НОҲИЯИ АЙНӢ: БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ БУНЁД МЕШАВАНД

Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳоест, ки мардуми кишвари азизи мо ба он шарафёб шудаанд ва инак, бистуҳашт сол мешавад, ки нашъаи даврони соҳибистиқлолӣ мечашанд. Дастовардҳои истиқлолият, рӯз ба рӯз беҳтар гардидани сатҳи зиндагонӣ ба сокинони мамлакат рӯҳбаландии бузург бахшида, дар як вақт тақозо менамояд, ки баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз заҳмат кашанд, барои обод намудани як гӯшаи хурди он саҳм гузоранд. Баҳри ин сабаб, боис ҳам ҳаст - сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон.

Имрӯзҳо ба ин муносибат саросари сарзамини биҳиштосои мо сохтмонгоҳи азимеро мемонад, ки даҳҳо иншооти хурду бузург бунёд меёбанд. Мардум бо меҳнати созандаи фидокорона машғуланд. Дар ин радиф кормандони соҳаи кишоварзӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар фаъолияти худ ботадриҷ навгониҳо ворид намоянд, ба сохторҳои ҷудогонаи соҳа рушду такомул бахшанд ва бо ҳамин саҳми худро баҳри пешрафти диёр ҳамроҳ кунанд.

Ноҳияи Айнӣ аз минтақаҳои баландкӯҳи қаламрави вилоят маҳсуб меёбад. Вале новобаста ба ин мардуми шарифу сарбаланди ноҳия пайваста мекӯшанд, ки ҳар ваҷаби замини ҳосилдеҳи онро корам намоянду аз он ризқу рӯзӣ ба даст оранд. Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Мансур Носиров иброз дошт, тибқи маълумоти оморӣ ба 22 - юми июли соли равон дар ноҳия 897,5 гектар замини корам барои кишти зироатҳо мавҷуд буда, аз ин миқдор ба 500,5 гектар картошка кишт шудааст. Дар бештар аз 300 гектар ғаллаи баҳорӣ, 50,9 гектар сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, помидор, бодиринг, карам, ҳамчунин дар 1,2 гектар зироати равғандеҳи зағир, 45 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт гардидааст. Инчунин, замини боғоти ноҳия дар 721 гектар доман паҳн кардааст.

Кишоварзони ноҳия баҳри татбиқи Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ дар мамлакат, мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат фаъолиятро ба роҳ монда, соли гузашта майдони кишти картошкаро аз ҳисоби дигар зироатҳо, аз ҷумла заминҳои кишти хӯроки чорво 33 гектар афзун намуданд.

Имрӯз киштзорони ноҳия ба як майдони фидокорӣ тадбил ёфта, деҳқонону кишоварзон ҳосили заҳмати худро меғундоранд.

То нимаи дуюми моҳи июл 780 тонна картошка ғундошта шуда, ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Ҳамчунин ба миқдори бештар аз 800 тонна ғалладона ҷамъ оварда шуд, ки аз ин 398 тонна гандум ва 402 тонна ҷав мебошад. 250 тонна сабзавот ба даст оварда шуда, 2960 тонна хӯроки чорво захира гардид.

Кишти картошка асосан дар Ҷамоатҳои деҳоти Рарз, Шамтуч, Урметан, Дардар гузаронида шуда, дар ин самт фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Тоҷикистон», «Рарз», ба номи Қорӣ Каримов, ба номи Воҳидов, ки раисонашон Темур Ҷӯраев, Камолиддин Шокиров, Баҳодур Шокиров, Соқӣ Соқиев, Абдулқувайс Миров мебошанд, дар рӯёнидани ҳосили баланди картошка назаррас аст. Ҷиҳати ғаллакорӣ дар ноҳия хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ, Урметан, Рарз, аз ҷумла ба номи Бобоҷон Ғафуров (раис Ҳодибой Ашӯров), «Файзбор» (раис Ёралӣ Раҳимов), Хоҷагии деҳқонии «Вешканд» (раис Саидхон Ҳоҷиев, «Истиқлол» (раис Турсуншо Қаноатов) пешқадам буда, ҳар сол аз нақша зиёд ҳосил ба даст меоваранд.

Дар боғоти ноҳия дарахтони меваи зардолу, олу, себ парвариш карда мешавад. То нимаи дуюми моҳи июл 850 тонна ҳосили зардолу ғундошта шуда, ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Дар ноҳия себу олу дертар пухта расида, имсол ҳосили интизории ин меваҳо низ хеле зиёд аз дурнамо аст. Дар соҳаи боғдорӣ боғпарварони хоҷагиҳои деҳқонии «Вешкант», «Меҳргон», «Куруд», ба номи Ҳасан Каримов, Қорӣ Каримов, «Тоҷикистон», «Шамтуч», «Рарз», ба номи Нақибхон Туғрал, «Зиндакон», ба номи Аслиддинов, Наим Сангинов, «Сомониён», «Кумарғ» таҷриба ва маҳорату малакаи бой дошта, аз меваҳои шаҳдбору хушлаззати боғоти хеш дастархони натанҳо сокинони ноҳия, қаламрави вилоят, балки ҷумҳуриро низ пурнозу неъмат мегардонанд. Таҷрибаи ягона бонуи боғпарвар дар ноҳия - раиси Хоҷагии деҳқонии «Сомониён» Ҳилола Раҳмонова, сарвари хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Сангинов Шамсиқул Ҳусейнов, «Куруд» Тоҳир Тоҳиров дар тамоми кишвар мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Азбаски табиати баландкӯҳи ноҳия бо анвои гуногуни гиёҳҳои шифоӣ бой аст, дар ин минтақа ба занбӯрпарварӣ шароит мусоид буда, аз ҷониби аҳолӣ ва кишоварзон парвариши бештар аз 920 оила занбӯри асал ба роҳ монда шудааст. Давоми соли равон то имрӯз зиёда аз 6 тонна асали хуштаъми шифоӣ ба даст оварда шуд, - зикр мекунад сардори Раёсати кишоварзии ноҳия. Ин раванд, яъне сол ба сол афзун намудани оилаи занбӯри асал идома дорад.

Дар нимсолаи аввали соли равон бештар аз 2960 тонна хӯроки чорво ҷамъоварӣ ва захира гардид. Ин миқдор аз дарави якуму дуюм буда, ҷамъоварии зироати хӯроки чорво давом дорад. Нақшаи дурнамо барои захира дар мавсими зимистон 5500 тонна буда, ҳосили интизорӣ аз нақша зиёд аст. Дар ноҳия 21784 сар моли майда, 2073 сар моли калони шохдор парвариш меёбад. Хоҷагиҳои чорвопарвар «Тоҷикистон», ки асосан бо парвариши моли майда машғул аст, «Шамтуч», ба номи Аслиддинов, «Россия» мебошанд. Мудири фермаи моли майда Замон Назаров чорводори асил аст. Дар фермаи вай 2457 сар моли майда парвариш меёбад. Давоми соли равон аз ҳар 100 сар моли майда 98 - сарӣ барраву бузғола, то имрӯз бошад, 900 сар насли солим ба даст оварданд. Фаъолияти назаррасу шоистаи аҳли ин ферма дар он ифода меёбад, ки барои рамаашон қӯраи тобистонӣ ва зимистонии алоҳида доранд ва алҳол, дар мавсими гармо молҳояшонро ба водиҳои Яғноб бурдаанд, ки заминаш дар ин мавсим сарсабзу сероб аст. Дар фасли сармо бошад, чорво ба водии Вахшу Ёвон бурда мешавад. Ана ҳамин тавр ин чорвопарварон молашонро хуб парвариш менамоянду солиму бардам нигоҳ медоранд. Чорвопарварони хоҷагии «Шамтуч» соли равон аз 100 сар 100 сарӣ барраву бузғола ба даст оварданд, ки ин аз масъулияти баланди аҳли ферма дар иҷрои вазифаро нишон медиҳад. Парвариши моли калони шохдор дар хоҷагиҳои ба номи Арбобов, ба номи Аслиддинов, ба номи Ҷамол Ғоибов, «Тоҷикистон» ва «Россия» ба роҳ монда шудааст.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ парвариши 1035 сар қӯтос ба роҳ монда шудааст.

Хоҷагиҳои ба номи Аслиддинов ва «Россия» зотпарварӣ маҳсуб ёфта, ба парвариши қӯтос махсус гардонида шудаанд.

- Феълан, қариб дар тамоми соҳаҳои кишоварзӣ пешравӣ мушоҳида гардида, баҳри истиқболи сазовору шоистаи ҷашни фархундаи мамлакат - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорем, нишондиҳандаҳоро дар ҳамаи самтҳои фаъолият пурраву барзиёд таъмин намоем, - гуфт Мансур Носиров.

- Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат то ҷашни 30 - солагии Истиқлолият мо дар хоҷагиҳои ноҳия таъсис додани боғҳои интенсивиро ба роҳ мондаем. Танҳо соли ҷорӣ дар масоҳати 7,11 гектар боғи нави олуву зардолу бунёд карда шуда, дар нақша ҳаст, ки солҳои 2020 - 2021 - ум низ 7 - 8 гектарӣ боғҳои интенсивӣ аз меваҳои шаҳдбори кишварамон таъсис дода шаванд.

Дар маҷмуъ, имрӯзҳо дар саросари ноҳия меҳнати босуботи бунёдкорона авҷу хурӯши тоза дошта, сокинон ва кишоварзон баҳри ботадриҷ афзун гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила саҳми бориз гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҷаҳду талош доранд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh