December 2014
30 December 2014
Самараи сафарҳои корӣ
- Подробности статьи
Январ
Аввали моҳи январ ифтитоҳи коргоҳи дўзандагӣ дар бозори 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сурат гирифт.
Феврал
Макони таърихии умри беш аз ҳазорсола доштаи Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят аз ҷониби Раиси вилоят мавриди азнавсозӣ қарор гирифт.
*Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Зафаробод оид ба рафти таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм, таъмиру тармими насосҳои обкашӣ, бо сифати баланд гузаронидани корҳои омодагӣ ба мавсими обёрӣ ва ғайра сурат гирифт.
*Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолияти ҶДММ «Фаровон»-и шаҳри Қайроққум, ки иқтидораш коркарди 100 тонна гандум дар як шабонарўз аст, шинос шуд.
Март
19 март Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Исфара дар маросими ифтитоҳи бинои истиқоматии 30 ҳуҷрадор, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи кимёвӣ» ба истифода дода шудааст, иштирок намуд. Худи ҳамон рўз дар бинои якуми Беморхонаи марказии шаҳри Исфара маркази ташхисӣ-диагностикӣ ифтитоҳ ёфт.
Апрел
10-уми апрел Раиси вилоят аз пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Конибодом дидан намуд. Сарвари вилоят бо кишоварзони деҳа, ки дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм соҳиби саҳми замин шуданд, мулоқот кард.
*Ҳангоми супурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар маҳаллаи навбунёди маркази вилоят ба 22 нафар журналист, 36 нафар омўзгорони собиқадор, кадрҳои ҷавони макотиби олӣ ва таҳсилоти умумии маркази вилоят Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат варзид.
Май
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи хоҷагии халқ ва раванди бунёдкорӣ Раиси вилоят ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент ташриф оварда, бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия, коргоҳи бунёдшавандаи заршўӣ, ки иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарўзро дорад, ошно гардид ва дар шаҳри Панҷакент бо фаъолон мулоқот орост.
*Иштироки Раиси вилоят дар коргоҳи навтаъсиси дўзандагии «Муҳайё ва Со», анҷоми корҳои таъмир ва навсозии МТМУ № 28, мумфаршкунии роҳи кўчаи ба номи Спитамен ва хоҷагии деҳқонии «Исломбой-саркор»-и ноҳияи Спитамен хеле хотирмон буд.
Июн
Боздиди Раиси вилоят аз мағозаи «Дунёи атлас», корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки истеҳсоли 30 намуди либос, аз ҷумла, куртаҳои мардона ва занона, сарулибоси мактабиву корӣ, рахти хобро ба роҳ мондааст, ҷараён гирифт.
*Маросими ифтитоҳи пайкараи ҳунарманди асил ва ромишгари мумтоз Содирхон Ҳофиз дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сурат гирифт.
*Сохтмони пойгоҳи обкашӣ дар шаҳраки навбунёди мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилоят расман оғоз ёфт.
*Дар доираи эълон гардидани «Соли 2014-Соли роҳҳои обод» Раиси вилоят дар маросими мумфаршкунии роҳи автомобилгарди Бўстон-Майдончаи комсомол иштирок кард. Инчунин аз рафти корҳои сохтмонии дидбонгоҳи сарҳадии қисми низомии 2850-уми Қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ-ро мавриди назар қарор дод.
*Бо иштироки Раиси вилоят бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 28-уми деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Ғончӣ, ки тариқи ҳашар бунёд гардид, мавриди истифода қарор гирифт.
Июл
Сафари Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ҶДММ «Нуқрафом», корхонаи коркарди маъдани нуқраи кони «Канҷол» ва бо ҷараёни бунёди ду коргоҳи саноатӣ-комбинати металлургӣ ва коргоҳи сементбарории шаҳри Истиқлол сурат гирифт.
*Абдураҳмон Қодирӣ дар форуми кишоварзони Сибир-«Саҳрои Сибир-2014» иштирок кард ва аз намоиши байналхалқии техника ва дастовардҳои муосири соҳаи хоҷагии қишлоқ дидан кард.
*Баргузории Иди зардолу ва намоиши минтақавии «Суғд-2014», дар даҳрўзаи охири моҳи июн, ки дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилоят ва 100 ширкати истеҳсолии вилоят ва ҳунармандони халқӣ хеле хотирмон буд.
Август
Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бахшида ба гиромидошти хотираи Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ Исмоил Ҳамзаалиев мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба бокс баргузор гардид.
Сентябр
Бо мақсади шиносоӣ аз рафти омодагии кишоварзон ба мавсими ҳосилғундорӣ ва иштирок дар маъракаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.
*Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар Маркази дилшиносии вилоят ба номи профессор Амонулло Орифов ба муносибати ба истифода додани бинои нави табобатӣ ширкат варзид.
*Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод. Зимни ин сафар як қатор иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, ҳамчунин раванди корҳои ободонӣ ва фаъолияти кишоварзон мавриди назар қарор гирифтанд.
Октябр
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Қайроққум сафари корӣ анҷом дода, аз фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ аз ҷумла, корхонаи ордбарории ҶДММ «Чархи гандумин», ҶДММ «Хубон», ҶДММ «Сидней-Хуҷанд», ҶДММ «Дўстон» дидан намуд.
*Соли равон ба истифода додани роҳи автомобилгарди Зафаробод-Истаравшан ба воситаи деҳаи Уяс ба нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ворид гардида буд ва он пас аз таъмири куллӣ бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ расман ба истифода дода шуд.
*Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи сафари хеш Раиси вилоят сараввал ба рафти корҳои обтаъминкунии мавзеи Моҳпарӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуд. Дар идомаи сафари хеш ба шаҳру деҳоти Исфара рафти корҳоро дар роҳи автомобилгарди Исфара-Ворух мавриди назар қарор дод.
Ноябр
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва ифтитоҳи бинои нави замонавии таълим ба ин боргоҳи илму ҳунар ташриф овард. Бинои мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, маблағҳои захиравии донишкада ва саҳмгузории ширкати «Тиниал» бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ давоми шаш моҳ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфт.
Декабр
Машқҳои ситоди фармондеҳӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби сохтору мақомоти қудратии Гарнизони Суғд баргузор гардид. Дар он ба аъзои ситод ва фаъолони машқҳои ситоди фармондеҳӣ сипосномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулиро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ супурданд.
*Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ варзишгари номии вилоят Комроншоҳи Устопириён ва мураббии ўро ба ҳузур пазируфта, ба варзишгар хонаи дуҳуҷрагӣ аз маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд тақдим намуд.
Читать далее
Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо аҳли илму фарҳанг
- Подробности статьи
Дар арафаи Соли нави мелодии 2015 дар Қароргоҳи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо аҳли илму фарҳанги вилоят баргузор гардид. Раиси вилоят сароғоз аз натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2014 ибрози назар намуда, дастовардҳои шоистаи мардуми вилоят, бахусус аҳли илму фарҳангро шоиста арзёбӣ намуд.
Воқеаҳои муҳимтарини сол
- Подробности статьи
Инак, боз як соли пур аз ҳаводис, воқеоту рўйдодҳо паси сар монд. Ҳар сол бо хусусиятҳои хос ва файзи қудумаш дар китоби таърихи башар сабт мегардад. Соли 2014 дар ҳаёти мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла вилояти Суғди бостонӣ чӣ нақше дошт? Ба ҳар ҳол соли рафта барои мардуми кишварамон баробари баъзе ноомадҳояш соли хуб, бобарор, пур аз воқеаву ҳодисаҳои рангин буд. Хостем, бархе он ҳодисаҳоеро, ки дар зиндагии мардум нақши муассир доштанд, ба лавҳи хотир орем.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрон!
- Подробности статьи
Табрики Раиси вилоят ба муносибати Соли нави 2015
Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2014 бо баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ - таҷлили 20 – умин солгарди қабули Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бузургдошти 600 – солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва баргузории ҳамоишҳои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар таърихи давлатдориамон саҳифаҳои тозаеро боз намуд.
29 December 2014
Иқдомҳои созандагӣ ва эътибор ба соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус фарҳанг тавсеа меёбад
- Подробности статьи
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо, масъулон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат варзиданд.
164 корхона бо 3172 ҷойи нави корӣ
- Подробности статьи
Мавқеи вилоят ҳамчун минтақаи агросаноатии ҷумҳурӣ мустаҳкам гардид
Соҳаи саноат яке аз ҷузъҳои таркибии иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб рафта, дар он потенсиали калони истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хўрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд аст.
-Мақсади асосии рушди саноати вилоят ин ташаккул ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва сатҳи техникии истеҳсолот, таъмини истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи замон ҷавобгў бо истифодаи технологияи пешқадам барои бозори дохилӣ, васеъ намудани номгўи маҳсулот барои бозори беруна мебошад, -изҳор дошт зимни сўҳбат мудири шўъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода. Ҷоизи зикр аст, ки саноат яке аз қисматҳои асосии иқтисодиёти вилоят буда, аз оғози соли равон то моҳи декабр дар натиҷаи ҳамкории ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва саноатчиён баҳри таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат бобати ба кор андохтани таҷҳизоти нави рақобатноку воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, рушди содирот ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардид.
Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 3,4 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 787,6 миллион сомонӣ афзудааст. Агар дар 11 моҳи соли 2013-ум суръати рушди саноати вилоят ба 111,1 фисад баробар шуда бошад, он гоҳ нишондиҳандаи мазкур дар соли ҷорӣ ба 130,2 фисад ва бо назардошти индекси нархҳо ба 129,6 фисад расид, ки қариб се маротиба зиёд аст.
Дар ин давра дар миқёси вилоят 32,8 миллион дона хишти сохтмонӣ, 1,5 миллион метри мураббаъ қолин ва маснуоти қолинӣ, 611,1 ҳазор тонна ангиштсанг, 299,5 ҳазор метр қубурҳои полиэтиленӣ, 66,4 ҳазор тонна орд, 54,1 ҳазор тонна семент ва дигар маҳсулот истеҳсол карда шуд.
Тибқи маълумоти расмӣ, агар дар миқёси ҷумҳурӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ бо назардошти индекси нархҳо 5 фоизро ташкил карда бошад, он гоҳ нишондиҳандаҳои вилоят нисбат ба нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ 24,6 ченаки фоиз зиёд аст.
Зиёда аз он, тибқи маълумоти дастрасшуда, вилоят аз рўйи суръати рушди саноат дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Ва ин имкон дод, ки ҳиссаи саноати вилоят дар ташаккулёбии маҷмўи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба 37 фисад баробар гардад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 фоиз зиёд аст. Дар натиҷа мавқеи вилоят ҳамчун минтақаи агросаноатии ҷумҳурӣ мустаҳкам карда шуд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар ин давра шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Бобоҷон Fафуров, Fончӣ, Қайроққум, Шаҳристон ва Чкалов дар заминаи нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ тавонистанд, саҳми худро дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намоянд. Мутаассифона, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Зафаробод рушди саноатро таъмин карда натавониста, дар иҷроиши нақша ба ақибмонӣ роҳ доданд.
Чун дар мавриди шумораи корхонаву коргоҳҳои нав пурсон шудем, Озифхон Шарифзода изҳор дошт, ки аз оғози соли равон ба истифода додани 155 корхонаву коргоҳҳои нав ва бо ин беш аз 5000 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шуда буд. Дар натиҷаи амалишавии тадбироти мушаххас дар 11 моҳи соли равон дар миқёси вилоят 164 корхонаи нави хурду бузург бо 3172 ҷойи кори нав ба фаъ-олият шурўъ намуд, ки 9 коргоҳ зиёд буда, дар ин самт корҳо идома доранд. Бино ба гуфти номбурда, корхонаҳои таъсисдодашуда асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмонӣ, хўрокворӣ, маъданҳои кўҳӣ, сабук ва саноати сўзишвориро дарбар мегиранд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки давоми 11 моҳ дар қаламрави вилоят ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ сармоягузории асосӣ амалӣ гардид, ки аз он 550,1 миллион сомонӣ дар соҳаи саноат мебошад.
Озифхон Шарифзода инчунин зикр намуд, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар давоми ду соли охир ба вилоят ба маблағи умумии 118,1 миллон доллар (қариб 650 миллион сомонӣ) таҷҳизоту технология ворид карда шуда, аз он ба маблағи 41 миллион доллар (наздик 220 миллион сомонӣ) таҷҳизоти нави технологияи имтиёздор буда, ба маблағи 45,5 миллион сомонӣ аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда шудаанд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, агар соли 2013-ум музди маоши миёнаи кормандони соҳаи саноат 891 сомонӣ бошад, алҳол ин нишондиҳанда ба 1036 сомонӣ баробар гардидааст, ки 145 сомонӣ зиёд аст.
Мавсуф дар бобати нақшаҳои ояндаи соҳаи мақомоти иҷроия ҳарф зада, иброз дошт, ки соли 2015-ум низ 170 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ сохта, ба истифода додан дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, боз ҳам баланд бардоштани музди меҳнати кормандон ва муҳайё намудани шароити хуби корӣ зери назорати доимии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.
Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»
Пардаи тираи ҷаҳолат
- Подробности статьи
Руҷўъ. Дар назди утоқи кории табиби дармонгоҳ чун дигарон дар навбат нишастаам. Ҳамроҳи мо зане бо ду нафар кўдакаш - яке 5-солаву дигаре 7-сола мунтазири қабули табиб аст. Зан мисоли нурест, ба қавле, аз рўяш нур меборад, аммо маҳзун, андешаманд. Кўдаконаш бо ҳаракатҳои ғайриоддӣ диққати аҳли нишастро ба худ мекашиданд.
Ҳозирбудагон яке бо теғи нигоҳу дигаре дуздида ба модару он ду кўдак менигаристанд. Ду кўдак аён буд, ки нуқсони ақлонӣ доранд. Модари пуртоқат «ноз»-и он ду тифлаконашро «мебардошт». Теғи нигоҳи чанд нафар аз нишастагон он зани андешамандро ба нақли саргузашташ водор сохт. Волидайн ба хотири бегона нашудани дороиаш додарзодаашро келин кардааст. Ва меваи умри онон нуқсондор ба дунё омадаанд.
Издивоҷ ва танзими қонунии он
Ҳамин нақли зан маро водор сохт, ки ба маълумоти оморӣ назар дўзам ва дар асоси он аз намояндагони табақаҳои гуногуни марбут ба ин масъала ва ҳамчунин аз ашхоси солашон мухталиф сўҳбат ороям.
Тавре аз сомонаҳо аён гардид, доир ба масъалаи мазкур, ки имрўзҳо андаке ташвишовар гаштааст, бо ибтикори Маркази миллии қонунгузорӣ ва бо ҳузури намояндагони мақомотҳои давлатӣ, намояндагони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, масъулони созмонҳои байналмилаливу иҷтимоӣ ва коршиносону мутахассисон таҳти унвони «Издивоҷ ва танзими қонунии он» мизи мудаввар баргузор шуд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Амиршоева дар мизи мудаввар пешниҳодоти хешро қайд карда, марбут ба ин масъала, яъне оид ба манъи никоҳи хешутаборӣ лоиҳа низ омода сохтааст. Ба ақидаи ў, чунин ақди никоҳ солҳои охир хеле авҷ гирифта, бештар он ба вазъи иҷтимоии оилавӣ марбут шудааст, яъне издивоҷи хешутаборӣ дар байни сарватмандон ба хотири бегона нагаштани моликияташон сурат гирифта истодааст.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвари мо беш аз 25 ҳазор кўдакони маъюб таваллуд шудаанд, ки 35-40 фоизи онон аз издивоҷи хешутаборӣ ва модарзодӣ ба дунё омадаанд. Дар ҳамон мизи мудаввар намояндаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фикрҳои Саодат Амиршоеваро ҷонибдорӣ намуда, чунин гуфта буд:
- Ҳарчанд тадқиқоте нисбат ба никоҳи хешутаборӣ анҷом дода нашудааст ва чунин ҳолат идома дорад, аммо ба хотири тоза нигоҳ доштани генофонди тоҷикон ман тарафдори манъи никоҳи хешутабориам.
Аз маълумоте, ки дастрасамон гардид, дар ҳудуди вилояти Суғд 80 дарсади кўдакони маъюб ва ҳамчунин 15 дарсади хурдсолони аз бемориҳои мухталиф ҷондода аз никоҳи хешутаборӣ зода шудаанд. Бино ба тадқиқот, бештари никоҳи хешу таборӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Исфара ва Истаравшан ба мушоҳида расидааст.
Вақте дар ин бобат аз шахсони синну солашон мухталиф пурсиш ба амал овардам, ҷонибдорон низ буданду зидди чунин никоҳ ҳам ақидаи хешро иброз доштанд. Нахуст пурсиши мо аз намояндаи шўъбаи Асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар бораи шартҳои бастани ақди никоҳ тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваллуд ва дигар маълумотҳои ҷорӣ сурат гирифт. Дарозои 11 моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 1798 ақди никоҳ баста шуда, ҷудошавии оила 378 адад, ки аз ин 250 адад бекоркунии ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи суд ва 128 адад дар асоси розигии ҳамдигар, ки фарзанди ноболиғ надоранд, ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат 4218 тифл ба дунё омадааст.
Доир ба масъалаи издивоҷи хешутаборӣ дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоте зикр нагардида бошад ҳам, аммо дар моддаи 14-ум оид ба ҳолатҳое, ки монеаи ақди никоҳ мегарданд, чунин омадааст: «Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст: - байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад; - байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ); - байни бародарону хоҳарону айнӣ ва ўгай (ки аз як падар ё модаранд); байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон; - байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рўҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст; - байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби сўиистифодаи нўшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст».
Оқибати ҳузнангез
Дар асоси маълумотҳои дастрасгардида бо мутасаддиёни шаҳру навоҳӣ сўҳбат оростем, инак андешаи чанде аз онон: Гавҳархон Ҳамроева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Исфара: - Солҳои пешин бастани ақди никоҳи хешутаборӣ дар шаҳри Исфара рў ба афзоиш ниҳода буд. Дар ҳақиқат баъзан ба мушоҳида мерасад, ки аз чунин оилаҳо фарзандони ҷисман ва ё ақлан носолим ба дунё меомаданд. Барои пешгирии чунин ҳодисаи номатлуб дар ҷамоатҳои деҳот бо иштироки кулли бошандагон маҷлис доир намуда, моҳияти масъаларо аз назари тиббӣ бо мисолҳои мушаххас баррасӣ намудем.
Хеле дардовар аст, ки риштаи чанде аз оилаҳое, ки канда гардидааст, аз боиси хешутаборӣ мебошад. Чунин иллат дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркўҳ ва Ворух бештар ба назар мерасанд. Ростӣ, ин ҷо аз вазъи иҷтимоии чунин оилаҳо ҳарфе гуфта наметавонам. Алҳол шаҳрвандон низ аз оқибатҳои нохуши ин масъала воқиф гардида истодаанд. Мутаассифона, аксаран дар қабули шаҳрвандон дар ин бобат шиква доранд. Ҳамчунин ба никоҳи барвақтӣ низ хотима бахшидан лозим аст. Пас аз муроҷиати шаҳрвандон мо дар байни хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тариқи анкета бо саволҳои «Оё Шумо номзад доред? Оё Шумо номзад шудагӣ? Назари Шумо дар ин бора?» пурсиш ба амал овардем. Пурсиши мо натиҷаи хуб дода истодааст.
Дар ин бобат бо мудири шўъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Муҳиба Ёқубова низ сўҳбат ороста будем. “Дар ин бора маълумоти мушаххас набошад ҳам, - гуфт - ў, хушбахтона, солҳои охир шумораи чунин оилаҳо дар байни ҷавонон кам шуда истодааст. Мо тасмим гирифтем, дар ҳар як ҷаласа ва вохўриҳо аз рўи маълумотҳои иттилоотӣ ва тиббӣ ба самъи ҷавонон ва калонсолон оқибатҳои нохуши чунин риштаи пайвандиро баррасӣ намоем. Комёбии мо дар он аст, ки дарозои ду соли охир шумораи издивоҷ дар байни хешу табор хеле коста гардидааст. Аз пурсишҳои тариқи анкета, баррасии маълумотҳои иттилоотию тиббӣ ва сўҳбатҳо бо оилаҳое, ки аз чунин табақаҳо ҷудо шуда истодаанд, яке аз сабабҳои асосии онро дар никоҳи хешутаборӣ мебинанд. Хеле дардовар аст, ки аксари онон арз медоранд, ки муносибати эшон торафт на ба тариқи зану шавҳар, балки чун риштаи хоҳару додар шуда истодааст. Чанде пеш дар шаҳр воқеаи ғайриоддие рух дод: духтараке аз тахти арўсӣ гурехтааст. Ва вақте сабабҳои онро фаҳмидем, арўсшаванда аз он ки ба писарамакаш хонадор мешавад, розӣ набудааст.
Насибахон Мадиброҳимова, духтури масъули кўдакони навзод дар шаҳри Исфара дар ин бобат чунин гуфт: - Имсол 82 нафар кўдакон нуқсондор таваллуд шудаанд, ки аз ин 34 нафараш дар натиҷаи ақди никоҳи хешутаборӣ мебошад. Кўдакони аз никоҳи хешутаборӣ таваллудшуда бо бемории нуқсони модарзодии дил, ногузоришии сурхрўда (3 нафар), чураи ҳароммағз, гидроцефолия якҷоя бо нуқсони модарзодии дил (4 нафар) фавтидаанд. Ҳангоми таҳлили кўдакони нуқсондори то синни 18-сола маълум гардид, ки чунин таваллуд зиёд будааст. Барои пешгирии ин ҳодисаи номатлуб якҷоя бо намояндагони шўъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара муҳокимаронӣ намудем. Бо акушер-гинекологон дар байни халқ сўҳбат гузаронда истодаем, алҳол ба мақсад нарасида бошем ҳам, аммо умедворем, ки чунин ҷамъомадҳо натиҷаи худро хоҳанд дод.
