27 May 2016
Нерӯи зеҳниву ҷисмонии ҷавононро ба рушди устувори ҷомеа сафарбар намоем!
- Подробности статьи
Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавзӯҳи терроризм гуфтаанд: «Гузашта аз ин, имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб садо аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадаст, ки торафт азиму хатарнок мегардад, Мутаассифона, дар тафаккурӣ доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гўё ифратгароӣ хоси табиати дини Ислом - яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рўӣ инсофу адолат нест.
Дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифратгароиро бо Ислом пайванд додан хатоӣ маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини Ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва бо ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифратгароӣ боқӣ мемонад».
Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дин одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад.
Баръакс, динҳо одамонро ба рафтори парҳезкорона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зўроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонӣ даъват менамояд.
Дар ҷаҳонӣ муосир рў овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.
Воқеан, имрўз ҷавонони мо ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рў, дар давлати мо ҳалли масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон шудааст.
Зеро имрўз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисфи зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Баъди мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23-уми майи соли 1997 худи ҳамон сол мақоми ваколатдори соҳа – Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саӣёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар марҳалаҳои минбаъдаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани онҳо то имрўз, дар маҷмуъ 840 миллион сомонӣ равона карда шуд.
Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзўъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷўҳи доимӣ зоҳир мегардад.
Барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тӯли солҳои Истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои Президентӣ ва номӣ, квотаи Президентӣ, Стипендияи баӣналмилалии президентӣ -“Дурахшандагон”, грантҳои ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилоти ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти ғамхории доимии ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад.
Ҳукумати мамлакат саҳм ва нақши ҷавононро дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар ҳамеша қадрдонӣ менамояд. ҳамин аст, ки дар давоми солҳои 1993 – 2012 қариб 1000 нафар ҷавон барои фаъолияти самаранок ва меҳнати софдилонаашон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд ва ба сафи зиёиён қабул шуданд.
Зиёиён равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши арзанда мебозанд.
Ин қишри бонуфузи ҷомеа бояд минбаъд низ дар тавсеаи худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва пойдории забони давлатӣ ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро намояд ва ҳомии воқеии арзишҳои неки ин марзу бум бошад.
Зиёиён дар иҷрои ин рисолати таърихӣ ба хотири татбиқи сиёсати давлату ҳукумат корҳои назаррасро дар соҳаҳои мухталиф иҷро карда истодаанд.
Дар чунин ҳолат вазифаи зиёиён аз он иборат мегардад, ки ҳангоми манзур кардани пешниҳодҳои худ ба ин барнома принсипи дунявиятро афзал дониста, барои рушди тафаккури милливу дунявӣ ҷаҳду талош намоянд, эҳтироми забони давлатӣ ва таъриху фарҳанги пешқадами миллиро таъмин карда, барои густариши тафаккур ва ҷаҳонбинии наву созанда ташаббусҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.
Вобаста ба ин ҳадафҳои созанда шарикии зиёиёни мамлакатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин муайян менамояд: «Якум, ислоҳоти бомароми маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти устод-муаллим-омӯзгор.
Дуюм, ба рушди бонизом ва воқеии илм таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, илмҳои бунёдиро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат ва халқ равона намоянд.
Сеюм, ҳадафҳои Консепсияи миллии тарбияро дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамаҷониба тарғиб намуда, тавассути се ниҳоди асосӣ - ҷомеа, мактаб ва оила ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро таъмин гардонанд.
Зиёиён вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.
Тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди илму маориф ва санъату фарҳанг дар байни ҷавонон бояд вазифаи аввалиндараҷаи зиёиён қарор гирад. Онҳо бояд ба сифати беҳтарин таблиғгарони ҷомеаи пешқадам дар маҳалҳо садди роҳи ҳар гуна ақидаҳои тундравона гардида, зиракӣ ва боҷуръатиро аз даст надиҳанд. Дар баробари ин, ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд.
Равшан УСАНОВ,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент
Сиёсати таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
Зери мафҳуми таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақсадноки ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин шаҳрвандон дар муайян ва пешбинӣ намудани таҳдид ба амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ва муқобилият ба онҳо ҳамчун шарти зарурӣ ва қатъии ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмида мешавад.
Таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти на танҳо давлат, балки кулли ҷомеа ва ҳатто, ҳар як фарди ҷомеа дар алоҳидагӣ мебошад, ки ба таъмини манфиатҳои миллӣ, ба амалисозии воқеии онҳо равона карда мешавад.
Сиёсати амнияти миллӣ дар заминаи принсипҳои қонуннигории ҷиддӣ, риояи мизони манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат, масъулияти мутақобилаи шахс, ҷомеа ва давлат барои амнияти миллӣ, инчунин бо назардошти системаҳои байналхалқии амнияти дастаҷамъӣ пеш бурда мешавад.
Самтҳои асосии сиёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат, бо назардошти зарурияти коркард ва истифодаи пурмаҳсули воситаҳо алайҳи таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба ин манфиатҳо муайян карда мешавад. Мақсадҳои дарозмўҳлати сиёсати амнияти миллӣ тавассути ҳалли маҷмўи вазифаҳое, ки тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётро фаро мегиранд, амалӣ карда мешаванд. Барои таъмини бомувафақияти сиёсати амнияти миллӣ аз ҷониби давлат барномаҳои мақсадноки мувофиқ коркард мешаванд, ки дар доираи онҳо вазифаҳои асосии сиёсати таъмини амнияти миллӣ муайян ва ҳал карда мешаванд.
Мақсади асосии таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкил ва таъмини дараҷаи зарурии ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими тамоми объектҳои бехатарӣ маҳсуб меёбад, ки барои равнақи шахс, ҷомеа ва давлат шароити мусоид фароҳам оварад, пеши роҳи таҳдиди паст шудани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ гирад ва имкониятҳои давлатро дар таъмини манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзун намояд.
Мақсади мазкур ба василаи ҳаллӣ як идда вазифаҳо амалӣ хоҳад шуд. Таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои асосии зерин иборат аст:
- пешгўии саривақтӣ ва муайян намудани таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалисозии чораҳои фаврӣ ва дарозмуддат барои пешгўӣ ва рафъсозии таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ;
- таъмини суверенитет ва якпорчагии ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти фазои сарҳадии он;
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти шахсии одамон ва шаҳрвандон, ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии онҳо;
- мустаҳкам намудани тартибот ва ҳифзи суботи иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеа;
-таъмини риояи ҳатмии қонунҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон, шахсони мансабдор, мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва динӣ;
баланд бардоштан ва таъмини имкониятҳои ҳарбии давлат дар сатҳи зарурӣ;
- андешидани чораҳои самарабахш дар муайян намудан, пешгўӣ ва пешгирии фаъолияти ҷосусӣ ва таҳрибкории кишварҳои хориҷӣ алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муайян, пешгирӣ ва пешгўии сабабҳо ва шароите, ки ҷинояткориро афзун месозад;
- баланд бардоштани нақши давлат ҳамчун кафили амнияти шахс ва ҷомеа, ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои ин ва дастгоҳи истифодаи он;
- мустаҳкам намудани системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама, сохторҳои марбута, ки алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва терроризм мубориза мебаранд, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти пурмаҳсули онҳо;
- ҷалби мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияташон ба фаъолият баҳри ошкор кардани амалҳои зиддиҳуқуқӣ;
- васеъ намудани ҳамкории судманди байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама, бо давлатҳои ИДМ;
- мусоидат ба танзими низоъҳо, инчунин фаъолияти сулҳпарварона зери сарпарстии СММ ва ташкилоти байналхалқии дигар;
- рушд додани ҳамкории байналхалқӣ дар самти мубориза бо ҷинояткории абармиллӣ ва терроризм;
- аксуламал алайҳи тасарруфи иқтисодӣ, демографӣ ва фарҳангию динӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои дигар;
- рафъи фаъолияти ҷинояткории муташаккилонаи абармиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
- амалисозии чораҳои дастаҷамъӣ дар таъмини амнияти фазои сарҳадии кишварҳои ИДМ;
-рафъи ифлосшавии муҳити табиӣ аз ҳисоби баланд бардоштани дараҷаи бехатарии технологияҳои ҳифз ва безараргардонии партовҳои саноатӣ ва маданӣ;
ташкил ва ба амал татбиқ намудани истехсолоти безарар, ҷустани усулҳои истифодаи амалии сарчашмаҳои энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза;
- рушд ва ҳифзи инфрастуктураи иттилоотии ватанӣ, ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фазои иттилоотии ҷаҳон;
- муқобилият ба таҳдиди оғози муборизаҳои иттилоотӣ.
