12 December 2013
Сабзкорӣ вусъати тоза мегирад
- Подробности статьи
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар баробари як қатор иқдомҳои созанда дар соли оянда ба ободониву кабудизорукунии марказҳои шаҳру навоҳии вилоят эътибори махсус зоҳир менамояд. Ин нукта зимни баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, ки cанаи 9-уми декабр баргузор шуд, зикр гардид.
Читать далее
Таваҷҷўҳи хоса ба қабули шаҳрвандон
- Подробности статьи
Чӣ тавре ки сокинони вилоят огаҳӣ доранд, аз оғози моҳи декабр дар шаҳру ноҳияҳо мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолон ҷараён дорад.
Дар радифи масоили дигари иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин оид ба қабули шаҳрвандон аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, зимни дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро баён намуд.
Аз ҷумла, аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят зикр гардид, ки тибқи талаботи моддаи 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ҳар як роҳбар дар мансабу маҳалли худ ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳалли масоили рўзгори онҳо масъул аст ва набояд аз гуфтугўи ошкоро бо сокинон канораҷўӣ намояд. Дар ҳолати пеш омадани зарурияти дахолат ё дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шаҳрвандон бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонанд, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муроҷиат намоянд.
- Ман омода ҳастам, шаҳрвандони мўҳтарамро қабул намоям, дар таъмини пойдории ҳуқуқҳои онҳо муосидат намоям, - зикр гардид аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ. – Бигзор, масъала зина ба зина ҳал гардад, масъулини шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ бояд дар доираи ўҳдадориҳои мансабиашон оид ба ҳалли дархостҳои шаҳрвандон баррасии масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ширкат варзанд. Бинобар ин аз шаҳрвандони мўҳтарам хоҳиш менамоям, ки ҳангоми амалӣ сохтани ҳуқуқҳои конститутсионии худ ба ин нукта эътибор диҳанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Хоҷагиҳо бояд таҷдид шаванд
- Подробности статьи
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони Раёсати кишоварзии вилоят, кумитаи замини вилоят, кормандони мақомоти молияи вилоят, намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят машварати корӣ гузаронд.
Читать далее
Дастуру супоришҳои мушаххас
- Подробности статьи
Рўзи сешанбеи 10-уми декабр иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади мулоқот бо фаъолон ва шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ин ноҳия сафари корӣ анҷом дод. Абдураҳмон Қодирӣ сараввал дар шаҳ-раки Ғафуров бо рафти сохтмони бинои нави вокзали Хуҷанд, ки бунёди он моҳи марти соли 2012 оғоз ёфта буд, шинос гардид.
Ин бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҷойгирнамоии меҳмонхона, тарабхона, толори қабул ва гусел пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки маблағи лоиҳавии бино 20 миллион сомониро ташкил мекунад. Фармоишгари сохтмон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва пудратчии он ҶДММ «Эъмор» буда, айни ҳол 25 нафар бинокор машғули кор ҳастанд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят А.Қодирӣ ба масъулин ҷиҳати вусъати корҳои бинокорӣ ва ба ин васила зиёд намудани шумораи коргарон, интихоби масолеҳи хушсифат ва ободонии саҳни бино дастур дода, зикр намуд, ки иншоот бояд тибқи лоиҳа моҳи сентябри соли оянда ба истифода дода шавад.
Дар идомаи сафари корӣ Абдураҳмон Қодирӣ бунёди хонаҳои истиқоматиро дар шаҳ-раки Ғафуров мавриди таваҷҷўҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки биное аз ҷониби ҶДММ “Бунёд-1” қомат афрохта, дар он 30 нафар сохтмончӣ кор мекунад. Бинои истиқоматӣ аз 5 ошёна иборат буда, дар қабати аввали он маркази хизматрасонии тиббӣ ҷойгир мешавад. Ба иттилои бинокорон, корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2013 оғоз ёфтааст ва моҳи июни соли оянда ба анҷом мерасад. Бинои истиқоматӣ дорои 48 манзили 1, 2 ва 3- ҳуҷрагӣ мебошад.
Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба Ҷамоати деҳоти Хистеварз низ ташриф оварда, бо фаъолияти кунунии мактаби хонандагони болаёқат шинос гардид. Айни замон дар ин мактаб 603 нафар толибилм аз тамоми гўшаву канори ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 43 нафар омўзгор сабақ меомўзад. А.Қодирӣ ба донишандўзии хонандагон мароқ зоҳир карда, онҳоро ба забономўзӣ ва аз худ кардани технологияҳои муосир ҳидоят намуд.
Сипас дар маҷлисгоҳи калони мақомоти маҳаллии ноҳия мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят А. Қодирӣ бо фаъолони ноҳия баргузор гашт. Чуноне дар суханронии Самад Сатторов, раиси ин ноҳия зикр гардид, соли равон дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 11 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ ба фаъолият шурўъ намудааст. Абдураҳмон Қодирӣ зимни баррасии фаъолияти корхонаҳо аз коҳишёбии ҳаҷми истеҳсол интиқод карда, иброз дошт, ки корхонаҳои коркарди пахта ва саноати сабук бояд фаъолияти хешро ҷоннок намоянд.
Зимни баргузории мулоқот иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, ҳамчунин доир ба масъалаҳои пардохти маблағи барқи истифодашуда, таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, таъмири муассисаҳои таълимӣ ва роҳҳои маҳаллӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, тарбияи насли наврас ва пешгирии ҳолатҳои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ғайра дахл намуда, бобати иҷрои як қатор масъалаҳо ба масъулин дастуру супориш дод.
* * *
Нимаи дуввуми рўз сафари кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят А.Қодирӣ дар шаҳри Қайроққум идома ёфт. Дар ин шаҳр Абдураҳмон Қодирӣ нахуст бо ҷараёни сохтмони маркази саломатӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бунёди ин марказ моҳи октябри соли 2012 оғоз ёфта, моҳи марти соли оянда ба истифода дода хоҳад шуд. Маркази саломатӣ аз ҷониби ширкати “Ал-Шафари”-и Аморати Муттаҳидаи Араб бунёд мегардад, ки маблағи лоиҳавии он 10 миллион сомониро ташкил медиҳад. Он дорои 14 ҳуҷра буда, ҳамаи он бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Сипас дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолон баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, ба масъулин дастур дода шуд, ки барои ҷалби соҳибкорон бобати бунёди корхонаҳои хурду миёна чораҳои амалӣ андешанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Сафири ИМА Сюзан Эллиотт пазируфта шуд
- Подробности статьи
10-уми декабри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҶумҳурииТоҷикистон Сюзан Эллиоттро ба ҳузур пазируфт. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт нахуст Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Раиси вилояти Суғд таъин шуданаш табрик намуда, барои густариши ҳамкориҳо изҳори омодагии ҷонибашро изҳор дошт.
Читать далее