16 December 2013

Толори варзишии «Манучеҳр»

Дар бобати роҳандозӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди варзиш дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Fончӣ шумораи толорҳои варзишию солимгардонӣ меафзояд.

Аз ҷумла, дар шафати маркази хизматрасонии «Файзи Далён» соли равон толори варзиш бо иштироки Раиси ҷумҳур мавриди истифода қарор ёфта буд. Ҳамчунин бо роҳи ҳашар ва дастгирии роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ дар деҳаҳои Гулободу Нуробод чунин толорҳо ба истифода дода шуданд. Дар назди мактаби №47-и деҳаи Басманда низ чунин толор бунёд шуда истодааст, ки рўзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳанд дод.

Бо ибтикори соҳибкор Манучеҳр Абдусамадов бошад, дар ошёнаи аввали чойхонаи ба номи Абдусамад Қодиров толори варзишӣ ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар толор 15 намуд таҷҳизоти замонавии варзишӣ васл карда шудааст. Ҳангоми буридани лентаи рамзии толори варзишӣ яке аз варзишгарони номӣ, Устоди варзиши байналхалқӣ Фарзод Нуруллоев аз пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон, шаҳри Боку баргашт, ки ҳамагон бо гулдастаҳо ўро пазироӣ намуданд.

Дорандаи Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Таж Истамбул Фарзод Нуруллоев моҳи ноябр дар мусобиқаи умумиҷаҳонии каратэ - кёкушенкай иштирок кард, ки дар он варзишгарон аз 28 давлати дунё буданд. Ҳарчанд мусобиқа барои калонсолон буд, аммо Фарзоди қаҳрамон дар байни 360 нафар варзишгарон ҷойи дуюмро соҳиб гашт. Фарзод Нуруллоев дар синфи даҳуми мактаби таҳсилоти ҳамагонии №16, шаҳраки Fончӣ таҳсил дораду аллакай дар мусобиқаҳои варзишии 7 давлати дунё иштирок кардааст. Соҳиби 21 медали тилло ва даҳҳо ифтихорномаю ҷомҳои ғолибият аст.

Э.СОҲИБНАЗАРОВ

Читать далее

Мулоқотҳои Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолони Ашту Мастчоҳ

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳру навоҳии вилоят иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ рўзи чоршанбеи 11 декабр ба ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ ташриф овард. Дар ноҳияи Ашт Абдураҳмон Қодирӣ нахуст бо ҷараёни корҳои барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии ноҳия шинос шуда, масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки то 1 марти соли 2014 пойгоҳҳои обкаширо барои таъмини заминҳои кишт бо оби полезӣ омода намоянд.

Читать далее

Системаи «Онлайн» кўмак намуд

Душанбе, 13-уми декабр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Моҳи марти соли 2012 системаи нави иттилоотӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» роҳандозӣ гардид, ки дар реҷаи «Онлайн» ба шаҳрвандон оид ба иҷоза ё манъ будани вуруд ба Федератсияи Русия маълумот медиҳад.

Агар соли гузашта ба шўъбаи мазкур 15 027 мусофир муроҷиат намуда, ба 1029 нафар манъ будани вуруд ба қаламрави Русия дода шуда бошад ва тақрибан ҳудуди як миллион доллари амрикоӣ маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сарфа гардида бошад, имсол аз оғоз то 30.11.2013 ба шўъбаи иттилоъдиҳӣ 77 121 нафар шаҳрвандони кишвар муроҷиат карда ва аз ин шумора ба 8 659 нафар бобати манъ будани вуруд ба қаламрави ФР маълумот дода шудааст, ки дар навбати худ ҳудуди 6 481 960 доллари амрикоӣ маблағи шаҳрвандони кишвар сарфа шудааст.

Гуфта мешавад, ки дастрас намудани маълумоти дақиқ дар реҷаи «Онлайн» дар асоси шартномаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Русия имконпазир гардид.

Читать далее

Нашри «Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Душанбе, 13-уми декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -«Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашри пурраи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, падида ва шароитҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро, ки дар замони гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ба амал меоянд, инъикос менамояд.

Дар маҷмўаи солонаи оморӣ нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои 6 сол оварда шудаанд. Дар он дар бораи аҳолӣ, вазъи демографӣ, тандурустӣ, маориф, ҳаёти илмию фарҳангии мамлакат маълумот оварда шудааст.

Тавре ки аз Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар доданд, дар маҷмўа нишондиҳандаҳои ҷудогона, ки вазъияти соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ, саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, соҳаҳои хизматрасонии аҳолиро тавсиф мекунанд, бештар ҷой дода шудаанд.

Яке аз бобҳои маҷмўатавсифи умумии корхонаю ташкилотҳо, иттилооти бизнеси хурд ва ҷараёни хусусигардониро дар бар мегирад.

Читать далее

Амали созандагӣ вусъат дода шавад

Дар доираи шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи шаҳру навоҳии вилоят рўзи панҷшанбеи 12-уми декабр иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳрҳои Исфараву Конибодом сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара Абдураҳмон Қодирӣ нахуст фаъолияти як қатор корхонаҳо, аз қабили корхонаҳои бандубасти меваи хушк ва нигаҳдории меваҷот, ҶДММ “Субҳи ватан” ва ғайраро мавриди таваҷҷўҳ қарор дода, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуд.

Читать далее