04 May 2016
Вохӯриҳо бо интихобкунандагон
- Подробности статьи
Тӯли ҳафтаи равон бо мақсади шарҳи моҳият ва муҳтавои «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсии умумихалқӣ» дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот вохӯриҳои гурӯҳи корӣ аз маркази кишвар бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар шаҳри Конибодом чунин вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ доир гардид.
Дар он Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобокалон Муродзода, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидбой Зокиров, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Равшан, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Исомаддинзода Саидамин Акбар иштирок карда, доир ба аҳамият, моҳият ва зарурати ворид намудани тағийру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар сухан ронданд.
Аз ҷумла, Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобокалон Муродзода зикр намуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. Тағйротҳои солҳои 1999 ва 2003 ба Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида меъёрҳоро мустаҳкам намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардид. Минбаъд зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо дарназардошти тараққиёти ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем. Бо ин мақсад ба якчанд меъёрҳои Конститутсия тағйиру иловаҳо пешниҳод шудаанд.
Муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Саидбой Зокиров аз ҷараёни омодагиҳо ба баргузории Рӯзи интихобот, тайёрии участкаҳои интихоботӣ андешаронӣ карда, дастур дод, ки барои дар сатҳи зурурӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Чунин вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Э.Шарипов ва Р.Ҳамробоев, Пӯлодон, Патар ва Ғ.Ортиқов низ баргузор гардида, аҳолӣ ба суолҳои худ ҷавобҳои даркорӣ гирифтанд.
Парвина АБДУЛЛОЕВА
Читать далееДур зи ғам бошед
- Подробности статьи
Ҳар дафъа, ҷашнвораҳое, ки дар шаҳр доир мегардид, дӯстон дар чойхона ҷамъ омада, сари як пиёла чой пурсони саломативу кори якдигар гашта, муаммоҳои зиндагию корро «буд», «набуд» месохтем.
Ин навбат аз чӣ бошад, ки дӯстонам байни ҳам мусобиқакунон Абдулҳамид Самадов гуфта, ӯро ситоиш менамуданд. Бо моҳияти суханҳояшон нарафта ҳайрон мемондам. Ниҳоят худдорӣ карда натавониста, изҳор намудам:
Шумоён куҷою нависандаи забардаст Абдулҳамид Самадов. Давраи мактабхонӣ атрофи асари ин нависанда соатҳо баҳс карданатон кам буд, ки имрӯз боз сӯҳбататон қӯр гирифт.
Кош, устоди зиндаёдамон Муқаддасхон Раҳимов дар ин ҷо ҳузур медоштанд, бемуҳобот баҳои «5» бароятон буд. Шукр, ки ҳамаи мо «паррончак» шудем. Давраи мактабхонию донишҷӯиамон чун афсона вопасин гашт. Дигар такрор намешавад.
- Ана дидед, - гуфт ҳамсабақи донишҷӯиам Шарифхӯҷа Оқилови Кӯлкандӣ. Мо тут гӯем, Шумо бошед, бед мегӯед.
Мақсади мо, корафтодагон аз ин гуфтаҳо бӯи мошомоши мақоли «Ба духтар гуфтану келин шунав» - ро дорад.
Донед, ки Исфарамарз табибе дорад бо номи Абдулҳамид Самадов.
Он кас нафақат ҷарроҳи мумтоз, истеъдоди худодод, балки нотиқи нармсухан ҳам ҳастанд.
Кист ин табибе, ки вирди забонҳо гашта?.
Соли 1980 Абдулҳамид Самадов хатмкардаи соли 1980-уми Донишгоҳи тиббиит Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошанд. Аз ҳамон сол дар шӯъбаи ҷарроҳии бачагонаи беморхонаи марказӣ ҳамчун ҷарроҳ ба кор шурӯъ намудаанд. Бо устоди зиндаёди хеш Аҳмадбек Инъомов ҳазорҳо беморонро паҳлӯи ҳам истода, ҷарроҳӣ намуда, аз марг наҷот дода, умри дубора бахшиданд. ҳамаи амалиёти ҷарроҳие, ки барои калонсолон мегузаронанд, шӯъбаи ҷарроҳии хурдсолон то синни 15-сола роҳандозӣ мешавад. Номбурда аз соли 2007 вазифаи пурмасъулият мудири шӯъбаи ҷарроҳии бачагонаи Беморхонаи марказии шаҳрро ба ӯҳда дорад. Соҳибкасбиаш, омӯхтанҳояш аз устодони хеш, муомилаи хуш бо корафтодагону беморон ва ҳамкорон ӯро соҳибобрӯю вирди забонҳои хурду калон гардонид. Соли сипарӣ бо ҳамроҳии табибони шӯъба Аъзамҷон Турсунбоев, Дилшодҷон ҳоҷиев, Лутфуллохон Қодиров, Дилшодҷон Мақсудов, Парвизҷон ҳусейнов дар табобати 1080 нафар бемор саҳм гирифтанд, ки дар шӯъба бистарӣ гашта буданд, аз онҳо ба 723 нафар бемор ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Бояд зикр намоем, ки ҳама кормандони шӯъба аз фаррошон сар карда, то хоҳарони шафқату табибон меҳнатҳои шабонарӯзии ҷарроҳонро дарк намуда, бо дилу нияти пок заҳмат мекашанд. Ба беморон ва наздикони онҳо муомилаи хушу тасаллият пешаи корашон мебошад.
Қамбархон Низомӣ
ш. Исфара
Либосбизнес дар мактаб?!
- Подробности статьи
Абдураҳмон Қодирӣ таъкид бар он кард, ки бояд матоъ аз истеҳсоли ватанӣ бошад ва ҳатман тарзи дўзонидани он дар тамоми сехҳои дўзандагии вилоят ба таври густардаи рақобати солим сурат бигирад, то сехҳо бекор намонанд ва бо ин васила буҷаи кишвар бой гардад.
“Пул набарам, муаллим ҷанг мекунад…”
Аз забони аксари падару модарон шунидани суханҳои шикоятомез ба фарзандонашон ҳангоми гусели онҳо ба мактаб басо тааҷҷуббарангез аст: «Муаллимат аз пул сер мешавад ё не?», «Вай мактаб аст ё пулхона?», «Зиндагии муаллимат аз ҳисоби талабагон магар?» ва амсоли инҳоро шунида, кас бовар намекунад, ки ҳолати кор то ба ин ҳад расида бошад. Фарзандон низ бо шиква «То пул надиҳед, ба мактаб намеравам, бепул равам, муаллим ҷанг мекунад» гуфтани хонандагон низ ҷои дард аст.
Читать далееПардохти андоз – рушди давлат ва таъмини зиндагии шоиста
- Подробности статьи
Ҷиҳати афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ бо роҳи ҳавасманд намудани андозсупорандагон ва андозбандии пурраи онҳо ислоҳот дар бахши андоз вобаста ба ҳарчи содда намудани низоми андозбандӣ тавассути муносиб сохтани миқдори умумии онҳо ба таври ҷиддӣ идома дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола таҷлил намудани Рўзи кормандони мақомоти андоз бо ҳидояту раҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-уми май муқаррар карда шудааст. Моҳиятан ин Рўз иди тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон аст. Маҳз, ба шарофати фаъолияти мунтазами андозсупорандагони бомасъулият - соҳибкорони пуркору корхонаҳои пурсамар ғановати буҷети давлатӣ, ки ҳама аз он баҳраёб ҳастанд, пай-васта таъмин гардида, рў ба афзоиш дорад. Аз рўзҳои аввали арзи вуҷуд кардани мақомоти андоз ҳадафи асосии он бо роҳи таъмин намудани иҷро ва назорати амалисозии қонунгузории андоз, дар ҳамдастӣ бо андозсупорандагон, бо дарназардошти риоя ва ҳимояи ҳуқуқҳои қонунии онҳо, мунтазам афзоиш додани воридшавии маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ мебошад. Албатта, аз он вақт то ин дам мақомоти андоз бо сарварӣ ва сиёсати оқилонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз ниҳоди пурқуввату тақдирсози давлатӣ ва ҳамкори шарикии андозсупорандагон табдил ёфтааст.
Низоми миллии андоз дар давраи оғози эҳёи давлатдории Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин рукни бунёдии истиқлолияти давлатӣ ва асоси молиявии мавҷудияти давлат ба миён омадааст.
Дар ибтидо системаи тозабунёди андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва нерўи кории собиқ Раёсати даромадҳои давлатӣ ва андозҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон такя менамуд, ки дар соли 1990 вобаста ба ҷорӣ гардидани нахустасосҳои иқтисоди бозоргонӣ ва ташаккулёбии соҳибкории хусусии озод таъсис дода шуда буд. Дар заминаи он моҳи январи соли 1992 Сарраёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тобеияти бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд.
Қадами дигар дар раванди ташаккулёбии мақомоти андоз ба қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти давлатии андоз» дар моҳи марти соли 1992 алоқаманд аст. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 24 намуд андозҳо ва 11 намуд пардохтҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин 12 намуд андозҳо ва пардохтҳои маҳаллӣ амал мекарданд. Ҳамаи онҳо дар асоси қонунҳои алоҳида ҷамъоварӣ карда мешуданд.
Таъсисёбӣ ва ташаккул ёфтани системаи муосири андози кишвар бо номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таҳти роҳнамоии ў рушди минбаъдаи соҳа низ самаранок амалӣ гашта истодааст, пайванди ногусастанӣ дорад.
Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои мақомоти андоз» моҳи июли соли 1994, қадами устуворе дар такмил додани фаъолияти мақомоти андоз гардид. Бо он системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми нисбатан мукаммал дароварда шуд.
Бо мақсади такмили сохтор ва ташкили назорати мукаммали андоз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1995, таҳти рақами 221 дар заминаи Сарраёсати андоз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт.
Бо ташаббуси Сарвари давлат доир ба такмил додани қонунгузории андоз дар солҳои 1997-1998 корҳои зиёди барои низоми андоз ва андозбандии кишвар тақдирсоз анҷом дода шуданд. Самараву натиҷаи онҳо қабул гардидани нахустин Кодекси андоз – Санади меъёрӣ - ҳуқуқии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1998 ва аз 1 январи соли 1999 мавриди амал қарор гирифтани он мебошад.
Дар Кодекси андоз тамоми муқаррароти маъмурии дахлдори ҳамаи шаклҳои андоз, намуди мушаххаси андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ мегарданд, гирд оварда, ба андозгузорон додани рақами мушаххаси андозсупоранда пешбинӣ гардид ва шумораи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ кам карда шуд.
Моҳи январи соли 2002 дар заминаи кумитаҳои андоз ва гумрук Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар вазорат ду мақоми асосии ситонидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки қариб 90 фоизи қисми даромади буҷетро таъмин мекарданд, муттаҳид карда шуданд. Ин тадбир аз нуқтаи назари ислоҳоти системаи ҷамъоварии даромадҳои давлатӣ, чӣ тавре гузашти вақт собит сохт, қадами қатъӣ ва дурусте буд.
Тибқи тағйирот дар сохтори давлатӣ аз аввали соли 2007-ум Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд, ки то имрўз амал карда истодааст.
Бо мақсади ҳавасманд намудани кормандони мақомоти андоз барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланд дар ҷодаи таъмин намудан ва риояи қонунгузории андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, таҳти рақами 581 нишони Кумитаи андоз ва нишони сарисинагии «Аълочии мақомоти андоз» тасдиқ карда шуданд. Инчунин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, таҳти №753, рўзи 4 май ҳамчун «Рўзи кормандони мақомоти андоз» тасдиқ гардид.
Мувофиқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ, кормандони мақомоти андоз бояд либоси хизматӣ дошта бошанд. Дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода буд, ки ин кор соли 2011, дар арафаи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳамаи кормандони мақомоти андоз бо сару либоси хизматӣ таъмин карда шуданд.
Бо дарназардошти муҳайё намудани шароити беҳтару мусоид барои амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ, дархосту пешниҳоди соҳибкорон оид ба такмил додани қонунгузории андоз, кам кардани шумораи андозҳо ва эъломияҳо барои таҳия ва дар таҳрири нав қабул кардани Кодекси андоз аз тарафи Сардори давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд. Он моҳи сентябри соли 2012 қабул гардида, аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт.
Дар маҷмўъ, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав раванди андозбандиро шаффофтар сохта, соддаву оммафаҳм намудани матни он ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, муносибатҳои андозиро дар ҷамъият аниқтар ба танзим даровард. Шумораи моддаҳои он аз 359 то 329 адад, андозҳо аз 21 то 10 адад, истинодҳо аз 384 то 176 адад, эъломияҳои андоз то 41 фоиз, ҳисоботи андозӣ то 86 фоиз ва миқдори пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз кам карда шуданд. Андози фурўши чакана ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо аз номгўи андозҳо хориҷ ва барои дастгирии соҳибкории хурд ҳаҷми ҳадди ақали даромад барои бақайдгирӣ ба сифати супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба ҷойи 200 ҳазор сомонӣ 500 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шуд. Андозбандӣ аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ аз рўйи музди меҳнати миёна хориҷ гардида, андозбандии онҳо аз рўи ҳисоби воқеии музди меҳнат амалӣ карда мешавад.
Кормандони соҳаи андози вилоят ифтихор аз он доранд, ки ҳам дар гуфтор ва ҳам дар кирдор ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат мебошанд. Мақсади асосии кормандони мақомоти андоз ободии Тоҷи-кистони азиз, ғанигардонии буҷети давлатӣ, самаранок масраф кардани маблағ ва бо ин васила таъмини пойдории давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ аст.
Агар воридоти андоз аз рўи ҳамаи намудҳо дар соли 1995-ум 1,2 млн. сомониро ташкил дода бошад, он дар соли 2015-ум ба 1705,2 млн. сомонӣ (бо назардошти андози иҷтимоӣ) расонида шуд, ки нисбат ба маблағи аввала 1704 маротиба зиёд мебошад.
Дар зер ҷараёни инкишоф (динамика)-и банақшагирии андозҳо ва воридоти он ба буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 5 соли охир манзури хонандагон гардонида мешавад.
ДИНАМИКАИ БАНАҚШАГИРИИ АНДОЗҲО ВА ВОРИДОТИ ОН БА БУҶЕТ (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ)
Аз динамикаи овардашуда маълум мегардад, ки афзоиши воридоти андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 5 соли охир ба андозаи 2,2 баробар афзоиш ёфтааст, ки ин маблағҳо барои маблағгузории ташкилоти буҷетӣ, пардохти нафақапулиҳо ва ободонии шаҳру ноҳияҳо равона карда мешавад.
Мо имрўз бо сарбаландӣ гуфта метавонем, ки кормандони мақомоти андоз ҳар солу ҳар моҳ аз ўҳдаи иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет баромада, онро пурраву барзиёд иҷро менамоянд.
Дар ин музаффарият ва кори некў заҳмату талошҳои ҳамарўзаи кулли кормандони мақомоти андози вилоят ва дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо назаррас аст.
Бо шарофати Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Сарвари кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳоло тамоми сохторҳои мақомоти андози вилоят бо биноҳои маъмурӣ, компютер ва дигар воситаҳои кории ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Бо шукўҳу шаҳомати хоса ва бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи августи соли 2014 ифтитоҳ ёфтани фаъолияти бинои замонавии Маркази таълимии Раёсати андоз шаҳодати ғамхории доимӣ, таваҷҷўҳи пай-васта ва эътимоди куллии Сарвари давлат ба роҳбарият ва кормандони мақомоти андоз мебошад, ки мунтазам савияи дониши худро баланд бардошта, дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ аз пештара бештар саҳмгузор мешаванд ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишварро аз ҳама боло мегузоранд.
Ҳоло кормандони мақомоти андози вилоят имконияти пурраи гузаштани курсҳои такмили ихтисосро бевосита дар Раёсати андоз доранд, ки ҳамзамон, барои сарфаи вақти пурқимату маблағҳои буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
Сол аз сол миқдори андозсупорандагони ба қайди давлатӣ гирифташуда афзуда истодааст. Мутобиқи қарори Раиси вилояти Суғд, таҳти №287 аз 9-уми декабри соли 2013 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» аксарияти хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм таҷдид гардида, миқдори умумии ҳоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ ба санаи 1-уми январи соли 2016 ба 50586 адад расонида шудааст.
Истифодаи барномаҳои компютерии системаи иттилоотии андоз, ки аллакай 23 ададро ташкил медиҳад, падидаи нави даврони истиқлол буда, фаъолияти мақомоти андозро ба стандартҳои байналмилаливу ҷаҳонӣ наздик мегардонад, ки боиси ифтихори масъулини соҳа мебошад.
Дар ҷараёни маъмурикунонии андоз васеъ ҷорӣ намудани технологияи муосир дар самти пешниҳод, қабул ва коркарди ҳисобу эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ яке аз омилҳои муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон мебошад.
Бо ташаббуси Кумитаи андоз гузариш ба шакли электронӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Истифодаи системаи электронии ирсоли ҳисобот ва коркарди онҳо ба андозсупорандагон имкон медиҳад, ки бе ҳозир шудан ба мақомоти андоз эъломияҳои худро пешниҳод намоянд ва маълумоти заруриро аз мақомоти андоз дар шакли электронӣ гиранд. Ин роҳи самараноки такмил додани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон буда, имкониятҳои пешгирӣ намудани вайронкуниҳои қонун-гузории андоз, аз байн бурдани омилҳои таъсири манфирасонанда ва ба роҳ мондани ҳамкории шарикиро миёни андозситону андозсупор фароҳамтар мегардонад. Вобаста ба ин теъдоди андозсупорандагони фаъолу пешрав беш аз пеш афзуда истодааст. Дар соли 2015 аз 78890 андозсупорандагони дар қайди мақомоти андоз буда, 5006 нафар шахсони хуқуқӣ ва 4308 нафар соҳибкори инфиродӣ пурра ба шакли электронии пешниҳоди ҳисоботҳои андоз гузаронида шуданд.
Корҳои назоратӣ дар мақомоти андоз низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар зер таҳлили 5-солаи корҳои санҷишию назоратии фаъолияти андозсупорандагон оид ба дуруст ҳисоб кардани андозҳо ва саривақт пардохт намудани он манзури хонандагон гардонида мешавад.
Аз маълумоти овардашуда маълум мегардад, ки шумораи андозсупорандагон сол аз сол зиёд шуда истода бошанд ҳам, аммо шумораи санҷиши андозҳо дар солҳои охир кам гардида истодааст. Дар давоми соли 2015 шумораи санҷиши андозҳо 178 адад ба маблағи 16,8 млн. сомонӣ кам гардидааст.
Тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, таҳти №456 аз 31 августи соли 2012 “Дар бораи Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолияти воҳидҳои сохтории мақомоти андоз аз рўйи принсипҳои функсионалӣ амалӣ шуда истодааст. Яке аз мақсадҳои асосии ҷорӣ намудани роҳандозии фаъолияти мақомоти андоз аз рўи принсипи функсионалӣ маҳз такмил додан ва ба талаботи имрўзаи субъектҳои хоҷагидорӣ мувофиқ гардонидани дараҷа ва тарзу усулҳои хизматрасонии мақомот ба андозсупорандагон умуман ва аз тарафи ҳар як корманди он мебошад.
Бахши муҳимтарину ивазнашавандаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон амалӣ ва мунтазам пурзўр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, машваратию тавзеҳотӣ, ҳам ба таври мустақим ва ҳам бо истифода аз воситаҳои ахбори омма бо андозсупорандагон аст.
Бо ин мақсад аз ҷониби кормандони мақомоти андоз дар давоми соли 2015 бо иштироки 48280 нафар андозсупоранда 669 семинар - машварат баргузор намуда, дар шабакаи телевизионӣ 57 баромад ва радио 15 баромад пахш карда, дар рўзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ 15 мақола оид ба самтҳои гуногуни маъмурикунонии андоз, музди меҳнат ва шумораи коргарони кироя, бақияи қарзи андозҳо ва пардохти саривақтии андози иҷтимоӣ нашр намуданд.
Бо ташаббуси Раёсати андоз тавассути телевизиони вилояти Суғд барномаи махсуси “Андоз-пояи давлат” ташкил карда шуд, ки дар давоми соли гузашта 18 барнома, аз аввали соли 2016 то имрўз беш аз 20 барномаву гузоришҳо оид ба масъалаҳои маъмурикунонии андози иҷтимоӣ, назорати муомилоти маҳсулоти зераксизӣ, муқаррароти Кодекси андоз, баҳисобгирии объектҳои молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воридоти ғайрирасмии молу маҳсулот ба ҳудуди вилоят ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа таҳия ва пешкаши бинандагон гардид.
Тақвият бахшидан ба амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳии қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз усулҳои муассиру самарабахши беҳтар намудани дараҷаи хизматрасонӣ, сари вақт ва бештар огоҳ намудани андозгузорон аз тағйироти қонунгузории андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ ва бо ин васила паст кардани гаронии андоз ва чун натиҷа афзоиши воридшавии маблағи андозҳо ба буҷет мебошад, ки сарчашмаи асосии таъмин намудани пешравии соҳаҳои мухталифи иқтисоду иҷтимоӣ, баланд гардидани сатҳи зиндагӣ ва некўаҳволии мардуми вилоят аст.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, роҳбарияти Раёсати андоз дар вилояти Суғд ба ҳамаи онҳое, ки дар ин самт саҳми босазои худро гузоштанд, миннатдории самимии худро изҳор менамояд.
Таҷлили ҷашни касбӣ - Рўзи кормандони мақомоти андоз сол аз сол бештару беҳтар эҳсос мешавад. Кормандони мақомоти андоз азми он доранд, ки ин санаи фархундаро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифта, дар пешравӣ ва рушду нумўи Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд.
Кормандони мақомоти андоз барои таҷлили санаи таърихӣ – ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кўшиш намуда, азм доранд, ки нақшаи пешбинишудаи қисми даромади буҷети давлатиро дар санаҳои ҳисоботӣ бо сифат ба иҷро расонанд.
Бо итминони комил ба созандагию бунёдкорӣ ва ободонии Ватани маҳбубамон ҷашни фархундаро ба кулли кормандону алоқамандони соҳа ва андозсупорандагон муборакбод гуфта, таманно дорам, ки ҳамеша тансиҳату сарбаланд ва комёбу зафарманд бошанд.
Бахтиёр СУЛТОН,
сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд,
Сармушовири мақомоти андоз
дараҷаи I, Аълочии мақомоти андоз
Вохӯрӣ бо пирони кор
- Подробности статьи
Бо Фармони Асосгузору сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомали Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исфара Дилшод Расулӣ таъин гардид.
Раиси нав таъингардида як гурӯҳ собиқадорони меҳнат, пирони барнодилро ба ҳузур пазируфт.
Пирони кор дасти дуо бардошта, ба раиси нави ноҳия, пеш аз ҳама тани сиҳат, дар ободониву рушду нумӯи шаҳру деҳоти Исфарамарз дар чунин як вазифаи пурмасъулият барори кор орзу намуданд.
Дилшод Расулӣ дар интиҳо ба пирони хирад барои маслиҳатҳои муфид ва дуои хайрашон изҳори ташаккур ва миннатдорӣ карда гуфт:
- Ман, ки худ зодаи ин шаҳри зебоманзар ҳастам, пеш аз ҳама кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ба боварии Пешвои Миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки маро ба чунин як вазифаи пурмасъулият сазовор донистаанд ва Шумоёни азиз, ки маслиҳатҳои хеле муфид ва дуои хайр додед, сазовор шавам.
Бобо ТӮЙЧИЗОДА,
шаҳри Исфара, собиқадори меҳнат
Муҳаббат ба ватан нигаҳбони ӯ буд
- Подробности статьи
Сарибоев Умарқул фарзанди оилаи барўманди деҳаи Оқтеппаи ноҳияи Спитамен (Нов) аст. Вақте падараш аз олам гузашт, ӯ ҳафтсола буд. Чанде нагузашта модари азизаш ҳам аз сабаби беморӣ соли 1937 аз олам гузашта Умарқулу бародараш Мавлонқул ва Умарқул, ду хоҳараконаш Биҳанифаи 4-сола ва Бихадичаи 2 сола бепарастор монданд.
