18 December 2013
Cоли дастовардҳои бузург
- Подробности статьи
Инак, рўзҳои башумор сипарӣ мегарданду соли 2013-ум ба ҳукми таърих мегузарад. Дар фароварди сол назаре ба дастовардҳо андозем, дар симои тамоми шаҳру навоҳӣ, ҳатто, деҳоти дурдасттарини вилоят дигаргунӣ, ободиву бунёдкорӣ ба назар мерасад.
Баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти мамлакат дар ҳаёти сиёсии кишвар воқеаи таърихӣ маҳсуб шуда, ин дафъа ҳам интихобкунандагони вилоят чун тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриамон дар ин маърака бо майлу хоҳиши том ширкат карда, ба ҷонибдории номзади арзанда раъй доданд. Аз байни 6 номзад бо бештар аз 84 фоизи овозҳо ба мансаби Президенти кишвар интихоб шудани мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли нек аст. Боиси фараҳмандист, ки дар ин дастоварди фараҳбахши сиёсӣ бошандагони вилояти Суғд ҳам саҳми босазо доранд.
Шояд барои насли ҷавон рўҳияи ободкории мардуми вилоят, ки имрўзҳо дар ҳар қадам эҳсос мешавад, як чизи оддӣ намояд. Вале барои насли калонсол, ки солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, айёми душвориҳо, вайронаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва эҳсоси ноумедии халқро аз сар гузаронда буданд, саросар ба майдони бунёдкориҳо табдил ёфтани шаҳру деҳоти вилоят ҳисси ифтихор аз озодиву сулҳу субот, умед ба ояндаи неки мамлакатро бедор менамояд.
Эълон гардидани 300 рўзи ободонӣ ба ифтихори Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, барои сокинони маркази вилоят таконе дар ҷодаи созандагиву бунёдкорӣ гардид. Дар шаҳри Хуҷанд, тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, бо қувваи соҳибкорони ҷудогона даҳҳо иншоотҳои хурду бузург мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҳусни шаҳри Хуҷанд давоми сол ҷилову таровати тоза гирифт. Танҳо бо иштироки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо иншоотҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» навбати аввали корхонаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминий аз ҷониби Ширкати муштараки тоҷикиву туркӣ бо унвони «Офарин алюминиум» ба фаъолият шурўъ карда, дар он 70 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд. Минбаъд, баъди баистифодадиҳии навбати дуюми коргоҳ теъдоди коргарон ба 150 нафар хоҳад расид.
Чанд бинои корхонаи «Абрешим» аз ҷониби Ширкати «Хуҷанд-Инвест-Коттон» бо харҷи 2 млн сомонӣ навсозӣ ва коргоҳи нави коркарди нахи пахтаи «Нассоҷи Хуҷанд» ифтитоҳ ёфт. Инчунин дар ин коргоҳ ба маблағи 55 млн. сомонӣ таҷҳизоти нави муосир насб, техникаву таҷҳизоти кўҳна навсозӣ гардиданд. Дар коргоҳ 1100 нафар бо ҷои кор таъмин гаштанд. Феълан дар истеҳсолоти мазкур дўхти либосҳои мактабӣ, низомӣ, корҷомаҳо ба роҳ монда шудааст.
Бо ифтитоҳёбии ҶДММ «Фирўз» дар шаҳри Хуҷанд коргоҳе ба фаъолият шурўъ кард, ки ба истеҳсоли либосҳои варзишии ҷавобгў ба талаботи бозори ҷаҳон машғул аст ва аллакай тамғаи маҳсулоти сифатан баланди ин коргоҳро дар мамолики дунё мешиносанд. Дар ин коргоҳ, ҳамчунин, бо бренди «Дорвин» дару тирезаҳои пластикӣ истеҳсол мегардад. Имрўз дар ин муассиса истеҳсолоти бофандагӣ ва дўзандагӣ низ амал мекунад.
Бо дастуру супориши Президенти мамлакат корхонаи «Қолинҳои Қайроққум»-и шаҳри Қайроққум аз нав эҳё шуд. Алҳол иқтидори солонаи коргоҳ истеҳсоли 1 миллиону 300 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ аст. Баҳри ба истифода додани коргоҳи иловагӣ дастгоҳҳои нави технологӣ ворид карда мешаванд. Ҳамчунин хатти нави технологӣ соли равон дар фабрикаи ҷуроббарории «Наврўз»-и ноҳияи Зафаробод ба кор андохта шуд. Дар шаҳри Чкалов корхонаи «Суғд-Пак» барои истеҳсоли халтаҳои пропиленӣ барои орд, шакар, хо-каҳои масолеҳи бинокорӣ бо иқ- тидори 40 млн дона халтаҳои гуногунҳаҷм таъсис ёфт.
Дар назди ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент коргоҳи холисгардонии тилло бо иштироки Президенти мамлакат ба фаъолият шурўъ кард, ки 70 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори доимӣ фаро гирифта шуданд. Дар шаҳри Исфара бошад, корхонаи коркарди нафти ҶСК «Султонстоун» барои таъмини аҳолӣ бо сўзишворӣ ба кор оғоз кард. Ҳамин тавр, дар давоми 11 моҳи соли равон дар вилоят ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 111 фоиз зиёд аст.
Солҳои охир ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба фаровонгардонии меваву сабзавот дар бозор ва содироти он ба хориҷи кишвар, аз ҷумла вилояти мо масоҳати боғоти дарахтони мевадор торафт афзун карда, дар ин асос содироти меваи тару хушк ба хориҷи дуру наздик меафзояд. Танҳо овардани як рақам шаҳодатдеҳи ин гуфтаҳост, ки давоми 11 моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони вилояти Суғд ба давлатҳои дуру наздик бештар аз 78 ҳазору 287 тонна меваи хушк интиқол дода шуд, ки аз ин 6.225 тоннааш меваи тар мебошад. Танҳо дар ноҳияи Ашт давоми шаш моҳ 3 ҳазор тонна зардолу ҷамъ оварда шуда, аз он 2 ҳазор тоннааш содир карда шуд. Зикраш фараҳбахш аст, ки дар ин ноҳия беш аз 10 ҳазор нафар сокинон бо парвариши боғот машғуланд ва аз пайи ин шуғл, яъне содироти маҳсулот ва ба бозори мутамаддин роҳ ёфтан торафт сатҳи зисташон баланд мегардад.
Феълан дар қаламрави вилоят даҳҳо корхонаҳои коркарди меваву сабзавот фаъолият бурда, соли 2013-ум боз чандин чунин коргоҳу сехҳо ба кор шурўъ карданд. Корхонаи коркарди меваву сабзавоти «Субҳи Ватан»-и шаҳри Исфара яке аз онҳост. Иқтидори солонаи ин коргоҳ истеҳсоли 1 млн қуттии шартӣ консерв аст. Баъди ба кор оғоз кардани ин истеҳсолот даҳҳо бонувони Ҷамоатҳои деҳоти Хонобод ва Нефтобод бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин, дар шаҳри Исфара сехи хушконидани мева бо иқтидори 1200 тонна ба истифода дода шуд. Коргоҳҳои самти фаъолияташон гуногун, аз ҷумла дар шаҳри Қайроққум сехи истеҳсоли маснуоти заргарӣ, ноҳияи Спитамен коргоҳи коркарди ғалла бо иқтидори коркарди 60 тонна, сехи хиштбарорӣ бо иқтидори 20 ҳазор дона дар як шабо-нарўз, дар шаҳри Истаравшан коргоҳи истеҳсоли мебел ба фаъолият шурўъ карданд.
Ҳамин тавр, давоми ёздаҳ моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 150 корхонаи нави саноатии хурду бузург ба кор оғоз кард ва бештар аз 3247 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштанд. Якҷоя бо фаъол гаштани иқтидорҳои бозистода бошад, 4747 ҷои кор таъсис ёфт. Дастовардҳои саноатчиён дар соли 2013-ум ба он далолат мекунад, ки мардуми шарафманди вилоят роҳ ба бозори ҷаҳон кушоданд ва дар ин ҷода гомҳои устувор мегузоранд.
Бунёд ёфтани даҳҳо бинову иншоотҳои истиқоматӣ, таъиноти иҷтимоӣ, маъмурӣ, фарҳангӣ, муассисаҳои маориф ва нигаҳдории тандурустӣ шаҳодатдеҳ аз рўҳияи созандагиву бунёдкоронаи мардуми шарифи вилоят аст, ки бо бунёди иншоотҳо дараҷаи рўзгори мардум беҳтар, садҳо нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд. Аз ҷумла дар маркази вилоят Маҷмааи «Қасри варзиш» барои 3000 ҷои нишаст, ки дорои толорҳо барои машғулиятҳои варзишгарон, мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ оид ба намудҳои вазнбардорӣ, волейбол, баскетбол, бокс, гимнастикаи бадеӣ, гўштини тарзи озод аст, мавриди истифода қарор гирифт.
