ДИЁРАМОН БОFУ БЎСТОН МЕШАВАД...

Субҳи 25-уми феврали соли 2017 Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ярмарка-фурўши ниҳолҳо, ки дар маркази вилоят-майдони назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид, иштирок намуд.

Раиси вилоят нахуст кишоварзон ва сокинони вилоятро, ки ба ярмаркаи ниҳол омада буданд, ба муносибати фарорасии баҳори фархундапай шодбош гуфта, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ ва рўзгори шод таманно намуд. Қайд карда шуд, ки баргузории ярмаркаи ниҳол ва гулҳо дар доираи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат баҳри ободии кишвар ва маҳалли зисти худ гузаронида шуда, ҳамагонро зарур аст, ки дар ин иқдоми нек ҳиссагузор бошанд.

Ҳадаф аз бунёди боғ гирифтани самараи нек ва мақсад аз шинонидани ниҳолҳои ороишӣ сабзу хуррам ва зебо гардонидани маҳал аст. Аз ин рў, дар ярмарка ниҳол, тухмӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ аз тарафи масъулону мутахассисон, олимон ва ниҳолпарварон, инчунин масъулини муассисаҳои ободонию кабудизоркунӣ пешкаш гардида, оид ба интихоби ниҳолу гулу бутта, тарзи шинонидану нигоҳубин, риояи агротехникаи ниҳол тавсияҳо дода шуданд, ки боиси хушҳолии ҳамагон гашта, мардум аз он қаноатмандии хешро иброз доштанд.

- Мо ба ярмаркаи имрўза, ки Иди ниҳол ҳам гуфтан ҷоиз аст, бо дасти холӣ наомадаем. Кишоварзони шаҳри Истаравшан бо зиёда аз 500 ҳазор намуди гуногуни ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ ва сояфкан омада, дар ободии диёр саҳми худро гузоштанианд. Парвариши ниҳол дар хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Истаравшан, хоҷагиҳои деҳқонии «Боғпарвар», «Боғдорӣ», «Меъроҷ», «Садаф» дар майдони зиёда аз 10 гектар парвариш карда шуда, алҳол то 4,5 миллион бех захираи ниҳол мавҷуд аст. Агар манфиати мо аз баргузории чорабинии имрўза андаке барои халқ расида бошад ҳам, худро хушбахт эҳсос хоҳем кард,- иброз дошт муовини аввали раиси шаҳри Истаравшан Қодири Абдусаттор.

Соҷида Ашрафова ниҳолпарвари ноҳияи Бобоҷон Fафуров аст. Ҳайати 22 нафараи ниҳолпарварон дар майдони 15 гектар намудҳои ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишиву сояафканро пешкаши дўстдорони табиат мегардонанд. Ба ярмаркаи ниҳол онҳо ниҳолҳои дарахтони себ, зардолуву шафтолу, олуву олуча, гелосу хурмо, биҳиву ток оварда ният доранд, ки бо фурўши онҳо дар ободии дастархони мардум ҳиссаи худро гузоранд. Теъдоди ниҳолҳои ба ярмарка овардашуда ба 150 ҳазор адад расида, зардолуи «мирсанҷалӣ», «бобоӣ», «маҳтобӣ», «қандак», гелоси «дили кафтар», «навъи японӣ», «майпаз», «нигрятянка», «прогресс», олуи «анна шпед», «венгерка», «кўксултон», шафтолуи «равғани гов», «чемпион», «лола», ноки «дилафрўз», «любимиӣа клапан», «атирнок», «дюшес», себи «старкримсон», «золотой грин», «ҳусни Юсуф», «шакарсеб», «сморенко», «хубонӣ» ва ғайраҳо харидорони бештар доранд.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Конибодом Усмон Мансуров иброз дошт, ки ба ярмарка зиёда аз 50 ҳазор бех ниҳол овардаанду умед бар он доранд, ки бо фурўши он ҳар як сокини мамлакатро хушҳол бинанд. 25 намуди ниҳоли мевадиҳандаю ороишӣ ва сояафкан, ки дар 10-12 гектар парвариш меёбанд, маҳсули дастони меҳнаткашони хоҷагиҳои деҳқонии шаш ҷамоати деҳот буда, кишоварзон бо азми қавӣ барои ободии диёр камари ҳиммат мебанданд.

Дар ярмарка - фурўши ниҳол боғдорону кишоварзон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карда, дар маҷмўъ 906,5 ҳазор бех, аз ҷумла 711, 5 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда, 55 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ ва 140 ҳазор бех гулу гулбутта, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ороиширо пешкаши аҳолӣ гардониданд. Боиси хушнудист, ки дар ярмаркаи имсола шаҳрҳои Хуҷанд, Бўстону Гулистон низ бо маҳсули дастони зебоиофарашон иштирок намуда, гулу гулбуттаҳои ороиширо манзури ҳамагон гардониданд. Иштирокдорон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муайян ва соҳиби тўҳфа шуданд. Маълум гардид, ки кишоварзони шаҳри Истаравшан барои пешниҳоди зиёди ниҳол ва намуду навъҳои он соҳиби ҷои якум, ноҳияи Бобоҷон Fафуров соҳиби ҷойи дуюм, шаҳри Конибодом соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Ҳамчунин, барои ороиши хуби хаймаҳо филиали суғдии Институти боғдорию сабзавоткорӣ соҳиби мақоми аввал, кишоварзони ноҳияи Спитамен соҳиби ҷои дуюм ва ноҳияи Ҷаббор Расулов мақоми саввумро ишғол намуданд. Шахсони алоҳида, соҳибкорони инфиродӣ, ки иштироки фаълона доштанд, низ аз мукофоти ҳавасмандкунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳраманд шуданд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh