09 December 2013

Наваскарон дар ҷои хизматанд

Тибқи иттилои Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 25 ноябри соли равон нақ-шаи даъвати тирамоҳии ҷавонони соли таваллудашон 1986-1995 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуд. Алҳол даъватшудагон дар қисмҳои ҳарбӣ қарор дошта, чанде баъд савганди ҳарбӣ ёд хоҳанд кард.

Даъвати тирамоҳӣ дар миқёси вилояти Суғд чӣ гуна сурат гирифт? Бо ин суол мухбири рўзнома ба сардори шўъбаи сафарбарии даъватшавандагон ва тайёрии тодаъватии Комиссариати ҳарбии вилоят, капитан Исмоилҷон Муродов муроҷиат кард. Инак, посухи масъули номбурда:

-Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ чунин шумурдаанд, ки: «Артиши миллӣ такягоҳи давлат ва сипари миллат аст». Имрўз бояд ҳар марди кишвар, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон синну солаш аз 18 то 27-сола буда, барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надорад, даъват шуда, барои ҳифзи марзу буми кишвар ба қисмҳои ҳарбӣ фиристода шавад.

Имсол низ тибқи Фармони Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон №1503, аз 29 августи соли 2013-ум ва қарори Раиси вилояти Суғд №218 аз 11 сентябри соли равон «Дар бораи даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1986-1995 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2013-ум» дар вилоят ин маъракаи муҳим муташаккилона гузаронда шуд.

Тибқи қарори Раиси вилоят, барои дар сатҳи баланду зарурӣ гузаштани маъракаи даъвати тирамоҳӣ барои роҳбарӣ, назорат ва ташкили фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру навоҳӣ бо роҳбарии муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов комиссияи даъватии вилоятӣ таъсис ёфт. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари комиссияи мазкур ин маърака нисбат ба солҳои пеш сифатан хуб гузашта, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонони вилоят ба сафи Артиши миллӣ иҷро гардид.

Сафарбарии ҷавонон дар вилоят, тибқи нақша, аз 1 октябри соли равон оғоз ёфт. Дар гусели аввалин беш аз 1000 нафар ихтиёриён аз шаҳру навоҳии вилоят ба қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ фиристонда шуданд. Нишондоди мазкур нисбат ба даъвати баҳорӣ 12 фоиз зиёд буда, 5 нафар яккаписарон аз ҳуқуқи конститутсионии худ даст кашида, ба хизмати ҳарбӣ рафтанд. Ин ба он далолат менамояд, ки сафи ҷавонони хоҳишманд барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ сол аз сол зиёд мегардад.

Ба ғайр аз шаҳри Исфара дигар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру на-воҳии вилоят нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро карданд. Зикраш бамаврид аст, ки нақшаи даъвати тирамоҳиро комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии Панҷакент, Кўҳистони Мастчоҳ, Ашт, Fончӣ ва Мастчоҳ бо мушкилӣ иҷро карданд.

Дар иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии Ҷаббор Расулов, Истиқлол, Чкалов, Зафаробод саҳми муносиб гузоштанд. Онҳо аз ҳама пеш нақшаро иҷро ва ба дигарон намунаи ибрат гардиданд.

Яке аз омилҳои дар вақташ иҷро шудани нақшаи даъват афзудани сафи ихтиёриён бошад, дигараш ҷавонони тодаъватӣ ба қисмҳои ҳарбии мустақари вилоят рафта, бо ҳаёту пайкори сарбозон аз наздик ошно шуданд. Ташкили гурўҳи аёдатии волидайни сарбозон ба қисмҳои низомии мустақари пойтахт ва вилояти Хатлон, ки ҳамасола ҷараён мегирад, низ дар ҳалли мусбати ин масоил мусоидат кард.

Ҳамчунин Исмоилҷон Муродов аз нуқсонҳои комиссияҳои даъватии шаҳру навоҳӣ дар мавсим ҳарф зада гуфт, ки ба 47 нафар даъватшавандагон бо қарори комиссияи вилоятӣ бинобар ба хизмати ҳарбӣ корношоям будан ва 5 нафар бинобар муҳассилини макотиби оливу омўзишгоҳҳои касбҳои техникӣ буданашон аз нуқтаи ҷамъшавии вилоятӣ иҷозати рафтан дода шуд. Сабабгори чунин ҳолатҳо асосан кормандони соҳаи маориф ҳастанд, ки ба комиссариатҳои ҳарбӣ маълумоти нодақиқ пешниҳод кардаанд. Масъули комиссариати ҳарбии вилоят таъкид кард, ки ба саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ дар аксар маврид волидони онҳо сабаб мешаванд. Онҳо даъватномаро гирифта, аз фарзандон махфӣ медоранд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ гуфта, ба кормандони комиссариати ҳарбӣ маълумоти бардурўғ медиҳанд.

Хуб мешуд, ки дар моддаҳои 8 ва 15-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон» сархати зерин илова карда шавад: «Падару модар ўҳдадоранд, вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ тибқи даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ ҳозиршавии фарзандонашонро ба комиссияҳои даъватӣ таъмин намоянд» ва ба банди 4 илова карда шавад: «Дар ҳолати мусоидат намудан ба фарзандон аз иҷро накардани ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ падару модар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд».

Ҳамчунин Исмоилҷон Муродов гуфт, ки соати дарси дифои ҳарбӣ дар мактабҳо зиёд ва ҷамъшавии 5-рўзаи тайёрии ҳарбии хонандагони мактабҳо, ки солҳои пеш вуҷуд дошт аз нав барқарор карда шавад. Он вақт итминон ҳаст, ки чун пештара сафи ҷавонони ҳавасманди хизмат ба Ватан зиёд хоҳад шуд.

Сўҳбатнигор
Абдуғафур АМИНЗОДА

Читать далее

Ба рушди саноати сабук - эътибори бештар

Нимаи дуввуми рўзи 4-уми декабр иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф овард ва боздиди кории ў аз бозори тозабунёди «Ашроф» оғоз ёфт. Тавре иттилоъ дода шуд, бозори мазкур дар масоҳати беш аз 7 гектар бунёд гардида, дорои 4200 дўкони фурўш мебошад. Читать далее

Таҷдиди хоҷагиҳо-талаби замон

Рўзи чоршанбеи 4-уми декабр шиносоии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи вилоят дар ноҳияи Спитамен идома ёфт. Дар мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолони ноҳияи Спитамен, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, масъалаҳои пардохти қарзи андоз, бо истифода аз шароити мусоид бунёд намудани корхонаҳои хурду миёна, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ дар ҷамоату маҳалҳо, вазъи кунунии соҳаҳои маорифу нигаҳдории тандурустӣ ва рушди минбаъдаи ин соҳаҳо, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва вазъи соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Читать далее

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо журналистон

«Нақши рўзноманигорон дар инъикоси пешравиву мушкилоти ҷомеа назаррас буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ҳамкорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ҳамеша омода аст» - гуфт иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқоти нахустин бо рўзноманигорон, ки дина, 6 декабр дар толори маҷлисҳои МИҲД вилоят баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки расонаҳои хабариро ба худию бегона, давлатию ғайридавлатӣ ҷудо намекунад ва омода аст ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи расонаҳои хабарӣ, новобаста аз шакли моликияташон вусъат диҳад. Дар мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бештар аз 50 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи чопиву электронии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат доштанд.

Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли оянда ба масъалаҳои идомаи ислоҳоти замин, эҳёи корхонаҳои саноати сабук ва навсозии роҳҳои дохилӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Зикр гардид, ки ҳалли дурусти ин масъалаҳо на танҳо дастрасии бештари саҳмдоронро ба замин, таъсиси бештари ҷои корӣ, бахусус, барои занон ва ободонии маҳалҳоро таъмин менамояд, балки ба сифатан беҳтар шудани шароити зист ва некўаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.

Абдураҳмон Қодирӣ, ҳамзамон, зикр дошт, ки дар татбиқи ин амалҳои нек ба дастгирӣ ва пуштибонии расонаҳои хабарӣ эътимод хоҳад кард.

Абдураҳмон Қодирӣ, ҳамчунин аз мушкилоти мавҷудаи соҳаҳои маорифу нигаҳдории тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ёдовар шуда, журналистонро барои ҳамкорӣ ва таҳқиқи мўшикофонаи масоили рўз аз қабили тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, сабабҳои иҷтимоии хушунати хонаводагӣ, худкушӣ, фасоди молӣ, истифодаи оқилонаи замин ва ғайра даъват намуд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки барои иҷрои чунин амрҳо грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо мегардад, ки чунин амал дар вилояти Суғд бори нахуст сурат мегирад. Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифт ва хабарнигорон аз и.в Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ посухи суолашонро гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ

5 декабр иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳониро бо роҳбарии хонум Кордулой Растоҷӣ ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат Кордулой Растоҷӣ Абдураҳмон Қодириро ба муносибати иҷрокунандаи вазифаи раиси яке аз калонтарин вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш табрик намуда, ҳадафи ташрифи худро ба вилоят мушаххас кардани консепсияи лоиҳаи пешбинишавандаи «Рушди иртибототи роҳӣ дар Осиёи Марказӣ» унвон кард. Читать далее