26 May 2016

«Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» - мизи мудаввар

Имрӯз, 26 май дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ҳузури имомхатибони масоҷиди ҳудуди вилоят таҳти унвони «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини раиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ, муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мизи мудаввар таъкид шуд, ки масъалаи асосие, ки ҳамкории дастҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд, ин тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ, расидан ба қадри истиқлолу озодӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Суғд: Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дастоварди муҳим

28 майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб» семинари ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба семинари ҷумҳуриявӣ ки онро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ тасдиқ намудааст, омодагӣ ба ин чорабинии бошукӯҳ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки семинари ҷумҳуриявӣ дар толори таърихии Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб» бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, намояндагони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии вилояти Суғд баргузор гардида, ҳамзамон худи ҳамин рӯз дар чойхонаи миллии Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб» хатнасури 40 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои масъулин иштирокчиёни семинар аз иншоотҳои фарҳангӣ ва саноатии қаламрави вилоят, аз ҷумла боғи фарҳангӣ – фароғатии Камоли Хуҷандии маркази вилоят боздид намуда, дар баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок хоҳанд намуд.

Ҳамзамон, иштирокчиёни семинарии ҷумҳуриявӣ аз намоишгоҳ оид ба рушди ҳунарҳои миллӣ ва гӯшаҳо бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан менамоянд.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳар сол, якшанбеи охири моҳи май кормандони соҳаи кимиё иди касбии худро таҷлил намуда, ин санаро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Имсол иди касбии кормандони меҳнатдӯсту мушкилнописанди соҳа дар партави омодагиҳо ба ҷашни фархундаи миллиамон 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати нав пайдо мекунад.

Читать далее

Мутахассисони сазоворро тарбия намоем!

Аз он давре, ки инсоният худро шинохт, то ба имрўз дар саҳфаҳои таъриху лавҳи қалбҳо танҳо номи бархе шахсиятҳо бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, ки баҳри халқу меҳани худ ва башарият аз таҳти дил содиқона хизмат кардаанд. Аз ҷумла, номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар радифи бузургтарин инсонҳои дунё қарор дорад. Ин ҳақиқати таърихиро тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф мекунанд ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи- кистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» эътирофи комил ва асоси ҳуқуқии ҳамин масъала маҳсуб меёбад.

Таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ тағйироти азим ва пешравиҳои комил ба амал омада, бунёдкорию созандагӣ ва асоси иқтисодиёти миллӣ рушду нумўъ ёфта истодааст.

Ҷомеаи меҳнатӣ, устодону омўзгорони Коллеҷи омўзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ҷиҳати амалӣ намудани ҳидоятҳои дар Паёми Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилоёфта баҳри таъмини рушди таълим, тарбия ва илм тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд. Дар Паёми имсолаи хеш Сарвари кишвар таъкид намуданд, ки «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омўзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».

Пешвои миллат аз ҷумла гуфтанд: «Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд».

Ҷомеаи меҳнатии муассисаамон - кафедраҳои забон ва усули таълим, адабиёт ва усули таълим, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, педагогика ва психология, умумимаърифатӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ, математика ва технологияи муосир кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки Паёми Президенти кишварро дар ҷодаи таълим, тарбия ва илм дар рўҳияи созандагиву бунёдкорӣ таъмин карда, ба муваффақиятҳо ноил гарданд ва барои бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми муносиб гузоранд. Аз ҷумла, оид ба бахши таълим доир ба масоили зерин:

- дар ҷараёни таълим бо мақсади ноил гардидан доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати тадрис, ҷорӣ намудан ва васеъ корбаст намудани технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, шабакаи интернет дар низоми таҳсилот;

- ҷалби донишҷўён ба курсҳои кўтоҳмуддат аз фанҳои математика ва информатика бо нияти омўзонидани фанҳои дақиқ ва технологияи иттилоотии замони муосир;

- корбасти тадбирҳои амалӣ баҳри омўзиши забонҳои русиву англисӣ дар байни омўзгорону донишандўзон ва таъмини робитаи корӣ дар раванди машғулиятҳо.

