02 December 2013
Одобномаи шаҳрвандии электронӣ қабул шуд
- Подробности статьи
Меъёри одоби гуфтугў дар интернет ва телефон
Одобномаи шаҳрвандии электронӣ (этикэт) қабул гардид. Акнун фарҳанги гуфтўгӣ дар телефон ва интернет тавассути меъёри одобномаи мазкур танзим мешавад. Ҷузъиёти бештар ва мўҳтавои онро дар сўҳбат бо Асомиддин Атоев, яке аз муаллифон ва роҳбари Ассотсиатсияи дастраскунандагони интернет пешкаши шумо мегардонем.
- Механизми қабули одобнома чӣ гуна сурат гирифт? Дар ин раванд расонаҳои кор бо интернет низ иштироку пешниҳодҳо карданд?
- Одобнома воситаест дар худтанзими мўҳтавои шабакаҳо. Худтанзимгарии бе ҷалби ҷонибҳои манфиатдор, мисли корбарону дастраскунандагони хизматҳо, дар онҳо имконнопазир аст. Бинобар ин, қабули одобнома зимни баррасии тўлонӣ аз тарафи ҷонибҳои манфиатдор ба роҳ монда шуд. Баррасии лоиҳаи одобнома аз 23 - юми сентябр оғоз гардида буд.
Лоиҳаи охирини он дар сомонаҳои ташкилотҳои гуногуни гурўҳи корӣ, расонаҳои хабарӣ ва дастраскунандагони интернет ҷо дода шуд. Ташаббускорон аниматсияеву суруди рэпро барои дастрас намудани ҳадафу мўҳтавои лоиҳа таҳия намуданд, ки онҳо низ дар интернет ҷо дода шуданд. Қабули пешниҳоду иловаҳо то 10 - уми октябри соли ҷорӣ давом кард.
Дар ин рўз баррасии лоиҳа бо рўзноманигорону расонаҳои хабарӣ, дар ҳамкорӣ бо Шўрои ВАО сурат гирифт. Сипас, дар рафти конфронсе, ки ташаббускорон санаи 11 - уми октябри соли ҷорӣ барпо намуданд, лоиҳаи мукаммалшуда банд ба банд баррасӣ ва қабул гардид. Қайд кардан зарур аст, ки худтанзимкунӣ ҷойгузини танзимкунӣ набуда, дар такмили танзим ёрӣ мерасонад.
- Дар рўзҳои аввали баррасӣ ва пешниҳоди лоиҳаи одобнома интиқоди шадид ба бархе аз бандҳои он ҷой дошт…
- Лоиҳаи мукаммалшуда дар сўҳбати гирди мизи гирде, ки 24-уми июн бо дастгирии дафтари САҲА дар Тоҷикистон доир шуд, ба ниҳодҳои ВАО-и ватанӣ муаррифӣ гардид. Дар баробари интиқоди шадид барои беҳтар гардидани лоиҳа пешниҳодҳо карда шуданд. Аз рўзҳои аввал дар ҷараёни баррасии он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат иштироки фаъол дошт.
- Оё танзими меъёри пешбинишуда имкон дорад?
- Не. Бинобар ин, дар меҳвари одобнома худтанзим ҳаст, ташаббускорон ба саҳми ҳар як корбар дар татбиқи он ниёз доранд ва умед мебанданд.
- Яке аз бандҳои одобнома дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо телефон баланд ҳарф назадан ва дароз сўҳбат накардан аст. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Агар нафаре ин бандро риоя накунаду нафари дигаре ба чунин рафтори ў бетарафӣ зоҳир намояд, на танҳо одобнома, балки якчанд қонун ҳам он нафари аввалиро ба танзим оварда наметавонанд. Одобнома, ба андешаи ман, санадест, ки барои фардо таҳия гардидааст. Фардое, ки ҷомеаи мо - тоҷикистониён аз истеъмолгари истеҳсоли дигарон ба истеҳсолгари маводи иттилоотбунёду донишбунёд табдил меёбад. Таҳиягарон ва ҷонибдорони одобнома бовар доранд, ки ҷомеаи имрўзаи мо қодир ба дарки чунин иқтидори осондастраси технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инфрасохтори фарогири он ва дастовардҳои бозори ватаниву глобалӣ мебошад.
Чунки бе дарки чунин иқтидор қадр кардани он мушкил аст. Нерўе, ки қадр намешавад, беҳуда масраф гашта, боз мушкилӣ меоварад. Маҳдуд намудани дастрасӣ ба воситаҳои нави таълиму эҷод, ки дар асоси технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ бунёд гашта, фаъолият мекунанд, дар муассисаҳои таълимӣ; бастани махзанҳои таълимиву илмиву фарҳангӣ дар ҷомеа аз дарк накардани онҳо шаҳодат медиҳанд. Бовар ҳаст, ки бо болоравии фарҳанги иттилоотӣ ин мушкилӣ ҳалли худро меёбад. Одобнома, ки натиҷаи меҳнати зеҳнии бисёриҳост, дар ин раванд нақш хоҳад гузошт.
- Ташаббускори асосии одобнома кӣ буд ва саҳми ҳукумат дар самти рушди фарҳанги коммуникатсионӣ чӣ гуна аст?
- Ташаббус аз ҷониби котиботи Шўро оид ба ТИК-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Чорабинии аввалин 27-уми декабри соли 2012 баҳри таҳлили ниёз ба чунин як ташаббус, яъне худтанзим тавассути Одобнома ба ибтикори якҷояи Фонди ҷамъиятии ИНДЕМ, Фонди ҷамъиятии ГИПИ ва Ассотсиатсияи дастраскунандагони интернет баргузор шуд.
Сипас, барои таҳияи лоиҳаи чунин як санад гурўҳи корӣ бо дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Гурўҳи корӣ таҷрибаи ватанӣ, монанди танзими номдомейнҳои интернетӣ, "Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ" ва таҷрибаи байналмилалӣ, мисли идорасозии интернет, "Press Council"-и Босния ва Герсеговина оид ба худтанзимро таҳлил намуд. Гурўҳ аз намояндагони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иборат мебошад. Лоиҳа бо дастгирии Интернюс Нетворк, Институти "Ҷамъияти кушода" - Бунёди Мадад ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон таҳия гардидааст.
P.S: Лоиҳаи "Одобномаи шаҳрвандии электронӣ (этикет)" натиҷаи ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор бо мақсади вусъат додани мўҳтавои ватании интернет ва рушди таҷрибаи худтанзимии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Одобнома аз қисмҳои зерин иборат аст:
• Дебоча
• Бандҳо
Дебоча ҳадафи одобномаро муаррифӣ мекунад. Сипас, аз номи аъзои ҷомеаи рақамии иттилоотӣ муҳим будани риояи меъёрҳои одоби ҳаёти воқеиро дар ҳаёти виртуалӣ (хаёлӣ) қайд намуда, мавқеи онро шарҳ медиҳад.
Бандҳои одобнома тавре тақсимбандӣ шудаанд, ки аз эҳтирому риояи ҳуқуқу арзишҳо оғоз гардида, бо таъкиди амалҳои нораво бо истифода аз ТИК давом ва бо даъват ба масъулиятшиносии корбарон анҷом меёбанд.
Дар шумораи №127, 28 сентябри соли ҷорӣ дар рӣзномаи "Ҷумҳурият" лоиҳаи Одобномаи шаҳрвандии мазкур барои муҳокима ба нашр расида буд.
Ҳ. САНГОВА,
"Ҷумҳурият"
Ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ инкишоф меёбад
- Подробности статьи
Рўзи 27 ноябр дар шаҳри Исфара форуми иқтисодии сармоягузорон дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Барномаи рушди деҳот» баргузор гардид. Ташаббус ва саҳмгузори чорабинии мазкур Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара буданд. Дар форум намояндагони вазоратҳои рушди иқтисодӣ ва савдо, молия, нақлиёт, нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, сафоратҳо, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки дар вилояти Суғд фаъолият мебаранд, ширкат варзиданд.
Читать далее
Барқро беш хоҳӣ, сариштакор бош!
- Подробности статьи
Дар бораи маҳдудияти барқ ҳарчанд ба воситаи расонаҳои чопию электронӣ масъулини МИҲД-и вилоят ва масъулини шабакаҳои барқӣ иттилоъ додаанд, мардум изҳори нигаронӣ дорад ва пурсон мешаванд, ки чаро интиқоли нерўи барқ зиёд асту танҳо 3-4 соат дар як шабонарўз барқ медиҳанд? Ҳарчанд сутунпояро иваз карданд, чаро вазъият чун пештара боқӣ мемонад?