12 May 2016

Шашмақом мероси беназири фарҳангӣ барои имрӯзиён аст

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоятҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусиқии суннатии Шашмақом дубора эҳё гардид ва хамасола 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки дар хазинаи мусиқии халқи тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, санъати Шашмақом пурқиматтарин дурри гаронбаҳо аст. ин шоҳасари мадании мусиқии халқи тоҷик Шашмақом тӯли қарнҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, аз устод ба шогирд чун мероси аҷдодӣ омадааст.

Читать далее

Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст…

Андешаҳо перомуни никоҳҳои барвақтию хешутаборӣ ва муоинаи ҳатмии тиббии арўсу домод қабл аз хонадоршавӣ

Қонуне, ки ҳамагон интизораш буданд!

 Аз якуми июли соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд, бо хешу таборони худ, яъне фарзандони амаку холаву тағо оила барпо намоянд. Дар ин маврид  ибтидои соли равон  бо пешниҳоди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз ҷониби вакилони мардумӣ дар парлумони кишвар ба Қонун «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ва иловаҳои марбута ворид карда шуд. Тибқи тағйироти воридгардида, арўс ва домодшаванда муваззаф ҳастанд, то аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд. Сабаби аслии даст ба тағйироти мазкур задани намояндагони мардумӣ ин афзудани теъдоди зиёди кўдакони маъюбу беморони модарзодӣ дар хонаводаҳое ҳаст, ки зану шавҳар хешовандони наздик ба шумор мераванд.

Читать далее

Аз филмҳои тоҷикӣ бўи Ватан меояд

Як сол муқаддам, соли 2015 бо қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Киностудияи «Суғдсинамо» таъсис шуд. Чанде пеш, дар арафаи  Наврўзи хуҷастапай гурўҳи кории «Суғдсинамо» дар нишасти матбуотӣ аз фаъолияти яксолаи хеш гузориш дод. Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ зимни нишасти матбуотӣ таъсиси чунин як киностудияро дар миқёси вилоят аз дастовардҳои арзандаи даврони Истиқлолият унвон карда, фаъолияти соли аввали гурўҳи кориро шоистаи таҳсин баҳо дод.

Худи ҳамон рўз нахустнамоиши се филми «Суғдсинамо» баргузор гашт. Филми ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун» (дар бораи зиндагӣ ва осори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона), филми кўтоҳҳаҷми «Коса» ва мелодрамаи «12 соли интизорӣ» аз ҷониби тамошобинони тоҷик хуш қабул гардида, онҳоро ба ояндаи дурахшони синамои тоҷик бовар кунонд.

Читать далее

Қарз зиллат аст!

Чаро имрўз масъулини муассисоту коргоҳҳо нисбат ба пардохти маблағи нерўи барқ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд?

Вазъияти соҳаи энергетикии вилоят дар кадом сатҳ қарор дорад? Чаро имрўз масъулини муассисоту коргоҳҳо нисбат ба пардохти маблағи нерўи барқ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд? Ин нукта ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини нерўи барқ дар ҷаласаи кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ махсус таъкид гардида, ба масъулин вазифагузориҳои мушаххас карда шуда буд.

Доир ба ин мавзўъ мудири шўъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода вазъияти соҳаро шарҳ дода афзуд, ки истифодаи нерўи барқ дар кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд тадриҷан меафзояд.

Читать далее

Туғёни сели шаб

Санаи 9-уми майи соли 2016 борону селфароӣ дар ноҳияи Айниву шаҳри Панҷакент 3 нафарро ба ҳалокат расонд.

Сўҳроб Маҳмудов – сардори курсҳои Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар сўҳбат гуфт, ки  дар шаҳри Панҷакент соати 17:10 дар натиҷаи ба амал омадани борони пуршиддат дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани деҳаи Шўрча аз сои Зебон сел омада, дар натиҷа 4 хонаи истиқоматӣ пурра, 20 хонаи истиқоматӣ қисман, 2 км роҳи байни деҳа, 2 адад пули сойи Зебон ва биноҳои назди сой мавҷудбудаи Идораи хоҷагии обу ташноб, Муассисаи сайёри механиконидаи №278, бахши Ҳилоли Аҳмар, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хоҷагии ҷангал, 4 адад нуқтаи фурўши сўзишворӣ қисман вайрон гардиданд. Ҳамчунин, каналҳои Халифа Ҳасан, Тўхсанкориз, Эшон ва 60 гектар кишти зироат зарар диданд.

Читать далее

Хуш бувад истеъдод бо санъат пайвастан

Ҳофизи мумтоз, воқеан ҳам ҳунарманди асил ва шахси соҳибмаърифат буданд. Ба идораи рўзномаи вилоятии "Ҳақиқати Ленинобод" (имрўза "Ҳақиқати Суғд") зуд-зуд меомаданд. Сўҳбаташон бо аҳли қалам хеле қўр мегирифт.  Борҳо дар сўҳбаташон будам. Дар хонаи сеҳуҷрагиашон - дар маҳаллаи "Бофанда"-и шаҳри Хуҷанд чанд маротиба сўҳбат ҳам доштем.

Бино ба нақли худашон, ҳофизӣ барояшон аз гузаштагонашон мерос монда будааст. Нақл карда буданд, ки дар кўдакӣ бобояшон Олимхоҷа вақти хомток баргканон суруд зам-зама мекарданд, ки яке Маъруфхоҷаи парпечро модаркалонашон ба берун мебарорад. Он кас аз болои ток истода мегўянд: - Биё, ки дуо кунам, ки баъд аз сари ман ҳунарамро давом диҳад. Яъне, ки овозхонӣ барояшон ирсист… Солҳо бозгўи таъриханд… 

-Ҳофизон устодро хеле хуб истифода карданд,-  ба ёд овард Абдураҳмон Тошматови оҳангсоз, устоди Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз - аз он, ки хазинаи бузурги суруду оҳангҳои классикӣ буданд, эшонро ба давраи худ кашида, асрори ҳунар ва нозукиҳои сурудҳои классикиро аз он кас омўхтанд.

Ба саволи чаро он кас шогирд тарбия накарданд, ҳамсўҳбатам чунин посух дод:

-Имрўз мо - аҳли ҳунар хеле афсўс мехўрем, ки устод Маъруфхоҷа Баҳодуров ҳунари нотакрори худро ҳамраҳашон ба он дунё бурданд. Ба назари ман, сабаби пайраву шогирди ҳақиқӣ пайдо накарданашон ин аст, ки якум, овози он кас садои баланд дошт, ки на ҳар кас ба монанди эшон сурудро аз пардаи баланд оғоз карда метавонист. Дуюм, ягона шахсе дар замони мо буданд, ки баъди Мақсудҷони Танбўрӣ пайрави сабки Содирхон Ҳофиз, яъне озод, бе иштироки дигар созҳои халқӣ танҳо бо танбўр суруд мехонданд. Масалан, ман ҳамчун композитор, ки синнам ба 67 расидааст, то ҳол надидам, ки касе ба монанди Маъруфхоҷа Баҳодуров "Зулайхохонӣ" карда бошад. Мутаассифона, бо вуҷуди дар коллеҷи санъат омўзгорӣ кардан, чун шогирдон умқи асрори ҳунари бо шакли озод хонданро мепурсиданд, аз чӣ бошад, ки чунин мегуфтанд: "Ман сарашро гуфта додам, он тарафашро худатон ёфта гиред, меҳнат кунед". Агар гўям, ки "шояд намехостанд, касе монанди он кас ҳунарманд шавад" мумкин гуноҳ бошад...

Воқеан, камина чун боре ба он кас савол додам, ки дар ҳақиқат чаро шогирд тарбия намекунед,   ҷавоб гуфтанд: "ҳунари ман зарур бошад, шогирдҳо ба наздам оянд. На ман бояд назди онҳо равам". Бино ба нақли эшон, аз фарзандон Машраф ном писари дуюмашон кам - кам ҳунари падарро ба омўхтан сар карда буд.   Мутаассифона, вай асрори ҳунари қиблагоҳиро ба пуррагӣ наомўхта, баъди фавти падар дере нагузашта ғўрамарг шуд.

Имрўз чароғи ҳунари устод Маъруфхоҷа Баҳодуровро ягона пайрави он кас Маҳкамхоҷа Баҳоваддинов рўшан нигоҳ медорад. Чанд сабти якҷояи сурудаашон низ дар дасти ўст.

Вобаста ба садои баланди овози устод муаррих Усмонҷон Ғаффоров  - профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чунин изҳор доштанд:

-Дар ин дунё чунин овози баландро ба ғайр аз Маъруфхоҷа Баҳодуров боз ду  ҳунарманд доштанду халос. Инҳо Фёдор Шаляпини русҳо ва Пол Робсони зангии амрикоӣ. Воқеан ҳам, устод ҳунарманди нотакрор буданд.

Дар робита ба ҳамин масъала Ҳофизи халқии Тоҷикистон Баён Облоқулови панҷакентӣ зимни сўҳбат аз Симпозиуми байналхалқии мақомхонони Осиёи Марказии соли 1985 дар шаҳри Самарқанд нақл кард:

-Ману устод Маъруфхоҷа Баҳодуров ҳамроҳ “Ушшоқи Содирхон”-ро хондем. Овози эшон маро маҷбур кард, тамоми қувваамро сарф намоям.  Хеле дар ҳарос  будам, ки мабодо дар авҷ аз эшон ақиб намонам. Хушбахтона, ҳамааш хуб анҷомид.  

Ногуфта намонад, ки устод дар Осиёи Марказӣ ягона ҳофизе буданд, ки достони "Лайлӣ ва Маҷнун"-ро оҳанг баста,  худ сароидаанд.

Бурди он кас дар он буд, ки шеър ё ғазалро нахуст хуб омўхта, ба маънии аслаш рафта, баъд  оҳанг мебастанд. Мутаассифона, имрўз на ҳама ҳофизон чунин рафтор мекунанд.

Бино ба нақли Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ба Маъруфхоҷа Баҳодуров Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром низ эҳтироми хосса доштанд ва ҳар замон ба Хуҷанд оянд, ҳатман бо ҳофиз ҳамсўҳбат мешуданд. Он кас чунон ташнаи сўҳбатҳои Маъруфхоҷаи ҳофиз буданд, ки боре дафъатан ба Хуҷанд омаданд, бо ҳар баҳона чаҳор рўз паи ҳам дар чойхонаи "Амон" ош карданд ва устод Маъруфхоҷа Баҳодуров чун гули сари сабад маҳфилорои асосӣ буданд.

Шўҳрату эҳтироми ҳофизро дар ҷумҳурии ҳамсояи Ўзбекистон шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ борҳо шоҳид будаанд.

-Устод дар шўъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон ба ҳайси мушовир кор мекарданд,- ба хотир овард шоир,- соли 1993 ба вилояти Намангон ба ҷашни 300-солагии мавлуди шоир Машраб даъват шудем. Корро бинед, ки дар шаҳр як сартарош муриди ашаддии эшон будааст. Дар боғи шоир Машраб базми хеле осмонкаф шуд. Ман дар он ҷо дидам, ки мухлисони устод дар Намангон чӣ миқдор зиёд будаанд. Ҳофизони бисёр машҳур омада буданд. Вале чун навбати сурудхонӣ ба Маъруфхоҷа расид, халқ кати он кас нишастаро иҳота намуда, беист талаб мекард, ки Маъруфхоҷа хонанду хонанд... 

Имрўз дар хазинаи телевизиони ҷумҳурӣ ҳамагӣ ду сўҳбати эшон бо ҷурналист Оллоҳбердӣ Раҳмонбердиев мондааст. Дар хазинаи радиои ҷумҳурӣ низ сурудҳояшон маҳфузанд, кам бошад ҳам, мешунавонанд. Шукрона, ки дар вилоят бо мақсади дар хазина мондани Маъруфхоҷа Баҳодуров ҳамчун ҳунарманди нотакрор нависанда Анвар Олимов кўшиш ба харҷ додааст. Як филмномаи ў ва як сўҳбати телевизиониаш "Гуфтори тўтии гўё" дар хазина нигаҳ дошта мешавад.

Ногуфта намонад, ки ҳамчун ҳофизи мардумӣ шўҳрати эшон берун аз кишвар то ба мамлакатҳои хориҷа расида буд. Нимаи аввали солҳои 90-ум намояндаи як ташкилоти байналхалқӣ аз Австрия бо эшон сўҳбат ва сурудҳои он касро сабт кард.

Камина аз рўи ин хабар ба рўзномаи вилоятии "Ҳақиқати Ленинобод" таҳти унвони "Маъруфхоҷа Баҳодуров ба Австрия меравад" хабар чоп кунонидам. Вале сафари ҳунарманди маъруф ба Австрия баргузор нашуд.

Дар ҳамин маврид мехоҳам, нақли шоири зиндаёд Мирзомуҳиддин Ҳомидзодаро, ки бо тахаллуси Мўҳйии Хуҷандӣ шеър мегуфтанд, ёдовар шавам.

- Бузургии устодон Маъруфхоҷа Баҳодуров ва Боймуҳаммад Ниёзовро дар Арабистон дида қоил мондам. Ба яке аз дўконҳои тоҷире, ки аслу насабаш аз Хуҷанд будааст, даромадам. Фаҳмид, ки аз Хуҷандам, фитаи сурудҳои устод Маъруфхоҷа Баҳодуров ва Боймуҳаммад Ниёзовро пурсон шуд. Онҳо дур аз Ватан диёр ва санъати миллии худро сахт пазмон шуда будаанд. Бо афсўс гуфтам, ки надорам. Тоҷир гуфта буд:

-Агар як фитаи онҳоро медоштед, аз ин дўконам ҳарчӣ хоҳед, ба ивазаш медодам. Дар дўкони тоҷир аз ороишот сар карда, то мошини сабукрав буд.

Корвони умри пурбаракати ин ҳофизи номӣ 8-уми ноябри соли 1997, рўзи шанбе ба манзили охират расид. Митинги мотам дар ҳавлиаш баргузор шуд. Дўстон, аҳли ҳунару маърифат ва илм барои гусели устод омада буданд. Вақте ҷасади устодро ба қабр мемонданд, яке шоҳии аз сафари мубораки ҳаҷ овардаашон, ки ба ҷои кафан буд, кушода ва рўяшон намудор шуд.

Лаб моили табассум буд. Гумоно, ки мегуфтанд:

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷўй,

Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.

Мирзоаъзам Мақсудов,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Читать далее