January 2014

31 January 2014

Мулоқот бо интихобкунандаҳо

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят санаи 9 феврали соли 2014 дар се ҳавзаи интихоботӣ интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба ҷои вакилони хориҷшуда барпо мегардад. Номзадии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳавзаи интихоботии № 37, «Драмтеатр»-и шаҳри Чкалов барои интихоб шудан ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба қайд гирифта шудааст. Маъракаи пешазинтихоботии номзадҳо оғоз ёфт. Читать далее

30 January 2014

Коршинос: гап сари он нест, ки аввал кӣ оташ кушодааст

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»).- Ихтилофи сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон 11 январи соли 2014, ки боиси тирпарронии ҳар ду тараф гардид, ғалоғулаи зиёдеро ба миён овард. Ҳатто, овозаҳо дар бораи ҷанг паҳн шудан гирифтанд. Ҳоло вазъият оромтар гардидааст: ҷонибҳо аҳд карданд, ки дар давоми ду рўз қўшунҳоро аз қитъаҳои мусолиҳанашудаи сарҳади муштарак дар мавқеи анклави Ворухи Тоҷикистон ва ноҳияи Боткенти Қирғизистон, ки ихтилофи мусаллаҳона дар он ҷо рўй дод, ақиб баранд. Вале, ба фикри коршиносон, кор ба дараҷаи пурра ҳал шудани ин вазъият ҳанўз нарасидааст.

Коршиноси мўътабари масоили Осиёи Марказӣ, доктори илми таърих, шарқшинос Александр Князев зимни мусоҳиба бо Дафтари иттилооти Notum диди худро перомуни мушкилоту усулҳои ҳалли ин ҳодиса баён кард.

- Александр Алексеевич, Шумо муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистонро дар ҳошияи равобити байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна тавсиф мекардед?

-Ҳамаи давраҳои муносибатҳои пасошўравии Қирғизистону Тоҷикистон, хусусан дар манзари муносибатҳои мураккабу баъзан комилан ҳарифонаи ҶҚ ва ҶТ бо Ўзбекистон басо некхоҳона ба назар мерасиданд. Вале ин акси оина буд. Ихтилофи байни турку форсҳо дар сатҳи ичтимоию фарҳангӣ, мухолифати кўчманчиён бо кишоварзон, тасаввуроти таърихӣ дар бораи кўчманчиён, ки аҷдодони тоҷиконро аз масоҳати бузурги минтақа пеш карда буданд, ҳамаи ин ҳамеша мадди назар буд. Чун мураккабиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ дар мисоли мушаххаси минтақаи Исфара, ки мо дар бораи он ҳарф мезанем.

-Ҳар кадоми ҷонибҳо дар мавриди ҳодисаи 11 январи соли 2014 тафсири усулии худро доранд, вале дар ҳар маврид ягон ҷониб аввал шурўъ кардааст. Ҳоло ин шояд на он қадар муҳим аст, зеро муноқишаҳо дар ин минтақаи сарҳад зуд – зуд сар мезананд. Вале, бо вуҷуди ин ҳам, ба фикри Шумо чӣ рух дод, ривояти кӣ «Ҳақиқатпазиртар» ба назар мерасад ва оё истифодаи яроқ ва тирпарронӣ аз миномётҳо асос дошт?

-Ҳоло аз тарафи кӣ сар шудани тирпарронӣ масъалаи асосӣ нест. Масъалаи асосӣ он аст, ки мувофиқаҳои дутарафаро кӣ ва чӣ гуна вайрон кардааст. Ҷониби Қирғизистон бо аз нав сар кардани сохтмони роҳ дар қитъаи аниқнашудаи сарҳад ин мувофиқаро вайрон кард.

-Сабаби ихтилофот давом додани сохтмони роҳи Кўктош – Оқсой - Тандиқ аз ҷониби Қирғизистон дониста мешавад, ки Тоҷикистон зидди он эътироз мекунад. Оё ин сабаби ягона аст, чаро сарҳад то ҳол демаркатсия нашудааст ва оё ҷонибҳо дар ин масъала умуман кўшиши ҷиддӣ кардаанд?

