13 May 2016
Раҳпаймоии 11 ҳазор нафар таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори рушди босуботи кишвар»
- Подробности статьи
Имрӯз, ҷумъаи 13 май 11 ҳазор нафар ҷавонони Суғдзамин дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, бахшида ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори рушди босуботи кишвар» раҳпаймоӣ намуданд.
Намояндагони ҷавонони вилояти Суғд зери шиори «Ҷавонон ҷонибдори рушди босуботи кишвар» аз ду самти хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ ва аз тарафаи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев раҳпаймоӣ намуда, дар пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гирди ҳам омаданд.
Читать далее56 ҷинояти авбошии аз қайд пинҳоншуда ошкор гардид
- Подробности статьи
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи вилоят муҳокимаи натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи тафтишотӣ-судии ҷиноятҳои авбошӣ ва қаллобӣ дар давраи соли 2015 ва семоҳаи якуми соли 2016-ум мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласа таҳти роҳбарии Прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидов доир гардид.
Санҷиш нишон дод, ки новобаста аз чораҳои андешидаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии ҷиноятҳои авбошӣ, содиршавии чунин ҷиноятҳо тамоили пастшавӣ дошта бошад ҳам, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо зиёдшавӣ ба назар мерасад.
Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом (19/16)-3, Бобоҷон Ғафуров (47/44)-3, Мастчоҳ (15/7)-8, Бӯстон (31/17)-14, Ҷаббор Расулов (28/25)-3 ва Айнӣ (2/0)-2 ададӣ зиёд шудааст.
Сабаби зиёд гаштани ин қабил ҷиноятҳо,аз як тараф, тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ намондани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирӣ накардани ҷиноятҳои авбошӣ бошад, сабаби дигар аз қайд пинҳон кардани ҷиноятҳои авбошии дар соли 2015 ва 3 моҳи аввали соли 2016 содиршуда ва ошкору ба қайд мондани онҳо аз тарафи прокуророн мебошад. Умуман, дар ин давра 56 ҷинояти авбошии аз қайд пинҳоншуда ошкор ва ба қайд монда шудааст.
Дар ин давра 68 ҷинояти авбошӣ дар ҳайати гурӯҳ, 6 ҷиноят дар ҳолати мастӣ содир шудааст, ки ин ташвишовар аст. Миқдори шахсони ҷиноят содирнамуда 396 нафар мард, 52 нафар зан ва 26 нафар ноболиғ мебошанд. 26 ҳодисаи авбошӣ бошад, бо истифодаи силоҳ ё предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда содир шудааст.
Таҳлили ҷиноятҳои вақтҳои охир содиршуда шаҳодати он аст, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мақомоти давлатии дахлдор, ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои авбошии ҷавонону наврасон нокифоя аст, зеро ҳоло ҳам содир кардани ҷиноятҳои авбошӣ дар гурӯҳҳо аз ҷониби ҷавонон аз байн нарафтааст.
Баҳри пешгирии ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳо, баланд бардоштани масъулияти падару модар, ҷоннок намудани таблиғу ташвиқи қонунҳо байни наврасону ҷавонон ва ташкили вохӯриҳо бо шахсони барӯманд ва ба дигар шуғли фоиданок ҷалб намудани онҳо ҳамчун чорабиниҳои муҳим ба нақша гирифта, гузаронида шаванд.
Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ бояд ба таври зарурӣ ба роҳ монда, ташвиқу тарғиби қонун баҳри баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд зиёд шавад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҷиноятҳои қаллобӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон тамоили зиёдшавӣ дорад.
Яке аз сабабҳои асосии зиёдшавии ҷиноятҳои қаллобӣ дар ин давра ошкор ва ба қайд гузоштани якчанд ҷиноятҳои бисёрлаҳзаина мебошад.
Дар фарҷоми ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи вилоят оид ба ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт қарори дахлдор қабул карда шуд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»
Дарси шуҷоатмандӣ
- Подробности статьи
Ҷанги мудҳиш аз ҷониби Германияи фашистӣ дар ҷаҳон сар шуду оламиён ба фоҷиаи даҳшатбор дучор гардида, аз сар рӯзҳои басо ғамангезро гузарониданд. Ин ҷанг аз рӯи миқёсу андоза дар таърихи башарият андоза надорад.
Ҷанги дуюми ҷаҳон давоми солҳои 1939 - 1945 идома ёфт, ки дар оташи он ҳафтоду ду давлати хурду бузурги олам иштирок кард. Домони амалиёти ҳарбӣ-ҷангӣ дар ҳудуди чиҳил давлати ҷаҳон паҳн гардид. Шумораи ба ҷанг сафарбаршудагон беш аз яксаду даҳ миллион нафарро ташкил медод. Бар асари ин ҷанг дар хеле кишварҳо соҳаҳои хоҷагии халқ хароб гардиданд, беш аз панҷоҳ миллион нафар мардум қурбон шуданд. Садҳо миллион нафар аҳолии мамолики гуногун ба гирдоби маҳрумиятҳо, азобу уқубати тоқатшикан мубтало гаштанд.
Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба Иттиҳоди Шӯравӣ гаронии ҷонию молӣ ба сар овард.
