December 2013
30 December 2013
Кӣ ба амволи хоҷагӣ ҳуқуқ дорад?
- Подробности статьи
Азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм, пеш аз ҳама, аз фаъолияти босамари комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ вобастагии амиқ дорад. Онҳо чӣ вазифа доранду чӣ хел ваколатҳояшонро амалӣ менамоянд? Бо ин ва дигар суолҳои вобаста ба фаъолияти комиссияҳои вилоятиву ноҳиявӣ, ҳамчунин, ҳуқуқу вазифаҳои маҷлиси умумии саҳмдорони хоҷагиҳои калонҳаҷм хабарнигори рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» бо муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Мирзоанвар Аҳмадов муроҷиат кард.
Читать далее
Роҳҳо обод шуданд, аммо…
- Подробности статьи
Чанд сол қабл ҳолати роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии вилоят ҳолати табоҳ дошт ва бо мурури замон аксари роҳҳо пурра таъмир гардида, ҳаракати нақлиёт бехавф шуда, минбаъд кўчаву пасткўчаҳо низ обод мешаванд. Тавре иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар мулоқотҳо бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо таъкид намуд, «соли 2014-ум Соли ободонии роҳҳо» эълон хоҳад шуд.
Читать далее
Дар Хуҷанд коргоҳҳои навро ба истифода доданд
- Подробности статьи
Субҳи дирўз, 27-уми декабри соли 2013 бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд коргоҳи нави дўзандагиву бофандагӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин корхона аз ҷониби соҳибкор Абдукарим Султонов дар заминаи ҶДММ «Сарей» таъсис дода шудааст, ки он дар марҳилаи нахуст 50 нафарро бо ҷои кор таъмин хоҳад кард.
Читать далее
26 December 2013
Муҳофизи амнияти кишвар
- Подробности статьи
Конфронси илмӣ бахшида ба 95-солагии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – солагии собиқадори амнияти миллӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҷаббор Боқиев таҳти унвони «Амният - таъмингари ҳаёти осоиштаи ҷомеа» дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд баргузор гардид.
Сарвари осорхона Мансурҷон Бойматов аз хислатҳои неки ин ҷанговари шуҷоъ ва таъмингари амнияти кишвар ҳарф зад. Собиқадори Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Эргашбой Қурбонов, раиси шўрои собиқадорони назди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Орифҷон Содиқов, корманди илмии осорхона Фаридхон Исҳоқӣ ва дигарон дар бораи хизматҳои шоистаи соҳибҷашн сухан ронданд.
Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Мирзоанвар Аҳмадов саҳми Ҷаббор Боқиевро дар таъмини рушди хоҷагии халқи вилоят нек арзёбӣ намуда, ба соҳибҷашн барори кору умри бардавом орзу намуд.
Лаҳзаҳои ҷолиб дар ҳаёти Ҷаббор Боқиев зиёданд. Суханронии номзади илмҳои филологӣ Юсуфҷон Кенҷаев дар ин мавзўъ пурмўҳтаво буда, писанди иштирокдорон гардид. Набераю абераи соҳибҷашн Нигина ва Нозанин бобояшонро бо рўзи мавлуди муборак ва санаи фархундаи 90-солагӣ шодбош гуфтанд.
Ш.САЛИМОВА
Читать далееМедали тиллои Хушқадам Хисравов дар ҷоми ҷаҳонии самбо
- Подробности статьи
Паҳлавони тоҷик Хушқадам Хисравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои қаҳрамони шашкаратаи ҷаҳон ва Устоди шоистаи варзиши Русия Асламбек Аслаханов медали тилло ба даст овард. Мусобиқаи ХII байналмилалии дараҷаи "А", ки даври охирини Ҷоми ҷаҳонии самбо-2013 маҳсуб мешуд, рўзҳои 20-21-уми декабр дар шаҳри Маскав, дар Қасри варзиши ба номи Иван Яригин, бо ширкати 119 варзишгар аз 15 кишвар барпо гардид.
Хушқадам Хисравов дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг бар ҳамаи рақибонаш пирўз шуда, ба финал баромад. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Саян Хертеки русиягӣ ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.
Дар ин мусобиқа довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон ба ҳайси ҳакам ширкат дошт.
Аз расонаҳои хабарӣ
Читать далееДеҳқон соҳиби ҳақиқии замин мешавад
- Подробности статьи
Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон таъкид намуданд, ки «Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи тоҷик аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад».
Читать далее
Созишнома ба манфиати кор
- Подробности статьи
Дар толори Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят ҷаласаи Шўрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Саидбой Зокиров ҳусни оғоз бахшида, дар бораи ҷамъбасти фаъолияти кори Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят дар соли 2013-ум ва вазифаҳо барои соли 2014-ум маълумоти муфассал дод.
Мавсуф соли 2013-умро соли пурфайз ва соли ҷашну маъракаҳои сиёсӣ номида, аз ҷумла қайд кард, ки кормандони иттифоқҳои касаба аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода бурда, номзади арзандаи худро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Онҳо дар тайёр ва гузарондани маъракаи муҳими сиёсӣ ҳиссаи назаррас гузоштанд.
Сипас ў дар бораи фаъолияти иттифоқҳои касаба тибқи талаботи Оиннома, иҷрои қонунҳои ҷорӣ ва бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ байни раисони шаҳру ноҳияҳо ва Шўроҳои ҳамоҳангсозӣ ва дигар масъалаҳо ибрози ақида намуд. Муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоятро дар соли 2013-ум мусбат арзёбӣ кард.
Аз рўи масъалаи дуюм ҳуқуқшиноси ташкилоти суғуртавии суғуртаи миллӣ Фаррух Ҳамроқулов дар бораи созмон ёфтани суғуртаи миллӣ ва алҳол дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоят фаъолият доштани он, намудҳои хизматрасонӣ ҳозиринро огоҳ сохт. Барои хизмати шоиста дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят якчанд нафар бо Ифтихорномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят сарфароз гардонда шуданд.
Тавҳида ҶЎРАЕВА
Читать далееАбдураҳмон Қодирӣ Заррина Қосимоваро пазируфт
- Подробности статьи
24 декабр, иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муовини роҳбари лоиҳаи «Барномаи рушди иқтисодии деҳот ва кишоварзии Тоҷикистон – GRЕAT» Заррина Қосимоваро ба ҳузур пазируфт. Дар оғози мулоқот Абдураҳмон Қодирӣ аз муносибатҳои мавҷуда изҳори хушнудӣ намуда, барои вусъати ҳамкориҳо дар оянда изҳори омодагӣ кард.
25 December 2013
ШАРИФОВА МАВЛУДА
- Подробности статьи
10-уми декабри соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, дар мактаби миёнаи № 20-уми шаҳр таҳсил намудааст.
Ҷӯраева Тавҳида
- Подробности статьи
13-уми майи соли 1960 дар деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.