-Сабаби асосӣ иборат аз норозигии доимии ҳар ду ҳудуди ҳамсарҳад вобаста ба муддати даҳсолаҳо ҳал нашудани проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Ин чи дар Тоҷикистон ва чи дар Қирғизистон бо тарзи гуногун ва дар шаклҳои мухталиф ба назар мерасад. Бар замми ин беаҳамиятӣ дар масъалаҳои сарҳад низ ба назар мерасад.

Ин мушкилоти на фақат сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, балки мушкилоти сарҳади Қирғизистону Ўзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон мебошад, гарчи дар мавриди охирин сатҳи шиддат хеле паст аст. Бо вуҷуди ин Қирғизистон ҳам , нисбат ба Қазоқистон даъвоҳои марзӣ дорад. Ин даъвоҳо на аз шахсони расмӣ, балки аксаран аз мухолифин ба гўш мерасанд, вале ба ҳама фаҳмост, ки дар сурати мавҷуд будани бесарусомонии Қирғизистон ин мардум ҳар лаҳза метавонанд, ҷойҳояшонро иваз кунанд. Ин барои Қирғизистон дар навбати аввал масъалаи беасосии давлат чун ниҳоди идораи ҷомеа ба шумор меравад.

-Ҳама шуниданд, ки дар сарҳад тирпарронӣ сар зад. Ҳамчунин маълум шуд, ки сокинони Боткент аз 11 январ занону кўдаконро аз хонаҳояшон берун карданд… Бо вуҷуди ин ҳам, мавқеи расмии ҷонибҳо чӣ гуна буд ва оё ин мавқеъ қобили қабул буд, ё он, баръакс, вазъиятро муташанниҷ месохт?

-Ман хусусан аз ҷониби Тоҷикистон ягон изҳоротеро, ки вазъиятро муташанниҷ созад, ҳис накардам. Дар Қирғизистон ноиби Сарвазир оид ба мудофиа Тоқтоқучуқ Мамитов дар рўзи аввал изҳор дошт, ки сабаби ихтилоф амали банақшагирифтаи ҳукуматдорони Тоҷикистон аст. Шахсони расмии Душанбе ба додани изҳорот ва алалхусус ба додани изҳорот дар бораи ин гуна айбномаҳо шитоб накарданд. Дар он ҷо, ҳатто, журналистон мақомоти қудратиро, ки воқеаҳоро шарҳ медиҳанд, айбдор намуданд, сухан дар бораи «ҷанги иттилоотӣ» - ро бохтани Тоҷикистон мерафт. Дар Қирғизистон итоатгарони Мамитов ба васоити ахбори омма дар бораи он борҳо хабарҳои иғвогарона медоданд, ки гўё ҷониби Тоҷикистон шабона ҳамла кардааст, қўшунҳо ҷамъ оварда шуданд ва ғайра. Асли иғво аз Бишкек манша мегирад, ки бояд ба ҷузъиёти он сарфаҳм рафт.

-Баъди тирандозӣ Қирғизистон марзи худро бо Тоҷикистон баста, 14 январ бошад, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон Урмат Саралаев- сафири худ дар Душанберо барои машварат бозхонд. Мўҳлати баргашти ўро то ба поён расидани таҳқиқот оид ба даргириҳои сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, номуайян гузошт. Чаро Қирғизистон мавқеи худро ҳамчун «ҷониби ҷабрдида» ин қадар ба маърази намоиш гузоштааст? Дарвоқеъ, ин амал ба чӣ марбут аст ва Бишкек аз ин чӣ судеро бурдан мехоҳад? Оё дар Душанбе ягон тадбири симметрии ҷавобӣ дида шуд?

-Боткент барои Қирғизистон минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ ҷудошуда, тақрибан бунбастшуда ва бисёр печида аст. Ва, идомаи мухолифатҳои мусаллаҳона яроқи ягонаи воқеии Бишкек аз лиҳози пуркунии фазои иттилоотӣ бо тафсирҳои худӣ ва ҷалби қувваҳои сеюм мебошад. СААД, ки муваззаф нест, дар чунин ихтилофҳо ширкат намояд, билофосила худро аз ҳама гуна дахолат дур сохт. Шояд онҳо мехостанд, САҲА ё бархе дигар аз танзимотро даъват созанд, то авлаввият ба даст оранд… Мавқеи Душанбе дар қазияи мазкур таҳрикомез набуд.

-Оё мавқеи кишварҳои ҳамсоя ё, шояд ҳамсояи на он қадар наздики Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба даргирии мазкур маълум аст? Иттилооте расида буд, ки Тошканд фаъолона Душанберо ба ҷанг тела медод?

-Ҳеҷ гуна вокунише аз ҷониби онҳо набуд, зеро муносибот бо ҳамсоякишварҳои наздик он қадар сода нест. Бо Тошканд чун бо Бишкек муносиботи Душанбе ғайридўс-тона унвон дода мешавад, ҳатто, аз он ҳам бадтар, то ҳадди реҷаи раводидӣ ва қатъи ҳама гуна робитаҳои нақлиётӣ тавассути Ўзбекистон ба Тоҷикистон. Ва дар чунин даргирӣ шахсан ман манфиате барои Тошканд намебинам. Дар он ҷо то худи Тошканд камтар аз 200 километр, то шаҳр, минтақаҳои мушкилсози Намангон, Қўқанд, Фарғона ва ғайра ҷойгиранд.

Чунин фикр мекунам, ки дар Тошканд хабари даргирии мазкур боиси дарди сари навбатӣ гардидааст. Мавқеи Қазоқистон барои касе аён нест. Танҳо маълум аст, ки он дар доирае қарор дорад, ки роҳбарияти СААД барояш иброз дошта буд. Дар танҳоӣ ба ин даргирӣ дахолат намудани Қазоқистон ҳеч зарурате надорад. Кишвари Чин чун анъана рафти қазияро назорат намуд. Дар Афғонистон бошад, бе ин ҳам мушкилоти худашон кифоя аст.

-Ба ақидаи Шумо, ин мухолифат бо чӣ меанҷомад? Оё дар ин қазия миёнрав лозим аст? Кӣ ва ё чӣ омиле метавонад, ба қатъ шудани шиддатнокӣ ва набард мусоидат намояд?

-Дар ин ҷо барои роҳандозии манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар дар ду пойтахт -дар Бишкек ва Душанбе ҳокимияти қонеъкунандаву амалкунанда лозим аст. Омили дигаре вуҷуд надорад.

Читать далее

Имтиҳони марказонидашуда - роҳи нави ҳал

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмию-амалӣ, ки дар мавзўи «Равишҳои муосири ташкили имтиҳони марказонидашуда дар мактабҳои олӣ: роҳҳои нави ҳал» доир гардид.

Дар кори конфронс сарварони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва дигар мамолик ширкат варзида, бештар навовариҳо, ташкил ва гузарондани имтиҳони марказонидашуда дар мактабҳои олӣ, хосатан дар донишкадаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. Конфронсро ректори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Анвар Мақсудов ҳусни оғоз бахшид.

Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Муродалӣ Сангов мушаххас дар бораи ташкил ва гузарондани имтиҳони марказонидашуда дар мактабҳои олӣ ва низоми мониторинги сифати таълим маълумот дод.

Сипас, ректори донишкадаи политехникӣ Анвар Мақсудов дар мавзўи «Низоми дохилидонишгоҳии таъминоти сифат» ва Дилафрўз Сангинова – сардори маркази тестии ҳамин донишгоҳ доир ба «Технологияи ташкил ва гузарондани имтиҳони марказонидашуда дар ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ», Б. Муканов - роҳбари идораи информатсионии технологӣ дар донишгоҳи Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи Маркази миллии тестӣ маълумоти муфассал доданд.

Дар Донишгоҳи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз оғози соли ташкилшавиаш, яъне аз соли 2010-ум инҷониб Маркази тестӣ амал мекунад, ки он имтиҳонҳои ниҳоии ҳамаи фанҳоро мутобиқи қоидаи ташкил ва гузарондани имтиҳони вобастанабуда бо истифодаи васеи технологияҳои муосири имтиҳонгузаронӣ дар асоси барномаҳои компутерии дар донишкада созмонёфта мегузаронад.

