03 December 2013

Баррасии масъалаҳои муҳим

Душанбе, 30 ноябр (АМИТ "Ховар").-Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раёсат ва аъзои Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сазовор дониста шуданашон ба вазифаҳои баланди давлатӣ ва бо оғози фаъолияти Ҳукумати кишвар дар ҳайати нав табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз боварию эътимоди мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ба Сарвари давлат ва роҳбарияти Ҳукумати кишвар зоҳир мешавад, изҳори сарфарозӣ карда, таъкид дошт, ки барои амалӣ намудани орзую ормонҳои аҳолии ҷумҳурӣ, таъмини рушди босуботу бонизом ва босуръати иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум шабу рўз бояд ҷаҳду талош намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки то имрўз таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва се муовини Сарвазир, 14 вазир ва се раиси кумитаи давлатӣ дар маҷмўъ 22 нафар анҷом ёфт. 13 нафар аз аъзои ҳукумат ё худ 60 фоизи он иваз карда шуд. Синни миёнаи аъзои Ҳукумати нави ҷумҳурӣ 52 сол аст. Синни миёнаи ҳайати ҳукумати қаблӣ бошад, 56,7 сол буд.

Ҳамаи аъзои Ҳукумати нави кишвар тахассуси олии касбӣ доранд. Аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати пешин танҳо 1 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм буд.

Дар ҳайати нави ҳукумат 2 нафар зан мебошанд. Қаблан танҳо як нафар бону дар ҳукумати кишвар фаъолият дошт. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон “бовариву эътимоди мардуми кишвар”-ро “дастоварди фаъолияти сиёсии давлату ҳукумат” номида, таъкид дошт: “Ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми азму ирода ва нерўву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар созем”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои наздиктарин ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт: “Тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ мебошад”.

Таъкид гардид, ки “барои иҷрои ин ҳадафҳо зарур аст, ки кор доир ба таҳияи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 оғоз карда шавад”.

Ба ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдори он супориш дода шуд, ки “барои навсозии инфрасохтори шаҳраку деҳот дар мўҳлатҳои наздиктарин барномаи “Рушди деҳот”-ро таҳия ва пешниҳод намоянд”.

Дар фароварди суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз савганди худ ёдовар шуда, таъкид дошт: “фаромўш насозед, ки савганди Президенти кишвар – савганди аъзои ҳукумат, ҳар як роҳбар ва шахси масъул ва дар маҷмўъ тамоми хизматчиёни давлатӣ, раҳнамои доимии ҳар як шахси мансабдор аст ва мову шумо бояд ба ҳар як нуктаи он содиқу масъул бошем”.

Таъкид гардид, ки давлату ҳукумати кишвар “дар давоми ҳафт соли оянда бояд ба ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоиста муҳайё созанд ва ҳамаи нақшаву барномаҳои неку созандаамон маҳз ба хотири амалӣ гардидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд”.

Сипас дар маҷлиси ҳукумати кишвар масоили кадрӣ баррасӣ шуд. Дар ҷаласа, ҳамчунин, масоили рўзмарраи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2014-2016 ва Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ барои солҳои 2014-2016 тасдиқ карда шуд.

Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2014-2016 120 лоиҳаро бо маблағи умумии 15,8 миллиард доллари амрикоӣ дар бар мегирад. 39 лоиҳаи он бо маблағи 1,3 миллиард доллар амалкунанда буда, барои 81 лоиҳаи дигар бояд 14,4 миллиард доллари амрикоӣ ҷалб карда шавад. Барои 3 соли пешбинишуда маблағгузорӣ дар ҳаҷми 1,8 миллиард доллари амрикоӣ муайян шудааст.

Бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар вазифадор карда шуд, ки доир ба таҳияи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 чораҳо амалӣ намояд.

Лоиҳаи як қатор қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи суғуртаи тиббӣ”, “Дар бораи амният” ва “Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ” пешниҳод карда шуд.

Нақшаи чорабиниҳо доир ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кўҳистони минтақаи Кўлоб барои солҳои 2014-2019, ки аз 195 банд иборат аст, тасдиқ карда шуд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 35 га замин барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба 378 оилаи ниёзманд аз шаҳри Қайроққум ҷудо карда шуд.

Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои тезондани корҳо доир ба лоиҳакашӣ ва сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон -Туркманистон, хатти барқии минтақавии КАСА 1000, ба кор даровардани маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе ва сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Читать далее

Иштироки Қоҳир Расулзода дар шўрои сарони Ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ ва мулоқотҳояш дар Тошканд

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар»). - Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо - Сарвазирони давлатҳои узви Созмони ҳам-кориҳои Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок кард.

Дар кори ҷаласа доираи васеи масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ, хусусан тақвияти муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти молия ва сармоягузорӣ, ҳамзамон вусъати ҳамгироиҳои минтақавии фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки барои тақвияти робитаҳои байниҳамдигарӣ ва рушди доду гирифти байнидавлатӣ Котиботи Созмони ҳамкориҳои Шанхайро зарур аст, ки назоратро аз рўи татбиқи Барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ ҷоннок намуда, дар доираи созмон раванди амалигардидани Созишномаи байниҳукуматии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхайро дар бораи фароҳамсозии шароити мусоиди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тақвият бахшанд.

Қоҳир Расулзода, ҳамчунин, афзуд, ки таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои аҳамияти миллию минтақавидошта ҳамаҷониба аз имконоти молиявии мавҷуда вобастагӣ дорад ва изҳори боварӣ кард, ки талошҳои таъсиси хазинаи рушд ва Бонки рушди СҲШ дар ин самт қадамҳои устувору боварибахш хоҳанд гашт. Дар ҳамин замина, ҳамзамон тақвияти фаъолият ва дастгирии ҳамаҷонибаи иттиҳоди байнибонкии Созмон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он раисиро бар ўҳда дорад, муҳим арзёбӣ шуд.

Тавре таъкид гардид, раёсат дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои солҳои 2013-2014 бар ўҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст ва ҷониби Тоҷикистон талош хоҳад варзид, то давраи раёсат дар созмони мазкурро дар сатҳи зарурӣ сипарӣ карда, ба рушди ҳарчи бештари ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ дар доираи созмон ноил гардад.

Дар хотимаи нишасти навбатӣ аз ҷониби сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай изҳороти муштарак, изҳорот дар хусуси рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, қарори якҷоя дар хусуси нақшаи фаъолияти минбаъда дар роҳи таъсиси хазина ва Бонки рушди Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва як зумра ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти созмон ба имзо расонида шуд.

Дар доираи иштирок дар кори ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси Шўрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Кецян мулоқот кард. Сарвазири Тоҷикистон дар мулоқот ба раванди ҳамкориҳои байнидавлатӣ баҳои сазовор дода, барои афзун намудани сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмони роҳи оҳану нақлиёт, хатҳои интиқоли барқ ва навсозии корхонаҳои бузурги саноатӣ аз Раиси Шўрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой даъват ба амал овард.

Ҳамзамон, Қоҳир Расулзода дар шаҳри Тошканд бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғи-зистон Жанторо Сотиболдиев мулоқот карда, доир ба муҳимтарин масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи ҳукуматҳои ду давлат табодули афкор намуд.

Читать далее

Хатсайр фаъол аст, аммо…

Дар шумораи № 140 аз 21 ноябри соли равон дар рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» таҳти сарлавҳаи «Каб-каб кабўтар» ё рафтори беадолатонаи бархе аз ронандагон» мақола дарҷ гардида буд, ки дар он муаллиф дар бобати бемаданиятиву дағалмуомилагии бархе аз ронандагони нақлиёти мусофиркашон фикр рондааст. Ҳамаи гуфтаҳову эродҳои муаллифи мақола дар бобати маданияту хизматрасонии ронандагони нақлиёти мусофиркашон дурусту бамавқеъ аст. Читать далее