Дар набардҳои амалкунандаи техникиву ҷонӣ сарбозону афсарон ва ҷанговарони шуҷоъ истодагарӣ карда, душмани ғаддорро дар лонааш саркӯб намуданд. Халқҳои бародару дӯсти ҳамаи понздаҳ ҷумҳурии шӯравӣ баҳри дифои Ватани ҷоноҷони худ бархостанд, қаҳрамониву шуҷоатмандӣ нишон доданд.
Як дарси ибратбахшу шарафмандӣ бахшида ба 71-солагии Fалабаи Бузурги халқи шӯравӣ бар фашизми истилогар дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21, шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар чорабинии ҷасоратмандӣ ҷанговарони интернатсионалист Усмон Шерматов, Салим Fаффоров ва намояндагон аз шӯъбаи маорифи шаҳр А.Қаҳҳоров, М.Комилов иштирок намуданд.
Директори мактаб Файзулло Файзиев дар ин мулоқоти хотирмон баромад карда, аз паҳлӯҳои корнамоии фарзандони Тоҷикистони азиз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуд. ӯ аз шуҷоатмандии Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов ва дигар ҷанговарони сарзамини Тоҷикистон нақл намуд.
Хонандагони мактаб саҳначаҳои бадеӣ нишон дода, дар васфи Иди Зафар шеърҳо қироат карданд.
Ҳафиза РАҲИМОВА,
Зӯҳро ИБРОҲИМОВА,
омӯзгорони МТМУ № 21,
шаҳри Хуҷанд
Мақсад: Кўмак ба афроди ниёзманд
- Подробности статьи
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 23 - юми декабри соли 1927 таъсис ёфта, ҳамчун узви комилҳуқуқи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барои амалӣ гардидани ҳадафҳои худ, баҳри расонидани кўмак ба афроди ниёзманд талоши густурдаю муназзаме анҷом медиҳад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар саросари кишвар 65 бахши маҳаллӣ, 4 бахши ҳудудӣ, 190 нафар корманд, зиёда аз 3500 нафар аъзо, беш аз 4000 ихтиёрӣ ва 621 ташкилоти ибтидоӣ дорад.
Ҳамасола дар саросари кишвар санаи 8 - уми май ҳамчун рўзи моҳвораи Ҳилоли Аҳмар ва рўзи байналхалқии ҳаракати Салиби Сурх ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рўз санаи 3 - юми майи соли равон дар маҷлисгоҳи Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилоят мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳамаи аъзои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилоят иштирок доштанд.
Яке аз самтҳои фаъолияти Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар тайёрӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқуллода, ҳифзи саломатӣ, ёрии аввал расонидан ба ҷомеа ва аёдати шахсони ниёзманд ба ҳисоб меравад, - гуфт Парвиз Ҷабборзода, котиби иҷроияи бахши вилоятии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон.
Ҳамчунин, Раънохон Камолова - корманди бахши вилоятии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон доир ба таърихи ин ҷамъият ба ҳозирин маълумот дод. Мавсуф зикр дошт, ки асосгузори ҷамъияти мазкур, шаҳрванди шаҳри Суйиси Шветсария Анри Дюнан мебошад. Бинобар ин рўзи ҷашнгирии моҳвораи Ҳилоли Аҳмар ва рўзи байналхалқии ҳаракати Салиби Сурхро ба рўзи таваллуди Анри Дюнан гузошта шудааст.
Чунин вохўриву ҷаласаҳо дар тамоми манотиқи кишварамон идома дорад.
Истамҷони НАҶМИДДИН
Читать далееДонишгоҳи федералии Урал дарҳои худро ба магистрантони Тоҷикистон боз намудааст
- Подробности статьи
Имконияти хуб ба магистрантони донишкада
Намояндагони Донишгоҳи Федералии Урал ба номи нахустин Президенти Федератсияи Русия Борис Елсин таҳти роҳбарии муовини директори «Маркази рушди муносибатҳои шарикӣ» К.В.Погорелский ва роҳбари барномаҳои магистрии донишгоҳи мазкур Е.В.Тиссен тайи ду рӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд бо хатмкунандагони гурӯҳи баклавариат, барои дохил шудан ба зинаи магистравии донишгоҳи худ мулоқот намуда, имтиҳон гирифтанд.
Ба онҳо аз ҷониби донишкада тамоми шароитҳо аз қабили аудиторияҳои тозаву барҳаво, тахтаи электронӣ, мултивидеопроектор, нотбук, принтер муҳайё карда шуд. Санаҳои 10 ва 11 май 33 нафар хатмкунандаи гурӯҳи баклавиратураи факултаҳои информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ-иқтисодӣ ва муҳандисӣ-технологӣ аз ихтисосҳои худ имтиҳон супориданд.
Натиҷаи имтиҳонот тариқи почтаи электронӣ ба ҳамаи иштирокчиён фиристода мешавад. Намояндагони донишгоҳи мазкур миннатдории хешро барои фароҳам овардани шароити мусоид ба роҳбарияти донишкада расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи мазкур аз рӯи 75 ихтисос ва 235 барномаи магистратурӣ дар соҳаҳои муҳандисӣ, иктисодӣ, математика кадрҳо омода мешаванд.
Донишгоҳи мазкур натанҳо ба донишҷӯён омӯзиши чуқурро кафолат медиҳад, балки дарсҳои амалиро тибқи шартнома бо корхонаҳои вилояти Екетеринбург ба роҳ мемонад.
Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ
Читать далее