17 December 2013

Ба ёрӣ омодаем

Муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ таърихи тўлонӣ дошта, яке аз падидаҳои маъмули замони муосир ба ҳисоб меравад. Маҳз ба хотири ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ 18-уми декабри соли 1990 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо резолютсияи 45/158 Конвенсияи байналхалқиро дар ин хусус қабул кард. Санаи 4 – уми декабри соли 2000 бошад, дар асоси резолютсияи 55/93 санаи мазкурро Рўзи байналмилалии муҳоҷир эълон намуд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо 8-уми январи соли 2002 ба Конвенсияи байналхалқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо аъзо гардид. Конвенсияи мазкур дар Тоҷикистон аз соли 2003 ҳукми қонунӣ пайдо кард.

Мақсади асосӣ аз татбиқи Конвенсия ноил шудан ба ҳалли мушкилот ва дар сатҳи зарурӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо мебошад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаю ўҳдадориҳои худро вобаста ба ин санади байналмилалӣ хуб иҷро мекунад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сол то сол дастгирию ғамхорӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо афзун мегардад.

- Маҳз ба хотири мусоидати ҳарчи бештар ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирону аҳли оилаи онҳо ва бо ғамхорию дастгирӣ фаро гирифтани ин қишри ҷомеа бо Фармони Сардори давлат аз 21.01.2011, №1014 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷират таъсис ёфт. Дар асоси қарори ҳукумати мамлакат аз 4.10.2011, № 460 «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» тасдиқ гардид.

Дар Федератсияи Русия таъсис ёфтани Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ боиси осоншавии мушкилоти садҳо нафар муҳоҷирон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо гардид,-иброз дошт сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Зайнура Шарифова.

Фаъолияти Раёсат хеле серпаҳлў ва доманадор буда, бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳангу ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ, субъектҳои хоҷагидор, ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма ҳамкории ҳамаҷониба дорад. Айни замон дар миқёси вилоят 10 адад субъектҳои хоҷагидор дар самтҳои мусофиркашонии байналмилалӣ ва бо кортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият менамоянд. Давоми 11 моҳи соли 2013 аз хизматрасонии онҳо 15155 нафар баҳравар гардида, 1109 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Кормандони раёсат ҳамарўза кўшиш доранд, ки бо маслиҳату машғулиятҳои судманд муҳоҷиронро аз ҳуқуқҳояшон бархурдор созанд. Ба ин хотир наздик ба 8000 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳо машғулиятҳои маърифатию дастурдиҳӣ гузаронида, наздик 60 ҳазор маводи ташвиқотию тарғиботӣ паҳн карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи- кистон дар вилояти Суғд сиёсати давлатиро вобаста ба иҷозатномадиҳӣ, танзим, назорат, санҷиш ва хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират татбиқ менамояд. Алҳол дар қаламрави вилоят давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2013-ум 318373 нафар муҳоҷир ба қайд гирифта шудаанд, ки 222706 нафар сафар карда, 95667 нафар аз сафар баргаштанд. 200764 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки аз онҳо 172138 нафар мард ва 28581 нафар зан мебошанд.

Инчунин 7474 нафар зан ва 14468 нафар мард бо мақсадҳои гуногун ба кишварҳои хориҷа сафар карданд. Аз касе пўшида нест, ки вақтҳои охир ҳодисаи аз қаламрави Федератсияи Русия берун кардан ва бозпас омадани муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд шуда истодааст. Мутаассифона, дар бисёр маврид худи муҳоҷирони меҳнатӣ аз сабаби риоя накардани қоидаю қонун, надонистани забон, надоштани касбу ҳунар ва пастии сатҳи маърифаташон ба мушкилиҳо дучор мегарданд.

Бо назардошти ин мушкилот, масъулин дар маҳалҳо корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида истодаанд. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо шўъбаю раёсатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират фаъолият доранд, ки метавонанд, дар самти дарёфти ҷойи кор ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо кўмак расонанд.

Дар радифи муассисаҳои таълимии Агентӣ омўзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ ва марказҳои таълими калонсолон омодаи касбомўзонию забономўзонии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дастраси шаҳодатномаи малакаҳои касбии онҳо ҳастанд.

Кормандони раёсат ҳамарўза баҳри бартараф кардани норасогиву камбудиҳои ҷойдошта ва масъалаҳои гуногун ба мардум хизмати софдилона намуда истодаанд. Ҳафтае як маротиба қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раёсат ба ҳукми анъана даромада, то ин муддат 4182 нафар шаҳрванд бо сабабҳои гуногун муроҷиат намудаанд.

Фаъолияти назаррас дар самти баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон боиси рўз то рўз баланд шудани обрўю эътибори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсатҳои минтақавии он дар байни аҳли ҷомеа, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ шуда истодааст.

Чунончӣ, санаи 2 августи соли равон сокини шаҳри Истаравшан, кўчаи Будёний-10 Қаҳрамон Воҳидов бо масъалаи аз рўйхати беруншудагони Федератсияи Русия хориҷ намудани ному насабаш, ки дар бонки иттилоотии ин кишвар дарҷ гардидааст, муроҷиат карда буд.

Бо ҳамин дархост санаи 19 август сокини ноҳияи Ашт, Ҷамоати деҳоти Понғоз, маҳаллаи Пушта Ҳабибулло Мамадҷонов низ ариза пешниҳод намуд. Аризаҳои ин шаҳрвандон дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти баррасии муроҷиатҳо санаи 10 октябри соли 2013 ному насаби Ҳабибулло Мамадҷонов аз рўйхати беруншудагони Федератсияи Русия хориҷ ва ба ў иҷозати воридшавӣ ба қаламрави мамлакат дода шуд. Чунин мисолҳо дар фаъолияти ҳаррўзаи Раёсат хеле зиёданд.

Баланд бардоштани сатҳи маърифатии муҳоҷирони меҳнатӣ вазифаи аввалиндараҷаи кормандони Раёсат маҳсуб меёбад. Дар ин радиф ташкили курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши забони русӣ ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ бамаврид буда, чунин курсҳо дар 10 шаҳру ноҳия ташкил ва зиёда аз 500 нафар бо машғулият фаро гирифта шуданд.

Алҳол дар идораи раёсат ва толори Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Т.Асирӣ гўшаҳои маърифатӣ, дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» маркази хизматрасонӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ амал менамоянд. Маркази мазкур бо мақсади бурдани корҳои иттилоотӣ ба муҳоҷирон буклету дастур, маълумотнома ва видеомаводҳоро пешниҳод менамояд.

Инчунин Раёсат вобаста ба ҳифзу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилот ва ҷалби онҳо барои саҳмгузорӣ дар ободонии диёр бо якчанд марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Агентии ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони шаҳри Қазон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Сомон»-и шаҳри Кемерово, Ташкилоти ҷамъиятии «Ваҳдат» ва маркази миллии фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Оренбург, Маркази фарҳангии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Калининград, ташкилоти ҷамъиятии «Аҷам»-и шаҳри Санкт-Петербург, Маркази ёрии ҳуқуқӣ-иҷтимоӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони «Золотой Челнок»-и шаҳри Рязан, Маркази фарҳангии ҷамъияти тоҷикони «Сино» ва ғайра ҳамкориро ба роҳ монда, баҳри заҳмату талошҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон ва аҳли оилаи эшон корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд. Шоиcтаи таҳсин аст, ки кормандони соҳибтаҷрибаи соҳа Ҷамшедхон Атаев-муовини сардори Раёсат, Абўбакр Иброҳимов - сардори шўъба, сармутахассисон Равшан Раҳимов, Аҳмадхўҷа Аҳмадов ва Маҳбубахон Қосимова аз рўи дастуру супоришҳои Сардори Раёсат Зайнура Шарифова амал намуда, баҳри ҳалли муаммоҳои муҳоҷирон ёрии хешро дареғ намедоранд.

Аҳли заҳмати Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба муносибати фарорасии рўзи байналмилалии муҳоҷир муборакбод мегўем. Бурдбориву сарбаландӣ, некномиву хотирҷамъиро ба ҳар яки онон таманно намуда, хоҳони онем, ки баҳри ободӣ ва гулшукуфти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Шоира САЛИМОВА

Читать далее

Масъулин супориш гирифтанд

«Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 370 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст», - зикр гардид зимни мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолони шаҳри Хуҷанд, ки 13 декабр дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Рўзи ҷумъаи 13 декабр иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолони шаҳрҳои Чкалову Хуҷанд мулоқот орост. Читать далее

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Ли Фен

Рўзи якшанбе, 15 декабр иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори генералии ҶДММ КМ «Зарафшон» Ли Фенро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Абдураҳмон Қодирӣ аз густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии Чин изҳори хушнудӣ намуда, изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳо омода аст.

Зимни сўҳбат директори генералии корхонаи муштараки «Зарафшон» Ли Фен иброз дошт, ки дар 11 моҳи сипаришудаи соли равон ин корхона ба маблағи беш аз 325 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Айни замон дар ин корхона 2210 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият доранд, ки музди миёнаи кормандон 1824 сомониро ташкил мекунад.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин барои ҷалби бештари сармоя ва дар ин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ мубодилаи афкор намуданд.

Тавре Ли Фен изҳор дошт, ширкати «Зичин»-и Ҷумҳурии мардумии Чин тасмим гирифтааст, ки дар давоми солҳои 2013-2016 ба маблағи 200 миллион доллари ИМА барои рушди ҶДММ КМ «Зарафшон» маблағ ҷудо намояд. Дар сурати татбиқи лоиҳаҳои мавҷуда боз 500 нафари дигар бо ҷои кор таъмин мегарданд.

Дар охири сўҳбат директори генералии корхонаи муштараки «Зарафшон» ҳамчунин афзуд, ки иқдоми роҳбарияти вилоятро дар самти эълони соли 2014-ро ҳамчун Cоли роҳҳои обод дастгирӣ менамояд ва роҳи дохилии шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент мумфарш ва роҳи корхонаи муштараки «Зарафшон» аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Cандра Брока пазируфта шуд

13-уми декабри соли 2013-ум иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳониро бо роҳбарии Сандра Брока ба ҳузур пазируфт. Дар оғози мулоқот Абдураҳмон Қодирӣ меҳмононро ба сарзамини бостонии Суғд хайрамақдам гуфта, аз густариш пайдо намудани ҳамкориҳо изҳори хушнудӣ намуд.

Читать далее

Қоҳир Расулзода дар Суғд

Ободонӣ ва кабудизоркунӣ, ташкили инфрасохтори зарурӣ ва омода намудани маркази вилоят ва шаҳрҳои атрофи он барои гузаронидани чорабиниҳои бузурги байналхалқӣ аз умдатарин масъалаҳое буданд, ки дар ҷараёни нахустин сафари кории Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Читать далее