Доир ба бахши тарбия таваҷҷўҳи ҷомеаи кафедра ба тарбияи ҷавонон аз рўйи талаботи Паёми Пешвои миллат:

- ташвиқи ҷавонон ва духтарони лаёқатманд ба донишандўзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ;

- баланд бардоштани мазмуну мўҳтавои дарсҳои тарбиявӣ ва ташкилу гузаронидани сўҳбатҳо дар мавзўъҳои ватандўстӣ, инсонпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ, меҳанпарастӣ бо номи «Ҷавонон-пешбарандаи фаъоли ҷомеа ва ахлоқи ҳамида», ҷалби толибилмон ба корҳои беруназсинфии таълиму тарбия ва илм, аз ҷумла мизи мудаввар, саволу ҷавоб, бозиҳои нақшавӣ, тренингҳо, мусоҳибаҳо дар мавзўъҳои гуногун, инчунин дар рўҳияи эҷодкорӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ тарбия кардани онҳо бо унвони «Ахлоқи ҳамида-рушди ҷомеа», вохўриҳо бо сиёсатшиносони варзида дар хусуси тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ва мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ бо унвони «Ифротгароӣ – мафкураи зиддибашарӣ» нигаронида хоҳад шуд.

Ҷомеаи меҳнатии Коллеҷи омўзгорӣ аз суханрониҳои пурмўҳтавову илҳомбахш ва таҳлили воқеии Сарвари кишвар рўҳу илҳоми тоза гирифта, Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки онро ҳамчун қутбнамо дар ҷодаи тадрис, тарбия ва илм, инчунин дар омода кардани мутахассисони варзидаи ҷавобгўйи замон аз тамоми имкониятҳои замони муосир истифода карда, дар рушду нумўи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.

М.НАБИҶОНОВА, М.КЕНҶАЕВА,
устодони Коллеҷи омўзгории
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Дар ҳошияи гули садбарги сафед

Субҳ медамад, субҳи умед. Дар фазои рўҳи Камоли бузург, соҳили Сир, ситорагон ноаён гардида, ягон-ягон ба назар мерасанд.

Ба дастаи гули садбарги сафед, ки барои табрики модарам омода кардаам, менигарам. Менигараму чеҳраи нуронии падарам пеши назарам намоён мегардад. Падарам ба ман табассуми ноаён мекунанд. Аз ин нигоҳ ман умеду боварии падарамро эҳсос кардам ва беихтиёр аз хотиротам заврақе сохта, ба гузаштаи на он қадар дур шино кардам. Гўё дирўзакак буд: бо хоҳиши падарам дастаи гули садбарги сафедро харида, шоду мамнун аз хиёбони Ситораҳои Хуҷанд гузашта, барои табрики модарам қадам мезадам. Он рўз ҷашни 70-солагии модарам буд. Шодравон падарам - Исроилҷон Исмоилов, ҷурналист, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интизори ман, модарам ҳанўз аз кор наомадаанд. Баробари маро дидан падари бузургворам ду дастро боло бардошта, дили пур аз меҳру муҳаббаташонро иброзкунон бо шавқ фарёд заданд:

- Олиҷаноб! Илоҳо ҳамеша пайроҳаи давраи пирии модарат монанди ҳамин гулҳо шукуфон ва ҳамвор бошад.

Ва он вақт падарам ба ҳошияи ин гули садбарги сафед табрикоташонро иншо намуда, онро ба модарам ҳадя карданд.

Ҳоло аз он рўз 5 сол сипарӣ гашт.

Боз хотираҳо. Ин корвони хотираҳо саҳифаи ҳаёти маро чор моҳ ба ақиб бурданд. 26-уми январи соли 2016:

- Духтарам, баъди чор моҳ модарат ҷашни 75-солагӣ дорад. Қудрати қалами ман барои изҳори меҳру муҳаббатам, ба тасвири дили бузург, саршори муҳаббат ва садоқати бепоёни модарат, ба иншои пайроҳаи тайкардаи модарат намерасидагӣ барин.

 - Падарҷон, Шумо бениҳоят хоксоред. Қудрати қалами Шумо беҳамтост.

- Оҳ… Ба тасвири симои модарат дар назди заҳматҳои ў қаламам оҷиз аст.

-Шумо…

-Бале, оҷиз аст. Вақте ки модарат донишҷўи соли дуюми шўъбаи таърих ва ҷамъиятшиносии Институти давлатии педагогии ба номи С. М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) буд, ўро ба Анҷумани V Умумииттифоқии иттифоқҳои касабаи коркунони маориф, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ вакил интихоб карданд. Ин соли 1965 буд. Анҷуман 18 ноябри соли 1965 дар Университети давлатии ба номи М.В. Ломоносови шаҳри Москав баргузор гардид.

Падарам сукут карданд. Шояд модарамро дар шаҳри Москва, дар Майдони Сурх ва ё дар осорхонаи давлатии Эрмитаҷи шаҳри афсонавии Санкт-Петербург эҳсос мекарданд.

Шояд! Намедонам. Ниҳоят табассуми ноаёне карданду бо оҳистагӣ аз ҷой бархестанд ва хазинаи модарамро оварданд. Модарамро боз дар сайри олам дидем. Суратҳо бо падарам гуфтугў менамуданд:

- Модарам ҳамроҳи донишҷўён дар киштии Аврора, дар сари заврақи В.И. Ленин дар халиҷи Фин, дар пояи ҳайкали В. Маяковский, А.С. Пушкин, Пётри I.

- Ин ҷо кўли Ладога, - ниҳоят сухан карданд падарам,-кўле, ки дар солҳои муҳосираи Ленинград онро «Роҳи ҳаёт» номида буданд.

Дар расм модарам дар болои харсанги дурушти соҳили ин кўл ҳамроҳи ду дугонааш нишастааст.

- 50 сол мешавад, ки модарат донишгоҳро бо дипломи сурх хатм карда, дар мактаби таҳсилоти умумии №18 ба кор шурўъ намуд. Қариб ним аср мешавад, ки модарат сорбони корвони илму дониш буда, ҳамеша ба набзи ҳаёти кишвар гўш меандозад, ба  ҷараёни он дида дўхта, шогирдонашро ба  дўстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнат-дўстиву ватандўстӣ ҳидоят менамояд,- падарам дипломи модарамро варақгардонкунон давом доданд. -Имрўзҳо садҳо нафар шогирдонаш дар гўшаву канори кишварамон ва берун аз он кор мекунанд. Ҳоло ҳам ново-баста ба синну сол дар таълиму тарбияи насли наврас ҳиссагузорӣ мекунад.

Боз ҳуҷҷатҳо. Онҳо далели заҳматҳои беинтиҳои модарам ҳастанд: соли 1985-Муаллими калон; соли 1990 - нишони фахрии «Аълочии маорифи халқ» ва баъди чанде номи «Муаллим-методист».

- Баромадҳои модарат,- бо фахр иброз карданд падарам, - дар хонишҳои педагогии на танҳо шаҳриву вилоятиву ҷумҳуривӣ, ҳатто ба хониши умумииттифоқии педагогӣ ба шаҳри Ленинград тавсия шудааст. То поси шаб модарат айёниятҳо омода менамуд, то ин ки ҳар дарсаш ба дараҷаи аъло гузарад. Барои ҳамин ҳам якчанд маротиба дар озмуни намоиши асбобҳои айёнии шаҳриву вилоятӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои якум гаштааст.

- Падарҷон, ёд доред, вақте ки модарам аз сафари хонаи Худо баргаштанду номи ҳоҷиояро соҳиб шуданд, Шумо чӣ хел хурсанд будед.

- Албатта, ёд дорам, духтарам!

Оҳ!-падарам ба фазо дида дўхта, муноҷот карданд,-илоҳо модарат пеш аз ҳама саломат бошанд, доимо ҳамчун чанори бузург соябон ва дуогўи аҳли оила бошанд. Замона тинҷӣ, фаровонӣ шавад…

Баъд аз чор рўзи ин сўҳбати нотакрору бебаҳо соат дигар барои падарам кор накард. Ва мо қиблагоҳамон, сутуни хона-амонро ба роҳи бебозгашт гусел намудем.

Ва ҳоло ман ба зангўлаи корвони хаёлотам, ки ба гузашта мекашад, гўш меандозаму садои дили падарамро мешунавам. Дар ин лаҳзаҳо масъулияти бузургеро ҳамчун фарзанд эҳсос мекунам. Имрўз модарҷонам-ҳам давлатам, ҳам қиблагоҳам, ҳам сутуни хонадону ҳам дуогўю роздонам - омўзгори фанни таърихи «Мактаби хусусии ба номи Аҳмади Дониш» Ҳикоятҷон Расулова ҷашни 75-солагӣ доранд.

Ман меболаму мефахрам, ки духтари чунин шахси хайрхоҳу дилогоҳ, покният, нек-парвару ҳақиқатҷў ҳастам. Ман қудрати дар ҳошияи гули садбарги сафед иншои муҳаббати диламро надорам, қудрати қаламам ҳам барои изҳори таманниётам оҷизӣ мекашад. Ва ҳоло ман ин дастаи гули садбарги сафедро гирифта, роҳи хонаамонро пеш мегирам ва аз Худои бузург тани бедарду қалби беғам, хотири ҷамъу давлати пирии модарамро илтиҷо намуда, зери лаб шеъри шоирро замзама мекунам:

Илоҳо хурраму фархунда бошед,

Чу гул хандон, чу моҳ тобанда бошед.

Мавзуна Исмоилова,
 Аълочии маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон, омўзгори МТҒ
 «Мактаби Рустамов Ю.Б.»

Читать далее

Аз шукри истиқлол дил чу гули саҳар шукуфтааст!

Имрўзҳо дар саросари кишвар омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бошукўҳи 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷўшу хурўш идома дорад. Мардуми сарбаланди вилояти Суғд низ тантанаи ин иди фархундаро бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифтанианд. Ин аст, ки хеле пештар баҳри сазовор пешвоз гирифтани 25-умин солгарди соҳибистиқлолӣ дар саросари вилоят “500 рўзи меҳнати зарбдор бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ” эълон шуда, мардуми шаҳру навоҳӣ бо ин шиор баҳри ободии сарзамини аҷдодӣ талоши беш аз пеш доранд.

Мардуми сарбаланди шаҳри Бўстон низ дар шумори сокинони кишвар баҳри истиқболи шоистаи ҷашни бузург талош меварзанд. Ҷиҳати ошно шудан бо рафти омодагиҳо ба таҷлили ин санаи мубораку фархунда дар шаҳри Бўстон мо сўҳбате доштем бо раиси шаҳр Рухсора Давлатзода, ки фишурдаи онро манзури хонандагони рўзнома мегардонем.

-Муаллимаи азиз, сараввал Шумо ва дар шахси Шумо тамоми сокинони шаҳри Бўстонро ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният менамоем. Аз рўҳияи сокинон ва оростагиву перостагии кўчаву хиёбонҳои шаҳр пайдост, ки мардум баҳри сазовор пешвоз гирифтани иди миллӣ азми ҷазми шоиста доранд.

-Сипос, барои Шумо низ ин ҷашни накў муборак бод. Воқеан, дуруст фармудед, имрўз, ки гузашти лаҳзаҳо фарорасии рўзи фархундаро наздик месозад, рўҳияи идонаи сокинон бештар ва масъулият дучанд шуда истодааст. Мо ният дорем, бо дастовардҳои арзанда 25-солагии Истиқлолияти кишварамонро истиқбол намоем. Дар ин самт аз оғози сол нақшаҳо тарҳрезӣ ва баҳри амалигардонии он талошҳои пайгирона сурат гирифта истодаанд.

-Воқеан, имсол аз ҷониби Раиси вилоят «Соли фарди солим» эълон гардид. Дар шаҳри Бўстон дар доираи ин сол чӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд. Дар ин робита мегуфтед, ки таъмини муассисаҳои тиббӣ бо техникаи муосир дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Соли 2016 барои кормандони соҳаи тандурустии шаҳр соли фаромўшнопазир ва хотирмон аст, зеро соли равон бо ибтикороти Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим “Соли фарди солим” эълон гардидаву дар ин сол дар шаҳру навоҳии вилоят бунёд, таъмиру тармими муассисаҳои тандурус-тӣ, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири тиббию мутахассисони варзида ва дигар омилҳо ба нақша гирифта шудааст. Бояд гўям, ки дар қаламрави шаҳр як Беморхонаи шаҳрӣ, як Муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр ва панҷ маркази ташхиси тиббии хусусӣ фаъолият менамоянд. Талош намуда истодаем, ки марҳала ба марҳала ба соҳаи тандурустии шаҳр, новобаста аз шакли моликият, таҷҳизоти муосир ворид карда шавад.

Соли сипаригашта аз рўи нақша 4 миллиону 125 ҳазору 386 сомонӣ ба Беморхонаи шаҳрӣ ҷудо гардид, ки ин нишондод нисбат ба соли 2015-ум 330 ҳазору 712 сомонӣ зиёд мебошад ва мутмаинам, ин маблағ ба беҳдошти вазъи беморхона мусоидат хоҳад кард.

Хизматрасонии тиббӣ ба модару кўдак дар Беморхонаи шаҳрӣ аз тарафи шўъбаи таваллуд, шўъбаи амрози занона ва шўъбаи бачагона дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хурсандиовар аст, ки шўъбаҳо бо мутахассисон пурра таъмин гардидаанд.

Шўъбаҳои ҷарроҳӣ, осебшиносӣ, амрози занона аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд ва айни ҳол тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд.

Муассисаи Кўмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр низ баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҷаҳду талош намуда, фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва барномаҳои милливу соҳавии қабулгардида равона намуда истодааст.

Тибқи оморе, ки аз ҷониби масъулини соҳа дастраси мо шудаанд, дар давоми семоҳаи аввали соли 2016 ба муассисаҳои зерсохтори Кўмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр 34930 нафар муроҷиат кардаанд.

-Лутфан мегуфтед, ки дар рўзи қабули шаҳрвандон мардум бештар бо кадом масъалаҳо ба Шумо муроҷиат мекунанд ва расидагӣ ба аризаи мардум чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

-Мо ҳар рўзи шанбеи ҳафта дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон шаҳрвандонро аз рўи принсипи «Равзанаи ягона» қабул мекунем. Бояд гўям, ки давоми 4 моҳи аввали соли 2016 – аз ҷониби мо 18 маротиба қабули шаҳрвандон баргузор карда шудааст. Дар ин давра муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон 99 дархостро дарбар гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 адад зиёд мебошад. Муроҷиатҳои шифоҳӣ аксаран масоили вобаста ба манзили истиқоматӣ, додани тасдиқномаҳо ва кушодани нуқтаҳои савдо, оид ба расонидани кўмакҳои моддӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандонро фаро гирифта, ҳам- замон, дархостҳои сокинон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин, сохтмони манзили истиқоматӣ, таъминот бо қувваи барқ, таъмини об ва рафъи партов мебошанд.

- Мехостем, дар мавриди таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соли 2015 ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон низ маълумот дошта бошем.

-Яке аз ҳадафҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва бо ин васила таъсиси ҷойҳои корӣ мебошад. Дар давоми соли 2015 дар қаламрави шаҳр барои 608 нафар ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст. Инчунин, 16 маротиба ташкили ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида, 176 нафар ба касбомўзӣ фиристода шудаанд.

-Яке аз муаммоҳои шаҳри Бўстон ин таъмини аҳолӣ бо оби нўшокӣ мебошад. Дар ин самт баҳри беҳдошти вазъият чӣ чораву тадбирҳо андешида шудаанд?

-Дар манотиқи шаҳр баҳри таъмини системаи обу канализатсия лоиҳаи инвеститсионии барқарорсозӣ идома дорад. Дар заминаи лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бўстон дар марҳалаи аввал иваз намудани қубурҳои обгузар ба масофаи 10800 метр (Д-315 ва 160) ба анҷом расида, аз моҳи январи соли 2015 пайвастшавӣ бо муштариён оғоз ёфта, 39 бинои бисёрошёна ва 32 ҳавлӣ бо шоҳқубурҳои амалкунандаи полиэтиленӣ пайваст гардиданд. Натиҷаи корҳои ба анҷом расида мусоидат намуд, ки давомнокии таъминоти оби нўшокӣ ва сифати он беҳтар гардад. Пас аз иваз намудани қубурҳои кўчаҳои шаҳр талафоти об кам ба назар мерасад, зеро 10800 метр қубурҳои полиэтилении нав пайваст гардида то 10 фоиз талафоти обро кам намуд.

Дар минтақаҳои нисбатан баланди шаҳр, аз ҷумла маҳаллаҳои Нав, Заозерний ва Ғалаба таъминоти оби нўшокӣ мувофиқи реҷаи тасдиқшуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон сокинон дар як шабонарўз 18-20 соат ва дар дигар минтақаҳои шаҳр 24 соат бо оби нўшокӣ таъмин шуда истодаанд.

Соли 2015 бо 12 адад обкаши зеризаминӣ ва 3 адад обкаши обрасонии кашиши дуюм, ҳамагӣ ба миқдори 1 млн. 700 ҳазор  муккаб-метр оби нўшокӣ истеҳсол ва ба истеъмолкунандагон интиқол дода шуд.

-Маориф пояи асосии устувории давлат аст. Дар мавриди дастовардҳои ин соҳа ва муаммоҳои мавҷуда чӣ гуфтаниед?

-Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мустаҳкамнамоии пояи моддию техникии муассисаҳои маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон силсилаи тадбирҳои мушаххасро ба нақша гирифтааст.

Муассисаҳои таълимии шаҳр дорои синфхонаҳои замонавӣ, кабинетҳои фаннӣ, лабораторияҳо, кабинетҳои компютерӣ, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ буда, бо маводи замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин, аз рўйи “Барномаи компютеркунонӣ” дар соҳаи маориф 241 адад компютери муосир харида шудааст.

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр баҳри беҳбудии шароити таҳсили хонандагони ятим шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Атфоли ятим аз ҳамаи маблағҳои муассисаҳои таълимӣ озод буда, маводи таълимӣ пурра ройгон дода мешаванд.

- Бахшида ба ҷашни миллии Истиқлолият дар саросари вилоят “500 рўзи меҳнати зарб-дор бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ” эълон шудааст. Сокинони шаҳр ба тантанаи ин ҷашни фархунда чӣ омодагиҳо доранд ва то имрўз чӣ корҳо ба сомон расонида шуд?

-Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар шаҳр силсилаи чорабиниҳо ба анҷом расида, ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ эътибори махсус дода мешавад. То имрўз аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷети маҳаллӣ тавассути “Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр баннерҳои рамзию ороишӣ бахшида ба ҷашн омода ва насб шудаанд. Корҳои ободонӣ, чароғонкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳои дохилишаҳрӣ аз омодагиҳои дигари мо ба омад-омади ин иди бошукўҳ аст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки то ин дам аз ҷониби муассисаи давлатии “Раёсати ҳоҷагии манзилию коммуналӣ” 2690 бех дарахти ҳамешасабз, 15463 дона гули ҳархелаи ороишӣ шинонида шудаанд. Инчунин, нўҳ бинои баландошёнаи кўчаи ба номи М.Турсунзода бомпўш карда шуданд. Тибқи Барномаи шаҳрии “Идомаи роҳҳои обод”, дар миқёси шаҳр 2 км корҳои таъмири роҳҳо гузаронида шуда, аз ҷумла бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ 1,2 км таъмири яклухт ва кўчаҳои ба номи К.Хуҷандӣ, Б.Ғафуров, Ленин, Гагарин ва М.Турсунзода корҳои таъмири ҷории роҳҳо ба маб-лағи 16452 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба иҷро расонида шудааст. Ҳамчунин, 205 метр бардюрҳои роҳҳои кўчаҳои зикргардида ба маблағи 4096 сомонӣ аз нав барқарор карда шуда, ба маблағи 33536 сомонӣ корҳои чароғонкунӣ гузаронида шудааст.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 11 млн. 650 ҳазору 200 сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро карда шудааст.

Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар самти таъсиси корхонаву коргоҳҳои ҷавобгў ба талаботи замон ва бо ин васила бо шуғл фарогирии шаҳрвандон дар шаҳри Бўстон тадбирҳо андешида ва бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ бунёди марказҳои хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ ба роҳ монда шуда истодааст.

 Ба наздикӣ иншооти сехи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ «Як лаҳза» воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров ба истифода дода шуд. Иқтидори сех дар давоми сол бо коркарди 25 тонна маҳсулоти қаннодӣ пешбинӣ шудааст. Дар навбати аввал дар расми ифтитоҳи сех 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин карда шуда, дар сурати пурра ба истифода додани марказ имкони боз ба кор қабул намудани 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ пайдо хоҳад гардид. Айни замон сехи мазкур 15 намуди маҳсулоти қаннодӣ ва самбўса истеҳсол намуда истодааст.

Бояд гўям, ки дар самти омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Бўстон корҳо бомаром идома доранд ва бовар дорам, ин рўзи саидро бо сари баланд ва дастовардҳои аз ин ҳам зиёдтар истиқбол хоҳем гирифт. Хурдсолону бузургсолони шаҳрамон ба пуррагӣ эҳсос мекунанд, ки шукронаи соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатӣ дар ҳар қадам ҳамчу гули саҳар шукуфтааст!

-Барои хонандагони рўзнома чӣ таманниёте доред?

- 85 сол аст, ки рўзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” ҳамдаму ҳамрози мардуми вилоят мебошад. Пайваста дар инъикоси вазъи ҷомеа ва тарғибу ташвиқи сулҳу ободӣ саҳм дорад ва аз ҳама муҳим, миёни хонандагон маҳбубияти хосаеро соҳиб аст. Мо низ аз оғоз муштариёни ҳамешагии ин рўзномаи бонуфузи вилоят ҳастем. Иштироки фаъолонаи сокинони шаҳри Бўстон дар марҳалаи обуна ба ин рўзнома далели бебаҳси ин гуфтаҳост. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми хонандагони азизи рўзномаи дўстдоштаамон “Ҳақиқати Суғд”-ро бо ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан шодбош гуфта, барояшон тани сиҳат, хотири ҷамъ, файзи кору пайкорашонро дар зиндагии осоишта таманно дорам. Бигзор, Тоҷикистони азиз поянда ва мардумонаш саодатманду сарбаланд бошанд.

-Барои сўҳбати самимӣ сипос.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

Читать далее

Хишти аввал чун ниҳад меъмор рост…

Пайдост, ки ҳар як кори нав, ҳар як тадбири ба тозагӣ андешидашуда бе нақшаи пешакӣ тарҳрезигашта оғоз намеёбад. Аввал оғозу анҷоми онро меандешанд, иҷрокунандагонашро муайян менамоянд, шароиту хароҷоти корро ба ҳисоб мегиранд, пешомадҳои тасодуфию ғайричашмдошт ва ғайраро дар назар медоранд.

Бахусус, агар сухан дар бораи бунёди шаҳри нав равад, масъулияти масъулон   ба маротиб меафзояд. Инак, мавзўи  маводи навбатии мо нақшаи кулли меъмории шаҳраки Сайҳун аст. Паҳлўҳои гуногуни нақшаро ба мо муаллифи асосии он, сардори шўъбаи меъмории Институти ҷустуҷўҳои илмию техникии “Суғд-Интиз” Солиҷон Муҳаммадов шарҳ медиҳад.

Читать далее

Машав наздик ба гулхани пурдуд…

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари терроризм ва экстремизмро аз хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир номида, гуфтанд, ки он ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатаре на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шоирҳои диниву маз-ҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надоранд, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Ин гуфтаҳо моро водор месозанд, ки барои пешгирии ин вабои аср тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоем, ҷаҳду талоши худро барои сари вақт ошкор намудани аъзо, нақшаву мақсадҳои гурўҳҳои ифротгаро, диниву мазҳабӣ бо камоли масъулият равона намоем. Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки таи солҳои охир дар қисме аз давлатҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҷараёну гурўҳҳои нави динӣ-ифротгароӣ пайдо шуда, дар зери ниқоби дини Ислом фаъолият мекунанд. Мақсади асосии ин ҳаракату ҷараёнҳо ҷудоиандозӣ дар байни ҷомеа, махсусан ҷавонон мебошад. ҳизбҳо ва ҷараёнҳои динии ифротгаро, ки имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пинҳонӣ фаъолият мекунанд, «ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамъияти Таблиғ», «ҳаракати исломии Ўзбекистон» мебошанд.

Ҳизбу ҳаракатҳо ва гурўҳҳои ифротгаро бо истифода аз табақаҳои мухталифи ҷомеа, бахусус муллоён, ашхоси хурофотгаро арзишҳои миллӣ ва дунявиро паст зада, бо усулҳои ба худ хос хурофоти диниро дар байни аҳолӣ паҳн мекунанд.

Ба тарбияи дурусти кўдакон ва наврасон эътибор додан, оид ба расму оини пешқадами ниёгон, мероси ахлоқи гузаштагон вусъат бахшидан ва баргузории маҷлисҳои падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», зери назорати ҳамешагии шўъбаи маорифи шаҳри Панҷакент мебошад.

Ҷиҳати татбиқи қарори ҳукумати Ҷум-ҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 таҳти №278 «Дар бораи Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», дар фурсати татбиқсозии барнома дар шўъбаи маорифи шаҳр  чораҳои дахлдор андешиданд. Ҳамзамон, дар ин радиф қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  1 августи соли 2012, таҳти №382 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи насли наврас да Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» дар таълимгоҳҳои шаҳру деҳот мавриди иҷро қарор дорад.

Аз мўҳтавои барномаҳои зикршуда бармеояд, ки мақсади ниҳоӣ ҷалби кўдакони синну соли мактабӣ ба таҳсил, пешгирии ҳолатҳои даст ба ҷиноят ва худкушӣ задан ва гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, дигар амалҳои номатлуб байни ноболиғон аст.

 Ҷиҳати решакан кардани падидаҳои номатлуб тадбирҳо андешида, амалӣ кардан лозим аст. Таърихи афкору андешаи инсон исбот мекунад, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуд. Ягон муттафаккир ва донишманди асили замони гузашта бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ ва ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Хушбахтона, мо дар давлати соҳибихтиёр, ки номаш Тоҷикистон аст, зиндагӣ ба сар мебарем. Ҳар яки шумо - ҷавонон фахр аз он намоед, ки Тоҷикистони моро дар қатори дигар давлатҳои тараққикардаи дунё ҷой додаанд ва эҳтиром менамоянд.

Шукри истиқлолияти Тоҷикистони азиз кунед ва хоку обашро азиз шуморида, роҳ надиҳед, ки нохалафе фикру ақидаи бадхоҳонаю ифротгароёни худро рўи кор орад.

Муродҷон ҶУМЪАЕВ,
устоди Донишкадаи омўзгории
Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Читать далее