November 2013
28 November 2013
Мусобиқа оид ба футбол
- Подробности статьи
Дар майдони футболи Мактаби варзишии бачагону наврасони шаҳри Хуҷанд ва варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» қисми нимфиналӣ ва финалии мусобиқа оид ба футбол байни хонандагони мактабҳои маълумоти миёнаи умумӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят гузаронида шуд.
Дар натиҷа дастаи футболбозони гимназияи рақами 4-уми шаҳри Хуҷанд ҷойи якум, хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12-уми ноҳияи Мастчоҳ ҷойи дуввум ва дастаҳои хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3-юми шаҳри Панҷакент ва МТМУ-и №20-уми шаҳри Конибодом ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардиданд.
Нодир ТУРСУНОВ
Читать далееНабарди боксчиён
- Подробности статьи
Тибқи нақша - чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, санаи 22-24 -уми ноябри соли ҷорӣ дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти устоди варзиши Иттиҳоди Шўравӣ Маъруф Ҳусейнов мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1996-1997 доир гардид.
Дар он дастаҳо аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кўлоб, Қўрғонтеппа, Данғара, Хуҷанд, Конибодом, Чкалов, Истаравшан, Исфара, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Шаҳристон, дар маҷмўъ 114 нафар варзишгар ширкат варзиданд. Варзишгарони вилояти Суғд соҳиби 7 медали тилло, 5 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардиданд.
Нодир ТУРСУНОВ
Читать далееГўштини камарбандӣ
- Подробности статьи
Дар шаҳри Салоботи Федератсияи Русия мусобиқаи ҷаҳон оид ба гўштини камарбандӣ баргузор гардид.
Дар он қатори 15 нафар фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Мастчоҳ шогирдони мураббӣ Ҳоҷимақсуд Ашўров, ҷаҳонпаҳлавон Маҳмад Миров ва ҷоизадори Ҷоми Ҷаҳон Афзалшоҳ Эшонов, инчунин Миралӣ Бадалов иштирок доштанд.
Маҳмад Миров дар ин набард паҳлавони Федератсияи Русия Мухтор Шамаев ва паҳлавони Ўзбекистон Нуриддин Маҳмудовро мағлуб кард.
Дар мусобиқа барои ҷои 3-юм Маҳмад Миров ба ҳисоби 4:5 аз паҳлавони Туркманистон мағлуб шуд.
Мирзоҳамдам ШАРИФОВ
Читать далееОйини давлатдории Президенти кишвар
- Подробности статьи
ё ишорае чанд ба сиёсати Эмомалӣ Раҳмон: омилҳои асосии маҳбубият ва ғолибияти ў
Таҷрибаи бузурги таърихӣ ҳамчун оинаи рўзгор собит месозад, ки ҷавҳари аслии маъруфият, маҳбубият, бузургӣ, шўҳрату комёбӣ ва сарфарозии фарзандони фарзонаи ҳар халқу миллат, донишмандон, адибон, сиёсатмадорон, давлатмардон бидуни ягон шакку шубҳа ба ҷавҳари зотии шахсият, кору амал, фаъолият ва меросе, ки онҳо ба ояндагон мегузоранд, вобаста аст.
Читать далее
Мақоми шаҳрак-зеби Хистеварз
- Подробности статьи
Президенти мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи мактаби зебои замонавие, ки 10 июли соли 2010 бо ташаббуси соҳибкори Ҷамоати деҳоти Хистеварз Таваккал Воситов бунёд шуда буд, таъкид карданд, ки бо мақсади ҳалли иҷтимоии Хистеварзи бостонӣ барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии он таҳия карда шавад.
Читать далее
Вуруди номаҳои табрикоти
- Подробности статьи
Ба муносибати и.в. Раиси вилояти Суғд таъин гардидани Абдураҳмон Қодирӣ ба унвонии ў аз номи як қатор шахсони расмӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
Дар номаи шодбошии худ роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Маҳмадов и.в. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Раиси вилояти Суғд шуданаш табрик гуфта, дар фаъолияти пурмасъулият баҳри рушду нумўи соҳаҳои саноату иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг ва некуаҳволии мардуми шарифи Тоҷикистон хостори барору комёбии бепоён гардидааст.
Бо чунин мазмун ҳамчунин аз номи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон А. Ашўр, раиси шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон А.Раҳмонов, директории хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент Х. Маҳкамов номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Медали биринҷии Устопириён
- Подробности статьи
Варзишгари номии вилоят Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг медали биринҷии мусобиқаи қаҳ-рамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мардону занон ва самбои размӣ байни мардонро, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид, соҳиб шуд. Дар ин мусобиқа, ки ба ҷашни 75-солагии самбо бахшида шуд, варзишгарони 75 кишвари ҷаҳон иштирок ва барои ҷоизаи мусобиқа миёни ҳам рақобат карданд.
Читать далее
Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи нахустинро доир кард
- Подробности статьи
Дина, 27-уми ноябри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи нахустини кориро бо ширкати муовинони Раиси вилоят, мудирони шўъбаву бахшҳои Дастгоҳи Раиси вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар сохторҳои вилоятӣ доир намуд.
Читать далее
26 November 2013
Раиси нави вилояти Суғд муаррифӣ шуд
- Подробности статьи
Санаи 23 ноябри соли равон дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки васеи фаъолони вилоят маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардид. Чуноне маълум аст, мутобиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз 23 ноябри соли 2013 Қоҳир Расулзода Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, аз вазифаи Раиси вилояти Суғд озод гардидааст ва Абдураҳмон Қодирӣ ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси вилояти Суғд таъин шудааст.
Читать далее
Абдураҳмон Қодирӣ - иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд
- Подробности статьи
Абдураҳмон Қодирӣ 25 июни соли 1953 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1975 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агрономи олим-иқтисодчӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1975 ба сифати иқтисодчии колхози ба номи Саидхоҷа Ўрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, солҳои 1976 – 1979 сариқтисодчии шўъбаи банақшагирӣ ва молиявии Идораи хоҷагии кишлоқи вилояти Ленинобод, 1979-1980 ба ҳайси ёрдамчии муовини Раиси комиҷроияи вилояти Суғд кор кардааст.
Читать далее