Маркази тестӣ ҷузъи низоми дохилидонишгоҳии кафолати сифати таҳсилот буда, вазифаи асосии он баҳодиҳии дараҷаи дониш, малака ва компетенсияҳои донишҷўён дар ҳама марҳилаҳои таҳсил мебошад.

Дар донишкада аввалин маротиба дар кишвар таҳсилоти фосилавӣ аз рўйи ихтисосҳои «Молия ва қарз», «Иқтисодиёт ва идора дар корхона» ва «Низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо дар истеҳсолот» ҷорӣ гардид. Чунин усул имкон медиҳад, ки донишҷў аз рўи нақшаи инфиродӣ таҳсил карда, хароҷоти раванди таълимро кам кунад. Дар миқёси Осиёи Марказӣ аввалин донишкадаест, ки дар он системаи бисёрфунксионалии идоракунии мактаби олӣ (СИД) корбаст шудааст.

СИД дар шабакаи ягонаи компутерӣ амал карда, ҳамаи биноҳо, воҳидҳои маъмурӣ ва таълимии сохториро, ки дар қисмҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст, муттаҳид месозад. Тамоми ҷанбаъҳои раванди таълимии донишҷўён, омўзгорон ва кормандон ба воситаи интерфейс дар СИД ба амал оварда мешаванд.

Он вазифаҳои ҷадвали дарсии электронии автоматикунонидашуда, баҳисобгирӣ, назорат ва мониторинги гузарондани дарсҳо, давомоти донишҷўён, дастоварди онҳо дар таҳсил, муайян ва назорат аз болои иҷроиши сарборӣ аз ҷониби омўзгорон, дар асоси натиҷаҳои иҷроиши сарборӣ автоматикӣ муайян намудани моҳона, ташкил ва назорат аз болои ташрифоварии устодон ба дарсҳои ҳамдигар, воридкунӣ, назорат ва паҳн намудани маводҳои санҷишӣ ва маҷмўаҳои таълимӣ-методии фанҳо, ташкил ва мониторинги гузарондани имтиҳонҳои маъмурӣ ва иҷроиши лоиҳаҳои дипломӣ, китобхонаи рақамӣ ва ғайраҳоро иҷро менамояд.

Мактаби олии мазкур дорои парки технологӣ буда, дар он тахтаҳои электронӣ бо ворид намудани барномаҳои тоҷикӣ, ки аз ҷониби мутахассисони донишкада сохта шудааст, истеҳсол мешавад. Донишкада метавонад, тамоми мактабҳои олии кишварро бо тахтаҳои электронии ватанӣ таъмин созад.

Сипас иштирокчиёни конфронс дар ду бахш оид ба ташкил ва гузарондани имтиҳони марказонидашуда дар мактабҳои олӣ ва мониторинги сифати таълим ба воситаи натиҷаҳои имтиҳони марказонида ва коркарди шакл ва намудҳои маводҳои имтиҳонӣ муҳокимаронӣ намуданд.

Т. ҶЎРАЕВА

Читать далее

Ба соҳибкорон имконоти фарох оварем

Соҳибкорӣ дар кишвар дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол рушд меёбад. Барои соҳибкорон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва боиси қайд аст, ки соҳибкорони ватанӣ дар пешбурди ҷомеаи мутамаддин, рушду нумўи диёр, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намудани мардуми кишвар саҳми муносиб мегузоранд. Читать далее

Боздиди Абдураҳмон Қодирӣ аз ҶС «Зиннат»

Дирўз иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ҶС «Зиннат» боздид ба амал овард. Чуноне роҳбарияти ин корхона замоне хеле маъруф ва бузурги шаҳри Хуҷанд таъкид доштанд, фаъолияти асосии он дўзандагӣ маҳсуб мешавад. Ҳоло дар ин ҷо навъи гуногуни либосҳои ҳарбӣ - низомӣ ва мактабӣ дўхта мешавад.

Читать далее

28 January 2014

Пазироии Дэвид Робсон

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 23 январи соли 2014 бо Раиси иҷроия ва Президенти гурўҳи ширкатҳои Тетис Петролеум ҷаноби Дэвид Робсон мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди соҳаи нафту газ дар вилояти Суғд ва имкони иштироки гурўҳи ширкатҳои Тетис Петролеум дар ин равандро баррасӣ карданд.

Абдураҳмон Қодирӣ иброз дошт, ки дар қаламрави вилоят захираҳои бойи нафту газ мавҷуданд. “Мо барои пешбурди корҳои иктишофӣ ва истихроҷи нафту гази минтақа ба коршарикон ва ширкатҳои эътимодбахш ниёз дорем ва дар ин самт ба ҳамкориҳои судманд омода ҳастем”, - гуфт дар сўҳбат Абдураҳмон Қодирӣ. Дэвид Робсон дар навбати таъкид дошт, ки гурўҳи ширкатҳои Тетис Петролеум фаъолияти густурдаро дар тамоми ҷаҳон пеш мебарад ва омода аст дар шимоли Тоҷикистон дар мавриди эҳё ва барқарор кардани чоҳҳои нафту гази ғайрифаъол, афзоиш бахшидани иқтидорҳои мавҷудаи чоҳҳои нафту газ ва иктишофи конҳои нав фаъолияти хешро ба роҳ монад.

«Дар Тоҷикистон сиёсати воқеан хирадмандона дар бобати ҷалби маблағгузории хориҷӣ пиёда мешавад ва дар ин замина мо умедвор ҳастем, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди мо минбаъд равнақ хоҳад ёфт», - гуфт Дэвид Робсон.

Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои судманди дутарафа манфиатдор будани худро иброз дошта, таъкид намуданд, ки дар ин бобат иқдомҳои ҷиддиро амалӣ хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки фаъолияти кории Дэвид Робсон асосан бо идоракунии ширкатҳои нафту газ марбут буда, гурўҳи ширкатҳои Тетис Петролеум аз соли 2007 инҷониб дар Биржаи саҳмияҳои Торонто сабти ном шудааст.

Дэвид Робсон дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди нафту газ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аз соли 1990 инҷониб кор кардааст. Созмон додани аввалин лоиҳаи ғайридавлатии азхудкунии конҳои газ дар Украина, аввалин лоиҳаи ғайридавлатии пармагарӣ дар Баҳри Сиёҳ, аввалин лоиҳаи ғайридавлатии ҷустуҷўи геологӣ ва пармакунии чоҳҳо дар Гурҷистон ва гуфтушуниид оид ба ҷалб кардани қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба як лоиҳаи бахши хусусӣ дар Украина аз ҷумлаи фаъолиятҳои густурдаи Дэвид Робсон ба шумор мераванд.

Дэвид Робсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маъруфияти зиёд дорад. Ширкати ў фаъолияташро дар қисми ҷануб ва ҷанубу ғарбии мамлакат тавассути ширкатҳои фаръии «Тетис Сервизес Тоҷикистон Лимитед» ва «Кўлоб Петролеум Лимитед» амалӣ менамояд. Дэвид Робсон инчунин яке аз аъзои фаъоли таъсисдиҳии Шўрои мусоидат ба сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Боздид бо Аке Петерсон

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 23 январи соли равон Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Шветсия Аке Петерсонро, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Аке Петерсон иҷрокунанадаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба муносибати таъиноташ ба ин вазифа табрику таҳният гуфта, барори кор орзу намуд.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо вазъи умумии иқтисодию иҷтимоии вилоят, аз ҷумла ба рафти татбиқи ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ, эҳёи корхонаҳои саноати сабуки вилоят ва ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ ва сўзанидўзӣ, раванди демократикунонии ҷомеа, рушди воситаҳои ахбори омма, ҳамкориҳои мақомоти идораи давлатию ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ сурат гирифт. Хотиррасон мекунем, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Шветсия 9 декабри соли 1992 барқарор шудаанд. Шурўъ аз солҳои 2000-ум ҳукумати Шветсия ба равандҳои Тоҷикистон, ки ба демократикунонии ҷамъият ва ислоҳоти иқтисодиёт иртибот дошт, таваҷҷўҳи бештар зоҳир кард.

Аввалин амалиётҳои содиротӣ-воридотии ҷонибҳо соли 1997 ба амал омад, ки аз барқарор шудани муносибатҳои алоҳидаи тиҷоратию иқтисодии ҷонибҳо шаҳодат медиҳад. То ҳол афзоиши ҳаҷми амалиётҳои содиротӣ-воридотии ҷонибҳо ба мушоҳида мерасад. Тоҷикистон ба ин кишвар бештар нахи пахта ва маҳсулоти пахтагӣ содир карда, аз он ҷо маҳсулоти ниёзи аввал ва қисмҳои эҳтиётӣ ворид мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Сарфароз Юнусов раиси ҲХДТ дар вилоят таъин шуд

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи кумиҷроияи вилоятии ҳизб бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, муовини Раиси ҳизб Асрор Латифов ва аъзои кумиҷроия ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласа ба натиҷаҳои ҳисоботи кумиҷроияи вилоятӣ оид ба фаъолияти ҳизб дар соли 2013 бахшида шуд. Бо ризояти иштирокчиёни ҷаласа нахуст масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Аъзои Раёсат ва кумиҷроия Қоҳир Расулзода, ҳамчунин аъзои кумиҷроия Шарифҷон Шарифов бинобар иваз шудани макони зисташон аз ҳайати Раёсат ва кумиҷроия бароварда шуда, ба ҷои онҳо и.в. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба узвияти Раёсат ва кумиҷроияи ҳизб, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Рустамҷон Ғиёсов ба аъзогии кумиҷроияи вилоятии ҳизб пазируфта шуданд.

Инчунин, бинобар ба амал омадани тағйироти кадрӣ - таъин шудани Даврон Зоҳидов ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара аъзои кумиҷроия ўро аз вазифаи раиси Ҳизби халқи демокаратии Тоҷикистон дар вилоят озод ва ба ин мансаб номзадии Сарфароз Юнусов пешниҳод карда шуд.

Баъдан аз рўи масъалаи якуми ҷаласа муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Анвар Ҷалилов оид ба бурду бохти ҳизбиёни вилоят дар соли 2013-ум ҳисобот дод.

Дар интиҳо аъзои Раёсат ва кумиҷроияи ҳизбии вилоят и.в. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сухан кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки чун аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон кўшиш мекунам, ки нисбат ба тақвияти кори ҳизбӣ ва ҳамкории судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо кумиҷроияи ҳизбии вилоят чораҷўӣ намоям.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Фарҳангиён бояд дар хидмат бошанд

24 январи соли равон дар Кохи ба номи Рўдакии маркази вилоят мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндагони соҳаи фарҳанги вилоят баргузор гардид. Дар вохўрӣ бурду бохти фарҳангчиёни вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи иттилои масъулин, имрўз дар вилоят 747 муассисаи фарҳангӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз сеюним ҳазор нафар кор мекунанд ва аз ин шумора 500 нафарашон мутахассисони дорои маълумоти олӣ мебошанд. Читать далее

Боигарии ниёгонро сарҷамъ намоем

Халқи тоҷик мардуми қадиму тамаддунаш бой ва кўҳан буда, таърихи тўлонӣ дорад. Шаҳри Хуҷанди бостонӣ низ таърихи беш аз дунимҳазорсола дошта, урфу одатҳои наҷибу нотакрори мардуми он, эъҷози нақши ҳунарҳои дастии бонувону мардони ин сарзамин шўҳрати оламгир пайдо кардааст.

Аз ҷумлаи ҳунарҳои дастии мардуми Хуҷанд шоҳибофист. Сокинони шаҳр донандагони асили асрори тайёр кардани бирешими хом, аз он гирифтани абрешим ва бофандагони моҳири матои шоҳӣ буданд, ки барҳақ, зеби тани хосагон буд. Атласу адраси Хуҷанд, ки мегўянд, нусхаи онро бонувони хуҷандӣ аз ҳафтранги рангинкамони хуршеди оламтоб бардоштаанд, дар сартосари ақсои олам ҳунармандии тоҷиконро муаррифӣ мекунад. Ҳунари сўзанидўзии бонувони мо асрори нодирест.