Дар ноҳияи Ғончӣ низ чунин иқдоми номатлуб ба назар мерасад. Шикваи онон низ ҳамин мазмунро дошт, ки пеш аз ариза додани ҷавонон ба Хонаи ақди никоҳ чунин муамморо ҳал кардан наметавон, зеро дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала баррасӣ нагардидааст. Аз сўҳбати телефонӣ бо муовини раиси ҳамин ноҳия Зебуннисо Азимова бармеояд, ки натиҷаи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ буд, ки агар соли 2013-ум 48 ақди никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дарозои 11 моҳи соли 2014 ин шумора ба 26 адад расидааст. Ҳамаи он маводҳои дастурӣ, маслиҳат ва мақолаҳои марбут ба ин мавзўъро дар ноҳия тариқи буклет омода сохта, дар ҷамоатҳои деҳот, дар Хонаи ақди никоҳ, дар байни толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ паҳн кардаанд.
Мутаассифона, чунин риштаи пайвандӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Росровут ва Ваҳдат ба назар мерасад. Хушбахтона, аз чунин оилаҳо фарзандони носолим ба дунё наомадаанд.
Тавре аз маълумот бармеояд, ақди никоҳи хешутаборӣ дар шаҳри Истаравшан низ рў ба афзуншавӣ дорад ва мутаассифона, дар ҳамин оилаҳо фарзандони носолим хеле зиёданд. Пас бори дигар бовар кардан мумкин аст, ки дар ин макон аксар барои бегона нагардидани сарват чунин «иқдом»-ро пеша кардаанд, аммо тақдири минбаъдаи тифлони маъюб дар дасти кӣ хоҳад буд? Охир, барои модар фарзанди бадтарин ва носолим ҳам азиз асту ба қавле, мисоли гурба онҳоро дар оғўши гарми худ нигоҳ медорад. Сониян, минбаъд сарвати ононро кӣ пояндагӣ хоҳад кард?
Дар ин бобат муовини Раиси шаҳри Истаравшан Хосият Фозилова чунин гуфт: - Чунин тамоюли номатлуб дар шаҳри мо низ ба назар мерасад. Мутаассифона, вақти қайди ақди никоҳ ин масъала барои мо равшан нест, аммо маълумоте, ки аз бахши нигаҳдории тандурустии шаҳр дастрас гардид, 110 нафар кўдакони маъюб аз никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шудаанд. Алҳол вазъи иҷтимоии чунин оилаҳо қаноатбахшанд, зеро ягон нафар аз чунин табақаҳо аз фарзандони худ рўй натофтаанд.
Чунин никоҳи хешутаборӣ бештар дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурх ба назар мерасад. Мо саъю кўшиш карда истодаем, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, тақдири минбаъдаи фарзандони носолим пас аз марги волидайн ба аҳолиро бо мисолҳои мушаххас баррасӣ намоем. Тавре дар боло қайд кардам, чунин оилаҳо аз фарзандони носолими хеш рўй натофтаанд, аммо минбаъд тақдири онон дар дасти кист?
Сўҳбати сарироҳӣ
Аз сўҳбатҳои сарироҳӣ бо шахсони синну солашон мухталиф аён гардид, ки баъзе нафарон тарафдори бастани ақди никоҳанд, на ба хотири сарватмандӣ, балки риштаи дўстии байни ин қавм боз ҳам зичтар хоҳад шуд.
Вагарна замона чунин шудааст, ки дида ба дидор кам мерасад. “Шояд ҳама дар талвосаи савлату давлат шуда бошанд, - мегўяд зани солор Манзура-хола. - Ба аёдати хешу пайвандон рафтан, аз ҳоли ҳамдигар огоҳ гардидан, дар мушкилоте бар кўмакаш шитофтан қариб ки аз байн рафтааст. Охир солҳои пешин риштаи дўстии хешу пайвандон қавӣ буд, ҳоло дар як маҳал зиндагӣ кунем ҳам, аммо… Ва ҳамин қудою андагӣ ба мо имкон медиҳад, ки риштаи хешутаборӣ мустаҳкам гардад. Ман чанд набера ва додарзодаҳоямро бо ҳам пайваст намудам, шукри Худо, онҳо фарзандони солим ба дунё овардаанд”.
Фикри Манзура-холаро аксари ҳамсўҳбатони синну солашон мухталиф ҷонибдорӣ намуданд. Аммо ин ҷо аз нуқтаи назари тиб андешаи табибонро рўи варақ оварданиам. “Аслан мизи мудавваре, ки дар пойтахт доир гардида буд, саривақтист, вале барои муайян намудани генофонд алҳол дастгоҳи техникӣ надорем”, посух дод табибе.
Ба пурсиши мо Машҳура (бо хоҳиши ў насабашро қайд нахоҳем кард) чунин посух дод: - Дар ин бобат илми тиб собит сохтааст, ки никоҳи хешу пайвандӣ дар аксар ҳолатҳо оқибати нохуш дорад. Мутаассифона, ҳоло дар байни мардуми мо ақидае реша рондааст, ки келину домодро аз хешу пайвандон ва ё маҳаллаи худ интихоб намоӣ, зеро ба бегонагон он қадар эътимод наметавон кард. Тафаккури мо то андозаест, ки ба оилаҳое назар медўзем, ки дар онҳо ҳамдигарфаҳмӣ, риштаҳои дўстиву тифоқӣ мустаҳкам аст.
