муҳайё карда, фарзандон доимо зери назорати волидони худ қарор доранд, оилаи солим маҳсуб меёбад. Бояд изҳор намуд, ки маънии зиндагии ҳар як фарди соҳибдил ин тарбияи фарзанди нексиришт, баодобу накӯкор аст. Барои тарбияи дурусти меваи шаҳдбори зиндагӣ волидонро зарур аст, ки хеле заҳмат кашанд, назоратро аз болои фарзандони худ пурзӯр намоянд. Зеро як амали нодурусти фарзанд метавонад, якумр ба зиндагии ӯ доғу истинод орад.

Имрӯз аз арқоме, ки аз сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи вилояти Суғд Фаррух Алиҷонзода дастрас намудем, маълум сохт, ки дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят шумораи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғ нисбат ба соли сипаригардида кам шуда бошад ҳам, шумори ноболиғони ҷиноятсодирнамуда 7 адад зиёд аст. Бале, факту рақам вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон муайян месозад. Чӣ хеле ки изҳор кардем, дар соли 2020-ум 205 ҷиноят аз ҷониби 182 нафар ноболиғон содир шуда бошад ҳам дар муқоиса бо соли гузашта 35 ҷиноят кам, аммо шумораи ноболиғони ҷиноятсодирнамуда 73 нафар зиёд мебошад.

Агар нисбат ба ноҳияҳо таҳлил намоем, дар ноҳияҳои Мастчоҳ-21, Бӯстон-9, Панҷакент-4, Исфара-3 Зафаробод-2, Спитамен1 адад ҷиноятҳо зиёд гардида, дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Деваштич, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар як сатҳ қарор дорад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки танҳо дар як ноҳияи Мастчоҳ сатҳи ҷинояткории ноболиғон нисбат ба соли қабли 21 адад зиёд гардидааст. Ҷиноятҳои ноболиғон 179 адад дуздӣ, 17 авбошӣ,7 қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, 4 қаллобӣ ва 41 адад дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст. Хушбахтона, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар байни ноболиғон дар ин давра ба қайд гирифта нашудааст. Аз ҷониби ноболиғон ҷиноятҳо 122 адад дар танҳоӣ, 58 адад дар ҳайати гурӯҳӣ содиршуда, 91 нафар хонандагони мактабҳо, 4 омӯзишгоҳ ва 54 кор намекунанд ва намехонанд. Инчунин, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Истиқлол ва Спитамен сатҳи ҷинояткории ноболиғон коҳиш ёфтааст. Аз 156 нафар ноболиғи ҷиноятсодирнамуда 99 нафараш хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Гулистон, Мастчоҳ, Ашт, Конибодом, Зафаробод, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳро ташкил медиҳад. Ё худ, аз шумораи умумии ҷинояти содирнамудаи ноболиғон 142 нафар духтар ва 158 нафарро писар ташкил медиҳад.

Инчунин, аз теъдоди умумии ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиргардида 125 ҷиноят дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, 50 ҷиноят дар ҷои зист ва 6 ҷиноят дар муассисаҳои таълимӣ ба қайд гирифта шудааст. Таҳлил нишон дод, ки аксарияти ҷиноятҳои содирнамудаи ноболиғонро дуздии амволи ғайр ва авбошӣ ташкил дода, боқимонда ҷиноятҳои содиркардаашон ба дигар моддаҳои КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб мебошад. Бояд қайд кард, ки аз 182 адад ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиргардида 119 адад ё ин, ки 65 фоизро ҷиноятҳои дуздӣ ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии содиркунии ҷиноят байни ноболиғон 17 ададаш ҷинояти авбошӣ мебошад.

