13 December 2013

Бузургдошти адиб

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ба муносибати 100-солагии зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон, нависанда, драматург ва рӯзноманигор, устод Ҳоҷӣ Содиқ маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, олимон, нависандагону адибон, рӯзноманигорон, меҳмонон аз пойтахти кишвар, пайвандони соҳибҷашн иштирок доштанд.

Маҳфилро раиси бахши суuдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ кард. Ҷумъабой Сангинов- муовини аввали Раиси вилоят аз номи иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ташрифи меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиши ёдбудро, дар таҷлили 100-солагии мавлуди устод Ҳоҷӣ Содиқ хайрамақдам гуфта, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти пурсамару хизмати шоистаи устод дар пешбурди адабиёти муосир ва матбуоти тоҷик ҳарф зад.

Доктори илмҳои суханшиносӣ, профессор Атахон Сайфуллоев дар мавзӯи «Ҳоҷӣ Содиқ - нависанда, драматург, ҳаҷвнавис ва рӯзноманигори варзида» маърӯза кард.

Ҳамчунин шоир Алӣ Бобоҷон, нависанда Дадохони Эгамзод ва собиқадори матбуот Абдулмаҷиди Бобоҷониён хотираҳояшонро бо устод Ҳоҷӣ Содиқ ва хизмати бузурги эшон дар ҷодаи ҳаҷву рӯзноманигорӣ, тарбияи адибони ҷавон баён карданд.

Духтари устод Хуршеда Содиқова, рӯзноманигори хушсалиқа, давомдиҳандаи кору пайкори ӯ аз ҳаёти рангину пурбаракати қиблагоҳаш нақлҳои ҷолиб карда, ба роҳбарияти МИҲД вилояту шаҳр, бахши суuдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Раёсати созмони вилоятии Иттифоқи рӯзноманигорони ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 100-солагии зодрӯзи Ҳоҷӣ Содиқ мусоидат карданд, изҳори сипос кард.

А.АМИНОВ

Читать далее