Мавлонқул дар синни 18-солагиаш, соли 1940 ба хизмати Модар Ватан даъват гардид.
Соли 1942 бошад ду ҳохари азизашро ба хешу ақрабо супорида Умарқул низ ба ҳимоят Модар Ватан равон шуд.
Аз 21 октябри соли 1942 дар дивизияи махсуси тирандозии ҷабҳаи ҷабҳаи Белоруссия ҳамчун ёрдамчии командири дивизия, серҷанти калон шуда хизматро оғоз намуд.
То соли 1945 дар як қатор задухӯрдҳо ба ҳайси разведкачӣ ва тирандози моҳир хизмат кард ва дар озодкунии шаҳрҳои Москва, Сталинград ва як қатор мамлакатҳои Прибалтика, Чехословакия ва Руминия ҷангид.
Барои хизматҳои софдилона ва часурона бо як қатор ордену медалҳо сазовор гардид.
Соли 1945 моҳи апрел дар даромадгохи шахри Берлин аз тарафи командири дивизия ба гурўҳи серҷанти калон Сарибоев Умарқул вазифаи махсусу бениҳоят маъсулиятнок супорида шуд. Баъди ичро намудани ин супориш бояд ба командир бо ишора аз иҷрои супориш иттилоъ додан лозим буд. Ва Умарқул якумин шуда аз ҷои пинҳонияш рост шуд, то ишора кунад. Ногаҳон тири душман рост ба пешониаш зад ва ӯ беҳуш шуда афтид.
Баъд аз се моҳи табобат дар госпитали ҳарбӣ соли 1945 моҳи июн ба диёри худ бо сари баланд баргашт.
Баъди ҷанг ба коллеҷи омўзгории шаҳри Ленинобод, ба гурўҳи забон ва адабиёти рус дохил шуда, соли 1947 ба ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус онро хатм намуд.
Даҳ сол дар вазифаи муаллими забон ва адабиёти русӣи мактаби ба номи Э. Телмани ноҳияи Нов (Спитамен) фаъолият бурд.
Сипас бо вазъи саломатӣ ва шароити оилавӣ ӯ ба кори дигар гузашт. Он вақт ӯ соҳиби ҳашт фарзанд буд.
Захмҳои ҷанг таъсири худро мерасонд ва ӯ ба идораи почтаи деҳаи Оқтеппа ба кор гузашт ва баробари ин дар хона бо бачагонаш нонвоӣ мекарданд. Оилаи Сарибоевҳо беш аз 20 сол ба мардум чун нонпазони машҳур хизмат карданд.
Зумрад АБДУАЛИЕВА,
дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ
Боодоб бош то бузург шавӣ…
- Подробности статьи
Дар тамоми макотиби кишвар нисбат ба илмомӯзии толибилмон диққати махсус зоҳир мешавад. Албатта, ин сазовори таҳсину офарин мебошад, аммо бархе аз ҷавонон пойбанди ҳавову ҳавасанд. Барои инсони комил гаштан танҳо илму дониш нақши асосиро ифода намекунад, балки пеш аз ҳама одобу ахлоқ, тарбияи дуруст ва шуури баланди ахлоқӣ нақши асосиро мебозанд ва тарбияи хуби насли наврас метавонад, халқу миллатамонро пайваста шукуфо намояд.
Ба суоле, ки гунаҳкори асосии ин ҳама бесару сомониҳои ахлоқу одоб «кист?» ва ё «чист?», мо посухҳои гуногун мешунавем. Яке интернетро гунаҳкор мешуморад, каси дуввум оиларо, каси саввум мактаб ва ҳоказо.
Аъзои оила ба ин суол таҳқиромезу пурхашм «гунаҳкори асосии ин ҳама мактаб мебошад» - гӯён масъулияти худро бар дӯши устодон мегузоранд. Аммо устодон бошанд, гунаҳкори асосиро оила меҳисобанду масъулиятро бар дӯши волидон вогузор мекунанд. Магар аз масъулиятро бар дӯши якдигар ҳавола намудан вазъият тағйир меёбад?