Имрӯз низ лозим аст, ки ҳамҷониба, ҳам аз тарафи мактабу маориф ва волидони муҳассилини дабистон назорат пурзӯр гардад. Ба ҳамин монанд ҷинояти авбоширо ноболиғони шаҳру ноҳияи дар боло зикршуда содир кардаанд, ки нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Яке аз сабабҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғон ин, аз як тараф, беназоратии масъулини соҳаи маориф ва аз тарафи дигар, волидайни ноболиғон мебошад, ки ҳарчи бештар ноболиғонро берун аз машғулиятҳои таълимӣ барои гирифтани таълимҳои иловагӣ, машғулиятҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб накарда, дар ин самт ҷиҳати пешгирии ҷинояткории ноболиғон на ҳама чорабиниҳои заруриро андешидаанд. Дар ҳақиқат сабаби асосии даст ба ҷинояткорӣ задани ноболиғон аз беназоратии волидон сарчашма мегирад. Мутафаккири бузурги Шарқ Муҳаммад Fаззолӣ дар китоби “Насиҳат –ул - мулук” хеле бамаврид нигоштааст: “Падару модар ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо мешавад”. Як чизро бояд волидони мо фаромӯш нанамоянд, ки имрӯз фарзандони мо оянда волидон, тарбиятгари фарзанди худанд.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди солимфикрро зарур аст, ки баҳри тарбияи насли солим ҳиссагузорӣ намояд. Ҳамзамон бояд зикр кард, ки дар ин давра 9 ҷинояти қасдан расонидани зарар ба саломатӣ аз тарафи ноболиғон содир гардидааст, ки он ба шаҳру ноҳияҳои Деваштич-4, Хуҷанд-2, Бобоҷон Ғафуров1, Мастчоҳ-1 ва Истаравшан-1 рост меояд. Ин арқом аз он гувоҳӣ медиҳад, ки кӯдакону наврасони мо дидаю дониста, барқасдона даст ба ҷиноят мезананд. Аз ин рӯ волидонро зарур аст, ки ҳар як қадами фарзандони худро зери назорат гирифта, онҳоро бо тарбияи хуб фарогир шаванд.

Раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ оид ба муайян намудани хонандагони одобу ахлоқи ғайриқаноатбахшдошта, дар дарсҳо иштирок надоштаву ба донишандӯзӣ кӯшиш накарда, ба кирдори ношоям ва хусусияти зӯроваридошта даст задани онҳо, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни хонандагон бо нозирони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон ҳамкории дахлдорро бояд ба роҳ монанд ва дар ин самт ҷиҳати тарбияву ислоҳи онҳо бо падару модарони чунин ноболиғон низ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

31 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис “Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020” ва тадбирҳои анҷомдодашуда дар самти сарфаҷӯии нерӯи барқ ҳисоботи Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер ва “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Читать далее

ДАСИСАҲОИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Дар шабакаи иҷтимоӣ ахбори сарвари ТТЭ ҲНИ, роҳбари имрӯзаи “Паймони миллӣ”  Муҳиддин Кабирӣ гузошта шуд, ки идомаи тарғиботҳои иртиҷоӣ ва ифротии душманони миллат ба шумор меравад.

Иғвоангезии мардум ҷиноят ба шумор рафта душманони давлату миллати мо ба монанди Кабириву Иқбол, Саидюнусу дигар аъзоёни паймон ин амалро шиори ҳамешагии худ карор дода, дар ҳар баромаду гузоришҳои худ  ба ғайр аз бӯҳтону дасисабозӣ ва камбудиву норасоиковӣ кори дигаре надоранд.

Тӯҳмату сангандозиро маҳз ҳамин паймони ифротгаро истодааст, ки онро аз баромадҳои ин хоинони ватан баралло эҳсос мекунем.

Мардуми кишвар ба ин гуна суханҳои бардурӯғу ғаразолуд ҳеҷ боварӣ ва эътимоде надоранд. Имрӯз идеологияи миллии мо ташаккул ёфта, худшиносиву худогоҳии мардум дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Ҷавҳари идеологияи миллии моро ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, таъмини амнияти миллӣ, саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ташкил медиҳад. Хоинон ва душманони миллат бо ҳарзагӯиҳо, маълумоту хабарҳои бардурӯғ наметавонанд, мафкура, афкор ва андешаи ба мо бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд.