Чунин Маҷмааи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров барои 7 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои тиҷоративу хизматрасонии «Saрa - Сити» бо харҷи 3,4 млн сомонӣ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ иборат аз 6 ошёна ва таҳхона ба фаъолият шурўъ кард. Дар ин ҷо сарулибоси корӣ, маъмулӣ, идона фурўхта шуда, толорҳои варзишӣ, намоиши филмҳо, толори ҳусн, утоқҳо барои маҷлис амал менамоянд. Дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои панҷошёнаи хизматрасонии «Тоҷ-Сити» бо харҷи 3,5 млн сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он беш аз 130 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуд. Бино аз толорҳои варзишӣ, фурўшгоҳи либосҳои замонавӣ, утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ, утоқҳои иҷоравӣ, толори ороиши занона ва ғайра иборат аст.
Дар маҳаллаи 20-уми шаҳр Маркази савдои «Хубҷамъ» ба истифода дода шуда, 20 нафар бо кор таъмин гардиданд. Чунин маҷмааву марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳру навоҳии Fончӣ бо номи «Файз» (иборат аз мағозаи олами кўдакон, толори варзишӣ, тўйхона, толори ҳусн, нонвойхона, дўкони таъминоти сўзишворӣ, бозори масолеҳи сохтмон, сехи дўзандагӣ ва ғайра, ки ҷамъ бештар аз сад нафарро бо кор таъмин кард), дар ноҳияи Ашт маҷмааи варзишии замонавӣ бо 300 ҷои нишаст бо шароити машқу тамрин ба истифода дода шуданд.
Солҳои охир, чуноне аз маблағгузории буҷети мамлакат аён мегардад, баҳри рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва маориф ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок, эътибори Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар бештар равона карда шудааст. Бунёди даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, биноҳои иловагии макотиб гувоҳи ин гуфтаҳоанд. Соли равон дар маркази вилоят ба фаъолият шурўъ намудани Кўдакистони президентӣ бо фарогирии 1000 нафар кўдакон дар 46 гурўҳ, ки бо харҷи 25 млн сомонӣ, дар масоҳати 3 гектар сохта, ба истифода дода шуд.
Дар ин ҷо зикри он рақам бамаврид аст, ки соли 2013-ум теъдоди муассисаҳои томактабӣ 13 адад афзуда, бо ҳамин 37 ҳазор нафар тифлакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуданд ва феълан ба тарбияи онҳо 2500 нафар мураббияҳо машғуланд. Дар маҳаллаи Нави маркази вилоят бошад, барои 1000 нафар хонанда ба истифода дода шудани мактаб, ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии мактаби рақами 13 барои 1450 хонанда, дар Ҷамоати деҳоти Зарзамини ҳамин ноҳия ба истифода дода шудани бинои иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 55 иборат аз 8 синфхона аз ҳамин ҷумлаанд.
Бо ҳидояти Президенти мамлакат, бо иштироки худи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соли равон ба истифода дода шудани бинои истиқоматӣ барои омўзгорони Мактаби президентӣ, ки 46 нафар устодони ин таълимгоҳ соҳиби манзил шуданд, кормандони соҳаи маорифро баҳри иҷрои рисолати хеш масъулиятшиностар ва рўҳбаланд гардонд. Ҳамчунин дар бобати пешравиҳои соҳаи маориф сухан ронда, қайд кардан ҷоиз аст, ки соли равон дар 19 лагери беруназшаҳрӣ, 628 лагери наздимактабӣ, 2 меҳнативу истироҳатӣ, 366 солимгардонӣ ва 49 варзишӣ-беҳдоштӣ бештар аз 110 ҳазор нафар мактабиён истироҳат карданд. Дар Маркази солимгардонии «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум, ки бевосита бо ҳидояти Президенти мамлакат дар заминаи фароғатгоҳи «Уқобча»-и КВД «Востокредмет» таъсис ёфт, имсол аксар бачагони болаёқат, фарзандони оилаҳои камбизоат, ятимон истироҳат карданд.
Дар самти рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ низ соли равон, ба қавле, қадамҳои устувор гузошта шуданд. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии таваллудхонаи вилоятӣ, ки бо харҷи 54 млн сомонӣ нав-созӣ шуда ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти навтарини замонавии тиббӣ аст, бинои Маркази равонпизишкӣ дар шаҳри Хуҷанд барои 100 кат, бунёди дармонгоҳ ва бинои шўъбаи бачагонаи беморхонаи марказии ноҳия дар Истаравшан, дармонгоҳ ва клиникаи хусусӣ дар ноҳияи Спитамен, ба истифода дода шудани бинои беморхонаи марказии ноҳияи Ашт иборат аз даҳ шўъба барои 150 кат ва ғайраҳо аз ҳамин ҷумлаанд.
Дар бобати созандагиву бунёдкориҳо ҳамчунин зикр кардан ҷоиз аст, ки давоми сол якчанд кўпрукҳо бунёд, даҳҳо километр роҳҳои дохилӣ ва байнишаҳрӣ мумфарш карда шуданд. Дар бобати пешравиҳои соҳоти мухталифи хоҷагии халқи вилоят, баланд шудани сатҳи рўзгори мардуми шарифи он сухан ронда, оид ба иқдомҳои шоистаи роҳбарияти вилоят нагуфтан мумкин нест. Аз ҷумла баргузории Рўзҳои қабули шаҳрвандон дар шаҳру навоҳии вилоят, ки соли 2013-ум бо усули нави «Равзанаи ягона» ҷараён гирифт, маҳз бо шунидани муаммоҳои сокинон ва вазифагузориҳо ба мақомоти маҳаллӣ, роҳбарони корхонаҳо, ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати баррасӣ ва фаврияти ҳалли онҳо имкон фароҳам овард, ки даҳҳо километр роҳҳо обод, манзилҳо, иншоотҳо бунёд гарданд, мардум аз фаъолияти роҳбарияти вилоят қаноатманд бошад.
Ин ҷо овардани танҳо як далел аз ҷараёни қабули шаҳрвандон кофист: - Дар рўзи қабули шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд сокини шаҳр ба Раиси вилоят иброз дошт, ки барои мўйсафедон чойхона мавҷуд нест. Ва соли равон чойхонаи «Сирдарё» бо иқдоми Сарвари вилоят таъмиру тармим ва ба ихтиёри пирони солору кордида гузошта шуд. Ва ҳамин тавр, бо сарварони ку-митаҳои маҳаллаҳо, аминони маҳаллаҳо, роҳбарони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ вохўрӣ доир намудани Раиси вилоят имконият фароҳам овард, ки созгории муҳити маънавии маҳалла, танзими даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масоили ба маҳалла марбут ба низом дароварда шаванд.
Соли 2013-ум дастоварди кишоварзони вилоят низ назаррас буд. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар бобати афзун кардани боғоту токзор, дар қаламрави вилоят то 1-уми апрел 2939 гектар боғи нав ва 163,6 гектар токзори нав бунёд карда шуд. Ин ҷо зикр кардан бамаврид аст, ки соли равон истаравшаниҳо 75 ҳазор бех қаламчаи токи ангури кишмиши сиёҳу сафедро шинонданд, ки ин навъи ангур ва мавизи он дар бозори ҷаҳон талаботи калон дорад. Ҳамчунин, дар вилоят баҳри дар мавсими сармо бо меваву сабзавоти тару тоза таъмин намудани мардум дар 25,7 гектар гармхона фаъолият мебарад. Гармхонаҳо асосан дар навоҳии Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Спитамен, Истаравшан, Мастчоҳ амал мекунанд ва дар онҳо лимў, помидор, бодиринг, сабзавот парвариш меёбанд. Кишоварзони вилоят дар ҷодаи рўёндани ҳосили пахта, ғалла, сабзавот, мева, пилла ва дигар зироатҳои кишоварзӣ низ имсол ба дастовардҳо ноил гаштанд.
Афзудани теъдоди майдончаҳои варзишӣ, варзишгоҳҳо, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар иншоотҳои варзишӣ ба мардум шароити ҳарчи бештар бо варзиш машғул шуданро пеш меорад. Соли 2013-ум, ба қавле, соли барору кушоишҳои нав барои варзишгарони вилоят буд. Варзишгарони мо дар 40 мусобиқоти вилоятӣ, 35 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, 20 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 556 медали тилло, 517 медали нуқра, 705 медали биринҷӣ гардиданд. Аз санаи 25-ум то 30-юми августи соли равон Мусобиқаи 31-уми байналмилалӣ оид ба бокс дар вилояти мо доир гардид, ки дар он шарафи вилоятро беҳтарин боксчиён ҳимоя намуданд.
Як асноди ҷолиб дар самти дастгирӣ ва ҳавасмандгардо-нии варзишгарон он аст, ки соли равон қарори Раиси вилоят аз 10.06.2013, оид ба бо идрорпулӣ ҳавасманд гардондани беҳтарин варзишгарон, ҷоизадорони чемпионатҳои байналмилалӣ ба тасвиб расид.
Соли 2013-умро соле номбар кардан мумкин аст, ки дарозои он сокинони вилоят, мардуми сарбаланду шарифи он баҳри таҳкими истиқлолияти давлатии кишварамон, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ баҳри ба даст овардани истиқлолияти иқтисодӣ, барои гулгулшукуфии диёри азизамон, ободу зебо гардондани ҳар ваҷаб замини он кўшиш ба харҷ доданд ва дар ин ҷода ба дастовардҳои шоиста шарафёб шуданд.
Карим ШАРИФ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