Ба фикри ман, на! Гунаҳкори асосӣ ҳам оила, ҳам мактаб ва ҳам ҷомеаи имрӯзаи мост, зеро ки тарбияи комили наврасон ин кори дастаҷамъона аст.
Инсон аз лаҳзаи таваллуд то ба охир дар маркази як секунҷае аст, ки аз он ҳаргиз берун баромада наметавонад. Дар кунҷи аввали он оила, дуввум мактаб ва дар кунҷи саввум ҷомеа ҷойгир аст. Мо дар оила тавлид мешавему ба воя мерасем, дар мактаб таълиму тарбия мегирем, дар ҷомеа чун шахсият шинохта мешавем ва чун фарди соҳибмаълумоту комилҳуқуқ кору фаъолият мекунем. Гунаҳкори дигари косташавии одоби наврасону ҷавонон ин «Интернет» мебошад. Дуруст аст, ки мо аз интернет маълумоти бароямон лозимаро зуд дарёфт менамоем. Аммо шахсоне пайдо мешаванд, ки онро бар зарари мо коркард намудаанд. Сабаби ба ҷиноятҳои вазнин аз қабили таҷовуз ба номус, терроризм, экстремизм, куштор, дуздӣ ва ғайра даст задани ҷавонон ин видеороликҳо, филмҳои таҷовузкорона аз саҳифаҳои гуногуни интернетӣ мебошанд, ки ҷавонони моро бераҳм, қотил, дузд ва беэҳтиром нисбати дигарон месозанд.
Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҳангоми дуруст ба роҳ мондану ҷоннок кардани кори таълиму тарбия дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», як андоза одобу ахлоқи хонандагон беҳтар шуда, аз доми ин корҳои ношоиста раҳоӣ хоҳанд ёфт.
Сарафроз ЗОКИРОВ,
омӯзгори МТМУ № 43-и ноҳияи Fончӣ
Қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 апрели соли 2016 № 200
- Подробности статьи
Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯён, магистрантом ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят аз рӯи ҷамъбасти соли хониши 2015 - 2016
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститугсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», бо мақсади ҳаавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии донишҷӯён, магистрантом за аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд қ а р о р мекунам:
1. Стипендияи Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят аз рӯи ҷамъбасти соли хониши 2015 - 2016 муқаррар карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва нақшаи тақсимоти стипендияи Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯён, магистрантом ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят аз рӯи ҷамъбасти соли хониши 2015 - 2016 тасдиқ карда шаванд.
3. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ҳамоҳангсози муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят аз рӯи ҷамъбасти соли хониши 2015 - 2016 муайян карда шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н. А. гузошта шавад.
Читать далееҚарори Раиси вилояти Суғд аз 28 апрели соли 2016 № 198
- Подробности статьи
Дар бораи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!»
Мутобиқи модаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ, оммавию варзишӣ, тарбиявию ахлоқӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд қарор мекунам:
1. Санаи 23 майи соли 2016 Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» таҷлил карда шавад.
2. Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасдиқ карда шаванд.
3. Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят якҷоя бо раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят силсилаи чорабиниҳоро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят ба роҳ монанд.
4. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот чорабиниҳои мухталифро байни ҷавонону наврасон амалӣ намоянд.
5. Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская Правда», «Суғд Ҳақиқатӣ», муассисаи давлатии маҷаллаи «Паёми Суғд» барои инъикоси ҳамаҷонибаи чорабиниҳо ва ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят силсилаи барномаҳо таҳия ва пахш намоянд, маводҳои ҷолиб дарҷ кунанд.
6. Ба Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят супорида шавад, ки хароҷоти вобаста ба баргузории чорабиниҳоро аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад пешбинигардидаи нақшаи чорабиниҳои рушди иҷтимоии ҷавонон дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2018 барои соли 2016 амалӣ намояд.
7. Ба Раёсати фарҳанги вилоят супорида шавад, ки маблағгузории вобаста ба гузаронидани чорабинии ҷамъбастии фарҳангӣ, барномаи театрикунонидаю консерти идонаро тибқи харҷнома аз ҳисоби маблағҳои барои соли 2016 пешбинишуда таъмин намояд.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А. гузошта шавад.
Читать далее