Мо бояд ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба нафароне, ки ба миллату Ватани хеш, дину мазҳабашон хиёнат кардаанд, ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони хориҷӣ мебошанд, боварию эътимод набандем. Шиори мо ба пеш, ба сӯи  созандагиву бунёдкорӣ ва музаффариятҳои халқи азизамон мебошад.

Иброҳим ҶАББОРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУFД аз 26-уми марти соли 2021, № 130

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУFД

аз 26-уми марти соли 2021, № 130, шаҳри Хуҷанд

Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1994 – 2003

ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел – майи соли 2021

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2021, №141 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994 – 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Моҳҳои апрел ва майи соли 2021 дар вилоят даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.

2. Барои роҳбарӣ, назорат ва ташкили фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо комиссияи даъватии вилоятӣ таъсис дода шавад.

3. Комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки рӯйхати даъватшавандагони аз хизмати ҳарбӣ саркашинамударо тартиб дода, барои кофтукоб ва ба комиссияи даъватии шаҳру ноҳияҳо ҳозир намудани онҳо ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намуда, дар мавриди зарурӣ рӯйхатро барои андешидани чораҳо ба прокуратураи маҳаллӣ пешниҳод намоянд.

4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят вазифадор карда шавад:

- ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, тибқи тартиби муқарраршуда, ёрии амалӣ расонида, нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, мувофиқи дархости хаттии комиссариатҳои ҳарбӣ чорабиниҳои кофтукобӣ гузаронида, боздошт намоянд;

- барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар нуқтаи ҷамъшавии вилоятӣ ва атрофи он, инчунин бо мақсади муташаккилона ҷамъ овардани даъватшавандагон ба истгоҳи роҳи оҳани шаҳраки Ғафуров ва Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» шумораи муайяни кормандони милисаро сафарбар намояд;

- барои гусели даъватшавандагон ба ҷойҳои таъиншуда тибқи дархости комиссариати ҳарбии вилоят дар рӯзи гусел нақлиёти махсус ва кормандони хадамоти бозрасии давлатии автомобилиро сафарбар намояд.

5. Ба Сарраёсати молия дар вилояти Суғд супориш дода шавад, ки тибқи дархости комиссариати ҳарбии вилоят аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад барои соли 2021 пешбинишуда маблағи заруриро сари вақт ҷудо намояд:

6. Раёсати тандурустии вилоят вазифадор карда шавад:

- шумораи зарурии табибон – мутахассисон ва таҷҳизоти тиббиро барои гузаронидани муоинаи тиббӣ ва азназаргузаронии даъватшудагон дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмин намояд;

- дар ҳолати нарасидани табибон – мутахасисон ба ҳайати комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят табибон – мутахасисонро дар асоси дархости комиссариати ҳарбии вилоят сафарбар намояд.

7. Дар асоси моддаи 23-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раиси шаҳр ё ноҳия масъул аст ва ӯ бояд дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ чорабиниҳои зеринро ҳатман амалӣ намояд:

- раиси комиссияи даъватӣ (муовини раиси шаҳр ё ноҳия), ҳайати комиссияи даъватӣ ва тиббиро дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳои асосии хизматӣ озод намуда, иштироки онҳоро дар ҷараёни фаъолияти комиссия пурра таъмин намояд;

- комиссариатҳои ҳарбиро бо нуқтаҳои муҷаҳҳази даъватӣ таъмин намояд;

- барои муташаккилона ба нуқтаҳои даъватии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо расонидани даъватшудагон воситаҳои зарурии нақлиётро ҷудо намояд;

- нисбати шахсоне, ки оид ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ташкил ва гузаронидани маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хунукназарӣ зоҳир мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад;

- барои ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон онҳоро бо сарулибоси якхела ва тӯҳфаҳои хотиравӣ таъмин намояд;

- ба комиссариатҳои ҳарбӣ дар асоси сметаи хароҷот барои муташаккилона гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намуда, гусели тантанавии даъватшудагонро бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговар-интернатсионалистон ва муҳофизони сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оростани дастархони идона таъмин намояд.

8. Раёсати фарҳанги вилоят якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- барои дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани маъракаи гусели тантанавии даъватшавандагон чораҳои зарурӣ андешад.

9. Ба шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва муассисаи давлатии «Идораи нақлиёти Хуҷанд» супориш дода шавад, ки комиссариати ҳарбии вилоятро, тибқи дархост, барои кашонидани даъватшудагон аз нуқтаи ҷамъшавии даъватшавандагони комиссариати ҳарбии вилоят то Истгоҳи роҳи оҳан, Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилояти Суғд бо нақлиёти мусофиркаш таъмин намояд.

10. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда» ва «Суғд ҳақиқати» ҷараёни даъвати баҳорӣ ва тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавононро дар байни аҳоли васеъ тарғибу ташвиқ намоянд.

11. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 сентябри соли 2020, №293 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993 – 2002 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр – ноябри соли 2020» аз эътибор соқит дониста шавад.

12. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар гузошта шавад.

 

Раиси вилояти Суғд             Раҷаббой АҲМАДЗОДА

Читать далее

Сагони наҳзатӣ

Ҳанўз моҳи сентябри соли 2015 бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом ғайриқонунӣ эълон гардида бошад, ҳам давомдиҳандагони ин ҳизби ғайриқонуниву террористӣ ҳаммаслакони худро дар хориҷи кишвар пайдо намуда, дасисаву бўҳтонҳоро дар сомонаҳои иҷтимоӣ давом дода истодаанд. Онҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд худро бегуноҳ нишон диҳанд.

Аммо ҳамагон медонанд, ки сарварони ТТЭ ҲНИ ҳамеша бо дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии хеш фаъолият намуда, ҷонибдоронашонро ба гумроҳӣ мебаранд.

Мусаллам аст, ки ин ҳизб дар замони баъди истиқлолият сабаби нооромиҳо ва даргириҳову ва оқибати асосиаш оташи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Барои чи калимаи исломро аз номи ҳизбе, ки дар Тоҷикистон фаъолияташ қатъиян манъ карда шуда буд муридонаш бардоштанӣ нестанд.

Агар калимаи исломро аз номи ҳизби ғайриқонуние, ки дар хориҷа барои ба ном паногоҳҷўёни сиёсӣ буда, хизмат намуда истодааст аз байн меравад. Инчунин онҳо дигар калимаи исломро ниқоби доимии худ карда фаъолияташонро давом дода наметавонанд.

То он даме, ки калимаи ислом дар номи ҳизби ғайриқонунии онҳо вуҷуд дорад гумроҳшудагон ба хотири калимаи ислом аз думболи онҳо мераванд. Ин усули шомилкунии раҳгумзадагон ба ҳизбу ҳаракати террористиву экстремистӣ ба ҳисоб меравад.

Дар анҷом андешаҳо нисбати он ҳизби ғайриқонуние, ки ба андешаи мухолифин берун аз марзи Тоҷикистон гўё арзи ҳастӣ дошта бошад, чӣ барнома дорад ва чӣ гуна барои мардум манфиат дошта метавонад.

Ба андешаи банда он танҳо барои гурезагони сиёсӣ ва хоҷагони хориҷиашон хизмати хирсона дораду халос.