Дар хотир дорем, ки сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Стэнли Эскудеро аз шаҳри мо чун рамзи соҳибҳунарии мардуми мо ба хотира сўзании дастидўхт гирифт ва ҳамсари вай, устоди донишгоҳи шаҳри Душанбе доимо либоси атласи тоҷикӣ ба бар дошт.

Мардуми мо ҳунарҳои заргарӣ, кошинкорӣ, қолинбофӣ, кашидадўзӣ, нақшу нигор, чўбкорӣ, шонатарошӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ ва бисёр дигар ҳунарҳо дорад, ки ҳар кадом ифодаи як дунёи бекаронаи қалбу тафаккури мардуми мо ва бешак, ифтихори миллии мост.

Матлаб аз овардани ин суханон он аст, ки чаро имрўз намунаҳои олии ин ганҷинаҳои бебаҳои миллиамонро ҷамъоварӣ ва пешкаши умум насозем? Чаро ононро барои ояндагон маҳфуз надорем? Вақте муҳассили мактаби миёна будем, ҳамроҳи устодони дабистон ба тамошои музей-осорхонаи кишваршиносии шаҳр, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбе, назди масҷиди Шайх Маслиҳатдин борҳо мерафтем. Он ҷо дар ҳуҷра ва утоқҳои калон-калон ёдгориҳои ниёгони мо, ки тўли қарнҳо маҳфуз доштанд, ба маърази тамошо меистоданд.

Дар ҳуҷрае ҷанговари хуҷандӣ дар тан ҷавшан бо гурзу табарзин ва дигар олотҳои ҷангӣ меистод. Зани дар либоси арўсӣ истода: бо фаранҷиву чашмбанд, зеби гардан, тоҷ ва гўшвораҳои тиллоӣ ва дигар зебу зиннатҳои занона, ки нақши нотакрори дастони заргарону ҳунармандони асиланд, бинандаро ба олами дуродури гузаштаи халқамон мебурд.

Дар як раста олами ҳайвоноти табиати биҳиштосои мо инъикоси худро ёфта, он ҷо паррандагон, хазандагон, дарандагон, аз ҷумлаи шер, паланг, бузҳои кўҳӣ, мор, сусмор, боз, уқоб, кабк, тазарв, гўсолаи дусара ва ғайраҳо гузошта шуда буданд.

Ҳамаи ин, ба қавле, боигарии мо, сарчашмаи ифтихори мост, ки бояд рўзе ояндагонамон аз он фахр кардаву сарбаланд бошанд. Дар дигар мамолики дунё, дар омади гап зикр кардан ҷоиз аст, ки ҳатто, қасру кўшкҳои шоҳонро дар ҳолате ки давраи салтанаташон буд, чун ёдгории таърихӣ нигоҳ медоранд. Чунки он боигарии миллист. Чаро мо ёдгориҳои гузаштагони худро, ки арзиши бузурги таърихӣ доранд, маҳфуз надорем? Агар мо, насли миёнсол ва калонсол имрўз ҷиҳати эҳёи ин ёдгориҳои нодир ғамхорӣ накунем, пас ҷавонон онро ба гўшаи фаромўшӣ мегузоранд, зеро ки аз онҳо ноогоҳанд.

Дар ҳоле ки соҳиби тамаддуни ин қадар бою пурғановат ҳастем, пас чаро онро дар як ҷо, аниқтараш дар Осорхонаи марказии кишваршиносии вилоятӣ ҷамъ наорем, то ин ки боиси сарафрозиамон назди меҳмонон, ҳамчунин худи сокинони сарзаминамон бошанд?!

Пешниҳоди хешро иброз дошта, гуфтанием, ки агар баҳри ҷамъоварии ин боигариҳои нодири халқамон ба мардум муроҷиат намоем, ба андешаи мо, бо хоҳиши том дастгирӣ хоҳад ёфт.

Ҳабиба СОЛИЕВА,
Мубашшира ВАҲҲОБОВА, сокинони шаҳри Хуҷанд

Читать далее