30 December 2013

Кӣ ба амволи хоҷагӣ ҳуқуқ дорад?

Азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм, пеш аз ҳама, аз фаъолияти босамари комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ вобастагии амиқ дорад. Онҳо чӣ вазифа доранду чӣ хел ваколатҳояшонро амалӣ менамоянд? Бо ин ва дигар суолҳои вобаста ба фаъолияти комиссияҳои вилоятиву ноҳиявӣ, ҳамчунин, ҳуқуқу вазифаҳои маҷлиси умумии саҳмдорони хоҷагиҳои калонҳаҷм хабарнигори рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» бо муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Мирзоанвар Аҳмадов муроҷиат кард. Читать далее

Роҳҳо обод шуданд, аммо…

Чанд сол қабл ҳолати роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии вилоят ҳолати табоҳ дошт ва бо мурури замон аксари роҳҳо пурра таъмир гардида, ҳаракати нақлиёт бехавф шуда, минбаъд кўчаву пасткўчаҳо низ обод мешаванд. Тавре иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар мулоқотҳо бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо таъкид намуд, «соли 2014-ум Соли ободонии роҳҳо» эълон хоҳад шуд. Читать далее

Дар Хуҷанд коргоҳҳои навро ба истифода доданд

Субҳи дирўз, 27-уми декабри соли 2013 бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд коргоҳи нави дўзандагиву бофандагӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин корхона аз ҷониби соҳибкор Абдукарим Султонов дар заминаи ҶДММ «Сарей» таъсис дода шудааст, ки он дар марҳилаи нахуст 50 нафарро бо ҷои кор таъмин хоҳад кард. Читать далее