Дар ин масоил то андозае рафтор менамоем, ки гўё ба кўчаи ҷаҳолат ворид шуда бошем, аммо як нуктаро ба инобат намегирем, ки минбаъд ояндаи эшон – пайвандони худ – меваи умрамонро фаромўш месозем. Баъзан чунин иқдоми беандешаи волидайн оянда боиси бадбахтии оила, ҷисман носолим ба дунё омадани тифлони маъсум мегардад. Охир, сарнавишти ҳар як инсон дар дасти Парвардигор аст, кӣ гуфта метавонад, ки умри волидайни тифли маъсуми ақлан ва ё ҷисман носолим ба дунёомада чанд сол аст? Худо накунад, ки бо сабабе волидайн ин оламро хайрбод бигўянд, тақдири фарзандони носолим дар дасти кист? Ба ҷуз ин, пас аз марги волидайн тақдири чунин маъюбон чӣ хоҳад шуд?
Анҷом: - Асоси зиндагӣ ишқ аст, аммо дар баробари ҳамин издивоҷ, ба таври дигар бигўем, риштаи пайвастӣ бастан дар байни духтару писар ин мазмуни савдои умрро дорад, бинобар ин дар ин самт саросемагӣ нашояд, он инсонро ба кўи сарсониву пушаймонӣ хоҳад бурд. Солҳои пешин пеш аз ба хостгорӣ рафтан аз фарҳангу маърифати хонадории ҳамин оила, оини оилаву оиладори-ашон огоҳ мегаштанду сипас ба ин мақсад гом мебардоштанд.
Мутаассифона, тавре дар боло ҳам ёдовар гаштем, алҳол ба ҷуз он ки риштаи хешу пайвандиро ҷустуҷўй мекунанд, инчунин дар андешаи сарватмандии ҳамон табақа ҳастанд. Аммо аксарият фаромўш месозанд, ки барои ба дунё овардани насли солим волидайни солим лозим, тавре аз маълумоти тиббӣ бармеояд, пеш аз ҳама ақлу заковат ва саломатии тарафайн, хосатан модар хеле муҳим аст.
Зеро модарро ба замин шабеҳ медиҳанд, агар чунин аст, пас танҳо аз замини ҳосилхез метавон ҳосили фаровон ба даст овард. Пас биёед, аз пардаи тираи ҷаҳолат раҳоӣ ёфта, баҳри барпо намудани оилаи солим, баҳри ба дунё овардани фарзандони солим, ки оянда аламбардори оилаанду бунёдкорони ҷомеа, ба саҳву хато, ба хешу пайвандӣ, ба сарвату боигарӣ дида надўзем, балки оиларо бо муҳаббати тарафайн бунёд намоем, то ин ки аз ширинии он ҳам волидайну ҳам оилаи навбунёд ва ҳам ояндагони мо комгор бошанд.
Тавре аз маълумот бармеояд, ақди никоҳи хешутаборӣ дар шаҳри Истаравшан низ рў ба афзуншавӣ дорад ва мутаассифона, дар ҳамин оилаҳо фарзандони носолим хеле зиёданд.
Тавҳида ҶЎРАЕВА
Читать далее26 December 2014
Ба оянда бе парво набояд буд
- Подробности статьи
Тавре аз расонаҳои мухталифи иттилоотию иҷтимоӣ огоҳ ҳастем дар ҷомеаи ҷаҳони имрӯз як қатор созмонҳои ифротии мазҳабӣ пайдо шудаанд, ки аз тамоми мамолики ҷаҳон ҷавонон ва насли гумроҳро барои шомил шудан ба сафи худ барои мушорикат ба "ҷиҳод дар роҳи Худо" тарғиб мекунанд. Ва мусалламан ба вуҷуд омадани чунин гурӯҳҳову ниҳодҳо ва созмонҳои ифротӣ боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.
Ҷавононе, ки ба ин созмонҳо шомил мешаванд бо ақоиду бардоштҳои хато ва ифротӣ амал мекунанд, ки ин бешак, ба амнияти ҳар кишвар таҳдид мекунад.
Имрӯз шоҳидем, ки ин ҷамиятҳои исломи вонамуд мекунанд, ки гӯё корашон дифоь аз ислом бошад. Сарбуриҳои бераҳмона ва ваҳшиёна, қатли кӯдакону одамони бегуноҳ аз сӯи чунин созмонҳои тундрав магар баёнгари ҳимоят аз ислому муслимин шуда метавонад?
Воқеан, боиси нигаронии ҷомеаи мо низ аст, ки имрӯз ҷавонони тоҷик низ пайрав бар ин созмонҳои ҷангҷӯ шуда истодаанд. Вақте ки ин ҷавонони ба истилоҳ "ҷангӣ" бо чунин рӯҳияи терористӣ ва ҷангиёна дар ин созмонҳо тарбият мешаванд, мутмаинан вақте ки бармегарданд дар кишвари мо низ аз содири ин амалҳо даст намекашанд. Ҷои баҳс нест, ки Ислом худ мухолифи ҳар гуна куштору низоъву хунрезист. Чаро баъзе нафарон бо нигоҳи хираду ақл ба ин масьала нигоҳ намекунад.
Сабаби асосии гароиши ҷавонон ба гуруҳҳо ва ҷангҳо ва харакатҳои ифроти шояд аз камбуди таьлимоти нодурусти динӣ бошад, Аз он сабаб бошад, ки зербинои маьрифати динӣ ва ҷаҳонбинии онҳо заиф аст.
Имрӯз бархе ҷавонон ба хориҷи кишвар мераванд ва дар он ҷо таьлимоти ғалати диниро фаро мегиранд, ки ин амал бе ҳеҷ шакку гумон метавонад ба амнияти ҷомеаи мо таҳид расонад. Мусаллам аст, вақте мизони шуурнокӣ ва марифати ҷавонон паст аст ва онҳо ҷаҳонбинии ташаккулнаёфта доранд ба осонӣ мешавад ба онҳо ҳаргуна ҳарфу таьлимоти хатову нодурустро таҳмил кард.
Ҳамин дониши нокофӣ ва таьлимоти нодурусти динӣ метавонад омиле бошад барои гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ. Бояд ҷомеаи мо нисбат ба чунин раванд дар асоси қонун мубориза барад, зеро бетаваҷҷӯҳи ва беэтиноӣ нисбат ба ин раванд дар оянда метавонад мушкилиҳои зиёдро пешо рӯ орад.
Қуръон хилофи ҳар гуна хунрезиву куштору қатл аст ва қотилу ҳодисаҳои нангборро маҳкум мекунад. Он чи ки имрӯз ин "муҷоҳиддин" ва "ҳомиён"-и ислом мекунанд ҷуз мухолифат ва мубориза бо Ислому Худо чизи дигаре нест. Дар Қурон омадаст, ки танҳо Худованд қодир ба ҷон гирифтани инсонҳо аст. Пас ин гуна қатлу куштор бар алайҳи фармудаҳои китоби осмонии Худо нест? Дар Қуръон а вожаи сулҳу дӯсти 180 маротиба ба кор рафтааст, ин нишонгари он аст ки дар дини мубини ислом сулҳу дӯстӣ ҳарфи аввалро мезанад.
Аммо касоне ки мехоҳанд дину қавонии исломро зери суол баранд танҳо бар ҷиҳати манфии қазия нигоҳ мекунад ва танҳо оёти қатлу куштор ва оёти хушунатро мебинанд ва ин тур илқо мекунанд, ки ислом саросар аз куштору хушунату қатлу хунрезист. Аммо ин тавр нест.
Ман ҳамчун шаҳрванди ин кишвари демокративу ҳуққуқбунёд бар он андешаам, ки дар ин самт бояд кумитаи дини кишвар корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро ҳамҷоя бо муасссисаҳои таълимӣ ҷоннок намоянд.
Диндорони мо ҳамҷоя бо рӯҳониёну пешсафон ба ҷои киштани тухми низову бадбинӣ бояд бар он кӯшанд, ки ҷавонони моро аз гароиш ба ифроту «ҷиҳод» эъин нигаҳ доранд. Дар ин самт моро хеле талошҳо мебояд, то ҷаҳонбини диниву дунявии насли навро рушд диҳем ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Фируза Хакимова
Омузгори МТМУ №58 нохияи Б.Гафуров
Читать далее
Мо зидди ифротгароӣ ва терроризм!
- Подробности статьи
Зишткороне ҳастанд, ки инсониятро хушбахт, сарҷамъ, бародару баробар ва орому осуда дидан намехоҳанд. Рухдодҳои хунангези Покистону Ироқ ва Сурия хотирҳоро маъюс месозад. Аз он рӯзҳои нахс Яздони пок эмин дорад. Ҳамлаи ваҳшиёнаи гурӯҳи Толибон ба таълимгоҳи шаҳри Пешовари Покистон, ки боиси фавти қариб 140 нафар хонандагону омӯзгорон гардид мо маорифчиёни шаҳри Қайроққумро ором намегузорад. Ин кирдори разилонаи ғайри мусулмонии авбошонро якдилона маҳкум менамоем.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо тахти сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти асосии фаъолиятро на танҳо баҳри сулҳу осоиштагии кишвар, балки оромии ҷаҳон равона кардааст. Ҷаҳониён аз сиёсати ваҳдатгароёнаи хориҷии Сарвари давлат воқифанд. Далели ин гуфтаҳо баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари созмону ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад. Нооромии кишварҳои ҷаҳон кули тоҷикистониёнро орому бетараф намегузорад. Яке аз аввалинҳо гардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи тасаллиятро ба нахуствазири Покистон Навоз Шариф ирсол дошт.
Баробари ҳамдардӣ дар нома ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъй бо ин зуҳуроти нангини аср ва даъвати ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ бо дилсузӣ Сарвари давлати тоҷикон андешаҳои башардӯстонаи хешро иброз дошта аст.
Инсони соҳибдил нисбати ин фоҷиаи аламангез ҳаргиз ором буда наметавонад. Марги кӯдакони бегуноҳ ин марги бахт, марги орзу ва марги таманноҳои неки падару модарони он ғунчаҳои ношукуфтаи зиндагист. Дидани ашки ғамолу дилпайвандони ин хонандагон кори сахлу осон нест. Мардуми бо фарҳангу хирадманди фарзанд теғи алмос» нагуфтаанд.
Мо, кормандони шӯъбаи маорифи шаҳри Кайроққум ба роҳбари нафратнамудани он нобакорон ҳамчунин ҳамдардии хешро ба хамаи падару модарон ва пайвандони он наврасону омӯзгорони шаҳидгардида баён медорем.
Дастоварду пешравиҳои солхои соҳибистиқлолиро нодидагирифтан кори окилонест. Шукргузорй мебояд, ба нороҳатгардидани баъзе кӯтоҳназарони фитнаангез ҳамфикрӣ нашояд, то он ҳодисаҳои мудҳиш бар сари мардуми мо наояд. Хушбахтона, боз шукргузорӣ дорем, ки дар руи замин теъдоди одамони нек фузунтар аст.
Ваҳдату якдилй моро боҳам овард. Сарҷамъй файзу баракати хар як хонадонро фузуда мегардонад. Дар умки дилҳо тухми умед ба ояндаи нек илохӣ киштагардад, то ҷаҳон орому заминиён осуда бошанд. Мароми ҳар инсони худогоҳ бояд зидди ифротгароӣ ва терроризм буданаш шарту воҷиб аст.
Муяссар Ҳайдаров
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кайраққум
Аз ҷаҳолат оламе вайрон шавад
- Подробности статьи
Бераҳмию разолати инсонӣ аз ҷаҳлу нодонӣ ва ғафлату манфиатҷўии касон сарчашма гирифта, мутаассифона аксаран бо пирояи дину оин ва тариқату мазоҳиб пардапўш мегарданд. Аз ин ҷост, ки Ҳаким Фирдавсии бузург бо ишора ба ин иллати маҳкумпазири инсонӣ фармудааст:
Зиёни касон аз пайи суди хеш ,
Биҷўянду дин андароваранд пеш.
Фоҷиаи даҳшатангезе, ки дар шаҳри Пешовари Покистон бар асари ҳуҷуми силоҳбадастони гурўҳи Толибони ин кишвар ба вуқўъ пайваста, боиси ҳалокати 141- нафар шаҳрвандони осоишта, аз ҷумла, 132-нафар мактабиёни бегуноҳ гардид, дар радифи мардуми ваҳдатшиори Ватанамон, ба хусус, мо аҳли маорифчиёни ноҳияву вилоятамонро ба изтиробу ҳамдардӣ водор намуд. Ин амали ноҷавонмардона, ки хилофи ҳамагуна оину аҳком ва таомули исломиву инсонист танҳо ҳадафҳои террористиро бо худ дошта, халқи оламро барои муборизаи беамон бар зидди моҷароҷўёни террористӣ даъват менамояд. Зеро дар давлатҳои исломии дирўз ва имрўз адолату пешрафт аксаран изҳори нигаронӣ дорад. Бино ба гуфтаи корманди Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИҶТ Ҳафиз Холиқзода «Манқурт талаби адолат мекунад, вале маънои онро намефаҳмад. Балки адолат гуфта ҳукумату қудрати хоҷаашро дар назар дорад, на озодии худро. Барои манқурт Озодӣ ва Зиндагии фардӣ арзише надорад, барои он ки эҳсоси инсонӣ надорад.» Оре, террористон ҳамин гуна афроди ҷоҳилу разил ва дур аз ақлу хиради инсонианд. Маҳз ҳамин гуна гурўҳҳо дар ҷангҳои Сурияю Ироқ ва нуктаҳои доғи Афғонистону Покистон намояндагӣ доранд. Алами исломро рўйи ҷиноятҳои оламхароби хеш афроштани Толибони разил ва дигар гурўҳҳои ноҷавонмарди террористӣ нанги исломиёни покниҳоду покимон аст. Зеро ба қавли ҳакимони хирад:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки бувад дар мусалмонии мост.
Аҳли маорифчиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо таассуфи гарон ва тааммули бепоён арзи ҳамдилии худро ба қурбониёни ин амали номатлуби террористӣ баён дошта, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ фоҷиаи марги мактабиёни Пешоварро мавриди муҳокима қарор додааст. Имрўзҳо тибқи қарордоди шўъбаи маориф дар тамоми дабистонҳои ноҳияамон дар ҳамбастагӣ бо намояндагони ШВКД-и ноҳия, бо ҷалби ходимони дин ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, зимни баргузории ҷамъомадҳои пагоҳирўзиву нисфирўзӣ, соатҳои тарбиявӣ, маҷлисҳои истеҳсоливу умумимактабии волидону омўзгорон оид ба марому мақсадҳои равандҳои ғаразҷўй ва ифротгарои террористӣ баромаду корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам доир шуда истодаанд.
Дар ин раванд, маърифати оқибатҳои чунин падидаҳои даҳшатбори ҷомеа махсусан дар байни толибилмони синфҳои болоӣ ба таври муассир мавриди баррасиву муҳокима қарор дода шуда, таҳти шиори «Нест бод терроризм!, Терроризм аз ислом нест!» гўшаҳои деворӣ таҳия ва мураттаб шудаанд.
Боиси ифтихор аст, ки насли наврасу ҷавон бо маърифати арзишҳои волои инсонӣ, бо парҳез ва нафрат аз фасоди ифртгароёни террористӣ имрўзҳо, чун ворису номбардори Алломаи безаволи миллат Бобоҷон Ғафуров дар партави ҳидояту раҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи дурахшон раҳнамун гашта, панди пирони хирадро шоҳшиори зиндагии худ қарор додаанд. Бо эҳсоси гарми ватандўстӣ маърифат намудаанд, ки ҳаёти осудаву ободи имрўзаи мо ҳосили ҷонбозиву фидокориҳои падарону бобоёни шарафмандамон дар набардҳои зиддифашистӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон мебошад.
Зеро чунонки шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ фармудааст:
Ҳаёти дилкашу зебо ҳаёти озод аст,
Чунин ҳаёт на осон ба даст омадааст.
Барои он, ки чунин ҳаёт диҳад даст моро,
Ҳазор бор Ватан садҳазорон ҷон додаст.
Бигузор хираду дониш, меҳнати созанда ва инсондўстиву рафоқат халқи оламро ба иртиофъ ва шукуфоӣ расонида, аҳли ҷаҳолату разолат ва дур аз имону ибодат маҳв гардад.
М.Бобоева,
мудири шўъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров