«Гӯшаи деҳқон» - пешкаши сокинони маркази вилоят

Бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастархони сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд бо мусоидати роҳбарияти шаҳр дар 10 минтақаи шаҳри Хуҷанд «Гӯшаи деҳқон» ташкил карда шуд.

-Ташкили чунин гӯшаҳо дар маҳаллаҳои «Темурмалик», «Суғдиён», «Мевағул», «Ваҳдат», «Дӯстии халқҳо», «Чорчароғ», «Масҷиди савр» ва ғайраҳо имкон фароҳам овардааст, ки мардум маҳсулоти тару тозаро бо нархҳои дастрас бидуни миёнарав аз дасти якум харидорӣ намоянд, - зикр дошт сухангӯи раиси шаҳр М. Юсуфзод.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки бо боло рафтани сатҳи зиндагӣ, мардум одат намудаанд, ки молу маҳсулоти ниёзи аввал ва анвои ба рӯзгор сарфшавандаро аз наздиктарин ҳудуди маҳалли зисташон харидорӣ намоянд. Ташкили чунин «Гӯшаҳои деҳқон» имкон фароҳам меорад, ки мардум маҳсулоти арзону дастрасро дар шароити хуб ба даст оранд.

Холида Ҷӯраева, сокини маҳаллаи 8 - уми шаҳри Хуҷанд ташкили чунин дӯконҳоро талаби замон унвон намуда, таъкид дошт, ки мардум аз маҳсулоти қимату зери офтобмонда ба қавле, қимоб шуда буданд. Чун имрӯз мебинанд, ки худи деҳқонон ва ё сокинони боинсофи маҳал маҳсулотро оварда, ба ҳамсояашон фурӯхта истодаанд.

Ин шароит барои он деҳқононе, ки солҳои қабл тариқи нақлиёти боркаш дар шароити ғайрисанитарӣ ба мардум пешкаш менамуданд, хеле қулай ва ҷолиб аст.

Чунин иқдом ҳамзамон ҷиҳати пешгирии болоравии нархи маводи озуқа мусоидат хоҳад намуд. Ҳамзамон, «нақш» - и ҳаннотони бозор низ аз байн хоҳад рафт.

Карим Раҳимов, сокини маҳаллаи «Ваҳдат» - и шаҳр ба он назар аст, ки ташкили «Гӯшаи деҳқон» ва ё худ бозорчаҳои назди маҳаллаҳо дар кишварҳои минтақа ва шаҳрҳои пешрафта бештар ба мушоҳида мерасанд. Хеле хуб, ки шаҳрдорони Хуҷанд чунин иқдомро амалӣ намудаанд. Ин барои деҳқонон имконияти хуби пешрафти фаъолият аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки «Гӯшаи деҳқон» барои то 10 нафар ҷойи фурӯшӣ пешбинӣ шуда, нафароне, ки дар он молу маҳсулоти хоҷагии кишоварзиро мефурӯшанд, аз пардохти андоз ва ҷойпулӣ комилан озод мегарданд.

Воқеан ҳам маҳсулоти кишоварзӣ яке аз ғизоҳои аввалини инсоният буда, дар замони муосир истеҳсолкунандагон онро дар шаклҳои нав ва дар шароитҳои арзандаи мувофиқ бо талаботи санитарию эпидемологӣ барои истеъмолкунанда пешниҳод месозанд.

Инчунин, тибқи тақозои замон, ҳангоми парвариш ба таркиб, ҳаҷм ва шаклу намуди он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд, то ба солимии инсон осебе нарасад. Талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ низ онро тақозо дорад, ки дар шароити тағйирёбии иқлим маҳсулоти кишоварзӣ беосеб боқӣ монад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин иқдом дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳайё намудани шароити арзанда ба мардум муҳим мебошад.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh