16 May 2016
Оила - равшангари дилҳо
- Подробности статьи
Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ ва устувории оилаҳои ҷавон санаи 14-уми майи соли равон дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рўзи байналмилалии оила таҳти унвони «Оила – равшангари дилҳо» маҳфил баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят оилаҳои барўманд, ҷавонони навхонадор ва оилаҳои намунавии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва фарҳанг ширкат варзида, доир ба оилаву оиладорӣ сухан гуфтанд.
Читать далееВарзиш - кафили саломатӣ
- Подробности статьи
Дирўз, бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 10 ҳазор нафар иштирок карданд. Зимни ҳамоиш Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҷеъ ба кафили саломатӣ будани варзиш ва таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди он сухан гуфта, пирӯзиҳои варзишгарони вилоятро дар мусобиқоти сатҳи мухталиф қайд карда, зиёд гаштани дӯстдорони дави миллиро далели аз рушду нумӯи варзиш арзёбӣ кард.
Дар чорабинӣ дўстдорони варзиши синну сол ва касбу кори гуногун, устодону донишҷӯёни макотиби олӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Читать далееСозҳои ҷавонӣ дар «Фурӯғи ҷавонӣ»
- Подробности статьи
Ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз моҳи марти соли равон даври аввали фестивал-озмуни «Фурӯғи ҷавонӣ» байни муассисаҳои таълимии олии вилоят баргузор гардид. Дирӯз дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ даври ниҳоии озмун бо иштироки донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ сурат гирифт.
Дар озмун дастаи донишкада аз рӯи 11 намуд-маҳорати ровиён, суруди умумӣ, рақси якка, хониши бадеӣ аз ашъори Камоли Хуҷандӣ, суруди классикӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, бадеҳа, суруди халқҳои маскуни Тоҷикистон, суруди эстрадӣ, намоиши сарулибоси миллӣ ва сюитаи овозию рақсӣ ҳунарнамоӣ намуданд.
Ба ҳайати ҳакамон махсусан барномаҳои рангини намоиши сарулибоси миллӣ ва сюитаи овозию рақсӣ, хониши бадеӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, рақси якка хеле писанд афтод.
Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова донишҷӯёнро бо ин дастоварди намоёни фарҳангӣ сидқан табрик гуфта, қайд намуд дар Донишкадаи политехникӣ беҳтарин ҷавонон дониш меомӯзанд.
Дар ҷамъбаст дастаи донишкада соҳиби 102 хол гардид.
Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ
Читать далееСафири Канада ба МОИ «Суғд» ташриф овард
- Подробности статьи
6 майи соли ҷорӣ, дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Сафири фавқулодда ва Мухтори Канада дар Тоҷикистон ҷаноби Шон Перри Стейл ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф овард.
Бояд қайд намуд, ки пеш аз ташриф ба минтақа зимни барнома Сафири Канада бо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мулоқот гузаронид, ки масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар Маъмурияти МОИ “Суғд” барои Сафири Канада презентатсия оид ба фаъолият ва рушди минтақа муаррифӣ карда шуд, ки дар рафти он Сафир оид ба масъалаҳои сарҳадӣ бо давлатҳои ҳамсоя, содироти маҳсулоти дар минтақа истеҳсолшаванда ба давлатҳои хориҷа, намуди истеҳсоли маҳсулот субъектони минтақа таваҷӯҳ зоҳир намуд.
Баъдан пас аз вохӯрӣ Сафири Канада ба Коллеҷи техникӣ ва корхонаи “Арча”ташриф овард. Намояндагони корхона оид ба фаъолият ва рафти кори худ, намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда ва нақшаҳои худ ба Сафир маълумот пешниҳод намуданд. Дар навбати худ, ҷаноби Стейл ба кори ширкат баҳои баланд дод ва изҳори боварӣ намуд, ки маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхона бо талаботи на танҳо бозори дохили кишвар, балки дар дигар кишварҳои хориҷӣ мутобиқат хоҳад намуд ва харидорони худро хоҳад ёфт.
Дар ҷараёни сафар Сафири Канада аз рафти корҳои сохтмонии шаҳраки нави "Сайҳун» ва як қатор ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Хуҷанд дидан намуд.
Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»
Қарори Раиси вилояти Суғд аз 11 майи соли 2016 № 214
- Подробности статьи
Дар бораи баргузории роҳпаймоии ҷавонони вилоят бахшида ба Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон - ҷонибдори рушди босуботи кишвар»
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 13 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис-тон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва дархости филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 6 майи соли 2016, №7 дар бораи баргузории роҳпаймоии ҷавонони вилоят таҳти унвони «Ҷавонон - ҷонибдори рушди босуботи кишвар» қарор мекунам:
1. Ба филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои гузаронидани роҳпаймоӣ таҳти унвони «Ҷавонон - ҷонибдори рушди босуботи кишвар» санаи 13 майи соли 2016 аз соати 9:00 то соати 11:00 дар шаҳри Хуҷанд иҷозат дода шавад.
2. Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маъмурию ҳуқуқӣ, иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабинии мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд Ҳақиқати» барои инъикоси ҳамаҷонибаи чорабинӣ силсилаи барномаҳоро таҳия ва пахш намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н.А. гузошта шавад.
Читать далееМузейшинос
- Подробности статьи
Бо пешниҳоди ҷомеаи меҳнатии Осорхонаи таърихии вилоят ва қарори Раиси вилояти Суғд, ки ба истиқболи 90-солагии таъсисёбии ин махзани фарҳанг ба тасвиб расида буд, камина ба Кумитаи тадорукоти ҷашн шомил гаштаму ба зиммаам ҳамроҳи профессор Назирҷон Турсунов ва дотсент Муҳиддин Файзуллоев ҷамъоварии мавод доир ба таърихи осорхона аз бойгониҳо, шахсони алоҳида ва манбаъҳои дигар ҳамчун вазифа гузошта шуд.
Бо мақсади дарёфти маълумот қарор додам, ки рӯзномаҳои вилоятиро ҳам аз назар гузаронам. Хушбахтона, дар шумораҳои 18 майи соли 1978 ҳар ду газетаи вилоятӣ, яъне «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Ленинабадская правда» мақолаҳои директори ҳамонвақтаи музей, шодравон Саидҷон Марофиевро таҳти унвони «Беҳбудии кори музей – талаботи замон» ва «Сокровиғе кулҳтурқ – народу» пайдо намуда, лозим шуморидам, мундариҷаи онҳоро ба хотири посдории хотираи ёдбуди ин фидоии илм, бостоншиноси шинохта, дилбохтаи шаҳри Хуҷанду мардуми он ба диққати ҳаводорони таъриху ихлосмандони ин марди фозил расонам.
Таҳти роҳбарии сарвари вақти осорхона Саидҷон Марофиев фаъолияти кормандони осорхона бахшида ба илми осорхонашиносӣ хеле ҷоннок карда шуд.
Устод Марофиев худ дар мақолааш бахшида ба ин ҷашн бо қаноатмандӣ қайд менамояд, ки рӯзи 18 май иди касбии онҳоест, ки дар кулли манотиқи олам ёдгориҳои таърихӣ ва маданиро ҳифзу обод ва тарғиб мекунанд.
Мо, кормандони музеи вилоятӣ дар хотир дорем, ки он сол идкунии Рӯзи байналхалқии музейҳо зери шиори «Музейҳо – воситаи муҳими табодули фарҳангӣ, ғанигардонии маданият, рушди тафоҳуму ҳамкорӣ ва сулҳи байналхалқӣ» сурат гирифта буд.
Аз рӯи маълумоти муаллифи мақолаҳо маълум мешавад, ки ҳамон замон дар вилоят 11 осорхонаи давлатию ҷамъиятии сатҳ ва самти фаъолияташон гуногун (таърихии кишваршиносӣ, академӣ, идоравӣ, ёдгорӣ, хона-музейҳо) амал мекардаанд ва Осорхонаи таърихии кишваршиносии вилоят чун пешсафи онҳо вазифаҳои худро ҳамчун муассисаи маданӣ - равшаннамоӣ сарбаландона адо менамуд.
Саид Шарифович дар мақолаҳо боифтихор осорхонаро чун яке аз аввалин ва машҳуртарин музейҳои Осиёи Миёна номбар намудааст
Саид Шарифович қатъиян муқобили ба солҳои 1931-1932 нисбат додани санаи таъсисёбии музей буданд. Он солҳоро замони барасмиятдарории ин маскан медонистанд. Ин андешаи эшон заминаи таърихию ҳуқуқӣ дорад, зеро, чӣ хеле ки маълум аст, то соли 1929 Округи Хуҷанд дар ҳайати Ҷумҳурии ӯзбекистон буд. Аз оғози солҳои 30-юми асри гузашта бо ҳамроҳшавии ин округ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирию расмигардонии кулли муассисаҳо, корхонаву ташкилот сурат гирифт ва ҳамаи онҳо аз нав номнавис шуданд ва бо «дасти сабук»-у, саҳлангоронаи касе аз қаламбадастон дар таърихи таъсисёбӣ иштибоҳ ворид гардидааст.
Аз таърих маълум аст, ки тирамоҳи соли 1931 иштирокчиёни анҷумани якуми геологии Қаромазор дар Хуҷанд А.Е.Ферсман, Д.И.Ғербаков, Б.Н.Наследов ва дигарон намунаҳои бозёфтҳои геологиро ҳамроҳи баъзе маводҳои анҷуман ба музей супориданд. Акнун худ қазоват кунед: таърих мегӯяд, ки бозёфтҳои геологӣ ва маводҳо ба музей, яъне ба музеи мавҷуда супорида шуданд, на ин ки дар заминаи ҳамин ашёҳо музей ташкил ёфт.
Дар мақолаҳои зикргардида директори музей онҳоеро, ки дар рушди ин боргоҳи фарҳангӣ саҳм гузоштаанд, ёдовар мешаванд.
Муаллиф корҳои назариявию амалии музейро номбар намуда, қайд намудааст, ки соли 1977 Шӯрои илмии музей «чунин проблемаҳои илмӣ, ба монанди таърихи музейҳо ва кори музейшиносӣ дар Тоҷикистон, муҳофизат ва тарғибу ташвиқи ёдгориҳои таърихӣ ва мадании республика ва истифодаи онҳо дар тарбияи коммунистӣ, муҳофизати табиат ва боигариҳои табиӣ ва истифодаи онҳо, проблемаҳои туризм, экскурсия ва саёҳатҳо дар Тоҷикистон, кишваршиносии таърихӣ тасдиқ карда шуданд, ки характери комплексӣ доранду (иҷрояшон - ишора аз мо) дар панҷсолаи даҳум ва ёздаҳум ба нақша гирифта шудаанд. Проблемаҳои номбаршуда аз ҷониби кормандони музей дар ҳамкорӣ бо олимони Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров таҳқиқ мешаванд».
Табиист, ки амалӣ намудани чунин фаъолияти доманадори кори осорхона ва осорхонашиносӣ бе робитаи самаранок бо марказҳои илмӣ-тадқиқотии осорхонашиносӣ ва илмии академӣ имконнопазир буд ва кормандони музей дар экспедитсияҳои бостоншиносию (археология) мардумшиносии (этнография) Паҷӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ҳатто Донишгоҳи давлатии Москва ширкат меварзиданд, аз корҳои саҳроӣ бо экспонатҳои нав бармегаштанд. Дар мақолаҳо омадааст, ки фақат дар ҳамон соли ҳисоботии 1977-ум 631 экспонат гирд оварда шуда, теъдоди умумии онҳо ба 11 ҳазор расидааст.
Ногуфта намонад, ки ҳамон солҳо дар назди музей курси тайёр намудани роҳбаладони сайру саёҳат (экскурсовод) бо 256 соати таълимӣ амал мекард. Аз ҳисоботи соли 1977 маълум мегардад, ки ҳамон сол дар экспозитсияҳои музей ва ҷойҳои таърихии шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрӯза ) 685 экскурсияи умумӣ ва 125 экскурсияи мавзӯӣ гузаронида шуда, 100 ҳазор тамошобин ба ин даргоҳ ташриф овардааст.
Дар мақолаҳо дар бораи кор бо маводи фонд, азнавсозии экспозитсияҳо, ташкили намоишгоҳҳои доимӣ дар музей ва сайёр дар шаҳру навоҳӣ, кӯмак ба бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ маълумотҳо дода шудааст.
Зимнан маълумотҳое, ки дар ду мақолаи собиқ директори Осорхонаи таърихии вилоят, номзади илмҳои таърих, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров Саид Шарифович Марофиев баён гардидаанд, барои омӯзиши таърихи музей ва музейшиносӣ дар вилоят хизмат менамоянд.
Абдуҳаким Шарифов
Читать далееПомидор хатари сактаи дилро паст мекунад
- Подробности статьи
Имрӯз дастархони моро бе помидор тасаввур кардан душвор аст. Помидор бо баробари таъми гуворо доштанаш хосияти хуби табобатӣ низ дорад. Аз ҷиҳати миқдори витамини С ба лимӯ баробар аст. Дар таркиби помидор оҳан нисбат ба гӯшти мурғ ва шир бештар мебошад. Помидор аз витаминҳои А, В2, К2, РР, Е, моддаҳои минералӣ, мисли калий, калтсий, магний, фосфор, мис, руҳ, йод ва фтор бой аст. Истеъмоли помидор барои беморони системаи дилу рагҳо, меъда, аттеросклероз, диабети қанд, фишори баланди хун, беҳолӣ, камхунӣ, қабзият (сахтшавии шикам), вайроншавии табодули моддаҳо фоида дорад.
Чун дигар меваю сабзавоти сурхранг, аз қабили олуболу, олу, қот (смородина) помидор барои беҳтар кардани сифати хун, паст кардани хатари пайдошавии уқда (гиреҳ) дар рагҳои хунгард, сар задании амрози қалбӣ, ба монанди сактаро пешгирӣ мекунад. Аз сабаби ғанӣ будан аз антиоксидантҳо помидор раванди пиршавии ҷисмро суст карда, ба пайдошавии омосҳои саратонӣ муқовимат менамояд.
Барои ашхосе, ки аз вазни зиёдатӣ халос шудан мехоҳанд, помидор беҳтарин ғизои парҳезӣ ба шумор меравад. Бинобар аз йод бой буданаш барои фаъолияти хуби ғадудҳои эндокринӣ муфид аст. Пайваста истеъмол кардани помидор ба ҳолати системаи асаб таъсири мусбат мерасонад. Истеъмоли помидор барои тамокукашон манфиати зиёд дошта, баҳри аз ҷисм берун кардани токсинҳои аз дуди тамоку ҷамъшуда муфид аст.
Яке аз хосиятҳои помидор он аст, ки обро дер гоҳ дар бадан нигоҳ дошта, зуд ташна шудан намемонад. Бо ҳамин сабаб варзишгарон пеш аз дави марафонӣ ба масофаи зиёд шарбати помидор менӯшанд.
Ашхоси гирифтори бемориҳои артрит, ниқрис (подагра), санги талха ва санги гурда бояд аз истеъмоли зиёди помидор худдорӣ намоянд. Хӯрдани помидори дар намакоб хобонидашуда барои беморони дорои захми меъда низ зараровар аст.
Помидорро дар якҷоягӣ бо гӯшт, тухм, шир, нон, моҳӣ хӯрдан нашояд. Фосилаи байни истеъмоли помидору ғизоҳои зикршуда бояд аз як соат кам набошад.
Таҳияи
М.ҲАЛИМИЁН
Осорхона – оинаи таърихи шукӯҳманди ниёгон
- Подробности статьи
Нигаҳдорӣ ва манзур сохтани махзани ёдгориҳои пурарзиши ниёгон вазифаи пурмасъули осорхонаҳо шинохта шудааст. Илми таърихнигории ҷаҳонӣ собит кардааст, ки дарёфти оддитарин олоти меҳнат, васоити рӯзгор ва ё як ҷумла осори хаттӣ метавонад, дар ҷараёни тадқиқоти илмӣ дигаргунии куллӣ ворид намояд. Аз ин рӯ, наздик як аср мешавад, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мероси барҷомондаи вилоят ва шаҳри Хуҷандро бешикасту рехт ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда интиқол медиҳад.
Осорхонаи мо таърихи рангини таъсисёбии худро дорад. Дар раванди бунёди он як зумра шахсиятҳои наҷиб нақши намоён доранд. Азбаски дар шаҳри Хуҷанд дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ олимону адибони маъруф, амсоли ҳоҷӣ Юсуф Мирфайёзов, Тошхоҷа Асирӣ, Яъқубҷони Фаранг, ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи тоҷири кутуб, Мирсолеҳ Мирсаидбоев ва садҳо донишмандону маорифпарварон зиста, ҳамзамон ба шаҳру мамолики дигар сафарҳо доштанд, рӯҳияи эҳтироми осори моддиву маънавии пешиниён хеле боло гирифта буд.
Дар миёни ин бузургмардон марди закиву ҷаҳонгашта Мирзохоҷа Собиров, маъруф бо тахаллуси «ҳоҷӣ Антиқа» (1857-1928) ба ҷамъовариву ҳифзи ёдгориҳои қадим завқу рағбати афзун дошт. ӯ муддати тӯлонӣ дар бисёр шаҳрҳо сайру саёҳат карда, ба кори гирдоварии ёдгориҳои таърихӣ аз рӯи муҳаббат шуғл меварзад. Вай дар заминаи ошноӣ бо олими маъруф М.С.Андреев ашёҳои ҷамъовардаашро нахуст дар шаҳри Тошканд маҳфуз дошта, онҳоро соли 1907 барои тошкандиён ба намоиш мегузорад. Муҳаббату ихлос ба зодгоҳаш ӯро водор месозад, ки «ғаниматҳо»-и дар сафарҳо ғункардаашро ба зодгоҳи азизаш-Хуҷанд биёварад.
Ниҳоят, соли 1909 Мирзохоҷа Собиров бо иҷозати сардори уезди Хуҷанд ашёи нодири таърихии ҷамъовардаашро дар биное гузошта, ба мардум намоиш медиҳад. Ба ин тартиб, ин инсони асил ва маърифатпарвар солҳои сол махзани фароҳам-овардаи хешро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамояд. Рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз, соли 1926 дар соҳили дарёи Сир давоми 6 рӯз намоиши ҳамаи ашёҳои ҷамънамудаи «Ҳоҷӣ Антиқа» баргузор карда шуда, баъди анҷоми он бо дарназардошти муроҷиати ӯ ба шӯъбаи маорифи халқи Округи шаҳри Хуҷанд оиди ҷудо намудани мавзеи махсус барои ба намоиш гузоштани бозёфтҳо толори масҷиди Шайх Муслиҳиддин дар ҳудуди қисми кӯҳнаи шаҳр ба истифода дода шуд. Дар охири умри худ Мирзохоҷа Собиров тариқи хаттӣ васият менамояд, ки ёдгориҳои таърихии мансуб ба ӯ аз ин пас давлатӣ ҳисобида шаванд.
Кумитаи иҷроияи Округи Хуҷанд чунин муроҷиати дурандешонаи Мирзохоҷа Собировро ба хушӣ истиқбол мекунад. Ҳамин тавр, соли 1926 асоси Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гузошта мешавад.
Ин нукта дар суханронии Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 23-юми августи соли 2006 таъкид ёфтааст. «…Мо хуб медонем, ки асосгузори осорхона яке аз фидоиёни таърихи миллатамон, зиёии асил ҳоҷӣ Мирзохоҷа Мирсобиров буд, ки соли 1926-ум аз ҳисоби маблағҳои худ ва ашёҳои таърихии ҷамъкардаи хеш ба таъсиси ин осорхона замина гузоштааст».
Санаи 14-уми декабри соли 1932 Шӯрои комиссариати халқии Тоҷикистон қарор мекунад, ки Осорхонаи шаҳри Хуҷанд аз 1-уми январи соли 1933 ба шӯъбаи осорхонаи ҷумҳуриявӣ табдил дода шуда, он ба ихтиёри комиссариати маориф вогузор гардад. Бо гирифтани ин унвон осорхона ҳамчун Осорхонаи кишваршиносии шимоли Тоҷикистон шумурда шуд.
Дар солҳои минбаъда бо ҷидду ҷаҳди сарвари осорхона ҳайати штатии кормандони осорхона такмил ёфт ва барои самарабахшии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ корҳои судманд сурат гирифт.
Дар заминаи ҳамкорӣ бо олимони тоҷику рус осорхона таҳти роҳбарии А.В.Уэлс имкон пайдо кард, ки соли 1936 нахустин «Ахбороти Осорхонаи кишваршиносии Тоҷикистони Шимолӣ»-ро барои ба табъ расонидан омода созад. Мутаассифона, чопи аввалин «Ахбороти Осорхонаи кишваршиносии Тоҷикистони Шимолӣ» амалӣ нагардид.
Бинобар анҷом додани корҳои экспозитсионӣ ва сохтмонӣ осорхона имконияти тамоми сол хизмат расониданро ба тамошобинон надошт. Новобаста аз ин сафи тамошобинон сол аз сол меафзуд. Шумораи нигораҳои осорхона, тибқи маълумот аз 1 январи соли 1938, ба 77052 адад расида, аз ин миқдор дар экспозитсия 65000 адад ба намоиш гузошта шуда буд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) фаъ-олияти Осорхонаи кишваршиносии Ленинобод номураттаб гардида, баъди анҷоми он бо роҳбарии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ С.Раҳимов кори худро бо 12 нафар воҳиди корӣ фаъол намуд.
Дар асоси қарори КМ ҳизби Коммунисти Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 1952 экспозитсияи намоишии осорхона бо сарварии А.Бобоев нав-созӣ шуда, намуди зоҳирии бинои осорхона тибқи лоиҳаи меъморон Степнитский, Д.Билибин ва Соколова соли 1954 таъмир гардид ва дертар соли 1956 таҳти роҳбарии сарвари осорхона Т.Ҳасанов дар шафати бинои экспозитсионӣ сохтмони қисми маъмурии осорхона бо утоқҳои корӣ, китобхонаи илмӣ ва маҷлисгоҳ бунёд ёфт.
Шоистаи зикр аст, ки аз солҳои 60-уми асри ХХ ва баъд шурӯъ карда, бо роҳбарии муаррихони тоҷик, амсоли Н.Неъматов, ӯ.Пӯлодов, С.Марофиев, Н.Турсунов, А.Мирбобоев корҳои ҳафриётӣ бо донишҷӯён вусъати тоза пайдо кард. Маҳз, дар асоси чунин ҳамкориҳои судманд кормандони илмӣ ба осорхона ҷалб гардида, шӯрои илмии осорхона, ки баҳори соли 1933 бо номи «Шӯрои ҷамъиятӣ-сиёсии музей» таъсис ёфта буд, фаъолияташро равнақ дод.
Охири солҳои 70-уми қарни гузашта бо сабаби тағйир ёфтани низом ва талаботи осорхонаҳо зарурати тарзи нави намоишҳо ва экспозитсияҳо ба миён омад. Ва минбаъд азнавсозии экспозитсияи осорхона соли 1978 дар сатҳи баланди касбӣ анҷом ёфт.
Солҳои 80-ум осорхона фаъолияташро густурдатар сохт. Шумораи умумии кормандони он ба 22 нафар расид. Он солҳо осорхона аз 5 шӯъба, чун шӯъбаҳои табиат, таърихи даврони тоинқилобӣ, даврони шӯравӣ, маъхаз ва оммавӣ-маърифатӣ иборат буд.
Солҳои зиёд дар осорхона шӯрои илмӣ ва комиссияи харидории бозёфтҳо фаъолият дорад. Ходимони илмии шӯъбаҳо Ю.Хоҷаев, Р.Нурмуҳамедова, Р.Ҳамдамова, О.Мӯъминова, Н.Ҳошимов, М.Файзуллоев, А.Ҳомидов, З.В.Василева, Н.И. Москаленко, И.Атохӯҷаева, О.Ашӯрова, К.Атоева, С.Азаматова, М.Тошматов, М.Бойматов корҳои таблиғотиву ташвиқотиро хуб ба роҳ монда, дар давоми фаъолияти худ ҷиҳати пурра намудани фонди осорхона ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Агар соли 1960 ба осорхона 50 нигора қабул шуда бошад, пас соли 1979-ум 461 адад, соли 1988 он 1160 ададро ташкил дода, шумораи нигораҳои фонди асосии осорхонаро соли 1990 ба 11025 миқдор расониданд.
Дар таърихи осорхона хидмати сарварон А.В.Уэлс, А.Атаев, С.Раҳимов, Т.Ҳасанов, А.Ашӯров, А.Қодиров, А.Бузуруков басо бузург ва қобили таҳсин аст.
Ҳамин гуна, бо гузашти солҳо Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамқадам бо замон фаъ-олият дорад.
Оғози солҳои 90-уми асри ХХ, замони нооромиҳои сиёсӣ, номӯътадилии иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои осорхонаи вилоятӣ мушкилоти зиёде ба бор овард. Баробари ҷорӣ гардидани озодии афкор дар ҷомеа гурӯҳе аз намозгузорон вориди толорҳои намоишӣ гардида, исрор карданд, ки осорхона ба зудӣ ба дигар ҷой кӯчонида шавад. Ҳамин тавр, хазинаи гаронбаҳои осорхонаро бе риояи эҳтиром ба тракторҳо бор карда, ба ӯрдаи шаҳр (Қалъаи Хуҷанд) – бинои таълимии ҳарбиён таъҷилан оварданд. Дар натиҷаи ин беэҳтиромӣ бозёфту таҷҳизоти осорхона осеби сахт ёфтанд.
Бар замми ин, дере нагузашта баъди таъмир ва дар бинои таълимии ӯрда ҷой гирифтани осорхона зарурати кӯчидани дубора пеш омад. Дар асоси қарори раиси шаҳри Хуҷанд соли 1992 осорхона ба ошёнаи дуюми бинои тарабхонаи «Панҷ-шанбе» кӯч баст. Дар ин ҷо низ зарурати анҷоми корҳои азнавсозиву таъмир сар зад. ҳарчанд ҷои осорхона мувофиқ ба меъёрҳои амалкунанда набуд, моҳи сентябри соли 1996 ба шарафи рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон экспозитсияи намоишии шӯъбаҳои таърихи давраи тоинқилобӣ ва таърихи ҷамъияти шӯравӣ (то солҳои 1960-ум) созмон дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намуд.
Моҳи июли соли 2003 хишти нахустини Осорхонаи таърихии вилояти Суғд баъди муҳокимаи лоиҳа назди Қалъаи Хуҷанд (ӯрда) гузошта шуд. Сохтмон ба маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт, ки 500 ҳазори он аз хазинаи Президенти кишвар ҷудо гардид.
Роҳбари фарҳангпарвари Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 23 августи соли 2006 дар вазъияти тантанавӣ, дар ҳузури аҳли зиёи мамлакат ва анбӯҳи сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр сухан намуданд.
Бо буридани лентаи рамзии бинои замонавии осорхона барои фаъолияти он дар марҳалаи нави таърихӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
“Бунёди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки ҳанӯз дар даврони шӯравӣ макони муайян надошт ва мудом аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчонида мешуд, дар ҳаёти фарҳангии вилоят ва ҳамчунин мамлакат рӯйдоди назаррас аст...
... Дар шафати Қалъаи қадимии Хуҷанд ҷой гирифтани осорхонаи нав хусусияти рамзӣ дорад. Зеро ин қалъа муҳофизатгоҳи қаҳрамони миллати тоҷик-Темурмалики шуҷоъву далер мебошад, ки барои ҳимояи Ватани худ дар ин ҷой камин гирифта, ба муқобили аҷнабиён аз худ диловарии бесобиқа зоҳир кардааст”. Сарвари давлат борҳо дар маърӯзаҳои хеш доир ба нақши осорхонаҳо изҳори назар намудаанд. Аз ҷумла, дар суханронии худ дар ифтитоҳи Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 марти соли 2013 чунин баён доштанд: «Осорхона – оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад».
Ҳосили чунин тадбирҳои воқеъбинонаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат буд, ки дар маркази вилояти Суғд чунин осорхонаи мӯҳташам бунёд гардид.
Дар кори ороишу созмондиҳии бадеию таърихӣ нақши олимони мо намоён аст. Наққошону меъморон, наҷҷорон ва устоҳои кандакор барои босифату зебо офаридани ҷузъиёти аслии осорхона хидматҳои арзанда ба сомон расонидаанд.
Дар баробари ҳунармандони касбӣ кормандони осорхона низ дар раванди танзими он дар бинои нав эҳтимом варзиданд.
Бо кӯмаку дастгирии Раиси вилояти Суғд фонди осорхона пурра аз таъмир бароварда шуд. Дар ин раванд барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, шӯъбаҳои «Таърихи давраи муосир» ва «Дастхатҳо ва табъу нашр» таъсис ёфтанд.
Соҳиб шудан ба муҳимтарин дастовард ва падидаҳои фарҳангӣ ва эҳёи суннату мероси маънавии миллат маҳз ба шарофати таҳкими пояҳои Истиқлолияти миллӣ ба даст меояд. Аз ин лиҳоз, сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин арса беҳтарин даст-оварду самараҳоро барои миллати мо эҳдо намуда истодааст, ки яке аз онҳо бунёди мақбараи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар зодгоҳи шоир ва таъсис ёфтани Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 13 апрели соли 2015 ба шумор меравад.
Маҷмаа макони зиёратгоҳи садҳо ҳазор нафар тамошобинон ва сайёҳони ватаниву хориҷӣ гардида, аз «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» соли равон зиёда аз 41005 нафар дидан намуданд.
Аҳли садорат бо сарварии омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов, кормандон ва ходимону олимоне, ки дар ҳам-бастагӣ барои рушди фарҳанги миллӣ ва ҳифзу манзурнамоии мероси ниёгон талош варзида, азм доранд, ки ҷиҳати боз ҳам равнақ бахшидани завқи худогоҳиву худшиносӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба таърихи омӯзандаи миллат ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии тамоми табақоти ҷомеа хидмати босазо менамоянд.
Мансурҷон БОЙМАТОВ,
омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба 90-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
- Подробности статьи
Миллати куҳанбунёди тоҷик дар партави раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати фарҳангофар муаррифӣ гардидааст. Дар бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатӣ кишвари азизи мо - Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ ноил гардид.
Сиёсати фарҳангсози Сарвари давлат барои мардуми шарифи вилояти Суғд эҳёи тамаддун ва мероси гаронбаҳои ниёгонро ба армуғон овард, ки ба истифода додани бинои нави Осорхонаи таърихии вилоят яке аз натиҷаҳои ин иқдоми муборак мебошад.
Читать далееҚарори Раиси вилояти Суғд аз 6 майи соли 2016 № 205
- Подробности статьи
Дар бораи таӣлили Рӯзи байналмилалии оила
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси вилоят аз 2 феврали соли 2016, №118 «Дар бораи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон қарор мекунам:
1. Санаи 15 майи соли 2016 Рӯзи байналмилалии оила дар қаламрави вилоят ботантана таҷлил карда шавад.
2. Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои таҷлили Рӯзи байналмилалии оила тасдиқ карда шаванд.
3. Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, Раёсатҳои кор бо занон ва оила, асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тандурус-тӣ ва фарҳанги вилоят тарғиб ва ташвиқи танзими оила, солимии модару кӯдак, устувории оилаҳои ҷавон ва ташкили чорабиниҳои оммавию фарҳангиро бо оилаҳо таъмин намоянд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи байналмилалии оила тадбирҳои зарурӣ андешанд.
5. Ба дастгоҳи Раиси вилоят супорида шавад, ки пардохти маблағгузории гузаронидани чорабинии номбурда аз ҳисоби маблағҳои ба дастгоҳи Раиси вилоят дар соли 2016 пешбинигардида мувофиқи замимаи 3 амалӣ намуда, истифодабарии мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро таъмин намояд.
6. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Идораи телевизион ва радиои вилоят, муассисаҳои давлатии рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская Правда», «Суғд Ҳақиқати» ва маҷаллаи «Ноҳид» аз ҳаёти оилаҳои намунавию соҳибтаҷриба ва ҷараёни таҷлили Рӯзи байналмилалии оила маводҳо нашр ва барномаҳои ҷолиб таҳия намоянд.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н.А. гузошта шавад.
Читать далее