Пайравони беинсофу бадкирдори ТТЭ ҲНИ ба мисли Мирзои Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон бо истифода аз сомонаҳои интернетӣ қалби ғаразноки худро холӣ менамоянд, вале аз ин чи суд, ки  ба анешаи аксарияти мардум онҳо мисли сагон аккос мезананд. Магар то охири умр мисли косалесони дарбори хоҷагони хориҷии худ умр ба сар мебаранд?

Мирзоев А.Н. – сармуаллими
 кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

Читать далее

Ватани зарзаминам обод бод то абад!

Инак, зиёда аз як сол мешавад сипарӣ мешавад, ки вабои нави асри XXI – пандемияи бемории сироятии COVID – 19 фарогири мамлакатҳои олам шудаасту баъзе давлатҳо мавҷи сеюми онро паси сар карда истодаанд. Теъдоди мубталогаштагон беш 125 миллион нафарро ташкил додаву қариб 3 миллион нафар шаҳрвандон аз ин беморӣ ҳалокат ёфтаанд. Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи ҷаҳонӣ, омӯзиши маълумотҳои мавҷуда, таҳлили натиҷаҳои фаъолияти қишрҳои мухталифи ҷомеа шахсан манро ҳисси гуворои ифтихор аз тоҷику тоҷикистонӣ буданам фаро мегираду шукронаи обу хоки Ватани маҳбуб, фазои орому осудаи кишвар ва фахр бо роҳбарияти олии Тоҷикистон мекунам.

Нафаре, ки худ заҳматпеша аст, нони ҳалолу пок пос медорад, ҳатман ба қадри заҳматкаши дигар мерасад. Сиёсати дурбину дурандешонаи масъулини Ватану ватандории кишварамон буд, ки аксарияти балою балвоҳоитаҳдидкунанда сари вақт пешгирӣ ва рафъ карда мешаванд. Амалҳои муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муборизаи беамон бар зидди коронавирус тамоми қишри солимақли ҷомеа мушоҳидаву баҳодиҳӣ кардааст ва танҳо нокасони ватанфурӯши наҳзатӣ онро нодида мегиранд. Шукронаи толеи баланд, иқболи пурбаракоти тоҷикистониён мебояд кард, ки Офаридгор бар замми замини зархезу оби пок табиати зебою нотакрор бар мо роҳбарони покдилу содиқ ба Ватанро додааст. Гарчанде, пандемияи коронавирус то ба охир маҳв нашудаву мубталогардӣ ба он дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон идома дорад, кашфи вояҳои зиддивирусӣ ва эмкунии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ боиси паст гардидани хавфу хатар ба саломатӣ шудааст.

Тоҷикистон бо табиати нотакрори биҳиштосояш ва заҳмату талошҳои муваффақонаи роҳбарони ғамхору раиятпарвараш аз вабои аср хеле дар амн асту шаҳодати онро дар фаъолияти мӯътадилу мунтазами бемористонҳо мувофиқи таъиноти мақсаднокашон мебинем. Танҳо, баъзе норасоиҳо ба чашм мерасанд, ки нишонаи фориғбол гаштани қисми аз аҳолӣ шудааст. Қатъ гардидани корҳои безараргардонӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, дохили муассисаҳову ташкилотҳои давлатию хусусиро агар бо хароҷоти молиявӣ марбут донем, ҳамватанон бо кадом сабаб аз пӯшидани ниқоби тиббӣ даст кашидаанд, номаълум боқӣ мемонад. Мушоҳида гардида истодааст, ки имрӯз аксарияти мардум аз истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ дар нақлияти ҷамъиятӣ, марказҳои савдо, нуқтаҳои хӯроки умум ва ғайра худдорӣ ва беэътиноӣ зоҳир карда истодаанд, ки боиси нигаронист.

Аз ҳамватанони азизу гиромиқадр бо исрор хоҳиш менамоям, ки нисбати риояи тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ беъэтибор набошанд, зеро “эҳтиёт - ними ҳаёт” аст

Собиров М.С – дотсенти кафедраи экология ва
ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ 
“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Читать далее