24 December 2013

Замин бояд ба соҳибаш расад

Қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ № 287 аз 9-уми декабри соли 2013 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» ба тасвиб расид ва он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, масъулини сохторҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятиро водор мекунад, ки ба ислоҳоти замин дақиқназарона муносибат кунанд, дар тақсимоти саҳми замин ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд, ҳар як саҳмдори заминро бо рафти таҷдиди хоҷагиҳо огоҳ намоянд, бо як сухан замин, бояд ба соҳиби ҳақиқиаш – марди деҳқон бирасад. Читать далее

Беҳдошти вазъ зарур аст

23-юми декабри соли равон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи кории назди Раиси вилоят доир гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони шўъбаю сохторҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, кормандони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ машваратро ифтитоҳ намуда, аз натиҷаҳои мулоқотҳои худ бо фаъолони 18 шаҳру навоҳӣ изҳори андеша намуд. Вай умуман баргузории мулоқотҳоро дар шаҳру навоҳӣ нек арзёбӣ карда, ба роҳбарони сохтору шўъбаҳои МИҲД-и вилоят баҳри таъмини иҷрои талабу дархости мардуми маҳалҳои мухталиф супоришҳои қатъӣ дод. Ба кор андохтани корхонаҳои саноати сабук, ки дар қаламрави вилоят бештар аз 50 адад мебошанд, вазифаи аввалиндараҷаи шахсони масъул мебошад. Корхонаи муштараки «Олимтекстайлз»-и ноҳияи Мастчоҳ бояд рўзҳои наздик мавриди истифода қарор гирад.

Ҳамчунин, таҷдиди фаъолияти КМ «Кабоол-тоҷик-текстайлз» таъмин намуда, ташкил кардани коргоҳҳои қолинбофӣ дар мадди назар бошад. Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи ноободии роҳҳои маҳаллӣ сухан ронда, гуфт, ки «Соли 2014-ум Соли роҳҳои обод» эълом дошта мешавад.

Дар ин маврид ҳам ташкилотҳои масъул бояд нақшаи чорабиниҳои муайянро қабул ва роҳандозӣ намоянд. Ба кор андохтани корхонаи истеҳсоли намаки «Экстра» дар ноҳияи Ашт, бунёди чойхонаи миллӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Маҳ- мудҷон Воҳидови шаҳраки Шайдон, сохтмони бинои мактабҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки бояд соли минбаъда ба иҷро расонида шаванд.

Дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ ба ободонии кўчаю хиёбонҳо, гулзор кардани маҳалли зист эътибори алоҳида додан зарур аст. Бунёди манзилҳои истиқоматӣ аз масолеҳи маҳаллӣ – санг дар шаҳри Истиқлол вусъат гирад. Ҳамчунин сарвари вилоят масъулинро вазифадор кард, ки комбинати металлургии шаҳри Истиқлол бояд дар мўҳлати муқарраршуда ба кор дароварда шавад.

Абдураҳмон Қодирӣ таваҷҷўҳи иштирокдорони ҷаласаро ба сохтмони нерўгоҳҳои хурди обӣ дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, таъмиру таҷдиди бинои Садорати колхози ба номи Абдуғафур Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов, таъмири роҳҳои протоколӣ, дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҳарчӣ бештар бунёд кардани корхонаҳои истеҳсолӣ, вусъати таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм, истифодаи босамари замин, рушди моҳипарварӣ, паррандапарварӣ, занбўри асалпарварӣ, инчунин дар ноҳияи Айнӣ ташкил кардани бозори яклухтфурўшӣ, истифодаи босамари бозори «Ашроф»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ободонии мавзеҳои Моҳпарии шаҳри Исфара ва Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Fафуров нигаронид.

Ҳамчунин, и.в. Раиси вилоят муовинони Раиси вилоят ва роҳбарони ташкилоту сохторҳои масъулро водор намуд, ки ба ошкоркунии ҷиноят, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ташкили майдончаҳои варзишӣ дар деҳот, беҳтар кардани ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, бо кор таъмин кардани хатмкардагони макотиби олӣ, пешгирии фавти модару кўдак, гирифторӣ ба касалиҳои сорӣ ва ғайра бештар аҳамият диҳанд ва баҳри беҳдошти вазъ дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқи вилоят тадбирҳо андешанд.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Парчами миллӣ барафрохта мешавад

Дар майдони Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сутунпояе, ки 55 метр баландӣ дорад, партавафшонӣ хоҳад кард. 23-юми декабри соли равон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои бунёди сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузошта шуд.

Тавре иттилоъ доданд, сутунпояи Парчам 55 метр баландӣ дошта, он чун рамзи соҳибистиқлолии кишвар ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бунёд карда мешавад. Абдураҳмон Қодирӣ бо гузоштани нома ба наслҳои оянда ва санги асос бар сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилояти Суғд баландтарин хоҳад буд, ба корҳои сохтмонӣ ҳусни оғоз бахшид. Роҳбари вилоят ҳини мулоқот бо фаъолон ва иштирокдорони ин воқеаи таърихӣ, изҳор дошт, ки оянда дар ин минтақа Боғи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шафати он Боғи устод Рўдакӣ бунёд карда мешавад. Ў ҳамзамон таъкид кард, ки ин мавзеъ ба макони зебои истироҳатии шаҳрвандон табдил дода хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки сутунпояаш 55 метр баландӣ дорад, ҶДММ «Суғдшаҳрофар» омода намудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Аз истеҳсол ҷамъият нафъ бинад…

Дастовардҳои соҳаи саноат солҳои охир хеле назаррас аст. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки дар 11 моҳи соли равон дар сатҳи вилоят ба маблағи зиёда аз 3,5 млрд сомонӣ маҳсулоти мухталиф истеҳсол гардида,суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 111,1 фоизро ташкил дод. Яъне дар ин давра ба маблағи 282,3 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ зиёд истеҳсол гардид. Читать далее

Ба гиромидошти Гиёев

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузории чорабинии варзишӣ дар арафаи иду ҷашнҳо ба хотири шахсони арзанда ба ҳукми анъана даромадааст, ки ин ба рушди варзиш ва ҷалби оммаи васеи мардум ба солимӣ ва зиёд шудани сафи дўстдорони варзиш мусоидат мекунад. Оид ба ҳамин мавзўъ мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров чунин хушхабар расонд: Читать далее

Истеҳсоли барқ бо усули нав

ё пешниҳоди пири барнодил оид ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш аз 26 апрели соли 2013 оид ба рушди босуръати гидроэнергетикӣ гуфтааст, ки «… рушди имрўзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад… Читать далее