Барои таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи пурмаҳсул ва ҳаматарафаи рушди имкониятҳои кашф ва аксулкашф (разведка ва контрразведка) дар саривақт ошкор намудани хатар ва муайян намудани сарчашмаҳои он хеле муҳим мебошад.
Принсипҳои асосии таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:
- қонуннокӣ;
- риояи мизони манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат;
- масъулияти мутақобилан судманди шахс, ҷомеа ва давлат дар таъмини амният;
- ҳамгироӣ бо системаҳои бехатарии байналхалқӣ;
-риояи Конститутсия ва санадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти таъмини амнияти миллӣ;
- муҳимияти чораҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ дар таъмини амнияти миллӣ;
Асосҳои қонунии таъмини амниятро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳоро дар соҳаи амният ба танзим медарорад, инчунин шартномаҳои байналхалқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ё тарафдорӣ намудааст, ташкил медиҳад.
Дар таъмини амният маҳдуднамоии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон қобили қабул нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ менамояд.
Амнияти миллӣ ҷиҳати пеш бурдани сиёсати ягонаи давлатӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти ҳаёт, бо системаҳои чорабиниҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ташкилӣ, ки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат хатар эҷод мекунад, таъмин карда мешавад.
Субъекти асосии таъмини амнияти миллӣ давлат маҳсуб ёфта, вазифаҳои мазкурро дар ин соҳа тавассути ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардонад. Давлат мувофиқи қонуннигории ҷорӣ амнияти ҳар як шахрвандро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он кафолат медиҳад. Барои ташкил ва таъмини дараҷаи зарурии муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи меъёрҳои ҳуқуқӣ коркард мешаванд, ки муносибатҳоро дар соҳаи амнияти миллӣ ба танзим медарорад, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораро дар ин соҳа муайян месозад, мақомоти таъмини амнияти миллӣ ва дастгоҳи назоратӣ аз болои он ташаккул меёбад.
Барои иҷрои бевоситаи вазифаҳо дар таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат мутобиқи Конун Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» стемаи давлатии таъмини амнияти миллӣ ташкил карда мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» (моддаи 7) муайян менамояд, ки системаи мазкурро «мақомоти қонунбарор, иҷроия ва ҳокимияти судӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин қонунҳое, ки муносибатҳоро дар соҳаи амният ба танзим медарорад, ташкил медиҳад»
Шаҳрвандон, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ инчунин субъекти амният мебошанд, ки ҳуқуқ ва вазифадоранд, ки амниятро тибқи қонуннигории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд. Давлат ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро, ки ба амалишавии амният мусоидат менамоянд ва системаи ғайидавлатии таъмини амнияти миллиро ташкил медиҳанд, кафолат медиҳад.
ҳамин тариқ, дар системаи таъмини амнияти миллӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандоне, ки тибқи қонун дар таъмини амният ширкат меварзанд, инчунин, қонунҳое, ки муносибатҳоро дар саҳаи амният ба низом медароранд, шомил мебошанд.
Доираи вазифаҳои системаи таъмини амнияти миллӣ хеле васеъ мебошад. Вай ғайр аз вазифаҳое, ки Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» муайян намудааст, инчунин вазифаҳои банақшагирии фаъолияти мақомот ва нерӯҳои амниятӣ дар реҷимҳои мухталифи фаъолияти системаҳо, дар ташкили муносибат миёни ташкилоти гуногуни давлатӣ, савдо ва ҷамъиятӣ, дар муайян намудани ҷойгузини мақомот ва нерӯҳо дар ташкили чорабиниҳои таъмини амнияти миллӣ, дар таъмини фаъолияти муттаҳида дар мустаҳкам кардани амнияти тамоми ҷумҳуриро шомил месозад.
Нерӯҳои таъмини амнияти миллӣ мутобиқи қарори Президенти мамлакат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои барномаҳои кутоҳмўҳлат ва дарозмўҳлати таъмини амнияти миллӣ ташкил ва рушд дода мешавад. Ба нерӯҳои таъмини амнияти миллӣ Артиши миллӣ, дигар ташкилотҳо ва муссисаҳои низомӣ, ки дар онҳо конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон химати ҳарбиро муайян намудааст, инчунин ҷузъу томҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки вазифаи таъмини амнияти миллиро адо менамоянд, шомил мебошанд.
Салоҳияти нерӯҳои таъмини амнияти миллиро қонун ва санадҳои қабулгардида муайян месозад. Ташкили нерӯҳои таъмини амнияти миллиро, ки қонун муайян накардааст, манъ аст.
Дар ташаккул ва амалисозии сиёсати таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳуқуқҳои конститутсионии худ иштирок менамояд, аз ҷумла, мақомот ва нерӯҳои таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро идора ва вазифадор менамояд, мутобиқи қонуннигории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомот ва неруҳои таъмини амнияти миллиро ташкил, пароканда ва ихтисор карда метавонад, оид ба проблемаҳои амнияти миллӣ бо Паём муроҷиат менамояд. Дар Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат ҷиҳатҳои Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дақиқ, самтҳои муосири сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян менамояд.
Fайр аз вазифаҳои номбаршуда, ки бевосита системаи таъмини амнияти миллӣ иҷро менамояд, инчунин, давлат вазифаҳои дигари мухталифро адо менамояд, ки он ба таъмини амнияти миллӣ мусоидат мекунад.
Дар ин ҷода самти мухими сиёсати давлат, яъне ҳалли вазифаҳои соҳаи иқтисодӣ мебошад. Пеш аз ҳама ин:
- рушди иқтисоди кишвар, пеш бурдани иқтисоди мустақил ва моҳиятан мазмуни иҷтимоӣ дошта;
- рафъи вобастагии илмӣ-техникӣ ва технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарчашмаҳои хориҷӣ;
Вазифаҳои муҳими фаъолияти иқтисоди хориҷӣ иборат аст аз:
- ташкили шароити хуб барои ҳамгироии байналхалқии иқтисоди кишвар;
- афзун намудани бозори истеҳсоли ватанӣ;
- ташаккули фазои ягонаи иқтисодии ИДМ;
Пеш бурдани сиёсати бамизони қарзию молӣ моҳиятан муҳим мегардад, ки он вобастагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз қарзҳои беруна зина ба зина кам менамояд ва мавқеи онро дар муассисаҳои молию иқтисодии байналхақӣ устувор месозад.
Афзун намудани нақши давлат дар танзими фаъолияти муассисаҳои бонкӣ, суғуртавӣ ва маблағгузор, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои муайяну асоснок доир ба истифода додани захираҳои табии стратегӣ, телекоммуникатсияҳо, шабакаҳои нақлиётӣ ва маҳсулоткашонӣ ба компанияҳои хориҷӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Андешидани чораҳои натиҷабахш дар соҳаи танзим ва назорати асъор бо мақсади пешгирии истифодаи асъор дар бозори дохилӣ ва пешгирии беназорати интиқоли маблағ таъмини амнияти миллиро вусъат мебахшад.
Самтҳои асосии фаъолияти иқтисоди дохилии давлат, ки ба таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд, иборат аст аз:
- таъмини ҳуқуқии ислоҳот ва ташкили дастгоҳи пурмаҳсули назорат аз болои қонуннигории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- афзун намудани танзими давлатии иқтисод;
- андешидани чораҳо доир ба рафъи оқибатҳои хисороти иқтисодӣ, ҳифз ва рушди захираҳои илмӣ-техникӣ, технологӣ ва истеҳсолӣ, баланд бардоштани маҳсулоти саноатии ватании рақобатпазир ва некўаҳволии халқ;
ҳалли вазифаҳои зикр гардида талаб менамояд, ки захираҳои пулию молӣ ба самтҳои муҳими рушди илму техника, дастгирии мактабҳои пешқадами илмӣ, тезонидани ташаккули имкониятҳои илмӣ-техникӣ ва заминаҳои технологияи миллӣ, ҷалби маблағҳои хусусӣ, аз ҷумла, тавассути ташкили фондҳо ва истифодаи грантҳо, амалисозии барномаҳои рушди ҳудудҳое, ки дорои имконияти баланди илмӣ-техникӣ мебошанд, бо дастгирии давлат ташкили инфрасохторҳое, ки натоиҷи коркардҳои илмӣ-техникиро бо назардошти ҳифзи моликияти ақлонӣ ба бозор мебароранд, рушди шабакаи иттилооти илмӣ-техникӣ ва бозориро талаб менамояд.
Ба вуҷуд овардани шароити зарурӣ барои ташкили тадқиқоти илмии фундаменталӣ, пешгўикунанда ва ҷустуҷўӣ, ки ба ҳифзи мафиатҳои мудофиа ва амнияти давлатӣ мусоидат мекунад, ба мақсад мувофиқ аст.
Дар таъмини амнияти миллӣ иродаи сиёсии давлат, ҷобаҷогузории фаъолият ва муттаҳид намудани тамоми мақомот, неруҳо ва воситаҳое, ки ба таъмини амнияти миллӣ шомил мебошанд, беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва шароити иҷтимоӣ муҳим мебошад. Проблемаи таъмини амнияти миллӣ ҳар як аъзои ҷомеаро тақозо менамояд, ки онҳо дар дарки ин соҳа дониши казоӣ дошта бошанд.
Ҷ.Яқубов,
сармуаллими кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ
Татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон
- Подробности статьи
Дар ҷаҳони муосир рў овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрўз ҷавонони мо ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рў, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем. Зеро имрўз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерўи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Тавре ки огоҳӣ дорем, Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ ба бисёр мушкилиҳои сахту сангин рў ба рў гардид. Зеро ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, яъне замоне, ки аксари мо ҳанўз хурдсол будед, ҷомеаи моро ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан, бўҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, дар баробари талафоти гарони ҷонӣ, ки мутаассифона, қисми зиёдтарини онҳо ҷавонон буданд, иктисоди кишварамон ба ҳисороти вазнини моддӣ дучор омад. Бо вуҷуди ин, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба ҳол давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷои кор гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем.
Барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тўли солҳои Истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, Стипендияи баӣналмилалии президентӣ -“Дурахшандагон”, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилоти ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад.
Дар давраи соҳибистиклолии кишвар танҳо бо роҳхати давлатӣ зиёда аз 7000 нафар ҷавон ба муассисахои таҳсилоти олии хориҷи кишвар фиристода шудаанд, ки кариб 2800 нафари онҳо мактаби олиро хатм намуда, беш аз 3900 нафарашон тахсилро идома дода истодаанд.
Илова бар ин, тибқи роххати вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои мамлакат дар зарфи 5 соли охир 4000 нафар ҷавон барои тахсил ва азнавтаӣёркунӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристода шудаанд. Хамчунин зиёда аз 300 нафар ҷавони кишвар тибқи Стипендияи баӣналмилалии Президенти Тоҷикистон – «Дурахшандагон» барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Холо 86 нафари онҳо баъди анҷоми таҳсил дар соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолият доранд.
Истиқлолияти давлатӣ хамон вақт устувору пойдор мегардад, ки ҳар як фарди ҷомеа ба қадри он расад ва хамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, озодиву сохибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморад.
Президенти кишвар дар ҳар як баромадҳои худ оид ба тарбияи дурусти ҷавонон ва ба корҳои ободониву созандагӣ ҷалб намудани онҳо диққати махсус зоҳир менамоянд. Мо ҷавононро бояд дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва доштани ҳуввияти миллӣ тарбия намоем. Зеро тарбияи дурусти ҷавонон аз ояндаи дурахшони онҳо дарак медиҳад
З.Юсуфова,
сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм вазифаи ҳар яки мост!
- Подробности статьи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомали Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари терроризм ва экстремизмро аз хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир номида, гуфтанд, ки он ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатаре на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Гузашта аз ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксааран таҳти шоирҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надоранд, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асри миёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Ин гуфтаҳо моро водор месозанд, ки барои пешгирии ин вабои аср тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоем, ҷаҳду талоши худро барои сари вақт ошкор намудани аъзо, нақшаву мақсадҳои гурўҳҳои ифродгароӣ, диниву мазҳабӣ бо камоли масъулият равона намоем. Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки таи солҳои охир дар қисме аз давлатҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҷараёну гуруҳҳои нави динӣ-ифродгароӣ пайдо шуда, дар зери ниқоби дини Ислом фаъолият мекунанд. Мақсади асосии ин ҳаракату ҷараёнҳо ҷудоиандозӣ дар байни ҷомеа, махсусан ҷавонон мебошад. Ҳизбҳо ва ҷараёнҳои динии ифродгаро, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пинҳонӣ фаъолият мекунанд, «Ҳизб-ул-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамъияти Таблиғ», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон» мебошанд.
Ҳизбу ҳаракатҳо ва гурўҳҳои ифротгаро бо истифода аз табақаҳои мухталифи ҷомеа, бахусус муллоён, ашхоси ҳурофатгаро, арзишҳои миллӣ ва дунявиро паст зада, бо усулҳои ба худ хос ҳурофоти диниро дар байни аҳолӣ паҳн мекунанд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, ба тарбияи дурусти кўдакон ва наврасон эътибор додан, оид ба расму оини пешқадами ниёгон, мероси ахлоқи гузаштагон вусъат бахшидан ва баргузории маҷлисҳои падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зери назорати ҳамешагии шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент мебошад.
Ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2010 таҳти №278 «Дар бораи барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», дар фурсати татбиқсозии барнома дар шӯъбаи маорифи шаҳр дар таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо чораҳои дахлдор андешиданд. Ҳамзамон дар ин радиф Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012 таҳти №382 «Дар бораи барномаи давлатии тарбияи насли наврас да Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» дар таълимгоҳҳои шаҳру деҳот мавриди иҷро қарор дорад.
Аз мўҳтавои барномаҳои зикршуда, бармеояд, ки мақсади ниҳоӣ ҷалби кўдакони синну соли мактабӣ ба таҳсил, пешгирии ҳолатҳои даст ба ҷиноят ва худкушӣ задан ва гирифтани пеши рохи шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, дигар амалҳои номатлуб байни ноболиғон аст.
Замони мо пур аз тазоду мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост. Доир ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Экстремизм чист ва он чи гунна падида аст? Экстремизм аз калимаи франсавӣ «экстремус» гирифта шуда, маънои аслиаш ифродгароӣ, тундравӣ, фикру амалҳои тундравона ва аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, дар дин, сиёсат, идеалогия, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.04.2013 чунин таъкид шудааст: «Муттаассифона дар олами ислом равияҳое арзи вучуд карданд, ки баъзе амалхояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардиданд. Ин ба моҳияти дини мубини Ислом мухталиф аст ва ба он иснод меорад». Дар замони мо ҳизбу ҳарактҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду мааром ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар дар соҳаи дин ба амал меояд. Сабабу омилхои он кадомхоянд ба ин чавоб гуфтан душвор аст. Лекин ба баъзе аз он ҷавоб гуфтан мумкин аст. Бо мақсади тадбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву иштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо менамояд. Ҷиҳати аз байн бурдан ба истилоҳ бокимондахои динӣ, кўҳнапарастӣ, ҳурофот, аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҳам решакан кардани падидахои номатлуб тадбирҳо андешида амали кардан лозим аст. Таърихи афкору андешаи инсон исбот мекунад, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди ҳурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони чаласавод буд. Ягон муттафаккир ва донишманди асили замони гузашта, бар зидди дин набаромадааст, балки ҳурофот, нодонӣ ва ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.
Хушбахтона мо дар давлати соҳибихтиёр, ки номаш Тоҷикистон аст, зиндагӣ ба сар мебарем. Бахусус, Панҷакенти мо таърихи беш аз 6000 сола дорад, ки онро зиёда аз 153 давлат эътироф менамоянд. Бояд шукри истиқлолияти бадастовардаи Тоҷикистони азиз кунем ва хоку обашро азиз шуморида, роҳ надиҳем, ки нохалафе фикру ақидаи бадхоҳонаю ифродгарои худро рўи кор орад.
Муродҷон Ҷумаев,
устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон
дар шаҳри Паҷакент
«Гусфандгардонии «Озодагон» бебунёд аст!» ё “Саг аккос мезанад, корвон меравад”
- Подробности статьи
Санаи 13-уми майи соли 2016 бо ташаббуси донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилояти Суғд таҳти шиори “Райпурсӣ ва ҷавонон” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Райпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор гардида аз се самт ба назди хиёбони Раҳмон Набиев ҷамъ омаданд, ки қобили дастгирӣ аст. Ин чорабинӣ бо табъи болида ва идонаи тамоми иштироккунандагон ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ ба анҷом расид.
Ҷавонони фаъол иқдоми нек нишон дода, тавассути воситаҳои ахбори омма фикру андешаҳои худро баён намуданд. Онҳо доир ба ғамхории ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати баҷавонон арзи сипос намуда, аз ҷумла лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, ки бештар ба манфиати ҷавонон, таъмини оромию суботи ҷомеа ва давлат, такмили сохтори давлатӣ ва демократикунонии ҳаёти ҷомеа заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ мегузорад,ҷонибдорӣ намуданд.
Вале боиси таассуф аст, ки худи ҳамон рӯз тахминан соатҳои 14-00 дар сомонаи “Озодагон” хабаре бо номи “Ҷавононро ба монанди рамаи гӯсфанд истифода мебаранд” аз номи “донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров” пайдо гардид. Тибқи ҳарзагӯии сомонаи “Озодагон” гӯё раҳпаймоии ҷавонон “маҷбурӣ” бошад ва дар ҳолати ба ин чорабинӣ ширкат наварзидани донишҷӯён аз онҳо “пул меситонидаанд” ё омӯзгорон донишҷӯёнро ба “бою камбағал” ҷудо мекарда бошанд. Мо, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров изҳор менамоем, ки сараввал ин номаро на донишҷӯ, балки каси дигар тариқи “мустаор” аз номи донишҷӯи ин донишгоҳ навиштааст ва он ягон асоси ҳуқуқӣ надорад.
Бо масъулияти том қайд менамоем, ки роҳбарияти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров имрӯз сиёсати созандаи зиддикоррупсиониро пеш гирифтааст. Натиҷаи дониши донишҷӯён тариқи тестӣ дар Маркази тестии донишгоҳ санҷида мешавад, аз ин лиҳоз нуқтае, ки гӯё аз донишҷӯёни ба чорабинӣ иштирок накарда “маблағ ситонида мешавад” низ ба ҳақиқат рост намеояд.
Имрӯз ҷавонон, ки аксарият самараи даврони истиқлолият ҳастанд ва дар давлати демократию ҳуқуқбунёд арзи ҳастӣ менамоянд, ҳуқуқ ва масъулиятҳои худро дар назди ҷомеа ва давлат хуб дарк мекунанд. “Рамаи гӯсфанд” ном бурдани онҳо ин таҳқири рӯирост нисбат ба ҷавонони мо аст, ки ояндаи ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Боиси зикр аст, ки дар ҳар давру замон дар ҷомеа шахсони ақидаи ғаразноку ҳасудхурона дошта вуҷуд доранд ва мутаассифона имрӯз низ ба бо зоҳиру ботини бадкинаашон дар ҷомеа пайдо шудаанд. Онҳо набояд фаромӯш кунанд, ки тағйироту иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои пешрафту суботи ҷомеа ва давлат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ворид карда мешаванд ва нисбат ба амали ҷудоиандозон ва хоинони миллатбаъзе маҳдудиятҳоро муқаррар менамояд, на ба ҳамаи онҳо маъқул аст.
Ин андешаҳо моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои таълиму тарбияи насли солиму беғараз, ки ояндаи дурахшони ин сарзаминро муайян мекунанд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем.
Лекин афсӯс, ки то ҳол дар байни ҷомеа афроди ҳангоматалаб, фитнаву ҷудоиандоз, хоину нодидагирандаи ташаббусҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд доранд, ки бӯҳтонҳои ба ҳақиқат рост намеомадаро мебофанд ва тавассути шабакаи интернетӣ паҳн мекунанд.
Ҳамин тариқ, мехостем фикри худро бо ибораи халқии “Саг аккос мезанад, корвон меравад” ҷамъбаст намоем. Ба ҷавонон таманно менамоем, ки дар ин замони зудтағйирёбанда, ба дасисабозӣ ва бӯҳтонҳои ноҷавонмардонаи баъзе аз чунин афроди нокас дода нашуда, бо иқдомҳои созандабарои рушуду суботи давлати Тоҷикистон софдилона хизмат намуда, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат бубанданд.
Ҳайъати профессорони факултети
таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров